PHPWord

 

 

 

مَا لَا يَسَعُ المُسْلِمَ جَهْلُهُ

 

 

Он чи ҳар як мусалмон набояд аз он ғофил бошад

 

 

اللَّجْنَةُ العِلْمِيَّةُ

بِرِئَاسَةِ الشُّؤُونِ الدِّينِيَّةِ بِالمَسْجِدِ الحَرَامِ وَالمَسْجِدِ النَّبَوِيِّ

 

Кумитаи илмӣ вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷид ул-Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ

 

 

 


بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

Он чи ҳар як мусалмон набояд аз он ғофил бошад

Муқаддима

Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки ҳамчун раҳмат барои ҷаҳониён фиристода шудааст ва бар тамоми хонадону асҳобаш ва касоне, ки то қиёмат ба некӣ аз онон пайравӣ карданд. Аммо баъд:

Ин рисолаи мухтасаре аст, ки муҳимтарин матолиби лозим барои як мусалмонро дар бобати ақида, ибодатҳо ва муомилот дар бар мегирад. Мо онро барои зоирони ҳарамайни шарифайн аз мардону занон (Масҷидулҳаром ва Масҷиди Набавӣ) ҷамъоварӣ кардем, то ки бо дониш ва биниши дуруст ба умури динии худ ошно бошанд ва амал кунанд. Аз Худованди Карим ва Бахшоянда умедворем, ки онро судманд гардонад ва онро амали солеҳ ва холисан барои ризои Худ гардонад. Ҳаройина, Ӯ беҳтарин зотест, ки аз Ӯ хоҳиш мешавад ва умед ба Ӯ баста мешавад.

Кумитаи илмии вобастаи раёсати корҳои динии Масҷидуларом ва Масҷиди Набавӣ.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Фасли аввал:

Он чизе, ки ба эътиқод марбут аст

Мабҳаси аввал: Маънои Ислом ва аркони он

Ислом, яъне таслим шудан дар баробари Аллоҳ бо тавҳид (ягона донистани Ӯ), итоат кардан ба Ӯ бо фармонбардорӣ, ва безорӣ ҷустан аз ширк ва аҳли он.

Аркони Ислом панҷто аст.

Аввал: Гувоҳӣ додан ба он ки “Ло илоҳа иллаллоҳ ва анна Муҳаммадан расулаллоҳ" (Тарҷума: Маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст).

Дуввум: Барпо доштани намоз.

Севум: Пардохтани закот.

Чаҳорум: Рӯза гирифтани моҳи Рамазон.

Панҷум: Ҳаҷҷи байтуллоҳ (Каъба) барои касе, ки тавоноии онро дорад.

Аҳамияти тавҳид

Бидон, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла махлуқотро офаридааст, то Ӯро ибодат кунанд ва чизеро ба Ӯ шарик қарор надиҳанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ 56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд] 56). (Сураи Зориёт, ояти 56). Ва ин ибодат танҳо бо илму дониш шинохта мешавад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مُتَقَلَّبَكُمۡ وَمَثۡوَىٰكُمۡ 19﴾

([Эй паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва барои гуноҳи хеш ва [гуноҳи] мардон ва занони муъмин омурзиш бихоҳ ва [ба ёд дошта бош, ки] Аллоҳ Таъоло маҳалли рафтуомад [-и рӯзона] ва оромидан [-и шабона]-и шуморо медонад 19). (Сураи Муҳаммад, ояти 19). Бинобар ин, пеш аз гуфтору амал аз илм оғоз кард. Пас, муҳимтарин чизе, ки инсон бояд таълим бигирад, тавҳиди Аллоҳ Таъоло аст, зеро он асл ва асоси дин аст. Дин барпо намешавад, магар бо тавҳид ва тавҳид аввалин ва охирин воҷиб бар мусалмон аст. Тавҳид рукни аввалини Ислом аст, ки бар ҳар як мусалмон воҷиб аст онро бидонад ва ба он амал кунад. Ислом панҷ рукн дорад. Чунон ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) омадааст: Шунидам, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«بُنِيَ الإسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أنْ لَا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وأنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَإقَامِ الصَّلَاةِ، وَإيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَحَجِّ البَيْتِ، وصَوْمِ رَمَضَانَ».

"Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; ҳаҷҷи Хона; ва рўзаи моҳи Рамазон".1

Бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, ки маънои тавҳидро таълим бигирад ва он танҳо Аллоҳ Таъолоро ибодат кардан аст. Касеро ҳамроҳи Ӯ шарик қарор надиҳад, на фариштаи муқарраб ва на паёмбаре, ки ба сӯи мардум фиристода шудааст.

Маънои "Шаҳодати Ло илоҳа иллаллоҳ":

Он ин аст, ки банда бо эътиқоди қотеъ ва яқинӣ иқрор кунад, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ Таъоло вуҷуд надорад. Ва танҳо Аллоҳро ибодат мекунад, Ӯро ба ҳамаи навъҳои ибодат махсус мегардонад — аз қабили дуо, тарс, умед, таваккал ва ғайра.

Ва ин гувоҳӣ муҳаққақ намешавад, магар бо ду рукн:

Якум: нафй кардани улуҳият ва ибодат аз ғайри Аллоҳ, аз ҳамаи шарикон, бутҳо (маъбудҳо) ва тоғутҳо.

Дуюм: собит кардани улуҳият ва ибодати ҳақиқӣ фақат барои Аллоҳ, ягона ва бидуни ҳеҷ шарик. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед ...). (Сураи Наҳл, ояти 36).

Аммо шартҳои (Ло илоҳа иллаллоҳ) иборат аст аз:

Аввал: Илму дониш, ки нафйикунандаи ҷаҳлу нодонӣ аст.

Дувум: Яқин (боварии комил), ки нафйикунандаи шакку шубҳа аст.

Сеюм: Ихлос, ки нафйикунандаи ширк аст.

Чаҳорум: Ростгӯӣ, ки нафйикунандаи дуруғгӯист.

Панҷум: Муҳаббати нафйикунандаи буғзу кина.

Шашум: Фармонбардории нафйикунандаи тарки авомир.

Ҳафтум: Пазириши нафйикунандаи рад кардан.

Ҳаштум: Куфр варзидан ба ҳама чизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад.

Амал кардан ба ин шартҳо воҷиб аст ва онҳо дар ин ду байт ҷамъ оварда шудаанд:

Илм, яқин, ихлосу ростӣ ҳамроҳаш,

Муҳаббату итоат, қабулу пойбандиаш.

Ва афзуда шуд бар он, ҳаштумаш,

Ки кофир шудан ба ҳар чи ки ҷуз Аллоҳ парастида мешавад.

Муҳаққақ шудани ин гувоҳӣ танҳо ба ягонагӣ ибодат кардани Аллоҳ Таъоло ва бидуни шарик ва холисона анҷом додани ибодат танҳо барои Худованд хоҳад буд. Танҳо Аллоҳро мехонад, танҳо ба Аллоҳ таваккал мекунад, танҳо аз Аллоҳ умед мекунад, танҳо барои Аллоҳ намоз мехонад ва танҳо барои Аллоҳ Таъоло забҳу қурбонӣ мекунад.

Он чи баъзе одамон дар атрофи қабрҳо анҷом медиҳанд ва тавоф мекунанд, ё аз соҳибони қабрҳо ҳоҷати хешро мехоҳанд ва ба ҷои Худованд аз онҳо металабанд, ин ширк дар ибодат аст. Аз ин амалҳо эҳтиёт кардан воҷиб аст ва дигаронро низ аз он ҳушдор бояд дод, зеро ин амал монанди амали мушрикон аст, ки бутҳо, сангҳо ва дарахтонро ба ҷои Аллоҳ Таъоло ибодат мекарданд. Ва ин ҳамон ширкест, ки китобҳо ва паёмбарон барои ҳушдор ва наҳйи кардан аз он фиристода шуданд.

Маънои гувоҳӣ додан, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст:

Итоат аз ӯ дар он чи фармон додааст, тасдиқи ӯ дар он чи хабар додааст, дурӣ ҷустан аз он чи наҳйи карда ва сарзаниш кардааст ва ин ки Аллоҳ Таъолоро танҳо ба он чи ӯ мақаррар кардааст, ибодат кардан. Мусалмон иқрор мекунад, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Қурашии Ҳошимӣ фиристодаи Аллоҳ Азза ва Ҷалла ба сӯи ҳама оламиён аз инсу ҷин аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا...﴾

(Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ Таъоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам). (Сураи Аъроф, ояти 158).

Ва ин ки Аллоҳ Таъоло ӯро барои таблиғи динаш ва ҳидояти халқаш фиристодааст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةٗ لِّلنَّاسِ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ28﴾

([Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем; аммо бештари мардум [ин ҳақиқатро] намедонанд 28). (Сураи Сабаъ, ояти 28). Ва инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ 107﴾

(Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем 107). (Сураи Анбиё, ояти 107).

Муқтазои ин шаҳодат он аст, ки ту бовар дошта бошӣ, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаққе дар рубубият ва мудирияти олам ва ё ҳаққе дар ибодат надорад. Балки ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) банда аст, ки ибодат карда намешавад ва паёмбар аст, ки дурӯғгу пиндошта намешавад. Ва ӯ (паёмбари Аллоҳ) на барои худ ва на барои дигарон соҳиби ҳеҷ фоида ва зараре нест, магар он чи Аллоҳ Таъоло бихоҳад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌قُل لَّآ أَقُولُ لَكُمۡ عِندِي خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ وَلَآ أَقُولُ لَكُمۡ إِنِّي مَلَكٌۖ إِنۡ أَتَّبِعُ إِلَّا مَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ...﴾

([Эй Паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Ман намегӯям, ки ганҷинаҳои Аллоҳ Таъоло назди ман аст ва ғайб [низ] намедонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам. Ман аз чизе пайравӣ намекунам магар аз он чи ки ба ман ваҳй мегардад). (Сураи Анъом, ояти 50).

Матлаби дуввум: Маънои имон ва аркони он.

Имон иборат аст аз: иқрор ба дил, гуфтор ба забон ва амал кардан бо дил ва аъзои бадан. Бо тоат зиёд мешавад ва бо гуноҳу маъсият кам.

Имон шарти сиҳҳат ва пазируфта шудани ибодатҳо аст. Чунон ки ширк ва куфр аз байн барандаи ҳамаи тоатҳо ва ибодатҳо аст. Ҳамон тавр ки Худованд намозро бевузӯ қабул намекунад, ибодатро низ бе имон намепазирад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ مِن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَدۡخُلُونَ ٱلۡجَنَّةَ وَلَا يُظۡلَمُونَ نَقِيرٗا 124﴾

(Ва ҳар кас, аз зану мард, ки корҳои шоиста кунад ва муъмин бошад, [ҳамаи] онон вориди биҳишт мешаванд ва ба андозаи зарраи ночизе [ҳатто ба андозаи шикофи ҳастаи хурмо низ] ба эшон ситам нахоҳад шуд 124). (Сураи Нисо, ояти 124).

Ва баён намудааст, ки ширк маҳвкунандаи амалҳо аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ 65﴾

(Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд 65). (Сураи Зумар, ояти 65).

Аркони имон шашто аст: Имон ба Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва рӯзи қиёмат ва тақдири нек ва бад.

1) Имон ба Аллоҳ Таъоло се чизро дар бар мегирад:

1 - Имон ба рубубияти Аллоҳ:

Ин ягона донистани Аллоҳ дар афъолаш аст, аз қабили: офариниш, ризқу рӯзӣ додан, зинда кардан ва миронидан, пас офаридгоре нест, магар Аллоҳ, ризқдиҳандае нест, магар Аллоҳ, зиндакунанда ва миронандае нест, магар Аллоҳ ва дар тамоми олам танҳо Ӯ ҳукмрон ва тасарруфкунанда аст.

Ва маълум нест, ки ягон махлуқ рубубияти Худоро инкор карда бошад, магар ин ки инкори ӯ аз рӯи такаббур ва ҷанҷол бошад, на аз рӯи эътиқод. Чунон ки барои Фиръавн рӯй дод, қавмашро гуфт:

﴿‌...أَنَا ‌رَبُّكُمُ ‌الْأَعْلَى﴾

(Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам») (Сураи Нозиъот, ояти 24). Аммо ин аз рӯйи эътиқод ва бовари набуд. Чунон ки Худованд аз забони Мусо (алайҳиссалом) мефармояд:

﴿‌قَالَ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَآ أَنزَلَ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰفِرۡعَوۡنُ مَثۡبُورٗا 102﴾

([Мӯсо] Гуфт: «Ту, ҳатман, медонӣ, ки инҳо [муъҷизот]-ро [касе] ҷуз Парвардигори осмонҳо ва замин нафиристодааст. [Ин муъҷизот] Далоили равшан [дар бораи қудрату ягонагии Аллоҳ Таъоло ва ростгӯии паёмбараш ҳастанд]; ва, эй Фиръавн, ба ростӣ, ки туро ҳалокшуда [ва зиёндида] мепиндорам»). (Сураи Исро, ояти 102). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَجَحَدُوا بِهَا وَاسْتَيْقَنَتْهَا أَنْفُسُهُمْ ظُلْمًا وَعُلُوًّا... ﴾

(Ва онҳоро аз рӯи ситаму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле ки дилҳояшон ба онҳо яқин доштанд ...) (Сураи Намл, ояти 14)

Ин махлуқот ҳатман офаридгоре доранд. Зеро имкон надорад, ки худ худашро ба вуҷуд оварад. Чун як чиз худашро намеофарад ва имкон надорад, ки тасодуфӣ ба вуҷуд омада бошад. Зеро ҳар ҳодисе (офаридашудае) ниёз ба як муҳдисе (офаридгоре) дорад. Вуҷуди ин махлуқот бо низоми зебо ва ҳамоҳангии аҷибашон нишон медиҳад, ки тасодуфӣ нестанд. Пас, лозим меояд, ки эҷодкунанда дошта бошанд ва Ӯ Аллоҳ аст, Парвардигори оламиён. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ 35 أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ 36﴾

(Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд? 35

Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ Таъоло офаринандаи мутлақ аст]). (Сураи Тур, оятҳои 35-36).

Мушрикон ба рубубияти Аллоҳ Таъоло иқрор мекарданд, вале бо вуҷуди ин дар улуҳият ба Ӯ ширк варзиданд ва иқрори онҳо дар рубубият онҳоро вориди Ислом накард. Паёмбари Аллоҳ бо онҳо ҷангид ва хуну молҳояшонро ҳалол шуморид, зеро онҳо дар улуҳият ширк варзиданд. Мушрикон дар баробари Худованд, бутҳо, сангҳо, малоикаҳо ва дигар чизҳоро мепарастиданд.

2 - Имон ба улуҳияти Аллоҳ Таъоло:

Имон овардан ба улуҳияти Худо, яъне бовар кардан ба он ки танҳо Ӯст Илоҳи ҳақиқӣ, ки лоиқи ибодат аст ва ҳеҷ шарике надорад. Ва "Илоҳ" маънояш "Маълуҳ" аст, яъне он касе, ки мавриди ибодат қарор мегирад бо муҳаббат, бузургдошт ва хоксорӣ.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلرَّحِيمُ 163﴾

([Эй мардум] маъбуди шумо маъбуди ягона аст [ки] ба ҷуз Ӯ [ҳеҷ] маъбуде [ба ҳақ] нест; бахшандаву меҳрубон аст 163). (Сураи Бақара, ояти 163).

Ва ҳар кас маъбуде ҳамроҳ бо Аллоҳ Таъоло қарор диҳад ва ҳамроҳи Ӯ ибодаташ кунад, улуҳияти он маъбуд ботил аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ 62﴾

(Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ Таъоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ Таъоло баландмартабаи бузург аст). (Сураи Ҳаҷ, ояти 62).

Аз ин сабаб, ҳамаи паёмбарон (алайҳимуссалом) аз Нӯҳ то Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қавмҳои худро ба ягонагии Худо ва махсус Ӯро ибодат кардан даъват мекарданд, бе ширк қарор додани каси дигар бо Ӯ. Худованди Мутаъол ба худоӣ гирифтани мушрикон дигар чизҳоро дар баробари Аллоҳ Таъоло ва онҳоро ибодат кардан ва аз онҳо нусрат ва ёрӣ талабиданашонро бо ду далели ақлӣ ботил гардонидааст:

Аввал: Ин маъбудҳое, ки мушрикон онҳоро бо Худо шарик қарор додаанд, ҳеҷ як аз вижагиҳои улуҳиятро надоранд. Онҳо махлуқанд на офаранда, на қодир ба расонидани манфиат ба парастишгаронашон ва на дафъи зарар аз онҳо ва на соҳиби ҳаёту марг ва на барангехтани онон мебошанд. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗ لَّا يَخۡلُقُونَ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ وَلَا يَمۡلِكُونَ لِأَنفُسِهِمۡ ضَرّٗا وَلَا نَفۡعٗا وَلَا يَمۡلِكُونَ مَوۡتٗا وَلَا حَيَوٰةٗ وَلَا نُشُورٗا 3﴾

(Ва [мушрикон] ба ҷойи Ӯ [Аллоҳ Таъоло] маъбудоне баргузидаанд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд ва молики ҳеҷ зиёну суде барои худ нестанд ва [низ] молики маргу зиндагӣ ва [қодир ба] барангехтани [мурдагон] нестанд 3). (Сураи Фурқон, ояти 3).

Дувум: Ин мушрикон эътироф мекарданд, ки танҳо Аллоҳ Таъоло Холиқ ва Тадбиркунанда аст. Яъне, Офаридгор ва Танзимкунанда аст ва каси дигаре дар ин корҳо бо Ӯ шарик нест. Пас, ин иқрор бояд шоистаи он аст, ки Аллоҳро дар ибодат низ танҳо қарор диҳанд, чунон ки Ӯро дар рубубият танҳо донистанд. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُل لِّمَنِ ٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهَآ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ 84 سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ85 قُلۡ مَن رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ ٱلسَّبۡعِ وَرَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ 86 سَيَقُولُونَ لِلَّهِۚ قُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ 87 قُلْ مَنْ بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ يُجِيرُ وَلَا يُجَارُ عَلَيْهِ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ 88 سَيَقُولُونَ لِلَّهِ قُلْ فَأَنَّى تُسْحَرُونَ 89﴾

([Эй Паёмбар, ба мункирони меод] бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед], замин ва ҳар ки дар он аст, аз они кист?» 84

Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ Таъоло аст». Бигӯ: «Пас, оё панд намегиред?»

85

Бигӯ: «Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори Арши бузург кист?» 86

Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ Таъоло аст». Бигӯ: «Пас, оё [аз Аллоҳ Таъоло] парво намекунед?» 87

Бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед] фармонравоии ҳама чиз ба дасти кист? Ва [кист, ки] паноҳ медиҳад ва касе дар баробари [азоби] ӯ паноҳ надорад?» 88

Хоҳанд гуфт: «[Фармонравоии ҳама чиз] Аз они Аллоҳ Таъоло аст». Бигӯ: «Пас, чи гуна афсун мешавед [ва намеандешед]?» 89) (Сураи Муъминун, оятҳои 84-89). Вақте онҳо ба ягонагии рубубияти Аллоҳ иқрор кунанд, лозим аст, ки Ӯро танҳо ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ дар ибодат шарик қарор надиҳанд.

3- Имон ба номҳо ва сифатҳо:

Яъне: Собит кардани он чизе, ки Аллоҳ барои Худ дар Қуръон собит намудааст. Ё Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар Суннаташ барои Ӯ исбот кардааст, аз номҳо ва сифатҳо, ба ваҷҳе, ки сазовор ба зоти илоҳӣ бошад, бидуни таҳриф ва таътил (бекор донистан), такйиф (чӣ гуна будан) ва на тамсил (монанд кардан ба махлуқот). Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ وَذَرُواْ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ أَسۡمَٰٓئِهِۦۚ سَيُجۡزَوۡنَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ 180﴾

(Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ Таъоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед ва касонеро, ки дар [мавриди] номҳояш ба инҳироф мераванд [ва онҳоро таъвилу таҳриф мекунанд] раҳо кунед. Онон ба [сазои] ончи мекарданд, муҷозот хоҳанд шуд). (Сураи Аъроф, ояти 180). Худованд мефармояд:

﴿‌...لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ﴾

( ... Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ Таъоло нест ва Ӯ шунаво ва биност). (Сураи Шуро, ояти 11).

Анвоъи ширк се қисм аст:

1- Ширки Акбар;

2- Ширки асғар;

3- Ширки хафӣ;

1 - Ширки Акбар.

Меъёри ширк ин аст: баробар донистани ғайри Аллоҳ бо Аллоҳ Таъоло дар чизе, ки аз вижагиҳои Аллоҳ Таъоло аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ 98﴾

(Он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем) (Сураи Шуаро, ояти 98).

Ва он анҷом додани ибодатҳо барои ғайри Аллоҳ Таъолоро дар бар мегирад, ё анҷом додани баъзе аз ибодатҳо барои ғайри Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аст, монанди дуо, истиғоса, назр, забҳ ва дигар навъҳои ибодатҳо.

Ё ин ки ҳалол шумурдани он чиро, ки Аллоҳ Таъоло ҳаром кардааст, ё ҳаром шумурдани он чи ки ҳалол кардааст, ё канор гузоштани он чи ки Аллоҳ Таъоло воҷиб кардааст, монанди ҳалол шумурдани чизе, ки ҳаром будани он ба таври қатъӣ маълум аст, монанди ҳалол пиндоштани зино, майнӯшӣ, нофармонӣ аз падару модар, хӯрдани рибо ва монанди инҳоро дар бар мегирад.

Ё ҳаром донистани покиҳое, ки Аллоҳ Таъоло ҳалол кардааст, ё канор гузоштани он чи Аллоҳ Таъоло воҷиб гардондааст, монанди эътиқод ба ин ки намоз хондан, рӯза гирифтан ва закот додан воҷиб нест.

Ширки акбар барои ҳар касе, ки бар он бимирад (ва тавба накарда бошад) сабаби табоҳ шудани амалҳо ва абадӣ дар ҷаҳаннам мондан мешавад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌...وَلَوۡ أَشۡرَكُواْ لَحَبِطَ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ﴾

( ... ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд). (Сураи Анъом, ояти 88).

Ва касе, ки бар он бимирад Худованд ӯро намебахшад ва биҳишт барояш ҳаром аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُ...﴾

(Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ... ). (Сураи Нисо, ояти 48). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُ...﴾

(Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк оварад, Аллоҳ Таъоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дӯзах аст ...). (Сураи Моида, ояти 72).

2 - Ширки асғар:

Ва он чизест, ки дар матнҳои шариат бо номи ширк ёд шудааст, аммо ба дараҷаи ширки акбар (калон) намерасад. Пас, инро ширки асғар (ширки хурд) меноманд. Монанди савганд ёд кардан ба ғайри Аллоҳ Таъоло, савганд ёд кардан ба Каъба, паёмбарон, амонат ва ҳаёти фалонӣ ва монанди инҳо. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

«مَنْ حَلَفَ بِغَيرِ اللهِ فَقَدْ كَفَرَ أَو أَشرَكَ».

"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".2

Ва мумкин аст ширки асғар ба ширки акбар табдил ёбад, ин вобаста ба он чи дар қалби соҳиби он вуҷуд дорад, марбут аст. Агар касе ба номи паёмбар ё шайхе қасам ёд кунад ва дар қалбаш чунин эътиқод дошта бошад, ки ӯ мисли Худост, ё аз ӯ ба ҷои Худо кумак хоста мешавад, ё ӯ дар кори коинот дахолат дорад, пас ин ширки акбар аст. Аммо агар қасам ба ғайри Худо бо чунин ният набошад, балки танҳо бар забонаш ҷорӣ гардад, ин ширки асғар (ширки хурд) ҳисобида мешавад. Ин ҳолат дар баъзе маҳалҳо бисёр рух медиҳад, бинобар ин, воҷиб аст, ки ба он диққат дода шавад ва аз он ҳазар карда шавад, то тавҳид ҳифз гардад.

3 - Ширки хафӣ (пинҳон):

Ин он чизест, ки дар дилҳо сурат мегирад, мисли риё (намоиши кор барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум). Мисли касе, ки намоз мехонад ё Қуръон мехонад, то мардум ӯро бинанд, ё тасбеҳ мегӯяд, то ӯро таҳсин кунанд, ё садақа медиҳад, то ӯро мадҳ намоянд. Ва ин (риё) амалеро, ки барои он риё кард, ботил мекунад (савобашро аз байн мебарад), вале дигар аъмоле, ки онҳоро танҳо барои Худо анҷом додааст, боқӣ мемонанд.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«الشِّرْكُ فِي هَذِهِ الْأُمَّةِ أَخْفَى مِنْ دَبِيبِ النَّمْلَةِ السَّودَاءِ عَلَى الصَّفَاةِ السَّودَاءِ فِي ظُلْمَةِ اللَّيْلِ، وَكَفَّارَتُهُ أَنْ يَقُولَ: "اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ أَنْ أُشْرِكَ بِكَ شَيْئًا وَأَنَا أَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ مِنَ الذَّنْبِ الَّذِي لَا أَعْلَمُ».

"Ширк дар ин уммат пинҳонтар аз роҳ рафтани мӯрчаи сиёҳ дар торикии шаб аст. Ва каффораи он ин аст, ки бигӯяд: "Аллоҳумма иннӣ аъузу бика ан ушрика бика шайъан ва ана аъламу ва астағфирука мина-з-занбил-лазӣ ло аъламу."

Тарҷума: Илоҳо, ба дурустӣ ман ба Ту паноҳ мебарам аз ин, ки дидаву дониста ба Ту ширк биварзам ва аз Ту омурзиш мехоҳам аз он чи нодониста (аз амалҳои ширки) анҷом додам".3

Навъҳои куфр

Навъи якум: Куфри акбар.

Ин навъи куфр сабаби абадӣ мондани соҳибаш дар дӯзах мешавад. Ва он панҷ навъ аст:

1 - Куфри такзиб:

Эътиқод ва бовари бар ин ки паёмбарон дурӯғгу ҳастанд. Ин дар миёни кофирон кам аст, зеро Худованд паёмбаронашро бо далелҳои равшан ва муъҷизаҳои ошкор дастгирӣ кардааст. Вагарна ҳолати ин такзибкунандагон ингуна аст, ки Худованд онҳоро тавсиф кардааст:

﴿‌وَجَحَدُوا ‌بِهَا ‌وَاسْتَيْقَنَتْهَا أَنْفُسُهُمْ ظُلْمًا وَعُلُوًّا...﴾

(Ва онҳоро аз рӯи ситаму саркашӣ инкор карданд, дар ҳоле ки дилҳояшон ба онҳо яқин доштанд ...) (Сураи Намл, ояти 14).

2 - Куфри ибо ва истикбор (напазируфтан аз рӯйи такаббур):

Ин монанди куфри Иблис аст, зеро ӯ фармони Худоро инкор накард ва рад ҳам накард, балки бо саркашӣ ва такаббур (гиромидоштани нафс) онро напазируфт. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰ وَٱسۡتَكۡبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ 34﴾

([Ёд кун] Ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: "Барои [бузургдошту эҳтиром бар] Одам саҷда кунед"! Пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки худдорӣ кард ва такаббур варзид ва аз кофирон шуд). (Сураи Бақара, ояти 34).

3 - Куфри иъроз (рӯйгардонӣ):

Ин аст, ки инсон гӯшу дилашро аз пайравӣ ба ҳақ бармегардонад, на гӯш медиҳад ва на аҳамияте медиҳад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ22﴾

(Кист ситамгортар аз он ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд дода мешавад, сипас аз он рӯй мегардонад? Бе тардид, Мо аз гунаҳгорон интиқом мегирем). (Сураи Саҷда, ояти 22).

Аммо рӯйгардонии ҷузъӣ фисқ аст, на куфр, монанди касе, ки аз омӯхтани баъзе аз воҷибҳои дин рӯй мегардонад, мисли аҳкоми рӯза, ҳаҷ ва монанди инҳо.

4 - Куфри шак:

Ин (шубҳа ва шак) он аст, ки шахс дудила мешавад ва ба ҳаққи қатъӣ ва яқин пайдо намекунад, балки дар он шак мекунад. Чуноне Худованд фармудааст:

﴿وَدَخَلَ جَنَّتَهُ وَهُوَ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ قَالَ مَا أَظُنُّ أَنْ تَبِيدَ هَذِهِ أَبَدًا 35 وَمَا أَظُنُّ السَّاعَةَ قَائِمَةً وَلَئِنْ رُدِدْتُ إِلَى رَبِّي لَأَجِدَنَّ خَيْرًا مِنْهَا مُنْقَلَبًا 36﴾

(Ва ӯ дар ҳоле ба боғи хеш дохил шуд, ки [ба хотири куфру ғурур] дар ҳаққи хеш ситамгор буд; [пас, ба дӯсташ рӯ оварда] гуфт: «Гумон намекунам, ки ин [боғ] ҳаргиз нобуд гардад 35

Ва гумон намекунам, ки қиёмат барпо гардад; ва агар [қиёмате дар кор бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгарданда шавам, ҳатман, ҷойгоҳе беҳтар аз ин меёбам») (Сураи Каҳф, оятҳои 35-36).

5 - Куфри нифоқ:

Ва он ин аст, ки шахс ба забон имонро изҳор кунад, аммо дар дилаш онро такзиб кунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَمَا هُم بِمُؤۡمِنِينَ 8﴾

(Бархе аз мардум мегӯянд: "Ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон овардаем", дар ҳоле ки имон надоранд). (Сураи Бақара, ояти 8).

Инҳо навъҳои куфри акбар ҳастанд, ки инсонро аз Ислом хориҷ мекунад.

Навъи дувум: куфри асғар:

Ин навъи куфр сабаби ҷовидон мондан дар дӯзах намешавад. Ин навъ он аст, ки дар Китоб ва Суннат бо номи “куфр” зикр шудааст, аммо на бо алиф ва лом (яъне, артикли муайянӣ), балки накира (шакли номуайянӣ) омадааст. Ва мисолҳои он зиёд аст, аз ҷумла: Дар ҳадисе Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:

«اثْنَتَانِ فِي النَّاسِ هُمَا بِهِمْ كُفْرٌ: الطَّعْنُ فِي النَّسَبِ، وَالنِّيَاحَةُ عَلَى المَيِّتِ».

"Ду хислат дар миёни мардум ҳаст, ки онҳо куфр ба шумор мераванд: айбҷӯӣ дар насаб ва нола кардан бар мурда".4

2) Имон ба фариштагон:

Онҳо олами ғайбӣ ҳастанд. Худованд онҳоро аз нур офаридааст. Онон ба ибодат Аллоҳ Таъоло машғул ҳастанд. Онҳо ягон хусусияти рубубият ва улуҳиятро надоранд. Ва онҳо аз фармони Худо сарпечӣ намекунанд. Ва ҳар чи амр карда шаванд, анҷом медиҳанд. Ададшон зиёд аст ва касе ҷуз Худованд теъдодашонро намедонад.

Имон ба фариштагон чаҳор чизро дар бар мегирад:

1 - Имон ба вуҷуди онон.

2 - Имон ба фариштагоне, ки Худованд номҳои онҳоро барои мо зикр кардааст, монанди Ҷабраил, Микоил, Исрофил ва дигарон. Аммо дар мавриди фариштагоне, ки номҳояшонро намедонем, ба таври куллӣ ва иҷмоли ба онон имон меорем.

3- Имон доштан ба он чи ки мо аз сифоти онон медонем, ки дар Қуръону Суннат омадааст. Мисли, сифати Ҷабраил. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят кардааст, ки ӯро бар ҳамон сифат ва шакле дидааст, ки Худованд ӯро халқ кардааст, чунон ки шашсад бол дошта ва уфуқро пӯшонида буд.

4- Имон доштан ба он чи ки мо аз аъмоли онон медонем, аз қабили тасбеҳи Худои Азза ва Ҷалла ва парастишашон шабу рӯз бидуни дилгирию хастагӣ.

Масалан: Ҷабраил амини Худованд бар ваҳй аст.

Ва Исрофил, маъмур ба дамидан дар сур аст.

Малакулмавт, маъмур ба қабзи арвоҳи бандагон ҳангоми фаро расидани маргашон аст.

Молик, дарбони дӯзах. Ризвон, дарбони биҳишт ва дигарон.

3) Имон ба китобҳо:

Мақсад аз китобҳо, китобҳои осмонӣ аст, ки Худованд бар паёмбаронаш барои ҳидояти башарият ва аз раҳмату меҳрубонии Аллоҳ бар онҳо, то ба саодати ду олам даст ёбанд, нозил кардааст.

Имон ба китобҳо чаҳор чизро дар бар мегирад:

1 - Имон ба ин ки он китобҳо дар ҳақиқат аз назди Аллоҳ Таъоло нозил шудаанд.

2 - Имон ба китобҳое, ки Аллоҳ Таъоло аз онҳо ном бурдааст, монанди Қуръон, ки бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст. Таврот, ки бар Мусо (алайҳиссалом) нозил шудааст. Инҷил, ки бар Исо (алайҳиссалом) нозил шудааст. Ва Забур, ки ба Довуд (алайҳиссалом) дода шудааст.

Аммо он китобҳое, ки номҳои онҳоро намедонем, ба шакли куллӣ ва иҷмолӣ ба онҳо имон меоварем.

3 - Тасдиқи он чи ин китобҳо хабар додаанд, монанди хабарҳои Қуръон ва хабарҳои таҳрифнашудаи китобҳои пешин.

4 - Амал ба он аҳкоме, ки мансух нашудааст, бо розигӣ ва таслим нисбат ба онҳо, чи ҳикмати онҳоро бифаҳмем ё нафаҳмем. Ва ҳама китобҳои пешин бо Қуръони Карим мансух шуданд. Бинобар ин, бо ҳеҷ ҳукме аз аҳкоми китобҳои пешин амал кардан ҷоиз нест, магар он аҳкоме, ки дуруст будани он собит шуда бошад ва Қуръони Карим бо суннати набавӣ онро таъйид карда бошад.

4) Имон ба паёмбарон (алайҳимуссалом):

"Русул" ҷамъи "расул" аст (ба маънои фиристода шуда) ва ба касе (расул гуфта мешавад,) ки бар ӯ шариат ваҳй шуда ва ба таблиғи он амр шуда бошад. Аввалини онҳо Нӯҳ (алайҳиссалом) ва охиринашон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ҳамаи онҳо башар ва махлуқ ҳастанд. Ягон хусусияти рубубият ва улуҳият дар онҳо вуҷуд надорад.

Имон ба паёмбарон чаҳор чизро дар бар мегирад:

1 - Имон ба ин ки рисолати онон ҳақ ва аз назди Аллоҳ Таъоло аст. Пас, ҳар касе ба рисолати яке аз онҳо кофир шавад, ба ҳамаашон кофир шудааст.

2 - Имон ба касоне аз онон, ки номҳояшонро медонем, монанди Муҳаммад, Иброҳим, Мусо, Исо ва Нӯҳ (алайҳимуссалоту вассалом), ки паёмбарони улулъазм ҳастанд.

Аммо дар бораи он паёмбароне, ки номҳояшонро намедонем, ба шакли иҷмолӣ ба онон имон меоварем. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلٗا مِّن قَبۡلِكَ مِنۡهُم مَّن قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّن لَّمۡ نَقۡصُصۡ عَلَيۡكَ...﴾

(Пеш аз ту низ паёмбароне фиристодаем, ки [саргузашти] бархе аз эшонро бароят ҳикоят кардаем ва бархе дигарро ҳикоят накардаем ...) (Сураи Ғофир, ояти 78).

3 - Тасдиқи ҳар хабаре, ки додаанд ва барои мо аз роҳи саҳеҳ ва дуруст расидааст.

4 - Амал кардан ба шариати паёмбаре, ки ба сӯи мо фиристода шудааст ва ӯ охирини паёмбарон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст.

5) Имон ба рӯзи охират:

Қиёмат рӯзе аст, ки мардум барои ҳисобу китоб ва подош барангехта мешаванд. Рӯзи Қиёматро барои он "Рӯзи охир" номидаанд, ки чун пас аз он дигар рӯз нест, он рӯзест, ки аҳли биҳишт дар ҷойҳои худ қарор мегиранд ва аҳли дӯзах низ дар ҷойҳои худ.

Имон ба рӯзи охират се чизро дар бар мегирад:

А - Имон ба баъс (растохез):

Он зинда шудани мурдагон ҳангоми дамидани дувум дар сур аст. Мардум дар он рӯз барои Парвардигори ҷаҳониён ба по мехезанд, побараҳна, урёну белибос ва хатна нашуда ҳастанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿كَمَا بَدَأْنَا أَوَّلَ خَلْقٍ نُعِيدُهُ ‌وَعْدًا ‌عَلَيْنَا إِنَّا كُنَّا فَاعِلِينَ 104﴾

( [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод). (Сураи Анбиё, ояти 104).

Б - Имон ба ҳисобу китоб ва подош:

Банда барои амалҳояш ҳисобу китоб шуда, подош ё ҷазо мегирад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ 25 ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم 26

(Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост 25

Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост 26). (Сураи Ғошия, оятҳои 25-26).

В - Имон ба биҳишт ва дӯзах:

Ин ки биҳишт ва дӯзах, оқибати абадии махлуқот мебошанд. Биҳишт хонаи неъмат аст, ки Аллоҳ Таъоло барои муъминон ва парҳезгороне омода кардааст, ки аз Аллоҳ ва Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармонбардорӣ кардаанд. Дар он чизҳое ҳаст, ки на чашме дидааст, на гӯше шунида ва на ба дили инсоне хутур кардааст.

Ва аммо дӯзах, саройи азоб аст, ки Аллоҳ Таъоло онро барои кофироне, ки ба Худо куфр варзиданд ва аз фармони паёмбаронаш сарпечӣ карданд, омода намудааст. Дар он (ҷаҳаннам) анвои азобу уқубатҳоест, ки ба хаёли инсон ҳам намеояд.

6) Имон ба тақдири неку бад:

Мақсад аз тақдир ин аст: Тақдири Аллоҳ Таъоло барои он чи дар ҳастӣ рух медиҳад, тибқи илми пешакии Ӯ ва мувофиқи ҳикматаш аст.

Имон ба тақдир чаҳор чизро дар бар мегирад:

1- Илм: Яъне имон доштан ба илми Аллоҳ Таъоло, ки Ӯ ҳама чизро медонад, он чи будааст ва он чи хоҳад буд ва чӣ гуна хоҳад буд ва ин ки Ӯ огоҳ ба куллиёт ва ҷузъиёт буда, илмаш азалӣ ва абадӣ аст. Аллоҳ Таъоло огоҳ ва доно аст ба ҳар он чи ки ҳанӯз анҷом нашудааст ва агар ҳам шавад чӣ гуна мешавад, ҳамаро медонад. Чунон ки Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿‌وَلَوۡ رُدُّواْ لَعَادُواْ لِمَا نُهُواْ عَنۡهُ ...﴾

(ва агар [ҳам ба дунё] бозгардонда шаванд, бе тардид ба он чи аз он наҳй шуда буданд, бозмегарданд ...) (Сураи Анъом, ояти 28).

2- Навиштани аъмол: Яъне, Аллоҳ Таъоло тақдироти ҳар чизро то рӯзи қиёмат навиштааст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ 70

(Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ Таъоло он чиро дар осмон ва замин аст медонад? Бе гумон [ҳамаи] инҳо дар китобе [сабт] аст. Мусалламан, ин [кор] бар Аллоҳ Таъоло осон аст). (Сураи Ҳаҷ, ояти 70).

3- Машият (ирода): Яъне, имон овардан ба он ки дар ин олам танҳо он чизе, ки Аллоҳ Таъоло хоста бошад, он рӯй медиҳад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُ ...﴾

(Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад ...) (Сураи Қасас, ояти 68). Ва инсон машияте (иродае) дорад, ки аз машияти Аллоҳ берун нест, чунон ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ 29

(Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад). (Сураи Таквир, ояти 29).

4- Офариниш ва халқ: Имон ба он ки Аллоҳ Таъоло махлуқот ва амалҳои хубу бади онҳоро офарида аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ 62

(Аллоҳ Таъоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст). (Сураи Зумар, ояти 62).

Ва ин маротиби чаҳоргона дар ин байт ҷамъоварӣ шудааст:

Илм, китобат, мавлои мо ва машияти Ӯ,

Халқи Ӯ, ки ҳамон эҷод ва пайдоиш аст.

Мабҳаси севум: Эҳсон:

Эҳсон, як рукн дорад ва он ин аст, ки Аллоҳро чунон ибодат кунӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро намебинӣ, (бидон, ки) Ӯ туро мебинад.

Яъне, инсон бояд он ибодатеро анҷом диҳад, ки Худованд аз ӯ хостааст. Ва онро чунон анҷом диҳад, ки гӯё дар пешгоҳи Аллоҳ Азза ва Ҷалла истодааст. Ин маънои онро дорад, ки бояд инсон бо тарси комил ва баргашт (иноба) ба сӯи Худованди Мутаъол бошад. Инчунин бояд ибодатро мувофиқи суннати Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) анҷом диҳад.

Эҳсон ду дараҷа дорад, ва некӯкорон дар эҳсон дар ду мақоми мутафовит қарор доранд:

Мақоми аввал, ки болотарин мақом аст, мақоми мушоҳида аст. Ва он ин аст, ки банда амалашро ба гунае анҷом диҳад, ки гӯё бо қалбаш Аллоҳ Азза ва Ҷалларо мебинад, пас қалбаш бо имон рӯшан мегардад, то ҷое, ки ғайб барояш мисли аён (равшан) мегардад.

Мақоми дувум: Мақоми ихлос ва муроқаба (назорат). Ва он ин аст, ки банда доимо дар ёдаш дошта бошад, ки Худованд ӯро мебинад ва ба ҳамаи корҳояш огоҳ аст. Пас, вақте чунин эҳсосро дар дил дошта бошад, аъмолашро танҳо барои ризоияти Аллоҳ ва мухлисона анҷом медиҳад.

Мабҳаси чаҳорум: Хулосаи кӯтоҳе аз усулҳои аҳли суннат ва ҷамоат:

Аввал: Пайравӣ аз Қуръон ва Суннат дар зоҳир ва ботин. Ва муқаддам надонистани сухани ҳеҷ касе аз мардум бар сухани Аллоҳ Таъоло ва сухани Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).

Дувум: Пок нигоҳ доштани дилҳо ва забонҳояшон аз (бадгӯӣ ва кина ба) саҳобагони Расули Худо ((Саллалоҳу алайҳи ва саллам). Онҳо бар ин ақидаанд, ки халифа пас аз Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аввал Абӯбакр, сипас Умар, баъд Усмон ва сипас Алӣ (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ҳастанд.

Сеюм: Дӯст доштани хонадони Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва дӯстӣ бо онҳо ва хонадони он Ҳазрат (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), махсусан солеҳони онҳо.

Чаҳорум: Ба муқобили имомон ва ҳокимон набаромадан, ҳатто агар золим бошанд. Ва барои онҳо дуои салоҳ ва саломатӣ карда мешавад. Ва бар алайҳи онон дуо карда намешавад. Итоат кардан аз онҳо воҷиб ва аз ҷумлаи итоат кардан аз Худованд аст, модоме ки ба гуноҳ ва маъсият фармон надиҳанд. Агар бар гуноҳ ва маъсият амр карданд, дар ин ҳолат аз онҳо итоат карда намешавад. Ва итоат аз онҳо дар корҳои дигар, ки нек аст, боқӣ хоҳад монд.

Панҷум: Тасдиқи каромоти авлиё. Ва он корҳои ғайриоддӣ ва хориқулодае аст, ки Худованд ба дасти онҳо падид меоварад.

Шашум: Онҳо аҳли қибларо бо гуноҳони кабира ва ҳар гуна гуноҳон кофир намедонанд мисли Хавориҷ, балки бародарии имонӣ бо вуҷуди гуноҳ ва маъсият собит мемонад. Ва дар бораи шахси гунаҳкор мегӯянд: Ӯ ба хотири имонаш муъмин ва ба хотири иртикоби гуноҳи кабирааш фосиқ аст.

Фасли дувум: Он чи ба ибодатҳо марбут аст

Мабҳаси якум: Таҳорат:

Таҳорат дар луғат ба маънои покӣ аз палидиҳои ҳиссӣ ва маънавӣ аст.

Дар истилоҳи шаръӣ: Бартараф кардани нопокии маънавӣ ва нест кардани нопокии зоҳирӣ мебошад. Таҳорат калиди намоз аст. Аз ҳамин сабаб, омӯхтани таҳорат яке аз муҳимтарин масъалаҳои динист, ки бар ҳар як мусалмон фарз аст онро биомӯзад ва ба он таваҷҷуҳ намояд.

Якум: Анвои обҳо:

1 - Таҳур, оби пок, ки бо он таҳорат кардан ҷоиз аст, чи бар ҳолати аввалии худ боқӣ монда бошад, монанди обҳои борон, дарёҳо ё баҳрҳо, чи обе, ки чизҳои поке бо он омехта шудааст, вале он чиз бар об ғолиб нашудааст ва номи онро дигар накардааст.

2- Оби нопок, ки истифода аз он ҷоиз нест, на бевузӯӣ бо он рафъ мешавад ва на наҷосатро бо он аз байн бурда мешавад. Ва он обест, ки ранг, бӯй, ё таъмаш бо омехта шудан бо наҷосат тағйир ёфта бошад.

 

Дувум: Наҷосат:

Наҷосат: Олудагии махсус аст, ки вуҷуди он намозро манъ мекунад, монанди пешоб, наҷосат (мадфуъ), хун ва ғайра. Наҷосат метавонад дар бадан, дар макон (ҷои намоз) ва ё дар либос бошад.

Асл дар ашёҳо мубоҳ ва пок будан аст. Пас, ҳар касе, ки даъвои наҷис будани чизеро кунад, бояд далел биёварад. Аз ҷумлаи чизҳое, ки наҷосат нестанд: балғам, арақи инсон ва арақи хар, инҳо поканд, агарчи мумкин аст чиркин ва олуда ба назар расанд. Ҳар чизе, ки наҷосат аст, олуда ва ифлос аст, аммо ҳар олуда ва ифлос наҷосат нест.

Наҷосат се дараҷа дорад:

Якум: Наҷосати ғализ:

монанди, наҷосати зарфе, ки саг онро лесида аст. Тарзи пок кардан: Зарфро ҳафт бор мешӯӣ ва аввалаш бо хок бошад.

Дувум: Наҷосати сабук:

Монанди пешоби кӯдаки ширмак (ки танҳо шир мехӯрад), агар ба либос ё монанди он расад. Ва тарзи пок кардани он бо об пошидан аст, ки ҷои олуда пурра тар шавад ва ниёзе ба молидан ё фишӯрдан нест.

Севум: Наҷосати миёна:

Мисли пешоб ва мадфуи одамӣ ва дигар бештари наҷосатҳо, агар ба замин ё либос ва монанди он бирасанд. Тарзи пок кардани он бо дур кардани худи наҷосат агар ҷирм дошта бошад, ва поксозии ҷояш бо об ё дигар василаҳои тозакунӣ сурат мегирад.

Аз ҷумлаи чизҳое, ки далели шаръӣ бар наҷосат будани он вуҷуд дорад:

1 - Пешоб ва мадфуи одамӣ.

2 - Мазӣ ва вадӣ (5).5

3 - Наҷосати (поруи) ҳайвоноте, ки гушташон хӯрда намешавад (мисли хар, гурба ва ғайра).

4 - Хуни ҳайз ва нифос.

5 - Оби даҳони саг.

6 - Худмурда, ба ҷуз инҳо:

А - Инсон агар мурд.

Б - Моҳӣ ва малах.

В - Мурдаи чизҳое, ки хуни ҷорӣ надоранд, монанади пашша, мӯрча, занбӯр ва монанди инҳо.

Д- Устухон, шох, нохун, мӯй ва парҳои мурда.

Тарзи пок кардани наҷосат:

1- Бо об, ки он асл дар пок кардани наҷосатҳост ва ба чизе ҷуз он рӯ оварда намешавад.

2- Он чизе, ки шариат дар сифати поксозии ашёи наҷис ё олудашуда (мутанаҷҷиса) овардааст:

А - Пусти ҳайвони мурда бо даббоғӣ пок карда мешавад.

Б - Пок кардани зарфе, ки саг аз он лесида аст, онро ҳафт бор мешӯянд, аввалинаш бо хок.

В - Пок кардани либос аз хуни ҳайз бо шакидан анҷом мешавад, сипас бо нуги ангуштон ва об шустан, сипас пошидани об бар он. Агар баъд аз ин осоре бимонад, зарар надорад.

Г - Нопокии домани либоси зан ба замини поке, ки бар болои он меравад, пок мешавад.

Д - Пок кардани либос аз пешоби писари ширхора бо пошидани об ва аз духтар бо шустан сурат мегирад.

С - Пок кардани либос аз мазӣ бо пошидани об ба ҷойи олудашуда анҷом мешавад.

Ҳ - Пок кардани зери мӯза ё пойафзол бо шакидани он ба замини пок мешавад.

З - Замин аз наҷосат бо резондани сатили об ба ҷойи олуда, ё бо тарки он то хушк шуданаш аз офтоб ё шамол пок мешавад. Ҳамин ки асари наҷосат дур шавад, замин пок ҳисоб мешавад.

Севум: Амалҳое, ки барои шахси бе таҳорат (муҳдис) ҳароманд:

Чизҳое, ки барои шахс дар ҳолати ҳадаси хурд ё калон буда, ҳаром ҳастанд:

1 - Намоз, хоҳ фарз бошад ё нафл. Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:

«لَا يَقْبَلُ اللَّهُ صَلَاةً بِغَيْرِ طُهُورٍ».

"Худованд ҳеҷ намозеро бе таҳорат намепазирад".6

2 - Ламси Қуръон, Ба далели он чи дар номаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Амр ибни Ҳазм, ки дар он чунин омадааст:

«لَا يَمَسُّ الْقُرْآنَ إِلَّا طَاهِرٌ».

"Қуръонро ҷуз инсони пок (бовузӯ) ламс намекунад".7

3 - Тавоф бар хонаи Каъба. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«الطَّوَافُ بِالْبَيْتِ صَلَاةٌ، إِلَّا أَنَّ اللَّهَ أَبَاحَ فِيهِ الْكَلَامَ».

"Тавоф бар хонаи Каъба намоз аст, ҷуз ин ки Аллоҳ Таъоло сухан гуфтанро дар он мубоҳ кардааст".8 Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои тавоф кардан вузӯ гирифтааст. Ва дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зани ҳоизро аз тавоф кардан бар Каъба манъ кардааст, то ин ки пок шавад.

Аммо чизҳое, ки ба вижа барои касе, ки дучори ҳадаси бузург шудааст, ҳароманд, иборатанд аз:

1 - Қироати Қуръон. Ба далели ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу), ки фармудааст: "Ҳеҷ чизе монеи Қуръон хондани ӯ (Яъне, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) намешуд, магар ҷанобат".9

2 - Бе вузӯ дар масҷид мондан. Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡرَبُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنتُمۡ سُكَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَعۡلَمُواْ مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّىٰ تَغۡتَسِلُواْ...﴾

(Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли мастӣ ба намоз наистед, то замоне ки бидонед чӣ мегӯед ва [ҳамчунин] ҳангоме ки ҷунуб ҳастед, то ғусл накардаед, ба намоз [ва масҷид] наздик нашавед, магар он ки раҳгузар бошед ...) (Сураи Нисо, ояти 43).

Пас, ҳар касе, ки ҷунуб бошад ва вузӯ гирад, барояш ҷоиз аст, ки дар масҷид бимонад. Ҳамчунин, барои чунин шахс ҷоиз аст, ки танҳо барои гузаштан аз дохили масҷид убур кунад, ба шарте, ки дар он нанишинад.

Чаҳорум: Одоби қазои ҳоҷат:

Ҳангоми қазои ҳоҷат ин амалҳо мустаҳаб ҳастанд:

1- Дур шудан ва пинҳон шудан аз мардум ҳангоми қазои ҳоҷат.

2 - Гуфтани дуои маснун ҳангоми даромадан, ки он иборат аст аз:

«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الْخُبْثِ وَالْخَبَائِثِ».

"Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ал-хубси ва ал-хабоис" (Худоё ман паноҳ мебарам ба Ту аз палидӣ ва нопокиҳо, (ё шайтонҳои нар ва мода)).10

Он чи ҳангоми қазои ҳоҷат воҷиб аст:

1 - Пок кардан аз пешоб (то либос ва бадан олуда нашавад).

2 - Пӯшондани аврат.

Амалҳое, ки ҳангоми қазои ҳоҷат ҳаром аст:

1 - Рӯй ба қибла ё пушт ба қибла кардан.

2 - Қазои ҳоҷат дар роҳҳои мардум ва маконҳои умумӣ.

3 - Пешоб кардан дар оби истода.

Амалҳое, ки ҳангоми қазои ҳоҷат макруҳ аст:

1 - Даст задан ба олати таносулӣ бо дасти рост, ҳангоми қазои ҳоҷат.

2 - Ба дасти рост бо об ё сангу кулӯх пок кардан.

3 - Сухан гуфтан ҳангоми қазои ҳоҷат макруҳ аст, хусусан агар зикри Аллоҳ Азза ва Ҷалла бошад.

Панҷум: Аҳкоми истинҷо ва истиҷмор:

Истинҷо: пок кардан (тоза кардани) осори хориҷшуда аз ду роҳи табиӣ (қазои ҳоҷат) бо об.

Истиҷмор: тоза кардани осори хориҷшуда аз ду роҳи табиӣ бо ғайри об, мисли сангҳо (кулӯхҳо) ё дастмолҳо (салфетка).

Шартҳои он чизе, ки дар истиҷмор истифода бурда мешавад:

1- Мубоҳ бошад.

2 - Пок бошад.

3 - Поккунанда бошад.

4 - Устухон ё мадфуъ (пору) набошад.

5- Бояд бо чизе, ки муҳтарам аст, истиҷмор нашавад, монанди варақҳое, ки номи Худованд дар онҳо навишта шудааст.

Иктифо кардан бо истиҷмор ба ду шарт ҷоиз аст:

1- Он чизе, ки аз роҳҳои табиӣ берун мешавад, набояд аз ҷойи маъмули худ фаротар равад.

2- Истиҷмор бояд бо се санги (кулӯх) поккунанда ё бештар аз он анҷом дода шавад.

Шашум: Аҳкоми вузӯ:

Барои се ибодат вузӯ гирифтан воҷиб аст:

1 - Намоз, хоҳ намози фарз бошад ё нафл.

2 - Ламси Қуръон.

3 - Тавоф.

Шартҳои вузӯ:

1 - Ислом.

2 - Ақл.

3 - Тамйиз (Яъне фарқ кардани кӯдак байни некӣ ва бадӣ, ё фаҳмидани ҳарф ва амал).

4 - Ният, ҷои он дил ва талаффуз карданаш бидъат аст. Ҳар касе, ки иродаи вузӯ гирифтан кунад, ният кардааст. Аммо шустани узвҳои вузӯ ба нияти хунук шудан ё пок шудан, вузӯ ҳисоб намешавад.

5- Пайгирии ҳукми он, яъне то ба анҷом расидани вузӯи худ, ният накунад, ки онро қатъ кунад.

6 - Ба поён расидани чизе, ки вузӯро воҷиб намудааст. Ва аз он истисно мешавад, касе, ки салисулбавл (доимо пешобаш мерезад) ва зане, ки дар ҳолати истиҳоза (хунравии ғайри муқаррарӣ) аст.

7 - Истинҷо ё истиҷмор пеш аз вузӯ барои касе, ки аз ӯ пешоб ё мадфуъ хориҷ шудааст.

8 - Пок ва ҳалол будани об.

9 - Аз байн бурдани ҳар чизе, ки монеи расидани об ба пӯст мешавад.

10 - Даромадани вақти намоз барои касе, ки ҳамеша дучори бевузӯгӣ мешавад.

Фарзҳои вузӯ:

1 - Шустани рӯй, мазмаза ва истиншоқ низ аз он аст.

2 - Шустани дастон то оринҷ бо ҳамроҳи оринҷҳо.

3 - Масҳи ҳамаи сар, гӯшҳо низ аз ҷумлаи он аст.

4 - Шустани пойҳо бо ҳамроҳии буҷулакҳо.

5 - Тартиб байни узвҳои вузӯ.

6- Муволот (Пайдарпайӣ): Набояд миёни шустани аъзои вузӯ фосилаи тӯлонӣ бошад.

Тарзи вузӯ кардан:

1 - Бисмиллоҳ гуфтан.

2 - Шустани дастон то банди даст, се бор.

3 - Се бор шустани рӯй ва инчунин мазмаза ва истиншоқ кардан.

4 - Шустани дастон то оринҷ се бор, аз дасти рост оғоз намудан, сипас дасти чап.

5- Масҳи сар ҳамроҳи гӯшҳо.

6 - Шустани пойҳо бо ҳамроҳии буҷулакҳо се бор, аз пои рост оғоз намудан, сипас пои чап.

Шиканандаҳои вузӯ:

1- Он чи аз ду роҳ (пасу пеши инсон) хориҷ мешавад, монанди пешоб, бод ва наҷосат.

2- Баромадани миқдори зиёди чизи нопок аз бадан.

3 - Заволи ақл бо хоб ва ғайра.

4- Даст расондан ба узви шармгоҳ, хоҳ пеш бошад ё пас, бе монеа (бевосита).

5 - Хӯрдани гушти шутур.

6- Ридда, баргаштан аз Ислом (куфр гуфтан ё анҷом додани амали куфромез). Худованд мо ва ҳамаи мусалмононро аз он паноҳ диҳад.

Ҳафтум: Аҳкоми масҳ бар хуфҳо (маҳси, мӯза) ва ҷуробҳо:

1- Хуф (мӯза) бар чизе гуфта мешавад, ки аз пуст ё монанди он сохта шуда, ба пойҳо пӯшида мешавад.

2- Ҷӯроб аз порча, пашм, пахта ё монанди онҳо сохта шуда, барои пӯшидани пойҳо истифода мешавад.

Шартҳои масҳ кашидан бар он ду:

1 - Онҳоро баъди таҳорати комил бипӯшад.

2 - Ҳарду пойро ҳамроҳи буҷулакҳо бипӯшонад.

3 - Пок бошанд.

4 - Масҳ дар муддати муайяншуда бошад.

5 - Масҳ дар ҳолати вузӯ бошад, на ғусл.

6- Маҳсӣ (мӯза) ё монанди он бояд ҳалол бошад; пас агар он ғасбшуда ё барои мард аз абрешим бошад, масҳ кардан бар он ҷоиз нест, зеро бо чизе, ки ҳаром аст, рухсат (яъне сабукии динӣ) ҳалол намегардад.

Муддати масҳ:

Муддати масҳ барои муқим як шабонарӯз аст ва барои мусофир се шабонарӯз.

Тарзи масҳ кашидан:

Дастро бо об тар мекунад ва рӯйи ҷӯроб ё мӯзаро аз ангуштони пой то болои пошна як бор масҳ мекунад.

Ботилкунандаҳои масҳ:

1 - Поёни муддати масҳ.

2 - Баровардани ҷуробҳо ё яке аз онҳоро.

3 - Ҷунуб шудан.

Ҳукми масҳ бар масҳӣ (мӯза, ҷуроб):

Ин як рухсат (сабукӣ) аст ва амал карданаш беҳтар аст аз баровардани кафшҳо ва шустани пойҳо, зеро ин бо иҷозати Худованд аст ва пайравӣ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мебошад, ҳамчунин мухолифат кардан бо аҳли бидъат аст.

3 - Масҳ бар ҷабираҳо, захмбандҳо ва часпонҳо:

Ҷабира, он чизест, ки барои бастани шикастагӣ истифода мешавад, мисли гипс, чӯбчаҳо ва монанди онҳо.

Захмбанд (Асоиб), ба порчае мегӯянд, ки бо он болои захм, латхӯрда ё сӯхтаро мебанданд; аз пашм ё матоъ, бинт ва монанди он аст.

Часпонҳо, он чизест, ки рӯи захмҳо ё доғҳо часпонда мешавад барои табобат.

Ҳукми масҳ бар онҳо:

Ҷоиз аст вақте ки ниёз ба боқӣ мондани онҳо бошад, ба шарте ки аз ҷои зарурӣ бештар набошанд.

Аммо вақте ба онҳо ниёз набошад, ё бо гирифтани онҳо машаққату зиёне набошад, ҷоиз нест.

Тарзи масҳ кашидан бар онҳо:

Атрофашро мешӯяд ва онро (ҷабира, асоба, часпон) аз ҳама тараф масҳ мекашад. Ва он чизе, ки зиёда аз ҷои вузӯ аст, масҳ намекашад.

Ҳаштум: Аҳкоми таяммум:

Таяаммум: иборат аз масҳ кардани рӯй ва ду кафи даст бо хок, бо нияти таҳорат, ба тарзи махсус мебошад.

Ҳукми он:

Таяаммум дар ҳолати набудани об ё нотавонӣ дар истифодаи он, ба ҷои таҳорат ё ғусл воҷиб мегардад.

Ҳикмат аз машруияти он:

Таяммум аз вижагиҳои уммати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст. Таяммум дар умматҳои пешин шинохта нашуда буд, аммо Худованд барои осонӣ бар ин уммат ва некӣ дар ҳаққи он, барояш таяммумро машруъ гардонид.

Ҳолатҳое, ки таяммум кардан дар он ҷоиз аст:

1- Агар об набошад, чи дар шаҳр бошад чи дар сафар ва обро ҷустуҷӯ кунад, вале наёбад.

2- Агар ҳамроҳи шахс обе бошад, ки барои нӯшидан ё пухтупаз ниёз дорад ва агар онро барои таҳорат истифода барад, ниёзҳои асосияшро бароварда наметавонад, масалан, агар аз ташнагӣ барои худ ё шахси дигар ё чорвои муътабар тарсад.

3- Агар тарсад, ки истифодаи об ба ҷисмаш зарар мерасонад. Масалан, боиси бемор шудан ё дер шифо ёфтан мегардад.

4- Агар касе беморие дошта бошад, ки натавонад ҳаракат кунад ва обро истифода барад ва касе ҳам ҳамроҳаш нест, ки ӯро вузӯ бидиҳад ва тарсад, ки вақти намоз мегузарад.

5- Агар тарсад, ки бо истифодаи об сармо мехӯрад ва чизе наёбад, ки бо он обро гарм кунад, таяммум карда намозро бихонад.

Тарзи таяммум кардан:

Бо ду даст ва ангуштони кушода, ба хок як зарба зада, сипас рӯйро бо дохили ангуштон масҳ мекунад ва бо кафи дастон ҳарду дастро то оринҷ масҳ мекашад ва ба таври комил рӯй ва дастонро бо масҳ фаро мегирад. (Яъне таяммукунанда ду дасти худро ба замин зада, тамоми рӯяшро масҳ мекашад, сипас бори дувум дастонашро зада, дасти росташро аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чапаш, пасон дасти чапашро бо дасти рост то охири оринҷ масҳ мекашад).

Ботилкунандаҳои таяммум:

1 - Ёфт шудани об, агар таяммум ба хотири набудани об бошад. Ё тавоноӣ ба истифодаи об, агар таяммум барои нотавонӣ дар истифодаи об бошад.

2- Таяммум бо яке аз корҳои ботилкунандаи вузӯ, ё бо яке аз сабабҳои фарз шудани ғусл, мисли ҷанобат, ҳайз ё нифос, ботил мегардад.

Ҳукми касе, ки тавоноии истифода бурдан аз об ва таяммумро надорад:

Агар обу хок дастрас набошад, ё шахс ба ҳолате расида бошад, ки натавонад бо об ё хок пӯсти худро ламс кунад, пас намозро мувофиқи ҳолаш мехонад, бе вузӯ ва бе таяммум, зеро Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунад. Агар баъдан об ё хок ёфт шавад, ё тавони истифодаи онҳоро пайдо кунад, намозе, ки қаблан хонда буд, дубора хонда намешавад; зеро он чиро, ки ба ӯ амр шуда буд, ба ҷо овардааст. Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿...فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ مَا ٱسۡتَطَعۡتُمۡ...﴾

(Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед ...) (Сураи Тағобун, ояти 16). Ва ба далели фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам):

«إِذَا أَمَرْتُكُمْ بِأَمْرٍ فَأْتُوا مِنْهُ مَا اسْتَطَعْتُمْ».

"Ҳар гоҳ шуморо ба коре амр намудам, дар ҳадди тавонатон анҷомаш диҳед".11

Фоида: Агар пас аз ҷанобат таяммум кард, сипас об ёфт, ғусл мекунад.

Нуҳум: Аҳкоми ҳайз ва нифос:

Якум: Ҳайз:

Ҳайз, хуни табиӣ ва фитрӣ аст, ки аз умқи бачадон дар вақти муайян хориҷ мешавад. Ғолибан ҳар моҳ шаш ё ҳафт рӯз хориҷ мешавад, аммо мумкин аст зиёд ё кам гардад. Моҳи зан метавонад дароз ё кӯтоҳ гардад, тибқи он табиате, ки Худои Таъоло барои ӯ муқаррар намудааст.

Аҳкоми ҳайз:

1- Ҳоиз (зани дар ҳолати ҳайз) дар вақти ҳайз наметавонад намоз хонад ва на рӯза гирад ва агар анҷом ҳам диҳад, дуруст нест.

2- Вақте ки ҳоиз пок мешавад, рӯзаро қазо медорад, вале намозҳоро не.

3- Ба ӯ ҷоиз нест, ки тавоф (дар атрофи Каъба) кунад, на Қуръон бихонад, ва на дар масҷид нишинад. 4- Ба шавҳараш ҳаром аст, ки бо ӯ ҳамбистарӣ (алоқаи ҷинсӣ) дар фарҷ кунад, то он ки ҳайз қатъ шавад ва ғусл кунад.

5- Ба шавҳари ҳоиз ҷоиз аст, ки ғайр аз алоқаи ҷинсӣ дар фарҷ, аз ӯ лаззат барад, мисли бӯсидан, ламс кардан ва монанди инҳо.

6- Ба шавҳар ҷоиз нест, ки занашро дар ҳолати ҳайз талоқ диҳад.

Туҳр (покӣ) ин қатъ шудани хун аст. Ҳар вақте ки хун қатъ шуд, зан пок шудааст ва муҳлати ҳайзаш ба поён расидааст, бар ӯ воҷиб аст, ки ғусл кунад ва амалҳоеро, ки барояш дар вақти ҳайз манъ шуда буданд, иҷро кунад.

Агар зан пас аз пок шудан (пас аз қатъ шудани ҳайз) ранги торик ё зардранг бубинад, ба он эътибор намедиҳад (ин чизҳо дигар ҳайз ҳисоб намешаванд).

Дувум: Нифос

Нифос, хуне аст, ки бачадон ҳангоми таваллуд ва баъд аз он хориҷ мекунад ва боқимондаи хуне мебошад, ки ҳангоми муддати ҳомилагӣ дар бачадон нигоҳ дошта шудааст.

Нифос монанди ҳайз аст, дар корҳое, ки ҳалол аст, монанди лаззат бурдан аз ҳамсар бидуни ворид кардан дар шармгоҳ.

Ва дар он чизе, ки ҳаром аст, монанди робитаи ҷинсӣ дар фарҷ, манъи рӯза ва намоз, талоқ, тавоф, хондани Қуръон ва дар масҷид мондан. Ҳамчунин воҷиб будани ғусл (шустушӯй) пас аз қатъ шудани хунравӣ, монанди ҳолати ҳойз.

Ва бар ӯ воҷиб аст, ки қазои рӯзаҳои гузаштаро ба ҷо оварад, на намозҳоро, ба монанди зане, ки ҳайз шудааст.

Муддати бештарини нифос чиҳил рӯз аст. Агар пеш аз чиҳил рӯз хуни зани дар нифосбуда қатъ шавад, нифоси ӯ ба охир мерасад, ӯ ғусл мекунад, намоз мехонад ва он чизеро, ки бинобар нифос буданаш манъ шуда буд, идома медиҳад.

Мабҳаси дувум: Намоз

Аввал: Аҳкоми намоз ва иқомат:

Азон дар соли аввали ҳиҷрати Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) машруъ гардид. Сабаби машруъ шуданаш он буд, ки вақте шинохти вақтҳо барои мусалмонон душвор шуд, онҳо машварат карданд, ки барои муайян кардани вақтҳо аломате гузоранд. Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар хоб азонро дид ва ваҳй онро тасдиқ кард.

Азон: хабар додан аз даромадани вақти намоз аст. Иқомат: хабар додан барои оғоз шудани намоз мебошад.

Азон ва иқомат барои ҷамоати мардон дар намозҳои фарзӣ, фарзи кифоя мебошанд. Ва онҳо аз шиорҳои ошкори Ислом ҳастанд, бинобар ин тарки онҳо ҷоиз нест.

Шартҳои Азон:

1 - Муаззин мард бошад.

2 - Азон мураттаб бошад.

3 - Гуфтани лафзҳои азон пай дар пай ва бидуни фосила бошанд.

4 - Азон баъди духули вақти намоз бошад. Аз ин шарт истисно мешавад, азони аввал дар намози бомдод ва намози ҷумъа.

Суннатҳои Азон:

1- Муаззин ангуштонашро дар гӯшҳояш гузорад.

2 - Азон дар аввали вақт гуфта шавад.

3 - Гардонидани рӯй ба тарафи рост ва чап ҳангоми "ҳайя ало..." гуфтан.

4 - Муаззин хушовоз бошад.

5- Он бояд калимаҳои азонро ором ва бо тамкин бигӯяд, бе он ки дар мад ва тӯл додани овоз ифрот кунад.

6 - Пас аз талаффузи ҳар ҷумла таваққуф кунад.

7 - Ҳангоми азон гуфтан рӯй ба қибла бошад.

Азон дорои понздаҳ ҷумла аст. Ҳамон гуна ки Билол (разияллоҳу анҳу) дар ҳузури Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) азон мегуфт.

Лафзҳои Азон:

(Аллоҳу акбар): чаҳор маротиба.

(Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ): ду маротиба.

(Ашҳаду анна Муҳаммадан расуллулоҳ): ду маротиба.

(Ҳайя ъалас-салот): ду маротиба.

(Ҳайя ъалалфалоҳ): ду маротиба.

Сипас (Аллоҳу акбар): ду маротиба.

Ва дар охир як маротиба (Ло илоҳа иллаллоҳ) мегӯяд.

Дар азони намози бомдод баъд аз (Ҳайя ъала-лфалоҳ) (Ассалоту хайрун мина-навм) ду маротиба мегӯяд. Зеро ин вақте аст, ки мардум ғолибан дар хоб ҳастанд.

Иқомат ёздаҳ ҷумла дорад, ки бо шитоб гуфта мешавад, яъне бо суръат хонда мешавад. Зеро мақсади он огоҳ кардани ҳозирон аст, бинобар ин, дар хонданаш оромӣ ва тамкин лозим нест.

Лафзҳои иқомат чунин аст:

(Аллоҳу акбар): ду маротиба.

(Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ): як маротиба.

(Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ): як маротиба.

(Ҳайя ъалас-салот): як маротиба.

(Ҳайя ъалалфалоҳ): як маротиба.

(Қад қоматис-салот): ду маротиба.

(Аллоҳу акбар): ду маротиба.

(Ло илоҳа иллаллоҳ): як маротиба.

Барои касе, ки азонро мешунавад, мустаҳаб аст, ки мисли муаззин бигӯяд, магар дар ҷои (ҳайя ъалас-салот) ва (ҳайя ъалалфалоҳ) мегӯяд: (Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ). Сипас бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) салавот мефиристад. Ва баъд аз азон мегӯяд:

«اللهمّ رَبَّ هَذِهِ الدَّعْوَةِ التَّامَّةِ، وَالصَّلَاةِ القَائِمَةِ، آتِ مُحَمَّدًا الوَسِيلَةَ وَالفَضِيلَةَ، وَابْعَثْهُ مَقَامًا مَحْمُودًا الَّذِي وَعَدْتَهُ، إِنَّكَ لَا تُخْلِفُ الْمِيعَادَ».

"Аллоҳумма рабба ҳозиҳи-д-даъвати-т-томмаҳ, вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата ваб-ъасҳу мақоман маҳмудан аллазӣ ваъадтаҳу".12

Ва мегӯяд:

«رَضِيتُ بِاللَّهِ رَبًّا، وَبِالْإِسْلَامِ دِينًا، وَبِمُحَمَّدٍ ﷺ نَبِيًّا».

"Разийту биллоҳи раббан ва бил-исломи динан ва би Муҳаммадин (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) набийян".13

Баромадан аз масҷид пас аз азон, бе узр ё бе нияти бозгашт ҳаром аст.

Ва ҳангоми ҷамъ кардани ду намоз, як азон ва барои ҳар як намоз як иқомат кофист.

Дувум: Ҷойгоҳи намоз ва фазилати он:

Намоз муҳимтарин рукни ислом баъд аз шаҳодатайн (шаҳодат бар ягонагии Худо ва паёмбарии Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)) мебошад. Он ҷойгоҳи вижае дорад, зеро Худованд онро шаби Исро ва Меъроҷ ба Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар осмон фарз намуд. Ин далолат бар бузургии он ва таъкид бар вуҷуб ва ҷойгоҳи баланди он назди Аллоҳ Таъоло мекунад.

Дар фазилат ва фарз будани намоз барои ҳар шахси мусалмон ҳадисҳои зиёде ворид шудааст. Фарз будани он аз бадиҳиёти қатъӣ ва зарурии дини Ислом аст. (яъне ҳар мусалмон бояд бидонад, ки намоз фарз аст).

Далелҳои зиёде оиди фарз будани намоз ва аҳамияти бузурги он дар Қуръон ва Суннат вуҷуд дорад. Аз ҷумла:

1 - Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿...إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا﴾

( ... [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст). (Сураи Нисо, ояти 103). Яъне, намоз дар вақтҳое фарз аст, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро муайян намудааст.

2 - Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ...﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ...). (Сураи Байина, ояти 5).

3 - Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿فَإِنْ تَابُوا وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَآتَوُا الزَّكَاةَ فَإِخْوَانُكُمْ فِي الدِّينِ...﴾

(Пас, [бо ин ҳол] агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, бародарони динии шумо [мусулмонон] ҳастанд ...). (Сураи Тавба, ояти 11).

4 - Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«إِنَّ بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكُ الصَّلَاةِ».

" Дар ҳақиқат миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст".14

5 - Аз Бурайда (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«العَهْدُ الَّذِي بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمُ الصَّلَاةُ، فَمَن تَرَكَهَا فَقَدْ كَفَرَ».

"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст".15

Олимон иҷмоъ кардаанд, ки ҳар касе фарз будани намозро инкор кунад, кофир аст. Аммо касе, ки намозро аз рӯи танбалӣ ва беаҳамиятӣ тарк кунад, қавли дуруст ин аст, ки ӯ низ кофир мешавад, бар асоси ҳадиси саҳеҳи пешин ва иҷмоъи саҳобаҳо бар он.

Севум: Шартҳои намоз:

1 - Даромадани вақти намоз:

Ба далели ин фармудаи Худованд:

﴿...إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا﴾

( ... [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст). (Сураи Нисо, ояти 103). Яъне, дар вақтҳои муҳаддад ва муайян фарзшудааст.

Вақти намозҳои фарзӣ чунинанд:

1. Фаҷр (бомдод), аз дамидани субҳи содиқ оғоз мешавад, то баромадани офтоб.

2. Зуҳр (пешин) пас аз гузаштани офтоб аз нисфи осмон, то вақте ки сояи ҳар чиз ба андозаи худ шавад.

3. Аср, аз поёни вақти зуҳр то зард шудани офтоб. Вақти изтирорӣ то ғуруби офтоб идома меёбад.

4 - Мағриб (шом), вақти намози шом аз ғуруби офтоб то аз байн рафтани шафақи сурх аст.

5 - Хуфтан, вақти намози хуфтан аз пинҳон шудани шафақи сурх дар уфуқ то нимашаб аст.

2 - Сатри аврат:

Аврат чизест, ки пӯшониданаш воҷиб аст ва намоён шуданаш зишт ҳисобида мешавад ва одам аз он шарм медорад. Аврати мард аз ноф то зону аст. Зани мусалмон дар намоз ҳамаи баданаш аврат аст, ғайр аз рӯяш. Агар назди мардони бегона (ғайри маҳрам) бошад, рӯяшро низ мепӯшонад.

3 - Парҳез аз наҷосат:

Наҷосат: ин ифлосӣ ва олудагии муайян аст, ки худаш сабаби манъ шудани намоз мешавад, монанди пешоб, мадфуъ (наҷосат), хун ва ғайра, ки имкон дорад дар бадан, либос ва ҷои намоз бошад.

4 - Рӯй овардан ба тарафи қибла:

Қибла, ин Каъбаи мушаррафа аст. Барои он ки мардум дар ҳолати ибодат рӯй ба он мекунанд, қибла номида шудааст.

Пас, намоз бе рӯ овардан ба қибла дуруст намешавад. Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿...وَحَيۡثُ مَا كُنتُمۡ فَوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ شَطۡرَهُ...﴾

( ... ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед ...). (Сураи Бақара, ояти 144).

5 - Ният:

Ният дар луғат ба маънои "қасд" аст ва дар шариат қасд ва ирода кардани анҷом додани ибодат ба хотири наздик шудан ба Аллоҳ Таъоло. Маҳалли ният дил аст, пас ба забон гуфтани он лозим нест, балки ин (талаффузи ният ба забон) бидъат аст.

Чаҳорум: Аркони намоз:

Намоз чаҳордаҳ рукн дорад:

Рукни якум: Қиём - рост истодан дар намоз вақте ки тавоноӣ дорад.

Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿‌...وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ﴾

( ... ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ Таъоло ба по хезед). (Сураи Бақара, ояти 238). Инчунин Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«صَلِّ قَائِمًا، فَإِن لَمْ تَسْتَطِعْ فَقَاعِدًا، فَإِن لَمْ تَسْتَطِعْ فَعَلَى جَنْبٍ».

"Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу".16

Агар шахс бо сабаби беморӣ тавони истодан надошта бошад, намозро мувофиқи ҳолаш, нишаста ё ба паҳлӯ хобида мехонад. Ҳамчунин, мисли бемор: шахси тарсон, шахси урён, ё касе ки барои муолиҷа маҷбур аст биншинад ё бихобад, низ аз истодан узр доранд. Инчунин шахсе, ки пушти имом намоз мехонад ва он имом тавони истодан надорад, метавонад бо ӯ нишаста намоз хонад. Агар имом нишаста намоз хонад, намозгузорон низ нишаста намоз мехонанд, пайравӣ аз имоми худ. Намозҳои нафл (суннат)-ро нишаста хондан ҷоиз аст, ҳатто агар тавонои истодан ҳам дошта бошад, аммо савоби нишаста хондан мисли савоби истода хондан нахоҳад буд.

Рукни дувум: Такбири таҳрима, дар аввали намоз:

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«ثُمَّ اسْتَقْبِلِ الْقِبْلَةَ، وَكَبِّرْ».

"Сипас рӯй ба қибла карда такбир бигӯ".17

Равиши он ин аст, ки бигӯяд: "Аллоҳу акбар" ва чизе ғайр аз ин дуруст нест.

Рукни севум: Хондани сураи Фотиҳа:

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«لَا صَلَاةَ لِمَنْ لَمْ يَقْرَأْ بِفَاتِحَةِ الْكِتَابِ».

"Касе сураи Фотиҳаро нахонад, намоз нахондааст".18

Рукни чаҳорум: Рукуъ кардан дар ҳар ракаъат:

Худованд мефармояд:

﴿يَاأَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ارْكَعُوا وَاسْجُدُوا...﴾

(Эй касоне, ки имон овардаед, рукуъ кунед ва саҷда гузоред ...). (Сураи Ҳаҷ, ояти 77).

Рукни панҷум ва шашум:

Бархостан аз рукуъ ва рост истодан ба мисли ҳолате, ки қабл аз рукуъ дошт, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша ин амалро анҷом медод.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба касе, ки дар намозаш хато карда буд, фармуд:

«ثُمَّ ارْفَعْ حَتَّى تَعْتَدِلَ قَائِمًا».

"Сипас бархез то ин ки истода ором ёбӣ".19

Рукни ҳафтум: Саҷда кардан бар ҳафт узв:

ки иборатанд аз: пешонӣ бо ҳамроҳи бинӣ, ду даст, ду зону ва ангуштони ҳарду по. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«أُمِرْنَا أَنْ نَسْجُدَ عَلَى سَبْعَةِ أَعْظُمٍ: الجَبْهَةِ، وَأَشَارَ بِيدِهِ عَلَى أَنْفِهِ، وَالكَفَّيْنِ، وَالرُّكْبَتَيْنِ، وَأَطْرَافِ القَدَمَيْنِ».

"Ба мо амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунем: пешонӣ (ва бо дасташ ба бинӣ ишора кард), ду каф, ду зону ва ангуштони ду по".20

Рукни ҳаштум: Бархостан аз саҷда ва нишастан байни ду саҷда:

Ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки фармуд:

«كَانَ النَّبِيُّ ﷺ إِذَا رَفَعَ رَأْسَهُ مِنَ السَّجْدَةِ، لَمْ يَسْجُدْ حَتَّى يَسْتَوِيَ جَالِسًا».

"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) вақте сар аз саҷда бармедошт, то нишастанашро комил намекард, ба саҷдаи дигар намерафт".21

Рукни нуҳум: Оромӣ дар ҳамаи рукнҳои намоз:

Яъне ором будан (оромии бадан) ҳарчанд андаке ҳам бошад. Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи касе, ки намозашро хато хонда буд омадааст:

«حَتَّى تَطْمَئِنَّ».

"То он даме, ки ором гирӣ".22

Рукнҳои даҳум ва ёздаҳум:

Ташаҳҳуди охир ва нишастан дар он: Ба далели ҳадиси Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ки аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят кардааст:

«إِذَا صَلَّى أَحَدُكُمْ فَلْيَقُلْ: التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ، السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ، السَّلَامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ».

"Ҳар гоҳ яке аз шумо намоз гузорад, бигӯяд: "Аттаҳиёту лиллоҳи вас-салавоту ват-тайибот. Ассалому ъалайка ай-юҳан-набию ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу".23

Рукни дувоздаҳум: Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ташаҳҳуди охир:

Чунин мегӯӣ:

«اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ».

"Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад".24 Он чи аз ин бештар гуфта шавад, суннат маҳсуб мешавад.

Рукни сенздаҳум: Тартиб миёни рукнҳо:

Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро бо тартиб анҷом медод. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«صَلُّوا كَمَا رَأَيْتُمُونِي أُصَلِّي».

"Намоз бихонед, ҳамчуноне, ки маро дидед намоз мехонам (Мисли ман намоз хонед)".25 Бо тартиб анҷом додани ин рукнҳоро (Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)) ба шахсе, ки дар намоз хато мекард, бо калимаи «сумма» (яъне, пас аз он…) ба таври тартибӣ ёд дод.

Рукни чаҳордаҳум: Салом додан:

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

««‌وَخِتَامُهَا ‌التَّسْلِيمُ».

" Ва дар поёни намоз салом додан аст". Дар ҷои дигар мефармояд:

«وَتَحْلِيلُهَا التَّسْلِيمُ».

"Ва ҳалол шудани он салом додан аст".26

Панҷум: Воҷиботи намоз:

Намоз ҳашт воҷиб дорад:

1 - Ҳама такбирҳои намоз ғайр аз такбири таҳрима воҷиб аст.

2- Гуфтани "Субҳона раббиялъазим" ҳангоми рукуъ, як маротиба. Се бор гуфтанаш суннат аст, ки ин поинтарин ҳадди камол аст, то даҳ маротиба гуфтанаш ҳадди болотарини он аст.

3 - Гуфтани "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" дар ҳоли бархостан аз рукуъ, барои имом ва танҳогузор.

4 - Гуфтани "Раббано ва лакал-ҳамд" ҳангоми рост истодан баъд аз рукуъ.

5 - Гуфтани "Субҳона раббиял-аъло" дар саҷда, як маротиба, се бор гуфтанаш суннат аст.

6 - Гуфтани "Раббӣ иғфир лӣ" байни ду саҷда як маротиба, се бор гуфтанаш суннат аст.

7 - Ташаҳҳуди аввал:

«التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ، وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ، السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ، السَّلَامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ».

"Аттаҳиёту лиллоҳи вас-салавоту ват-тайибот. Ассалому ъалайка ай-юҳан-набӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу".27

8- Нишастан барои ташаҳҳуди аввал.

Шашум: Суннатҳои намоз:

Бо тарк шудани суннатҳо намоз ботил намешавад. Суннатҳои намоз ду қисм ҳастанд: суннатҳои қавлӣ ва суннатҳои феълӣ.

Аввал: Суннатҳои қавлӣ:

1 - Дуои истифтоҳ (оғоз), он чанд гуна матн (лафз) дорад, аз ҷумла:

«سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَبِحَمْدِكَ، وَتَبَارَكَ اسْمُكَ، وَتَعَالى جَدُّكَ، وَلَا إِلٰهَ غَيْرُكَ».

" Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборака исмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука".28

2 - Гуфтани истиъоза пеш аз хондани сураи Фотиҳа ва он чунин гуфта мешавад: "Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим"

(Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтони рондашуда).

3- Гуфтани басмала қабл аз қироат, яъне "Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим".

4- Зиёда аз як маротиба гуфтани тасбеҳ дар рукуъ ва саҷда.

5 - Зиёда аз як маротиба гуфтани:

«رَبِّ اغْفِرْ لِي».

"Рабби иғфир лӣ", байни ду саҷда.

6 - Гуфтани:

«مَلْءَ السَّمَاوَاتِ، وَمَلْءَ الْأَرْضِ، وَمَلْءَ مَا بَيْنَهُمَا، وَمَلْءَ مَا شِئْتَ مِنْ شَيْءٍ بَعْدُ».

"Милъас-самовоти ва милъал-арзи ва милъа мо байнаҳумо ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд", баъди гуфтани:

«رَبَّنَا ولَكَ الحَمْدُ».

"Раббано ва лакал-ҳамд".29

7 - Хондани оятҳо ё сурае баъд аз сураи Фотиҳа.

8 - Гуфтани:

«اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ جَهَنَّمَ، وَمِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَحْيَا وَالْمَمَاتِ، وَمِنْ فِتْنَةِ الْمَسِيحِ الدَّجَّالِ».

"Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин азоби ҷаҳаннама ва мин азобил-қабри ва мин фитнатил-маҳё вал-мамоти ва мин фитнатил-масиҳид-даҷҷол".30 Ва он чи бар ин изофа шавад аз дуо, дар ташаҳҳуди охир.

Дувум: Суннатҳои феълӣ:

1- Бардоштани дастон (рафъи ядайн) то баробари китфҳо ё гӯшҳо дар чаҳор мазеъ:

1 - Ҳангоми такбири таҳрима.

2 - Ҳангоми рукуъ.

3 - Ҳангоми бархостан аз рукуъ.

4 - Ҳангоми бархостан барои ракаъати севум.

2- Гузоштани дасти рост бар дасти чап бар сина ҳангоми рост истодан, қабл аз рукуъ ва баъд аз он.

3 - Нигоҳ кардан ба макони саҷда.

4- Ҷудо нигоҳ доштани бозуҳо аз паҳлуҳо ҳангоми саҷда.

5- Ҷудо нигоҳ доштани шикам аз ронҳо ҳангоми ду саҷда.

6- Шакли нишастани ифтирош (бар болои пои чап нишастан ва пои ростро ба тарафи боло рост кардан) дар ҳамаи нишастҳои намоз, ба ҷуз аз ташаҳҳуди охир дар намозҳои серакъатӣ ва чаҳор ракъатӣ.

7- Таваррук дар ташаҳҳуди охири намозҳои се ё чаҳор ракъатӣ. Яъне, шахс бар пои чап менишинад ва пои ростро аз зери пои чап бароварда, онро ба тарафи рост паҳн мекунад ва бо оромӣ менишинад.

Ҳафтум: Тарзи дуруст хондани намоз:

1- Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ барои намоз бармехост, рӯ ба қибла мекард ва дастонашро боло мебардошт ва дохили ангуштонашро ба сӯи қибла гардонида мегуфт:

«اللهُ أَكْبَرُ».

"Аллоҳу акбар".

2- Сипас дасти чапашро бо дасти росташ мегирифт ва ҳар дуяшро бар синааш мегузошт.

3- Баъд дуои истифтоҳро мехонд. Ӯ ҳамеша як дуои истифтоҳро намехонд. Ҳамаи дуоҳои истифтоҳи собитшуда аз ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруст ҳастанд ва ба ҳар кадомаш ибтидо кардан ҷоиз аст. Аз ҷумла:

«سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَبِحَمْدِكَ، وَتَبَارَكَ اسْمُكَ، وَتَعَالى جَدُّكَ، وَلَا إِلٰهَ غَيْرُكَ».

" Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборака-смука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука".

4 - Сипас мегуфт:

«أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ، بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ».

"Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим".

5 - Сипас сураи Фотиҳаро мехонд, вақте онро ба охир мерасонд "Омин" мегуфт.

6 - Сипас он чи барояш муяссар мешуд аз Қуръони Карим мехонд. Дар намози бомдод ва ду ракъати аввали намозҳои шом ва хуфтан ба овози баланд мехонд. Дар ғайри ин мавзеъҳо бо садои паст мехонд. Ракаъати аввалро дар ҳар намоз аз ракаъати дувум тӯлонитар анҷом медод.

7 - Сипас дастони худро чунон ки дар оғози намоз дар такбири таҳрима боло бардошта буд, боло мебардорад ва "Аллоҳу акбар" мегӯяд ва рукуъ мекунад. Дастонро бо ангуштони кушода бар зонуҳояш мегузорад, онҳоро устувор мекунад, пушташро рост медорад ва сарашро дар як сатҳ бо пушташ қарор медиҳад, на боло мебардорад ва на поён мекунад. Ва як маротиба

«سُبْحَانَ رَبِّيَ الْعَظِيمِ» مرةً.

"Субҳона раббиял-ъазим" мегӯяд. Се маротиба гуфтанаш камтарин андозаи камол аст, чунон ки пештар гуфта шуд.

8 - Сипас сарашро бо гуфтани:

«سَمِعَ اللَّهُ لِمَنْ حَمِدَهُ».

"Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" мебардорад, чунон ки вақти ба рукуъ рафтан дастонашро бардошта буд, ҳамон хел мебардорад.

9 - Ҳар вақто рост истод ин дуоро мегӯяд:

«اللَّهُمَّ رَبَّنَا وَلَكَ الْحَمْدُ، حَمْدًا كَثِيرًا طَيِّبًا مُبَارَكًا فِيهِ، مَلْءَ السَّمَاءِ، وَمَلْءَ الْأَرْضِ، وَمَلْءَ مَا بَيْنَهُمَا، وَمَلْءَ مَا شِئْتَ مِنْ شَيْءٍ بَعْدُ، أَهْلَ الثَّنَاءِ وَالْمَجْدِ، أَحَقُّ مَا قَالَ الْعَبْدُ، وَكُلُّنَا لَكَ عَبْدٌ، لَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ، وَلَا يَنْفَعُ ذَا الْجَدِّ مِنْكَ الْجَدُّ».

"Аллоҳумма раббано ва лакал-ҳамду, ҳамдан касиран тайибан муборакан фиҳи, мил-ас-самои ва мил-а-л-арзи ва мил-а мо байнаҳумо ва мил-а мо шиъта мин шайъин баъду. Аҳлас-санои вал-маҷд, аҳаққу мо қолал-абду ва куллуно лака абдун, ло мониъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу зал-ҷадди минкал-ҷадду".31 Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ин мавзеъ тӯлонӣ меистод.

10 - Сипас такбир гуфта ба саҷда меравад ва дастонашро намебардорад. Бо пешонӣ, бинӣ ва ду даст ва ду зону ва нӯги пойҳо саҷда мекунад. Ангуштони дасту пойро ба сӯйи қибла мегардонад. Дар саҷда ба эътидол менишинад, пешонӣ ва бинии худро ба замин мечаспонад, кафҳои дастро ба замин мустақар мекунад, оринҷҳоро боло медорад, бозуҳоро аз бадан дур мегирад, шикамро аз ронҳо ва ронҳоро аз поҳо боло медорад. Дар саҷда як маротиба:

«سُبْحَانَ رَبِّيَ الأَعْلَى».

"Субҳона раббиял-аъло" мегӯяд. Се маротиба гуфтанаш камтарин андозаи камол аст, чунон ки пештар гуфта шуд. Баъд аз он дуоҳоеро, ки ворид шудааст, мехонад.

11 - "Аллоҳу акбар" гуфта сарашро мебардорад, пои чапашро фарш мекунад ва бар он менишинад ва пои росташро боло ниҳода нигаҳ медорад, дастонашро бар рӯи ронҳояш мегузорад, сипас мегӯяд:

«اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي، وَارْحَمْنِي، وَاجْبُرْنِي، وَاهْدِنِي، وَارْزُقْنِي».

"Аллоҳумма иғфир лӣ, варҳамнӣ ваҷбурнӣ ваҳдинӣ варзуқнӣ".32

12 - Сипас "Аллоҳу Акбар" гуфта ба саҷда меравад ва дар саҷдаи дуюм ҳамон корҳоеро анҷом медиҳад, ки дар саҷдаи аввал анҷом дода буд.

13 - Сипас сарашро бо гуфтани "Аллоҳу Акбар" мебардорад ва бо такя бар зонуҳо ва ронҳояш, бар нӯги пойҳояш истода ба қиёми ракъати навбатӣ мехезад.

14 - Вақте ки пурра истод, ба қироат шуруъ мекунад ва ракъати дувумро мисли ракъати аввал анҷом медиҳад.

15- Пас аз ракъати дувум барои ташаҳҳуди аввал ба шакли ифтирош - яъне пойи чапро паҳн карда, бар он менишинад ва пойи ростро рост мегузорад, чунон ки дар байни саҷдаҳо нишаста буд. Дасти росташро бар рони рост ва дасти чапашро бар рони чап мегузорад. Ангушти калон (нарангушт)-ашро бар ангушти миёна ба шакли ҳалқа қарор медиҳад ва бо ангушти ишора (сабоба) ишора мекунад ва ба он менигарад, сипас мегӯяд:

«التَّحِيَّاتُ لِلَّهِ وَالصَّلَوَاتُ وَالطَّيِّبَاتُ، السَّلَامُ عَلَيْكَ أَيُّهَا النَّبِيُّ وَرَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ، السَّلَامُ عَلَيْنَا وَعَلَى عِبَادِ اللَّهِ الصَّالِحِينَ، أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، وَأَشْهَدُ أَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ».

"Аттаҳиёту лиллоҳи вас-салавоту ват-тайибот. Ассалому ъалайка айюҳан-набию ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду ал-ло илоҳа иллалоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу". Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин нишастро кӯтоҳ анҷом медод.

16- Пас аз анҷоми ташаҳҳуди аввал, бо гуфтани "Аллоҳу Акбар" бархоста, ба ракъати сеюм ва чаҳорум медарояд. Ин ду ракъатро нисбат ба дуи аввал кӯтоҳтар мехонад. Дар ракъатҳои сеюм ва чаҳорум танҳо сураи Фотиҳаро мехонад.

17- Пас аз ракъати охир, дар ташаҳҳуди охир ба шакли таваррук менишинад. Таваррук ин аст, ки пои чапро паҳн мекунад ва онро аз тарафи рост берун меорад, пои ростро мехезонад ва бо нишемангоҳи худ бар замин менишинад.

18 - Сипас ташаҳҳуди охирро мисли ташаҳҳуди аввал мехонад. Бар ташаҳҳуди охир ин салавотро меафзояд:

«اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، وَبَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ».

"Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид."

19 - Аз Аллоҳ паноҳ металабад, аз азоби ҷаҳаннам, азоби қабр, фитнаи маргу зиндагӣ ва фитнаи Масеҳи Даҷҷол. Баъд аз он бо дуоҳои воридшуда аз Қуръон ва Суннат дуо мекунад.

20 - Баъд аз он ба тарафи рост ва чап салом медиҳад ва мегӯяд:

«السَّلاَمُ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَةُ اللَّهِ».

"Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" Ҳамчунин ба тарафи чап. Саломро дар ҳоли рӯй ба қибла будан оғоз мекунад ва бо гардонидани рӯй ба тарафи рост ва чап ба поён мерасонад.

Ҳаштум: Макруҳоти намоз:

1 - Безарурат рӯй гардондан ба ҳар тараф (ғайр аз қибла).

2 - Нигоҳ кардан ба тарафи осмон.

3 - Безарурат пӯшидани чашмон.

4- Дар ҳолати саҷда паҳн кардани дастҳо (ба замин хобондани бозуҳо).

5- Пӯшонидани даҳон ва бинӣ (бо рӯймол ё дигар чиз) бе зарурат.

6- Намоз хондан дар ҳоле ки эҳсоси ниёз ба пешоб ё наҷосат вуҷуд дорад, ё ҳангоми ҳозир будани таоме, ки иштиҳои онро дорад.

7- Пок кардани пешонӣ ва бинӣ аз он чизе, ки ҳангоми саҷда ба онҳо часпидааст, аммо пас аз анҷоми намоз пок карданаш боке надорад.

8- Такя кардан ба девор ё монанди он ҳангоми қиём (рост истодан дар намоз) бе зарурат.

Нуҳум: Ботилкунандаҳои намоз:

1 - Хурдану нӯшидан.

2 - Гуфтани сухане, ки аз намоз нест.

3- Хандидан ва қаҳқаҳа кардан.

4 - Қасдан яке аз аркон ё воҷиботи намозро тарк кардан.

5 - Афзудани як рукн ё ракъат қасдан.

6 - Қасдан пеш аз имом салом додан.

7- Ҳаракатҳои зиёд ва пайдарпай, ки аз намудҳои ҳаракатҳои намоз нестанд ва бе зарурат анҷом дода шаванд.

8- Иҷро кардани амале, ки яке аз шартҳои намозро номумкин мегардонад, монанди шикастани вузӯ, қасдан ошкор кардани аврат, бо бадан рӯй гардондан аз қибла бе зарурат, ё қатъ кардани нияти намоз.

Даҳум: Саҷдаи саҳв:

Саҳв ба маънои фаромӯшӣ аст. Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) низ дар намоз саҳв кард, зеро саҳв (фаромӯшӣ) аз хусусияти табиати инсон аст. Саҳви Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз камоли неъмати Худо бар уммати ӯ ва такмили дини онҳо буд, то мардум дар ҳукмҳое, ки барои ҳолати саҳв ташреъ шудаанд, ба ӯ пайравӣ кунанд.

Сабабҳое, ки саҷдаи саҳв ба хотири он машруъ мегардад:

1 - Ҳолати аввал:

Зиёдатӣ дар намоз: Зиёдатӣ дар амал ва зиёдатӣ дар сухан:

А) Зиёдати дар амалҳо: Агар ин зиёдатӣ аз навъи амалҳои намоз бошад, мисли истодан дар ҷое, ки бояд нишаста бошӣ, ё нишастан дар ҷое, ки бояд истода бошӣ, ё зиёда кардани як рукуъ ё саҷда, агар ин кор аз рӯи саҳв (фаромӯшӣ) анҷом дода шавад, пас шахс бояд саҷдаи саҳв анҷом диҳад.

Б) Зиёдати дар гуфтор: Мисли хондани Қуръон дар ҳолати рукуъ ё саҷда, ки ҷойи он нест, агар ин аз рӯи фаромӯшӣ сурат гирад, пас барои он низ саҷдаи саҳв машруъ аст.

Агар шахс чунин кори зиёдатиро ба сабаби фаромӯшӣ анҷом диҳад, саҷдаи саҳв барояш мустаҳаб аст.

2 - Ҳолати дувум:

Кам шудан аз намоз бар асари фаромушӣ, ки ду ҳолат дорад:

А - Тарки рукн: Агар он рукни фаромушшуда такбири таҳрима бошад, намоз дуруст намешавад ва саҷдаи саҳв кофӣ нест. Агар дигар рукнҳо ғайри такбири таҳрима бошад, монанди рукуъ ё саҷда фаромӯш шавад ва намозгузор пеш аз шуруъ кардани қироати ракъати дигар ба ёд орад, пас воҷиб аст, ки баргардад ва он рукнро иҷро намояд ва он чиро, ки баъдаш аст, такрор кунад.

Агар он рукни фаромушшуда пас аз оғоз кардани қироати ракъати дигар ба ёдаш омад, ракъате, ки рукн дар он тарк шудааст ботил мешавад, ва ракъати баъдӣ ҷои он ракъатро мегирад.

Б - Тарки воҷиб: Мисли фаромӯш кардани ташаҳҳуди аввал ё тасбеҳ дар рукуъ. Дар ин ҳолат саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад.

3 - Ҳолати севум: Шакк кардан:

Масалан: агар шахс шак кард, ки дар намози пешин се ё чаҳор ракъат хондааст, пас дар ин ҳолат:

А - Агар яке аз он ду барояш қобили тарҷеҳ бошад, ба он амал мекунад ва саҷдаи саҳв мекунад.

Б - Агар барояш қобили тарҷеҳ набошад, ба он чи яқин дорад амал мекунад ва саҷдаи саҳвро ба ҷой меорад.

Агар шак пас аз адои намоз бошад ё зиёд дучори шаку шубҳа мешудагӣ бошад, ба он аҳамият намедиҳад ва намозаш дуруст ҳисобида мешавад.

Фоида: Агар сабаби саҷдаи саҳв норасоӣ ё шакке бошад, ки ба натиҷае нарасида бошад, саҷдаи саҳв пеш аз салом анҷом дода мешавад. Аммо агар сабаби он зиёдатӣ бошад ё шакке бошад, ки ӯ ба як тараф майл карда бошад, саҷдаи саҳв баъд аз салом анҷом дода мешавад. Дар ин масъала, бо хости Худо, осонӣ ва фарохӣ вуҷуд дорад.

Ёздаҳум: Вақтҳои манъи намоз:

Аслан гузоштани намоз дар ҳамаи вақтҳо ҷоиз аст, аммо шариат дар баъзе вақтҳо намоз хонданро манъ кардааст, ки инҳоянд:

1- Баъд аз адои намози бомдод то баромадани офтоб ва баланд шудани он ба андозаи як найза аз замин, бинобар он чи чашм мебинад.

2- Ҳангоме ки офтоб дар миёнаи осмон қарор мегирад, то даме ки ба самти ғуруб майл кунад ва ин кӯтоҳтарин вақти манъшуда барои намоз аст.

3- Баъд аз намози аср то ғуруби офтоб ва ин дарозтарин вақти манъшуда барои хондани намоз аст.

Намозҳое, ки дар вақти манъшуда анҷом доданашон ҷоиз аст:

1 - Адои қазои намозҳои фавтшуда.

2- Намозҳои дорои сабаб, монанди таҳияи масҷид (намози вуруд ба масҷид), ду ракаъат намози тавоф, намози кусуф (намозе, ки ҳангоми гирифтани офтоб ё моҳ хонда мешавад) ва намози ҷаноза.

3- Қазои суннати бомдод баъд аз фарзи намози бомдод.

Дувоздаҳум: Намози ҷамоат:

Хондани намоз бо ҷамоат дар масҷидҳо, яке аз шиорҳои бузурги Ислом аст. Мусалмонон иттифоқ доранд, ки адои панҷ вақт намоз дар масҷидҳо аз муҳимтарин тоатҳо ва аз бузургтарин василаҳои наздик шудан ба Худост. Балки он яке аз бузургтарин шиорҳои дини Ислом маҳсуб мешавад.

1 - Ҳукми намози ҷамоат:

Хондани намози ҷамоат дар масҷидҳо барои мардоне, ки тавоноӣ доранд, воҷиб аст. Ҳам дар ҳоли иқомат ва ҳам дар ҳолати сафар, ҳам дар амният ва ҳам дар ҳолати тарс ва ин воҷиби инфиродӣ аст (бар ҳар шахс алоҳида).

Воҷиб будани намози ҷамоат бо Қуръон, Суннат ва амалкарди мусалмонон аз насл ба насл собит шудааст.

Аммо аз Қуръон: Худованд мефармояд:

﴿وَإِذَا كُنتَ فِيهِمۡ فَأَقَمۡتَ لَهُمُ ٱلصَّلَوٰةَ فَلۡتَقُمۡ طَآئِفَةٞ مِّنۡهُم مَّعَكَ...﴾

(Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ...). (Сураи Нисо, ояти 102). Ин оят бар воҷиб будани намози ҷамоат таъкид мекунад, намози ҷамоат дар ҳолати тарсидан иҷозат дода нашудааст, агар воҷиб намебуд, тарсидан авлотарин сабаби тарки намози ҷамоат мешуд. Тарк кардани намози ҷамоат ва танбалӣ дар адои он, аз машҳуртарин вижагиҳои мунофиқон аст.

Аммо аз Суннат, ҳадисҳои зиёде дар ин маврид ривоят шудааст, аз ҷумла:

Ҳадисе, ки дар Саҳеҳ Муслим омадааст:

أَنَّ رَجُلًا أَعْمَى قَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، لَيْسَ لِي قَائِدٌ يَقُودُنِي إِلَى الْمَسْجِدِ، فَسَأَلَهُ أَنْ يُرَخِّصَ لَهُ أَنْ يُصَلِّيَ فِي بَيْتِهِ، فَرَخَّصَ لَهُ، فَلَمَّا وَلَّى دَعَاهُ فَقَالَ: «هَلْ تَسْمَعُ النِّدَاءَ؟» قَالَ: نَعَمْ، قَالَ: «فَأَجِبْ».

Марди нобиное назди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: эй Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ман роҳнамо надорам то манро ба масҷид бирасонад ва аз Паёмбар иҷоза хост то намозашро дар хона гузорад, Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ иҷоза дод, ва чун хост биравад ӯро нидо кард ва гуфт: "Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: Пас иҷобат кун".33

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки барои намози ҷамоат ба масҷид биёяд ва даъвати намозро посух гӯяд, ҳарчанд ӯ нобино буд ва машаққатҳоро таҳаммул мекард. Ин ҳадис далолат бар воҷиб будани намози ҷамоат мекунад.

2 - Он чи ки ҷамоат бо он ҳосил мешавад:

Бо дарёфт кардани як ракаъати намоз ҳамроҳи имом, ҷамоат дарк карда мешавад. Бо далели ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мегӯяд:

«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الصَّلَاةِ فَقَدْ أَدْرَكَ الصَّلَاةَ».

"Ҳар ки як ракъат аз намозро дарк кунад, намозро дарк кардааст".34

3 - Он чи бо он ракъат дарёфт мешавад:

Ракъат бо расидан ба рукуъ дарёфт мешавад. Агар масбуқ имомашро дар ҳолати рукуъ дарёбад: бояд такбири таҳримаро дар ҳолати истода бигӯяд, сипас барои рукуъ боз такбир гуфта ба рукуъ равад. Агар танҳо ба такбири эҳром иктифо кунад (яъне ҳангоми қиём такбири таҳримаро гуфта баъд ба рукуъ равад), барои рукуъ низ кофист.

4 - Узрҳое, ки тарки намози ҷамоатро ҷоиз мекунанд:

1. Беморӣ. Агар иштирок дар ҷумъа ва ҷамоат, барояш машаққат дошта бошад.

2- Фишор овардани пешоб ё наҷосат (ҳангоми намоз), ки боиси аз байн рафтани хушуъ дар намоз мегардад ва ба бадани инсон зарар мерасонад.

3- Ҳозир шудани таом ҳангоме ки шахс гурусна бошад ё нафсаш ба таом майли зиёд дошта бошад, ба шарте ки ин кор ба одат ё баҳона барои тарки ҷамоат табдил наёбад.

4- Тарси воқеӣ аз осеб расидан ба ҷони худ ё мол ё дигар чизҳо.

Сенздаҳум: Намози хавф:

Намози хавф (тарс) дар ҷанги мубоҳ ва ҷоиз машруъ аст, монанди, ҷанг бо кофирон, шӯришиён ва муҳорибон, ба далели ин гуфтаи Худованд, ки мефармояд:

﴿...إِنۡ خِفۡتُمۡ أَن يَفۡتِنَكُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ...﴾

( ... агар тарсидед, онон, ки куфр варзиданд, бар шумо зиёне бирасонанд, ...). (Сураи Нисо, ояти 101). Инчунин дигар касоне, ки бо онон ҷангидан ҷоиз аст, бар ин қиёс карда мешавад.

Намози хавф бо ду шарт машруъ мегардад:

1) Ҷанг бо душмане бошад, ки ҷангидан бо ӯ ҳалол бошад.

2) Тарс аз он вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳолати намоз ба мусалмонон ҳамла шавад.

Тарзи анҷом додани намози хавф:

Намози хавф шаклҳои гуногун дорад ва машҳуртарини он тарзе аст, ки дар ҳадиси Саҳл (разияллоҳу анҳу) омадааст ва он чунин аст:

أَنَّ طَائِفَةً صَفَّتْ مَعَ النَّبِي ﷺ، وَطَائِفَةً وِجَاهَ العَدُوِّ، فَصَلَّى بِالَّتِي مَعَهُ رَكْعَةً، ثُمَّ ثَبَتَ قَائِمًا، وَأَتَمُّوا لِأَنْفُسِهِمْ، ثُمَّ انْصَرَفُوا، وَصَفُّوا وِجَاهَ العَدُوِّ، وَجَاءَتِ الطَّائِفَةُ الأُخْرَى، فَصَلَّى بِهِمُ الرَّكْعَةَ الَّتِي بَقِيَتْ مِنْ صَلَاتِهِ، ثُمَّ ثَبَتَ جَالِسًا، وَأَتَمُّوا لِأَنْفُسِهِمْ، ثُمَّ سَلَّمَ بِهِمْ.

Гурӯҳе бо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) саф кашиданд ва гурӯҳи дигар рӯ ба рӯи душман қарор гирифтанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо он гурӯҳе, ки бо ӯ буданд як ракъат хонд, сипас дар қиём истод ва онҳо намозро барои худ такмил карданд. Баъд, онҳо баргашта бо душман рӯ ба рӯ саф кашиданд. Он гоҳ гурӯҳи дувум омаданд ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо онҳо ракъати боқимондаро хонд, сипас нишаст ва онҳо намозро барои худ такмил карданд, баъд Паёмбар бо онҳо салом дод.35

Аз намози хавф ин фоидаҳоро меомӯзем:

1- Аҳамияти намоз дар Ислом ва аҳамияти намози ҷамоат, зеро ки он ҳатто дар чунин ҳолатҳои душвор соқит нашудааст.

2- Бартараф кардани сахтӣ ва душворӣ аз ин уммат ва осонгирии шариат ва мувофиқ будани он барои ҳар замон ва макон.

3- Камоли шариати исломӣ ва ин ки барои ҳар ҳолат ва шароит ҳукми мувофиқ муқаррар кардааст.

Чаҳордаҳум: Намози ҷумъа:

Якум: Ҳукми намози ҷумъа:

Намози ҷумъа бар ҳар як марди мусалмони болиғ, оқил, муқим (касе, ки мусофир нест), ки узре надорад, фарз аст.

Ба далели ин фармудаи Худованд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ 9﴾

(Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз азон гуфта шавад, ба сӯйи [намозу] зикри Аллоҳ Таъоло бишитобед ва хариду фурӯшро раҳо кунед. Агар бидонед, ин барои шумо беҳтар аст 9). (Сураи Ҷумъа, ояти 9).

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«لَيَنْتَهِيَنَّ أَقْوَامٌ عَنْ وَدْعِهِمُ الْجُمُعَاتِ، أَوْ لَيَخْتِمَنَّ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِهِمْ، ثُمَّ لَيَكُونُنَّ مِنَ الْغَافِلِينَ».

"Баъзе мардум бояд аз тарки намози ҷумъа даст кашанд, вагарна Худованд бар дилҳояшон муҳр мениҳад ва он гоҳ аз ғофилон хоҳанд шуд".36

Дувум: Шартҳои дуруст шудани ҷумъа:

1) Вақт: Вақти намози ҷумъа монанди вақти намози пешин аст. Анҷом додани намози ҷумъа пеш аз вақташ ё баъди гузаштани вақташ дуруст намешавад.

2) Намози ҷумъа бо ҷамоат адо карда мешавад ва камтарини ҷамоат бинобар қавли саҳеҳ се нафар аст. Пас, намози ҷумъа бо як ё ду нафар дуруст намешавад.

3) Намозгузорон бояд сокинони муқими маконе бошанд, ки хонаҳояшон бо васоили маъмулӣ бино шуда бошад, хоҳ аз сементу оҳан бошад, ё санг, гил ва ғайра. Бинобар ин, намози ҷумъа барои аҳли бодия, яъне онҳое ки дар хайма ё чодар зиндагӣ мекунанд ва макони иқомати доимӣ надоранд, балки пайваста барои чарои чорвоҳояшон аз якҷо ба ҷои дигар кӯч мебанданд, дуруст намешавад.

4) Пеш аз намози ҷумъа бояд ду хутба хонда шавад, зеро Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайваста ба хондани онҳо мудовимат мекард.

Севум: Аркони хутбаҳои ҷумъа:

1 - Ҳамду ситоиши Худованд ва шаҳодатайн.

2 - Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).

3 - Насиҳат ба тақвои илоҳӣ кардан.

4 - Хондани миқдоре аз Қуръони Карим.

5 - Панду андарз.

Чаҳорум: Мустаҳаботи хутбаҳои ҷумъа:

1 - Хутбаро бар болои минбар хондан.

2 - Андаке нишастан байни ду хутба. 3- Барои мусалмонон ва роҳбарони онон дар ҳарду хутба дуо кардан.

4 - Кӯтоҳ хондани хутбаҳо.

5 - Салом додани хатиб бар мардум ҳангоми болои минбар баромаданаш.

Панҷум: Корҳои мустаҳаб дар рӯзи ҷумъа:

1 - Мисвок задан.

2 - Хушбӯйи истифода бурдан, агар бошад.

3- Ба намози ҷумъа барвақт рафтан.

4- Ба масҷид пиёда рафтан ва савор нашудан (агар имкон бошад).

5 - Наздики имом нишастан.

6 - Дуо кардан.

7 - Хондани сураи Каҳф.

8 - Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).

Шашум: Он чизҳое, ки барои ҳозиршудагони ҷумъа манъ шудааст:

1 - Ҳангоми хутба хондани имом сухан гуфтан ҳаром аст, чун ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

«إِذَا قُلْتَ لِصَاحِبِكَ يَوْمَ الْجُمُعَةِ: أَنصِتْ، وَالْإِمَامُ يَخْطُبُ، فَقَدْ لَغُوتَ».

"Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Гӯш кун", муртакиби лағв (сухани беҳуда) шудаӣ".37 Яъне, лағв гуфтаӣ. Ва лағв, яъне гуноҳ.

2- Аз болои гарданҳои мардум ба сафҳои пеши намоз гузаштан макруҳ аст, магар он ки имом бошад, ё бихоҳад ба ҷои холие бирасад, ки ҷуз бо ин роҳ дастрас набошад.

Дарёфти намози ҷумъа:

Касе, ки рукуъро бо имом дар ракаъати дувуми намози ҷумъа дарёбад, ҷумъаро дарёфтааст ва онро ду ракаъат адо мекунад. Аммо агар рукуъро дарнаёбад, ҷумъаро аз даст додааст, бояд онро ҳамчун намози пешин бо чаҳор ракаъат адо кунад. Ҳамчунин ҳар ки бинобар хоб ё сабаби дигар ҷумъаро аз даст диҳад, ба ҷои он намози пешинро чаҳор ракаъат мехонад.

Понздаҳум: Намози шахсони дорои узр.

Аввал: Намози бемор:

Аввал: Бар бемор воҷиб аст, ки намозро мувофиқи тавоноии худ адо кунад. Ба таъхир андохтани намоз аз вақти муайяшуда ҷоиз нест модоме, ки ақлу ҳушаш дар ҷояш аст.

Дувум: Бемор чӣ гуна намозашро анҷом медиҳад?

1- Агар бемор бемашаққат ва душворӣ истода намозашро хонда тавонад, барояш воҷиб аст, ки намозро истода хонад ва рукуъу саҷдаро анҷом диҳад.

2- Агар бо вуҷуди тавоноӣ бар истодан, рукуъ ё саҷда барояш зарар дошта бошад, рукуъро дар ҳолати истода бо ишора, ва саҷдаро дар ҳолати нишаст бо ишора анҷом медиҳад.

3- Агар дар ҳолати истода намозро гузошта натавонад, пас нишаста мехонад. Суннат он аст, ки дар ҷои истода ба шакли чаҳорзону биншинад ва рукуъро бо ишора анҷом диҳад. Агар тавонад, саҷдаро бар замин анҷом диҳад, вагарна бо ишора саҷда мекунад ва ишораи саҷда бояд пасттар аз рукуъ бошад.

4- Агар нишаста намоз хонда натавонад, ба паҳлуяш намоз мехонад ва рӯяшро ба сӯи қибла мегардонад. Паҳлуи рост афзалтар аст, агар имкон бошад. Рукуъ ва саҷдаро бо ишора анҷом медиҳад.

5- Агар тавони хондани намоз бар паҳлуяшро надошта бошад, ба пушт хобида намоз мехонад, дар ҳоле ки пойҳояш ба сӯи қибла бошанд. Рукуъ ва саҷдаро бо ишора анҷом медиҳад.

6- Агар тавони ишора кардан бо баданро дар рукуъ ва саҷда надошта бошад, бо сари худ ишора мекунад. Агар ин ҳам барояш душвор бошад, ишора ҳам аз ӯ соқит мешавад. Дар ин ҳол корҳои намозро дар дилаш мегузаронад, ният мекунад, рукуъ, саҷда, нишастан ва дигар амалҳои намозро бо зикрҳои он ба забон ё дар дилаш мехонад.

7- Бемор бояд шартҳои намозро, чун рӯ ба қибла истодан, вузӯ бо об ё таяммум ҳангоми нотавонӣ ва покӣ аз наҷосатҳо, дар ҳадди тавоноияш иҷро кунад. Агар аз анҷом додани бархе аз онҳо оҷиз монд, он шарт аз ӯ соқит мешавад ва намозро мувофиқи ҳолати худ адо мекунад ва намозро аз вақташ ба таъхир намеандозад.

8- Суннат аст, ки бемор дар ҷойи қиём ва рукуъ ба шакли чаҳорзону биншинад ва дар ҷойҳои дигар (монанди саҷда ва ташаҳҳуд) ба шакли ифтирош биншинад.

Дувум: Намози мусофир:

1- Мусофирон аз ҷумлаи маъзурон ҳастанд: Барои мусофир кӯтоҳ кардани намози чаҳор ракаъатӣ ба шакли қаср, яъне, ду ракаъат машруъ шудааст, чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَإِذَا ضَرَبۡتُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَقۡصُرُواْ مِنَ ٱلصَّلَوٰةِ...﴾

(Ва [эй муъминон] ҳар гоҳ дар замин сафар кунед, агар тарсидед, онон, ки куфр варзиданд, бар шумо зиёне бирасонанд, гуноҳе бар шумо нест, ки аз [ракаоти] намоз бикоҳед [ва онро шикаста бихонед] ...). (Сураи Нисо, ояти 101).

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

«خَرَجْنَا مَعَ النَّبِيِّ ﷺ مِنَ الْمَدِينَةِ إِلَى مَكَّةَ، فَكَانَ يُصَلِّي رَكْعَتَيْنِ رَكْعَتَيْنِ، حَتَّى رَجَعْنَا إِلَى الْمَدِينَةِ».

"Ҳамроҳи Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз Мадина ба Макка рафтем, (Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)) намозҳои чаҳор ракаъатиро ду ракаъатӣ - ду ракаъатӣ мегузошт, то ин ки ба Мадина баргаштем".38

Қаср (намози кӯтоҳ) вақте оғоз мешавад, ки сафаркунанда аз шаҳраки худ берун шавад, зеро Худованд қасрро барои касе иҷозат додааст, ки аз ҷое ба ҷое сафар кунад. Пеш аз берун шудан аз шаҳри худ, ӯ ҳанӯз ба сафар набаромадааст ва мусофир нест. Паёмбари (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) низ танҳо вақте қаср мегузошт, ки ба сафар мебаромад.

2- Масофае, ки агар сафаркунанда қасди тай кардани онро дошта бошад ва барояш қаср хондан ҷоиз мешавад, тақрибан 80 километр аст.

3- Мусофир то ба ватани худ баргаштан, ҳақ дорад намозро кӯтоҳ кунад, яъне то вориди шаҳр ё деҳоташ шавад, ки аз онҷо баромада буд.

4- Агар мусофир ба шаҳре расад ва хоҳад, ки онҷо иқомат кунад, се ҳолат дорад:

А) Агар нияти иқомати беш аз чаҳор рӯзро дошта бошад, аз рӯзи аввале, ки муқим шудааст воҷиб аст намозҳоро пурра хонад (яъне, намози чаҳор ракаъатиро пурра адо кунад), дар ин ҳолат аз рухсатҳои сафар истифода бурда наметавонад.

Б) Агар нияти иқоматаш чаҳор рӯз ё камтар бошад, барояш ҷоиз аст, ки намозҳоро қаср хонад (яъне, чаҳор ракъатиро ду ракъатӣ адо кунад) ва аз рухсатҳои сафар (монанди тарки рӯза, ҷамъ ва ғайра) истифода барад.

В) Агар нияти иқомати муайян надошта бошад, балки вобаста ба шароити ҷой ё иҷрои мақсад мумкин аст як рӯз ё даҳ рӯз бимонад ва ҳар вақт мақсадаш иҷро шуд, ба ватанаш баргардад. Дар чунин ҳолат шахс метавонад намозҳоро қаср хонад ва аз рухсатҳои сафар истифода барад, ҳатто агар муддати иқомати ӯ аз чаҳор рӯз ҳам зиёд шавад.

5- Агар мусофир пушти имоми муқим (яъне сокини маҳаллӣ) намоз хонад, бар ӯ воҷиб аст, ки намозро пурра хонад (яъне 4 ракъат), ҳатто агар танҳо ташаҳҳуди охиринро бо имом дарёфт карда бошад.

6- Агар муқим (сокини маҳаллӣ) пушти имоме, ки мусофир асту намозро қаср мехонад, намоз хонад, бар муқим воҷиб аст, ки пас аз саломи имом намозашро пурра кунад (яъне ду ракъати боқимондаро бихонад).

Шонздаҳум: Намози ду ид (Иди Фитр ва Қурбон):

Идҳои мусалмонон идҳои раббониянд, ки Аллоҳ Таъоло онҳоро машруъ гардондааст, на ин ки мусалмонон барои худ муқаррар карда бошанд. Мусалмонон танҳо ду ид доранд: иди Фитр ва иди Азҳо (Қурбон). Бар хилофи идҳои кофирон ё идҳои бидъатие, ки Аллоҳ Таъоло онҳоро машруъ накардааст ва на фармон додааст, балки худи онон онҳоро барои худ ташреъ кардаанд.

Ҳукми намози ид:

Анҷом додани намози иди Фитр ва иди Азҳо, фарзи кифоя аст, ки Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша онро адо мекарданд ва халифаҳои рошидин низ (разияллоҳу анҳум) бар он мудовимат доштанд. Намози ид яке аз нишонаҳои ошкори дин ва шиорҳои намоёни Ислом аст.

Вақти намози ид (иди Фитр ва иди Азҳо): аз баланд шудани офтоб ба андозаи як найза (тақрибан 15 дақиқа пас аз тулуи офтоб) оғоз мегардад ва то вақти заволи офтоб (яъне пеш аз намози пешин) идома меёбад.

Тарзи намози ду ид:

1- Дар ракъати аввал, пас аз такбири таҳрима (Аллоҳу Акбар) гуфтан, дуои ифтитоҳ мехонад, сипас шаш такбири дигар мегӯяд (шаш маротиба Аллоҳу Акбар). Бо ҳар такбир дастҳоро баланд мекунад. Байни такбирҳо Худоро ҳамд ва сано мегӯяд ва бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад. Пас аз он Аъузу биллоҳ... ва Бисмиллоҳ... гуфта, ба қироат шуруъ мекунад.

2- Дар ракъати дуюм, пас аз такбири гузар (такбири гузаштан аз ракаъати якум ба дуюм), панҷ такбир мегӯяд. Сипас истиъоза ва басмала мегӯяд ва ба қироат шуруъ мекунад. Мустаҳаб аст, ки дар ракъати аввал пас аз "Фотиҳа" сураи "Аъло" ва дар ракъати дуюм сураи "Ғошия"-ро бихонад.

3- Вақте имом салом медиҳад, ба минбар баромада, ду хутба мехонад ва миёни он ду як нишасти сабук мекунад, мисли хутбаи намози ҷумъа.

Суннатҳои ид:

А - Ғусл кардан.

Б - Назофат ва хушбӯйӣ.

В - Хӯрдан пеш аз баромадан ба намози иди Фитр мустаҳаб аст, аммо дар иди Азҳо пас аз бозгашт аз намоз ва хӯрдан аз қурбонии худ мустаҳаб аст, агар қурбонӣ дошта бошад.

Г - Ба намозгоҳ пиёда рафтан.

Д - Ба намоз рафтан аз як роҳ ва баргаштан аз роҳи дигар.

Е - Барвақт рафтани намозгузорон ба намозгоҳ, на имом.

Такбир:

Такбир гуфтан дар ду шаби ду ид, даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа ва дар рӯзҳои ташриқ суннат аст. Такбир ду навъ аст:

Навъи аввал: Такбири мутлақ, ин такбире аст, ки ба вақти муайяне маҳдуд нашудааст.

1 - Дар иди Фитр: Такбири мутлақ аз ғуруби офтоб шаби ид оғоз мешавад ва то оғози намози ид идома меёбад.

2. Дар иди Қурбон: Такбири мутлақ аз ғуруби офтоб шаби рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа оғоз мешавад ва то ғуруби офтоби рӯзи охирини айёми ташриқ идома меёбад.

Навъи дуюм: Такбири муқайяд (маҳдуд) аст, ки он пас аз намозҳои фарз (яъне баъд аз ҳар намози фарз) гуфта мешавад.

1- Барои ғайри муҳрим такбири муқайяд аз субҳи рӯзи Арафа оғоз шуда, то намози асри рӯзи охири Айёми ташриқ (яъне рӯзи 13-уми Зулҳиҷҷа) идома меёбад.

2- Муҳрим такбири муқайядро аз намози пешини рӯзи иди Қурбон оғоз мекунад, то намози асри рӯзи охири Айёми ташриқ (рӯзи 13-уми Зулҳиҷҷа) идома медиҳад.

 

Ҳабдаҳум: Намози Кусуф:

Маънои Хусуф ва Кусуф:

Хусуф: Нопадид шудани нур ё қисме аз нури моҳ дар шаб аст.

Кусуф: Нопадид шудани рӯшноӣ ё қисме аз рӯшноии офтоб дар рӯз аст.

Ҳукми намози кусуф:

Намози кусуф, суннати муаккада аст ва далели он амали Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки ҳангоме офтоб дар замонаш гирифта шуд, намози кусуф хонд. Ҳамчунин дастури Паёмбар ба анҷоми ин намоз ва иттфоқи олимон (дар асрҳои баъдӣ) далолат бар машруияти он мекунад.

Вақти намози кусуф:

Аз оғози кусуф ё хусуф то бартараф шудани он аст.

Тарзи хондани намози кусуф:

Намози кусуф ва хусуф ду ракаъат аст, ки бо садои баланд хонда мешавад ва тарзи хонданаш ин гуна аст:

А) Такбири таҳримаро гуфта дуои истифтоҳро мехонад, баъд "Аъузу биллоҳ" ва "Бисмиллаҳ" гуфта сураи "Фотиҳа"-ро мехонад ва баъд аз он як қироати дароз мекунад (сураи дароз мехонад).

Б) Сипас рукуъи тӯлонӣ мекунад.

В) Сипас "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" гуфта аз рукуъ сар мебардорад ва боз сураи Фотиҳаро мехонад ва пас аз он як сураи дигар мехонад, ки нисбат ба сураи аввал кӯтоҳтар аст.

Г) Сипас рукуъи тӯлонӣ мекунад, ки аз рукуъи аввал кӯтоҳтар бошад.

Д) Сипас бо гуфтани "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ" аз рукуъ бармехезад.

Е) Пас аз он ду саҷдаи тӯлонӣ анҷом медиҳад.

Ё) Сипас барои ракъати дуюм бармехезад ва ин ракъат низ мисли ракъати аввал анҷом мешавад, аммо андаке кӯтоҳтар аз аввал аст.

Суннатҳои намози кусуф:

А) Нидо карданаш бо гуфтани "Намоз ҷамоат аст" (Яъне барои намоз ҷамъ шавед).

Б) Бояд бо ҷамоат анҷом дода шавад.

В) Тӯлонӣ анҷом додани намоз, дар қиём, рукуъ ва саҷдаҳояш.

Г) Ракаъати дувум аз ракаъати якум кутоҳтар бошад.

Д) Баъд аз намоз панду андарз гуфта шавад, ки мардумро ба анҷоми корҳои нек ва парҳез аз корҳои бад даъват намояд.

Е) Дуои зиёд кардан, илтиҷо, талаби мағфират ва садақа додан.

Ҳаждаҳум: Намози истисқо (талаби борон):

1) Истисқо: Дар хушксолӣ ва камобӣ аз Худованди Мутаъол талаби борон кардан.

Вақти машруияти намози истисқо:

Намози истсиқо вақте машруъ мегардад, ки замин хушк шавад, борон наояд ва аз набудани он зарар расад. Дар чунин ҳолат, мардум роҳе надоранд ҷуз он ки ба Парвардигорашон илтиҷо кунанд ва аз Ӯ борон талаб намоянд ва бо анвои илтиҷо ва зорӣ аз Худованд кумак талабанд.

А) Баъзан бо намоз, бо ҷамоат ё танҳо анҷом дода мешавад.

Б) Баъзан бо дуо дар хутбаи ҷумъа, ки имом дар он дуо мекунад ва мусалмонон бар дуояш омин мегӯянд.

В) Баъзан бо дуо, дар ҳар замоне бошад, бидуни намоз ва хутба анҷом дода мешавад.

Ҳукми намози истисқо:

Намози истисқо суннати муаккада аст, дар ҳолате ки сабабаш вуҷуд дошта бошад. Ба далели амали Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт:

«خَرَجَ النَّبِيُّ ﷺ إِلَى الْمُصَلَّى، فَاسْتَسْقَى، وَاسْتَقْبَلَ الْقِبْلَةَ، وَقَلَبَ رِدَاءَهُ، وَصَلَّى رَكْعَتَيْنِ».

"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба намозгоҳ баромад ва дархости борон кард, рӯ ба қибла кард, ҷомаашро баргардонд ва ду ракаъат намоз хонд”.39

Тарзи намози истисқо:

Намози истисқо аз нигоҳи ҷои баргузорӣ, монанди намози ид аст. Дар намозгоҳи монанди намозгоҳи ид анҷом додани намози истисқо мустаҳаб аст. Аҳкоми он аз ҷиҳати шумори ракъатҳо, бо овози баланд хондан, пеш аз хутба хондани он ва такбирҳои изофӣ дар ракъатҳои якум ва дуюм пеш аз қироат, монанди аҳкоми намози ид аст. Ҳамон тавр ки дар намози ду ид баён карда шуд. Аммо намози истисқо як хутба дорад.

Нуздаҳум: Намози ҷаноза:

Аввал: Ҳукми касе, ки назди шахси дар ҳоли эҳтизор (марг қарор дорад,) ҳозир аст:

1 - Касе, ки назди шахси дар ҳоли эҳтизор (марг) буда ҳозир аст, суннат аст, ки "Ло илоҳа иллаллоҳ" -ро барояш талқин намояд.

2 - Ӯро ба тарафи қибла гардондан суннат аст.

3 - Пӯшондани чашмонаш мустаҳаб аст.

4 - Суннат аст, ки пас аз вафот, майит бо либос пӯшонида шавад.

5 - Майит бояд зуд омода карда шавад (барои шустан, кафан кардан, намоз ва дафн кардан).

6 - Қарзҳояш бояд зуд пардохт шавад.

7 - Шустан ва кафан кардани майит фарзи кифоя аст.

Дувум: Аҳкоми намоз бар майит:

Намози ҷаноза фарзи кифоя аст.

Шартҳои намози ҷаноза:

1) Рӯ овардан ба қибла.

2) Сатри аврат.

3) Дурӣ аз наҷосат.

4) Вузӯ доштани намозгузор ва касе, ки бар ӯ намоз хонда мешавад (майит).

5) Мусалмон будани намозгузор ва майит.

6) Иштирок дар маросими намози ҷаноза, агар он дар шаҳр бошад.

7) Намозгузор мукаллаф бошад.

Аркони намози ҷаноза:

1) Рост истодан.

2) Чаҳор такбир.

3) Хондани сураи Фотиҳа.

4) Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).

5) Дуо барои майит.

6) Риояти тартиб.

7) Салом додан.

Суннатҳои намози ҷаноза:

1) Бардоштани дастон (рафъи ядайн) ҳангоми ҳар такбир.

2) Истиъоза.

3) Дуо кардан барои худ ва барои мусалмонон.

4) Бо садои паст хондани намоз.

5) Баъд аз такбири чаҳорум ва пеш аз салом додан, андаке истодан.

6) Гузоштани дасти рост бар чап бар болои сина.

7) Ҳангоми салом додан ба тарафи рост гардондани рӯй.

Тарзи хондани намози ҷаноза:

Имом ва шахси танҳогузор бояд дар баробари синаи майити мард ва дар байни бадани зан меистанд. Пас аз гуфтани такбири таҳрима "Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим" мегӯяд ва дуои истифтоҳро намегӯяд, "Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим" гуфта сураи Фотиҳаро мехонад.

Сипас такбир мегӯяд ва ба Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дуруд мефиристад, сипас такбир гуфта барои майит дуоҳоеро, ки дар суннат ворид шудааст мехонад. Монанди ин дуои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам):

«اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِحَيِّنَا وَمَيِّتِنَا، وَصَغِيرِنَا وَكَبِيرِنَا، وَذَكَرِنَا وَأُنثَانَا، وَشَاهِدِنَا وَغَائِبِنَا، اللَّهُمَّ مَنْ أَحْيَيْتَهُ مِنَّا فَأَحْيِهِ عَلَى الإِيمَانِ، وَمَنْ تَوَفَّيْتَهُ مِنَّا فَتَوَفَّهُ عَلَى الإِسْلَامِ، اللَّهُمَّ لَا تَحْرِمْنَا أَجْرَهُ، وَلَا تُضِلَّنَا بَعْدَهُ».

"Аллоҳуммағфир лиҳайино ва майитино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно ва шоҳидино ва ғоибино, Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно фа-аҳйиҳи ъалал-имон ва ман тавафайтаҳу минно фатаваффаҳу ъалал-ислом, Аллоҳумма ло таҳримно аҷраҳу ва ло тузиллано баъдаҳу".40

Ин дуо низ аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст:

«اللَّهُمَّ اغْفِرْ لَهُ وَارْحَمْهُ، وَعَافِهِ وَاعْفُ عَنْهُ، وَأَكْرِمْ نُزُلَهُ، وَوَسِّعْ مَدْخَلَهُ، وَاغْسِلْهُ بِالْمَاءِ وَالثلْجِ وَالْبَرَدِ، وَنَقِّهِ مِنَ الْخَطَايَا كَمَا نَقَّيْتَ الثَّوْبَ الْأَبْيَضَ مِنَ الدَّنَسِ، وَأَبْدِلْهُ دَارًا خَيْرًا مِنْ دَارِهِ، وَأَهْلًا خَيْرًا مِنْ أَهْلِهِ، وَزَوْجًا خَيْرًا مِنْ زَوْجِهِ، وَأَدْخِلْهُ الْجَنَّةَ، وَأَعِذْهُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، وَمِنْ عَذَابِ النَّارِ».

"Аллоҳуммағфир лаҳу варҳамҳу ва ъофиҳи ваъфу анҳу ва акрим нузулаҳу ва вассиъ мадхалаҳу вағсилҳу билмои вассалҷи валбаради ва наққиҳи минал-хатоё камо наққайта-с-савбал-абяза минад-данаси ва абдилҳу доран хайран мин дориҳи ва аҳлан хайран мин аҳлиҳи ва завҷан хайран мин завҷиҳи ва адхилҳул-ҷанната ва аъизҳу мин азобил -қабр ва мин азобин-нор".41 Сипас такбир мегӯяд ва андаке меистад ва ба тарафи рост як салом медиҳад.

 

 

Мабҳаси севум: Закот:

1 - Таърифи закот ва мақоми он:

Закот дар луғат ба маънои "рушд кардан ва зиёд шудан" аст.

Закот дар истилоҳи шаръӣ ҳаққи воҷибест, ки шариат онро дар молҳои муайян барои гурӯҳи махсусе воҷиб гардондааст.

Закот рукни сеюми Ислом аст. Закот дар Қуръон дар ҳаштоду ду ҷой бо намоз якҷо зикр шудааст, ки ин далолат бар бузургии мақоми он мекунад.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ...﴾

(Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ...). (Сураи Бақара, ояти 43).

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«بُنِيَ الإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّـهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّـهِ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَحَجِّ الْبَيْتِ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ».

"Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; ҳаҷҷи Хона; ва рӯзаи моҳи Рамазон".42

Мусалмонон бар фарз будани он иҷмоъ доранд. Ва бар кофир будани касе, ки фарз будани онро инкор кунад ва бар ҷанг бо касе, ки аз додани он худдорӣ кунад, иттифоқ кардаанд.

2 - Шартҳои воҷиб шудани закот:

А) Озодӣ: Закот бар барда фарз нест, зеро ӯ моле надорад. Он чи дар даст дорад, моликияти соҳиби ӯст, пас закоташ бар дӯши соҳибаш аст.

Б) Ислом: Закот бар кофир фарз нест, зеро он як навъ ибодат ва тақарруб ба Худо аст ва кофир сазовори тақарруб ва ибодат нест.

В) Моликияти нисоб: Закот бар моле, ки миқдори он аз нисоб камтар аст, фарз нест. Нисоб, миқдори муайян ва мушаххаси мол аст, ки бо расидан ба он, закот фарз мешавад.

Г) Моликияти том: Яъне мол бояд комилан ба шахс тааллуқ дошта бошад. Закот бар моли номуайян ё нопурра фарз нест, мисли қарзи китобат (қарзе, ки барда барои озод шуданаш медиҳад).

Д) Гузаштани як сол бар мол. Дар ҳадиси марфуъ аз Оиша (Разияллоҳу анҳо) чунин ривоят шудааст:

«لَا زَكَاةَ فِي مَالٍ حَتَّى يَحُولَ عَلَيْهِ الْحَوْلُ».

"Бар ҳеҷ моле закот воҷиб намешавад, магар ин ки як сол (-и ҳиҷрии қамарӣ) бар он бигзарад".43

3- Молҳое, ки дар онҳо закот воҷиб аст:

Аввал: Чорвоҳо,

яъне, шутур, гов, гӯсфанд, закот дар онҳо бо ду шарт воҷиб мешавад:

1- Бояд чорво барои ширдиҳӣ ва афзоиши насл нигаҳ дошта шавад, на барои кор.

2 - Соима бошад (дар чарогоҳ парвариш ёбад), дар чорвоҳое ки бо хӯроки харидашуда ё алафи ҷамъоваришуда аз чарогоҳҳо парвариш мешаванд, закот воҷиб нест. Ҳамчунин, дар чорвоҳое, ки танҳо қисме аз сол, на тамоми ё бештари онро дар чарогоҳ мечаранд, низ закот воҷиб нест.

4 - Нисоби чорвоҳо:

1 - Закоти шутур:

Агар шартҳои лозима фароҳам бошанд, дар панҷ шутур як гӯсфанд, дар даҳ шутур ду гӯсфанд, дар понздаҳ шутур се гӯсфанд ва дар бист шутур чаҳор гӯсфанд, закот воҷиб мешавад. Ҳамонтавр, ки суннат ва иҷмоъ ба он далолат дорад. Агар шумораи шутурҳо ба 25 расад, пас дар онҳо "Бинти махоз" воҷиб мешавад, яъне шутуре, ки як солагиро пурра карда, ба соли дувум даромадааст. Агар ин навъи шутур дастрас набошад, пас метавон ба ҷойи он "Ибни лабун", шутури наринаи дусоларо закот дод.

Агар шумораи шутурҳо ба 36 бирасад, дар ин ҳолат "Бинти лабун" воҷиб мешавад, яъне шутури модае, ки 2-сола шуда ва ба соли 3-юм даромадааст.

Агар шумораи шутурҳо ба 46 бирасад, дар он ҳолат "Ҳиққа" воҷиб мешавад, яъне, шутури модае, ки 3-сола шудааст ва ба соли 4-ум даромадааст.

Агар шумораи шутурҳо ба 61 бирасад, дар он ҳолат "Ҷазъа" воҷиб мешавад, яъне шутури модае, ки 4-сола шудааст ва ба соли 5-ум даромадааст.

Агар шумораи умумии шутурҳо ба 76 бирасад, дар он ҳолат ду адад "Бинти лабун" воҷиб мешавад, яъне ду шутури модае, ки ҳар кадомаш 2-сола шуда бошанд.

Ва агар шумораи шутурҳо ба 91 бирасад, дар он ҳолат ду адад "Ҳиққа" воҷиб мешавад, яъне, ду шутури модае, ки ҳар кадомаш 3-сола шуда бошанд.

Агар шумораи умумии шутурҳо аз 120 як адад зиёд шавад (121), се адад "Бинти лабун" воҷиб мешавад. Баъд аз он барои ҳар 40 шутур як "бинти лабун", воҷиб мешавад. Ва барои ҳар 50 шутур як "Ҳиққа" воҷиб мешавад.

2 - Закоти гов:

Дар ҳоли фароҳам омадани шартҳои лозим дар гов ҳам закот воҷиб мешавад. Агар шумораи говҳо ба 30 адад расад, як "табиъ ё табиъа" воҷиб мешавад. Табиъ ва табиъа як гови нар ё модаеро мегӯянд, ки як солро пур карда ва ба соли дуюм дохил шудааст.

Агар адади говҳо аз 30 поён бошад, чизе воҷиб намешавад.

Агар адади говҳо ба 40 расад як гови Мусинна (ду солро пур карда ба соли сеюм ворид шуда бошад) воҷиб мешавад.

Агар миқдори умумии говҳо аз 40 зиёд шавад, пас барои ҳар 30 гов як "Табиъ ё Табиъа" (гови нарина ё модина, ки яксола шудааст ва ба соли дуюм дохил мешавад) ва барои ҳар 40 гов як гови Мусинна (ду сола) воҷиб мешавад.

3 - Закоти гӯсфанд:

Агар адади умумии гӯсфандон (гӯсфанд ё буз) ба 40 расад, як гӯсфанд воҷиб мешавад, ки он метавонад як гӯсфанди нари яксола ё як бузи мода бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки агар шумораи гӯсфандон аз 40 кам бошад, закот воҷиб намешавад. Агар шумораи умумии гӯсфандон ба 121 расад, ду гӯсфанд воҷиб мешавад. Агар ба 201 расид, се гӯсфанд воҷиб мешавад.

Пас аз расидан ба ин миқдор (201 гӯсфанд), миқдори закот собит мешавад ва дар ҳар сад гӯсфанд як гӯсфанд воҷиб мешавад, яъне дар 400 гӯсфанд чаҳор гӯсфанд ва ҳамин тавр идома меёбад.

Дувум: Закоти чизҳое, ки аз замин мерӯянд:

Чизҳое, ки аз замин мерӯянд, ду навъ ҳастанд:

1) Донагиҳо ва меваҷот.

2) Маъданҳо.

Навъи якум: Донагиҳо ва меваҷот:

Закот дар донагиҳо, монанди, гандум, ҷав, биринҷ, воҷиб аст. Ҳамчунин дар меваҳо мисли хурмо ва мавиз закот воҷиб мешавад. Аммо дар дигар навъҳои растаниҳо, мисли зироатҳои лубиёгӣ ва сабзавот воҷиб нест.

Шартҳои воҷиб шудани закот дар донагиҳо ва меваҷот:

1) Бояд захирашаванда бошад, дар чизҳое, ки захира намешаванд, монанди меваҳо ва сабзавот, закот воҷиб нест.

2) Бояд чизи ченшаванда (бо миқёс) бошад, дар он чизҳое, ки бо шумор ё вазн фурӯхта мешаванд, монанди тарбуз, пиёз, анор ва ғайра, закот воҷиб нест.

3) Ба нисоб расидан. Яъне, бояд миқдори он ба панҷ васқ (тақрибан 653 кг) расад. Ҳар он чизе аз ин камтар бошад, закот воҷиб намешавад.

4) Нисоб бояд дар вақти воҷиб шудани закот дар моликияти шахс қарор дошта бошад.

Агар шахс маҳсулро пас аз вақти воҷиб шудани закот соҳиб шавад, закот бар ӯ воҷиб нест. Барои мисол, агар шахс маҳсулро пас аз ҷамъоварӣ бихарад ё касе ба ӯ туҳфа кунад, дар ин ҳолат закот бар ӯ воҷиб намешавад.

Вақти воҷиб шудани закоти он:

Воҷиб шудани закот дар донагиҳо ва меваҳо вақте аст, ки аломатҳои расидани он зоҳир шавад. Аломатҳои расидан чунинанд:

А - Дар донагиҳо: Вақте ки донаҳо сахт ва муҳкам ва қобили бардошт бошанд.

Б – Дар меваи хурмо: Вақте ки сурх ё зард шавад.

Ҷ- Дар ангур: Агар нарм ва ширин бошад.

Нисоби он:

Нисоби донагиҳо ва меваҷот панҷ васақ аст. Ва васақ шаст соъ аст, ки баробар ба 300 соъи набавӣ мешавад. Аммо нисоб бо килограм, тақрибан 900 килограм мешавад.

Миқдори закоти воҷиб дар он:

Пардохти закот дар маҳсулоте, ки бе хароҷот ва душворӣ об дода шудааст, мисли он ки бо оби борон ё чашмаҳои обдиҳӣ мешавад, ушр (аз даҳ як) воҷиб аст.

Дар ҳолате, ки обдиҳӣ бо хароҷот ва душворӣ сурат гирад, мисли касе, ки бо оби чоҳҳо ё дарёҳо бо кумаки ҳайвонҳо ё мошинҳои муосир об медиҳад, закот ним ушр воҷиб мешавад.

Навъи дувум: Маъданҳо:

Аз ҷумлаи чизҳое, ки аз замин мебарояд, маъданҳо ҳастанд. Маъданҳо моддаҳое ҳастанд, ки аз замин бароварда мешаванд, вале онҳо аз ҷинси замин нестанд, монанди тилло, нуқра, оҳан ва сангҳои қимматбаҳо.

Вақти воҷиб шудани закот дар онҳо:

Агар онро ба даст оварад ва соҳиб шавад, закоташро бояд фавран бидиҳад, зеро барои он гузашти як сол шарт нест. Нисобаш ҳамон нисоби тилло ва нуқра аст ва аз он як чоряки даҳум (яъне 2.5%) аз арзишаш дода мешавад.

Севум: Закоти нақдинагиҳо (пулу сиккаҳо):

Амволи нақдӣ ва арзишманд инҳоянд: тилло, нуқра ва пулҳои қоғазӣ (асъори нақдӣ). Закоти онҳо воҷиб аст. Далели он: Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ﴾

(Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ Таъоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ 34). (Сураи Тавба, ояти 34).

Инчунин дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَا مِنْ صَاحِبِ ذَهَبٍ وَلَا فِضَّةٍ لَا يُؤَدِّي فِيهَا حَقَّهَا؛ إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ صُفِّحَتْ لَهُ صَفَائِحُ مِنْ نَارٍ».

"Ҳеҷ соҳиби тилло ва нуқра нест, ки ҳаққи онро напардозад (закоташро надиҳад), магар ин ки дар рӯзи қиёмат бар ӯ табақаҳои оташин омода карда мешавад".44

Олимон бар воҷиб будани закот дар тилло ва нуқра иттифоқ доранд. Инчунин пулҳои нақдӣ ҳукми тилло ва нуқраро доранд, зеро дар муомилоти молӣ ҷои онҳоро гирифтаанд.

Нисоби закот дар нақдинагиҳо ва миқдори воҷиб дар онҳо:

Нисоби пулҳои нақдӣ, монанди нисоби тилло ё нуқра аст, зеро дар қимат ва арзиш ҷойгузини онҳо шудаанд. Пас, ҳар гоҳ ба нисоби яке аз ин ду бирасанд, закот воҷиб мешавад. Одатан, нисоби пулҳои нақдӣ имрӯз бо нуқра ҳисоб мешавад, зеро арзонтар аз тилло аст ва зудтар ба нисоб мерасад. Агар шахси мусалмон маблағе дошта бошад, ки ба арзиши 595 грамм нуқра баробар бошад, ва як сол (ҳавл) бар он гузарад, закот воҷиб мегардад. Нархи грамми нуқра вобаста ба ҳар асру замон тағйир меёбад. Бинобар ин, касе, ки маблағи кам дорад ва намедонад, ки ба нисоб расидааст ё на, бояд аз тоҷирони нуқра бипурсад, ки қимати як грамм нуқра чанд аст, сипас онро дар 595 зарб кунад, натиҷаи ин зарб миқдори нисоби закоташ хоҳад буд.

Фоида: Агар касе хоҳад закоти молашро барорад, нисобро бар 40 тақсим кунад, ҳар ададе барояд, ҳамон миқдори воҷиби закот аст.

Чаҳорум: Закоти молҳои тиҷоратӣ:

Молҳои тиҷоратӣ, молҳое ҳастанд, ки барои хариду фурӯш бо ҳадафи фоида омода шудаанд. Молҳои тиҷоратӣ ҳамаи навъҳои молҳо ғайр аз арзишҳои нақдиро дар бар мегирад, монанди мошинҳо, либосҳо, матоъҳо, оҳан, чӯб ва ғайра, ки барои тиҷорат омода шудаанд.

Шартҳои воҷиб шудани закоти молҳои тиҷоратӣ:

1- Онро бо амали худ соҳиб шуда бошад, монанди харидуфурӯш, иҷора ва дигар роҳҳои даромад (касб).

2- Онро бо нияти тиҷорат соҳиб шавад, яъне бо мақсади даромад кардан, зеро амалҳо бо ният вобастаанд ва тиҷорат низ як амал аст. Бинобар ин, ният дар он шарт аст, мисли дигар амалҳо.

3- Арзиши он бояд ба нисоби яке аз ду пул (тилло ё нуқра) бирасад.

4- Гузашти тамоми сол (ҳавл), яъне сипарӣ шудани як сол бар он мол.

Тарзи пардохти закоти молҳои тиҷоратӣ:

Арзёбии молҳои тиҷоратӣ пас аз гузашти як сол бо арзиши тилло ё нуқра сурат мегирад. Агар арзиши молҳо ба нисоби тилло ё нуқра бирасад, бояд аз арзишашон як чоряки даҳум (2.5%) закот пардохт шавад.

Панҷум: Закоти фитр:

Закоти фитр, садақаи воҷибест, ки дар охири моҳи Рамазон бароварда мешавад. Он дар соли дувуми ҳиҷрат воҷиб шудааст.

Ҳукми закоти фитр:

Закоти фитр бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, ки дар рӯзи ид ва шаби он ғизои зиёдатӣ бар ниёзи худ ва аҳли хонадонаш дорад. Ин закот бар ҳар мусалмон воҷиб аст, хоҳ мард бошад ё зан, кӯдак ё калонсол, озод ё ғулом. Бар асоси ин ҳадис:

«فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ زَكَاةَ الْفِطْرِ عَلَى الْعَبْدِ وَالْحُرِّ، وَالذَّكَرِ وَالْأُنثَى، وَالصَّغِيرِ وَالْكَبِيرِ، مِنَ الْمُسْلِمِينَ».

"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар барда ва озод, мард ва зан, кӯдак ва калонсоли мусалмонон фарз гардонид" (45).45 "Фарз гардонид" дар ин ҷо ба маънои воҷиб ва лозим гардонидан аст.

Ҳикмат аз машруияти закоти фитр:

Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) мегӯяд:

«فَرَضَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ زَكَاةَ الْفِطْرِ؛ طُهْرَةً لِلصَّائِمِ مِنَ اللَّغْوِ وَالرَّفَثِ، وَطُعْمَةً لِلْمَسَاكِينِ».

"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро фарз гардонид, то барои рӯзадор покизагӣ аз корҳои беҳуда ва гуфтори нописанд ва барои ниёзмандону фақирон таом бошад".46

Вақти воҷиб шудан ва баровардани он:

Закоти фитр бо ғуруби офтоби шаби ид воҷиб мегардад. Пардохтанаш рӯзи ид пеш аз намози ид рафтан суннат аст. Ба таъхир андохтани закоти фитр то баъд аз намози ид ҷоиз нест. Агар шахс онро ба баъд аз намози ид ба таъхир андозад, бояд онро ҳамчун қазо анҷом диҳад, вале дар айни ҳол барои таъхир карданаш аз вақти муқарраршуда гунаҳкор мешавад .

Як ё ду рӯз пеш аз ид бароварданаш ҷоиз аст.

Миқдори закоти фитр ва чизе, ки аз он бояд пардохт шавад:

Закоти фитр як соъ (миқдори муайян) аз ғизои маъмул миёни мардуми он минтақа аст, монанди биринҷ, хурмо, гандум ва ғайра. Миқдори соъ тақрибан 3 кг мебошад. Пардохти қимати закоти фитр бо пул ҷоиз нест, зеро ин бо амри Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мухолиф аст.

Баровардани закот ва масорифи он:

Вақти баровардани закот:

Замоне ки вақти воҷиб шудани он фаро расид, бояд закот фавран бароварда шавад. Таъхир кардан дар пардохти закот аз вақташ, ҷоиз нест, магар бо зарурат, монанди он ки мол дар кишвари дуре бошад ва шахс вакиле надошта бошад, ки онро барорад.

Макони пардохти закот:

Беҳтар аст, ки закот дар ҳамон шаҳр ё кишваре, ки мол қарор дорад, бароварда шавад. Аммо дар ҳолатҳои зерин ҷоиз аст, ки онро ба ҷои дигар интиқол диҳанд:

А– Агар дар он шаҳр ё кишваре, ки мол ҳаст, касе ниёзманд ба закот набошад.

Б – Агар дар кишвари дигар хешованди ниёзманд дошта бошад.

Ҷ – Агар манфиати шаръӣ вуҷуд дошта бошад, ки интиқоли закотро талаб кунад, монанди фиристодани он ба минтақаҳои мусалмоннишини осебдида аз гуруснагӣ, офатҳои табиӣ ё обхезӣ.

Закот дар моли кӯдак ва девона низ воҷиб аст, бар асоси далелҳои умумӣ. Баровардани закотро волии онҳо (парастори мол) анҷом медиҳад. Закотро танҳо бо ният баровардан ҷоиз аст, зеро Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«إِنَّمَا الْأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ».

"Ҳамоно, корҳо ба ниятҳо вобаста аст".47

Аҳли закот: касоне, ки истифодаи закот барои онҳо ҷоиз ва машруъ аст.

Афроде, ки аз закот истифода мебаранд ҳашт гурӯҳанд:

Гурӯҳи аввал: Фақирон:

Онҳо касонеанд, ки қодир ба таъмини ниёзҳои аввалияи худ ва аҳли хонаводашон нестанд. Ба фақирон аз закот бояд ба қадре дода шавад, ки бар ниёзи худ ва хонаводаашон барои як сол кифоят кунад.

Гурӯҳи дувум: Мискинон:

Онҳо касоне ҳастанд, ки қисми зиёди ниёзҳояшонро доранд, аммо комилан кифоя намекунад, монанди шахсе, ки маош дорад, вале барои таъмини зиндагии худ ва аҳлаш дар тӯли як сол кофӣ нест.

Миқдоре, ки ба онҳо аз закот дода мешавад:

Он бояд тамоми ниёзи зиндагии онҳо ва ниёзи касоне, ки таҳти сарпарастии онҳо ҳастандро барои як сол таъмин кунад.

Гурӯҳи сеюм: Масъулони ҷамъи закот:

Онҳо касонеанд, ки ҳоким вазифадорашон мекунад барои ҷамъоварии закот ё нигоҳдории он, ё расонидани он ба ниёзмандон.

Миқдоре, ки ба онҳо аз закот дода мешавад:

Қадри музди кори онҳо аст, ба шарте ки маош ё музде аз ҷониби давлат нагиранд.

Гурӯҳи чаҳорум, онҳое, ки дилҳояшон бо додани чизе ҷалб мешавад:

Онҳо касе ҳастанд, ки бо додани закот ба ӯ умед аст ислом биёранд, ё имонашон қавӣ гардад, ё шарру бадияшон аз мусалмонон дур карда шавад.

Миқдори закоте, ки ба онҳо дода мешавад, бояд баробар бо он чизе бошад, ки бо он дилҳояшон ҷалб мешавад.

Гурӯҳи панҷум: Бардагон (барои озод кардани барда):

Маънояш, озод кардани бардагон (ғуломон) ва шахсоне, ки барои озодшудан шартнома бастаанд. (Яъне бо пардохти маблағ озод мешаванд).

Мукотаб, бардае аст, ки худро аз соҳибаш харидорӣ кардааст (ниёз ба пул дорад, ки пардохт кунад ва озод шавад). Ба ин гурӯҳ ҳамчунин фидяи асирони мусалмон дар ҷангҳо низ дохил мешавад, ки барои озодии онҳо маблағ дода мешавад.

Гурӯҳи шашум: Қарздорон ва онҳо ду навъ ҳастанд:

Навъи аввал: Касе, ки барои ниёзи худ қарз карда бошад, вале мол надорад, ки қарзашро пардохт кунад. Ба ӯ миқдори зарурӣ дода мешавад, ки қарзаш пурра пардохт шавад.

Навъи дувум: Касе, ки барои ислоҳи муносибатҳо байни одамон қарздор шудааст (барои оштӣ ё созиш байни мардум). Ба ӯ миқдори зарурӣ дода мешавад, ки қарзашро пардохт кунад, ҳатто агар сарватманд ҳам бошад.

Гурӯҳи ҳафтум: Дар роҳи Худо:

Онҳо касоне ҳастанд, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд.

Миқдори закоте, ки ба онҳо дода мешавад, бояд ба андозае бошад, ки барои ҷиҳод дар роҳи Худо кифоят кунад, монанди василаи нақлиёт, силоҳ, хӯрок ва дигар ниёзҳо барои анҷоми ҷиҳод.

Гурӯҳи ҳаштум: Мусофири дар роҳмонда:

Ӯ мусофире аст, ки хароҷоташ тамом шуда, ё пулҳояш дуздида шудаанд ва дигар бо худ пуле надорад, ки ба ватанаш баргардад.

Миқдори закоте, ки ба онҳо дода мешавад, бояд ба андозаи маблағе бошад, ки барои расидан ба ватанаш кофӣ бошад, ҳатто агар он шахс дар ватанаш сарватманд бошад.

Мабҳаси чаҳорум: Рӯза:

Рӯза, яъне:

Ибодати Аллоҳ Таъоло бо худдорӣ кардан аз чизҳое, ки рӯзаро мешиканад, аз тулӯи фаҷр то ғуруби офтоб.

Рӯза рукне аз аркони Ислом ва фарзе аз фарзҳои Аллоҳ Таъоло аст. Фарз будани он аз бадиҳиёти қатъӣ ва зарурии дини Ислом аст, ки Қуръон ва Суннат ва иҷмои мусалмонон бар он далолат дорад.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌شَهۡرُ رَمَضَانَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ فِيهِ ٱلۡقُرۡءَانُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَٰتٖ مِّنَ ٱلۡهُدَىٰ وَٱلۡفُرۡقَانِۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ ٱلشَّهۡرَ فَلۡيَصُمۡهُ...﴾

(Моҳи рамазон [моҳе] аст, ки Қуръон дар он нозил шудааст; [китобе,] ки роҳнамои мардум аст ва далоили ошкоре аз ҳидоят [бо худ дорад] ва ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст. Пас, ҳар яке аз шумо [ки муқиму солим аст] ин моҳро дарёбад, бояд онро рӯза бидорад ...). (Сураи Бақара, ояти 185).

Шартҳои вуҷуби рӯза доштани моҳи Рамазон:

1 - Мусалмон будан, зеро рӯзаи кофир дуруст нест.

2- Булуғ, рӯза гирифтан бар кӯдаки ноболиғ воҷиб нест. Аммо агар кӯдак некро аз бад фарқ кунад, рӯзадорӣ аз ҷониби ӯ дуруст аст ва барояш ҳамчун нофила ҳисоб мешавад.

3- Ақл, рӯза гирифтан бар девона воҷиб нест, ҳамчунин аз ҷониби ӯ дуруст ҳам нест, зеро ният надорад.

4- Тавонои рӯза гирифтан. Барои беморе, ки рӯзагириро таҳаммул намекунад ва бар мусофир, рӯза гирифтан воҷиб нест. Бемор ва мусофир рӯзаҳои нагирифтаи худро баъди бартараф шудани беморӣ ё поёни сафар қазо медоранд. Инчунин барои зан, шарти дуруст шудани рӯзааш, қатъ шудани хуни ҳайз ва нифос аст.

Оғоз шудани моҳи Рамазон бо яке аз ду чиз собит мешавад:

А - Дидани ҳилоли (моҳи нав) моҳи Рамазон, бар асоси фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд:

«صُومُوا لِرُؤْيَتِهِ، وَأفْطِرُوا لِرُؤْيَتِهِ».

"Бо дидани он (моҳ) рӯза бигиред ва бо дидани он ифтор кунед".48

Б – Такмил кардани моҳи Шаъбон ба 30 рӯз, дар сурате, ки ҳилоли Рамазон дида нашавад, монанди абр, ғубор ва ғайра монеи дидани он шавад. Бар асоси ҳадиси Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст:

«فَإِنْ غُمَّ عَلَيْكُمْ؛ فَأَكْمِلُوا عِدَّةَ شَعْبَانَ ثَلَاثِينَ يَوْمًا».

"Агар ҳилол бар шумо пинҳон монд, шумори рӯзҳои Шаъбонро 30 рӯз комил намоед".49

Ният дар рӯза:

Рӯза низ мисли дигар ибодатҳо бе ният дуруст намешавад. Вақти воҷиб шудани ният дар рӯзаи фарзӣ ва рӯзаи нафлӣ фарқ мекунад. Шарҳи он чунин аст:

Аввал: Рӯзаи воҷиб, монанди рӯзаи моҳи Рамазон, қазо, ё рӯзаи назр. Дар инҳо аз шаб ният кардан воҷиб аст, яъне қабл аз тулӯи фаҷр. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَن لَمْ يُبَيِّتْ الصِّيَامَ مِنَ اللَّيْلِ فَلَا صِيَامَ لَهُ».

"Касе, ки нияти рӯзаро аз шаб накарда бошад, барояш рӯза нест".50

Дувум: Рӯзаи нафл, шахс метавонад рӯзона ният кунад, ба шарте, ки баъд аз тулӯи фаҷр (азони бомдод) чизе, ки рӯзаро ботил мекунад, нахӯрда, нанӯшида бошад.

Шиканандаҳои рӯза:

Аввал: Ҷимоъ (ҳамбистарӣ), агар шахс дар рӯзҳои Рамазон (ҳангоми рӯза будан) ҷимоъ кунад, рӯзааш ботил мешавад ва барояш воҷиб аст, ки ҳам қазои рӯзаро бигирад ва ҳам каффораро пардохт кунад. Каффора чунин аст: озод кардани як барда. Агар инро натавонад, пас, ду моҳ пайдарпай рӯза медорад. Агар инро ҳам натавонад, бо сабаби узри шаръӣ, дар ин ҳолат таом додани 60 мискин, барои ҳар мискин нисфи соъ (тақр. 1.5 кг) аз ғизои маъмулии ҳамон минтақа.

Дувум: Баромадани манӣ, чи он ба сабаби бӯсидан бошад ё даст задан, ё истимно кардан ва ё нигоҳи ботакрор. Дар ин ҳолат рӯзаи шахс мешиканад ва танҳо қазо воҷиб мешавад, каффора намедиҳад, зеро каффора танҳо барои ҷимоъ (ҳамбистарӣ) воҷиб аст. Аммо агар шахс дар хоб эҳтилом шавад (яъне, дар хоб манӣ барояд), рӯзааш дуруст аст ва бар ӯ ҳеҷ чизе нест, зеро он бе ихтиёраш рух додааст, фақат бояд ғусли ҷанобат кунад.

Севум: Қасдан хӯрдану нӯшидан: Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِ...﴾

(... Бихӯред ва биошомед, то риштаи сапеди субҳ [фаҷри содиқ] аз риштаи сиёҳ [шаб] бароятон ошкор гардад, он гоҳ рӯзаро то шаб ба поён бирасонед ...). (Сураи Бақара, ояти 187).

Аммо шахсе аз рӯи фаромӯши чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзааш ботил намешавад ва ҳеҷ чиз бар ӯ нест. Ба далели ин ҳадис, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَن نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللَّهُ وَسَقَاهُ».

"Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст".51

Чаҳорум: Қасдан қай кардан. Аммо агар қай ба таври ғайриихтиёрӣ рух диҳад, бар рӯзааш таъсир намерасонад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«مَنْ ذَرَعَهُ الْقَيءُ فَلَيْسَ عَلَيْهِ قَضَاءٌ، وَمَن اسْتَقَاءَ عَمْدًا فَلْيَقْضِ».

"Ҳар ки қай бар ӯ ғалаба кунад (ғайриихтиёрӣ), бар ӯ қазо нест, вале ҳар ки қасдан қай кунад, бояд қазои рӯзаро ба ҷо орад".52

Панҷум: Баровардани хун аз бадан, монанди ҳиҷома, рагро бурида хун гирифтан, ё додани хун ба мақсади кумак ба бемор. Ин амалҳо рӯзаро мешикананд, (шахс он рӯзро бояд қазо дорад). Аммо миқдори ками хун, ки барои таҳлил (анализ) гирифта мешавад, рӯзаро ботил намекунад. Ҳамчунин, хунравии ғайриихтиёрӣ, мисли хунравии бинӣ, захм, дандон кандан, ҳеҷ таъсире бар рӯза надорад.

Касоне, ки дар моҳи Рамазон иҷозаи ифтор карданро доранд:

Қисми аввал: Касоне, ки ифтор кардан барои онҳо ҷоиз аст, вале бояд рӯзаҳоро қазо доранд, аз инҳо иборатанд:

Аввал: Беморе, ки бемориаш қобили шифоёбӣ аст ва рӯза гирифтан барои ӯ зарар ё душворӣ дорад.

Дувум: Мусофир, чи сафар барои ӯ душворӣ ё тоқатфарсо бошад чи набошад.

Ва далел бар он ду, фармудаи Худованд аст:

﴿...وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَ...﴾

( ... ва ҳар ки бемор ё дар сафар бошад, [бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки рӯза нагирифтааст] рӯзҳои дигаре [-ро рӯза бигирад]... ). (Сураи Бақара, ояти 185).

Сеюм: Зани ҳомила ё ширдеҳ, агар рӯза гирифтан барои онҳо ё кӯдаконашон душвор бошад ё зарар расонад, дар ин ҳолат онҳо мисли беморон ҳастанд ва иҷозаи ифтор доранд. Аммо бояд рӯзаҳояшонро дар вақти дигар қазо доранд.

Чаҳорум: Занони дар ҳолати ҳайз ва нифосбуда, ифтор кардан барояшон воҷиб аст ва рӯза гирифтан барояшон дуруст нест. Пас, онҳо бояд рӯзаҳои худро дар рӯзҳои дигар қазо доранд.

Қисми дувум: Касоне, ки барои онҳо ифтор кардан иҷозат дода шудааст ва онҳо қазо намедоранд, вале воҷиб аст, ки каффора диҳанд, инҳоянд:

Аввал: Беморе, ки умеди шифоёбиаш нест (бемории доимӣ).

Дувум: Пиронсолон, ки тавони рӯзагирӣ надоранд.

Инҳо ифтор мекунанд ва барои ҳар рӯз аз моҳи Рамазон ба як мискин миқдори муайян таом медиҳанд. Аммо агар солхурдагӣ ба дараҷаи фаромушӣ расад, таклиф аз ӯ бардошта мешавад, ӯ ифтор мекунад ва ҳеҷ гуна қазо ё каффора бар ӯ воҷиб нест.

Вақти қазо ва ҳукми таъхири он:

Қазои рӯзаи Рамазон бояд дар байни Рамазони гузашта ва Рамазони оянда адо карда шавад ва беҳтар аст, ки қазо ҳарчи зудтар анҷом дода шавад. Ба таъхир андохтани қазои рӯза ба баъд аз Рамазони оянда ҷоиз нест. Аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт:

«كَانَ يَكُونُ عَلَيَّ الصَّوْمُ مِنْ رَمَضَانَ، فَمَا أَسْتَطِيعُ أَنْ أَقْضِيَ إِلَّا فِي شَعْبَانَ لِمَكَانِ رَسُولِ اللهِ ﷺ».

"Ман рӯзаҳои қазои Рамазон доштам, вале ба хотири ҷойгоҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро танҳо дар моҳи шаъбон қазо медоштам".53

Ҳар касе, ки қазоро то баъд аз Рамазони оянда ба таъхир меандозад, ду ҳолат дорад:

1- Агар таъхир бо сабаби узри шаръӣ бошад, мисли идомаи беморӣ то Рамазони дигар, дар ин ҳолат танҳо қазо бар ӯ воҷиб аст.

2- Агар таъхир ба сабаби узри шаръӣ набошад, барои таъхир карданаш гунаҳкор мешавад. Барояш воҷиб аст, ки тавба кунад ва қазоро ба ҷой оварда барои ҳар як рӯз як мискинро таом диҳад.

Рӯзаи нафлӣ барои касе, ки қазоӣ дорад:

Касе, ки қазои рӯзаи Рамазон дорад, беҳтар аст аввал қазоро ба ҷо оварда баъд рӯзаи нафлӣ бигирад. Аммо агар рӯзаи нафлӣ замони маҳдуд дошта бошад, мисли рӯзаи Арафа ва Ошуро, дар ин ҳолат метавонад аввал онҳоро бигирад, зеро вақти қазо кушод аст, аммо рӯзаи Арафа ва Ошуро вақташ мегузарад. Вале рӯзаи шашрӯзаи шаввол бояд баъди анҷом додани рӯзаи қазо гирифта шавад.

Рӯзҳое, ки рӯза гирифтан дар онҳо ҳаром аст:

1- Рӯза гирифтани рӯзи иди Фитр ва рӯзи иди Қурбон ҳаром аст, зеро рӯза гирифтан дар ин рӯзҳо манъ шудааст.

2- Рӯза гирифтани рӯзҳои ташриқ (11, 12 ва 13-уми моҳи Зулҳидҷа) ҳаром аст, ҷуз барои касоне, ки дар ҳаҷ ҳастанд ва ҳаҷҷи таматтуъ ё қирон анҷом медиҳанд ва қурбонӣ надоранд. Айёми ташриқ, рӯзҳои 11, 12 ва 13-уми моҳи зулҳиҷҷа ҳастанд.

3- Рӯзи шак, бинобар шак ва тардид дар он рӯз, ки аз Рамазон аст ё шаъбон, яъне рӯзи 30-уми моҳи шаъбон, агар шабаш шаби абрӣ ё ғубор бошад, ки дидани ҳилоли Рамазон душвор гардад.

Рӯзҳое, ки рӯза гирифтанаш макруҳ аст:

А - Ихтисос додани моҳи раҷаб барои рӯза гирифтан. Б - Танҳо рӯзи ҷумъа рӯза гирифтан, ба хотири наҳйи аз он. Аммо агар як рӯз қабл ё баъди ҷумъа рӯза бигирад, макруҳият бартараф мешавад.

Рӯзҳое, ки рӯза гирифтанаш суннат аст:

А - Шаш рӯз аз моҳи шавол. Б - Рӯза гирифтани нуҳ рӯзи зулҳиҷҷа, махсусан рӯзи Арафа, магар барои ҳоҷӣ, ки рӯза гирифтан дар ин рӯз барояш суннат нест. Рӯза гирифтани ин рӯз гуноҳони ду соларо пок мекунад. В- Рӯза гирифтани се рӯз дар ҳар моҳ, беҳтар аст, ки дар рӯзҳои сафед бошанд, яъне, 13, 14 ва 15-уми ҳар моҳ. Г - Рӯза гирифтани рӯзи душанбе ва панҷшанбе ҳар ҳафта, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин рӯзҳоро рӯза мегирифт ва моро хабар додааст, ки амалҳои бандагон дар ин рӯзҳо ба Худованд пешниҳод мешаванд.

Рӯзаи нафлӣ:

А - Рӯзаи Довуд (алайҳиссалом), як рӯз рӯза мегирифт ва як рӯз ифтор мекард.

Б - Рӯза гирифтани моҳи муҳаррам, ки беҳтарин моҳ барои рӯза гирифтан аст ва рӯза гирифтанаш мустаҳаб аст. Дар моҳи муҳаррам аз ҳама бештар рӯза гирифтани рӯзи Ошуро таъкид шудааст, ки рӯзи даҳуми муҳаррам аст. Ҳамчунин рӯзи нуҳумро ҳамроҳаш рӯза гирифтан мустаҳаб аст, ба далели ин ҳадиси Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст:

«لَئِنْ بَقِيتُ إِلَى قَابِلٍ لَأَصُومَنَّ التَّاسِعَ».

"Агар то соли оянда зинда бимонам, рӯзи нуҳумро низ рӯза мегирам".54 Рӯза гирифтани ин рӯз каффораи гуноҳони як соли гузашта аст.

Мабҳаси панҷум: ҳаҷ ва умра:

Ҳаҷ дар луғат ба маънои "қасд кардан" (ният кардан) аст. Дар истилоҳи шариат, қасд кардани хонаи Худо (Каъба) ва маконҳои муқаддас дар замони муайян, бо мақсади адои маносики муайян аст.

Умра дар луғат ба маънои "зиёрат" аст.

Дар истилоҳи шариат, зиёрат кардани хонаи Худо (Каъба) дар ҳар вақт, бо мақсади адои маносики муайян.

Ҳаҷ яке аз аркони Ислом ва пояҳои бузурги он аст. Ҳаҷ соли нуҳуми ҳиҷрӣ бар мусалмонон фарз гардидааст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) танҳо як бор ҳаҷ карданд ва онро "Ҳаҷҷи видоъ" меноманд.

Анҷом додани ҳаҷ як бор дар умр бар ҳар шахси тавоно воҷиб аст, ҳар чи зиёда аз он бошад, нафл ва мустаҳаб маҳсуб мешавад. Аммо умра, тибқи гуфтаи аксари олимон (як бор дар умр), воҷиб аст, ба далели ҳадиси Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), ки вақте аз ӯ пурсиданд: “Оё бар занон ҷиҳоде ҳаст?” Фармуданд:

«نَعَمْ، عَلَيْهِنَّ جِهَادٌ لَا قِتَالَ فِيهِ: الْحَجُّ وَالْعُمْرَةُ».

“Бале, бар онҳо ҷиҳоди бе ҷангидан аст: ҳаҷ ва умра”.55

Шартҳои вуҷуби ҳаҷ ва умра:

1 - Ислом.

2 - Ақл.

3 - Болиғ будан.

4 - Озодӣ.

5 - Тавоноӣ.

Ва барои зан шарти шашум изофа мешавад ва он вуҷуди маҳрам аст, ҳамроҳаш барои адои ҳаҷ ё умра сафар кунад. Зеро бе маҳрам сафар кардани зан барои адои ҳаҷ ё умра ҷоиз нест. Ба далели ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам):

«لَا تُسَافِرُ الْمَرْأَةُ إِلَّا مَعَ ذِي مَحْرَمٍ، وَلَا يَدْخُلُ عَلَيْهَا رَجُلٌ إِلَّا وَمَعَهَا مَحْرَمٌ».

"Зан сафар намекунад, магар бо маҳрам ва ҳеҷ марде бар ӯ ворид намешавад магар ин ки маҳраме ҳамроҳаш бошад".56

Маҳрами зан, шавҳараш ё касе аст, ки издивоҷ бо ӯ ба таври абадӣ ҳаром аст. Чи аз роҳи насаб бошад, мисли падараш, бародараш, амакаш, писари бародараш ва тағоияш, чи бо дигар сабаби шаръӣи мубоҳ бошад, мисли бародари ширхурда ё насаби издивоҷ, мили шавҳари модар ё писари шавҳар.

Иститоъат, ба маънои тавоноии молӣ ва ҷисмиро дар бар мегирад. Яъне, шахс тавонад мушкилоти сафарро таҳаммул кунад, василаи роҳ барояш муҳайё бошад, роҳкиро дошта бошад, ҳамон қадар моле дошта бошад, ки барои рафтану баргаштанаш басанда бошад. Ҳамчунин барои нафақаи аҳли хонавода, фарзандон ва касоне, ки нафақаашон бар ӯ воҷиб аст, то баргашташ кофӣ бошад.

Инчунин роҳи ҳаҷ бояд амн бошад, яъне барои ҷон ва моли ӯ хатаре надошта бошад.

Касе, ки тавони молӣ дошта бошад, вале ҷисман натавонад ҳаҷ кунад, масалан, пири нотавон ё бемори музмине, ки аз шифо ёфтанаш умед набошад, дар ин ҳолат барояш воҷиб аст, ки касеро ба ҷойи худ барои ҳаҷ ва умра бифиристад, (яъне касеро бо харҷаш фиристад, то аз номи ӯ ҳаҷ ва умра кунад).

Барои касе, ки аз номи дигарон ҳаҷ ё умра мекунад, ду шарт лозим аст:

1- Он шахс бояд худ шартҳои адои ҳаҷро дошта бошад, яъне мусалмон, болиғ ва оқил будан дар ӯ бошад.

2- Бояд қаблан ҳаҷҷи фарзии Исломро аз номи худ анҷом дода бошад.

Миқотҳои эҳром:

Мавоқит, ҷамъи миқот аст. Дар луғат, ба маънои "ҳад" ё "марз" аст. Дар шариат маънояш макони ибодат ё замони он аст.

Ҳаҷ дорои миқотҳои замонӣ ва маконӣ аст:

А - Миқотҳои замонӣ, ки Худованд онҳоро дар Қуръон бо ин фармудааш баён намудааст:

﴿ٱلۡحَجُّ أَشۡهُرٞ مَّعۡلُومَٰتٞۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلۡحَجَّ...﴾

([Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози шаввол то даҳуми зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад ... ). (Сураи Бақара, ояти 197).

Ин моҳҳо иборатанд аз: шавол, зулқаъда ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа.

Б - Миқотҳои маконӣ: Инҳо ҳудудҳо ё нуқтаҳое ҳастанд, ки барои ҳоҷӣ ҷоиз нест, ки аз онҳо ба тарафи Макка бидуни эҳром гузарад. Онҳо чунинанд:

1 - Зулҳулайфа - миқоти аҳли Мадина.

2 - Ал-Ҷуҳфа - миқоти аҳли Шом, Миср ва Мағриб.

3 - Қарн-ул-манозил, ҳоло бо Сайл машҳур аст - миқоти аҳли Наҷд.

4 - Зоту Ирқ - миқоти аҳли Ироқ.

5 - Яламлам - миқоти аҳли Яман.

Ҳар касе, ки манзилаш баъди миқотҳо бошад (ба Макка наздик бошад), барои ҳаҷ ва умра аз манзилаш эҳром мебандад. Ҳамчунин касоне, ки аз аҳли Макка ҳастанд, аз Макка эҳром мебанданд, лозим нест, ки барои эҳром ба миқот бароянд. Аммо барои умра онҳо ба наздиктарин ҳилл (монанди, масҷиди Оиша разияллоҳу анҳо) мераванд ва эҳром мебанданд. Ҳар касе мехоҳад ҳаҷ ё умра анҷом диҳад, бояд аз ҷойҳое эҳром бандад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) муайян кардааст ва он миқотҳои маконӣ ҳастанд, ки қаблан зикр шуд. Бинобар ин, ҳар касе ҳаҷ ё умра карданӣ бошад, барояш бидуни эҳром аз ин миқотҳо гузаштан ҷоиз нест.

- Ҳар касе аз миқотҳои зикршуда гузарад, ғайр аз аҳли он минтақа, бояд аз онҷо эҳром бандад.

- Касоне, ки роҳи онҳо ба сӯи Макка аст, хоҳ бо роҳи заминӣ ё ҳавоӣ, ё баҳрӣ, вале аз ягон миқотҳои зикршуда намегузаранд. Дар ин ҳолат ҳангоме ки дар баробари наздиктарин миқот мегузаранд, эҳром мебанданд. Чунончи, Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) фармуд: "Дар роҳи худ, ба миқоти наздиктарине, ки баробар шудед, онро дар назар гиред"( 57).57

- Касоне, ки бо ҳавопаймо барои адои маносики ҳаҷ ё умра сафар мекунанд, бояд ҳангоме ки ҳавопаймо аз болои миқоти роҳи онҳо мегузарад, эҳром бибанданд, Зеро ба таъхир андохтани эҳром то фуруд омадани ҳавопаймо ба фурудгоҳ ҷоиз нест.

Эҳром:

Эҳром, нияти ворид шудан ба маносики ибодат аст. - Эҳром дар ҳаҷ, нияти дохил шудан ба ҳаҷ аст. - Эҳром дар умра, нияти дохил шудан ба умра аст. Шахс танҳо вақте муҳрим мешавад, ки қасди вуруд ба маносикро дошта бошад. Аммо танҳо пӯшидани либоси эҳром бе ният, эҳром ҳисоб намешавад.

Мустаҳаботи эҳром:

1- Шустани ҳамаи бадан пеш аз эҳром.

2 - Хушбӯйӣ кардани мард дар баданаш, на дар либоси эҳром.

3 - Пӯшидани ридо ва эзори сафед ва кафш.

4 - Эҳром бастан (ният кардан) дар ҳоли рӯй ба қибла ва савор будан бар маркаб.

Навъҳои маносики ҳаҷ:

Муҳрим ихтиёр дорад, ки яке аз се навъи маносикро интихоб кунад, ки онҳо чунинанд:

1- Таматтуъ: Эҳром бастани шахс дар моҳҳои ҳаҷ барои умра, баъд аз анҷом додани умра дар ҳамон сол барои ҳаҷ эҳром бастан аст.

2- Ифрод: Эҳром бастани шахс танҳо бо нияти ҳаҷ, аз миқот эҳром мебандад ва то анҷоми тамоми амалҳои ҳаҷ дар ҳолати эҳром боқӣ мемонад.

3- Қирон: Эҳром бастани шахс барои адои маносики ҳаҷ ва умра дар як вақт аст. Ё ин ки аввал барои умра эҳром мебандад ва пеш аз тавоф карданаш ҳаҷро низ бар он илова мекунад. Аз миқот бо нияти ҳаҷ ва умра эҳром мебандад, ё ин ки пеш аз оғози тавоф ният мекунад ва барои ҳарду (умра ва ҳаҷ) тавоф ва саъй мекунад ва дар ҳолати эҳром то анҷоми ҳаҷ боқӣ мемонад.

Барои мутаматтиъ ва қорин қурбонӣ воҷиб аст, агар онҳо аз аҳли Макка ва атрофи он набошанд.

Беҳтарин навъи маносики сегона, таматтуъ аст, зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) асҳобашро ба он амр фармуданд. (58), Баъд аз он қирон, зеро дар он ҳаҷ ва умра якҷо аст. Сипас ифрод, ки танҳо ҳаҷ аст.58

Ҳар вақте шахс бо яке аз ин навъи ниятҳо (таматтуъ, ифрод, ё қирон) эҳром баст, пас аз эҳром лаббайка мегӯяд, яъне мегӯяд:

«لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الْحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالْمُلْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ».

"Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк ло шарика лака".59

Лаббайка гуфтан суннат ва зиёд такрор карданаш мустаҳаб аст/ Лаббайкаро мардон бо садои баланд ва занон бо садои паст мегӯянд.

Вақташ: Баъд аз эҳром оғоз мешавад ва охири вақти он чунин аст:

Аввал: Муътамир пеш аз оғози тавоф ба он поён медиҳад.

Дувум: Ҳоҷӣ онро рӯзи ид ҳангоми оғози санг задани ҷамраи ақаба ба поён мерасонад.

Мамнуоти эҳром:

Мамнуи якум: Тарошидан, кӯтоҳ кардан, ё кандани мӯй аз ҳар ҷои бадан.

Мамнуи дуюм: Гирифтан ё кӯтоҳ кардани нохунҳои даст ё по бе узр. Агар нохун бишканад ва онро ҷудо кард, фидя надорад.

Мамнуи сеюм: Пӯшонидани сари мард бо чизе, ки ба сар часпида бошад, монанди, тоқӣ ва ё сарпӯши дигаре.

Мамнуи чаҳорум: Пӯшидани либоси дӯхташуда барои мардон, ки бадан ё баъзе аз баданро мепӯшонад, монанди курта, салла, эзор. Манзур аз либоси дӯхташуда либосе аст, ки ба андозаи як узви бадан сохта шуда бошад, монанди маҳсӣ, дастпӯшак, ҷӯроб. Аммо занон дар ҳолати эҳром ҳар либосе хоҳанд мепӯшанд, зеро онҳо ниёз ба сатр доранд, вале набояд ниқоб пӯшанд. Вале метавонанд ҳангоми гузаштан аз назди мардони бегона рӯйро бо чодар пӯшонанд. Ҳамчунин пӯшидани дастпӯшак ҳам барои зан ҷоиз нест.

Мамнуи панҷум: Истифода аз атру хушбӯйи, зеро аз муҳрим тақозо мешавад, ки аз зебу зиннати дунё ва лаззатҳо ва ҷойи фароғат дурӣ гирад ва рӯ ба охират оварад.

Мамнуи шашум: Куштани ҳайвони ваҳшии саҳроӣ ва шикори он. Муҳрим наметавонад ҳайвони ваҳширо шикор кунад, на дар шикори он кумак кунад ва на қасди куштани онро кунад.

Ҳамчунин бар муҳрим ҳаром аст, ки аз он чизе худ шикор кардааст ё барои шикори он кумак карда бошад, бихӯрад, зеро барои ӯ мисли ҳайвони худмурда ҳисоб мешавад.

Аммо шикори дарёӣ барои муҳрим ҷоиз аст. Инчунин куштани ҳайвонҳои аҳлӣ барояш ҷоиз аст, монанди мурғ, гов, гӯсфанд, зеро инҳо шикор маҳсуб намешаванд.

Мамнуи ҳафтум: Ақди никоҳ бастан барои худи муҳрим ё барои дигар кас, ё шоҳиди ақди никоҳ будан.

Мамнуи ҳаштум: Ҷимоъ (ҳамбистарӣ), ҳар касе пеш аз таҳаллул (аз эҳром баромадан)-и аввал ҳамбистарӣ кунад, ҳаҷҷаш фосид мешавад, вале бояд боқимонда амалҳои ҳаҷро ба итмом расонад. Соли оянда ҳаҷашро қазо медорад ва як шутур қурбонӣ мекунад. Аммо агар ҳамбистарӣ пас аз таҳаллули аввал бошад, ҳаҷҷаш фосид намешавад, вале бар ӯ қурбонӣ воҷиб мешавад.

Зан ҳам дар ин ҳолат мисли мард аст, агар бо розигии худ дар ҳамбистарӣ иштирок карда бошад.

Мамнуи нуҳум: Наздикӣ ба зан бидуни духул. Барои муҳрим ҷоиз нест, ки бо зан наздикӣ кунад, зеро ин кор василае барои ҳамбистар шудани ҳаром аст. Мақсад аз наздикӣ, ламс кардани зан бо шаҳват мебошад.

Умра:

А - Аркони умра:

1- Эҳром.

2 - Тавоф.

3 - Саъй

Б - Воҷиботи умра:

1 - Эҳром пӯшидан аз миқоти муътабар.

2 - Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯйи сар.

В - Тарзи умра кардан:

Аввалин чизе, ки умракунанда оғоз мекунад, тавоф аст. Ӯ ҳафт давра гирди Каъба тавоф мекунад, ки аз Ҳаҷаруласвад (санги сиёҳ) оғоз карда бо он ба поён мерасонад. Дар вақти тавоф бояд пок ва бовузӯ бошад ва авраташ аз ноф то зонӯ пӯшонида шуда бошад. Изтибоъ дар ҳама давраҳои тавоф суннат аст. Маънои "изтибоъ" бараҳна кардани китфи рост дар вақти тавоф аст. Ридоро аз зери дасти рост гузаронда ба китфи чап мемонад. Ҳангоме ки давраи ҳафтуми тавофро ба анҷом мерасонад, изтибоъро низ қатъ мекунад ва ҳар ду китфашро бо ридо мепӯшонад.

Сипас рӯ ба Ҳаҷаруласвад мекунад. Агар тавонад, онро мебӯсад. Агар бӯсида натавонад, бо дасти росташ онро ламс мекунад ва дасташро мебӯсад. Агар ламс кардан ҳам муяссар набошад, ба тарафи он бо бардоштани дасти рост ишора мекунад, ва як бор "Аллоҳу Акбар" мегӯяд. Дар ин ҳолат на дасташро мебӯсад ва на меистад. Сипас Каъбаро дар тарафи чапи ӯ қарор дода, ба тавофи худ идома медиҳад. Дар се давраи аввали тавоф бо шеваи "рамл" роҳ гаштан суннат аст. Рамл, яъне бо суръат ва қадамҳои кӯтоҳ роҳ рафтан аст.

Ҳангоми гузаштан аз рукни ямонӣ, ки чаҳорумин кунҷи Каъба аст, агар тавонад, онро бо дасти росташ ламс мекунад, бидуни такбир ё бӯсидан. Агар натавонад, тавофашро идома медиҳад, ишора намекунад ва такбир намегӯяд. Байни рукни ямонӣ ва Ҳаҷаруласвад, ин дуоро мехонад:

﴿...رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ حَسَنَةٗ وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ﴾

(Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор),Тарҷума: "Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор". (Сураи Бақара, ояти 201).

Ҳангоме ки тавофи Каъбаро ба охир расонд, агар имконият бошад ду ракъат намоз пушти мақоми Иброҳим (алайҳиссалом) мехонад. Агар имконият нашуд, дар ҳар ҷои Масҷидулҳаром бихонад дуруст аст. Дар ракаъати якум баъд аз сураи Фотиҳаро хондан, сураи Кофирунро хондан суннат аст. Ва дар ракъати дувум баъд аз сураи Фотиҳа сураи Ихлосро мехонад. Баъд аз намоз ба сӯйи Масъо меравад ва байни Сафо ва Марва ҳафт маротиба саъй мекунад, рафтанаш як маротиба ва омаданаш як маротиба ҳисоб мешавад.

Саъйро аз Сафо оғоз мекунад ва болои он мебарояд ё дар назди он меистад. Агар имкон бошад, баромадан ба рӯи Сафо афзалтар аст. Онҷо истода ин оятро мехонад:

﴿‌إِنَّ ٱلصَّفَا وَٱلۡمَرۡوَةَ مِن شَعَآئِرِ ٱللَّهِ...﴾

("Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст). (Сураи Бақара, ояти 158).

Рӯ ба қибла истодан дар назди Сафо мустаҳаб аст, Худовандро ҳамду ситоиш гуфта, такбир мегӯяд ва ин дуоро мехонад:

«لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، يُحْيِي وَيُمِيتُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، لَا إِلٰهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ، أَنْجَزَ وَعْدَهُ، وَنَصَرَ عَبْدَهُ، وَهَزَمَ الْأَحْزَابَ وَحْدَهُ».

" Ло илоҳа иллалоҳ ва Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду юҳйи ва юмиту ва ҳува ъало кулли шайъин қадир. Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу ва насара абдаҳу ва ҳазимал-аҳзоба ваҳдаҳу".60 Сипас дастонашро бардошта то ҷое, ки метавонад дуо мекунад ва ин дуои болоро се маротиба такрор мекунад. Баъд аз он аз Сафо мефарояд ва ба сӯи Марва меравад, то ин ки ба аломати аввал (аломати бо ранги сабз буда) мерасад. Мардҳо аз аломати аввал то дувум бо суръати бештар роҳ мегарданд. Аммо занон барояшон бо суръат рафтан дар байни ду аломат машруъ нест, зеро зан аврат аст. Аммо машруъ барои онон ин аст, ки байни Сафо ва Марва роҳ гарданд. Ба тарафи Марва меравад, болои он мебарояд ва ё дар наздаш меистад ва баромадан ба рӯи Марва афзалтар аст, агар имкон бошад. Чунон ки дар Сафо карда буд аз гуфтор ва аъмол, ҳамонҳоро дар Марва ҳам анҷом медиҳад, ба ҷуз хондани ин оят:

﴿‌إِنَّ ٱلصَّفَا وَٱلۡمَرۡوَةَ مِن شَعَآئِرِ ٱللَّهِ...﴾

("Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст). Зеро хондани ин оят фақат дар Сафо ва дар даври аввал машруъ аст. Баъд аз он аз Марва мефарояд, дар ҷои роҳ рафтан роҳ меравад ва дар ҷои бо суръат рафтан бо шитоб меравад, то ин ки ба Сафо бирасад. Ин корро ҳафт маротиба анҷом медиҳад, рафтанаш як давр ва баргаштанаш як даври дигар ҳисоб мешавад. Дар вақти саъй зикру дуо кардан ба қадри тавонои мустаҳаб аст. Беҳтар аст, ки вузӯ дошта бошад, вале агар бевузӯ ҳам саъйро анҷом диҳад, дуруст аст ва боке надорад. Инчунин агар зан пас аз тавоф ҳайз ё нифос шавад, барояш ҷоиз аст, ки саъйро анҷом диҳад, зеро вузӯ доштан дар саъй шарт нест, балки мустаҳаб аст.

Пас аз анҷоми саъй, мӯйи сари худро метарошад ё кӯтоҳ мекунад, барои мардон тарошидани сар беҳтар аст (Занон аз мӯяшон ба қадри сари ангушт кӯтоҳ мекунанд).

Бо ин амал, ӯ маносики умраро ба анҷом расонидааст.

Ҳаҷ:

А - Аркони ҳаҷ:

1 - Эҳром.

2 - Вуқуф дар Арафа.

3 - Тавофи ифоза (ҳаҷ).

4 - Саъй.

Б- Воҷиботи ҳаҷ:

1- Эҳром аз миқот.

2- Истодан дар Арафа рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа то ғуруби офтоб барои касе, ки рӯзона дар он ҷо истодааст.

3- Шаб мондан дар Муздалифа - шаби даҳуми зулҳиҷҷа то нисфи шаб.

4- Шаб мондан дар Мино - шабҳои айёми ташриқ.

5 - Санг задани шайтон.

6 - Тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯйи сар.

7 - Тавофи видоъ.

В - Тарзи анҷом додани ҳаҷ:

Ҳангоме ки мусалмон ба миқот мерасад ва вақти кофӣ барои адои умра надорад, бояд бо нияти "ҳаҷи ифрод" эҳром бандад. Вақте вориди Макка шуд, тавоф мекунад ва саъй мекунад ва то рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа (рӯзи Арафа) дар эҳромаш боқӣ мемонад. Рӯзи нуҳуми зулҳиҷҷа ба Арафот меравад ва дар он ҷо то ғуруби офтоб мемонад.

Баъд аз ғуруби офтоб аз Арафот лаббайкгӯён ба Муздалифа меравад, дар он ҷо то намози бомдод иқомат мекунад (хоб мекунад, истироҳат мекунад). Баъд аз намози бомдодро гузоштан то равшан шудани субҳ ба зикри Аллоҳ, дуо ва талбия гуфтан машғул мешавад.

Пас аз равшан шудани субҳ, пеш аз тулуи офтоб аз Муздалифа ба Мино меравад. Ҷамраи Ақабаро бо ҳафт санг мезанад, баъд мӯйи сарашро метарошад ё кӯтоҳ мекунад, ки тарошидан афзалтар аст.

Баъд аз санг задани Ҷамраи Ақаба ба Ҳарам рафта тавофи ифоза (тавофи ҳаҷ)-ро анҷом медиҳад ва ҳамон саъйи аввал анҷом додааш барояш кифоят мекунад. Бо поён расидани ин амалҳо, ҳаҷҷи ӯ анҷом меёбад ва аз эҳром ба таври комил хориҷ мешавад.

Барои ӯ санг задани рӯзҳои 11 ва 12-уми зулҳиҷҷа боқӣ мемонад. Агар саросема бошад ва бихоҳад, ки рӯзи 12-ум аз Мино барояд, бояд ҳар рӯз се ҷамраро санг бизанад, ҳар якеро бо ҳафт сангреза ва бо ҳар санг задан "Аллоҳу Акбар" мегӯяд. Аз Ҷамраи Суғро (сутуни хурд, ки наздик ба масҷиди Хиф аст) шуруъ мекунад, баъд миёна ва баъд Ҷамраи Ақабаро санг мезанад. Агар бихоҳад то рӯзи сенздаҳум бимонад, дар рӯзи 13-ум низ чунон ки дар рӯзҳои 11 ва 12-ум санг зада буд, бо ҳамон сифат санг мезанад.

Вақти санг задан дар ин се рӯз баъд аз завол оғоз мешавад.

Агар касе рӯзи дувоздаҳум пеш аз ғуруби офтоб аз Мино барояд, ишколе надорад. Аммо агар бимонад, рӯзи сенздаҳум баъд аз завол санг зада, аз Мино меравад. Ин афзалтар аст бинобар ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿‌...فَمَن تَعَجَّلَ فِي يَوۡمَيۡنِ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِ وَمَن تَأَخَّرَ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۖ لِمَنِ ٱتَّقَىٰ...﴾

( ... пас, касе, ки шитоб кунад ва тайи ду рӯз [аъмолро анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест; ва касе, ки таъхир кунад [ва аъмолро дар се рӯз анҷом диҳад], гуноҳе бар ӯ нест, [Ин фурсат] барои касе аст, ки тақво пеша кунад; ...).

(Сураи Бақара, ояти 203).

Баъд аз ин агар сафар кардан хоҳад, тавофи видоъро бо ҳафт давра анҷом медиҳад, вале саъй намекунад.

Беҳтар он аст, ки агар қурбонӣ надошта бошад, барои умра ба сурати "таматтуъ" эҳром бандад ва рӯзи ҳаштум барои ҳаҷ талбия гуфта, аъмоли ҳаҷро чунон ки гуфтем, анҷом диҳад. Аммо агар барои ҳаҷ ва умра дар як вақт эҳром бандад, ишколе надорад, инро "қирон" меноманд. Дар ин ҳолат шахс барои умра ва ҳаҷ ҳамзамон эҳром мебандад ва як тавофу як саъй анҷом медиҳад (яъне, бо як тавоф ва як саъй ҳарду ибодат (умра ва ҳаҷ)-ро анҷом медиҳад).

Фасли севум:

Он чи ба муомилот рабт дорад.

Уламо (раҳимаҳумуллоҳ) илмеро, ки омӯхтани он бар ҳар як мусалмон фарз аст (фарзи айни), ба таври равшан баён кардаанд. Онҳо дар бораи ҳадде, ки омӯхтани он бар ҳар шахс ҳатмист, сухан гуфтаанд. Аз ҷумлаи он илмҳо омӯхтани аҳкоми хариду фурӯш барои касе аст, ки ба тиҷорат машғул аст, то мабодо надониста вориди доираи ҳаром ва судхӯрӣ нашавад. Аз баъзе саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) ривоятҳое ворид шудааст, ки ин гуфтаро тақвият медиҳанд.

Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) мефармояд: "Дар бозори мо касе ҳаққи фурӯш надорад, магар шахсе, ки дониши динӣ дошта бошад" (61).61

Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) мефармояд: " Ҳар касе пеш аз омӯхтани дин ба тиҷорат бипардозад, дар рибо ғӯтавар мешавад, сипас фурӯ меравад ва боз ҳам фурӯ меравад, яъне гирифтори рибо ва судхӯрӣ мешавад" (62).62

Ибни Обидин ба нақл аз Алломӣ мегӯяд: "Бар ҳар марду зани мукаллаф пас аз омӯхтани илми дин ва ҳидоят, воҷиб аст, ки илми вузӯ, ғусл, намоз, рӯза ва закот - барои касе, ки дорои нисоб ҳаст, биомӯзад. Ҳамчунин илми ҳаҷ барои касоне, ки ҳаҷ бар онҳо воҷиб шудааст ва илми муомилот ва хариду фурӯш бар тоҷирон омӯхтанаш воҷиб аст, то ин ки аз шубҳаҳо ва макруҳот дар муомилаҳои ҳаррӯза дурӣ кунанд. Ҳамчунин ин ҳукм дар бораи ҳунармандон ва ҳар касе, ки ба коре машғул аст омӯхтани илму аҳкоми он соҳа бар онҳо воҷиб аст, то аз ҳаром парҳез кунанд" (63).63

Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: "Аммо харидуфурӯш, никоҳ ва амсоли он чизҳое, ки аслан воҷиб нестанд, идома додан ба онҳо ҳаром аст, магар пас аз донистани шартҳо ва аҳкомашон" (64).64

Инҳо баъзе аз қоидаҳое ҳастанд, ки ба муомилоти молиявӣ вобастаанд ва шариати исломӣ онҳоро баён намудааст:

1- Ҳалол будани ҳар чизе, ки дар он манфиати маҳз ё ғолиб вуҷуд дорад, мисли хариду фурӯши чизҳои ҳалол, иҷора ва шӯфъа (65).65

2- Шаръӣ будани ҳар чизе, ки дар он ҳифзи ҳуқуқи мардум ва кафолати онҳо мебошад, мисли гарав ва гувоҳ гирифтан.

3- Шаръӣ будани ҳар чизе, ки дар он манфиати ҳарду тарафи шартнома (муомила) бошад, мисли лағви қарордод бо розигии тарафайн, ихтиёр (имкони бекор кардани муомила дар муддати муайян) ва шартгузорӣ дар фурӯш.

4- Манъ кардани ҳар чизе, ки дар он зулм ба мардум ва хӯрдани молҳои онҳо ба ноҳақ бошад, мисли рибо (судхӯрӣ), ғасб (ба зӯр гирифтан) ва эҳтикор (захира кардани мол ба нияти боло бурдани нарх - монополия).

5- Машруъ будани ҳар амале, ки дар он ҳамкорӣ бар некӣ бошад, мисли қарз додан, орият гирифтан ва амонат гузоштан.

6- Манъ кардани ҳар амале, ки дар он хӯрдани мол бидуни кор, манфиат ё заҳмат бошад, мисли қимор ва рибо.

7- Манъ кардани ҳар гуна муомилае, ки дар он ноаёнӣ ва фиреб зиёд бошад, мисли фурӯхтани чизе, ки шахс молики он нест, ё фурӯхтани чизе, ки номаълум аст.

8- Манъ кардани ҳама чизҳое, ки дар он фиреб барои расидан ба ҳаром бошад, мисли фурӯши "ъийна" (66).66

9- Манъ кардани он чизе, ки мардумро аз ибодати Худо машғул месозад, мисли фурӯш пас аз азони дувуми ҷумъа.

10- Манъ кардани ҳар чизе, ки зарар дорад ё боиси душманӣ байни мусалмонон мешавад, мисли фурӯши ҳаромшудаҳо ва дахолат дар хариду фурӯши як мусалмони дигар (ба қасди барҳам задани қарордоди онҳо).

Ҳангоме ки барои мусалмон ҳукми як масъала мушкил мешавад, ӯ аз олимон мепурсад ва танҳо пас аз донистани ҳукми шариат дар он масъала амал мекунад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿‌...فَاسْأَلُوا ‌أَهْلَ ‌الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ﴾

(... пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед). (Сураи Наҳл, ояти 43).

Ин буд он чизе, ки дар ин боб ҷамъоварӣ шуд. Аз Худованди Меҳрубон талаб дорем, ки ба мо илми нофеъ ва амали солеҳ ато фармояд. Ҳароина, Ӯ Карими Бахшанда аст. Салому дуруди бепоёни Худованд бар Паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳобаш бод!

 

 

***

Феҳраст

 

Муқаддима 2

Фасли аввал: 3

Он чизе, ки ба эътиқод марбут аст 3

Мабҳаси аввал: Маънои Ислом ва аркони он 3

Аҳамияти тавҳид 3

Маънои "Шаҳодати Ло илоҳа иллаллоҳ": 5

Аммо шартҳои (Ло илоҳа иллаллоҳ) иборат аст аз: 6

Маънои гувоҳӣ додан, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст: 7

Матлаби дуввум: Маънои имон ва аркони он. 9

1) Имон ба Аллоҳ Таъоло се чизро дар бар мегирад: 10

1 - Имон ба рубубияти Аллоҳ: 10

2 - Имон ба улуҳияти Аллоҳ Таъоло: 13

3- Имон ба номҳо ва сифатҳо: 16

2) Имон ба фариштагон: 24

3) Имон ба китобҳо: 26

4) Имон ба паёмбарон (алайҳимуссалом): 27

5) Имон ба рӯзи охират: 28

А - Имон ба баъс (растохез): 28

Б - Имон ба ҳисобу китоб ва подош: 29

В - Имон ба биҳишт ва дӯзах: 29

6) Имон ба тақдири неку бад: 30

Мабҳаси севум: Эҳсон: 32

Мабҳаси чаҳорум: Хулосаи кӯтоҳе аз усулҳои аҳли суннат ва ҷамоат: 33

Фасли дувум: Он чи ба ибодатҳо марбут аст 34

Мабҳаси якум: Таҳорат: 34

Якум: Анвои обҳо: 35

Дувум: Наҷосат: 35

Севум: Амалҳое, ки барои шахси бе таҳорат (муҳдис) ҳароманд: 38

Чаҳорум: Одоби қазои ҳоҷат: 40

Панҷум: Аҳкоми истинҷо ва истиҷмор: 41

Шашум: Аҳкоми вузӯ: 42

Ҳафтум: Аҳкоми масҳ бар хуфҳо (маҳси, мӯза) ва ҷуробҳо: 44

Ҳаштум: Аҳкоми таяммум: 46

Нуҳум: Аҳкоми ҳайз ва нифос: 49

Мабҳаси дувум: Намоз 51

Аввал: Аҳкоми намоз ва иқомат: 51

Дувум: Ҷойгоҳи намоз ва фазилати он: 55

Севум: Шартҳои намоз: 57

Чаҳорум: Аркони намоз: 59

Панҷум: Воҷиботи намоз: 64

Шашум: Суннатҳои намоз: 65

Ҳафтум: Тарзи дуруст хондани намоз: 68

Ҳаштум: Макруҳоти намоз: 74

Нуҳум: Ботилкунандаҳои намоз: 75

Даҳум: Саҷдаи саҳв: 75

Ёздаҳум: Вақтҳои манъи намоз: 78

Дувоздаҳум: Намози ҷамоат: 79

Сенздаҳум: Намози хавф: 82

Тарзи анҷом додани намози хавф: 82

Чаҳордаҳум: Намози ҷумъа: 84

Панҷум: Корҳои мустаҳаб дар рӯзи ҷумъа: 86

Дарёфти намози ҷумъа: 87

Понздаҳум: Намози шахсони дорои узр. 87

Шонздаҳум: Намози ду ид (Иди Фитр ва Қурбон): 92

Ҳабдаҳум: Намози Кусуф: 95

Ҳаждаҳум: Намози истисқо (талаби борон): 96

Нуздаҳум: Намози ҷаноза: 98

Мабҳаси севум: Закот: 102

1 - Таърифи закот ва мақоми он: 102

2 - Шартҳои воҷиб шудани закот: 103

3- Молҳое, ки дар онҳо закот воҷиб аст: 104

Мабҳаси чаҳорум: Рӯза: 117

Шартҳои вуҷуби рӯза доштани моҳи Рамазон: 118

Мабҳаси панҷум: ҳаҷ ва умра: 127

Шартҳои вуҷуби ҳаҷ ва умра: 128

Миқотҳои эҳром: 130

Эҳром: 132

Умра: 136

Ҳаҷ: 141

Фасли севум: 144

Он чи ба муомилот рабт дорад. 144

 

***

 


Ривояти Аҳмад дар Муснад, рақами (6072), Тирмизӣ, рақами (1535) ва ҳадисро "ҳасан" гуфтааст.

Ривояти Бухорӣ дар Адаб ал-Муфрад (716), Аҳмад дар Муснад (19606), Зиё ал-Мақдисӣ дар Аҳодиси мухтора (1/150), Албонӣ дар Саҳеҳ ал-Ҷомеъ (3731) саҳеҳаш гуфтааст.

Ривояти Муслим (121), Аҳмад дар Муснад (10434).

Мазӣ оби тунук ва берангест, ки ҳангоми навозиш ё ёдоварӣ аз ҳамбистарӣ, ё хоҳиши он, ё нигоҳ кардан ва ғайра мебарояд. Он ба шакли қатраҳо мебарояд ва мумкин аст инсон баромаданашро ҳис ҳам накунад. Вадӣ оби ғафси сафеде аст, ки баъд аз пешоб ё ҳангоми бардоштани чизҳои вазнин мебарояд.

Ривояти Муслим, рақами (224).

Ривояти Молик дар Муваттаъ, рақами (280 ва 600), Доримӣ, рақами (312), Абдурразоқ дар Мусаннафи худ, рақами (1328), Албонӣ дар Ирво ал-ғалил, таҳти рақами (122) онро саҳеҳ гуфтааст.

Ривояти Насоӣ, рақами (12808), Аҳмад, рақами (15423), Албонӣ дар Ирво ал-ғалил таҳти рақами (121) саҳеҳаш гуфтааст.

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (5940), Ибни Ҳиббон, рақами (799), Албонӣ онро дар Заифи сунани Тирмизӣ бо рақами (146) заиф гуфааст.

Ривояти Бухорӣ, рақами (142), Муслим, рақами (122).

Ривояти Бухорӣ, рақами (7288), Муслим, рақами (6066).

Шайх Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) дар маҷмӯи фатвоҳояш, (29/141) мегӯяд: (Байҳақӣ бо санади хуб аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки баъд аз ҷумлаи "Он чизе, ки ваъда додаӣ", ин ҷумла низ омадааст: "Ҳамоно Ту ваъдаро хилоф намекунӣ").

Ривояти Тирмизӣ, рақами (2635).

Ривояти Муслим, рақами (82).

Ривояти Тирмизӣ, рақами (265) ва онро "ҳасан, саҳеҳ, ғариб" гуфтааст, Албонӣ дар "Саҳеҳи тарғиб ва тарҳиб" саҳеҳаш гуфтааст.

Ривояти Бухорӣ, рақами (1117).

Ривояти Бухорӣ, рақами (6251), Муслим, рақами (884).

Ривояти Бухорӣ, рақами (756), Муслим, рақами (872).

Ривояти Бухорӣ, рақами (793), Муслим, рақами (398).

Ривояти Бухорӣ, рақами (812), Муслим, рақами (490).

Ривояти Муслим, рақами (498).

Ривояти Бухорӣ, рақами ( 724), Муслим, рақами (398).

Ривояти Бухорӣ (797), Муслим (402).

Ривояти Тирмизӣ, рақами (839).

Ривояти Бухорӣ, рақами (6008).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1110).

Ривояти Бухорӣ, рақами (835).

Ривояти Бухорӣ, рақами (743), Муслим, рақами (399).

Ривояти Тирмизӣ, рақами (266).

Ривояти Муслим, рақами (588).

Ривояти Абудовуд, рақами (5168).

Ривояти Тирмизӣ, рақами (284).

Ривояти Муслим, рақами (1484).

Ривояти Бухорӣ, рақами (609), Муслим, рақами (62).

Ривояти Бухорӣ, рақами (4130), Муслим, рақами (842).

Ривояти Муслим, рақами (865).

Ривояти Бухорӣ, рақами (934), Муслим, рақами (851).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1081), Муслим, рақами (693).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1012), Муслим, рақами (894).

Ривояти Абудовуд, рақами (3201), Тирмизӣ, рақами (1024), ин ҳадисро "ҳасан саҳеҳ" гуфтааст.

Ривояти Муслим, рақами (962).

Ривояти Бухорӣ, рақами (8), Муслим, рақами (111).

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1792), Тирмизӣ, рақами (63) ва (631).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1402), Муслим, рақами (2287).

Ривояти Бухорӣ, рақаи (1432), Муслим, рақами (984).

Ривояти Абудовуд, рақами (1609), Ибни Моҷаҳ, рақами (1827), Албонӣ дар Саҳеҳи Абудовуд бо рақами (1609) саҳеҳаш гуфтааст.

Ривояти Бухорӣ, рақами (1), Муслим, рақами (1907).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1810), Муслим, рақами (1086).

Ривояти Бухорӣ, рақами 1909).

Ривояти Аҳмад, рақами (26457), Абудовуд, рақами (2454), Насоӣ, рақами (2331), Лафзи ҳадис аз Насоӣ аст.

Ривояти Бухорӣ, рақами (6669), Муслим, рақами (2709).

Ривояти Абудовуд, рақами (2380), Тирмизӣ, рақами (719), Ибн Моҷаҳ, рақами (676).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1849), Муслим, рақами, (1846).

Ривояти Муслим, рақами (1134).

Ривояти Аҳмад, рақами (25198), Насоӣ, рақами (2627), Ибни Моҷаҳ, рақами (2901).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1862), Муслим, рақами (1341).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1531).

Ривояти Муслим, рақами (1211).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1549).

Ривояти Муслим, рақами (1218).

Ривояти Тирмизӣ, рақами (487), ин ривоятро "ҳасан ғариб" гуфтааст. Албонӣ, "ҳасан" гуфтааст.

Ниг. Муғни ал-Муҳтоҷ (2/22).

Ҳошияи Ибни Обидин (1/42).

Ниг: Ал-Маҷмуъ (1/50).

Шӯфъа: Ҳаққи шарике аст, ки саҳми шарики дигарашро, ки ба шахси дигар бар ивази молӣ гузаронида шудааст, аз дасти ӯ бигирад ва ба мулки худ дароварад.

Ъийна: Ин аст, ки як нафар колоеро бо нархи муқарраркарда ва нася мефурӯшад ва онро ба ӯ медиҳад, сипас пеш аз дарёфти пули он, ҳамон колоро нақдан ва бо нархи камтар аз нархи қаблӣ аз ҳамон харидор мехарад.

Ривояти Бухорӣ, шумораи (8).