التَّحْذِيرُ مِنَ البِدَعِ
Огоҳӣ аз бидъатҳо
لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ
عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ
رَحِمَهُ اللهُ
Таълиф Аллома Шайх
Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи панҷум:
Ҳукми ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дигар мавлудҳо
Ҳамду сано барои Худо ва дуруду салом бар Паёмбари Аллоҳ ва бар хонадону асҳоб ва пайравони ҳидояташ бод.
Аммо баъд:
Аз ҷониби бисёриҳо савол дар бораи ҳукми ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар аснои он барои ӯ бархостан ва бар ӯ салом додан ва дигар чизҳое, ки дар мавлудҳо анҷом дода мешавад, такрор шудааст.
Дар ҷавоб гуфта мешавад: Ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ё каси дигар ҷоиз нест, зеро ин амал аз бидъатҳои навпайдо дар дин аст. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро анҷом надодааст, на хулафои рошидини ӯ, на дигар саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) ва на тобеине, ки дар асрҳои беҳтарин ба некӣ аз онҳо пайравӣ кардаанд. Онҳо донотарини мардум ба Суннат буданд ва дар муҳаббат ба Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар пайравӣ аз шариати ӯ аз касоне, ки баъд аз онҳо омадаанд, комилтар буданд. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:
﴿...وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْ...﴾
(...ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред...)
(Сураи Ҳашр, ояти 7). Инчунин Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу мефармояд:
﴿...فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾
(пас касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки андуҳ ва балое бар сарашон биёяд ё ба азобе дарднок гирифтор шаванд). (Сураи Нур, ояти 63). Дар ояти дигаре Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿لَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا21﴾
(Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст; барои ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр ёд мекунад). (Сураи Аҳзоб, ояти 21). Боз Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَٱلسَّٰبِقُونَ ٱلۡأَوَّلُونَ مِنَ ٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ وَٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُم بِإِحۡسَٰنٖ رَّضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُ وَأَعَدَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي تَحۡتَهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ100﴾
(Ва пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд, Аллоҳ Таъоло аз онон хушнуд гашт ва онон [низ] аз Ӯ хушнуд шуданд ва барояшон боғҳое [дар биҳишт] муҳайё кардааст, ки ҷуйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ин ҳамон [растагорӣ ва] комёбии бузург аст). (Сураи Тавба, ояти 100). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗا...﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3). Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд. Аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنهُ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст». Яъне: радшуда ва номақбул аст. Ва дар ҳадиси дигар Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«عَلَيكُم بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ المَهْدِيَّينَ مِنْ بَعدِي، تَمَسَّكُوا بِهَا، وَعَضُّوا عَلَيهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٌ وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالةٌ».
"Бар шумо лозим аст, ки аз суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфтаи баъд аз ман пайравӣ кунед, ба он сахт чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар кори навпайдо бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст". Дар ин ду ҳадис аз эҷод кардани бидъатҳо ва амал кардан ба онҳо ҳушдори шадид дода шудааст.
Ва барпо кардани чунин мавлудҳо ин маъноро дорад, ки гӯё Худованд динро барои ин уммат комил накардааст ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он чиро, ки уммат бояд ба он амал мекард, нарасонидааст, то ин ки мусалмонҳои асрҳои баъдӣ омада, дар шариати Аллоҳ чизҳоеро эҷод карданд, ки Ӯ ба он иҷозат надодааст; ба гумони он ки ин амал онҳоро ба Аллоҳ наздик мекунад. Ва ин, бешубҳа, хатари бузург ва эътироз бар Аллоҳи Субҳон ва Расули Ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Зеро Аллоҳ Таъоло динро барои бандагонаш комил гардонида, неъматашро бар онон тамом кардааст. Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмро ба таври равшан расонида, ҳеҷ роҳеро, ки ба биҳишт мерасонад ва аз оташ дур мекунад, тарк накардааст, магар ин ки онро барои уммат баён намудааст. Чунон ки дар ҳадиси саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَا بَعَثَ اللهُ مِن نَبِيٍ إِلَّا كَانَ حَقًّا عَلَيهِ أَن يَدُلَّ أُمَّتَهُ عَلَى خَيرِ مَا يَعْلَمُهُ لَهُم، وَيُنْذِرَهُمْ شَرَّ مَا يَعْلَمُهُ لَهُمْ».
"Худованд ҳеҷ паёмбаре нафиристодааст, магар ин ки бар ӯ воҷиб будааст, ки ба умматаш хубиҳоеро, ки барояшон медонад, муаррифӣ кунад ва аз бадиҳое, ки барояшон медонад, умматашро барҳазар дорад". Ин хадисро Муслим дар саҳешаш ривоят кардааст.
Маълум аст, ки паёмбари мо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтарин ва хотами паёмбарон аст ва комилтарини онҳо аз нигоҳи таблиғ ва насиҳат мебошад. Пас агар ҷашн гирифтани мавлуд аз дине мебуд, ки Аллоҳ Таъоло аз он розӣ аст, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро барои уммат баён мекард, ё онро дар ҳаёти худ анҷом медод, ё асҳобаш (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) онро анҷом медоданд. Пас чун ҳеҷ яке аз инҳо рух надодааст, маълум мешавад, ки он ҳеҷ иртиботе ба Ислом надорад, балки он аз бидъатҳоест, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) уммати худро аз он барҳазар доштааст, чунонки зикри он дар ҳадисҳо гузашт. Ва оятҳо ва ҳадисҳо дар ин замина бисёр аст.
Ҷамъе аз уламо, бо такя ба далелҳои зикршуда ва ғайри он, мавлудҳоро инкор карда, аз онҳо барҳазар доштаанд. Вале баъзе аз мутааххирин мухолифат карда, онро ҷоиз донистаанд, агар дорои чизе аз мункарот набошад, монанди ғулув дар ҳаққи Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), омезиши занон бо мардон, истифодаи олоти лаҳву лаъб ва дигар корҳое, ки шариати пок онҳоро манъ мекунад. Ва гумон кардаанд, ки он аз бидъатҳои ҳасана аст.
Қоидаи шаръӣ мегӯяд: Ҳар он чизе, ки мардум дар бораи он ихтилоф мекунанд, бояд ба Қуръон ва Суннати паёмбар Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муроҷиат шавад. Чуноне ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا59﴾
(Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусулмони худ] итоат кунед ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ Таъоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст). (Сураи Нисо, ояти 59). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَمَا ٱخۡتَلَفۡتُمۡ فِيهِ مِن شَيۡءٖ فَحُكۡمُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ ...﴾
Ҳар ихтилофе байни шумост, довариаш бо Аллоҳ Таъоло аст. (Сураи Шуро, ояти 10).
Мо ин масъала (ҷашн гирифтани мавлудҳо)-ро ба китоби Худои Cубҳон арза доштем ва дарёфтем, ки он моро амр мекунад, то аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он чи овардааст, пайравӣ намоем ва аз он чи манъ кардааст, барҳазар медорад ва ба мо хабар медиҳад, ки Худои Cубҳон дини ин умматро комил гардонидааст. Ва ин ҷашнгирӣ аз он чизҳое нест, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст. Пас, он аз дине нест, ки Худо барои мо комил гардонидааст ва моро ба пайравӣ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он амр кардааст.
Ва мо инро низ ба суннати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргардонидем, дар он наёфтем, ки онро анҷом дода бошанд, ё ба он амр карда бошанд ва ё асҳобашон (разияллоҳу анҳум) онро анҷом дода бошанд. Пас, донистем, ки он аз дин нест, балки аз ҷумлаи бидъатҳои навпайдо ва тақлид ба аҳли китоб аз яҳудиҳо ва насрониҳо дар идҳояшон аст.
Ва ба ин васила, барои ҳар касе, ки андаке басират ва рағбат ба ҳақ дорад ва дар талаби он боинсоф аст, ошкор мегардад, ки ҷашн гирифтани мавлудҳо аз дини Ислом нест, балки он аз ҷумлаи бидъатҳои навпайдо аст, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Расулаш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба тарки онҳо ва ҳазар кардан аз онҳо фармон додаанд. Шахси оқил ва хирадманд набояд фирефтаи теъдоди зиёди мардуме шавад, ки дар саросари кишварҳо ин корро анҷом медиҳанд. Зеро ҳақ на бо бисёрии анҷомдиҳандагонаш, балки бо далелҳои шаръӣ шинохта мешавад. Чуноне ки Худованди Мутаъол дар бораи яҳуду насоро фармудааст:
﴿وَقَالُواْ لَن يَدۡخُلَ ٱلۡجَنَّةَ إِلَّا مَن كَانَ هُودًا أَوۡ نَصَٰرَىٰۗ تِلۡكَ أَمَانِيُّهُمۡۗ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ111﴾
([Аҳли китоб] Гуфтанд: "Ҷуз яҳудӣ ё масеҳӣ [ҳеҷ кас] ҳаргиз дохили биҳишт нахоҳад шуд. Ин орзуҳои [ботили] онҳост." [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, далели худро биёваред). (Сураи Бақара, ояти 111). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ...﴾
(Ва агар аз бештари мардуми замин итоат кунӣ, аз роҳи Аллоҳ Таъоло гумроҳат мекунанд...) (Сураи Анъом, ояти 116).
Сипас, аксари ин ҷашнҳои мавлуд илова бар бидъат буданашон, аз мункароти дигар низ холӣ нестанд, аз қабили ихтилоти занон бо мардон, истифодаи суруду асбобҳои мусиқӣ, нӯшидани шаробу мухаддирот ва ғайра аз ин гуна шарру фасодҳо низ вуҷуд дорад. Ва гоҳо дар онҳо чизе воқеъ мешавад, ки аз он бузургтар аст ва он ширки бузург мебошад, яъне ғулув кардан дар ҳаққи Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ё ғайри ӯ аз авлиё, ва аз ӯ дуову истиғоса намудан, мадад талабидан ва эътиқод доштан, ки ӯ ғайбро медонад ва амсоли ин аз умури куфрӣ, ки бисёре аз мардум ҳангоми ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дигарон, ки онҳоро авлиё меноманд, анҷом медиҳанд. Аз Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«إِيَّاكُم وَالغُلُوُّ فِي الدِّينِ، فَإِنَّمَا أَهْلَكَ مَن كَانَ قَبْلَكُم الغُلُوَّ فِي الدِّينِ».
«Аз ғулув дар дин барҳазар бошед, зеро умматҳои пеш аз шуморо маҳз ғулув дар дин ҳалок кард». Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси дигаре мефармояд:
«لَا تُطْرُونِي كَمَا أَطْرَتِ النَّصَارَى ابْنَ مَرْيَمَ، إِنَّمَا أَنَا عَبدٌ، فَقُولُوا: عَبدُ اللهِ وَرَسُولُه».
"Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи, насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ". Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ дар "Саҳеҳ"-аш аз ҳадиси Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст.
Аз ҷумлаи аҷоибот ва ғароибот ин аст, ки бисёре аз мардум барои ширкат дар ин ҷашнҳои бидъатӣ ҷаҳду талош мекунанд ва аз онҳо дифоъ менамоянд, аммо аз он чизе, ки Аллоҳ бар онҳо воҷиб гардонидааст, аз қабили ширкат дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоат, саркашӣ мекунанд ва ба ин амали худ парво надоранд ва гумон ҳам намекунанд, ки муртакиби гуноҳи бузурге шудаанд. Шаке нест, ки ин аз заъфи имон, камбасиратӣ ва аз сабаби гуноҳону маъсиятҳои зиёдест, ки бар дилҳояшон занг задааст. Аз Аллоҳ барои худамон ва барои соири мусалмонон офият металабем.
Ва аз ҷумлаи чунин корҳо ин аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд, Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҷашн ҳозир мешавад ва аз ин рӯ, барои ӯ бархоста, салом ва хушомадгӯӣ мекунанд. Ин аз бузургтарин амали нораво ва қабеҳтарин ҷаҳолат аст. Зеро Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) то рӯзи қиёмат аз қабри худ берун намеояд, бо ҳеҷ касе аз мардум пайваст намешавад ва дар ҷамъомади онҳо ҳозир намешавад. Балки ӯ то рӯзи қиёмат дар қабри худ қарор дорад ва рӯҳи ӯ дар аълои иллийин, дар назди Парвардигораш, дар дорул-каромат қарор дорад. Чуноне ки Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿ثُمَّ إِنَّكُمْ بَعْدَ ذَلِكَ لَمَيِّتُونَ15 ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تُبْعَثُونَ16﴾
(Сипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд.
Он гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед).
(Сураи Мӯъминун, оятҳои 15-16).
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«أَنَا أَوَّلُ مَنْ يَنْشَقُّ عَنْهُ القَبْرُ يَومَ القِيَامَةِ، وَأَنَا أَوَّلُ شَافِعٍ، وَأَوَّلُ مُشَفَّعٍ».
"Ман аввалин касе ҳастам, ки рӯзи қиёмат қабр аз ӯ шикофта мешавад ва ман аввалин шафоаткунанда ва аввалин касе, ки шафоаташ қабул мешавад, ҳастам". Бар ӯ аз ҷониби Парвардигораш беҳтарин дуруду салом бод.
Пас ин ду ояти карима ва ҳадиси шариф ва дигар оёту аҳодисе, ки ҳаммаънои онҳоянд, ҳамагӣ далолат бар он мекунанд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дигар мурдагон, танҳо рӯзи қиёмат аз гӯрҳои худ берун меоянд. Ва ин амрест, ки уламои мусалмон бар он иҷмоъ доранд ва дар ин масъала байни онҳо ҳеҷ ихтилофе нест. Пас, бар ҳар мусалмон воҷиб аст, ки ба ин умур таваҷҷуҳ намояд ва аз он бидъатҳову хурофоте, ки ҷоҳилон ва амсоли онҳо эҷод кардаанд ва Аллоҳ дар бораи онҳо ҳеҷ далеле нозил накардааст, барҳазар бошад. Ва Аллоҳ мададгор аст ва таваккул бар Ӯст ва ҳеҷ тавон ва қудрате ҷуз ба ёрии Ӯ нест.
Аммо дуруду салом фиристодан бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) яке аз беҳтарин ибодатҳо ва аъмоли солеҳа аст, чуноне ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِيِّۚ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا56﴾
(Ба ростӣ, Аллоҳ Таъоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед). (Сураи Аҳзоб, ояти 56). Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ صَلَّى عَلَيَّ وَاحِدَةً؛ صَلَّى اللهُ عَلَيهِ بِهَا عَشْرًا».
«Ҳар ки бар ман як бор дуруд бифиристад, Аллоҳ барояш даҳ бор дуруд мефиристад». Дуруд фиристодан бар Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳамаи вақтҳо ҷоиз, дар охири ҳар намоз муаккад, балки назди ҷамъе аз аҳли илм дар ташаҳҳуди охири ҳар намоз воҷиб аст. Ва суннат будани он дар мавридҳои зиёд таъкид мешавад, аз ҷумла: баъди азон, ҳангоми зикри ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), дар рӯзи ҷумъа ва шаби он. Чуноне ки аҳодиси зиёде бар ин далолат мекунанд.
Аз Худованд мехоҳем, ки мо ва соири мусалмононро ба фаҳми динаш ва пойдорӣ бар он тавфиқ диҳад ва бар ҳамагон пайравӣ аз Суннат ва дурӣ аз бидъатро иноят фармояд. Ҳароина, Ӯ Саховатманду Карим аст.
Ва саллалоҳу ва саллам ъало набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи.
***
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи шашум:
Ҳукми ҷашнгирии шаби Исро ва Меъроҷ
Аллоҳро ҳамду сано мегӯям ва дуруду салом бар Паёмбари Аллоҳ ва бар хонадону асҳобаш бод.
Аммо баъд:
Бешубҳа, Исро ва Меъроҷ аз муъҷизаҳои бузурги Худованд аст, ки ба ростгӯии Паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба бузургии мақоми ӯ дар назди Худованд Ҷалла Ҷалолуҳу далолат мекунад. Ҳамчунин, он аз далелҳои қудрати ошкори Худованд ва бартарии Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло бар тамоми махлуқоташ мебошад. Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:
﴿سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ1﴾
(Поку муназзаҳ аст он [Парвардигоре] ки бандааш [Муҳаммад]-ро шабонгоҳ аз Масҷиду-л-ҳаром ба сӯйи Масҷид-ул-ақсо – ки перомунашро баракат додаем – сайр дод, то бархе аз нишонаҳои [қудрати] хешро ба ӯ бинмоёнем. Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои биност. (Сураи Исро, ояти 1).
Аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳадди тавотур ривоят шудааст, ки ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба осмонҳо уруҷ намуд ва дарҳои он барояш кушода шуд, то ин ки аз осмони ҳафтум гузашт. Пас, Парвардигораш бо ӯ он чиро, ки хост, сухан гуфт ва панҷ вақт намозро бар ӯ фарз гардонид. Худованд дар ибтидо онро панҷоҳ вақт намоз фарз гардонида буд, пас, Паёмбари мо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайваста ба Ӯ муроҷиат намуда, сабукиро мехост, то ин ки онро ба панҷ вақт гардонид. Пас он дар адо панҷ аст ва дар савоб панҷоҳ, зеро ҳар як некӣ даҳ баробари он савоб дорад. Ҳамду сипос Худовандрост барои ҳамаи неъматҳояш.
Ва ин шабе, ки дар он Исроъ ва Меъроҷ сурат гирифтааст, дар аҳодиси саҳеҳ таъйини он на дар моҳи Раҷаб ва на дар моҳи дигаре омадааст. Ва ҳар ривояте, ки дар бораи таъйини он вуҷуд дорад, дар назди донишмандони ҳадис аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит нашудааст. Ва Худованд дар фаромӯш гардонидани он барои мардум ҳикмати комиле дорад. Агар ҳам таъйини он собит мешуд, барои мусалмонон ҷоиз набуд, ки онро ба ягон навъи ибодат хос гардонанд ва ё онро ҷашн бигиранд, зеро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш (разияллоҳу анҳум) онро ҷашн нагирифтаанд ва ба ҳеҷ чизе хос нагардонидаанд. Агар ҷашн гирифтани он амри машруъ мебуд, ҳатман Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро бо гуфтор ва ё бо кирдораш барои умматаш баён мекард. Ва агар чизе аз он воқеъ мешуд, ҳатман маъруфу машҳур мегардид ва асҳобашон (разияллоҳу анҳум) онро ба мо нақл мекарданд. Зеро онҳо аз паёмбарашон (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар чизеро, ки уммат ба он ниёз дорад, нақл кардаанд ва дар ҳеҷ чизе аз дин кӯтоҳӣ накардаанд, балки онҳо дар ҳар кори хайр пешқадам буданд. Пас, агар ҷашн гирифтани ин шаб машруъ мебуд, онҳо дар ин кор аз мардум пешқадамтар мебуданд. Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хайрхоҳтарини кас барои мардум буд ва рисолатро ба таври комил расонид ва амонатро адо намуд. Пас агар бузургдошти ин шаб ва ҷашн гирифтани он аз дини Аллоҳ мебуд, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ғофил намемонд ва онро пинҳон намекард. Пас, вақте ки ҳеҷ яке аз инҳо рух надодааст, маълум мешавад, ки ҷашн гирифтан ва бузургдошти он ба Ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Ва Худованд дини ин умматро комил гардонидааст ва неъматашро бар онҳо тамом кардааст ва касонеро, ки дар дин чизеро ҷорӣ мекунанд, ки Худованд ба он иҷозат надодааст, инкор намудааст. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар Китоби равшани Худ фармудааст:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗا...﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3). Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةُ ٱلۡفَصۡلِ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ21﴾
(Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ Таъоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд? Агар ҳукми қатъӣ [барои муҳлат додан ба гунаҳкорон] дар миён набуд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва ситамгорон азобе дарднок [дар пеш] доранд). (Сураи Шуро, ояти 21).
Ва дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳушдор аз бидъатҳо ва тасреҳ бар он ки онҳо гумроҳӣ ҳастанд, собит шудааст, то умматро аз хатари бузурги онҳо огоҳ созад ва ононро аз анҷом додани онҳо дур намояд. Аз ҷумла дар Саҳеҳайн аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят шуда, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ؛ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст». Ва дар ривояти Муслим чунин омадааст:
«مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيهِ أَمْرَنَا؛ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар касе дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст». Ва дар саҳеҳи Муслим аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи ҷумъа дар хутбаашон мефармуданд:
«أَمَا بَعْدَ، فَإِنَّ خَيرَ الحَدِيثِ كِتَابُ اللهِ، وَخَيرَ الهَدْيِ هَدْيُ مُحَمَّدٍ ﷺ، وَشَرَّ الأُمُورِ مُحْدَثَاتُهَا، وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
«Аммо баъд, беҳтарин сухан Китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин ҳидоят, ҳидояти Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст ва бадтарини корҳо навпайдоҳои он аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст». Насоӣ бо санади "ҷайид" бар ин ҳадис чунин афзудааст:
«وَكُلَّ ضَلَالَةٍ فِي النَّارِ».
"Ва ҳамагуна гумроҳӣ дар оташ аст". Дар "Сунан" аз Ирбоз ибни Сория (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро мавъизаи балиғе намуд, ки қалбҳо аз он ба ларза даромад ва ашкҳо аз чашмҳо ҷорӣ шуд. Гуфтем: Эй Расули Худо! Ин гӯё мавъизаи касест, ки бо мо видоъ мекунад. Ба мо васият кун! Фармуд:
«أُوصِيكُم بِتَقْوَى اللهِ وَالسَّمعِ وَالطَّاعَةِ وَإِنْ تَأَمَّرَ عَلَيكُم عَبدٌ، فَإِنَّهُ مَنْ يَعِشْ مِنْكُم فَسَيَرَى اخْتِلَافًا كَثِيرًا، فَعَلَيكُم بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الخلُفَاءِ الرَّاشِدِينَ المَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، تَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُم وَمُحْدَثَاتِ الأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٍ وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
«Шуморо ба тақвои Аллоҳ ва гӯш кардан ва итоат кардан васият мекунам, агарчи бардае бар шумо амир шавад. Ҳар ки аз шумо зинда монад, ихтилофоти бисёре хоҳад дид. Пас, бар шумо лозим аст аз роҳу равиши ман ва равиши халифаҳои рошидини ҳидоятёфтаи баъд аз ман пайравӣ кунед. Ба он маҳкам чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ нигоҳ доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) барҳазар бошед, зеро ҳар навпайдое бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст». Ва дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст.
Аз саҳобагони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз салафи солеҳ собит шудааст, ки дар мавриди бидъатҳо биму ҳушдор додаанд. Зеро бидъат изофае дар дин ва шариатест, ки Аллоҳ ба он иҷозат надодааст ва монандӣ ба душманони Аллоҳ аз яҳуду насоро дар изофакориҳояшон дар дини худ ва бидъат кардани чизҳоест, ки Аллоҳ ба он иҷозат надодааст. Ҳамчунин пайомади он нақс задан ба дини Ислом ва муттаҳам кардани он ба нокомил будан аст. Ва маълум аст, ки дар ин чӣ фасоди бузург, мункари зишт ва мухолифате бо қавли Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу вуҷуд дорад:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ...﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам). (Сураи Моида, ояти 3). Ва мухолифати сареҳ ба ҳадисҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки аз бидъатҳо ҳушдор медиҳанд ва аз онҳо дур месозанд.
Умедворам, ки далелҳои зикршуда барои ҷӯяндаи ҳақ дар инкор кардани ин бидъат - бидъати ҷашн гирифтани шаби Исро ва Меъроҷ ва ҳушдор додан аз он, ки ин амал ба ҳеҷ ваҷҳ аз дини Ислом нест, басанда ва қонеъкунанда бошад.
Ва ба хотири воҷиб будани насиҳат ба мусалмонон, баёни он чи Аллоҳ аз дин барояшон муқаррар кардааст ва ҳаром будани пинҳон доштани илм, лозим донистам, ки бародарони мусалмонамро аз ин бидъат огоҳ созам, ки дар бисёре аз шаҳрҳо паҳн шудааст, то ҳадде, ки баъзе аз мардум онро ҷузъи дин пиндоштаанд.
Аз Аллоҳ Таъоло мехоҳем, ки аҳволи ҳамаи мусалмононро ислоҳ намояд, ба онҳо фаҳми дурусти динро ато фармояд ва мову онҳоро ба чанг задан ба ҳақ, собитқадамӣ бар он ва тарк кардани он чи ки мухолифи он аст, муваффақ гардонад. Ҳамоно Ӯ соҳиби ин кор ва тавоно бар он аст.
Ва саллалоҳу ва саллама ва борака ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи.
***
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи ҳафтум:
Ҳукми таҷлили шаби нисфи моҳи Шаъбон
Ҳамду сано Аллоҳро, ки динро барои мо комил гардонид ва неъматашро бар мо тамом кард ва дуруду салом бар паёмбараш Муҳаммад, паёмбари тавба ва раҳмат.
Аммо баъд:
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗا...﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва Исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿أَمۡ لَهُمۡ شُرَكَٰٓؤُاْ شَرَعُواْ لَهُم مِّنَ ٱلدِّينِ مَا لَمۡ يَأۡذَنۢ بِهِ ٱللَّهُ...﴾
(Оё [мушрикон] маъбудоне доранд, ки бидуни иҷозати Аллоҳ Таъоло [қавонини] дине барои онон муқаррар кардаанд?) (Сураи Шуро, ояти 21). Ва дар Саҳеҳайн аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ؛ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст». Ва дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хутбаи ҷумъа мефармуд:
«أَمَّا بَعْدُ: فَإِنَّ خَيرَ الحَدِيثِ كِتَابُ اللهِ، وَخَيرَ الهَدْيِ هَدْيُ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللهُ عَلَيهِ وَسَلَّمَ، وَشَرَّ الأُمُورِ مُحْدَثَاتُهَا، وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
«Аммо баъд: Ба дурустӣ ки беҳтарин сухан Китоби Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳу равиш, роҳу равиши Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст ва бадтарини корҳо навпайдоҳои он аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст». Оятҳо ва ҳадисҳо дар ин маънӣ бисёранд ва онҳо ба таври сареҳ далолат мекунанд, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дини ин умматро комил ва неъматашро бар онҳо тамом гардонидааст ва паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз дунё набурдааст, магар баъд аз он ки паёми ошкорро расонид ва барои уммат ҳамаи он чиро, ки Худованд барои онҳо аз гуфтору кирдор муқаррар фармудааст, баён намуд. Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) возеҳ сохтанд, ки ҳар он чизе, ки мардум баъди ӯ аз сухан ё амал ибодати наверо дар дин ба вуҷуд меоранд ва онро ба дини Ислом нисбат медиҳанд, ҳамааш бидъат буда, ба соҳибаш рад карда мешавад, ҳатто агар қасдаш нек бошад. Ин амрро асҳоби Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ҳамчунин уламои Ислом баъди онҳо медонистанд. Пас, онҳо бидъатҳоро инкор карда, аз онҳо барҳазар доштаанд. Ва ҳамзамон ин амалро касоне, ки дар боби бузургдошти Суннат ва инкори бидъат асар таълиф кардаанд, аз ҷумла, Ибни Ваззоҳ, Тартушӣ, Абу Шома ва дигарон зикр намудаанд.
Ва аз ҷумлаи бидъатҳое, ки баъзе мардум пайдо кардаанд, бидъати ҷашн гирифтани шаби нимаи шаъбон ва хос гардонидани рӯзи он ба рӯзадорӣ аст. Ва бар он далеле нест, ки эътимод бар он ҷоиз бошад. Дар фазилати он ҳадисҳои заиф омадааст, ки эътимод кардан бар онҳо ҷоиз нест.
Аммо он чи дар бораи фазилати намоз дар он ворид шудааст, ҳамааш мавзуъ (бофта) аст. Чуноне, ки бисёре аз аҳли илм ба ин амр танбеҳ додаанд ва иншоаллоҳ баъзе аз суханони онҳоро зикр хоҳем кард.
Ва ҳамчунин дар ин бора аз баъзе салаф аз аҳли Шом ва дигарон ривоятҳое ворид шудааст.
Ва ҷумҳури уламо бар он иттифоқ кардаанд, ки ҷашн гирифтани он бидъат аст ва ҳамаи ҳадисҳое, ки дар бораи фазилати он ворид шудаанд, заиф ва баъзеи онҳо мавзуъ мебошанд. Ва аз ҷумлаи касоне, ки ба ин амр танбеҳ додаанд, Ҳофиз Ибни Раҷаб дар китобаш «Латоиф-ул-маъориф» ва дигарон мебошанд. Ва маълум аст, ки ба ҳадисҳои заиф танҳо дар ибодатҳое амал карда мешавад, ки асли онҳо бо далелҳои саҳеҳ собит шуда бошад. Аммо таҷлили шаби нимаи шаъбон, асоси саҳеҳ надорад, то ба ҳадисҳои заиф ба он такя карда шавад. Ва ин қоидаи бузургро Имом Абул-Аббос Шайхулислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) зикр кардааст.
Хонандаи азиз, инҷо ман барои шумо, гуфтаҳои баъзе аҳли илмро дар ин масъала нақл мекунам, то дар ин бора басират дошта бошед.
Уламо (раҳимаҳумуллоҳ) иттифоқ доранд, ки воҷиб аст масъалаҳои ихтилофии байни мардум ба Китоби Худованди бузург ва Суннати Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргардонида шавад. Пас, он чи ин ду сарчашма ва ё яке аз онҳо ба он масъала ҳукм кардаанд, ҳамон шариатест, ки пайравияш воҷиб аст. Ва ҳар чизе, ки мухолифи он ду бошад, бояд канор гузошта шавад. Ва он ибодатҳое, ки дар он ду наомадааст, бидъат аст ва анҷом додани он амал ҷоиз нест, чи расад ба даъват намудан ба сӯи он ва ташвиқи он. Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَأُوْلِي ٱلۡأَمۡرِ مِنكُمۡۖ فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا59﴾
(Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусалмони худ] итоат кунед ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ Таъоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст). (Сураи Нисо, ояти 59). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَمَا ٱخۡتَلَفۡتُمۡ فِيهِ مِن شَيۡءٖ فَحُكۡمُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِ...﴾
(Ҳар ихтилофе байни шумост, довариаш бо Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Шуро, ояти 10). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡ...﴾
([Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ Таъоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад...) (Сураи Оли Имрон, ояти 31). Ва Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу низ мефармояд:
﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا65﴾
(На! Савганд ба Парвардигорат, [эй Муҳаммад] ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд). (Сураи Нисо, ояти 65). Ва оятҳо ба ин маъно зиёданд, ки далели равшан бар фарз будани баргардонидани масъалаҳои ихтилофӣ ба Қуръон ва Суннат ва розигӣ ба ҳукми он ду мебошанд ва ин ки ин амал тақозои имон ва барои бандагон дар дунёву охират беҳтар ва оқибаташ некӯтар аст.
Ҳофиз ибни Раҷаб (раҳимаҳуллоҳ) дар китобаш «Латоифу-л-маъориф» дар ин масъала, пас аз суханони қаблӣ, чунин гуфтааст:
Тобеин аз аҳли Шом, монанди Холид ибни Маъдон, Макҳул, Луқмон ибни Омир ва дигарон шаби нисфи шаъбонро бузург дошта, дар ибодати он саъю кӯшиш мекарданд ва мардум фазилат ва бузургдошти онро аз онҳо гирифтаанд. Гуфта шудааст, ки ба онҳо дар ин маврид ривоятҳои исроилӣ расидааст ва чун ин ақидаи онҳо дар шаҳрҳо машҳур гашт, мардум дар ин бора ихтилоф карданд; гурӯҳе онро аз онҳо қабул карда, дар таъзими он бо эшон мувофиқат намуданд, ки аз ҷумлаи ин гурӯҳ тоифае аз обидони аҳли Басра ва дигарон буданд. Аксари уламои Ҳиҷоз, аз ҷумла Ато ва Ибни Абӣ Мулайка инро инкор кардаанд. Абдураҳмон ибни Зайд ибни Аслам инро аз фуқаҳои аҳли Мадина нақл кардааст ва ин қавли асҳоби Молик ва дигарон аст. Онҳо гуфтаанд, ки ин ҳамааш бидъат аст.
Ва олимони аҳли Шом дар бораи сифати эҳёи он ба ду қавл ихтилофи назар доранд:
Қавли аввал ин аст, ки зинда доштани он шаб бо ҷамоат дар масҷидҳо мустаҳаб аст. Холид ибни Маъдон, Луқмон ибни Омир ва дигарон дар он шаб беҳтарин либосҳои худро мепӯшиданд, хушбӯйӣ истеъмол мекарданд, сурма мекашиданд ва он шабро дар масҷид шабзиндадорӣ мекарданд. Ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ дар ин амр бо онҳо мувофиқ буд. Дар бораи барпо кардани он дар масҷидҳо бо ҷамоат гуфтааст: «Ин бидъат нест». Инро Ҳарб ал-Кирмонӣ дар «Масоил»-и худ нақл кардааст.
Дуввум: Дар масҷидҳо ҷамъ шудан барои намоз, қиссагӯӣ ва дуо макрӯҳ аст, вале шахс агар дар он ҷо танҳо барои худ намоз бихонад макрӯҳ нест. Ин қавли Авзоъӣ, имоми аҳли Шом, фақеҳ ва олими онҳост. Ва ин қавл, иншоаллоҳ Таъоло, саҳеҳтар аст». Имом Авзоъӣ ҳатто гуфтааст: «Аз Имом Аҳмад дар бораи шаби нимаи шаъбон сухане маълум нест ва дар бораи мустаҳаб будани шабзиндадории он аз ӯ ду ривоят бароварда мешавад, ки аз ду ривояти ӯ дар бораи шабзиндадории ду шаби ид гирифта шудааст. Зеро ӯ (дар як ривоят) шабзиндадории онро ба таври ҷамоат мустаҳаб надонистааст, чун ки аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш нақл нашудааст. Ва (дар як ривоят) ба хотири амали Абдурраҳмон ибни Язид ибни Асвад, ки аз тобеин аст, онро мустаҳаб донистаанд. Ҳамчунин қиёми шаби нимаи шаъбон дар бораи он аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш чизе собит нашудааст, вале аз гурӯҳе аз тобеин, ки аз фуқаҳои бузурги аҳли Шом буданд, собит шудааст.»
Сухани Ҳофиз ибни Раҷаб (раҳимаҳуллоҳ) ба поён расид ва дар он ӯ ба таври возеҳ баён мекунад, ки аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз асҳобаш (разияллоҳу анҳум) дар бораи шаби нимаи шаъбон чизе собит нашудааст.
Аммо назари интихобкардаи Авзоъӣ (раҳимаҳуллоҳ) ва Ҳофиз ибни Раҷаб дар бораи мустаҳаб будани анҷоми он (ибодат) барои афрод, як қавли ғариб ва заиф аст, зеро ҳар чизе, ки машруъ будани он бо далелҳои шаръӣ собит нашудааст, барои мусалмон ҷоиз нест, ки онро дар дини Аллоҳ эҷод кунад, хоҳ онро танҳо анҷом диҳад ё дар ҷамоат ва хоҳ онро пинҳонӣ кунад ё ошкоро; бинобар маънои ом доштани ин фармудаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيهِ أَمْرُنَا؛ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст». Ва ба монанди ин далелҳои зиёде дар бораи инкори бидъатҳо ва бим додан аз онҳо вуҷуд дорад.
Ва Имом Абӯбакри Тартушӣ (Худо раҳматаш кунад) дар китоби худ «Ал-ҳаводис ва-л-бидаъ» мефармояд:
"Ибни Ваззоҳ аз Зайд ибни Аслам ривоят кардааст, ки ӯ гуфт: "Мо ҳеҷ яке аз устодон ва фуқаҳои худро дарнаёфтем, ки ба шаби нисфи шаъбон аҳамият диҳанд, ба ҳадиси Макҳул эътибор диҳанд ва ё барои он бар дигар шабҳо фазилате қоил бошанд".
Ба Ибни Абимулайка гуфтанд, ки Зиёди Нумайрӣ мегӯяд: «Савоби шаби нимаи шаъбон монанди савоби Шаби Қадр аст». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Агар ӯро мешунидам ва дар дастам асо мебуд, ҳатман ӯро мезадам». Зиёд қиссагӯ буд, мақсуд тамом шуд.
Ва Аллома Шавконӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби «Ал-фавоид-ул-маҷмуа» чунин гуфтааст:
«Ҳадис: «Эй Алӣ, касе дар шаби нимаи шаъбон сад ракаъат намоз бихонад, ки дар ҳар ракаъат сураи Фотиҳа ва даҳ маротиба «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро қироат кунад, Аллоҳ ҳама ҳоҷатҳояшро бароварда месозад.» Ин ҳадис сохта аст ва дар лафзҳояш дар бораи савоби анҷомдиҳандааш чунон чизе омадааст, ки инсони соҳибташхис дар сохта буданаш шак намекунад. Ровиёнаш маҷҳул ҳастанд ва аз роҳи дуюму сеюм низ ривоят шудааст, ки ҳамаашон сохта ва ровиёнашон маҷҳул мебошанд. Ва дар «Ал-мухтасар» гуфтааст: Ҳадиси намози нисфи шаъбон ботил аст. Ва Ибни Ҳиббон аз ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст: «Чун шаби нисфи шаъбон бошад, пас, шабашро (бо ибодат) барпо доред ва рӯзашро рӯза гиред», ки он заиф аст. Ва дар «Ал-лаолӣ» гуфтааст: «Ҳадиси “сад ракаъат дар нимаи шаъбон бо даҳ бор хондани сураи Ихлос”, бо вуҷуди фазилати зиёдаш, ки Дайламӣ ва дигарон ривоят кардаанд, мавзуъ (сохта) аст ва аксари ровиёнаш дар се тариқи он маҷҳул (ношинохта) ва заъиф мебошанд». Гуфт: «Дувоздаҳ ракаъат бо (сураи) Ихлос сӣ бор». Мавзуъ, «ва чордаҳ ракаъат» мавзуъ аст.
Ва ба ин ҳадис ҷамоате аз фуқаҳо, монанди соҳиби (Ал-иҳё) ва дигарон, аз ҷумла баъзе муфассирон фирефта шудаанд ва намози ин шаб – яъне шаби нимаи шаъбон – ба шаклҳои гуногун ривоят шудааст, ки ҳамаи онҳо ботил ва сохта ва бофта мебошанд. Ва ин бо ривояти Тирмизӣ аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) дар бораи рафтани Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Бақеъ ва фурӯд омадани Худованд дар шаби нимаи шаъбон ба осмони дунё ва омурзидани (гуноҳони) мардум бештар аз теъдоди мӯи гӯсфандони (қабилаи) Калб, мухолифат надорад, зеро сухан танҳо дар бораи ин намози бофташуда дар ин шаб аст. Бояд донист, ки ин ҳадиси Оиша заъф ва инқитоъ дорад. Ҳамчунин ҳадиси Алӣ, ки пештар дар бораи қиёми шаби ӯ зикр шуд, бо вуҷуди он ки дар худи он низ, чуноне ки зикр кардем, заъф вуҷуд дорад, бо мавзуъ будани ин намоз мухолифат намекунад». Иқтибос тамом шуд.
Ва Ҳофиз Ироқӣ мегӯяд: «Ҳадиси намози шаби нимаи шаъбон бар Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мавзуъ ва дурӯғ аст». Имом Нававӣ дар китоби «Ал-маҷмуъ» гуфтааст: «Намозе, ки бо номи "намози рағоиб" маъруф аст ва он дувоздаҳ ракъат байни намози шом ва хуфтан дар шаби аввали ҷумъаи моҳи раҷаб хонда мешавад ва намози шаби нимаи шаъбон, ки сад ракъат аст, ин ду намоз аз бидъатҳои зишту нописанд мебошанд. Набояд ба зикри онҳо дар китоби «Қут-ул-қулуб» ва «Эҳёи улуми-д-дин» ва на ба ҳадисе, ки дар он ду китоб зикр шудааст, фирефта шуд, зеро ҳамаи ин ботил аст. Ҳамчунин набояд ба баъзе аз имомоне, ки ҳукми ин ду намоз барояшон норӯшан мондааст ва дар бораи мустаҳаб будани онҳо рисолаҳое навиштаанд, фирефта шуд, зеро ӯ дар ин масъала иштибоҳ кардааст».
Шайх Имом Абумуҳаммад Абдурраҳмон ибни Исмоили Мақдисӣ дар бораи ботил будани он ду масъала китоби арзишманде таълиф намуда, дар он бисёр некӯ баён кардааст. Сухани аҳли илм дар ин масъала хеле зиёд аст ва агар мо ҳамаи он чиро, ки дар ин масъала аз суханони онҳо огоҳ шудаем, нақл кунем, сухан хеле тӯлонӣ мешавад. Ва шояд дар он чи зикр кардем, барои толиби ҳақ кифоят ва далели қонеъкунанда бошад.
Аз он чи аз оёт, аҳодис ва суханони аҳли илм гузашт, барои толиби ҳақ равшан мегардад, ки ҷашн гирифтани шаби нимаи шаъбон бо намоз ё ғайри он ва хос гардонидани рӯзи он ба рӯза доштан, назди аксари аҳли илм бидъати мункар буда, дар шариати пок асосе надорад, балки он аз ҷумлаи чизҳоест, ки дар Ислом баъди асри саҳоба (разияллоҳу анҳум) пайдо шудааст ва барои толиби ҳақ дар ин боб ва ғайри он қавли Худои Мутаъол кифоят аст, ки мефармояд:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ...﴾
(...Имрӯз динатонро комил кардам...) (Сураи Моида, ояти 3). Ва оятҳое, ки дар ин маънӣ омадаанд ва фармудаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ».
"Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст". Ва дигар ҳадисҳои зиёде, ки дар ин маънӣ омадаанд.
Аз ҷумла, дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«لَا تَخُصُّوا لَيْلَةَ الْجُمُعَةِ بِقِيَامٍ مِنْ بَيْنِ اللَّيَالِي، وَلَا تَخُصُّوا يَوْمَهَا بِالصِّيَامِ مِنْ بَيْنِ الْأَيَّامِ، إِلَّا أَنْ يَكُونَ فِي صَوْمٍ يَصُومُهُ أَحَدُكُمْ».
«Аз миёни шабҳо шаби ҷумъаро ба намоз ва аз байни рӯзҳо рӯзи ҷумъаро ба рӯза ихтисос надиҳед, магар ин ки рӯзае бошад, ки яке аз шумо онро рӯза мегирад». Бо насси ҳадисҳои саҳеҳи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки агар махсус гардонидани шабе ба ибодате ҷоиз мебуд, шаби ҷумъа аз дигар шабҳо сазовортар буд, зеро рӯзи он аз беҳтарин рӯзеҳост, ки офтоб дар он тулуъ намудааст. Чун Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз махсус гардонидани он шаб ба шабзиндадорӣ аз миёни дигар шабҳо барҳазар доштанд. Ин далолат бар он мекунад, ки ба тариқи авло хос гардонидани ҳеҷ яке аз шабҳои дигар ба навъе аз ибодат ҷоиз нест, магар бо далели саҳеҳе, ки бар ин хос гардонидан далолат кунад.
Ва азбаски шабзиндадорӣ ва талошу кӯшиш дар шаби қадр ва дигар шабҳои Рамазон машруъ аст, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ин амр таваҷҷуҳ намуда, умматро ба қиёми онҳо ташвиқ кардаанд ва худашон низ ба он амал намудаанд. Чунонки дар “Саҳеҳайн” аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:
«مَنْ قَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا، غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ لَيْلَةَ الْقَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا، غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ».
«Ҳар ки шабҳои Рамазонро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад ва ҳар ки шаби қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад». Агар махсус гардонидани шаби нимаи шаъбон, ё шаби аввали ҷумъаи моҳи раҷаб, ё шаби Исро ва Меъроҷ ба ҷашн ё ибодате машруъ мебуд, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) умматро ба он иршод менамуд ва ё худ онро анҷом медод. Ва агар чизе аз ин воқеъ мешуд, асҳоб онро ба уммат нақл мекарданд ва аз онҳо пинҳон намедоштанд. Зеро онҳо беҳтарини мардум ва пас аз паёмбарон (алайҳимуссалом) хайрхоҳтарини мардум ҳастанд. Худованд аз ёрони Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) розӣ бод ва онҳоро низ хушнуд гардонад.
Акнун то инҷо аз суханони уламо донистед, ки аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз асҳобаш (разияллоҳу анҳум) дар бораи фазилати шаби аввали ҷумъаи моҳи раҷаб ва шаби нимаи шаъбон ҳеҷ чизе собит нашудааст. Пас, маълум мешавад, ки ҷашн гирифтани ин ду шаб бидъати навпайдо дар Ислом аст ва ҳамчунин ихтисос додани онҳо ба ягон навъи ибодат, бидъати мункар мебошад. Ҳамчунин шаби бисту ҳафтуми раҷаб, ки баъзе аз мардум онро шаби Исро ва Меъроҷ мешуморанд, ба ягон ибодате хос гардонидани он ҷоиз нест ва ҳамчунин ҷашн гирифтани он низ бинобар далелҳои пешин ҷоиз намебошад; ин дар суратест, ки агар он маълум бошад, пас чӣ гуна хоҳад буд, дар ҳоле ки қавли дурусти олимон ин аст, ки он маълум нест. Ва қавли онҳое, ки мегӯянд он шаби бисту ҳафтуми раҷаб аст, қавли ботил буда, дар ҳадисҳои саҳеҳ ҳеҷ асосе надорад. Ва чи хуб гуфтааст он касе, ки гуфтааст:
Беҳтарин корҳои гузашта онҳоянд, ки бар роҳи ҳидоят буданд... ва бадтарин корҳо, амалҳои навпайдошуда - бидъатҳоянд.
Аз Худованд мехоҳем, ки ба мо ва соири мусалмонон тавфиқи пойбандӣ ба Суннат ва пойдорӣ дар онро ато фармояд ва аз ҳар чизе, ки мухолифи он аст, моро нигаҳ дорад. Ӯ Саховатманду Бахшанда аст.
Ва саллалоҳу ва саллама ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин.
***
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи ҳаштум:
Танбеҳи муҳим дар бораи дурӯғ будани васияти нисбат додашуда.
Шайх Аҳмад, хидматгори Ҳарами набавии шариф
Аз Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ба ҳар касе аз мусалмонон, ки инро мутолиа мекунад, Худованд онҳоро ба Ислом маҳфуз дорад ва мову онҳоро аз шарри дурӯғпароканиҳои ҷоҳилони бадкор паноҳ диҳад, омин.
Салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Аммо баъд:
Ман бо як навиштаи мансуб ба Шайх Аҳмад, ходими Ҳарами набавии шариф, таҳти унвони «Ин васиятест аз Мадинаи Мунаввара аз ҷониби Шайх Аҳмад, ходими Ҳарами набавии шариф» ошно шудам, ки дар он гуфтааст:
«Шаби ҷумъа Қуръони Каримро тиловат мекардам ва баъд аз қироати Асмоуллоҳ-ил-ҳусно, чун фориғ шудам, омодаи хоб рафтан шудам. Дар хоб соҳиби чеҳраи нуронӣ - Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки оятҳои қуръонӣ ва аҳкоми шарифро овардааст; раҳмате барои оламиён, сарвари мо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Пас, ӯ фармуд: «Эй Шайх Аҳмад». Гуфтам: «Лаббайк, эй Расули Аллоҳ, эй гиромитарини махлуқоти Аллоҳ». Ӯ ба ман гуфт: «Ман аз аъмоли қабеҳи мардум хиҷолатзадаам ва наметавонам бо Парвардигорам ва малоика рӯ ба рӯ шавам, зеро аз ҷумъа то ҷумъа саду шаст ҳазор нафар номусалмон аз дунё гузаштанд». Сипас баъзе аз гуноҳонеро, ки мардум муртакиби он шудаанд, зикр кард. Сипас гуфт: Ин васият раҳматест аз ҷониби Азизу Ҷаббор барои онҳо. Сипас баъзе аз нишонаҳои қиёматро ёдовар шуд, то ин ки гуфт: «Эй Шайх Аҳмад, мардумро аз ин васият огоҳ соз, зеро он бо қалами тақдир аз Лавҳи маҳфуз нақл шудааст. Ҳар кас, ки онро навишта, аз шаҳре ба шаҳре ва аз маконе ба маконе бифиристад, барояш дар ҷаннат қасре бино мешавад ва ҳар кас, ки онро нанависад ва нафиристад, шафоати ман дар рӯзи қиёмат бар ӯ ҳаром мегардад». Ва ҳар кас онро бинависад ва ниёзманд бошад, Аллоҳ ӯро бениёз мегардонад, ё қарздор бошад, Аллоҳ қарзашро адо мекунад, ё гуноҳе бар ӯ бошад, Аллоҳ ба баракати ин васият ӯ ва падару модарашро мебахшад. Ва ҳар ки аз бандагони Худо онро нанависад, рӯяш дар дунё ва охират сиёҳ мегардад. Ва фармуд: «Ба Аллоҳи Бузург се бор савганд, ки ин ҳақиқат аст ва агар дурӯғгӯ бошам, аз дунё бе имон биравам. Ва ҳар касе онро тасдиқ кунад, аз азоби оташ наҷот меёбад ва ҳар касе онро дурӯғ шуморад, кофир шудааст».
Ин хулосаи он васияти дурӯғинест, ки ба Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат дода мешавад. Мо ин васияти дурӯғинро солҳои зиёд аст, ки борҳо шунидаем, ки гоҳ-гоҳе байни мардум нашр шуда, дар миёни бисёре аз оммаи мардум ривоҷ дода мешавад ва дар лафзҳояш ихтилоф вуҷуд дорад. Яке аз дурӯғгӯён ва паҳнкунандагони ин васиятнома мегӯяд, ӯ (паҳнкунандаи ин дурӯғ) Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар хоб дидааст ва он ҳазрат ин васиятро ба ӯ супоридааст. Аммо дар ин варақаи охирине, ки зикр кардем, дурӯғпардоз иддао кардааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳангоме ки барои хоб омода мешуд, дидааст. Пас, маънояш ин аст, ки ӯ он Ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бедорӣ дидааст.
Ин ифтирогар дар ин васиятнома чизҳои зиёдеро иддао кардааст, ки аз равшантарин дурӯғ ва ошкортарин ботил аст. Иншоаллоҳ, ба зудӣ дар ин сухан туро аз онҳо огоҳ хоҳам кард. Ман дар солҳои гузашта низ дар бораи онҳо огоҳӣ дода, ба мардум баён карда будам, ки онҳо аз равшантарин дурӯғ ва ошкортарин ботил мебошанд. Пас, вақте аз ин нашрияи охирин огоҳ шудам, дар бораи навиштан дар мавриди он дудилагӣ кардам, зеро ботил будани он ошкор ва ҷуръати ифтирогараш дар дурӯғгӯӣ бисёр бузург буд. Ва гумон намекардам, ки ботил будани он дар миёни касе, ки заррае басират ё фитрати солим дорад, ривоҷ ёбад. Валекин бисёре аз бародарон ба ман хабар доданд, ки он дар миёни мардуми зиёде ривоҷ ёфта, онро байни худ радубадал мекунанд ва баъзеашон онро тасдиқ кардаанд. Аз ин рӯ, ман навиштан дар бораи онро бар амсоли худ воҷиб донистам, то ботил будани онро баён намоям ва ошкор созам, ки он бар Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғ баста шудааст, то касе ба он фирефта нашавад. Ва ҳар касе аз аҳли илму имон ва ё соҳибони фитрати поку ақли солим дар он биандешад, дармеёбад, ки он аз ҷиҳатҳои зиёде дурӯғ ва бӯҳтон аст.
Ва ман аз баъзе хешовандони Шайх Аҳмад, ки ин ифтиро ба ӯ нисбат дода мешавад, дар бораи ин васият пурсидам, ба ман ҷавоб дод, ки он бар Шайх Аҳмад дурӯғ баста шудааст ва ӯ аслан онро нагуфтааст. Ва Шайх Аҳмади мазкур муддате пеш аз ин вафот кардааст ва агар фарз кунем, ки Шайх Аҳмад ё касе, ки аз ӯ бузургтар аст, иддао кунад, ки Паёмбарро (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хоб ё бедорӣ дидааст ва ӯро ба ин васият амр кардааст, яқинан, медонистем, ки ӯ дурӯғгӯ аст, ё оне, ки ин суханро ба ӯ гуфтааст, шайтон аст, на Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ба чандин далелҳо, аз ҷумла:
Аввалан: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз вафоташ дар бедорӣ дида намешавад ва касе аз ҷоҳилони сӯфия, ки иддао мекунад, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бедорӣ мебинад, ё ин ки ӯ дар маросими мавлуд ҳозир мешавад, ба зишттарин хато роҳ додааст, ба фиребу найранги шадиде гирифтор шудааст, ба иштибоҳи бузурге муртакиб шудааст ва бо Китобу Суннат ва иҷмоъи аҳли илм мухолифат кардааст, зеро мурдагон танҳо дар рӯзи қиёмат аз қабрҳояшон бармехезанд, на дар дунё. Ва касе, ки хилофи инро гӯяд, ӯ дурӯғгӯи ошкор аст, ё хатокорест, ки ба иштибоҳ афтода, ҳаққеро, ки салафи солеҳ шинохтаанд ва роҳе, ки асҳоби Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва пайравони неки онҳо паймуданд, нашинохтааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿ثُمَّ إِنَّكُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ15 ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تُبْعَثُونَ16﴾
(Сипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд.
Он гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед). (Сураи Мӯъминун, оятҳои 15-16). Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«أَنَا أَوَّلُ مَنْ تَنْشَقُّ عَنْهُ الْأَرْضُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ، وَأَنَا أَوَّلُ شَافِعٍ وَأَوَّلُ مُشَفَّعٍ».
«Ман аввалин касе ҳастам, ки рӯзи қиёмат замин аз ӯ шикофта мешавад ва аввалин шафоаткунанда ва аввалин касе, ки шафоаташ пазируфта мешавад, ҳастам». Ва дар ин маънӣ оятҳо ва ҳадисҳо бисёр аст.
Дуюм: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сухани хилофи ҳақро намегӯяд, на дар ҳаёташ ва на дар вафоташ. Ва ин васият ба шариати ӯ мухолифати ошкор дорад, ки ин аз ҷиҳатҳои зиёд аст – чуноне ки баёнаш меояд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гоҳе дар хоб дида мешавад. Ва касе, ки ӯро дар хоб дар сурати шарифаш бубинад, пас дар ҳақиқат ӯро дидааст, зеро шайтон ба сурати ӯ дарнамеояд, чуноне ки дар ҳадиси саҳеҳи шариф омадааст. Аммо тамоми масъала дар имон, ростгӯӣ, адолат, дақиқӣ, диндорӣ ва амонати соҳиби хоб аст ва ин ки оё Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар сурати аслиаш дидааст ё дар ғайри он.
Агар аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадисе, ки дар ҳаёташ гуфтааст, аз тариқи ғайри ровиёни боэътимод, одил ва дақиқназар ривоят шавад, он мавриди эътимод қарор намегирад ва ҳамчун ҳуҷҷат пазируфта намешавад. Ё агар аз тариқи ровиёни боэътимод ва дақиқназар ривоят шавад, вале мухолифи ривояти касе бошад, ки аз онҳо ҳофизааш қавитар ва боэътимодтар аст, ба гунае ки имкони ҷамъ (созиш додан) миёни ду ривоят вуҷуд надошта бошад, пас, яке аз онҳо мансух (бекоршуда) дониста шуда, ба он амал карда намешавад ва дуввумӣ носих (бекоркунанда) буда, ба он амал карда мешавад. Ин дар суратест, ки ин кор бо шартҳои худ имконпазир бошад. Ва агар ҷамъ ва насх имкон надошта бошад, воҷиб аст, ки ривояти шахсе, ки ҳофизааш заифтар ва адолаташ поинтар аст, рад карда шавад ва он ривоят ҳамчун шоз (нодир ва мухолиф) ҳукм шуда, ба он амал карда намешавад.
Пас ин васияте, ки нақлкунандаи он аз Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, вале адолату амонатдории ӯ маълум нест, чӣ гуна қабул шавад? Дар ин ҳолат, чунин васият сазовори он аст, ки рад карда шавад ва ба он таваҷҷуҳе нашавад, ҳатто агар дар он чизе мухолифи шариат набошад. Пас, ҳол чӣ гуна хоҳад буд, агар ин васият дар бар гирандаи умури зиёде бошад, ки ба ботил будани он далолат мекунанд ва собит месозанд, ки он бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғ баста шудааст ва дар худ шариати динеро ҷой додааст, ки Аллоҳ ба он иҷозат надодааст?
Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ قَالَ عَلَيَّ مَا لَمْ أَقُلْ؛ فَلْيَتَـبَوَّأْ مَقْعَدَهُ مِنَ النَّارِ».
"Ҳар касе ба ман чизеро нисбат диҳад, ки онро нагуфтаам, ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода созад". Дурӯғпардози ин васиятнома бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чизеро гуфтааст, ки он Ҳазрат нагуфтаанд. Ва бар ӯ дурӯғи ошкор ва хатарнокеро бастааст. Пас, ӯ ба ин ваъиди бузург сазовор аст ва агар ба тавба кардан шитоб накунад ва дурӯғ будани ин васиятномаро, ки бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баста шудааст, ба мардум ошкор насозад, сазовори ваъид мегардад. Чун ҳар кас, ки ботилеро дар миёни мардум паҳн кунад ва онро ба дин нисбат диҳад, тавбааш аз он дуруст намешавад, магар ин ки онро эълон ва ошкор созад, то мардум бидонанд, ки ӯ аз дурӯғаш баргаштааст ва худро такзиб намудааст; ба далели ин фармудаи Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡتُمُونَ مَآ أَنزَلۡنَا مِنَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلۡهُدَىٰ مِنۢ بَعۡدِ مَا بَيَّنَّٰهُ لِلنَّاسِ فِي ٱلۡكِتَٰبِ أُوْلَٰٓئِكَ يَلۡعَنُهُمُ ٱللَّهُ وَيَلۡعَنُهُمُ ٱللَّٰعِنُونَ159 إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ وَأَصۡلَحُواْ وَبَيَّنُواْ فَأُوْلَٰٓئِكَ أَتُوبُ عَلَيۡهِمۡ وَأَنَا ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ160﴾
(Касоне, ки он чиро аз далоили равшан ва ҳидоят нозил кардаем – пас аз он, ки дар китоби [Таврот ва Инҷил] барои мардум баёнаш намудем – пинҳон медоранд, Аллоҳ Таъоло ононро лаънат мекунад ва лаънаткунандагон [аз фариштагону муъминон] лаънаташон мекунанд.
Магар касоне, ки тавба кунанд ва [корҳои ношоистаи худро] ислоҳ намоянд ва [ҳақиқатро] ошкор созанд. Инон ҳастанд, ки тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам). (Сураи Бақара, оятҳои 159, 160). Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло дар ин ояти карима возеҳ сохта, ки тавбаи касе, ки чизе аз ҳақро пинҳон дорад, дуруст намешавад, магар баъд аз ислоҳ ва баён кардани он. Худованд Субҳонаҳу динро барои бандагонаш комил гардонид ва бо биъсати паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва он чи аз шариати комил ба ӯ ваҳй намуд, неъматро бар онҳо тамом кард. Ва ӯро ба сӯи Худ қабзи рӯҳ накард, магар баъд аз комил гардонидан ва баён намудани дин, чунонки Ӯ Таъоло мефармояд:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗا...﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва Исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3).
Ифтирокунандаи ин насиҳат дар қарни чаҳордаҳум (ҳиҷрӣ) зуҳур карда, мехоҳад дини наверо ба мардум талқин кунад, ки бар асоси он, ҳар кас, ки ташриъи ӯро бипазирад, дохили ҷаннат мешавад ва ҳар кас, ки онро напазирад, аз ҷаннат маҳрум гашта, вориди дӯзах мегардад. Ва мехоҳад ин васиятеро, ки дурӯғ бастааст, аз Қуръон бузургтар ва беҳтар қарор диҳад. Ӯ дар дурӯғи бофтааш мегӯяд: Ҳар ки онро бинависад ва аз шаҳре ба шаҳре ё аз ҷое ба ҷое бифиристад, барояш дар биҳишт қасре сохта мешавад, ва ҳар ки онро нанависад ва нафиристад, дар рӯзи қиёмат аз шафоати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳрум мегардад. Ва ин аз қабиҳтарин дурӯғҳо ва аз равшантарин далелҳо бар ботил будани ин васият ва нишонаи камҳаёии ифтирокунандаи он ва ҷуръати бузургаш бар дурӯғ аст. Зеро касе, ки Қуръони Каримро навишта, онро аз шаҳре ба шаҳре ё аз ҷое ба ҷое бифиристад, агар ба он амал накунад, ба ин фазилат ноил намегардад. Пас, чӣ гуна нависандаи ин дурӯғ ва нақлкунандаи он аз шаҳре ба шаҳре ба чунин фазилат ноил мешавад? Ва касе, ки Қуръонро нанавишта ва онро аз шаҳре ба шаҳре нафиристода бошад, аз шафоати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маҳрум намешавад, ба шарте ки ба ӯ имон дошта ва пайрави шариаташ бошад. Ва ҳамин як ифтиро дар ин васият, ба танҳоӣ барои исботи ботил будани он ва дурӯғгӯӣ, густохӣ, нодонӣ ва дурии паҳнкунандаи он аз маърифати ҳидояте, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, кифоя аст.
Дар ин васият, ба ғайр аз он чи зикр шуд, масъалаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳо ба ботил ва дурӯғ будани он далолат мекунанд. Ҳатто агар ифтирокунандаи он бар дурустии он ҳазор бор ё бештар аз он қасам хӯрад ва барои исботи ростгӯии худ бар хеш бузургтарин азоб ва сахттарин уқубатро талаб кунад ҳам, ӯ ростгӯ ҳисобида намешавад ва он (васият) низ саҳеҳ нест. Балки савганд ба Аллоҳ, боз ҳам савганд ба Аллоҳ, ки он аз бузургтарин ва қабеҳтарини ботил аст. Ва мо Аллоҳ ва малоикаеро, ки назди мо ҳозиранд, гувоҳ мегирем. Ва ҳар мусалмоне, ки аз ин навишта огоҳ шавад, пас ин шаҳодатест, ки бо он бо Парвардигорамон (Ҷалла Ҷалолуҳу) рӯ ба рӯ мешавем, ки ин васият дурӯғ ва буҳтон бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Аллоҳ касеро, ки онро бофтааст, расво гардонад ва ӯро сазовори амалаш ҷазо диҳад.
Ба ғайр аз далелҳои пешин, дар матни ин васият низ умури зиёде вуҷуд дорад, ки бар дурӯғ ва ботил будани он далолат мекунанд, аз ҷумла:
Амри аввал, ин гуфтааш: (Зеро аз ҷумъа то ҷумъаи дигар саду шаст ҳазор нафар бар ғайри дини ислом вафот карданд.) Ин гуфта аз илми ғайб аст ва аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз вафоташон ваҳй қатъ шуда буд ва он Ҳазрат дар замони ҳаёташон ғайбро намедонистанд, пас чӣ гуна баъд аз вафоташон чунин мегӯянд? Дар бораи ин ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ғайбро намедонистанд ин далели Қуръонро меорем, ки Худованд мефармояд:
﴿قُل لَّآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ...﴾
([Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ Таъоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам...) (Сураи Анъом, ояти 50). Далели дигар:
﴿قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُ...﴾
(Бигӯ: «Касе дар осмонҳо ва замин аз ғайб огоҳ нест, магар Аллоҳ таоло...) (Сураи Намл, ояти 65). Ва дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:
«يُذَادُ رِجَالٌ عَنْ حَوْضِي يَوْمَ القِيَامَةِ، فَأَقُولُ: يَا رَبِّ! أَصْحَابِي أَصْحَابِي، فَيُقَالُ لِي: إِنَّكَ لَا تَدْرِي مَا أَحْدَثُوا بَعْدَكَ، فَأَقُولُ كَمَا قَالَ العَبْدُ الصَّالِحُ: ﴿وَكُنتُ عَلَيۡهِمۡ شَهِيدٗا مَّا دُمۡتُ فِيهِمۡۖ فَلَمَّا تَوَفَّيۡتَنِي كُنتَ أَنتَ ٱلرَّقِيبَ عَلَيۡهِمۡۚ وَأَنتَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ﴾ [المائدة: 117]».
«Рӯзи қиёмат мардоне аз ҳавзи ман дур карда мешаванд, пас мегӯям: Парвардигоро, асҳобам, асҳобам! Пас, ба ман гуфта мешавад: Ту намедонӣ, ки онҳо баъди ту чӣ чизҳое ба миён оварданд. Пас, ман низ мегӯям, ҳамон гуна ки бандаи солеҳ гуфт: (Ва ман то замоне, ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ, Ту худ гувоҳ ва нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ) (Сураи Моида, ояти 117).
Дуввум: Аз ҷумлаи далелҳои ботил ва дурӯғ будани ин васият ин аст, ки дар он омадааст: «Ҳар кас онро бинависад ва фақир бошад, Худованд ӯро сарватманд мегардонад, ё қарздор бошад, Худованд қарзашро адо мекунад, ё гуноҳе дошта бошад, Худованд ба баракати ин васият гуноҳони ӯ ва падару модарашро мебахшад» ... то поён. Ва ин аз бузургтарин дурӯғҳост ва равшантарин далелҳо бар дурӯғи ифтирокунандаи он ва беҳаёии ӯ аз Аллоҳ ва бандагонаш мебошад, зеро ин се амр танҳо бо навиштани Қуръони Карим ҳосил намешавад, пас чӣ гуна барои касе, ки ин васияти ботилро навиштааст, ҳосил мешавад? Ин шахси палид фақат мехоҳад мардумро фиреб диҳад ва онҳоро ба ин васият дилбаста созад, то онро бинависанд ва ба ин фазилати дурӯғин дил банданд ва асбоберо, ки Аллоҳ Таъоло барои бандагонаш ташреъ кардааст ва онро василаи расидан ба бениёзӣ, адои қарз ва омӯрзиши гуноҳон қарор додааст, тарк намоянд. Пас, ба Аллоҳ Таъоло аз асбоби хориву зиллат ва пайравии ҳавои нафс ва шайтон паноҳ мебарем.
Севум: Аз ҷумлаи амрҳое, ки бар ботил будани ин васият далолат мекунад, ин гуфтаи ӯ дар он аст: «Ва ҳар кас аз бандагони Аллоҳ, ки онро нанависад, рӯяш дар дунё ва охират сиёҳ мешавад». Ин низ аз зишттарин дурӯғҳо ва аз равшантарин далелҳо бар ботил будани ин васият ва дурӯғгӯ будани ифтирогари он аст. Чӣ гуна дар ақли инсони оқил меғунҷад, ки васиятеро бинависад, ки онро марди ношиносе дар асри чаҳордаҳум оварда, бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ифтиро бастааст ва даъво мекунад, ки ҳар кас онро нанависад, рӯяш дар дунё ва охират сиёҳ мешавад ва ҳар кас онро бинависад, баъди фақр сарватманд мегардад, пас аз ҷамъ шудани қарзҳояш аз он раҳоӣ меёбад ва гуноҳоне, ки муртакиб шудааст, бахшида мешаванд.
Парвардигоро, ин буҳтони бузург аст! Ва ҳамоно далелҳо ва воқеият ба дурӯғи ин ифтирогар, ба ҷуръати бузургаш бар Аллоҳ ва ба камии ҳаёяш аз Аллоҳ ва аз мардум, гувоҳӣ медиҳанд. Пас, онҳо, умматҳои бисёре ҳастанд, ки онро нанавиштаанд ва рӯйҳояшон сиёҳ нашудааст ва дар ин ҷо ҷамъияти бузурге ҳаст, ки шумораашонро ҷуз Аллоҳ касе намедонад, ки онро борҳо навиштаанд, вале на қарзашон адо шудааст ва на фақрашон аз байн рафтааст. Пас, аз каҷии дилҳо ва палидии гуноҳон ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Ва инҳо сифатҳо ва ҷазоҳое ҳастанд, ки шариати пок онҳоро барои касе, ки беҳтарин ва бузургтарин китоб, яъне Қуръони Каримро навиштааст, наовардааст. Пас, чӣ гуна инҳо барои касе ҳосил мешавад, ки васияти дурӯғинеро навиштааст, ки дорои анвоъи ботил ва ҷумлаҳои зиёде аз анвоъи куфр мебошад? Субҳоналлоҳ!! Чӣ бурдбор аст Ӯ бар касе, ки ҷуръат намуда, бар Ӯ дурӯғ мебандад.
Далели чаҳорум бар ин ки ин васият ботилтарини ботил ва равшантарин дурӯғ аст, ин гуфтори ӯ дар он аст: "Ва ҳар кас онро тасдиқ кунад, аз азоби дӯзах наҷот меёбад ва ҳар кас онро дурӯғ шуморад, кофир шудааст". Ва ин низ аз бузургтарин ҷуръат бар дурӯғ ва аз зишттарин ботил аст, зеро ин ифтирогар ҳамаи мардумро даъват мекунад, то ба ифтирои ӯ бовар кунанд ва даъво мекунад, ки онҳо бо ин кор аз азоби оташи дӯзах наҷот меёбанд ва ҳар касе, ки онро дурӯғ шуморад, кофир мешавад. Қасам ба Аллоҳ, ин дурӯғгӯ бар Аллоҳ туҳмати бузурге бастааст ва қасам ба Аллоҳ, ки ноҳақ гуфтааст. Ҳароина, касе, ки онро тасдиқ кунад, худи ӯ сазовори кофир будан аст, на он касе, ки онро дурӯғ мешуморад, зеро он ифтиро, ботил ва дурӯғест, ки ҳеҷ асосе аз ҳақиқат надорад ва мо Аллоҳро шоҳид мегирем, ки он дурӯғ аст ва ифтирокунандаи он дурӯғгӯст, ки мехоҳад барои мардум он чизеро шариат гардонад, ки Аллоҳ ба он иҷозат надодааст ва дар дини онҳо чизеро дохил кунад, ки аз он нест. Ва Аллоҳ динро комил гардонида, онро барои ин уммат чаҳордаҳ аср пеш аз ин ифтиро ба итмом расонидааст. Пас, огоҳ бошед, эй хонандагон ва бародарон ва аз бовар кардан ба ин гуна ифтирооту дурӯғҳо ва аз ривоҷ ёфтани онҳо дар миёни худ парҳез намоед. Зеро ҳақ нуре дорад, ки бар ҷӯяндааш пӯшида намемонад. Пас, ҳақро бо далелаш биҷӯед ва аз аҳли илм дар бораи он чи ки бар шумо мушкил менамояд, суол кунед. Ва ба савганди дурӯғгӯён фирефта нашавед. Зеро Иблиси лаъин барои падару модаратон Одаму Ҳавво қасам ёд кард, ки ӯ аз хайрхоҳони онҳост, дар ҳоле ки ӯ бузургтарини хоинон ва дурӯғгӯтарини дурӯғгӯён аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло дар бораи ӯ ҳикоят карда, мефармояд:
﴿وَقَاسَمَهُمَآ إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ ٱلنَّٰصِحِينَ21﴾
(Ва барои он ду савганд хӯрд, ки: «Ман, ҳатман, хайрхоҳатон ҳастам»). (Сураи Аъроф, ояти 21). Пас, аз ӯ ва аз пайравони ифтирокунандааш барҳазар бошед, зеро ӯ ва онҳо чи басо савгандҳои дурӯғин, паймонҳои хиёнаткорона ва суханони ороста барои фиреб ва гумроҳӣ доранд. Аммо он чи ин ифтирогар дар бораи зоҳир шудани мункарот зикр кардааст, як амри воқеъ аст ва Қуръони Карим ва Суннати мутаҳҳара аз он ба шиддат ҳушдор додаанд ва дар он ду ҳидоят ва кифоят аст.
Аммо дар мавриди нишонаҳои қиёмат, аҳодиси набавӣ он нишонаҳоеро, ки ба вуқуъ хоҳанд пайваст, ба таври возеҳ баён кардаанд ва Қуръони Карим низ ба баъзе аз онҳо ишора намудааст. Пас, ҳар касе, ки хоҳад дар ин бора маълумот пайдо кунад, онро дар ҷойгоҳи худаш дар китобҳои суннат ва таълифоти аҳли илм ва имон хоҳад ёфт. Ва мардум ба баёноти ин ифтирогар ва талбиси ӯ, ки ҳақро бо ботил меомезад, ниёзе надоранд. Худованд ману шумо ва ҳамаи мусалмононро аз шарри шайтонҳо, фитнаҳои гумроҳкунандагон, каҷравии каҷравон ва аз фиребу найранги душманони ботилпарасти Худо нигоҳ дорад. Ононе, ки мехоҳанд нури Худоро бо даҳонҳои худ хомӯш кунанд ва динро бар мардум ошуфта созанд, дар ҳоле ки Худованд комилкунандаи нури Худ ва ёридиҳандаи дини Худ аст, агарчи душманони Худо аз ҷумлаи шайтонҳо ва пайравони онҳо аз кофирону мулҳидон онро бад бинанд. Ва аз Аллоҳ мехоҳем, ки аҳволи мусалмононро ислоҳ намояд ва пайравӣ аз ҳақ ва истиқомат бар онро барояшон иноят фармояд ва тавба аз ҳама гуноҳон ба сӯи Аллоҳ Субҳонаҳуро барояшон муяссар гардонад. Зеро Ӯ Тавбапазиру Меҳрубон ва бар ҳар чиз қодир аст. Ва Худованд моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест ва нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳи Баландмартаба ва Бузург.
Ва ҳамду сано барои Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст ва дуруду салом бар банда ва расули ростгӯву амонатдораш ва бар олу асҳоб ва пайравони некӯкораш то рӯзи ҷазо бод.
***
tg397v4.0 - 27/06/2026