PHPWord

 

 

ثَلَاثَةُ الأُصُولِ وَأَدِلَّتُهَا

 

 

 

Усули сегона ва далелҳои он

 

 

 

 

لِلشَّيْخِ

مُحَمَّدٍ التَّمِيمِي رَحِمَهُ اللهُ

 

Шайх Муҳаммад Тамимӣ

(Худованд ӯро раҳмат кунад)

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Усули сегона ва далелҳои он

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Бидон (Аллоҳ туро раҳмат кунад) ки бар мо омӯхтани чаҳор масъала воҷиб аст.

Якум: Илм, яъне шинохти Аллоҳ, шинохти паёмбари Ӯ ва шинохти дини Ислом бо далелҳо.

Дуввум: Амал кардан ба он.

Сеюм: Даъват ба суи он.

Чаҳорум: Сабр бар озор дар он.

Далели он: Аллоҳ Таъоло мефармояд: Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

﴿وَٱلۡعَصۡرِ1 إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَفِي خُسۡرٍ2 إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡحَقِّ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ3﴾

(Савганд ба аср, 1

ки инсон дар зиён аст 2.

Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд 3). (Сураи Аср, оятҳои 1-3).

Шофеӣ (раҳимаҳуллоҳу Таъоло) мефармояд: "Агар Аллоҳ бар махлуқоташ ҳуҷҷате ҷуз ин сура нозил намекард, барояшон кифоят мекард."

Ва Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: Боб дар баёни ин ки илм пеш аз гуфтору амал. Далелаш ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст: (Пас бидон, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва барои гуноҳи худ омурзиш бихоҳ...), (Сураи Муҳаммад, ояти 9). Дар ин оят Худованд пеш аз гуфтору амал аз илм оғоз кардааст.

Бидон (Аллоҳ туро раҳмат кунад)! Бар ҳар як мард ва зани мусалмон фарз аст, ки ин се масъаларо биомӯзад ва ба онҳо амал намояд.

Якум: ин ки Аллоҳ Таъоло моро офарид ва ба мо рӯзӣ дод ва моро ба ҳоли худ раҳо накард, балки ба сӯи мо паёмбаре фиристод. Пас, ҳар ки ӯро итоат кард, дохили биҳишт мешавад ва ҳар ки ӯро нофармонӣ кард, дохили дӯзах мешавад.

Далели ин гуфтаҳо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿إِنَّآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ رَسُولٗا شَٰهِدًا عَلَيۡكُمۡ كَمَآ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ رَسُولٗا15 فَعَصَىٰ فِرۡعَوۡنُ ٱلرَّسُولَ فَأَخَذۡنَٰهُ أَخۡذٗا وَبِيلٗا16﴾

(Яқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем 15,

Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем 16).

(Сураи Муззаммил, оятҳои 15-16).

Дуюм: Аллоҳ розӣ намешавад, ки касеро ҳамроҳи Ӯ дар ибодаташ шарик қарор диҳанд, на фариштаи муқарраб ва на паёмбаре, ки ба сӯи мардум фиристода шудааст. Аллоҳ Таъоло дар ин маврид чунин фармудааст:

﴿وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا18﴾

(Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед). (Сураи Ҷин, ояти 18).

Сеюм: Ин ки ҳар касе, ки Паёмбарро итоат кунад ва Аллоҳро ягона бидонад, барои ӯ ҷоиз нест, ки бо касе, ки бо Аллоҳ ва расулаш душманӣ меварзад, дӯстӣ кунад, агарчи наздиктарин хешованд ҳам бошад.

Далели ин гуфтаҳо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿لَّا تَجِدُ قَوۡمٗا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ يُوَآدُّونَ مَنۡ حَآدَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَوۡ كَانُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ أَوۡ أَبۡنَآءَهُمۡ أَوۡ إِخۡوَٰنَهُمۡ أَوۡ عَشِيرَتَهُمۡۚ أُوْلَٰٓئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ ٱلۡإِيمَٰنَ وَأَيَّدَهُم بِرُوحٖ مِّنۡهُۖ وَيُدۡخِلُهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ رَضِيَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُواْ عَنۡهُۚ أُوْلَٰٓئِكَ حِزۡبُ ٱللَّهِۚ أَلَآ إِنَّ حِزۡبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ22﴾

([Эй Паёмбар] ҳеҷ қавмеро намеёбӣ, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат имон дошта бошанд ва бо касоне, ки бо Аллоҳу расулаш [душманӣ ва] мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд; агарчи падаронашон ё фарзандонашон ё бародаронашон ё хешовандонашон бошанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло имонро дар [сафҳаи] дилҳояшон навиштааст ва ба рӯҳе аз ҷониби худ онҳоро тақвият [ва таъйид] намудааст ва онҳоро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонанд. Аллоҳ Таъоло аз онҳо хушнуд аст ва онҳо [низ] аз Аллоҳ Таъоло хушнуданд. Онҳо ҳизби Аллоҳ Таъоло ҳастанд. Огоҳ бошед! Бе тардид, ҳизби Аллоҳ Таъоло растагоранд).

(Сураи Муҷодала, ояти 22).

Бидон (Худованд туро ба сӯи тоаташ ҳидоят кунад) ки Ҳанифия — дини Иброҳим (алайҳиссалом) — ин аст, ки Худои ягонаро ибодат кунӣ ва динро барои Ӯ холис гардонӣ ва Аллоҳ тамоми мардумро ба ҳамин амр карда ва онҳоро барои ҳамин офаридааст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]) (Сураи Зориёт, ояти 56). Ва маънои "Маро ибодат кунанд", яъне "Маро ягона бидонанд."

Ва бузургтарин чизе, ки Аллоҳ Таъоло ба он амр фармудааст: Тавҳид, яъне ягона қарор додани Аллоҳ Таъоло дар парастиш аст.

Ва бузургтарин чизе, ки аз он наҳй кардааст, он ширк аст. Ва маънои ширк: ғайри Ӯро ҳамроҳи Ӯ хондан аст.

Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡـٔٗا...﴾

(Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед...) (Сураи Нисо, ояти 36).

Пас, агар ба ту гуфта шавад: се асле, ки донистани онҳо бар инсон воҷиб аст, чист?

Бигӯ: ин ки банда Парвардигори худ, дин ва паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бишносад.

Асли аввал

Агар ба ту гуфта шавад, ки "Парвардигори ту кист?"

Дар ҷавоб бигӯ: Парвардигори ман Аллоҳ аст, ки ман ва дигар ҷаҳониёнро бо неъматҳои Худ парваронида аст. Ӯ маъбуди ман аст ва ҷуз Ӯ маъбуди дигаре нест. Далел ин фармудаи Аллоҳ Таъолост:

﴿ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ2﴾

(Ситоиш махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст). (Сураи Фотиҳа, ояти 2). Ва ҳар он чи ғайр аз Аллоҳ аст, олам аст ва ман яке аз он олам ҳастам.

Пас, агар ба ту гуфта шавад, ки Парвардигори худро бо чӣ шинохтӣ?

Бигӯ: ба нишонаҳои Ӯ ва махлуқоти Ӯ.

Ва аз нишонаҳои Парвардигор шабу рӯз ва офтобу моҳ аст.

Ва инчунин осмонҳои ҳафтгона ва ҳар ки дар онҳост ва заминҳои ҳафтгона ва ҳар ки дар онҳост ва он чи миёни онҳост аз офаридаҳои Ӯ ҳастанд.

Далели ин гуфтаҳо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ37﴾

(Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ шабу рӯз ва хуршеду моҳ аст. Дар баробари хуршеду моҳ саҷда накунед, балки агар танҳо Ӯро мепарастед, бар Аллоҳ Таъоло, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед). (Сураи Фуссилат, ояти 37).

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۭ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ54﴾

([Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ Таъоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-иинсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ Таъолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст). (Сураи Аъроф, ояти 54).

Калимаи "Раб (Парвардигор)" ҳамон Маъбуд аст. Далелаш ин оят аст:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ21 ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فِرَٰشٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقٗا لَّكُمۡۖ فَلَا تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادٗا وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ22﴾

(Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед.

Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ Таъоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед).

(Сураи Бақара, оятҳои 21-22).

Ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ Таъоло) гуфтааст: "Офаридгори ин чизҳо сазовори парастиш аст."

Ва анвои ибодате, ки Аллоҳ Таъоло ба он амр кардааст, монанди: Ислом, Имон ва Эҳсон аст. Ва инчунин дуо, хавф, умед, таваккал, рағбат, тарс, хушуъ, хашят, инобат, ёрӣ, паноҳҷӯӣ, мадад, забҳ, назр ва дигар анвоъи ибодате, ки Аллоҳ Таъоло ба он амр кардааст - ҳамаи он барои Аллоҳ Таъолост; ва далел ин фармудаи Ӯ Таъолост:

﴿وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا18﴾

(Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед). (Сураи Ҷин, ояти 18).

Пас, ҳар касе яке аз ин ибодатҳоро барои ғайри Аллоҳ анҷом диҳад, ӯ мушрик ва кофир аст. Ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿وَمَن يَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ لَا بُرۡهَٰنَ لَهُۥ بِهِۦ فَإِنَّمَا حِسَابُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦٓۚ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلۡكَٰفِرُونَ117﴾

(Ва ҳар ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд).

(Сураи Муъминун, ояти 117).

Ва дар ҳадис омадааст:

"الدُّعَاءُ مُخُّ العِبَادَةِ".

"Дуо мағзи ибодат аст."

 

Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِي سَيَدۡخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ60﴾

(Парвардигоратон фармуд: "Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд"). (Сураи Ғофир, ояти 60).

Ва далели хавф ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿...فَلَا تَخَافُوهُمۡ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ﴾

(пас, агар имон доред, аз онон натарсед ва аз ман битарсед). (Сураи Оли Имрон, ояти 175).

Далели умед доштан аз Аллоҳ Таъоло ин фармудаи Ӯст:

﴿...فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا﴾

(...пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад).

(Сураи Каҳф, ояти 110).

Далели таваккул ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿...وَعَلَى ٱللَّهِ فَتَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ﴾

(ва агар муъминед, бар Аллоҳ Таъоло таваккал кунед). (Сураи Моида, ояти 23). Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُ...﴾

(...ва ҳар кас бар Аллоҳ Таъоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст...)

(Сураи Талоқ, ояти 3).

Ва далели рағбат, ҳарос ва хушуъ ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿...إِنَّهُمۡ كَانُواْ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَيَدۡعُونَنَا رَغَبٗا وَرَهَبٗاۖ وَكَانُواْ لَنَا خَٰشِعِينَ﴾

(Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд). (Сураи Анбиё, ояти 90).

Ва далели тарсидан аз Аллоҳ Таъоло ин оят аст:

﴿...فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِ...﴾

(Пас, аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед). (Сураи Моида, ояти 3).

Ва далели қасди бозгашт ба сӯи Аллоҳ Таъоло ин фармудаи Ӯ аст:

﴿وَأَنِيبُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَأَسۡلِمُواْ لَهُ...﴾

(ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими Ӯ гардед). (Сураи Зумар, ояти 54).

Далели ёрӣ ҷӯстан аз Аллоҳ Таъоло ин оят аст:

﴿إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ5﴾

([Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем). (Сураи Фотиҳа, ояти 5). Дар ҳадис омадааст:

"إِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ".

"Ҳар гоҳ ёрӣ ҷустӣ, аз Худо ёрӣ биҷӯ."

Ва далели паноҳ бурдан ба Аллоҳ Таъоло ин фармудаи Ӯ аст:

﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ1﴾

([Эй Паёмбар] Бигӯ: Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам).

(Сураи Фалақ, ояти 1), ва

﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ1﴾

([Эй Паёмбар] Бигӯ: Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам). (Сураи Нос, ояти 1).

Ва далели кумак хостан ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки:

﴿إِذۡ تَسۡتَغِيثُونَ رَبَّكُمۡ فَٱسۡتَجَابَ لَكُمۡ...﴾

([Рӯзи Бадрро ба ёд оваред] Он гоҳ ки аз Парвардигоратон фарёдрасӣ [ва ёрӣ] мехостед ва Ӯ [дархости] шуморо пазируфт...) (Сураи Анфол, ояти 9).

Далели забҳ ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿قُلۡ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحۡيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ162 لَا شَرِيكَ لَهُ...﴾

(Бигӯ: "Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ Таъоло – Парвардигори ҷаҳониён аст.

[Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад...") (Сураи Анъом, оятҳои 162-163). Ва далел аз Суннат:

"لَعَنَ اللَّهُ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْرِ اللَّهِ".

"Аллоҳ лаънат кардааст касеро, ки барои ғайр аз Аллоҳ забҳ мекунад."

Далели назр ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿يُوفُونَ بِٱلنَّذۡرِ وَيَخَافُونَ يَوۡمٗا كَانَ شَرُّهُۥ مُسۡتَطِيرٗا7﴾

([Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст). (Сураи Инсон, ояти 7).

Асли дуввум

Шинохти дини Ислом бо далелҳо: Яъне он таслим шудан дар баробари Аллоҳ бо ягона донистани Ӯ; фармон бурдан аз Ӯ бо тоат ва безорӣ ҷустан аз ширк ва аҳли он аст.

Ва он се мартаба дорад: Ислом, Имон ва Эҳсон.

Ва ҳар як мартаба рукнҳои худро дорад.

Пас, аркони Ислом панҷ чиз аст: гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; рӯзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи Хонаи Худо.

Далели шаҳодат ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ18﴾

(Аллоҳ Таъоло, ки [дар ҷаҳони ҳастӣ] барподорандаи адл аст, гувоҳӣ додааст, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва фариштагону уламо [низ бар ягонагӣ ва адолати илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд]. Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, [ки] шикастнопазиру ҳаким аст).

(Сураи Оли Имрон, ояти 18).

Ва маънояш чунин аст: нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ.

"Ло илоҳа" инкори ҳамаи он чи ғайри Аллоҳ парастиш карда мешавад аст.

"Илло Аллоҳ" собитсозандаи ибодат танҳо барои Аллоҳ аст.

Ӯ дар ибодаташ шарике надорад, ҳамон гуна ки дар мулкаш шарике надорад.

Ва тафсире, ки ин гуфтаро равшан месозад, ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦٓ إِنَّنِي بَرَآءٞ مِّمَّا تَعۡبُدُونَ26 إِلَّا ٱلَّذِي فَطَرَنِي...﴾

([Ёд кун] Ҳангомеро, ки Иброҳим ба падар ва қавмаш гуфт: "Аз он чи шумо мепарастед, безорам.

Магар аз касе, ки маро офаридааст..")

(Сураи Зухруф, оятҳои 26-27). Ва инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ64﴾

([Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем).

(Оли Имрон, ояти 64).

Ва далели шаҳодат бар ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст, ин фармудаи Аллоҳ Таъолост:

﴿لَقَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ عَزِيزٌ عَلَيۡهِ مَا عَنِتُّمۡ حَرِيصٌ عَلَيۡكُم بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ128﴾

(Яқинан, паёмбаре аз [миёни] худи шумо ба сӯятон омад, ки ранҷдиданатон бар ӯ [гарону] душвор аст ва бар [ҳидояти] шумо сахт исрор дорад ва [нисбат] ба муъминон дилсӯз [ва] меҳрубон аст). (Сураи Тавба, ояти 128).

Ва маънои "Шаҳодат додан бар ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст", ин аст: итоати ӯ дар он чи фармудааст ва тасдиқи ӯ дар он чи овардааст ва дурӣ ҷустан аз он чи наҳй ва сарзаниш кардааст ва ин ки Аллоҳ ибодат карда нашавад, магар бо равише ки ӯ фармудааст.

Ва далели намоз, закот ва тафсири тавҳид ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ5﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим).

(Сураи Байина, ояти 5).

Далели рӯза ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ183﴾

(Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза бар шумо воҷиб шудааст, ҳамон гуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, низ воҷиб шуда буд; бошад, ки парҳезкор шавед). (Сураи Бақара, ояти 183).

Далели ҳаҷ ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿...وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ﴾

(ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ Таъоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ Таъоло аз ҷаҳониён бениёз аст).

(Сураи Оли Имрон, ояти 97).

Мартабаи дувум имон аст, ки он ҳафтоду чанд шоха дорад, болотарини он гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва кӯчактарини он дур кардани (чизҳои) зараррасон аз роҳ аст ва ҳаё шохае аз имон аст.

Ва аркони имон шашто аст: ин ки имон биёварӣ ба Аллоҳ ва ба фариштагони Ӯ ва ба китобҳои Ӯ ва ба паёмбарони Ӯ ва ба рӯзи охират ва ба тақдири нек ва бад.

Далели шаш рукни имон ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ...﴾

(Некӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад...) (Сураи Бақара, ояти 177).

Ва далели қадар ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ49﴾

(Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем). (Сураи Қамар, ояти 49).

Мартабаи сеюм: Эҳсон - як рукни ҷудогона аст - ва он ин аст, ки Аллоҳро чунон ибодат кунӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.

Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحۡسِنُونَ128﴾

(Бе тардид, Аллоҳ Таъоло бо касоне аст, ки парҳезкорӣ карданд ва касоне, ки накукоранд). (Сураи Наҳл, ояти 128).

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ217 ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ218 وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ219﴾

(Ва бар [Аллоҳи] шикастнопазири меҳрубон таваккал кун.

Ҳамон ки чун [барои ибодат] бармехезӣ, туро мебинад.

Ва ҳаракат [ва нишасту бархости] туро миёни саҷдакунандагон [мебинад].

(Сураи Шуъаро, оятҳои 217-219).

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا تَكُونُ فِي شَأۡنٖ وَمَا تَتۡلُواْ مِنۡهُ مِن قُرۡءَانٖ وَلَا تَعۡمَلُونَ مِنۡ عَمَلٍ إِلَّا كُنَّا عَلَيۡكُمۡ شُهُودًا إِذۡ تُفِيضُونَ فِيهِ...﴾

(Ва [эй паёмбар] ту машғули ҳеҷ коре нестӣ ва ҳеҷ [ояте аз] онро намехонӣ ва [шумо низ эй мардум] ҳеҷ коре намекунед, магар инки он гоҳ ки ба он мепардозед, Мо бар [корҳои] шумо гувоҳем...) (Сураи Юнус, ояти 61). Оят.

Далели он аз Суннат ҳадиси машҳури Ҷабраил (алайҳис-салом) аст, ки аз Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:

"بَيْنَمَا نَحْنُ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ ﷺ ذَاتَ يَوْمٍ، إِذْ طَلَعَ عَلَيْنَا رَجُلٌ، شَدِيدُ بَيَاضِ الثِّيَابِ، شَدِيدُ سَوَادِ الشَّعَرِ، لَا يُرَى عَلَيْهِ أَثَرُ السَّفَرِ، وَلَا يَعْرِفُهُ مِنَّا أَحَدٌ، حَتَّى جَلَسَ إِلَى النَّبِيِّ ﷺ فَأَسْنَدَ رُكْبَتَيْهِ إِلَى رُكْبَتَيْهِ، وَوَضَعَ كَفَّيْهِ عَلَى فَخِذَيْهِ، وَقَالَ: يَا مُحَمَّدُ !

"Рӯзе мо назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем, ногаҳон марде бо либосҳои ниҳоят сафед ва мӯйи сараш ниҳоят сиёҳ назди мо омад, ки асаре аз (гарду ғубори) сафар бар вай дида намешуд ва касе (аз мо низ) ӯро намешинохт. Вай рӯ ба рӯйи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаст ва зонуҳояшро ба зонуҳои он ҳазрат такя дод, кафи дастонашро болои ронҳояш гузошта гуфт: "Эй Муҳаммад!""

أَخْبِرْنِي عَنِ الإِسْلَامِ؟

Ба ман аз Ислом хабар бидеҳ!

فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: الإِسْلَامُ: أَنْ تَشْهَدَ أَلَّا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَتُقِيمَ الصَّلَاةَ، وَتُؤْتِيَ الزَّكَاةَ، وَتَصُومَ رَمَضَانَ، وَتَحُجَّ البَيْتَ إِنِ اسْتَطَعْتَ إِلَيْهِ سَبِيلًا، قَالَ: صَدَقْتَ - فَعَجِبْنَا لَهُ، يَسْأَلُهُ وَيُصَدِّقُهُ –.

Пас Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ислом ин аст, гувоҳӣ диҳӣ, ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст ва намозро барпо дорӣ; закотро бидиҳӣ; моҳи Рамазонро рӯза дорӣ ва ҳаҷҷи Хонаро анҷом диҳӣ – агар тавоноии рафтан ба сӯи онро дошта бошӣ". Гуфт: "Рост гуфтӣ" – мо аз ӯ таъаҷҷуб кардем, ки аз Паёмбар мепурсад ва боз ӯро тасдиқ мекунад.

قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ الْإِيمَانِ؟

Гуфт: Пас, манро аз имон огоҳ бисоз!

قَالَ: أَنْ تُؤْمِنَ بِاللَّهِ، وَمَلَائِكَتِهِ، وَكُتُبِهِ، وَرُسُلِهِ، وَاليَوْمِ الْآخِرِ، وَتُؤْمِنَ بِالقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ، قَالَ: صَدَقْتَ.

Фармуданд: "Ин ки имон биёварӣ ба Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва рӯзи охират ва имон биёварӣ ба тақдири неку бади он". Гуфт: "Рост гуфтӣ".

قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ الْإِحْسَانِ؟

Гуфт: Пас, дар бораи эҳсон ба ман хабар деҳ!

قَالَ: أَنْ تَعْبُدَ اللَّهَ كَأَنَّكَ تَرَاهُ، فَإِنْ لَمْ تَكُنْ تَرَاهُ فَإِنَّهُ يَرَاكَ.

Фармуд: Аллоҳро чунон ибодат кунӣ, ки гӯё Ӯро мебинӣ, пас агар ту Ӯро намебинӣ, Ӯ туро мебинад.

قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنِ السَّاعَةِ؟

Гуфт: Пас маро аз қиёмат хабар деҳ!

قَالَ: مَا المَسْؤُولُ عَنْهَا بِأَعْلَمَ مِنَ السَّائِلِ.

Гуфт: Пурсидашаванда дар ин маврид аз суолкунанда донотар нест.

قَالَ: فَأَخْبِرْنِي عَنْ أَمَارَاتِهَا؟

Гуфт: Пас аз нишонаҳои он бароям хабар деҳ!

قَالَ: أَنْ تَلِدَ الأَمَةُ رَبَّتَهَا، وَأَنْ تَرَى الحُفَاةَ العُرَاةَ العَالَةَ رِعَاءَ الشَّاءِ، يَتَطَاوَلُونَ فِي البُنْيَانِ.

Гуфт: "Ин ки каниз хоҷаи худро таваллуд кунад ва ин ки побараҳнагони бараҳна ва фақирони чӯпони гӯсфандонро бубинӣ, ки дар сохтани биноҳо бо якдигар сабқат мекунанд".

قَالَ: ثُمَّ انْطَلَقَ فَلَبِثْتُ مَلِيًّا، ثُمَّ قَالَ لِي: يَا عُمَرُ! أَتَدْرِي مَنِ السَّائِلُ؟ قُلْتُ: اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَعْلَمُ، قَالَ: فَإِنَّهُ جِبْرِيلُ، أَتَاكُمْ يُعَلِّمُكُمْ دِينَكُمْ".

Гуфт: Сипас он мард бархосту рафт. Ман андаке истодам, сипас Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт: "Эй Умар! Оё медонӣ, ки ин марди суолкунанда кӣ буд?" Гуфтам: "Худову паёмбараш беҳтар медонанд". Гуфт: "Ҳамоно, вай Ҷабраил буд, ки омад, то ба шумо динатонро биомӯзонад."

Асли сеюм

Шинохти Паёмбаратон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ӯ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим аст, Ҳошим аз Қурайш аст ва Қурайш аз араб аст ва араб аз насли Исмоил ибни Иброҳими Халил (дуруду саломи Худо нисори ӯ ва Паёмбарамон бод) аст.

Ва умри муборакашон шастусе сол буд – аз он чиҳил сол қабл аз биъсат ва бистусе сол замони нубувват.

Бо "Иқраъ" набӣ шуд ва бо "Муддассир" фиристода шуд ва шаҳри ӯ Макка аст.

Худованд ӯро барои ҳушдор додан аз ширк ва даъват ба сӯи тавҳид фиристод. Далел ин фармудаи Худованди Мутаъол аст:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ1 قُمۡ فَأَنذِرۡ2 وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ3 وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ4 وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ5 وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ6 وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ7﴾

(Эй ҷомабарсаркашида!

Бархез ва бим деҳ!

Ва Парвардигоратро бузург шумор!

Ва ҷомаро покиза бидор!

Ва аз палидӣ дурӣ кун!

Барои ин базлу бахшиш макун, ки афзунталабӣ кунӣ.

Ва барои [хушнудии] Парвардигорат шикебо бош). (Сураи Муддассир, оятҳои 1-7).

Маънои

﴿قُمۡ فَأَنذِرۡ﴾

(Бархез ва бим деҳ!): Аз ширк бим медиҳад ва ба тавҳид даъват мекунад.

﴿وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ﴾

(Ва Парвардигоратро бузург шумор!):

Яъне, Ӯро бо тавҳид бузург дор.

﴿وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ﴾

(Ва ҷомаро покиза бидор!):

Яъне, амалҳоятро аз ширк покиза дор.

﴿وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ﴾

(Ва аз палидӣ дурӣ кун!):

Маънои "руҷз" бутҳо аст. Ва дурӣ ҷустан аз онҳо: тарки онҳо, ва безорӣ аз онҳо ва аҳли онҳо.

Даҳ солро бар ин ҳол сипарӣ намуда, ба сӯи тавҳид даъват мекард ва пас аз даҳ сол ба осмон бурда шуд ва намозҳои панҷгона бар ӯ фарз гардид ва се сол дар Макка намоз гузошт ва пас аз он аз ҷониби Аллоҳ дастур шуд то ба Мадина ҳиҷрат фармояд.

Маънои "ҳиҷрат" берун шудан аз сарзамини ширк ба сарзамини Ислом аст.

Ва ҳиҷрат бар ин уммат аз сарзамини ширк ба сарзамини Ислом фарз аст ва он то барпо шудани қиёмат боқист.

Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمۡۖ قَالُواْ كُنَّا مُسۡتَضۡعَفِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ قَالُوٓاْ أَلَمۡ تَكُنۡ أَرۡضُ ٱللَّهِ وَٰسِعَةٗ فَتُهَاجِرُواْ فِيهَاۚ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَسَآءَتۡ مَصِيرًا97 إِلَّا ٱلۡمُسۡتَضۡعَفِينَ مِنَ ٱلرِّجَالِ وَٱلنِّسَآءِ وَٱلۡوِلۡدَٰنِ لَا يَسۡتَطِيعُونَ حِيلَةٗ وَلَا يَهۡتَدُونَ سَبِيلٗا98﴾

(Касоне, ки [бо мондан дар сарзамини куфр] нисбат ба хеш ситамгор буданд, [вақте] фариштагон ҷонашонро мегиранд, [ба онон] мегӯянд: "Дар чи [ҳол] будед"? Посух медиҳанд: "Мо дар замин аз ситамдидагон будем". [Фариштагон] Мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ Таъоло густурда набуд, то дар он муҳоҷират кунед [ва имонатонро ҳифз намоед]"? Пас, ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!

Магар мардону занон ва кӯдакони ситамдидае, ки наметавонанд чорае бияндешанд ва роҳ ба ҷойе намебаранд). (Сураи Нисо, оятҳои 97-98).

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ أَرۡضِي وَٰسِعَةٞ فَإِيَّٰيَ فَٱعۡبُدُونِ56﴾

(Эй бандагони ман, ки имон овардаед, бе гумон, замини Ман густарда аст ва танҳо Маро парастед). (Сураи Анкабут, ояти 56).

Бағавӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Сабаби нузули ин оят: Оят дар бораи мусалмононест, ки дар Макка буданд ва ҳиҷрат накарданд, Аллоҳ Таъоло ононро бо номи имон нидо кард."

Далели ҳиҷрат аз Суннат ин ҳадис аст:

"لَا تَنْقَطِعُ الهِجْرَةُ حَتَّى تَنْقَطِعَ التَّوْبَةُ، وَلَا تَنْقَطِعُ التَّوْبَةُ حَتَّى تَطْلُعَ الشَّمْسُ مِنْ مَغْرِبِهَا".

"Ҳиҷрат қатъ намешавад, то қатъ шудани тавба ва тавба қатъ намешавад, то тулуъ намудани офтоб аз мағриб."

Пас чун дар Мадина мустақар шуд, бақияи аҳкоми Ислом бар он ҳазрат амр карда шуд, монанди закот, рӯза, ҳаҷ, азон, ҷиҳод ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Ва ба ҳамин минвол даҳ солро бар ин сипарӣ намуд.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вафот кард ва дини ӯ боқист. Ҳеҷ кори неке нест, магар ин ки умматро ба он роҳнамоӣ намудааст ва ҳеҷ кори баде нест, магар ин ки аз он барҳазар доштааст. Ва ин аст дини ӯ.

Ва некие, ки умматро ба он роҳнамоӣ кардааст: тавҳид ва ҳамаи он чи Аллоҳ онро дӯст медорад ва меписандад.

Ва шарре, ки аз он ҳушдор додааст: ширк ва ҳамаи он чизҳое мебошад, ки Аллоҳ Таъоло нохуш медорад ва намепазирад.

Аллоҳ Таъоло ӯро барои тамоми мардум фиристодааст ва итоати ӯро бар ҳамаи сақалайн — ҷин ва инс — фарз гардонидааст. Далелаш ин фармудаи Аллоҳ Таъолост:

﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا...﴾

(Бигӯ: "Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ Таъоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам...") (Сураи Аъроф, ояти 158).

Ва Аллоҳ ба воситаи ӯ динро комил кард. Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ...﴾

(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам). (Сураи Моида, ояти 3).

Далели вафоти ӯ ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

﴿إِنَّكَ مَيِّتٞ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ30 ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عِندَ رَبِّكُمۡ تَخۡتَصِمُونَ31﴾

([Эй Паёмбар] Қатъан, ту хоҳӣ мурд ва онон [низ] хоҳанд мурд.

Он гоҳ [шумо-мардум] дар рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон [дар бораи масоили мавриди ихтилоф] муҷодала хоҳед кард). (Сураи Зумар, ояти 30-31).

Ва мардум замоне ки бимиранд, боз зинда мешаванд. Худованд дар ин оят мефармояд:

﴿مِنۡهَا خَلَقۡنَٰكُمۡ وَفِيهَا نُعِيدُكُمۡ وَمِنۡهَا نُخۡرِجُكُمۡ تَارَةً أُخۡرَىٰ55﴾

(Шуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем). (Сураи Тоҳо, ояти 55). Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَٱللَّهُ أَنۢبَتَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ نَبَاتٗا17 ثُمَّ يُعِيدُكُمۡ فِيهَا وَيُخۡرِجُكُمۡ إِخۡرَاجٗا18﴾

(Ва Аллоҳ Таъоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид.

Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад).

(Сураи Нуҳ, ояти 17-18).

Ва пас аз зинда шудан барои амалҳояшон ҳисобу китоб шуда, подош ё ҷазо мегиранд. Ва далел ин фармудаи Аллоҳ Таъолост:

﴿...لِيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ بِمَا عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَ ٱلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ بِٱلۡحُسۡنَى﴾

(то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд).

(Сураи Наҷм, ояти 31).

Ва касе, ки зинда шудан пас аз маргро дурӯғ шуморад, кофир шудааст. Ва далел ин фармудаи Аллоҳ Таъолост:

﴿زَعَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن لَّن يُبۡعَثُواْۚ قُلۡ بَلَىٰ وَرَبِّي لَتُبۡعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلۡتُمۡۚ وَذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ7﴾

(Касоне, ки кофир шуданд, гумон бурданд, ки ҳаргиз барангехта нахоҳанд шуд. Бигӯ: "Оре; ба Парвардигорам савганд, яқинан [ҳама] барангехта хоҳед шуд; он гоҳ аз он чи мекардед, ба шумо хабар хоҳанд дод ва ин [кор] бар Аллоҳ Таъоло осон аст"). (Сураи Тағобун, ояти 7).

Ва Аллоҳ Таъоло ҳамаи паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда фиристод. Далел ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ...﴾

(Паёмбароне [фиристодем], ки башоратбахшу бимдиҳанда буданд, то барои мардум пас аз [биъсати] паёмбарон дар муқобили Аллоҳ Таъоло [ҳеҷ баҳона ва] ҳуҷҷате набошад). (Сураи Нисо, ояти 165).

Ва аввалини онҳо Нӯҳ (алайҳиссалом) аст.

Ва охиринашон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст ва ӯ хотами паёмбарон аст, пас аз ӯ паёмбари дигаре нахоҳад буд. Далелаш ин фармудаи Худованд аст:

﴿مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَآ أَحَدٖ مِّن رِّجَالِكُمۡ وَلَٰكِن رَّسُولَ ٱللَّهِ وَخَاتَمَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ...﴾

(Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо нест, балки расули Аллоҳ Таъоло ва хотами паёмбарон аст...) (Сураи Аҳзоб, ояти 40).

Ва далел бар ин ки аввалини онҳо Нӯҳ (алайҳиссалом) аст. Худованд мефармояд:

﴿إِنَّآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ كَمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ نُوحٖ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ مِنۢ بَعۡدِهِ...﴾

([Эй паёмбар] Бе тардид мо ба ту ваҳй фиристодем; ҳамон гуна, ки ба Нуҳу паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем...) (Сураи Нисо, ояти 163).

Ва Худованд ба сӯи ҳар уммате паёмбареро барангехт - аз Нуҳ то Муҳаммад - то ононро ба ибодати Аллоҳи ягона амр кунад ва аз ибодати тоғут наҳй намояд. Далелаш ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед...) (Сураи Наҳл, ояти 36).

Ва Аллоҳ бар ҳамаи бандагон фарз гардонидааст: кофир шудан ба тоғут ва имон овардан ба Аллоҳ.

Ибни Қайим (Худо раҳматаш кунад) мефармояд: "Маънои "Тоғут" ин аст, ки банда ба воситаи он аз ҳадди худ мегузарад - аз қабили маъбуд, ё матбуъ, ё мутоъ."

Ва тоғутҳо бисёранд ва сарони онҳо панҷтоанд: Иблис - лаънати Аллоҳ бар ӯ бод; касе, ки ибодат карда шавад ва ӯ розӣ бошад; касе, ки мардумро ба ибодати худ даъват кунад; касе, ки чизе аз илми ғайбро даъво кунад ва касе, ки ба ғайри он чи Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кунад.

Далели ин гуфтаҳо фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿لَآ إِكۡرَاهَ فِي ٱلدِّينِۖ قَد تَّبَيَّنَ ٱلرُّشۡدُ مِنَ ٱلۡغَيِّۚ فَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلطَّٰغُوتِ وَيُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰ لَا ٱنفِصَامَ لَهَاۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ256﴾

(Дар [пазириши] дин, ҳеҷ иҷборе нест; ба ростӣ, ки роҳи рост [ва ҳидоят] аз роҳи инҳироф [ва гумроҳӣ] равшан шудааст; пас, ҳар кас ба тоғут [он чи ба ҷойи Аллоҳ Таъоло парастиш мешавад] куфр биварзад ва ба Аллоҳ Таъоло имон оварад, ҳатман, ба маҳкамтарин дастовез чанг задааст, ки ҳаргиз нахоҳад гусаст; ва Аллоҳ Таъоло шунавову доност). (Сураи Бақара, ояти 256). Ва ин маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст. Дар ҳадис омадааст:

"رَأْسُ الأَمْرِ: الإِسْلَامُ، وَعَمُودُهُ: الصَّلَاةُ، وَذِرْوَةُ سَنَامِهِ: الجِهَادُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ".

"Саромади корҳо Ислом аст; сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он ҷиҳод дар роҳи Худо аст."

Ва Аллоҳ донотар аст.

 

 

 

***

Феҳраст

 

Асли дуввум 13

Асли сеюм 22

 

 

***

 

tg36v2.0 - 27/06/2026