التَّحْذِيرُ مِنْ بِنَاءِ المَسَاجِدِ
عَلَى القُبُورِ
Парҳез кардан аз сохтани масҷидҳо бар болои қабрҳо
لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ
عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ
رَحِمَهُ اللهُ
Таълиф Аллома Шайх
Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи даҳум:
Парҳез кардан аз сохтани масҷидҳо бар болои қабрҳо
Ба номи Аллоҳ, ҳамду сано ва дуруду салом бар Паёмбари Ӯ бод.
Аммо баъд:
Ман аз он чи дар шумораи сеюми маҷаллаи "Робитаи улуми исломӣ" дар боби (Ахбори мусалмонон дар як моҳ) нашр шуд, огоҳ шудам, ки Робитаи улуми исломӣ дар Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ қасд дорад бар ғоре, ки ба тозагӣ дар деҳаи Раҳиб кашф шудааст, масҷиде бино кунад ва он ҳамон ғорест, ки гуфта мешавад, аҳли Каҳф, ки зикрашон дар Қуръони Карим омадааст, дар он хобидаанд. Интиҳо.
Бо дарназардошти воҷиб будани насиҳат барои Аллоҳ ва бандагонаш, лозим донистам, ки дар худи ҳамон маҷалла ба Иттиҳодияи улуми исломӣ дар Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ сухане ироа намоям, ки мазмунаш насиҳат додан ба Иттиҳодия аст, то аз иҷрои қасди худ дар мавриди сохтани масҷид бар болои ғори зикршуда худдорӣ намояд. Зеро бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳои паёмбарон ва солеҳон ва осори онҳо аз ҷумлаи амалҳоест, ки шариати комили исломӣ аз он манъ ва барҳазар дошта, анҷомдиҳандаи онро лаънат кардааст, зеро он аз василаҳои ширк ва зиёдаравӣ дар ҳаққи паёмбарон ва солеҳон мебошад. Воқеият гувоҳи он аст, ки он чи шариат овардааст, дуруст буда, далеле аз ҷониби Худованди Бузург аст ва инчунин далели равшану ҳуҷҷати қотеъ бар ростгӯии Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар он чизе, ки аз ҷониби Худованд оварда ва ба уммат расонидааст, мебошад. Ва ҳар касе, ки дар аҳволи ҷаҳони ислом ва он ширку зиёдаравие, ки ба сабаби бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо, бузургдошти онҳо, фарш кардан ва зиннат додани онҳо ва таъйин кардани хидматгорон барои онҳо ба вуҷуд омадааст, андеша кунад, яқинан дарк хоҳад кард, ки ин амалҳо аз василаҳои ширк буда, манъ кардан ва барҳазар доштан аз бино кардани онҳо аз ҷумлаи некиҳои шариати исломӣ мебошад.
Ва аз ҷумлаи он чи дар ин бора омадааст, ҳадисест, ки Бухорӣ ва Муслим (раҳматуллоҳи алайҳимо) аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят кардаанд, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
«لَعَنَ اللَّهُ الْيَهُودَ وَالنَّصَارَى، اتَّخَذُوا قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ مَسَاجِدَ، قالَتْ عَائِشَةُ: يُحَذِّرُ مَا صَنَعُوا، قالَتْ: وَلَوْلَا ذَلِكَ لَأُبْرِزَ قَبْرُهُ، غَيْرَ أَنَّهُ خُشِيَ أَنْ يُتَّخَذَ مَسْجِدًا».
Аллоҳ лаънат кунад яҳудиён ва насрониёнро, ки қабрҳои паёмбаронашонро масҷид қарор доданд". Оиша гуфт: "(Паёмбар бо ин сухан) аз коре, ки онҳо карда буданд, ҳушдор медод. Ва агар ин хавф намебуд, қабраш ошкор карда мешуд, вале хавф аз он буд, ки масҷид гирифта шавад". Ҳамчунин дар саҳеҳайн ривоят аст, ки Умми Салама ва Умми Ҳабиба (Худованд аз онҳо розӣ бод) ба Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз калисое, ки дар сарзамини Ҳабаша дида буданд ва тасвирҳое, ки дар он буд, нақл карданд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:
«أُولَئِكَ إِذَا مَاتَ فِيهِمُ الرَّجُلُ الصَّالِحُ؛ بَنَوْا عَلَى قَبْرِهِ مَسْجِدًا، وَصَوَّرُوا فِيهِ تِلْكَ الصُّوَرَ، أُولَئِكَ شِرَارُ الْخَلْقِ عِنْدَ اللَّهِ».
"Онҳо чун марди солеҳе аз миёнашон вафот мекард, бар қабри ӯ масҷиде месохтанд ва он суратҳоро дар он тасвир мекарданд, онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ ҳастанд".
Дар Саҳеҳи Муслим аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Панҷ рӯз пеш аз вафоташон Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармуд:
«إِنِّي أَبْرَأُ إِلَى اللَّهِ أَنْ يَكُونَ لِي مِنْكُمْ خَلِيلٌ، فَإِنَّ اللَّهَ قَدِ اتَّخَذَنِي خَلِيلًا، كَمَا اتَّخَذَ إِبْرَاهِيمَ خَلِيلًا، وَلَوْ كُنْتُ مُتَّخِذًا مِنْ أُمَّتِي خَلِيلًا، لَاتَّخَذْتُ أَبَا بَكْرٍ خَلِيلًا، أَلَا وَإِنَّ مَنْ كَانَ قَبْلَكُمْ كَانُوا يَتَّخِذُونَ قُبُورَ أَنْبِيَائِهِمْ وَصَالِحِيهِمْ مَسَاجِدَ، أَلَا فَلَا تَتَّخِذُوا الْقُبُورَ مَسَاجِدَ، فَإِنِّي أَنْهَاكُمْ عَنْ ذَلِكَ».
«Ман ба даргоҳи Аллоҳ бароат ҷустаам, ки аз миёни шумо дӯсти наздике дошта бошам, зеро Аллоҳ Таъоло маро дӯсти хеш гардонидааст, чунончи, Иброҳимро дӯсти худ гардонида буд. Агар қарор мешуд, ки аз миёни умматам касеро ба дӯстӣ интихоб кунам, бешак Абубакрро дӯсти худ интихоб мекардам.
Огоҳ бошед, ки пешиниёни шумо қабрҳои паёмбарону солеҳони худро масҷид қарор медоданд, шуморо ҳушдор медиҳам, ки қабрҳоро масҷид қарор надиҳед, ман шуморо аз ин кор бозмедорам». Ва дар ин боб ҳадисҳо зиёданд.
Пешвоёну уламои бузурги мусалмонон, аз ҳамаи мазҳабҳои чаҳоргона ва дигарон, ба таври возеҳ дар бораи манъ будани масҷид сохтан бар болои қабрҳо баён кардаанд ва аз он барҳазар доштаанд; то ба суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амал намоянд ва умматро насиҳат карда, онро аз гирифтор шудан ба он чизе, ки пешиниён аз яҳуду насорои ғулувкунанда ва амсоли онҳо аз гумроҳони ин уммат ба он гирифтор шуда буданд, барҳазар доранд.
Бинобар ин, бар Иттиҳодияи улуми исломӣ дар Урдун ва бар дигар мусалмонон воҷиб аст, ки ба Суннат пойбанд бошанд, аз роҳу равиши имомон пайравӣ кунанд ва аз он чизе, ки Аллоҳ ва Паёмбараш аз он барҳазар доштаанд, ҳазар намоянд, зеро ислоҳ, саодатмандӣ ва наҷоти бандагон дар дунё ва охират дар ҳамин аст. Ва баъзе аз мардум дар ин боб ба ин фармудаи Худованди Мутаъол дар қиссаи Асҳоби Каҳф истидлол кардаанд:
﴿...قَالَ ٱلَّذِينَ غَلَبُواْ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِمۡ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيۡهِم مَّسۡجِدٗا﴾
([Ба нишонаи бузургдошт] Бар [ғори] эшон парастишгоҳе месозем) (Сураи Каҳф, ояти 21).
Ва ҷавоб ин чунин аст: Аллоҳи пок хабар додааст, ки раҳбарон ва соҳибони қудрати он замон ин суханро гуфтаанд ва ин на аз рӯи ризоият ва тасдиқи онҳост, балки аз рӯи мазаммат, айбҷӯӣ ва безорӣ ҷустан аз кирдори онҳост. Ва далели ин гуфта он аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки ин оят бар ӯ нозил шудааст ва ӯ донотарини мардум ба таъвили он мебошад, уммати худро аз масҷид қарор додани қабрҳо манъ кардааст. Онҳоро аз он барҳазар дошта ва касеро, ки ин корро анҷом медиҳад, лаънат ва мазаммат кардааст.
Агар ин кор раво мебуд, Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора ин қадар таъкиди сахт намекарданд ва муболиға намуда, то ҷое, ки анҷомдиҳандаи онро лаънат карданд ва хабар доданд, ки ӯ аз бадтарин махлуқот назди Аллоҳ Таъоло аст. Ва ин барои шахси ҳақиқатҷӯ кифоя ва қонеъкунанда аст. Ҳатто агар фарз кунем, ки сохтани масҷидҳо бар болои қабрҳо барои умматҳои пеш аз мо ҷоиз буд, барои мо пайравӣ кардан ба онҳо дар ин кор раво нест. Зеро шариати мо носихи шариатҳои қаблӣ аст ва Паёмбари мо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) охирин паёмбар буда, шариаташ комилу умумист. Ӯ моро аз сохтани масҷидҳо бар болои қабрҳо манъ кардааст. Пас, мухолифат бо ӯ барои мо ҷоиз нест ва бар мо воҷиб аст, ки аз ӯ пайравӣ кунем, ба он чи овардааст, чанг занем ва ҳар он чиро, ки аз шариатҳои қадимӣ ва одатҳои писандидаи анҷомдиҳандагонаш мухолифи он аст, тарк намоем, зеро ҳеҷ шариате комилтар аз шариати Аллоҳ ва ҳеҷ раҳнамуде беҳтар аз раҳнамуди Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нест.
Аз Аллоҳ Таъоло мехоҳем, ки моро ва ҳамаи мусалмононро ба собитқадамӣ бар дини Ӯ ва пойбанд будан ба шариати Паёмбараш Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) муваффақ гардонад, дар гуфтору аъмол, дар зоҳиру ботин ва дар тамоми умур, то замоне ки бо Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу рӯ ба рӯ шавем. Бегумон Ӯ Шунаво ва Наздик аст.
Салому дуруди Аллоҳ бар банда ва фиристодааш Муҳаммад ва олу асҳобаш ва бар касоне, ки то рӯзи қиёмат аз ҳидояти ӯ пайравӣ мекунанд, бод.
***
tg397v4.0 - 27/06/2026