PHPWord

 

 

دَفْنُ المَوتَى فِي المَسَاجِدِ

 

 

Дафни мурдагон дар масҷидҳо

 

 

 

لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ

عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ

رَحِمَهُ اللهُ

 

Таълиф Аллома Шайх

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

 

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Рисолаи ёздаҳум:

Дафни мурдагон дар масҷидҳо

Ба номи Худо ва сипосу ситоиш мар Ӯро, дуруду салом бар Расули Аллоҳ ва хонадонаш ва касоне, ки аз равиши ӯ пайравӣ карданд. Аммо баъд:

Ман рӯзномаи «Хуртум»-ро, ки дар таърихи 17/4/1415 ҳ. нашр шудааст, мутолиа намуда, дар он баёнияеро дар бораи дафни Сайид Муҳаммад Ҳасан Идрисӣ дар канори падараш дар масҷидашон дар шаҳри Умми Дурмон... ва ғайра дарёфтам.

Ва аз ин нигоҳ, ки Худованд насиҳатро барои мусалмонон воҷиб ва пешгирӣ аз мункарро зарур донистааст, лозим донистам огоҳ созам, ки дафн кардан дар масҷидҳо ҷоиз нест, балки он василае ба сӯи ширк аст ва аз аъмоли яҳуду насоро ба ҳисоб меравад. Аллоҳ онҳоро ба хотири ин рафторашон мазаммат карда ва Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро лаънат кардааст, чуноне ки дар Саҳеҳайн аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«لَعَنَ اللَّهُ الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى، اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ».

"Аллоҳ лаънат кунад яҳудиён ва насрониёнро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид қарор доданд". Ва дар саҳеҳи Муслим, аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ, аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд:

«أَلَا وَإِنَّ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ كَانُوا يَتَّخِذُونَ قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ وَصَالِحِيهِمْ مَسَاجِدَ، أَلَا فَلَا تَتَّخِذُوا الْقُبُورَ مَسَاجِدَ؛ فَإِنِّي أَنْهَاكُمْ عَنْ ذَلِكَ».

"Огоҳ бошед! Ҳамоно касоне, ки пеш аз шумо буданд, қабрҳои паёмбарон ва солеҳонашонро масҷид (ибодатгоҳ) қарор медоданд. Огоҳ бошед! Пас, қабрҳоро масҷид (ибодатгоҳ) нагиред, зеро ман шуморо аз ин кор манъ мекунам." Дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст.

Бинобар ин, бар мусалмонон дар ҳама ҷо, ҳам бар ҳукуматҳо ва ҳам бар мардум, воҷиб аст, ки аз Худо битарсанд ва аз он чизе, ки Ӯ манъ кардааст, бипарҳезанд ва мурдаҳои худро берун аз масҷидҳо дафн кунанд. Чуноне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагону пайравони некукорашон мурдаҳоро берун аз масҷидҳо дафн мекарданд.

Аммо вуҷуд доштани қабри Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ду ёраш Абӯбакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) дар масҷиди он Ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), далел бар ҷоиз будани дафни мурдаҳо дар масҷидҳо намешавад. Зеро он Ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хонаи худ – яъне, дар хонаи Оиша (разияллоҳу анҳо) – дафн шуданд. Сипас ду ёраш ҳамроҳи ӯ дафн шуданд. Вақте ки Валид ибни Абдулмалик дар ибтидои қарни аввали ҳиҷрӣ масҷидро ҳангоми таъмир васеъ кард, ҳуҷра дар дохили масҷид қарор гирифт. Аҳли илм ин корашро инкор карданд, вале ӯ бар он назар буд, ки ин кор монеи тавсиа намешавад ва ин ки амр возеҳ аст ва шубҳае дар он нест.

Ва аз ин барои ҳар як мусалмон равшан мешавад, ки: Ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ду ёраш (разияллоҳу анҳумо) дар масҷид дафн нашудаанд ва дохил кардани онҳо ба масҷид ба сабаби васеъкунии масҷид сурат гирифтааст, ки ин амал далел бар ҷоиз будани дафн дар масҷидҳо намебошад. Зеро онҳо дар масҷид нестанд, балки дар хонаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дафн шудаанд. Ва амали Валид ҳам барои касе дар ин масъала ҳуҷҷат шуда наметавонад, балки ҳуҷҷат дар Китоб ва Суннат ва дар иҷмои салафи уммат аст. (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ва моро аз ҷумлаи пайравони некукори онҳо гардонад.

Барои насиҳат ва иброи зимма дар таърихи 14/5/1415 ҳ. таҳрир гардид.

Худованд тавфиқдиҳанда аст. Дуруду саломи Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва бар аҳли байту асҳоб ва пайравонашон, ки ба некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд, бод.

 

 

***

 

tg397v4.0 - 27/06/2026