رسالة في الدماء الطبيعية للنساء (طاجيكي)

كتاب رِسَالَةٍ فِي الدِّمَاءِ الطَّبِيعِيَّةِ لِلنِّسَاءِ للشيخ العلامة محمد بن صالح العثيمين رحمه الله هو رسالة علمية رصينة تناولت بالبحث والتحقيق دماء النساء الطبيعية من الحيض والاستحاضة والنفاس، مستندةً إلى الكتاب العزيز والسنة المطهرة، مقرونةً بفهم دقيق لأقوال أهل العلم في هذه المسائل. وضعت فيها أحكام الدماء، مبينةً الفروق الدقيقة بين الحالات، ومقدمةً دليلاً شرعيًا لتحقيق الهداية والطمأنينة للمسلمة في فهم دينها.

  • earth Забон
    (طاجيكي)
  • earth Таълиф:
    الشيخ محمد بن صالح العثيمين
PHPWord

 

 

رِسَالَةٌ فِي الدِّمَاءِ الطَّبِيعِيَّةِ لِلنِّسَاءِ

 

Ин рисолае аст дар бораи хунҳои табии занон

 

 

 

 

بِقَلَمِ فَضِيلَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ

مُحَمَّدِ بْنِ صَالِحٍ العُثَيْمِينِ

غَفَرَ اللَّهُ لَهُ وَلِوَالِدَيْهِ وَلِلمُسْلِمِينَ

 

Навиштаи шайх Аллома

Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Ъусаймин

Худованд ӯ ва падару модараш ва тамоми мусалмононро раҳмату мағфират кунад

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Ин рисолае аст дар бораи хунҳои табии занон

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ҳамду ситоиш аз они Аллоҳ аст, Ӯро ситоиш мекунем, аз Ӯ кумак ва омурзиш металабем ва ба даргоҳи Ӯ тавба мекунем. Аз бадиҳои нафсҳои худ ва аз корҳои ношоистаи худ ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, гумроҳ кунандае нахоҳад ёфт ва ҳар киро гумроҳ кунад ҳидоятгаре нахоҳад ёфт. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест, ягона ва бешарик аст. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст. Салому дуруди Аллоҳ нисори ӯву хонадону ёронаш бод ва инчунин бар онҳое, ки то рӯзи қиёмат ба некӣ аз онон пайравӣ мекунанд.

Аммо баъд:

Хунравие, ки дар занон рух медиҳад, се навъанд: ҳайз, истиҳоза ва нифос. Инҳо аз масъалаҳои муҳимме ҳастанд, ки ниёз ба баён ва донистани аҳкомашон аст. Инчунин ниёз ба фаҳмидани ақволи олимон дар ин бора ва ҷудо сохтани дуруст аз нодурусти он аст. Ва лозим ба зикр аст, ки дар дуруст ё нодуруст будани ақволи олимон ба Қуръон ва Суннат бояд эътимод кард. (Чаро?)

1- Зеро он ду сарчашмаи асосие ҳастанд, ки аҳкоми Аллоҳ Таъоло бар онҳо асос ёфтаанд. Аҳкоме, ки Аллоҳ Таъоло бандагонашро ба он мукаллаф намудааст ва ибодаташон бояд бар асоси он бошад.

2 - Зеро дар такя кардан ба Қуръон ва Суннат оромиши дил, роҳат, қаноатмандии нафс ва рафъи масъулият аст.

3- Чун ки ҷуз ин ду сарчашма дигар ҳар чизе бошад барояш далел оварда мешавад, на ин ки онро ҳамчун далел истифода бурда шавад.

Зеро ҳуҷҷат ва далел танҳо аз каломи Аллоҳ Таъоло ва суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гирифта мешавад. Ва бинобар қавли роҷеҳ, суханони олимони саҳоба низ далел ва ҳуҷҷат аст, ба шарти он ки дар Қуръон ва Суннат чизе бар хилофи он набошад. Ва ин ки бо сухани саҳобаи дигаре низ мухолифат накунад. Агар дар Қуръону Суннат чизе бошад, ки мухолифи он бошад, қабули он чи дар Қуръон ва Суннат аст, воҷиб мешавад. Ва агар сухани саҳобаи дигар хилофи он бошад, бояд дар пайи баррасии ин ду андеша шавад ва дурусттаринашро бипазирад.

﴿...فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا﴾

Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ Таъоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст.) (Сураи Нисо, ояти 59).

Ва ин рисолаи мухтасар дар шарҳи зарурии ин хунҳо ва аҳкоми он аст, ки фаслҳои зеринро дар бар мегирад:

- Фасли якум: Дар бораи маънои ҳайз ва ҳикмат аз он.

- Фасли дувум: Дар бораи вақти ҳайз ва муддати он.

- Фасли севум: Дар бораи ҳолатҳои ғайри маъмулӣ, ки дар ҳайз рух медиҳад.

- Фасли чаҳорум: Дар бораи аҳкоми ҳайз.

- Фасли панҷум: Дар бораи истиҳоза ва аҳкоми он.

- Фасли шашум: Дар бораи нифос ва аҳкоми он.

- Фасли ҳафтум: Дар бораи истифодаи доруҳо барои пешгирӣ ва ё овардани ҳайз ва пешгирӣ аз ҳамл ё сақти ҷанин.

 

 

 

Фасли якум: Дар бораи маънои ҳайз ва ҳикмат аз он

Ҳайз дар луғат, ба маънои ҷорӣ шудан аст.

Аммо дар истилоҳи шариат (ҳайз) хунеро мегӯянд, ки табиатан бе сабаб дар вақтҳои муайян пайдо мешавад. Он хуни табиӣ аст, ки аз беморӣ, ҷароҳат, сақти ҷанин ё зоймон нест. Ва азбаски он хуни табиӣ аст, вобаста ба ҳолати зан, муҳити зист ва иқлим фарқ мекунад. Аз ин рӯ, занон дар ин маврид аз ҳамдигар ба таври назаррас фарқ мекунанд.

Ҳикмат аз он: Ин аст, ки вақте ҷанин дар шикам модараш аст, наметавонад мисли касе, ки дар берун аст, ғизо бигирад ва меҳрубонтарин шахс ҳам наметавонад ӯро ғизо диҳад. Аз ин рӯ, Аллоҳ Таъоло дар зан берун шудани хунро офаридааст, ки ҷанинро дар шиками модараш бидуни хӯрдан ва ҳазм карданаш, ғизо диҳад. Ин тарашшуҳоти хунин аз роҳи ноф ба ҷанин мерасад ва онро ғизо медиҳад. Пурбаракат ва бузургвор аст Аллоҳ, ки беҳтарини офаринандагон аст.

Ин аст ҳикмат аз вуҷуди ҳайз. Бинобар ин, вақто ки зан ҳомила мешавад, ҳайзаш қатъ мешавад, магар дар ҳолатҳои нодир. Инчунин занони ширдиҳанда низ камтар дучори ҳайз мешаванд, махсусан дар давраи аввали ширдиҳӣ хеле кам ҳайз мебинанд.

Фасли дуввум: Дар бораи вақти ҳайз ва муддати он

Сухан дар ин фасл бар ду қисм аст:

Қисми аввал: Дар бораи синну соле, ки дар он ҳайз меояд.

Қисми дуввум: Дар бораи муддати ҳайз.

Аммо дар мавриди қисми якум, синну соле, ки дар он ғолибан занон ҳайз мебинанд, байни дувоздаҳ то панҷоҳсолагӣ аст. Ва зан вобаста ба шароит, муҳити зист ва иқлим метавонад пеш аз ин синну сол ё баъд аз он ҳайз бинад.

Олимон -Худо раҳматашон кунад- дар ин бора ихтилофи назар доранд. Дар бораи ин ки оё синну соли ҳайз ҳадди муайян дорад, ки зан пеш аз он ва баъд аз он ҳайз намебинад ва ҳар он чи пеш аз ин синну сол ё баъд аз он рух медиҳад, хуни фосид, номунтазам дониста мешавад, на ҳайз?

(Тавре ки гуфтем) олимон дар ин бора ихтилофи назар доранд. Доримӣ пас аз зикри ихтилофҳо мегӯяд: Ба назари ман ин ҳама хато аст, зеро асли масъала дар ҳамаи ин баҳсҳо будан (ё набудани хун) аст. Пас ҳар миқдори аз он дар ҳар ҳол ё дар ҳар синну сол рух диҳад, бояд ҳайз шумурда шавад. Ва Аллоҳ беҳтар медонад.

Ин назари Доримӣ дуруст аст. Инчунин Шайхулислом Ибни Таймия ҳам ин назарро ихтиёр кардааст. Пас ҳаргоҳ зан ҳайз бинад, хоҳ аз нуҳсолагӣ бошад ё баъди панҷоҳсолагӣ, он ҳайз аст. Зеро Аллоҳ ва Паёмбараш аҳкоми ҳайзро вобаста ба вуҷуди он донистаанд ва барои он синни муайянеро муқаррар накардаанд. Пас дар ин бора бояд ба вуҷуди ҳайз руҷуъ кард, зеро аҳком вобаста ба он аст (на ба синну сол). Муайяан кардани он ба синну соли мушаххас вуҷуди далел аз Қуръон ва Суннатро тақозо мекунад ва ҳеҷ далеле барои ин вуҷуд надорад.

Аммо қисми дуввум, муддат ва замони ҳайз аст.

Олимон дар ин бора ихтилофи зиёде доранд, ки ба шаш ё ҳафт қавл мерасад. Ибни Мунзир (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: Гурӯҳе гуфтанд: Рӯзҳои ҳадди ақал ва ҳадди аксар барои ҳайз вуҷуд надорад.

Аммо ман мегӯям: Ин сухан ба сухани қаблии Доримӣ шабоҳат дорад, ки ихтиёри Шайхулислом Ибни Таймия аст ва он дуруст аст, зеро Қуръон, Суннат ва эътибори шариат ба он далолат мекунад.

Далели якум:

﴿وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ...﴾

Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд.) (Сураи Бақара, ояти 222). Аллоҳ Таъоло дар ин оят поёни мамнуъиятро ҳамон замони покӣ қарор додааст. Ва поёни ҳайзро гузаштани як шабонарӯз ё се рӯз ё понздаҳ рӯз аз саршавии он қарор надодааст. Ва ин далолат ба он мекунад, ки сабаби ҳукм вуҷуд ё адами вуҷуди хуни ҳайз аст. Пас ҳарвақто ҳайз бошад, ҳукми он низ собит мешавад ва ҳаргоҳ аз он пок шуд, аҳкомаш низ аз байн меравад.

Далели дувум:

مَا ثَبَتَ فِي صَحِيحِ مُسْلِمٍ أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ لِعَائِشَةَ وَقَدْ حَاضَتْ وَهِيَ مُحْرِمَةٌ بِالْعُمْرَةِ: «افْعَلِي مَا يَفْعَلُ الْحَاجُّ، غَيْرَ أَنْ لَا تَطُوفِي بِالْبَيْتِ حَتَّى تَطْهُرِي». قَالَتْ: فَلَمَّا كَانَ يَوْمُ النَّحْرِ طَهُرْتُ. الْحَدِيثُ.

Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Оиша (разияллоҳу анҳо), ки ҳангоми дар эҳроми умра буданаш ҳайз шуда буд, фармуданд: "Ҳама корҳое, ки ҳоҷӣ анҷом медиҳад, анҷом бидеҳ, магар он ки хона (каъба)-ро тавоф макун, то ин ки (аз ҳайз) пок шавӣ". Оиша мегӯяд: Чун рӯзи иди Қурбон расид, пок шудам. Ҳадис.

Ва дар саҳеҳайн омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Оиша (разияллоҳу анҳо) фармуданд: "Интизор шав ва чун пок шудӣ ба сӯи Танъим берун шав". Пас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) покӣ аз ҳайзро поёни манъ (аз тавоф) дониста ва замони мушаххасе нагузоштааст. Ин далолат ба он мекунад, ки ҳукм вобаста ба будан ё набудани хуни ҳайз марбут аст.

Далели севум: Ин андозаҳо ва тахминҳо ва тафсилоте, ки баъзе аз фуқаҳо дар бораи ин масъала овардаанд, на дар китоби Аллоҳ ва на дар суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вуҷуд дорад. Дар ҳоле, ки ҳоҷат ва зарурат ин буд, ки онро баён мекарданд. Пас агар ин аз ҷумлаи умуре мешуд, ки фаҳмиданаш барои бандагон воҷиб мешуд, Аллоҳ ва паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро ба шакле, ки барои ҳама возеҳу равшан бошад, баён мекарданд. Зеро аҳкоми вобаста ба он, аз ҷумла намоз, рӯза, никоҳ, талоқ, ва мерос, бисёр муҳим ҳастанд. Ҳамон гуна ки Аллоҳ ва паёмбараш адади намозҳо, вақтҳояш ва рукуъу саҷдаҳояшро баён кардаанд. Ва дар бораи закот - амволе, ки закот ба он алоқаманд аст, нисобаш, миқдораш масорифаш; ва дар бораи рӯза: вақташ ва муддаташ; ва дар бораи ҳаҷ ва дигар ибодатҳои поёнтар аз он. Ҳатто одоби хӯрдан, нӯшидан, хобидан, ҳамхобагӣ бо ҳамсар, нишастан, даромадан ва баромадан аз хона, одоби қазои ҳоҷат, ҳатто шумори истиҷмор (пок кардани худ баъд аз қазо ҳоҷат бо санг ё коғаз ё об) ва монанди инҳо, чи корҳои хурд ё бузург, ки Аллоҳ бо онҳо динро комил ва неъматашро бар муъминон комил кардааст.

Чӣ гунае, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ...

(ва Мо ин китоб [Қуръон]-ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст)

(Сураи Наҳл, ояти 89).

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَى وَلَـكِن تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلَّ شَيْءٍ...

(Ин [Қуръон] сухане нест, ки ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқкунандаи он чи [аз китобҳое] аст, ки пеш аз он [омада] аст ва равшангари ҳама чиз аст)

(Сураи Юсуф, ояти 111).

Азбаски ин тахмину тафсилот дар китоби Аллоҳ Таъоло ва дар суннати Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нест, маълум мешавад, ки ба онхо такя кардан лозим нест. Балки бояд ба истилоҳи ҳайз эътимод ва такя карда шавад, зеро ҳукмҳои шаръӣ дар ҳоли вуҷуд ё адами вуҷуди он асос меёбанд. Ва ин далел - манзурам набудани ҳукм дар Китоб ва Суннат, ки далел бар беэътибор донистани он ҳукм аст - (донистани ин) дар ин масъала ва дигар масъалаҳо бароят муфид аст. Зеро аҳкоми шариат танҳо бо далел аз китоби Аллоҳ ё суннати Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ё иҷмоъи маълум ва солим ё қиёси дуруст собит мегардад. Шайхулислом Ибни Таймия дар яке аз қоидаҳои худ гуфтааст: "Дар миёни инҳо истилоҳи ҳайз аст, ки Худованд дар Китобу Суннат ба он ҳукмҳои зиёде овардааст. Аммо бо вуҷуди ниёзмандии ҳамешагии уммати исломӣ ба ин масъала, ҳадди ақалу ҳадди аксар ва ё муддати покии байни ду ҳайзро мушаххас накардааст. Ва луғат ҳам байни як миқдор аз миқдори дигаре фарқ нагузоштааст. Пас, ҳар ки дар ин кор ҳудуде муайян кунад, хилофи Китоб ва Суннат амал кардааст». Поёни иқтибос.

Далели чаҳорум: Эътибор, баррасӣ, яъне қиёси дуруст ва фарогир, зеро Аллоҳ Таъоло сабаби ҳайзро зарар баён кардааст, пас ҳарвақто ҳайз бошад зарар ҳаст, байни рӯзи дувум ва якум фарқе нест ва байни рӯзи чаҳорум ва севум ҳам фарқият вуҷуд надорад. Ва байни рӯзҳои шонздаҳум ва понздаҳум ва рӯзҳои ҳаждаҳум ва ҳабдаҳум низ фарқияте вуҷуд надорад. Ҳайз ҳамон ҳайз аст ва озор ҳамон озор. Сабаб дар ҳар ду рӯз баробар аст. Пас, чӣ гуна метавон ҷудо кардани ҳукм дар байни ду рӯз, дар ҳоле ки сабаб дар ҳардуяш баробар аст? Оё ин хилофи қиёси дуруст нест? Оё қиёси дуруст ин нест, ки ин ду рӯз дар ҳукм яксон аст, бинобар яксон буданашон дар сабаб?

Далели панҷум: Андешаҳои мутафовит ва печида ва ноҳамоҳангии уламо гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ далели қатъӣ дар ин масъала вуҷуд надорад, ки амал кардан бар он воҷиб бошад. Балки онҳо танҳо ҳукмҳои иҷтиҳодӣ ҳастанд, ки имкони дуруст ва хато буданашон ҳаст. Ҳеҷ кадоме аз дигаре дар пайравӣ кардан беҳтару сазовортар нестанд. Ва ҳангоми ихтилоф бояд ба Қуръон ва Суннат руҷуъ кард.

Чун дурустии ин қавл, ки барои ҳайз ҳадди ақал ва ҳадди аксар нест, баён шуд ва дониста шуд, ки ин қавл роҷеҳ ва бартар аз дигар қавлҳо аст, бидон ки ҳар хуни табиие, ки зан мебинад, агар ба сабаби захму ҷароҳате набошад, хуни ҳайз аст, новобаста аз замон ва синну соли муайян. Магар ин ки пайваста бошад ё қатъ нагардад ё муддати кӯтоҳе қатъ гардад, монанди як рӯз ё ду рӯз дар як моҳ, пас ин хуни истиҳоза аст. Тавзеҳи истиҳоза ва аҳкоми он - ин шо Аллоҳ - дар саҳифаҳои оянда меояд.

Шайхулислом Ибни Таймия мегӯяд: "Асос ин аст, ки ҳар чизе аз бачадон меояд, ҳайз аст, то ин ки далели истиҳоза будани он пайдо шавад." Инчунин мегӯяд: "Ҳар хуне, ки воқеъ шавад, ҳайз аст, агар маълум нашавад, ки хуни раг аст ва ё ҷароҳат." Ва ин сухан нисбат ба он чи ки олимони замон таъйинкунанда гуфтаанд, аз нигоҳи далел қавитар ва ҳанчунин ба фаҳму дарк наздик ва амалӣ карданаш осонтар аст. Ва ҳар чизе ин гуна бошад, пазируфтанаш низ сазовортар аст. Зеро мувофиқи рӯҳ ва пояи дини исломӣ ва соддаву осон аст.

﴿...وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖ...

Аллоҳ Таъоло мефармояд: ( ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод) (Сураи Ҳаҷ, ояти 78).

«إِنَّ الدِّينَ يُسْرٌ وَلَنْ يُشَادَّ الدِّينَ أَحَدٌ إِلَّا غَلَبَهُ فَسَدِّدُوا وَقَارِبُوا وَأَبْشِرُوا».

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: " Дар ҳақиқат дин осон аст ва ҳар кас онро бар худ сахт бигирад, саранҷом, хаста ва дармонда мешавад. Пас, роҳи рост, дуруст ва миёнаро дар пеш бигиред ва (ба росткорӣ ва миёнаравӣ) хушҳол бошед". Ривояти Бухорӣ.

Аз ахлоқи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки:

«أَنَّهُ مَا خُيِّرَ بَيْنَ أَمْرَيْنِ إِلَّا اخْتَارَ أَيْسَرَهُمَا مَا لَمْ يَكُنْ إِثْمًا».

"Ҳаргоҳ миёни ду чиз ихтиёр медошт, осонтарини онро интихоб мекард, ба шарте ки дар он гуноҳ намебуд."

Ҳайзи зани ҳомиладор:

Ғолибан зане, ки бордор мешавад хуни ҳайзаш қатъ мегардад. Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: "Занҳо ҳомиладориро бо қатъ шудани хуни ҳайз ташхис медиҳанд."

Пас, агар зани ҳомила андаке пеш аз таваллуд - ду ё се рӯз пеш аз таваллуд кардан хун бубинад ва он бо дарди зоймон ҳамроҳ бошад, он хуни нифос аст. Ва агар муддати тӯлонӣ пеш аз таваллуд ё каме пеш аз таваллуд ва бе дарди зоймон бошад, нифос нест. Аммо оё он ҳайз маҳсуб мешавад ва бар он аҳкоми ҳайз ҷорӣ мешавад ё ин ки он хуни фосид ва номунтазам ва ба аҳкоми ҳайз тобеъ нест?

Дар ин бора байни аҳли илм ихтилоф вуҷуд дорад. Ва назари дуруст ин аст, ки агар он ба таври маъмулӣ сурат гирад ҳайз аст, зеро асл дар хуни хориҷшуда аз зан ҳайз аст, магар ин ки сабабе бошад, ки монеъ аз ҳайз будани он шавад. Дар Қуръону Суннат чизе наомадааст, ки монеи ҳайз шудани зани ҳомила бошад.

Ва ин мазҳаби Молик, Шофеӣ ва интихоб кардаи Шайхулислом Ибни Таймия аст. Дар Ихтиёрот (с 30) омадааст: "Байҳақӣ онро бо ривояте аз Аҳмад нақл кардааст, балки хабар дода, ки эшон ба ин қавл баргаштааст." Поёни иқтибос.

Бар ин асос, барои ҳайзи зани ҳомила ҳамон чизе собит мешавад, ки барои зани ғайри ҳомила собит мешавад, магар дар ду масъала:

Масъалаи якум: Талоқ, зане, ки ҳомила нест, талоқ додани ӯ дар ҳолати ҳайз ҳаром аст, аммо барои зани ҳомила ҳаром нест. Зеро талоқ додан дар ҳолати ҳайз ва дар ғайри ҳолати бордорӣ мухолифи фармудаи Аллоҳ Таъоло аст, ки мефармояд:

﴿...فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ...

(пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ) (Сураи Талоқ, ояти 1). Аммо талоқи зани бордор дар ҳолати ҳайз, мухолифи ин оят нест, зеро касе зани ҳомиларо талоқ додааст, дар ҳолати иддааш талоқ додааст, ё дар ҳолати ҳайз бошад ё дар ҳолати покӣ, зеро иддаи ӯ ҳомилагиаш аст. Аз ин рӯ, бар хилофи занони дигар, пас аз ҳамхобагӣ талоқ доданаш ҳаром нест.

Масъалаи дуввум ин аст, ки давраи ҳайзи зани ҳомила бар хилофи ҳайзи дигарон бо идда ба охир намерасад. Зеро иддаи зани ҳомила бо таваллуд карданаш тамом мешавад, новобаста аз он ки ҳайз дорад ё на.

Бинобар ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿...وَأُوْلَاتُ الأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ...

(ва иддаи занони бордор ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд) (Сураи Талоқ, ояти 4).

 

 

 

Фасли севум: Дар бораи ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳайз

Ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳайз чанд навъ аст.

Навъи якум: Зиёд ё кам шудан, монанди ин ки муддати ҳайзи зан шаш рӯз бошад ва хунравӣ то ҳафт рӯз давом кунад, ё ин ки муддати ҳайзаш ҳафт рӯз бошад ва дар рӯзи шашум пок шавад.

Навъи дуввум: Тақдим ва таъхир, монанди ин ки ҳайзи зан одатан дар охири моҳ аст ва ин дафъа дар аввали моҳ бинад, ё дар аввали моҳ бошад ин дафъа дар охири моҳ бинад.

Олимон дар бораи ин ду навъ ихтилофи назар доранд ва дурусташ ин аст, ки ҳаргоҳ зан хун бинад, ҳайз аст ва ҳаргоҳ пок шавад, пок аст, новобаста аз он ки ҳайз зиёд бошад ё кам, ё барвақт ояд ё таъхир кунад. Ва далели он дар фасли гузашта зикр шуда буд, ки шариат ҳукми ҳайзро ба вуҷуди он вобаста кардааст.

Ва ин мазҳаби Шофеъӣ ва интихобкардаи Шайхулислом Ибни Таймия аст. Инчунин муаллифи китоби "Ал-Муғнӣ" аз ин назар пуштибонӣ карда гуфтааст: "Агар одат ончунон ки дар мазҳаб (Ҳанбалӣ) омадааст, муътабар мебуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро барои умматашон баён мекарданд ва онро ба таъхир намеандохтанд. Зеро ба таъхир андохтани баён ва тавзеҳ аз вақташ ҷоиз нест ва ҳамсарону дигар занон ҳамвора ниёз ба донистани он буданд ва ҳастанд, пас имкон надошт, ки аз шарҳу баёни он ғофил бошанд. Ва он чи аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар баёни одат ва шарҳи он омадааст, танҳо дар мавриди зане аст, ки ба истиҳоза (хунравии ғайри ҳайз) гирифтор шавад, на ғайри он." Поёни иқтибос.

Навъи севум: Хуни зардранг ё тира, чунонки хун зард дида мешавад монанди моеъи захм ё хира миёни зард ва сиёҳ пайдо мешавад. Агар инҳо дар ҳоли ҳайз ё пайваста ба он пеш аз покӣ дида шавад, пас он ҳайз аст ва аҳкоми ҳайз бар он собит мешавад ва агар баъд аз покӣ дида шавад, ҳайз нест.

لِقَوْلِ أُمِّ عَطِيَّةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا: «كُنَّا لَا نَعُدُّ الصُّفْرَةَ وَالْكُدْرَةَ بَعْدَ الطُّهْرِ شَيْئًا». رَوَاهُ أَبُو دَاوُدَ بِسَنَدٍ صَحِيحٍ.

Бар асоси гуфтаи Умм Атия (разияллоҳу анҳо) "Зардӣ ва тирагиро баъд аз покӣ чизе ҳисоб намекардем". (Яъне, онро аз ҳайз ҳисоб намекарданд) Ривояти Абудовуд бо санади саҳеҳ. Бухорӣ низ онро бидуни ибораи (баъд аз покӣ) ривоят кардааст, вале онро зери унвони "Боби хуни зард ва тира дар ғайри рӯзҳои ҳайз" ривоят кардааст. Шореҳи ин ривоят дар "Фатҳулборӣ" мегӯяд: "Ин ишора ба ҷамъ байни ҳадиси Оиша, ки дар боло зикр шуда ва гуфтааст: "То он даме, ки моеъи сафедро бубинӣ" ва байни ҳадиси Умм Аатия, ки дар ин боб омадааст, далолат мекунад, ки ҳадиси Оиша дар мавриди дидани обҳои зардранг ё тира дар рӯзҳои ҳайз аст. Аммо дар мавриди дигар рӯзҳо бошад, бинобар он чизе аст, ки дар ҳадиси Умм Аатия омадааст". Поёни иқтибос. Ҳадиси Оиша, ки ӯ ба он ишора кардааст, ҳамоне аст, ки Бухорӣ бо сиғаи ҷазм ва ба шакли муъаллақ пеш аз ин боб овардааст, ки занон ба ӯ як порчае (матоее, ки зан барои санҷидани асари ҳайз истифода мебарад) мефиристоданд ва чун каме зардӣ дар ин порча мебуд, мефармуданд: "Шитоб накунед, то ин ки моеъи сафедро бубинед". Ва моеъи сафед, оби сафеде аст, ки ҳангоми қатъ шудани ҳайз аз бачадон хориҷ мешавад.

Навъи чаҳорум: Ҳайзи фосилавӣ, ки як рӯз хун бинад ва рӯзи дигар покӣ ва ғайра.

Ин ду ҳолат дорад:

Ҳолати аввал: Агар чунин ҳолат (яъне, як рӯз хун бинад ва як рӯзи дигар на) доимо дар зан рух диҳад, ин хуни истиҳоза аст ва барои зане, ки ин ҳолатро дошта бошад, ҳукми истиҳоза собит мешавад.

Ҳолати дуввум: Агар ин ҳолат доими набошад дар зан, балки гоҳ-гоҳ ин ҳолат рух диҳад ва давраи покии ӯ дуруст бошад. Дар бораи ин покӣ олимон ихтилофи назар доранд, ки оё покӣ аст, ё аҳкоми ҳайз бар он ҷорӣ мегардад?

Мазҳаби Шофеӣ дар саҳеҳтарин ақволаш ин аст, ки аҳкоми ҳайз бар ӯ ҷорӣ мегардад, Интихоби Шайхулислом Ибни Таймия ва соҳиби китоби "Алфоиқ" ва мазҳаби Абуҳанифа низ ҳамин аст. Зеро дар он моеъи сафед дида намешавад. Агар давраи покӣ маҳсуб шавад, бояд пеш аз он ва баъд аз он ҳайз бошад ва касе чунин нагуфтааст. Агар чунин мебуд, идда (муҳлати интизории зан) бо як қуръ (як давраи ҳайз) дар панҷ рӯз ба поён мерасид. Инчунин агар давраи покӣ маҳсуб шавад, машаққат ва сахтӣ барояш пеш хоҳад омад, зеро дар ҳар ду рӯз бояд ғусл кунад, ҳол он ки дар ин шариат машаққат ва душворӣ нест. Худоро шукр.

Ва дар мазҳаби Ҳанбалӣ машҳур ин аст, ки будани хун ҳайз ва набуданаш покӣ аст, магар ин ки маҷмуи ин ду аз ҳадди ҳайз гузарад, дар ин сурат хуни зиёдатӣ истиҳоза дониста мешавад.

Дар китоби "Ал-Муғнӣ" омадааст: "Қатъ шудани хун агар камтар аз як рӯз бошад покӣ нест, бинобар ривояте, ки дар бораи нифос зикр кардем, ки ба он чи камтар аз як рӯз бошад, аҳамият дода намешавад ва ин -Ин шо Аллоҳ- дуруст аст. Зеро хун баъзан ҷорӣ мешавад ва баъзан қатъ мегардад ва агар ғусл барои касе, ки як лаҳза пок асту лаҳзаи дигар хун мебинад, воҷиб мешуд, барояш машаққат буд, ва дин душворӣ ва машаққатро бардоштааст.

﴿...وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖ...

Бинобар фармудаи Аллоҳ Таъоло, ки мефармояд: (ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод.) (Сураи Ҳаҷ, ояти 78). Ӯ мегӯяд: "Бино бар ин, қатъи хун агар камтар аз як рӯз бошад, покӣ нест, магар ин ки чизе бубинад, ки далолат бар покӣ кунад. Монанди ин ки қатъ шудани хун дар охири ҳайз бошад, ё ин ки моеъи сафедро бубинад". Поёни иқтибос.

Ба ин тартиб, қавли муаллифи китоби "Ал-муғнӣ" миёна дар байни ин ду қавл аст. Ва Аллоҳ беҳтар медонад.

Навъи панҷум: Хушк шудани хун. Тавре ки зан танҳо рутубат (тарӣ)-ро мебинад. Агар ин дар ҳолати ҳайз бошад ё ба он пайваст ва пеш аз покӣ бошад, ҳайз аст ва агар баъд аз покӣ бошад, ҳайз нест. Зеро ҳадди ниҳоии ҳолати он ин аст, ки ба зардӣ ё тирагӣ ҳамроҳ шавад ва ин ҳукми он аст.

 

Фасли чаҳорум: Дар бораи аҳкоми ҳайз

Ҳайз зиёда аз бист ҳукм дорад, ки баъзе аз заруртарин ҳукмҳои онро баён мекунем.

Якум: Намоз.

Адои намозҳо хоҳ фарзӣ бошад ё нафлӣ барои зани дар ҳолати ҳайзбуда ҳаром аст ва намозаш ботил аст. Ҳамин тавр, намоз гузоштан барояш воҷиб нест магар ин ки дар ҳолати покӣ аз вақти намоз миқдори як ракаъатро дарк кунад, бар ӯ воҷиб мешавад, ки намозро бигузорад, хоҳ он муддат дар аввали вақти намоз бошад ё охири вақти он.

Мисоли аввали вақт: Зане, ки пас аз ғуруби офтоб ба миқдори хондани як ракаъати намоз ҳайз шуд, дар ин ҳолат бар ӯ фарз аст, ки қазои намози шомро бихонад, зеро ӯ баъди даромадани вақти намози шом ҳайз шудааст.

Мисоли охири вақти намоз: Зане, ки пеш аз тулуи офтоб ба миқдори як ракъат аз ҳайз пок мешавад, бояд намози бомдодро қазоӣ бихонад, зеро миқдори хондани як ракаъати намозро дарк кардааст.

Аммо агар зани ҳайзшуда вақтеро дарк кард, ки ба андозаи як ракъати комил набошад, масалан, дар мисоли аввал, лаҳзае пас аз ғуруби офтоб ҳайз шуд ва дар мисоли дувум лаҳзае пеш аз тулуи офтоб пок шуд, дар ин ҳолат бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хондани (қазоӣ) намоз бар ӯ воҷиб намегардад:

«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الصَّلَاةِ فَقَدْ أَدْرَكَ الصَّلَاةَ».

"Ҳар ки як ракаъат аз намозро дарёфт кунад, намозро дарк кардааст." Муттафақун алайҳи. Ин маънои онро дорад, ки ҳар ки камтар аз як ракъатро дарк карда бошад, намозро дарк накардааст.

Агар як ракъат аз вақти намози асрро дарк кард, оё воҷиб аст, ки намози пешинро ҳамроҳи намози аср бихонад? Ё агар як ракъат намози хуфтанро дарк кард, оё воҷиб аст, ки намози шомро ҳамроҳи хуфтан бихонад?

Олимон дар ин масъала ихтилофи назар доранд ва дурусташ ин аст, ки гузоштани онҳо барояш воҷиб нест, магар намозеро, ки вақташро дарк кардааст ва он танҳо намози аср ва хуфтан аст.

«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الْعَصْرِ قَبْلَ أَنْ تَغْرُبَ الشَّمْسُ فَقَدْ أَدْرَكَ الْعَصْرَ».

Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки як ракъат аз намози асрро пеш аз ғуруби офтоб дарк кунад, намози асрро дарк кардааст." Муттафақун алайҳи. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нагуфтанд: пешин ва асрро дарк кардааст. Нагуфтааст, ки намози пешин бар вай фарз аст. Ва асос бар бароати зимма аст. Ва ин мазҳаби Абуҳанифа ва Молик аст. Соҳиби китоби "Шарҳу-л-муҳаззаб" аз онҳо ривоят кардааст.

Аммо дар мавриди зикр, такбир, тасбеҳ, таҳмид, бисмиллоҳ гуфтан дар вақти хӯрдан ва ғайра, хондани ҳадис, фиқҳ, дуо кардан ва омин гуфтан барои дуо, Қуръон гӯш кардан, ҳеҷ яке аз инҳо бар зани ҳайздида ҳаром нест.

«أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ يَتَّكِئُ فِي حِجْرِ عَائِشَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهَا وَهِيَ حَائِضٌ فَيَقْرَأُ الْقُرْآنَ».

Дар саҳеҳайн ва дигар сарчашмаҳои ҳадисӣ низ собит аст, ки "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати ҳайз будани Оиша (разияллоҳу анҳо) сари худро дар оғушаш мегузоштанд ва Қуръон мехонданд."

Ҳамчунин дар саҳеҳайн аз Умми Атия ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидаст, ки мегуфт:

«يَخْرُجُ الْعَوَاتِقُ وَذَوَاتُ الْخُدُورِ وَالْحُيَّضُ -يَعْنِي: إِلَى صَلَاةِ الْعِيدَيْنِ- وَلْيَشْهَدْنَ الْخَيْرَ، وَدَعْوَةَ الْمُؤْمِنِينَ، وَيَعْتَزِلُ الْحُيَّضُ الْمُصَلَّى».

"Духтарони нав ба балоғат расида, парда нишинон, занони ҳоиз, берун мебароянд - яъне ба ду намози ид - то ин ки шоҳиди хайр ва дуои муъминон бошанд. Занони ҳоиз аз намозгоҳ канора бигиранд."

Аммо дар бораи Қуръон хондани зани ҳоиз, агар бо чашм нигоҳ кардан ё бо дил тафаккур кардан бидуни нутқ бо забон бошад, боке надорад, монанди ин ки Қуръонро ё лавҳро гузорад ва ба оятҳо нигоҳ карда бо дилаш хонад ... Нававӣ дар "Шарҳи муҳаззаб" мегӯяд: "Бидуни ҳеҷ хилоф ҷоиз аст". Аммо агар хонданаш бо нутқи забон бошад, ҷумҳури олимон бар ин назаранд, ки мамнуъ аст ва ҷоиз нест. Бухорӣ, Ибни Ҷарири Табарӣ ва Ибни Мунзир гуфтанд: Ҷоиз аст. Дар ин бора аз Молик ва аз Шофеӣ дар фатвои қадимаш ривоят шудааст. Ва соҳиби "Фатҳулборӣ" ин ривоятро нақл кардааст. Бухорӣ назари Иброҳими Нахаиро зикр кардааст, ки "Агар зан дар ин ҳолат оятро бихонад, боке надорад."

Шайхулислом Ибни Таймия дар "Маҷмуъ-ул-фатово", ки тавассути Ибни Қосим ҷамъоварӣ шудааст, мегӯяд: " Дар бораи манъи Қуръон хондани зани ҳоиз дар суннат асосан чизе наомадааст ва ин ҳадис, ки "Ҳоиз ва ҷунуб чизе аз Қуръонро намехонад", бо иттифоқи ҳадисшиносон заъиф аст. Дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) занҳо ҳайз мешуданд ва агар барои онҳо Қуръон хондан монанди намоз хондан манъ мешуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои умматаш онро баён мекард ва модарони муъминон онро медонистанд ва он чизе мебуд, ки ба мардум мерасонданд. Пас чун касе дар ин бора аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят накардааст, ки онро манъ карда бошад, ҳаром донистани он ҷоиз нест. Яъне, бояд донист, ки онро манъ накардааст. Ва бо вуҷуди зиёд будани ҳайз дар замони эшон, аз он наҳй накардааст, дониста мешавад, ки ин ҳаром нест." Поёни иқтибос.

Баъд аз донистани баҳси аҳли илм, бояд гуфт: Афзалтар барои зани ҳоиз он аст, ки дар ҳолати ҳайз бо нутқи забон Қуръон нахонад, магар дар ҳолати зарурӣ. Монанди ин ки агар муаллима бошад ва ниёз ба таълими шогирдонаш дошта бошад, ё талабае, ки имтиҳони Қуръон дошта бошад. Пас, талаба барои анҷоми имтиҳонаш ниёз ба хондани Қуръон дорад, ё чизе монанди инҳо.

Дувум: Рӯза.

Барои зани ҳоиз рӯза гирифтан ҳаром аст, хоҳ рӯзаи фарзӣ бошад ё нафлӣ. Агар рӯза гирад, рӯзааш ботил аст. Аммо рӯзаи фарзиро қазо медорад, бар асоси ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки мефармояд:

"كَانَ يُصِيبُنَا ذَلِكَ -تَعْنِي: الْحَيْضَ- فَنُؤْمَرُ بِقَضَاءِ الصَّوْمِ وَلَا نُؤْمَرُ بِقَضَاءِ الصَّلَاةِ".

"Вақте мо ҳайз мешудем, ба мо амр мешуд, ки қазои рӯзаро ба ҷо биёрем, аммо барои қазои намоз амр нашудаем." Муттафақун алайҳи.

Агар зан ҳангоми рӯзадорӣ ҳайз шавад, рӯзааш ботил мешавад, ҳатто агар пеш аз ғуруби офтоб ҳам бошад. Ва агар рӯзаи фарзӣ бошад, қазои он барояш воҷиб мегардад.

Аммо агар пеш аз ғуруби офтоб эҳсос кунад, ки ҳайз мешавад, вале то ғуруби офтоб оғоз нашуд, бинобар қавли дуруст рӯзааш комил ва дуруст аст. Зеро хуне, ки дар дохили бадан аст ҳукме надорад. Ва ҳамчунин аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи зане пурсиданд, ки дар хобаш он чиро, ки мард мебинад, мебинад (яъне, эҳтилом мешавад), оё ӯ бояд ғусл кунад?

قَالَ: «نَعَمْ، إِذَا هِيَ رَأَتِ الْمَاءَ». فَعَلَّقَ الْحُكْمَ بِرُؤْيَةِ الْمَنِيِّ لَا بِانْتِقَالِهِ، فَكَذَلِكَ الْحَيْضُ لَا تَثْبُتُ أَحْكَامُهُ إِلَّا بِرُؤْيَتِهِ خَارِجًا، لَا بِانْتِقَالِهِ.

Фармуданд: "Бале, агар об бинад". Пас ҳукмро бар дидани оби манӣ воҷиб гардонид на бар интиқоли он. Инчунин ҳукми ҳайз ҳам бо дидани баромадани он собит мешавад, на бо интиқоли он.

Ва агар дар ҳоли ҳайз будани зан фаҷр тулуъ кард, рӯзаи он рӯзаш дуруст намешавад, агарчи як лаҳза баъд аз тулуи фаҷр пок шуда бошад.

Ва агар пеш аз тулуи фаҷр пок шуд ва он рӯзро рӯза гирифт, рӯзааш дуруст аст. Агарчи баъд аз тулуи фаҷр ғусл кунад, монанди шахси ҷунуб, ки нияти рӯза мекунад, дар ҳоле ки ҷунуб аст ва баъди фаҷр ғусл кардааст, рӯзааш дуруст аст.

"كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُصْبِحُ جُنُبًا مِنْ جِمَاعٍ غَيْرِ احْتِلَامٍ ثُمَّ يَصُومُ فِي رَمَضَانَ".

Бар асоси ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки фармуд: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати ҷанобат аз ҷимоъ, на аз эҳтилом шабро саҳар мекард, сипас дар Рамазон рӯза мегирифт". Муттафақун алайҳи.

Ҳукми севум: Тавофи хона (Каъба).

Тавофи хона бар зани ҳоиз ҳаром аст, хоҳ фарз бошад ё нафл. Ва низ тавофаш дар ин ҳолат дуруст нест.

«افْعَلِي مَا يَفْعَلُ الْحَاجُّ غَيْرَ أَلَّا تَطُوفِي بِالْبَيْتِ حَتَّى تَطْهُرِي».

Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Оиша (разияллоҳу анҳо) ҳангоми ҳайз буданаш фармуданд: "Ҳама корҳое, ки ҳоҷиён мекунанд анҷом бидеҳ, магар тавофи хонаро анҷом мадеҳ, то ин ки пок шавӣ".

Аммо боқимонда маносики ҳаҷ ва умра, ба монанди саъй байни Сафо ва Марва, истодан дар Арафот, шаб истодан дар Мино ва Муздалифа, санг задани шайтон барояш ҳаром нест. Бинобар ин, агар зан тавоф карда ва дар ҳол баъд аз тавоф ва дар аснои саъй хуни ҳайзаш баромад, ишколе надорад.

Ҳукми чаҳорум: Тавофи видоъ аз ӯ соқит мегардад. Агар зан маносики ҳаҷ ва умраро анҷом дод ва пеш аз сафар ба кишвараш ҳайз дид ва ҳайзаш то рафтанаш идома кард, пас бидуни тавофи видоъ сафар мекунад. Бар асоси ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо), ки фармуд: "Мардум амр шуданд, ки охирин корашон, тавофи хона (Каъба) бошад, магар ин ки бар зани ҳоиз тахфиф дода шудааст." (Яъне зани ҳоиз метавонад тавоф накарда сафар кунад) (Муттафақун алайҳи).

Барои зани ҳоиз назди дари Масҷидулҳаром омада дуо кардан мустаҳаб нест. Зеро чунин амал аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят нашудааст. Ва ибодатҳо вобаста ба он чизе аст, ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст. Балки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хилофи он ворид шудааст.

فَفِي قِصَّةِ صَفِيَّةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا، حِينَ حَاضَتْ بَعْدَ طَوَافِ الْإِفَاضَةِ، أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ لَهَا: «فَلْتَنْفِرْ إِذًا». مُتَّفَقٌ عَلَيْهِ.

Зеро дар достони Сафия (разияллоҳу анҳо) ҳангоме ки баъд аз тавофи ифоза ҳайз шуд, омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: "Пас (барои ба Мадина рафтан) раҳсипор шав." Муттафақун алайҳи.

Ва ӯро барои рафтан ба дари масҷид амр накарданд, агар ин кор машруъ мешуд, онро баён мекарданд. Аммо тавофи ҳаҷ ва умра аз ӯ соқит намешавад, балки чун пок шуд тавофро анҷом медиҳад.

Ҳукми панҷум: Дар масҷид мондан.

Дар масҷид мондани зани ҳоиз ҳаром аст, ҳатто дар намозгоҳи ид ҳам барояш ҳаром аст, ки онҷо бимонад,

لِحَدِيثِ أُمِّ عَطِيَّةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا: أَنَّهَا سَمِعَتِ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «يَخْرُجُ الْعَوَاتِقُ وَذَوَاتُ الْخُدُورِ وَالْحُيَّضُ». وَفِيهِ: «يَعْتَزِلُ الْحُيَّضُ الْمُصَلَّى». مُتَّفَقٌ عَلَيْهِ.

Бар асоси ҳадиси Умми Аатия, ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мегӯяд: "Духтарони нав ба балоғат расида, парда нишинон, занони ҳоиз, берун мебароянд - яъне ба ду намози ид -" ва дар он омадааст, ки: "Занони ҳоиз аз мусалло канора бигиранд." Муттафақун алайҳи.

Ҳукми шашум: Ҳамбистарӣ.

Агар зан дар ҳолати ҳайз бошад ҳамбистарӣ кардан бо шавҳар ё иҷозат додани шавҳар, ки ҳамбистарӣ кунад, ҳаром аст.

﴿وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى فَٱعۡتَزِلُواْ ٱلنِّسَآءَ فِي ٱلۡمَحِيضِ وَلَا تَقۡرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطۡهُرۡنَۖ...

Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд) (Сураи Бақара, ояти 222). Ва мақсад аз "маҳиз" замон ва макони ҳайз аст, ки он шармгоҳи зан аст.

وَلِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «اصْنَعُوا كُلَّ شَيْءٍ إِلَّا النِّكَاحَ». يَعْنِي: الْجِمَاعَ. رَوَاهُ مُسْلِمٌ.

Ва инчунин далели дигаре аз сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки фармуданд: "Ҳама корро анҷом диҳед, магар ҳамбистарӣ." Ривояти Муслим. Ва бар асоси ин ки мусалмонон иттифоқ доранд, ки ҳамбистарӣ бо зани ҳоиз дар шармгоҳаш ҳаром аст.

Пас барои касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад раво нест, ки ба чунин амали нописанд даст занад, ки китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва иҷмоъи мусалмонон онро манъ кардааст ва ҳаром пиндоштааст. Пас ҳар касе ин амалро анҷом диҳад, аз ҷумлаи касоне аст, ки ба Аллоҳ ва Паёмбараш нофармонӣ кардааст ва аз роҳи ғайри муъминон пайравӣ кардааст. Дар "Маҷмуъ, шарҳи муҳаззаб" (2/374) омадааст: "Шофеӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: "Ҳар ки ин корро анҷом диҳад муртакиби (гуноҳи) кабира шудааст." Асҳоби мо ва дигарон гуфтаанд: "Ҳар ки ҳамбистарӣ бо зани ҳоизро ҷоиз донад, кофир ҳукм шудааст". Поёни сухани Нававӣ.

Алҳамду лиллоҳ бе ҳамбистарӣ кардан барои ӯ дигар корҳое мубоҳ шудааст, ки шаҳваташро ирзо кунад, ба монанди бӯсидан, ба оғӯш гирифтан, даст расондан дар ғайри шармгоҳ, ҷоиз аст. Беҳтар он аст, ки мобайни ноф ва зону мубошират накунад магар аз паси ҳоил (либос).

لِقَوْلِ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا: «كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَأْمُرُنِي فَأَتَّزِرُ، فَيُبَاشِرُنِي وَأَنَا حَائِضٌ». مُتَّفَقٌ عَلَيْهِ.

Бар асоси ривояти Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: "Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) манро амр мекард, ки эзор бипӯшам ва дар ҳоле, ки ҳайз будам бо ман муошират мекард". Муттафақун алайҳи.

Ҳукми ҳафтум: Талоқ.

Барои шавҳар ҳаром аст, ки ҳамсарашро дар ҳолати ҳайзаш талоқ диҳад.

﴿يَاأَيُّهَا النَّبِيُّ إِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاء فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ...

Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед) (Сураи Талоқ, ояти 1). Яъне, дар ҳоле бошад, ки зан иддаи мушаххасеро пеши рӯ дошта бошад, ба ин маъно, ки талоқ дар ҳомилагӣ ё покие бошад, ки дар он бо ӯ ҳамбистарӣ накарда бошад. Зеро агар дар ҳолати ҳайз талоқ карда шавад, иддааш шуруъ намешавад ва дар ҳолати ҳайз, ки талоқ шавад он ҳайзаш аз идда маҳсуб намешавад. Ва агар дар покие, ки бо ӯ ҳамбистар шуда бошад ва талоқ шавад, низ иддае, ки дар пеш аст маълум нест, ки ӯ аз он ҳамбистарӣ ҳомила шудааст, ки иддаи ҳамлро бигирад ё агар ҳомила нашуда бошад иддаи ҳайзро? Пас чун навъи иддааш ба яқин мушаххас нест, талоқ кардани ӯ бар мард ҳаром аст, то ин ки ҳолаташ возеҳу равшан шавад.

Пас, талоқи зан дар ҳолати ҳайзаш бинобар ояти гузашта ҳаром аст.

وَلِمَا ثَبَتَ فِي الصَّحِيحَيْنِ وَغَيْرِهِمَا مِنْ حَدِيثِ ابْنِ عُمَرَ: «أَنَّهُ طَلَّقَ امْرَأَتَهُ وَهِيَ حَائِضٌ، فَأَخْبَرَ عُمَرُ بِذَلِكَ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَتَغَيَّظَ فِيهِ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، وَقَالَ: مُرْهُ فَلْيُرَاجِعْهَا، ثُمَّ لِيُمْسِكْهَا حَتَّى تَطْهُرَ، ثُمَّ تَحِيضَ، ثُمَّ تَطْهُرَ، ثُمَّ إِنْ شَاءَ أَمْسَكَ بَعْدُ، وَإِنْ شَاءَ طَلَّقَ قَبْلَ أَنْ يَمَسَّ، فَتِلْكَ الْعِدَّةُ الَّتِي أَمَرَ اللَّهُ أَنْ تُطَلَّقَ لَهَا النِّسَاءُ».

Инчунин ба далели ҳадиси Ибни Умар, ки дар саҳеҳайн ва дигар манобеъ омадааст: "Ӯ ҳамсарашро дар ҳолати ҳайз талоқ кард. Пас, Умар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз ин кор хабар кард. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хашмгин шуд ва ӯро гуфт: "Ӯро амр кун, ки ҳамсарашро баргардонад то аз ҳайз пок шавад, сипас ҳайз бубинад, сипас пок шавад, сипас агар хост ӯро нигоҳ дорад ва агар хост пеш аз онки бо ӯ ҳамбистар шавад талоқаш кунад. Зеро ин ҳамон иддае аст, ки Аллоҳ амр кардааст, то занон дар он талоқ шаванд." Агар мард ҳамсарашро дар ҳолати ҳайз талоқ кунад гунаҳкор аст, бояд ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло аз ин кораш тавба кунад ва ҳамсарашро баргардонад, то ин ки ӯро тибқи шариат ва мувофиқи амри Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш талоқ кунад. Пас аз баргардонидан ӯро нигоҳ медорад, то аз ҳайзе, ки ӯро талоқ карда буд, пок шавад, сипас ҳайз шавад ва пок шавад. Баъд аз он ки пок шуд, агар хоҳад ӯро нигоҳ дорад ва агар хоҳад пеш аз он ки ҳамроҳаш ҳамбистар шавад, талоқаш кунад. Се масъала аз манъи талоқ дар вақти ҳайз истисно аст:

Якум: Агар талоқ пеш аз хилват кардан ё ҳамхобагӣ бо ҳамсар бошад, дар ин сурат зан дар ҳолати ҳайз ҳам бошад, боке надорад. Чунки дар ин ҳолат иддае бар ӯ нест ва талоқаш мухолифи

﴿...فَطَلِّقُوهُنَّ لِعِدَّتِهِنَّ...

фармудаи Аллоҳ Таъоло нест: (пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед) (Сураи Талоқ, ояти 1).

Дувум: Агар ҳайз дар ҳолати ҳомилагӣ бошад, ки сабабаш қаблан баён шуда буд.

Севум: Агар талоқ бар ивази ҷуброн бошад, ки талоқ кардани ӯ дар ҳоли ҳайз ишколе надорад.

Монанди ин ки байни зану шавҳар низоъ ва бадмуомилагӣ бошад, пас мард барои талоқ карданаш ҷуброн мегирад ва занро талоқ мекунад, ҳатто агар дар ҳолати ҳайз ҳам бошад, ҷоиз аст.

لِحَدِيثِ ابْنِ عَبَّاسٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا: أَنَّ امْرَأَةَ ثَابِتِ بْنِ قَيْسِ بْنِ شَمَّاسٍ جَاءَتْ إِلَى النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَقَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنِّي مَا أَعْتِبُ عَلَيْهِ فِي خُلُقٍ وَلَا دِينٍ، وَلَكِنْ أَكْرَهُ الْكُفْرَ فِي الْإِسْلَامِ. فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَتَرُدِّينَ عَلَيْهِ حَدِيقَتَهُ؟» قَالَتْ: نَعَمْ. فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «اقْبَلِ الْحَدِيقَةَ، وَطَلِّقْهَا تَطْلِيقَةً». [رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ].

Ба далели ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо), ки ҳамсари Собит ибни Қайс ибни Шаммос назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Ман аз дин ва ахлоқи ӯ ҳеҷ эроде намегирам, аммо куфрро дар Ислом намепазирам. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё боғи ӯро ба ӯ бармегардонӣ?" Ӯ гуфт: Бале, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Боғро бигир ва ӯро як талоқ бидеҳ." (Ривояти Бухорӣ) Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) напурсиданд, ки ӯ дар ҳолати ҳайз аст ё покӣ? Зеро ин талоқ фидяи зан барои худаш аст, пас дар ҳолати ниёз дар кадом ҳолате, ки бошад ҷоиз аст.

Дар "Муғнӣ" (7/52) дар сабаби ҷоиз будани хулъ дар вақти ҳайз чунин омадааст: "Иллати ҳаром будани талоқ ҳангоми ҳайз ба сабаби он зиёнест, ки дар ҳоли тӯлонӣ шудани идда ба зан ворид мешавад. Аммо "хулъ" барои бартараф кардани он зиёнест, ки бо сабаби бадрафторӣ ва ё мондан бо касе, ки зан ӯро дӯст намедорад, ба ӯ мерасад. Ва ин зиён бадтар аз тӯлонӣ шудани идда аст. Аз ин рӯ, зарари бузургтарро бо камтар бартараф намудан ҷоиз аст. Бинобар ин, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳолати зане, ки хулъ мехост напурсид, ки дар ҳолати ҳайз аст ё покӣ." Поёни иқтибос аз "Муғнӣ".

Аммо ақди никоҳ бастан бо зани ҳоиз боке надорад. Зеро асос, ҳалол будани он аст ва ҳеҷ далеле дар бораи манъи он наомадааст. Аммо даровардани шавҳар назди зани ҳоиз бояд баррасӣ шавад. Агар итмиънон дошта бошад, ки метавонад худро аз ҳамхоба шудан бо ӯ боз медорад, пас даромаданаш боке надорад. Аммо дар ғайри ин ҳолат аз тарси онки ба кори ҳаром даст назанад, то пок шуданаш интизор мешавад.

Ҳукми ҳаштум: Муътабар будани иддаи талоқ бо ҳайз. Агар шавҳар пас аз ҳамбистарӣ ё хилват бо зан, ӯро талоқ диҳад, воҷиб аст, ки зан се ҳайзи комилро идда бинишинад. Ва ин дар ҳолате аст, ки зан аз ҷумлаи заноне бошад, ки ҳайз мешаванд ва ҳомила набошад.

﴿وَٱلۡمُطَلَّقَٰتُ يَتَرَبَّصۡنَ بِأَنفُسِهِنَّ ثَلَٰثَةَ قُرُوٓءٖ...

Бар асоси ин фармудаи Аллоҳ Таъоло: (Занони талоқшуда [пеш аз издивоҷи муҷаддад] бояд ба муддати се бор покӣ [дидани се бор одати моҳона] интизор бикашанд;) (Сураи Бақара, ояти 228). Яъне, се ҳайз. Ва агар зан ҳомила бошад, иддааш вақте аст, ки таваллуд кунад, новобаста аз он ки муддаташ дароз аст ё кӯтоҳ.

﴿...وَأُوْلَاتُ الأَحْمَالِ أَجَلُهُنَّ أَن يَضَعْنَ حَمْلَهُنَّ...

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва иддаи занони бордор ин аст, ки вазъи ҳамл кунанд) (Сураи Талоқ, ояти 4). Ва агар аз ҷумлаи занони ҳайз медидагӣ набошад, монанди духтари ҷавон, ки ҳайзаш оғоз нашудааст, ё зане, ки ба сабаби пиронсолӣ аз синни ҳайз гузаштааст, ё ба сабаби ҷарроҳӣ ва гирифта шудани бачадон, ё дигар чизе, ки умеде барои ҳайз диданаш набошад, иддааш се моҳ аст.

﴿وَاللَّائِي يَئِسْنَ مِنَ الْمَحِيضِ مِن نِّسَائِكُمْ إِنِ ارْتَبْتُمْ فَعِدَّتُهُنَّ ثَلَاثَةُ أَشْهُرٍ وَاللَّائِي لَمْ يَحِضْنَ...

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва касоне аз занонатон, ки аз одати моҳона маъюс шудаанд, агар [ба бордории онон] шак кардед, иддаи онон се моҳ аст ва [низ] онҳо, ки ҳайз нашудаанд) (Сураи Талоқ, ояти 4). Агар аз ҷумлаи заноне бошад, ки ҳайз бинад, вале бо сабабҳои маълум, аз қабили беморӣ ва ё ширмаконӣ, ҳайзаш қатъ шуда бошад, дар иддааш мемонад, агарчи муддаташ тӯлонӣ бошад, то ҳайз диданаш. Сипас иддаашро ба ҷо меорад. Агар иллат бартараф шуд, вале ҳайз надид, масалан аз беморӣ шифо ёфт ё муддати ширмаконӣ ба охир расид, вале ҳайзаш барнагашт, дар ин ҳолат аз замони бартараф шудани сабаб як соли пурра интизорӣ мекашад. Ва ин қавли дуруст ва мувофиқ бар қоидаҳои шариат аст. Зеро агар сабаб бартараф шавад ва ҳайз барнагардад, монанди касе аст, ки ҳайзаш бо сабаби номаълум қатъ шудааст. Агар ҳайз бе ягон сабаб қатъ шавад, як соли пурра идда мепояд. Аз боби эҳтиёт нуҳ моҳ ба хотири бордорӣ, зеро бордорӣ эҳтимоли зиёд ин миқдор аст, ва се моҳ барои идда.

Аммо агар талоқ баъд аз ақди никоҳ ва пеш аз халват ва ҳамхобагӣ бошад, идда надорад, на бо ҳайз ва на бо дигар чиз.

﴿يَاأَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا نَكَحْتُمُ الْمُؤْمِنَاتِ ثُمَّ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِن قَبْلِ أَن تَمَسُّوهُنَّ فَمَا لَكُمْ عَلَيْهِنَّ مِنْ عِدَّةٍ تَعْتَدُّونَهَا...

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ бо занони муъмин издивоҷ кардед, сипас пеш аз он ки бо онон ҳамбистар шавед, талоқашон додед, аз ҷониби шумо ҳеҷ иддае бар уҳдаи онон нест, ки ҳисобашро нигоҳ доред.) (Сураи Аҳзоб, ояти 49).

Ҳукми нуҳум: Ҳукм ба покӣ (бордор набудан)-и бачадон.

Ва ин чизе аст, ки ҳаргоҳ ниёз ба ҳукм ба покии бачадон шавад, ба он ниёз мешавад. Он чанд масъаларо дар бар мегирад:

Аз он ҷумла: Агар шахсе бимирад ва занаш ҳомила бошад ва ҳамлаш аз ӯ (аз марди вафотёфта) мерос барад ва ҳамзамон он зан шавҳар дошта бошад, пас то ҳайз набинад, ё ин ки ҳомила буданаш ошкор нашавад, шавҳари он зан ҳамроҳаш ҳамхоба намешавад. Пас агар бордор буданаш собит шуд, ба мерос бурдани ҷанин ҳукм мекунем, зеро медонем, ки вақти марги меросдиҳанда (ҷанин) дар шиками модараш вуҷуд доштааст. Агар ҳайз бинад, ба мерос набурдани (ҷанин) ҳукм мекунем, зеро омадани ҳайз баёнгари холӣ будани бачадон аз ҷанин аст.

Ҳукми даҳум: Вуҷуби ғусл.

Ҳангоме ки зан аз ҳайз пок мешавад, бояд ғусл кунад ва ҳама баданашро пок кунад.

لِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِفَاطِمَةَ بِنْتِ أَبِي حُبَيْشٍ: «فَإِذَا أَقْبَلَتِ الْحَيْضَةُ فَدَعِي الصَّلَاةَ، وَإِذَا أَدْبَرَتْ فَاغْتَسِلِي وَصَلِّي» [رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ].

Бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Фотима бинти Абиҳубайш: "Ҳарвақто ҳайз фаро расад, намозатро тарк кун ва чун ҳайз тамом шуд, ғусл бикун ва намоз бихон." (Ривояти Бухорӣ).

Ва камтарин воҷиб дар ғусл, шустани тамоми бадан аст, ҳатто зери мӯйҳоро. Ва беҳтар аст ба ҳамон равише бошад, ки дар ҳадис омадааст:

«عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ حَيْثُ سَأَلَتْهُ أَسْمَاءُ بِنْتُ شَكَلٍ عَنْ غُسْلِ الْمَحِيضِ، فَقَالَ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «تَأْخُذُ إِحْدَاكُنَّ مَاءَهَا وَسِدْرَتَهَا فَتَطَهَّرُ فَتُحْسِنُ الطُّهُورَ، ثُمَّ تَصُبُّ عَلَى رَأْسِهَا فَتَدْلُكُهُ دَلْكًا شَدِيدًا، حَتَّى تَبْلُغَ شُؤُونَ رَأْسِهَا، ثُمَّ تَصُبُّ عَلَيْهَا الْمَاءَ، ثُمَّ تَأْخُذُ فُرْصَةً مُمَسَّكَةً - أَيْ: قِطْعَةَ قُمَاشٍ فِيهَا مِسْكٌ - فَتَطَهَّرُ بِهَا»، فَقَالَتْ أَسْمَاءُ: كَيْفَ تَطَهَّرُ بِهَا؟ فَقَالَ: «سُبْحَانَ اللَّهِ!»، فَقَالَتْ عَائِشَةُ لَهَا: تَتَبَّعِينَ أَثَرَ الدَّمِ». [رَوَاهُ مُسْلِمٌ].

"Ҳангоме ки Асмо бинти Шакл Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бораи ғусли баъд аз ҳайз пурсид, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Яке аз шумо об ва барги сидрро мегирад ва худро пок мекунад, сипас обро бар сараш мерезад ва сахт мемолад, то ин ки об ба решаҳои мӯяш расад, сипас бар он об мерезад, сипас порчаи матои мушкдорро (атрдорро) гирифта, худро пок мекунад." Асмоа гуфт: Чӣ гуна худро пок мекунад? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Субҳоналлоҳ" (аз рӯи шарм, ки бештар тавзеҳ диҳад), Оиша гуфт: Яъне ҷои осори хунро. (Ривояти Муслим).

Ва боз кардани мӯйи сар воҷиб нест, магар ин ки сахт баста шуда бошад ва тарси он бошад, ки ба решааш об нарасад.

لِمَا فِي صَحِيحِ مُسْلِمٍ مِنْ حَدِيثِ أُمِّ سَلَمَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا أَنَّهَا سَأَلَتِ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَتْ: إِنِّي امْرَأَةٌ أَشُدُّ شَعْرَ رَأْسِي، أَفَأَنْقُضُهُ لِغُسْلِ الْجَنَابَةِ؟ وَفِي رِوَايَةٍ: لِلْحَيْضَةِ وَالْجَنَابَةِ؟ فَقَالَ: «لَا، إِنَّمَا يَكْفِيكِ أَنْ تَحْثِيَ عَلَى رَأْسِكِ ثَلَاثَ حَثَيَاتٍ، ثُمَّ تُفِيضِينَ عَلَيْكِ الْمَاءَ فَتَطْهُرِينَ».

Бинобар ҳадисе, ки аз Умми Салама (разияллоҳу анҳо) дар "Саҳеҳи Муслим" омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсид, ки "Ман зане ҳастам, ки мӯйи сарамро мебандам (мебофам) оё онро барои ғусли ҷанобат боз кунам? Ва дар ривояти дигар, барои ҳайз ва ҷанобат? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "На, кифоя аст, ки се мушт об бар сарат бирезӣ, сипас бар худат об бирезӣ ва худро бишуйӣ."

Агар зани ҳоиз дар вақти намоз пок шавад, бояд фавран ғусл кунад, то намозро дар вақташ адо кунад. Агар дар сафар бошад ва об надошта бошад, ё об дошта бошад, вале аз истеъмоли он бими зараре дошта бошад ва ё беморе бошад, ки об ба ӯ зиён расонад, то бартараф шудани монеа ба ҷои ғусл таяммум кунад ва чун монеа бартараф шуд, ғусл кунад.

Баъзе аз занҳо дар вақти намоз пок мешаванд, вале ғуслро ба таъхир мегузоранд ва мегӯянд, ки дар ин вақт худро пурра пок карда наметавонанд, аммо ин на далел ва на узр аст. Зеро ӯ метавонад худро бо ҳадди ақали ғусли воҷиб пок кунад ва намозро дар вақташ бихонад. Сипас агар вақти бештар пайдо кард, ғусли комилро ба ҷо оварад.

 

Фасли панҷум: Дар бораи истиҳоза ва аҳкоми он

Истиҳоза: Идомаи хунрезии зан ба тавре ки ҳаргиз қатъ нашавад, ё танҳо муддати кӯтоҳ, масалан, як рӯз ё ду рӯз дар моҳ қатъ шавад.

Далели аввал ин ки, хунравӣ ҳаргиз қатъ намешавад. Ҳадисе дар "Саҳеҳ Бухорӣ" аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят шудааст, ки гуфта мешавад:

«قَالَتْ فَاطِمَةُ بِنْتُ أَبِي حُبَيْشٍ لِرَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنِّي لَا أَطْهُرُ». وَفِي رِوَايَةٍ: «أُسْتَحَاضُ فَلَا أَطْهُرُ».

"Фотима бинти Аби Ҳубайш ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Эй Расули Аллоҳ, ман ҳаргиз пок намешавам. Дар ривояти дигар: Истиҳоза мешавам, вале ҳаргиз пок намешавам."

Далели дувум, ки хунравӣ танҳо дар муддати кӯтоҳ қатъ мешавад. Дар ин бора ҳадиси Ҳамна бинти Ҷаҳш аст, ки назди Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омада гуфт:

«يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنِّي أُسْتَحَاضُ حَيْضَةً كَثِيرَةً شَدِيدَةً». [الْحَدِيثُ.. رَوَاهُ أَحْمَدُ وَأَبُو دَاوُدَ وَالتِّرْمِذِيُّ وَصَحَّحَهُ، وَنُقِلَ عَنِ الْإِمَامِ أَحْمَدَ تَصْحِيحُهُ، وَعَنِ الْبُخَارِيِّ تَحْسِينُهُ].

"Эй Расули Аллоҳ, ман истиҳозаи бисёр ва шадид мешавам" (ривояти Аҳмад, Абудовуд ва Тирмизӣ ва онро саҳеҳ донистааст ва аз имом Аҳмад саҳеҳ будан ва аз Бухорӣ ҳасан буданашро нақл кардааст).

Ҳолатҳои истиҳоза:

Барои зане, ки истиҳоза мешавад, се ҳолат вуҷуд дорад:

Ҳолати аввал: Агар пеш аз истиҳоза шудан давраи ҳайзаш маълум бошад, дар ин ҳолат бармегардад ба муддати ҳайзаш, он муддат ҳайз маҳсуб мешавад ва бар он аҳкоми ҳайз ҷорӣ мешавад. Ва ғайр аз ин истиҳоза маҳсуб мешавад ва аҳкоми истиҳоза бар он собит мегардад.

Мисолаш чунин аст: Зане, ки дар аввали ҳар моҳ шаш рӯз ҳайз мешуд, сипас дучори истиҳоза шуд, дар ин ҳолат ҳамон шаш рӯзи аввали моҳ ҳайз маҳсуб мегардад ва боқимондаи он истиҳоза ба шумор меояд.

لِحَدِيثِ عَائِشَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا أَنَّ فَاطِمَةَ بِنْتَ أَبِي حُبَيْشٍ قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنِّي أُسْتَحَاضُ فَلَا أَطْهُرُ، أَفَأَدَعُ الصَّلَاةَ؟ قَالَ: «لَا، إِنَّ ذَلِكِ عِرْقٌ، وَلَكِنْ دَعِي الصَّلَاةَ قَدْرَ الْأَيَّامِ الَّتِي كُنْتِ تَحِيضِينَ فِيهَا، ثُمَّ اغْتَسِلِي وَصَلِّي». رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ.

Бар асоси ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки Фотима бинти Аби Ҳубайш гуфт: Эй Расули Аллоҳ, ман истиҳоза мешавам ва пок намешавам, оё намозро тарк кунам? Гуфт: "На, ин хуни раг аст, аммо намозро ба андозаи рӯзҳое, ки ҳайз мешудӣ тарк кун, сипас ғусл кун ва намоз бихон." (Ривояти Бухорӣ).

وَفِي صَحِيحِ مُسْلِمٍ: أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ لِأُمِّ حَبِيبَةَ بِنْتِ جَحْشٍ: «امْكُثِي قَدْرَ مَا كَانَتْ تَحْبِسُكِ حَيْضَتُكِ، ثُمَّ اغْتَسِلِي وَصَلِّي».

Ва дар Саҳеҳ Муслим омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Умми Ҳабиба бинти Ҷаҳш фармуданд: "Ба андозае, ки ҳайз туро нигоҳ медошт, мунтазир бимон, сипас ғусл кун ва намоз бихон." Бар ин асос, зани дар ҳоли истиҳоза буда ба андозаи муддати ҳайзаш мунтазир мешавад, сипас ғусл мекунад ва намоз мехонад ва ба хуне, ки меояд аҳамият намедиҳад.

Ҳолати дувум: Агар пеш аз истиҳоза шудан ҳолати ҳайзаш маълум набошад, яъне аз вақти дидани хун (аз ҳангоми балоғат) истиҳозааш идома дошта бошад, дар ин ҳолат ба асоси тамйиз ва фарқ амал мекунад. Агар хун сиёҳ, ғализ ва бӯй дошта бошад, ҳайз аст ва бар он аҳкоми ҳайз ҷорӣ мешавад ва ғайр аз ин хуни истиҳоза аст ва аҳкоми истиҳозаро дорад.

Мисоли он: Зане, ки бори аввал хун мебинад ва он идома меёбад, лекин даҳ рӯзи аввал хуни сиёҳ ва боқимондаи моҳро хуни сурх мебинад, ё ин ки даҳ рӯзи аввалро хуни ғафс ва боқимондаи моҳро хуни тунук мебинад, ё ин ки даҳ рӯзи аввали онро хуне мебинад, ки бӯйи хуни ҳайз дорад ва боқимондаи моҳро хуни бебӯй мебинад. Пас, ҳайзи ӯ хуни сиёҳ дар мисоли аввал ва хуни ғафси ғализ дар мисоли дувум ва хуни бӯйдор дар мисоли севум аст ва ҳар чизе берун аз он аст, истиҳоза аст.

لِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِفَاطِمَةَ بِنْتِ أَبِي حُبَيْشٍ: «إِذَا كَانَ دَمُ الْحَيْضَةِ فَإِنَّهُ أَسْوَدُ يُعْرَفُ، فَإِذَا كَانَ ذَلِكِ فَأَمْسِكِي عَنِ الصَّلَاةِ، فَإِذَا كَانَ الْآخَرُ فَتَوَضَّئِي وَصَلِّي؛ فَإِنَّمَا هُوَ عِرْقٌ». [رَوَاهُ أَبُو دَاوُدَ وَالنَّسَائِيُّ، وَصَحَّحَهُ ابْنُ حِبَّانَ وَالْحَاكِمُ].

Бар асоси гуфтаҳои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Фотима бинти Абу Ҳубайш: "Агар хуни ҳайз бошад, сиёҳ ва шинохта мешавад, агар чунин бошад аз намоз худдорӣ бикун, Ва агар ғайри ин бошад, пас таҳорат бикун ва намоз бихон. Зеро он хуни ъирқ (раг) аст". (Ривояти Абудовуд, Насоӣ. Ва Ибни Ҳиббон ва Ҳоким онро саҳеҳ донистаанд). Ҳарчанд санад ва матни ин ҳадис қобили тааммул аст (дар саҳеҳ будани санад ва матни ҳадис шак вуҷуд дорад). Аммо олимон (раҳимаҳумуллоҳ) ба он амал кардаанд ва қабул кардани он беҳтар аз напазируфтани он ва муътабар донистани одати аксари занон аст.

Ҳолати севум: Ин ки на ҳайзаш маълум бошад ва на тамйиз ва фарқияти хун вуҷуд дошта бошад, яъне истиҳозааш аз аввали дидани хун пайваста бошад ва хунаш бар як сифат бошад ё бар ҳолатҳои гуногун бошад, ки ҳайз буданаш имкон надошта бошад. Дар ин ҳолат аз рӯйи одати аксари занон амал мекунад. Пас ҳайзи ӯ шаш ё ҳафт рӯз дар моҳ ва аз аввали хун диданаш оғоз мешавад. Ва ҳар чизе, ки берун аз он аст, истиҳоза аст.

Мисоли он ин аст, ки дар рӯзи панҷуми моҳ хунро мебинад ва он бе ягон хусусияти фарқкунандаи ҳайз, чи аз рӯи ранг ва чи дигар, идома меёбад. Пас, ҳайзи ӯ ҳар моҳ шаш ё ҳафт рӯз аз рӯзи панҷуми моҳ оғоз меёбад.

لِحَدِيثِ حَمْنَةَ بِنْتِ جَحْشٍ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهَا أَنَّهَا قَالَتْ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنِّي أُسْتَحَاضُ حَيْضَةً كَبِيرَةً شَدِيدَةً، فَمَا تَرَى فِيهَا؟ قَدْ مَنَعَتْنِي الصَّلَاةَ وَالصِّيَامَ، فَقَالَ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَنْعَتُ لَكِ (أَصِفُ لَكِ اسْتِعْمَالَ) الْكُرْسُفَ (وَهُوَ الْقُطْنُ)، تَضَعِينَهُ عَلَى الْفَرْجِ، فَإِنَّهُ يُذْهِبُ الدَّمَ»، قَالَتْ: هُوَ أَكْثَرُ مِنْ ذَلِكَ. وَفِيهِ قَالَ: «إِنَّمَا هَذِهِ رَكْضَةٌ مِنْ رَكْضَاتِ الشَّيْطَانِ، فَتَحَيَّضِي سِتَّةَ أَيَّامٍ أَوْ سَبْعَةً فِي عِلْمِ اللَّهِ تَعَالَى، ثُمَّ اغْتَسِلِي حَتَّى إِذَا رَأَيْتِ أَنَّكِ قَدْ طَهُرْتِ وَاسْتَنْقَأْتِ، فَصَلِّي أَرْبَعًا وَعِشْرِينَ أَوْ ثَلَاثًا وَعِشْرِينَ لَيْلَةً وَأَيَّامَهَا، وَصُومِي». الْحَدِيثُ. [رَوَاهُ أَحْمَدُ وَأَبُو دَاوُدَ وَالتِّرْمِذِيُّ وَصَحَّحَهُ، وَنُقِلَ عَنْ أَحْمَدَ أَنَّهُ صَحَّحَهُ، وَعَنِ الْبُخَارِيِّ أَنَّهُ حَسَّنَهُ].

Бар асоси ҳадиси Ҳимна бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Эй расули Аллоҳ, ман дучори ҳайзи бисёр ва шадиде мешавам, дар ин бора чӣ мегӯед? Манро аз намоз ва рӯза бозмедорад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бароят истифода бурдани пахтаро тавсия медиҳам. Онро бар шармгоҳ мегузорӣ, зеро он монеи хунравӣ мегардад." Ҳимна гуфт: Бештар аз он аст. (яъне: пахта гузоштан онро бознамедорад), Фармуданд: "Он зарбае аз зарбаҳои шайтон аст, пас шаш ё ҳафт рӯз чунонки Аллоҳ Таъоло амр кардааст, ҳайзро дар назар бигир, сипас ғусл бикун, то бубинӣ, ки пок шудаӣ. Бисту чаҳор ё бисту се шабонарӯз намоз бихон ва рӯза бигир." (Ривояти Аҳмад, Абудовуд. Тирмизӣ ва онро саҳеҳ донистааст. Ва низ аз Аҳмад ривоят аст, ки онро саҳеҳ донистааст. Ва аз Бухорӣ ривоят аст, ки онро ҳасан донистааст).

Ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) "Шаш ё ҳафт рӯз" барои интихоб кардан нест, балки барои иҷтиҳод аст. Яъне, зан бояд ба заноне нигоҳ кунад, ки дар намуди зоҳирӣ, синну сол ва хешутаборӣ ба ӯ монанданд ва ин ки кадом хун ба хуни ҳайз наздиктар аст ва монанди ин ба дигар эътиборот таваҷҷуҳ кунад. Пас агар шаш рӯз буданаш ба ӯ наздиктар бошад, шаш рӯз ва агар ҳафт рӯз наздиктар бошад, онро ҳафт рӯз қарор медиҳад.

Ҳолати зане, ки ба зани истиҳозадор монанд аст:

Шояд зан дучори ҳолате шавад, ки сабаби хунравӣ гардад, монанди амалиёти бачадон, ё чизи камтар аз он. Ин бар ду навъ аст:

Навъи якум: Зан бояд бидонад, ки баъд аз ҷарроҳӣ ҳайз намебинад, монанди ҷарроҳии комилан хориҷ кардани бачадон, ё бастани бачадон, ки хун аз он берун наояд. Барои ин зан аҳкоми истиҳоза ҷорӣ намешавад, балки ҳукми ӯ ҳукми зане аст, ки зардранг ё сиёҳранг ё рутубат баъд аз покшавӣ мебинад. Пас ӯ намоз ва рӯзаро тарк намекунад ва аз ҳамбистарӣ бо шавҳараш манъ намешавад ва ғусл ҳам бар ӯ воҷиб намегардад. Аммо ҳангоми ҳар намоз хунро бояд бишӯяд ва дар шармгоҳаш порча ё чизи дигаре бимонад, то аз хунравӣ ҷилавгирӣ кунад. Сипас барои намоз таҳорат мекунад ва баъди фаро расидани вақти намоз таҳорат кунад. Агар намозҳои вақтдор бошад, монанди намозҳои панҷвақта, вагарна ҳангоми иродаи намоз гузоштан таҳорат кунад, монанди намозҳои нафлии озод.

Навъи дуввум: Ин ки надонад баъд аз ҷарроҳӣ хун қатъ мешавад, балки ҳайз дидан мумкин аст. Пас ҳукми ин, монанди ҳукми истиҳоза аст. Ва ба ин гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Фотима бинти Абу Ҳубайш далолат мекунад:

»إِنَّمَا ذَلِكِ عِرْقٌ وَلَيْسَ بِالْحَيْضَةِ، فَإِذَا أَقْبَلَتِ الْحَيْضَةُ فَاتْرُكِي الصَّلَاةَ

"Ин танҳо (хуни) раг аст на ҳайз. Пас чун ҳайз оғоз шуд, намозро тарк бикун." Ин сухани Паёмбар, ки гуфтанд: "Ҳар вақто ки ҳайз оғоз шавад..." далолат мекунад, ки ҳукми истиҳоза барои касе аст, ки мумкин аст ҳайз шавад ва ҳайзаш меояду меравад. Аммо касе, ки эҳтимоли ҳайзро надорад, хуни ӯ дар ҳар сурат хуни раг аст.

Аҳкоми истиҳоза:

Аз гуфтаҳои боло фаҳмидем, ки хун кай ҳайз ва кай истиҳоза маҳсуб мешавад. Пас ҳар вақто ҳайз бошад, аҳкоми ҳайз бар он ҷорӣ мегардад ва ҳарвақто истиҳоза бошад, аҳкоми истиҳоза бар он собит мегардад.

Аҳкоми муҳимми ҳайз дар боло зикр шуд.

Аммо аҳкоми истиҳоза ба аҳкоми покӣ шабоҳат дорад. Байни зани дар ҳоли истиҳоза ва зани дар ҳоли покӣ қарордошта ҳеҷ фарқе нест, магар дар мавридҳои зерин:

Якум: Дар ҳар намоз (барои зани дар ҳоли истиҳоза) вузӯ гирифтан воҷиб аст.

لِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِفَاطِمَةَ بِنْتِ أَبِي حُبَيْشٍ: «ثُمَّ تَوَضَّئِي لِكُلِّ صَلَاةٍ». رَوَاهُ الْبُخَارِيُّ فِي بَابِ غَسْلِ الدَّمِ.

Бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Фотима бинти Абу Ҳубайш: "Сипас барои ҳар намоз таҳорат бикун". Ривояти Бухорӣ дар боби: Шустани хун. Ин маънои онро дорад, ки барои намозҳои панҷгона вузӯ нагирад, магар баъд аз даромадани вақти намоз. Аммо агар аз намозҳои панҷгона набошад, (намозҳои нафлӣ) ҳарвақт ки хост намоз гузорад, вузӯ мегирад.

Дувум: Агар таҳорат кардан хост, осори хунро шуста, пок мекунад, сипас латтаеро дар шармгоҳаш бо пахта мепечонад, то хунро нигоҳ дорад.

لِقَوْلِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِحَمْنَةَ: «أَنْعَتُ لَكِ الْكُرْسُفَ فَإِنَّهُ يُذْهِبُ الدَّمَ». قَالَتْ: فَإِنَّهُ أَكْثَرُ مِنْ ذَلِكَ. قَالَ: «فَاتَّخِذِي ثَوْبًا». قَالَتْ: هُوَ أَكْثَرُ مِنْ ذَلِكَ. قَالَ: «فَتَلَجَّمِي». الْحَدِيثُ.

Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Ҳамна фармуданд: "Туро ба истифодаи пахта тавсия медиҳам, зеро он хунро дур мекунад." Ҳамна гуфт: Аммо хун бештар аз он аст. Фармуданд: "Либосе бар он қарор бидеҳ". Ҳамна гуфт: Хун бештар аз он аст. Фармуданд: "Порчаеро бар он маҳкам бибанд". Ҳадис. Ҳар чи баъд аз он берун меояд, ба ӯ зиёне намерасонад, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Фотима бинти Аби Ҳубайш фармуд:

«اجْتَنِبِي الصَّلَاةَ أَيَّامَ حَيْضِكِ، ثُمَّ اغْتَسِلِي وَتَوَضَّئِي لِكُلِّ صَلَاةٍ، ثُمَّ صَلِّي، وَإِنْ قَطَرَ الدَّمُ عَلَى الْحَصِيرِ». [رَوَاهُ أَحْمَدُ وَابْنُ مَاجَهْ].

"Дар рӯзҳои ҳайзат аз намоз худдорӣ кун, сипас ғусл бикун ва барои ҳар намоз таҳорат бикун ва сипас намоз бигузор, ҳатто агар хун бар ҳасир (фарш) ҳам бичакад". (Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ).

Севум: Ҳамбистар шудан (алоқаи ҷинсӣ бо шавҳар). Олимон дар мавриди ҷоиз будани ҳамхобагӣ дар ҳоли истиҳоза ихтилофи назар доранд. Албатта, дар ҳолате, ки тарки ҳамхобагӣ боиси сахтӣ ва душворӣ нагардад. Назари дуруст ин аст, ки дар ҳама ҳолатҳо ҷоиз аст. Зеро занони зиёде, то даҳ нафар ё бештар дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дучори истиҳоза мешуданд ва Аллоҳ ва Паёмбар (шавҳарони онҳоро) аз ҳамбистарӣ бо онон наҳй накардаанд. Балки Аллоҳ Таъоло фармудааст: (Дар вақти ҳайз аз занон дурӣ ҷӯед) (Сураи Бақара, ояти 222).

Ин далолат ба он мекунад, ки дар ғайри ҳайз аз онҳо дурӣ ҷустан воҷиб нест. Зеро намоз хондани онҳо ҷоиз аст, дар ҳоле, ки ҳукми ҳамбистарӣ осонтар аз намоз хондан аст. Ва қиёс кардани ҳамхобагӣ бо зани мустаҳоза ба ҳамхобагӣ бо зани ҳоиз нодуруст аст. Зеро зани ҳоиз ва зани мустаҳоза назди касоне, ки онро ҳаром медонанд баробар нестанд. Ва қиёс бо вуҷуди фарқият эътибор надорад.

 

Фасли шашум: Дар баёни нифос (хунравӣ баъд аз таваллуд) ва ҳукми он

Нифос: Хуне аст, ки ба сабаби таваллуд, ё ҳангоми таваллуд ё баъди он, як ё ду рӯз пеш аз он дар баробари дарди зоиш аз бачадон берун меояд.

Шайхулислом Ибни Таймия мегӯяд: "Ҳар он чизе, ки шумо ҳангоми оғози таваллуд мебинед, хунравии баъди таваллуд (нифос) аст." Ва ба ду-се рӯз онро муқайяд накардааст. Манзураш аз хунравӣ, хунрави дар пайи зоймон аст, вагарна хунравии зоймон нест. Олимон дар мавриди ҳадди ақал ё ҳадди аксар доштани он ихтилофи назар доранд. Шайх Тақиюддин дар рисолаи худ дар бораи номҳое, ки шариат бар он ҳукмҳо вобаста кардааст, дар сафҳаи 37 чунин навиштааст: "Нифос ҳадди ақал ва ҳадди аксар надорад. Яъне, агар зан чиҳил ё шаст ё ҳафтод рӯз хун бинад, сипас қатъ шавад, ин нифос аст. Аммо агар идома ёбад, хуни фосид аст. Дар ин ҳолат ҳадди нифос чиҳил рӯз аст, зеро ин ҳадди аксари хунравӣ аст, ки ғолибан дар осор омадааст". Ниҳояти иқтибос.

Ман мегӯям: Бар асоси ин, агар хунравӣ аз чиҳил рӯз зиёд бошад ва одаташ бар ин буд, ки пас аз он хунравиаш қатъ мешавад, ё нишонаҳое аз наздикии қатъ шудани хун дид, бояд мунтазири қатъ шудани хун бимонад. Ва агар чунин набуд, бо пурра шудани чиҳил рӯз ғусл кунад. Зеро бештар ин маъмул аст, магар ин ки (поёни чиҳил рӯз) мусодиф ба ҳайзи ӯ бошад, дар ин ҳолат мунтазир мешавад, то муддати ҳайзаш ба охир расад. Пас чун ҳайзаш ба охир расид, бояд ин давраи муқаррарии ӯ маҳсуб шавад ва дар оянда мувофиқи он амал кунад. Агар хунравӣ идома ёбад, истиҳоза маҳсуб мешавад ва бояд ба аҳкоми истиҳоза, ки қаблан баён шуд, баргардад. Ва агар бо қатъ шудани хун пок шавад, агарчи пеш аз пурра шудани чиҳил рӯз бошад, пок аст. Ғусл мекунад, намоз мехонад, рӯза мегирад ва бо шавҳараш ҳамбистар мешавад, магар ин ки қатъи хунравӣ дар камтар аз як рӯз бошад, ки ин ҳукми дигар надорад, чунонки соҳиби китоби "Ал-Муғнӣ" гуфтааст.

Нифос собит намешавад, магар ин ки он чи таваллуд кардааст хислатҳои инсонӣ дошта бошад. Аммо агар ҷанини сақтшудае ба дунё оварад ва дар он хислатҳои инсонӣ набошад, хунаш хуни нифос нест, балки хуни раг аст. Ва ҳукми он ҳукми истиҳоза аст. Камтарин муддате, ки хислатҳои инсонӣ дар ҷанин зоҳир мешавад, ҳаштод рӯз аз оғози бордорӣ ва маъмулан ғолибияти давраи он навад рӯз аст.

Маҷд ибни Таймия мегӯяд: Ҳаргоҳ хунро як рӯз пеш аз дарди зоймон бубинад, ба он аҳамияте надиҳад. Пас аз он аз намоз ва рӯза бояд худдорӣ кунад. Агар баъд аз таваллуд ошкор шавад, ки бар хилофи он чи пеш аз таваллуд дида буд, бошад, бояд қазо дорад. Агар ошкор нашуд, бар ҳукми зоҳир идома медиҳад ва иъода намекунад. Инро дар шарҳи "Иқноъ" аз ӯ нақл кардаанд.

Аҳкоми нифос:

Аҳкоми нифос бо аҳкоми ҳайз яксон аст, магар дар ин мавридҳо:

Якум: Идда бар асоси талоқ ҳисоб мешавад на нифос. Зеро агар талоқ баъд аз таваллуд бошад, идда на бар асоси нифос, балки бар асоси таваллуд ба охир мерасад. Ва агар талоқ баъд аз таваллуд кардан бошад, бояд мунтазири баргашти ҳайз шавад, чунон ки қаблан гуфта шуда буд.

Дувум: Муддати илоъ, муддати ҳайзро дар бар мегирад ва муддати нифосро дар бар намегирад.

"Илоъ" (худдорӣ аз ҳамбистарӣ) ин аст, ки мард савганд мехӯрад, то абад ва ё муддати зиёда аз чаҳор моҳ бо ҳамсараш ҳамбистарӣ накунад. Агар савганд хӯрад ва зан аз ӯ талаби ҳамбистарӣ кунад, барои савгандаш барои ӯ чаҳор моҳ муҳлат дода мешавад. Ва чун чаҳор моҳ тамом шуд ё бо зан маҷбурӣ ҳамхоба мешавад ва ё бо талаби зан аз ӯ ҷудо мешавад. Пас, агар дар ин муддат зан нифос шавад, ин муддат барои мард ҳисоб намешавад, балки ба ҳамон андоза ба муҳлати чаҳор моҳ илова мешавад. Бар хилофи ҳайз, ки муддати он барои мард ҳисоб мешавад. (Яъне, ҷузъи ҳамон чаҳор моҳ ҳисоб мешавад ва бар он афзуда намешавад).

Севум: Балоғат бо ҳайз сурат мегирад на бо нифос. Зеро зан наметавонад бордор шавад, то ин ки ҳайз бинад. Ҳамин тавр балоғат бо баромадани хуни ҳайз пеш аз бордорӣ сурат мегирад.

Чаҳорум: Хуни ҳайз агар дар давраи худ қатъ шавад ва сипас баргардад ҳатман ҳайз аст. Монанди ин ки муддати ҳайзи зан ҳашт рӯз буд, чаҳор рӯз ҳайз бинад сипас ду рӯз қатъ шавад ва дар рӯзи ҳафтум ва ҳаштум баргардад. Ин бозгашт ҳатман ҳайз аст ва бар он ҳукми ҳайз ҷорӣ мешавад. Аммо агар нифос пеш аз чиҳилрӯзагӣ қатъ шавад ва сипас дар рӯзи чиҳилум баргардад, дар он шак аст. Пас намоз хондан ва рӯза гирифтан, ки ба вақт вобастагӣ дорад, воҷиб аст. Ва ҳама чизҳое, ки бар зани ҳоиз ҳаром аст, бар ӯ низ ҳаром аст, магар фарзҳо (монанди намоз ва рӯзаи фарзӣ). Ва баъд аз пок шуданаш лозим аст ҳар амале, ки дар ҳолати ин хун дидан анҷом додааст ва қазояш барои ҳоиз воҷиб аст, қазо дорад. Ин назари маъруф назди фақеҳони Ҳанбалӣ аст.

Аммо назари дуруст он аст, ки хун дар вақте баргардад, ки метавонад нифос бошад, нифос аст, вагарна ҳайз аст, магар ин ки идома ёбад, дар ин ҳолат истиҳоза аст.

Ва ин (назар) наздик ба чизе аст, ки дар "Ал-Муғнӣ" аз Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) ривоят шудааст, ки мегӯяд: Молик гуфт: "Агар баъди ду ё се рӯз хунро бинад (яъне аз замони қатъ шуданаш), нифос аст, вагарна ҳайз аст." Поёни иқтибос. Ва ин ҳамон назарест, ки Шайхулислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) ихтиёр кардааст.

Дар воқеият чизе дар хунҳо ба номи машкук вуҷуд надорад. Аммо шак кори нисбӣ аст, ки мардум дар он вобаста ба илм ва фаҳмишашон дучори ихтилоф мешаванд. Китоб ва Суннат равшан ва тавзеҳ диҳандаи ҳама чиз аст. Аллоҳ Таъоло бар касе ду бор рӯза гирифтан ё ду бор тавоф карданро воҷиб нагардонидааст, магар ин ки дар аввалӣ халале ворид шуда бошад, ки танҳо бо қазо ислоҳ мешавад. Аммо агар бандае таклифи худро ба андозаи тавонаш анҷом медиҳад, аз зимааш хориҷ мешавад ва масъулият аз ӯ бардошта мешавад.

Чунонки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَا...

(Аллоҳ Таъоло ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф [уҳдадор] намекунад).

(Сураи Бақара, ояти 286).

Ва мефармояд:

﴿فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُمۡ...

(Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед). (Сураи Тағобун, ояти 16).

Фарқияти панҷум байни ҳайз ва нифос:

Агар зан пеш аз ба охир расидани муддати маъмулии ҳайз пок шавад, ҷоиз аст, ки бе кароҳият шавҳараш бо ӯ ҳамбистар шавад. Аммо дар нифос, агар пеш аз чиҳил рӯз пок шавад мувофиқи назари маъруф (дар мазҳаби Ҳанбалӣ) ҳамбистар шудани шавҳараш бо ӯ макрӯҳ аст (то ин ки чиҳил рӯз пурра шавад). Аммо назари дуруст ин аст, ки ҳамбистарӣ бо ӯ макруҳ нест. Ва ин назари ҷумҳури олимон аст. Зеро кароҳат ҳукми шаръӣ аст, ки ниёз ба далели шаръӣ дорад. Ва дар ин масъала далеле нест, магар он чи имом Аҳмад аз Усмон ибни Абилъос ривоят кардааст, ки ҳамсараш пеш аз чиҳилрӯзагӣ наздаш омад, аммо занаш ӯро нагузошт ва ба ӯ гуфт: "Ба ман наздик машав." Ин гуфта, далел бар макрӯҳ буданро надорад. Зеро имкон дорад ин кораш барои эҳтиёт аз ҷониби ӯ бошад, аз тарси он ки шояд пурра пок нашудааст, ё ин ки шояд ба сабаби ҳамбистарӣ хун ҷорӣ шавад, ё ягон сабаби дигар. Ва Аллоҳ донотар аст.

 

 

 

 

Фасли ҳафтум: Дар бораи истифодаи чизҳое, ки ҳайзро манъ мекунад ё боиси омаданаш мешавад ва он чизҳое, ки монеи ҳамл ё сабаби сақти ҷанин мешавад

Истифодаи зан аз чизҳое, ки монеи ҳайз мешавад, бо ду шарт ҷоиз аст:

Якум: Ин ки тарсе аз зиён бар ӯ набошад. Агар аз ин ба ӯ бими зараре дошта бошад, ҷоиз нест.

Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَلَا تُلۡقُواْ بِأَيۡدِيكُمۡ إِلَى ٱلتَّهۡلُكَةِ...

(Ва худро бо дасти хештан ба ҳалокат наафканед) (Сураи Бақара, ояти 195).

﴿...وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا

(ва [ҳамчунин] якдигарро накушед ва худкушӣ накунед; ҳамоно Аллоҳ Таъоло [нисбат] ба шумо меҳрубон аст [ва шуморо аз ин корҳо боз медорад]) (Сураи Нисо, ояти 29).

Дувум: Агар ин кор ба шавҳар алоқаманд бошад, бояд бо иҷозати шавҳар анҷом шавад. Монанди ин ки агар зан дар ҳолати идда бошад ва нафақааш бар шавҳар воҷиб бошад, дар ин ҳолат зан метавонад бо манъ кардани ҳайз муддати иддаашро тӯлонитар кунад ва нафақаи зиёдтар ба даст оварад. Дар ин маврид бе иҷозати шавҳар манъ кардани ҳайз барояш ҷоиз нест. Инчунин агар собит шавад, ки пешгирӣ аз ҳайз сабаби пешгирӣ аз бордорӣ мешавад, дар ин ҳолат ҳам иҷозати шавҳар лозим аст. Ва бо ин ки ҷоиз буданаш собит шавад, истифода набурданаш афзалтар аст, магар аз рӯи зарурат. Зеро дар ҳолати табиӣ мондан барои саломатӣ ва бехатарии он наздиктар аст.

Аммо истеъмоли он чизе, ки сабаби омадани ҳайз шавад, низ бо ду шарт ҷоиз аст:

Якум: Ин кораш ҳилае барои соқит кардани ягон амали фарзӣ набошад. Монанди ин ки дар наздикии моҳи Рамазон онро истеъмол кунад, то ин ки рӯза нагирад ё намоз нахонад ва ба ин монанд.

Дувум: Бо иҷозати шавҳар анҷом шавад. Зеро ҳайз ӯро аз лаззати комили ҳамсараш бозмедорад. Пас истеъмоли ончизе, ки ӯро аз ҳаққаш бозмедорад ҷоиз нест, магар бо розигии ӯ. Ва агар зани муталлақа бошад, ин кор сабаби зудтар тамом шудани фурсати баргашти шавҳар мешавад, албатта, агар талоқи раҷъӣ бошад.

Аммо истеъмоли он чизе, ки монеи ҳамл мешавад, бар ду навъ аст:

Якум: Пешгирии доимӣ аз ҳамл ва ин ҷоиз нест. Зеро бо пешгирии ҳамл насл кам мешавад ва ин хилофи мақсади шариат аст, ки хоҳони афзоиши уммати исломӣ аст. Ҳамчунин ӯ мутмаин нест, ки фарзандони ӯ намемиранд ва ӯ бефарзанд намемонад.

Дувум: Ин ки пешгирии муваққатӣ бошад. Монанди ин ки зани бисёр ҳомила мешудагӣ бошад ва он боиси хастагии ӯ шуда бошад ва ба ин хотир хоҳад, ки ҳамлашро ҳар ду сол якбор ба танзим дарорад, ин гуна амалҳо ё ҷоиз аст, ба шарте ки шавҳараш ӯро иҷозат диҳад ва ба ӯ зиёне нарасад. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки саҳобагон дар замони Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои ҷилавгирӣ аз бордорӣ аз ҳамсаронашон азл мекарданд ва аз ин кор онҳо наҳй нашуданд. Азл, яъне мард бо ҳамсараш ҳамхоба мешавад ва ҳангоми баромадани манӣ олати худро берун мекунад ва обро дар беруни шармгоҳ мерезад.

Аммо дар мавриди чизҳое, ки сабаби исқоти ҳамл мешавад, бар ду навъ аст:

Якум: Ин ки қасд аз исқоти ҷанин нобуд кардани он бошад. Агар ин кор пас аз дамидани руҳ дар ҷанин бошад, бешак ҳаром аст. Зеро он ба ноҳақ куштани ҷонест, ки ҳаром аст. Ба ноҳақ куштани нафси ҳаром мувофиқи Китоб ва Суннат ва иҷмоъи мусалмонон ҳаром аст. Ва агар ин кор пеш аз дамидани руҳ дар ҷанин бошад, дар ҷоиз будани он олимон ихтилофи назар доранд. Баъзе аз онон мегӯянд, ҷоиз аст ва баъзе аз онон мегӯянд, манъ аст. Баъзеи дигар мегӯянд, то марҳилаи алақа нарасида бошад, яъне, чиҳилрӯза нашуда бошад, ҷоиз аст. Ва баъзеи дигар мегӯянд, то вақте ки шакли инсонӣ нагирифта бошад, ҷоиз аст.

Манъи исқоти ҳамл, магар дар ҳолатҳои зарурӣ, монанди ин ки модар бемор бошад ё таҳаммули бордориро надошта бошад, ё ба ин монанд, дуруст аст. Дар чунин ҳолатҳо исқоти ҳамл ҷоиз аст, магар он ки муддате нагузашта бошад, ки дар ӯ хислатҳои инсонӣ намоён шуда бошад, ки дар ин ҳолат манъ аст. Ва Аллоҳ донотар аст.

Дувум: Мақсад аз исқоти ҳамл нобуд кардани он набошад. Масалан, кӯшиши исқоти ҳамл дар охири бордорӣ анҷом дода шавад ва вақти таваллуд наздик бошад, ин ҷоиз аст, ба шарте, ки ба модар ва ҷанин зиёне нарасад ва ниёз ба ҷарроҳӣ нашавад. Агар ниёз ба амали ҷарроҳӣ шавад, ин чаҳор ҳолат вуҷуд дорад:

Якум: Агар модар ва фарзанди шикамаш зинда бошанд. Дар ин ҳолат ҷарроҳӣ ба ҷуз ҳолатҳои зарурӣ ҷоиз нест. Масалан, таваллуд кардан душвор бошад ва ҷарроҳиро талаб кунад. Зеро бадан амонате аст дар дасти банда ва ҳаққи тасарруф дар баданашро вақте тарс аз зиён бошад, надорад, магар барои манфиати бузургтар. Зеро шояд фикр мекунад, ки аз ҷарроҳӣ зараре нест, вале зарар мерасад.

Дувум: Ин ки модар ва ҷанин мурда бошанд. Дар ин ҳолат ҷарроҳӣ кардан барои баровардани ҳамл ҷоиз нест, зеро баровардани ҷанин аз шиками модар фоидае надорад.

Севум: Ин ки модар зинда ва ҷанин мурда бошад. Дар ин ҳолат ҷарроҳӣ барои баровардани ҳамл ҷоиз аст, магар ин ки тарси зарари модар вуҷуд дошта бошад. Зеро чунин ба назар мерасад, ки агар ҳамл бимирад берун шудани он бидуни ҷарроҳӣ тақрибан ғайри мумкин аст ва мондани он дар шиками модар монеъи бордориӣ муҷаддад мешавад ва боиси ба сахтӣ афтодани модар мешавад. Ва агар дар иддаи шавҳари собиқаш бошад, метавонад ҳаминхел бешавҳар боқӣ мемонад.

Чаҳорум: Ин ки модар мурда ва ҳамл зинда бошад. Дар ин ҳолат агар умеди зинда мондани он набошад, ҷарроҳӣ карданаш ҷоиз нест.

Ва агар умеди зинда мондани он бошад ва баъзе аз ӯ баромада бошад, шиками модар барои баровардани боқимондааш бурида мешавад. Агар чизе аз ҷисми ӯ набаромада бошад асҳоби мо (Ҳанбалиҳо) (раҳимаҳумуллоҳ) гуфтаанд, ки барои баровардани ҳамл шиками модар бурида намешавад, зеро он мусла (буридани узвҳои мурда) ҳисоб мешавад. Ва назари дуруст ин аст, ки шиками модар агар бидуни он бароварданаш ғайри имкон бошад, бурида мешавад ва ҳамл бароварда мешавад. Ва ин ихтиёри Ибни Ҳубайра аст, ӯ дар китоби "Ал-Инсоф" гуфтааст: "Ин қавл авлотар аст."

Ман мегӯям: Хусусан дар замони мо анҷом додани ҷарроҳӣ мусла нест, зеро шикам бурида ва сипас дӯхта мешавад. Инчунин барои он ки ҳурмати зинда бузургтар аз ҳурмати мурда аст. Ҳамчунин наҷот додани маъсум аз ҳалок воҷиб аст ва ҷанин инсони маъсум ва наҷот доданаш воҷиб аст. Ва Аллоҳ донотар аст.

Огоҳӣ: Дар ҳолатҳое, ки исқоти ҳамл ҷоиз аст, ҳамон тавре ки дар боло зикр шуд, иҷозати соҳиби ҳам, яъне шавҳар лозим аст.

То инҷо он чизе, ки мехостем дар бораи ин мавзуи муҳим ба нигориш дароварем, ба поён расид. Дар ин китоб бо асоси масъалаҳо ва қоидаҳо ва завобити он иктифо намудем, вагарна шохаҳо ва ҷузъиёти он ва он чи барои занон рух медиҳад, баҳре аст бепоён. Аммо шахси доно метавонад шохаҳоро ба решаҳо ва тафсилот ва ҷуъиёти онро ба умумӣ ва қоидаҳояш баргардонад ва ашёро ба ҳолатҳои мушобеҳи он қиёс кунад.

Ва муфтӣ бояд бидонад, ки миёни Аллоҳ ва махлуқоташ дар он чи ки паёмбарон овардаанд ва баёни он бар бандагони Аллоҳ миёнарав аст. Ва дар бораи он чи дар Китоб ва Суннат омадааст, масъул аст, зеро он ду сарчашмае аст, ки банда мукаллаф ба фаҳм ва амал ба онҳо аст. Ва ҳар чизе хилофи Китоб ва Суннат бошад, хато аст ва набояд аз гӯяндааш пазируфта шавад ва амал кардан ба он ҷоиз нест. Ҳарчанд мумкин аст гӯяндааш маъзур ва муҷтаҳид бошад, пас барои иҷтиҳодаш аҷру подош мегирад. Аммо касе ғайр аз ӯ, ки аз хатои ӯ огоҳ аст, иҷоза надорад, ки онро қабул кунад.

Муфтӣ бояд нияташро холис барои Аллоҳ гардонад ва дар ҳар амре, ки барояш рух медиҳад, аз Аллоҳи Мутаъол сидқан ёрӣ биҷӯяд ва барои анҷом додани кори дуруст аз Ӯ устуворӣ ва ҳидоят талаб кунад.

Ва бар ӯ воҷиб аст, ки он чи дар Китобу Суннат омадааст, ба он таваҷҷуҳ дошта бошад. Ӯ бояд дар ин ду сарчашма бингарад ва ҷустуҷӯ кунад ё аз суханони аҳли илм дар фаҳми он ёрӣ биҷӯяд.

Аксаран чунин мешавад, ки инсон дар пайи ҷустуҷӯи посухаш дар ҳадди тавонаш ба суханони аҳли илм руҷуъ мекунад, аммо дар бораи ҳукми он посухи оромбахше намеёбад ва шояд ҳеҷ зикре дар он мавзуъ наёбад. Пас агар бар Қуръон ва Суннат баргардад ҳукми онро наздик ва ошкор пайдо мекунад ва ин мувофиқи ихлос ва илму фаҳми ҷӯянда аст.

Муфтӣ бояд дар ҳукми худ дар мавриди мушкиле, ки ба ӯ рӯ ба рӯ мешавад, бо диққат биандешад ва шитоб накунад. Зеро чи басо аҳкоме вуҷуд дошта, ки муфтӣ дар он шитоб кардааст, танҳо пас аз андешидан ва ҷустуҷӯ кардан дар меёбад, ки хато кардааст ва аз он пушаймон мешавад ва шояд ҳукмашро ислоҳ карда наметавонад!.

 

Агар мардум аз муфтӣ андешаву шитоб накарданашро бидонанд, ба гуфтаҳои ӯ бовар мекунанд ва ба онҳо гӯш фаро медиҳанд. Аммо агар бинанд, ки ӯ дар ҳукм кардан шитоб мекунад ва зиёд хато мекунад, ба гуфтаҳояш эътимод намекунанд. Ҳамин тавр, бо шитобкори ва хатоҳояш, худ ва дигаронро аз илму доварии дурусти худ маҳрум месозад.

 

Аз Аллоҳ Таъоло мехоҳем, ки мо ва бародарони мусалмонамонро ба роҳи рости Худ ҳидоят кунад ва моро ба иноят ва ғамхории Худ нигаҳ дорад ва бо паноҳаш аз хато ва гумроҳӣ нигаҳ дорад. Ӯ саховатманд ва меҳрубон аст.

Ва саллалоҳу ва саллама ъало набийино Муҳаммадин ва ъало олиҳи ва саҳбиҳӣ аҷмаъин.

Ситоиш Аллоҳро, ки корҳои нек ба лутфи Ӯ

 

 

анҷом мешавад.

Ба қалами бандаи ниёзманд ба Аллоҳ.

Муҳаммад Солеҳ Ал-Ъусаймин

Субҳгоҳи рӯзи ҷумъа

14 Шаъбон, соли 1392 ҳиҷрӣ

 

 

 

***

Феҳраст

 

Фасли якум: Дар бораи маънои ҳайз ва ҳикмат аз он 5

Фасли дуввум: Дар бораи вақти ҳайз ва муддати он 6

Фасли севум: Дар бораи ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳайз 16

Фасли чаҳорум: Дар бораи аҳкоми ҳайз 20

Фасли панҷум: Дар бораи истиҳоза ва аҳкоми он 41

Фасли шашум: Дар баёни нифос (хунравӣ баъд аз таваллуд) ва ҳукми он 50

Фасли ҳафтум: Дар бораи истифодаи чизҳое, ки ҳайзро манъ мекунад ё боиси омаданаш мешавад ва он чизҳое, ки монеи ҳамл ё сабаби сақти ҷанин мешавад 57

 

***

 

 

tg130v1.0 - 27/06/2026