Дарсҳои муҳим барои оммаи мусалмонон (тоҷикӣ)

  • earth Забон
    (тоҷикӣ)
  • earth Таълиф:
    الشيخ عبد العزيز بن عبد الله بن باز

Тарҷумаҳои дигар 58

hi هندي- हिन्दी om أورومو- afaan oromoo ne نيبالي- नेपाली hu هنجاري مجري- magyar pl بولندي- polski sr صربي- Српски vi فيتنامي- Tiếng Việt mos موري- Mõõré wo ولوف- Wollof tg طاجيكي- тоҷикӣ dv ديفهي- ދިވެހި bs بوسني- bosanski mfe كريولي- créole mg ملاغاشي- Malagasy as آسامي- অসমীয়া ml مليالم- മലയാളം bn بنغالي- বাংলা ur أردو- اردو fr فرنسي- Français ru روسي- Русский ms ملايو- Melayu ha هوسا- Hausa en إنجليزي- English id إندونيسي- Indonesia zh صيني- 中文 sw سواحيلي- Kiswahili uz أوزبكي- Ўзбек ps بشتو- بشتو fa فارسي- فارسي tl فلبيني تجالوج- Tagalog gu غوجاراتية- ગુજરાતી te تلغو- తెలుగు ar عربي- العربية am أمهري- አማርኛ si سنهالي- සිංහල ka جورجي- ქართული da دنماركي- dansk cs تشيكي- čeština lo لاو- ພາສາລາວ prs دري- فارسی دری az أذري- azərbaycanca lt ليتواني- lietuvių lg لوغندي- Luganda aa عفري- Afaraf es إسباني- español ro روماني- română kmr كردي كرمنجي- Bi zimanê Kurdî yo يوربا- Èdè Yorùbá de ألماني- Deutsch uk أوكراني- українська sv سويدي- svenska st سوتي- Sesotho zh صيني- 中文 sn الشونا- Shona af أفريقاني- Afrikaans fi فنلندي- suomi ki كيكويو- Gĩkũyũ pt برتغالي- português
PHPWord

 

 

 

الدُّرُوسُ الْمُهِمَّةُ لِعَامَّةِ الْأُمَّةِ

 

 

Дарсҳои муҳим барои оммаи мусалмонон

 

لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ

عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ

رَحِمَهُ اللهُ

 

Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ-

 

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Дарсҳои муҳим барои оммаи мусалмонон

Ҳазрати Шайх Аллома

Абдулъазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ-

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Муқаддимаи муаллиф

Ҳамду сано барои Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён ва оқибат барои парҳезгорон аст, ва салому дуруди Худованд бар паёмбари Ӯ Муҳаммад ва бар хонавода ва ҳамаи асҳобаш бод.

Аммо баъд:

Ин рисолат иборат аз ҷумлаҳои мухтасар дар баёни баъзе аз масоили мавриди ниёзи мардум дар бораи Ислом аст, ва онро (Дарсҳои муҳим барои умуми мусалмонон) номидам.

Ва аз Худованд мехоҳам ҳама мусалмононро аз он баҳраманд гардонад ва онро аз ман бипазирад, ҳамоно Ӯ бахшанда ва карим аст.

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз Дарсҳои муҳим барои умуми мусалмонон (1)1

 


Дарси Аввал: Сураи Фотиҳа ва сураҳои кӯтоҳи Қуръон

Омӯхтани сураи Фотиҳа ва то ҳадди тавон омӯхтани дигар сураҳои кӯтоҳи Қуръони карим, аз сураи Залзала то сураи Нос, ва тарзи дуруст хондану ҳифз ва шарҳи ончи фаҳмидани он воҷиб аст.

Дарси дуввум: Аркони Ислом

Баёни аркони панҷгонаи ислом, аввалин ва бузургтарини он: Гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ маъбуде бар ҳақ нест, ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст. Бо шарҳи маъонӣ ва баёни шартҳои "Ло илоҳа илла-Аллоҳ" ва маънои: "Ло илоҳа" инкори тамоми ончизест, ки ғайр аз Аллоҳ парастида мешаванд ва "Илла-Аллоҳ" тасдиқ ва қабули парастиши Аллоҳ ба ягонагӣ ва бидуни шарик аст. Шартҳои (Ло илоҳа илло-Аллоҳ): илм, ки зидди ҷаҳл аст, яқин, ки зидди шак аст, ихлос, ки зидди ширк аст, ростӣ, ки зидди дуруғ аст, муҳаббат, ки зидди буғзу бадбинӣ аст, фармонбардорӣ, ки зидди ширк аст, қабул, ки зидди рад кардан аст ва куфр ба ончизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастида мешавад. Шартҳои мазкур дар ду байти зер гирд оварда шудааст:

Илму яқин ва ихлосу сидқи ту бо муҳаббат ва фармонбардорӣ ва қабули он. Ва ҳаштумро бар он зиёд кун, ки куфр варзидан ба ҳар чизе аст, ки ғайр аз Ӯ парастида мешавад.

Бо баёни инки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст, ки муқтазои он ба шакли зер аст: тасдиқи ончи ӯ мегӯяд, итоат аз авомир ӯ, дурӣ аз навоҳии ӯ ва ибодат кардани Аллоҳ Таъоло танҳо бо равише, ки Худованд ва паёмбараш муқаррар кардаанд. Сипас барои донишомӯз боқи аркони панҷгонаи исломро баён мекунад, ки иборатанд аз: Намоз, закот, рӯзаи моҳи рамазон ва ҳаҷҷи Байтулҳаром барои касоне, ки тавоноии онро доранд.

Дарси севум: Аркони имон

Имон шаш рукн дорад: имон ба Аллоҳ, ба фариштагон, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарон, ба рӯзи қиёмат ва имон доштан ба қазо ва қадар, ки хайр ва шарри он аз ҷониби Аллоҳ аст.

Дарси чаҳорум: Қисмҳои тавҳид ва қисмҳои ширк

Баёни ақсоми тавҳид, ки он ба се қисм аст, Тавҳиди рубубият, тавҳиди улуҳият ва тавҳиди асмо ва сифот.

1- Тавҳиди рубубият: имон доштан ба ин ки Аллоҳ Таъоло офаридагори ҳама офариниш аст ва тадбири тамоми умур ба дасти Ӯст ва Ӯ Таъолоро дар он шарике нест.

2- Тавҳиди улуҳият: имон доштан бар ин ки Аллоҳи пок маъбуди барҳақ аст ва дар ибодат Ӯро шарике нест ва ин ҳамон маънои "Ло илоҳа илло-Аллоҳ " аст. Зеро маънои он ин аст, ки маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. Пас тамоми ибодот, намоз, рӯза ва ғайра бояд холис барои Аллоҳи ягона бошад ва чизе ҷуз барои Ӯ набояд анҷом дода шавад.

3- Тавҳиди асмо ва сифот (номҳо ва сифатҳо): Имон доштан ба тамоми номҳо ва сифоте, ки дар Қуръони Карим ва аҳодиси саҳеҳ барои Ӯ Таъоло омадааст ва исботи онҳо барои Аллоҳ Таъоло ба гунае, ки шоистаи Ӯст, бидуни таҳриф, таътил, такйиф, тамсил ва амал кардан тибқи ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ 1 ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ 2 لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ 3 وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ4﴾

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1

Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2

На [фарзанде] зода ва на зода шудааст (3)

Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест» (Сураи Ихлос: 1-4) Ва фармудаи Ӯ Таъоло:

﴿...لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ﴾

(Ҳеҷ чиз (аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ) монанди Ӯ нест ва Ӯст шунавову бино) (Сураи Шуро: 11) Баъзе аз уламо онро танхо бар ду қисм дониста, тавҳиди асмо ва сифотро зимни тавҳиди рубубият дохил кардаанд. Дар ҳарду аз ин навъи тақсимбандӣ норавшание дида намешавад, зеро дар ҳарду аз он ҳадаф возеҳу равшан аст.

Ширк се қисм аст, ширки акбар, ширки асғар (хурд) ва ширки хафӣ (пинҳон).

Ширки акбар боиси маҳв шудани амал ва ҷовидонӣ мондан дар дӯзах, барои касе аст, ки бар он бимирад. Чунки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ﴾

(ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд) (Сураи Анъом: 88), Ва Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿مَا كَانَ لِلۡمُشۡرِكِينَ أَن يَعۡمُرُواْ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ شَٰهِدِينَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِم بِٱلۡكُفۡرِۚ أُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ وَفِي ٱلنَّارِ هُمۡ خَٰلِدُونَ 17﴾

(Сазовор нест, ки мушрикон масоҷиди Аллоҳ Таъолоро обод кунанд, дар ҳоле ки онон [амалан] ба куфри хеш гувоҳанд [ва онро изҳор мекунанд], ононанд, ки аъмолашон табоҳ гаштааст ва худ дар оташи [дӯзах] ҷовидонанд) (Сураи Тавба: 17) Ҳар касе бар ширк бимирад, бахшида нахоҳад шуд ва биҳишт барояш ҳаром аст. Чунончи Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُ...﴾

(Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро –барои ҳар ки бихоҳад– мебахшад;) (Сураи Нисо: 48). Ва Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿...إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ﴾

(Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк оварад, Аллоҳ Таъоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дӯзах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд). (Сураи Моида: 72).

Баъзеи дигар аз анвоъи ширк: аз мурдагон хостан, талаби ёрӣ аз мурдагон ва назру забҳ кардан барои онҳо ва аъмол дигаре амсоли он.

Ширки асғар: дар матнҳои Қуръон ва Суннат аз он "ширк" ном бурда шудааст, аммо на аз анвои ширки акбар аст, монанди: риё кардан дар баъзе аз корҳо, қасам хӯрдан ба ғайри Аллоҳ, ё бигӯяд: Агар Аллоҳ ва фалон шахс бихоҳад ва ғайра ва амсоли дигаре ҳаммонанди он. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«أَخْوَفُ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمُ الشِّرْكُ الأَصْغَرُ»، فَسُئِلَ عَنْهُ، فَقَالَ: «الرِّيَاءُ».

"Тарсноктарин чизе, ки метарсам бар шумо ояд, ширки асғар аст." Вақте дар мавриди он пурсида шуд, гуфт: "Он риё (худнамоӣ) аст." (2)2 Дар ривояти Имом Аҳмад, Табаронӣ, Байҳақӣ аз Маҳмуд ибни Лабиди Ансорӣ (Разияллоҳу анҳу) бо исноди ҷайид (хуб), ва дар ривояти Табаронӣ бо санадҳои ҷайид, аз Маҳмуд ибни Лабид аз Рофиъ ибни Худайҷ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).

Ҳамчунин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَنْ حَلَفَ بِشَيْءٍ دُونَ اللَّهِ فَقَدْ أَشْرَكَ».

(Касе ба чизе ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, қатъан ширк овардааст)3 Дар ривояти Имом Аҳмад бо санади саҳеҳ аз Умар ибни Хаттоб (Разияллоҳу анҳу) Дар ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ бо исноди саҳеҳ аз ҳадиси ибни Умар (Разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд:

«مَنْ حَلَفَ بِغَيْرِ اللَّهِ فَقَدْ كَفَرَ أَوْ أَشْرَكَ».

"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст4". Ва ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«لَا تَقُولُوا: مَا شَاءَ اللَّهُ وَشَاءَ فُلَانٌ، وَلَكِنْ قُولُوا: مَا شَاءَ اللَّهُ ثُمَّ شَاءَ فُلَانٌ».

(Нагӯед: ончи Худованд ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Ончиро, ки Аллоҳ бихоҳад, сипас фалони бихоҳад)5 Дар ривояти Абудовуд бо санади саҳеҳ аз Ҳузайфа ибни Ямон (Разияллоҳу анҳу).

Ин навъи аз ширк боиси ридда (кофир шудан) ва ҷовидонӣ дар оташи дӯзах мондан намешавад, аммо бо камоли тавҳиди воҷиб мунофот дорад.

Навъи севум: Ширки хафӣ аст, далели он фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки мефармояд:

«أَلَا أُخْبِرُكُمْ بِمَا هُوَ أَخْوَفُ عَلَيْكُمْ عِنْدِي مِنَ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ؟» قَالُوا: بَلَى يَا رَسُولَ اللَّهِ. قَالَ: «الشِّرْكُ الْخَفِيُّ؛ يَقُومُ الرَّجُلُ فَيُصَلِّي، فَيُزَيِّنُ صَلَاتَهُ لِمَا يَرَى مِنْ نَظَرِ الرَّجُلِ إِلَيْهِ».

(Оё шуморо аз чизе бохабар насозам, ки бештар аз Даҷҷол барои шумо аз он тарс дорам? Гуфтанд: Бале эй расули Аллоҳ. Фармуданд: Ширки хафӣ (пинҳон), ин аст, ки шахс намоз мехонад ва чун мефаҳмад касе ӯро мебинад, намозашро зебо ҷилва медиҳад)6 Дар ривояти Аҳмад дар Муснадаш аз Абусаъиди Худрӣ (Разияллоҳу анҳу).

Метавон ширкро танҳо ба ду навъ тақсим кард:

Акбар ва асғар, аммо ширки хафӣ метавонад дар ҳарду вуҷӯд дошта бошад. Ширки хафӣ дар ширки акбар, монанди ширки мунофиқон аст, ки ақидаи ботили худро пинҳон нигоҳ дошта аз рӯи риё ва ё тарс худро мусалмон вонамуд мекунанд.

Ширки хафӣ дар ширки асғар, монанди риёкорӣ, чунончи дар ҳадиси Маҳмуд ибни Лабид ва ҳадиси Абусаъид омадааст. Худо аз он паноҳ диҳад.

Дарси панҷум: Эҳсон

Рукни Эҳсон, ба ин маъност: Худовандро ба гунае ибодат кунӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ ва агар Ӯро намебинӣ, бидонӣ, ки Ӯ туро мебинад.

Дарси шашум: Шартҳои намоз

Дар намоз нуҳ шарт аст:

Ислом, ақл, тамийз (ташхиси хуб ва бад), рафъи ҳадас, дур кардани наҷосат, сатри аврат, духули вақт, рӯй ба қибла ва ният.

Дарси ҳафтум: Аркони намоз

Намоз чаҳордаҳ рукн дорад:

Қиём, агар тавони онро дорад, такбири эҳром (Аллоҳу акбар гуфтан), хондани Фотиҳа, рукуъ ва рост истодан баъд аз рукуъ, саҷда бар узвҳои ҳафтгона ва бархостан аз он, нишастан байни ду саҷда, ором гирифтан дар ҳама амалҳои намоз, тартиб байни рукнҳо, ташаҳҳуди охир ва нишастан барои он, салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва ду тараф салом додан.

Дарси ҳаштум: воҷиботи намоз

Дар намоз ҳашт воҷиб аст:

Ҳама такбироти намоз ғайр аз такбири эҳром, гуфтани (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) барои имом ва танҳогузор, гуфтани (Раббано ва лакал-ҳамд) барои ҳама, гуфтани (Субҳона раббиял-ъазим) дар рукуъ, гуфтани (Субҳона раббиял-аъло) дар суҷуд, гуфтани (Рабби-ғфир лӣ) байни ду саҷда ва ташаҳҳуди аввал ва нишастан барои он.

Дарси нуҳум: баёни Ташаҳҳуд

Ингуна бигӯяд:

(Аттаҳиёту лиллоҳи вас-салавоту ват-тайибот, Ассалому алайка ай-юҳан-набӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, Ассалому ъалайно ва ъало ибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу).

Сипас ба шакли зер, бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд бифиристад ва аз Худованд барои ӯ баракат бихоҳад: (Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака ҳамидум маҷид ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака ҳамидум-маҷид).

Сипас дар ташаҳҳуди охир аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи масеҳи Даҷҷол ба Аллоҳ паноҳ мебарад, ва ҳар дуоеро, ки бихоҳад мегӯяд, хусусан дуоҳое, ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст, аз ҷумла:

(Аллоҳумма аъиннӣ ъало зикрика ва шукрика ва ҳусни ъибодатика, Аллоҳумма иннӣ заламту нафсӣ зулман касиран, ва ло яғфируз-зунуба илло Анта, фағфир-лӣ мағфиратан мин ъиндика, варҳамнӣ иннака антал-ғафурур-раҳим)

Аммо дар намозҳои пешин, аср, шом ва хуфтан баъд аз ташаҳҳуди аввал барои ракъати сеюм бармехезад. Агар бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), бинобар аҳодисе, ки дар ин маврид омадааст, салавот бифиристад беҳтар аст, сипас барои ракъати сеюм бармехезад.

Дарси даҳум: Суннатҳои намоз

Аз ҷумла:

1- Истифтоҳ. (оғози намоз)

2- Гузоштани кафи дасти рост бар дасти чап болои сина ҳангоми қиём, пеш аз рукуъ ва баъд аз он.

3- Бардоштани дастҳо то баробари гӯш ё шонаҳо ва ангуштон ба ҳам часпида ва даст комилан рост бошад, ҳангоми такбири аввал ва вақти ба рукуъ рафтан ва аз рукуъ бархостан ва ҳангоми қиём аз ташаҳҳуди аввал барои ракаъати севвум.

4 - Зиёда аз якбор гуфтани тасбеҳҳо дар рукуъ ва саҷда

5 - Афзудан дар ҷумлаи "Раббано ва лакал-ҳамд" баъд аз қиёми рукуъ ва беш аз якбор гуфтани дуои талаби мағфират (Раббӣ-иғфир лӣ) байни ду саҷда.

6- Баробар қарор додани сар ва пушт дар рукуъ.

7- Дур доштани бозуҳо аз паҳлуҳо, шикам аз ронҳо ва ронҳо аз соқҳо дар саҷда.

8- Боло нигоҳ доштани оринҷҳо аз замин ҳангоми саҷда.

9- Нишастан болои пои чап ва паҳншуда ва рост нигоҳ доштани пои рост дар ташаҳҳуди аввал ва байни ду саҷда.

10- Таварук дар ташаҳҳуди охир ва дар намозҳое, ки чор ва се ракъат ҳастанд, яъне: нишастан бар сурин ва гузоштани пои чап дар зери пои рост ва рост гузоштани пои рост.

11- Ишора бо ангушти саббоба дар ташаҳҳуди аввал ва дуввум аз замони нишастан то поёни ташаҳҳуд ва ҳаракат додани он ҳангоми дуо.

12- Дуруд фиристодан ва баракат хостан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва бар хонадони ӯ ва барои Иброҳим ва хонадони Иброҳим дар ташаҳҳуди аввал.

13- Дуо дар ташаҳҳуди охир.

14- Бо овози баланд қироат кардан дар намозҳои бомдод, ҷумъа, идҳо, истисқо, ва дар ду ракаъати аввали намози шом ва хуфтан.

15- Паст қироат кардан дар намози пешин, аср ва ракъати сеюми намози шом ва ду ракъати охири намози хуфтан.

16- Хондани баъзе аз сура ва ё оятҳое аз Қуръон пас аз сураи Фотиҳа бо риояи суннатҳои дигар, ки да боло зикр нашуданд, ба монанди: "Рабано ва лакал-ҳамд" гуфтани намозгузор пас аз бархестан аз рукуъ, чи имом бошад ё маъмун ва ё танҳогузор, ва ҳамчунин гузоштани дастон бо ангуштони кушода бар зону ҳангоми рукуъ.

Дарси ёздаҳум: Ботилкунандаҳои намоз

Ботилкунандаҳои намоз ҳашт аст:

1- Дониста ва қасдан сухан гуфтан дар намоз, аммо аз рӯи нодонӣ ва фаромӯшӣ ботил намешавад.

2- Хандидан.

3- Хурдан.

4- Нӯшидан.

5- Кашфи аврат.

6- Аз ҳад зиёд рӯй гардонидан аз ҷиҳати қибла.

7- Анҷоми амалҳои зиёди беҳуда ва пай дар пай дар намоз.

8- Шикастани таҳорат.

 

Дарси дувоздаҳум: Шартҳои таҳорат

Таҳорат даҳ шарт дорад:

Ислом, ақл, тамийз, ният, бо ин ният, ки то таҳорат комил нашавад қасди қатъи онро надошта бошад, қатъ шудани муҷиботи таҳорат (сабабе ки вузуро ботил мекунад), истинҷо (пок кардан бо об) ё истиҷмор (пок кардан бо санг ё кулух) пеш аз таҳорат, пок ва мубоҳ будани об, дур кардани ҳар чизе ки монеъи расидани об дар пуст мешавад, даромадани вақти намоз барои касе, ки таҳоратшикасти доимӣ дорад.

Дарси сенздаҳум: Фарзҳои таҳорат

Таҳорат шаш фарз дорад:

Шустани рӯй, ки шомили мазмаза (гардонидан об дар даҳон) ва истиншоқ (кашидани об дар бинӣ) аст, шустани ҳарду даст бо оринҷҳо, масҳи ҳамаи сар, ки шомили масҳи гӯшҳо низ мешавад, шустани пойҳо бо буҷулакҳо, тартиб ва муволот (се бор пай дар пай шустан). Се бор шустани рӯй, дастон, пойҳо мустаҳаб аст, ҳамчунин мазмаза ва истиншоқ, аммо якбор шустани онҳо фарз аст ва такрори масҳи сар, чунончи, аҳодиси саҳеҳ бар он далолат мекунанд, мустаҳаб нест.

Дарси чаҳордаҳум: Шиканандаҳои таҳорат

Шиканандаҳои таҳорат шаш аст:

Ончи ки аз ду роҳ -аз пеш ё қафо- хориҷ шавад, ҳар наҷас ва зиштӣ, ки аз бадан хориҷ шавад, зоил шудани ақл бо сабаби хоб ё ба сабаби дигар, ламс кардани шармгоҳ -пеш бошад ё қафо- ва бидуни ҳоҷиз (латта ё дигар чиз), хурдани гушти шутур, ридда (муртад ва кофир шудан). Аллоҳ Таъоло мо ва ҳама мусалмононро аз он дар паноҳи худ дошта бошад.

Огоҳии муҳим: шустани майит, таҳоратро намешиканад, ки ин раъйи аксари аҳли илм аст, зеро далиле дар ин маврид ворид нашудааст, аммо агар дасти шахси ғуслдиҳанда бидуни ҳеҷ монеъ ба шармгоҳи майит расад, бар ӯ таҳорат воҷиб мешавад.

Шармгоҳи майит бояд бе монеъ (порчае аз латта ё дигар чиз) даст расонида нашавад. Саҳеҳтарин ақволи уламо ин аст, ки ламс кардани зан таҳоратро намешиканад, чи бо шаҳват бошад ё бидуни он, магар инки чизе аз мард хориҷ шавад, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъзе аз ҳамсаронашро бӯсиданд ва сипас намозро бидуни инки таҳорат кунанд, хонданд.

Аммо дар мавриди ин фармудаи Аллоҳ Таъоло дар сураи Нисо ва Моида:

﴿...أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ...﴾

(Ё занонро ламс кардед) (Нисо: 43) (Моида: 6) Саҳеҳтарин ақволи уламо ин аст, ки он ҷимоъ ва ҳамхобагӣ аст, ва ин қавли ибни Аббос (Разияллоҳу анҳу) ва ҷамъе аз салаф ва халаф аст. Худованд ҳамаи моро тавфик бидиҳад.

Дарси понздаҳум: Ороста кардани ҳар мусалмон худро ба ахлоқи машрӯъ ва писандида.

Аз ҷумла бо: сидқ, амонат, иффат, ҳаё, шуҷоат, карам, вафо, дурӣ аз ҳар ончи Аллоҳ ҳаром гардонида аст, ҳамсоядории нек, кумак ба муҳтоҷон ба андозаи тавоноӣ ва дигар ахлоқи зебо, ки Қуръон ва Суннат ба машрӯъияти онон далолат мекунанд.

Дарси шонздаҳум: Адаб ва рафтори исломӣ

Аз ҷумла: Салом додан, кушодарӯӣ, хурдан ва нӯшидан бо дасти рост, "Бисмиллоҳ" гуфтан дар оғози таом ва "Алҳамду лиллоҳ" гуфтан пас аз таом ва шароб, "Алҳамду лиллоҳ" гуфтан пас аз атса задан, дуои нек кардан барои атсазанандае, ки "Алҳамду лиллоҳ" мегӯяд, аёдати бемор, иштирок дар намози ҷаноз ва рафтан то қабристон, риояи одоби шаръӣ дар вақти даромадан ба масҷид ё манзил ва баромадан аз он ҷо, дар ҳангоми сафар, бо падару модар, бо хешутабор, бо ҳамсоягон, бо бузургон, бо хурдсолон, табрик гуфтани касе барои таваллуди фарзанд ва издивоҷ, таслият гуфтан барои мусибатҳо ва одоби дигари исломӣ, ба монанди пӯшидан ва баровардани либос ва пӯшидани кафшҳо ва.

Дарси ҳабдаҳум: Ҳушдор аз ширк ва дигар гуноҳон

Аз ҷумла: Ҳафт гуноҳи бузурги ҳалоккунанда, ки иборатанд аз: ширк ба Аллоҳ, сеҳру ҷоду, куштани ба ғайри ҳақ, рибохурӣ, хурдани моли ятим, фирор аз майдони ҷанг ва туҳмат ба занони покдомани ноогоҳи мӯъмина.

Ҳамчунин: Нофармонӣ аз падару модар, қатъи робитаи хешовандӣ, шаҳодати бардуруғ, савгандҳои бардуруғ, озор расонидан ба ҳамсоя, зулму ситам ба мардум дар ҷону молу обурӯяшон, нӯшидани масткунанда, қимор, ғайбат, суханчинӣ ва дигар чизҳое, ки Аллоҳ Таъоло ё паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз он наҳй кардаанд.

Дарси ҳаждаҳум: Омода кардани майит ва намоз гузоштан ва ба хок супурдани ӯ

Тафсил ва баён:

Якум: Талқини шахсе, ки дар ҳолати марг аст. Бино бар ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) талқин кардан бо (Ло илоҳа иллаллоҳ) ба шахси дар ҳоли марг машруъ аст:

«لَقِّنُوا مَوْتَاكُمْ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ».

(Ло илоҳа иллаллоҳ-ро бар мурдагонатон талқин кунед)7 Ин хадисро Муслим дар саҳешаш ривоят кардааст. Мурод аз мурдагон дар ин ҳадис, касоне ҳастанд, ки дар ҳоли мурдан ва ҷон додан ҳастанд, яъне касоне, ки нишонаҳои марг дар онҳо пайдо шудааст.

Дувум: Вақте марг яқин шуд чашмҳои ӯ пӯшида ва манаҳаш баста мешавад, зеро ин амал дар суннат ворид шудааст.

Севум: Вуҷуби шустани мурдаи мусалмон, магар ин ки дар ҷанг шаҳид шуда бошад, ки ӯ шуста намешавад ва намоз низ гузошта намешавад, балки бо ҳамон либосҳое, ки дар тан дорад дафн карда мешавад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шаҳидони ғазваи Уҳудро на ғусл доданд ва на бар онҳо намоз гузоштанд.

Чаҳорум: Равиши ғусли майит

Нахуст аврати ӯ пӯшонда шуда сипас каме ӯро баланд бардошта шикамаш бо нармӣ фишор дода мешавад, (то агар чизе бошад берун ояд), сипас касе, ки ӯро ғусл медиҳад, порчаи латтаеро дар даст печонида ӯро пок мекунад ва ӯро мисли вузӯи намоз вузӯ медиҳад, сипас сару ришашро бо об ва сидр ё чизе дигар мешӯяд. Пас тарафи рост ва баъд тарафи чапашро мешӯяд ва ҳамин гуна дувум ва севум бор ӯро мешӯяд. Ва дар ҳар бор дасташро дар шиками майит мегузорад, агар аз ӯ чизе хориҷ шуд, онро мешӯяд ва дар он ҷой пахта ё чизе монанди он мегузорад, агар боз наистод бо хоки холис онро масдуд мекунад ё бо василаҳои тибии ҳозиразамон, монанди часпак ё чизи дигар махкам мекунад.

Дар чунин ҳолат бори дигар ба ӯ таҳорат медиҳад, агар бо се бор пок нашуд, панҷ ё ҳафт бор онро анҷом медиҳад, сипас ӯро бо либосе хушк мекунад ва зери ҳарду бағал ва дохили ронҳо ва аъзои саҷда хушбӯӣ мезанад, агар ҳамаи баданро хушбӯӣ занад боз беҳтар аст, ва сипас кафанашро бо бахур муаттар мекунад. Агар мӯи лаб ё нохунҳояш дароз бошад, онҳоро кӯтоҳ мекунад ва дар ҳоли кӯтоҳ накардан низ ишколе вуҷӯд надорад. Мӯи сарашро шона намекунад ва мӯйи зери нофашро наметарошад ва хатна ҳам карда намешавад, чун далиле дар ин маврид ворид нашудааст. Агар майит зан бошад, мӯйҳои ӯ се даста бофта шуда дар пушташ қарор дода мешавад.

Панҷум: Кафан кардани майит

Беҳтар ин аст мард дар се либоси сафед кафан карда шавад ва дар байни онҳо пероҳан ва салла набошад, чунончи бо Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) анҷом дода шуд. Дар он се қитъа печонида мешавад ва агар дар пероҳан, эзор ва лифофа кафан шавад, ишколе надорад.

Зан дар панҷ либос кафан карда мешавад: Диръ (пушиши бадан), химор (русарӣ), эзор ва ду лифофа. Писари хурдсол дар як то се либос ва духтарчаи хурдсол дар як пероҳан ва ду лифофа кафан карда мешаванд.

Ҳадди ақал як либос, ки ҳамаи баданро бипӯшонад воҷиб аст, аммо агар майит муҳрим (бо либоси эҳром) бошад, бо об ва сидр шуста мешавад ва дар ҳамон эзор ва ридои худ (либоси эҳром) ё дигар эзор ва ридо кафан карда мешавад, сар ва рӯи ӯ пушонида намешавад, инчунин ба ӯ хушбӯӣ зада намешавад, зеро ӯ дар қиёмат дар ҳоле барангехта мешавад, ки "лаббайка" мегӯяд, чунончи дар ҳадиси саҳеҳе аз Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст. Агар муҳрим зан бошад, монанди дигар занон кафан карда мешавад, аммо ба ӯ хушбӯйи зада намешавад, ҳамон гуна, ки ба рӯяш ниқоб ва ба дастонаш дастпӯш пушонида намешавад, лекин рӯй ва дастонаш бо кафан пӯшонида мешавад, чунончи дар боло равиши кафан кардани зан зикр шуд.

Шашум: Сазовортарин мардум барои шустану намоз хондан ва дафн кардани майит

касе аст, ки худи майит васият кардааст, сипас падар, баъд падарбузург, сипас ҳар касе аз мардон, ки дар насаб ба ӯ наздиктар бошад.

Барои шустани зан авлавият касе аст, ки худи майит васият кардааст, сипас модар, баъд модарбузург, сипас ҳар кас аз занон, ки дар насаб ба ӯ наздиктар бошад. Зан ва шавҳар метавонанд якдигарро бишӯянд, зеро Абубакри Сиддиқ (Разияллоҳу анҳу) ҳамсарашро шуст ва Алӣ (Разияллоҳу анҳу) ҳамсараш Фотима (Разияллоҳу анҳо)-ро шуст.

Ҳафтум: Равиши намоз бар майит

Чаҳор такбир мегӯяд ва пас аз такбири аввал сураи Фотиҳаро мехонад, ва агар пас аз сураи Фотиҳа ҳамроҳаш як сураи кӯтоҳ ё як ё ду оят бихонад бо авлотар аст, чунончи дар ҳадиси саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (Разияллоҳу анҳумо) дар ин маврид ривоят шудааст. Сипас дуюм такбирро гуфта бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) салавот мехонад, ҳамон салавот, ки дар ташаҳҳуди намоз мехонад, сипас такбири сеюмро мегӯяд ва ин дуоро мехонад: (Аллоҳуммағфир лиҳайино ва майитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно, Аллоҳумма ман аҳйайтаҳу минно фа-аҳйиҳи ъалал-ислом ва ман таваффайтаҳу минно фатаваффиҳи ъалал-имон, Аллоҳуммағфир лаҳу варҳамҳу ва ъофиҳи ваъфа ъанҳу ва акрим нузулаҳу ва вассиъ мудхалаҳу вағсилҳу бил-мои вас-салҷи вал-барад, ва наққиҳи минал-хатоё камо юунаққа савбул-абязи минад-данас, ва абдилҳу доран хайран мин дориҳи, ва аҳлан хайран мин аҳлиҳи, ва адхилҳул-ҷанната ва аъизҳу мин азобил-қабр ва азобин-нор, вафсаҳ лаҳу фӣ қабриҳи ва наввир лаҳу фиҳи, Аллоҳумма ло таҳримно аҷраҳу ва ло тузилно баъдаҳу). Сипас такбири чаҳорумро мегӯяд ва бо як салом ба тарафи рост намозро ба поён мерасонад.

Боло бурдани дастон (рафъи ядайн) дар ҳар такбир мустаҳаб аст. Агар майит зан бошад, "Аллоҳумағфир лаҳо ..." то охир, мегӯяд. Агар ду майит бошад, "Аллоҳмуғфир лаҳумо..." то охир, мегӯяд, ва агар зиёда аз ду майит бошад "Аллоҳуммағфир лаҳум ...." то охир, мегӯяд. Аммо агар майит тифл бошад ба ҷои дуои мағфират ин дуоро мехонад: (Аллоҳуммаҷ-ъалҳу фаратан ва зухран ливолидайҳи ва шафиъан муҷобан, Аллоҳумма саққил биҳи мавозинаҳумо ва аъзим биҳи уҷураҳумо ва алҳиқҳу бисолиҳи салафил-мӯъминин ваҷъалҳу фӣ кафолати Иброҳим алайҳис-салоту вас-салом ва қиҳи бираҳматика азобал-ҷаҳим).

Суннат ин аст, ки агар майит мард бошад имом дар рости сари ӯ меистад, агар зан бошад дар васат ва агар чанд ҷаноза бошад ҷанозаи мард пеши имом гузошта мешавад ва зан дар охир ва аз тарафи қибла. Агар бо онон кӯдакон низ бошанд, писарбача пеш аз зан гузошта мешавад сипас зан ва баъд духтарча, сари писарбача дар баробари сари мард гузошта мешавад ва васати зан дар баробари сари мард, инчунин сари духтарча дар баробари сари зан гузошта мешавад ва васаташ дар баробари сари мард. Намозгузорон ҳама пушти имом меистанд ва агар пушти имом ҷои кофӣ набуд, метавонад аз тарафи рост дар бари имом истад.

Ҳаштум: Равиши дафни майит

Қабр ба андозаи нисфи мард ва аз ҷиҳати қибла лаҳади он канда мешавад. Майит бар паҳлуи рост ва рӯй ба қибла дар лаҳад гузошта гиреҳҳои кафанро боз карда дар ҷои худ гузошта мешаванд. Чеҳраи майит, хоҳ мард бошад ва ё зан, кушода намешавад. Сипас бар лаҳад хишт гузошта бар он каҳгил мезананд, то он устувортар ва монеъи рехтани хок бар майит шавад. Агар хишт набошад, бо чуб санг ё тахта барои муҳофизат аз он истифода мешавад ва сипас бар қабр хок рехта мешавад ва дар вақти рехтани хок "Бисмиллоҳ ва ъало миллати расулиллоҳ" гуфтан мустаҳаб аст. Қабр ба андозаи як ваҷаб баланд карда мешавад ва дар ҳоли имкон бар он сангреза рехта ва обпошӣ карда мешавад.

Ташйиъкунандагон назди қабр истода барои майит дуо мекунанд, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) замоне, ки аз дафн фориғ шуданд, бар сари қабр истода, фармуданд:

«اسْتَغْفِرُوا لِأَخِيكُمْ، وَاسْأَلُوا لَهُ التَّثْبِيتَ، فَإِنَّهُ الْآنَ يُسْأَلُ».

(Барои бародаратон талаби мағфират кунед ва аз Аллоҳ барои ӯ устуворӣ талаб кунед, зеро ҳоло ӯ пурсида мешавад)8.

Нуҳум: Касе, ки бар майит намоз нагузоштааст, баъди дафн бар ӯ намоз гузорад

Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин амалро анҷом дода буд, аммо ба ин шарт, ки аз дафни майит як моҳ ё камтар аз он гузашта бошад, агар бештар аз ин муддат буд, намоз хондан машрӯъ нест, зеро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят нашудааст, ки баъд аз гузашти бештар аз як моҳ бар қабре намоз гузошта бошад.

Даҳум: Барои хонаводаи майит ҷоиз нест барои мардум таъом омода кунанд.

Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ саҳобии гиромӣ (Разияллоҳу анҳу) мефармояд:

«كُنَّا نَعُدُّ الاجْتِمَاعَ إِلَى أَهْلِ الْمَيِّتِ، وَصَنْعَةَ الطَّعَامِ بَعْدَ الدَّفْنِ، مِنَ النِّيَاحَةِ».

(Мо ҷамъ омадан бар хонаводаи майит ва омода кардани таъом баъд аз дафни майитро, ҷузъе аз навҳахонӣ бар майит мешуморидем)9 Ривояти имом Аҳмад бо санади ҳасан. Аммо омода кардани таъом барои аҳли майит ва меҳмонони онон ишколе надорад, хешовандону ҳамсоягон метавонанд барои онон таъом омода кунанд, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) замоне, ки хабари марги Ҷаъфар ибни Абутолиб дар Шом ба ӯ расид, ба хонадони худ дастур дод, ки барои хонаводаи Ҷаъфар таъом омода кунанд ва фармуд:

«إِنَّهُ أَتَاهُمْ مَا يَشْغَلُهُمْ».

(Барои онҳо мусибате омадааст, ки онҳоро машғул сохтааст)10

Барои хонаводаи майит ишколе надорад ҳамсоягон ва ё касони дигареро барои хурдани таъоме, ки барояшон оварда шудааст, даъват кунанд. Тибқи ончи мо аз шаръ дар ин маврид медонем барои он вақти муайян ва маҳдуд нест.

Ёздаҳум: Барои зан ҷоиз нест бештар аз се рӯз бар азо нишинад, магар барои шавҳари худ ё агар ҳомила бошад.

Барои зан ҷоиз нест бештар аз се рӯз азодорӣ кунад, магар барои шавҳари худ ё агар ҳомила бошад. Агар майит шавҳари ӯ бошад, пас воҷиб аст чаҳор моҳу даҳ рӯз азодорӣ кунад (аз зиннат додани худ худдорӣ кунад) ё агар ҳомила бошад, то таваллуди фарзанд. Зеро дар ин маврид суннати саҳеҳ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст.

Аммо барои мард ҷоиз нест барои марги наздикони худ ё барои дигарон азодорӣ намояд.

Дувоздаҳум: Барои мардон ҷоиз аст гоҳ гоҳ барои дуо ва талаби омурзиш бар мурдагон ва ёдоварӣ аз марг ба зиёрати қабристон бираванд,

Чун Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

«زُورُوا الْقُبُورَ، فَإِنَّهَا تُذَكِّرُكُمُ الْآخِرَةَ».

(Қабрҳоро зиёрат кунед, зеро охиратро ба ёди шумо меорад)11 Ривояти Муслим дар Саҳеҳаш. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ёронаш таълим медод, ки агар ба зиёрати қабрҳо рафтанд бигӯянд:

«السَّلَامُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الدِّيَارِ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُسْلِمِينَ، وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللَّهُ بِكُمْ لَاحِقُونَ، نَسْأَلُ اللَّهَ لَنَا وَلَكُمُ الْعَافِيَةَ، يَرْحَمُ اللَّهُ الْمُتَقَدِّمِينَ مِنَّا وَالْمُسْتَأْخِرِينَ».

(Ассалому алайкум аҳла-д-диёри минал-муъминина вал-муслимин ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқун, насъалуллоҳа лано ва лакум ал-ъофия, ярҳамиллоҳ ал-мутақаддимина минно вал-мустаъхирин)12 Аммо занон ба зиёрати қабристон намераванд, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) занҳои зиёраткунандаи қабристонро нафрин кардааст, тарс аз он, ки рафтани онҳо сабаби фитна ва камсабрии онҳо мешавад. Ҳамчунин аз нигоҳи шариат ҳамроҳӣ кардани ҷаноза барои занон то қабристон ҷоиз нест, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ин кор наҳй кардаанд. Аммо намоз хондан бар майит дар масҷид ё дар намозгоҳ, барои мардон ва ҳам барои занон машруъ ва ҷоиз аст.

Ин охирин чизе дар ин мавзӯъ буд, ки имкони ҷамъоварии онро доштем. Ва саллалоҳу ва саллама ъало набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи.

 

 

***

Феҳраст

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон 2

Муқаддимаи муаллиф 2

Дарси Аввал: Сураи Фотиҳа ва сураҳои кӯтоҳи Қуръон 3

Дарси дуввум: Аркони Ислом 3

Дарси севум: Аркони имон 4

Дарси чаҳорум: Қисмҳои тавҳид ва қисмҳои ширк 4

Дарси панҷум: Эҳсон 10

Дарси шашум: Шартҳои намоз 10

Дарси ҳафтум: Аркони намоз 10

Дарси ҳаштум: воҷиботи намоз 10

Дарси нуҳум: баёни Ташаҳҳуд 11

Дарси даҳум: Суннатҳои намоз 12

Дарси ёздаҳум: Ботилкунандаҳои намоз 14

Дарси дувоздаҳум: Шартҳои таҳорат 15

Дарси сенздаҳум: Фарзҳои таҳорат 15

Дарси чаҳордаҳум: Шиканандаҳои таҳорат 15

Дарси понздаҳум: Ороста кардани ҳар мусалмон худро ба ахлоқи машрӯъ ва писандида. 17

Дарси шонздаҳум: Адаб ва рафтори исломӣ 17

Дарси ҳабдаҳум: Ҳушдор аз ширк ва дигар гуноҳон 18

Дарси ҳаждаҳум: Омода кардани майит ва намоз гузоштан ва ба хок супурдани ӯ 18

Дувум: Вақте марг яқин шуд чашмҳои ӯ пӯшида ва манаҳаш баста мешавад, зеро ин амал дар суннат ворид шудааст. 19

Севум: Вуҷуби шустани мурдаи мусалмон, магар ин ки дар ҷанг шаҳид шуда бошад, ки ӯ шуста намешавад ва намоз низ гузошта намешавад, балки бо ҳамон либосҳое, ки дар тан дорад дафн карда мешавад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) шаҳидони ғазваи Уҳудро на ғусл доданд ва на бар онҳо намоз гузоштанд. 19

Чаҳорум: Равиши ғусли майит 19

Панҷум: Кафан кардани майит 20

Шашум: Сазовортарин мардум барои шустану намоз хондан ва дафн кардани майит 22

Ҳафтум: Равиши намоз бар майит 22

Ҳаштум: Равиши дафни майит 24

Нуҳум: Касе, ки бар майит намоз нагузоштааст, баъди дафн бар ӯ намоз гузорад 25

Даҳум: Барои хонаводаи майит ҷоиз нест барои мардум таъом омода кунанд. 25

Ёздаҳум: Барои зан ҷоиз нест бештар аз се рӯз бар азо нишинад, магар барои шавҳари худ ё агар ҳомила бошад. 26

Дувоздаҳум: Барои мардон ҷоиз аст гоҳ гоҳ барои дуо ва талаби омурзиш бар мурдагон ва ёдоварӣ аз марг ба зиёрати қабристон бираванд, 27

 

***


Ривояти имом Аҳмад(5/428), Табаронӣ дар Кабир (4/338), Байҳақӣ дар Шаъб (14/355) Дар Маҷмаъу-з-завоид омадааст (1/121) Аҳмад ривоят кардааст ва риҷолаш риҷолаш саҳеҳ ҳастанд.

Ривояти Имом Аҳмад (1/47)

Ривояти Абудовуд, рақами (3251), Тирмизӣ рақами (1535).

Ривояти Абудовуд, рақами (4980), Аҳмад (5/384).

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (4204), Ва имом Аҳмад (3/30).

Ривояти Муслим, рақамҳои (916 - 917)

Ривояти Абудовуд, рақами (3221), Ҳоким (3/399).

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1612), Имом Аҳмад (2/204).

Муслим, Ҷаноиз (976), Насоӣ, Ҷаноиз (2034), Абудовуд, Ҷаноиз (3234), Ибн Моҷаҳ, Мо ҷоа фил-ҷаноиз (1569), Аҳмад (2/441).

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1569) Албонӣ онро саҳеҳ гуфтааст.

Ривояти Муслим, рақами (975).

Маҷмуаи фатвоҳо ва мақолаҳои гуногун (3/288-298).