PHPWord

 

 

العَقِيدَةُ الصَّحِيْحَةُ وَمَا يُضَادُّهَا

 

 

Ақидаи дуруст ва он чи мухолифи он аст

 

 

 

 

لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ

عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ

رَحِمَهُ اللهُ

 

Таълиф Аллома Шайх

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

 

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Номаи аввал:

Ақидаи дуруст ва он чи мухолифи он аст

Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест ва бар хонадону асҳобаш бод.

Аммо баъд:

Чун эътиқоди дуруст пояи дин ва пояи имон аст, фикр кардам, ки сухан гуфтан дар бораи ин мавзуъ ва китобату таълиф дар баёну тавзеҳи он муҳим аст.

Аз далелҳои шаръии Қуръону Суннат маълум аст, ки амалҳо ва суханҳо дар сурате дуруст ва қобили қабул ҳастанд, ки аз эътиқоди дуруст сарчашма гиранд. Аммо агар эътиқод нодуруст бошад, пас ҳама амалҳо ва суханҳое, ки аз он сарчашма мегирад, ботил аст. Чунончи, Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ حَبِطَ عَمَلُهُۥ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ﴾

(ва ҳар ки ба [аркони] имон куфр биварзад, ҳатман, амалаш табоҳ шудааст ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд). (Сураи Моида, ояти 5).

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ أُوحِيَ إِلَيۡكَ وَإِلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكَ لَئِنۡ أَشۡرَكۡتَ لَيَحۡبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ 65﴾

(Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд»). (Сураи Зумар, ояти 65).

Дар ин маънӣ оятҳо зиёданд. Китоби ошкорбаёни Аллоҳ Таъоло ва суннати Паёмбари амин (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ин далолат доранд, ки ақидаи дуруст дар шаш амр хулоса мешавад ва онҳо иборатанд аз: Имон ба Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва рӯзи қиёмат ва тақдири нек ва бад. Ин умури шашгона усули ақидаи дурусте аст, ки китоби Аллоҳ Таъоло бар он нозил шуда ва Аллоҳ Таъоло бар он паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро фиристодааст.

Дар Китобу Суннати саҳеҳ далелҳои фаровоне дар бораи ин шаш асл омадааст. Аз он ҷумла, мисолҳои зеринро метавон зикр кард:

Якум: Далелҳо аз Қуръони Карим; чунончи, Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿لَّيۡسَ ٱلۡبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمۡ قِبَلَ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡبِرَّ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ وَٱلۡكِتَٰبِ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ...﴾

(Некӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ Таъоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад...) (Сураи Бақара, ояти 177).

Инчунин Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло фармуда:

﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِ...﴾

(Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем...)

(Сураи Бақара, ояти 285).

Худованд мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ ءَامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلَّذِي نَزَّلَ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِن قَبۡلُۚ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا 136﴾

(Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил кардааст ва [ба ҳар] китобе, ки пеш аз ин фиристодааст, имон биёваред [ва бар он пойдор бошед] ва ҳар, ки ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагони Ӯ ва китобҳову паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат куфр биварзад, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст). (Сураи Нисо, ояти 136).

Худованд мефармояд:

﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ 70﴾

(Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ Таъоло он чиро дар осмон ва замин аст медонад? Бе гумон [ҳамаи] инҳо дар китобе [сабт] аст. Мусалламан, ин [кор] бар Аллоҳ Таъоло осон аст).

(Сураи Ҳаҷ, ояти 70).

Дуюм: Далелҳо аз Суннат; аз ҷумла, ҳадиси саҳеҳи машҳур, ки Муслим дар "Саҳеҳ"-аш аз ҳадиси Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Ҷабраил (Алайҳи-с-салом) Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз имон пурсид, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«الإِيمَانُ أَنْ تُؤْمِنَ بِاللَّهِ، وَمَلَائِكَتِهِ، وَكُتُبِهِ، وَرُسُلِهِ، وَاليَوْمِ الآخِرِ، وَتُؤْمِنَ بِالقَدَرِ خَيْرِهِ وَشَرِّهِ».

"Имон ин аст, ки имон биёварӣ ба Аллоҳ ва фариштагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва паёмбарони Ӯ ва рӯзи охират ва имон биёварӣ ба тақдири неку бади он" (1).1 Ҳадис. Ин ҳадисро Шайхайн – бо ихтилофи андак – аз ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардаанд.

Ва аз ин асосҳои шашгона сарчашма мегирад: ҳар он чизе, ки мусалмон бояд ба он эътиқод ва имон дошта бошад, дар робита ба Аллоҳ Таъоло, дар умури охират ва дигар умури ғайбӣ; аз он чизҳое, ки Аллоҳ Таъоло ва Расули Ӯ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз онҳо хабар додаанд.

Баёни асосҳои шашгона чунин аст:

Асли аввал: Имон ба Аллоҳ Таъоло

Ва он шомили чанд амр аст, аз ҷумла: Имон ба ин ки Ӯ маъбуди барҳақ ва шоистаи ибодат аст ва ҳеҷ касе ҷуз Ӯ ин шоистагиро надорад, зеро Ӯ Офаридгори бандагон ва касе аст, ки ба онон некӣ мекунад ва ононро ризқу рӯзӣ медиҳад ва донандаи ниҳону ошкори онон аст ва қодир ба подош додани фармонбардор ва ҷазо додани гунаҳкорон аст.

Ва Аллоҳ Таъоло инсу ҷинро барои ин ибодат офарид ва онҳоро ба он амр намуд. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ 56 مَآ أُرِيدُ مِنۡهُم مِّن رِّزۡقٖ وَمَآ أُرِيدُ أَن يُطۡعِمُونِ 57 إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلرَّزَّاقُ ذُو ٱلۡقُوَّةِ ٱلۡمَتِينُ 58﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои он офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд].

На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд. 57

[Зеро] Аллоҳ Таъоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст).

(Сураи Зориёт, оятҳои 56-58).

Аллоҳ Таъоло инчунин мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ21 ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فِرَٰشٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقٗا لَّكُمۡۖ فَلَا تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادٗا وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ 22﴾

(Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед.

Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ Таъоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед).

(Сураи Бақара, оятҳои 21-22)

Аллоҳ Таъоло паёмбаронро фиристод ва китобҳоро нозил кард, то ин ҳақиқатро баён кунанд ва ба сӯи он даъват кунанд ва аз он чи хилофи он бошад, ҳушдор диҳанд. Чунончи, Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед»...) (Сураи Наҳл, ояти 36).

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ25﴾

(Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»).

(Сураи Анбиё, ояти 25).

Ва Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿الر كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ1 أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ2﴾

(Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст.

[Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам). (Сураи Ҳуд, оятҳои 1-2).

Моҳияти аслии ин ибодат: ягона шумурдани Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар тамоми ибодатҳоест, ки бандагон анҷом медиҳанд; аз ҷумла, дуо, тарс, умед, намоз, рӯза, забҳ, назр ва дигар навъҳои ибодат, аз рӯи таслим ба Ӯ, рағбат ба савоби Ӯ ва тарс аз азоби Ӯ, бо муҳаббати комил ба Ӯ ва фурӯтанӣ дар баробари бузургии Ӯст.

Ва касе, ки дар Қуръони Карим тааммул мекунад, дармеёбад, ки аксари он дар бораи ин асли бузург нозил шудааст, чунонки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَاعْبُدِ اللَّهَ مُخْلِصًا لَهُ الدِّينَ 2 أَلَا لِلَّهِ الدِّينُ الْخَالِصُ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ3﴾

(Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун.

Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард). (Сураи Зумар, ояти 2-3).

Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ...﴾

(Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед...)

(Сураи Исро, ояти 23).

Ва инчунин Ӯ Таъоло мефармояд:

﴿فَٱدۡعُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ14﴾

([Танҳо] Аллоҳро бо хулуси эътиқод бихонед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд). (Сураи Ғофир, ояти 14).

Ҳамин тавр, касе, ки дар суннати набавӣ тааммул мекунад, аҳамияти ин асли бузургро низ дармеёбад. Ва аз ҷумлаи он, ривояти дар "Саҳеҳайн" аз Муъоз (разияллоҳу анҳу) аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«حَقُّ اللهِ عَلَى العِبَادِ أَن يَعْبُدُوهُ وَلَا يُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا».

"Ҳаққи Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш ин аст, ки танҳо Ӯро ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳанд."2

Аз ҷумлаи имон ба Аллоҳ, имон овардан ба ҳама чизҳое, ки Худованд бар бандагонаш воҷиб ва фарз намудааст, аз ҷумла, аркони панҷгонаи зоҳирии Ислом.

Гувоҳӣ додан бар ин ки нест маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст, барпо доштани намоз, додани закот, рӯза доштани моҳи Рамазон, ҳаҷҷи Байтуллоҳ-ил-ҳаром барои касе, ки ба он тавоноӣ дорад ва дигар фаризаҳое, ки шариати пок овардааст.

Муҳимтарин ва бузургтарини ин рукнҳо: гувоҳӣ додан бар ин ки нест маъбуди ба ҳақ, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. Ва ин шаҳодат тақозо мекунад, ки ибодат танҳо барои Аллоҳи ягона ва нафйи он аз дигарон бошад. Ва ин маънои "Ло илоҳа илло Аллоҳ" аст. Пас, маънояш, чунон ки уламо (раҳимаҳумуллоҳ) гуфтаанд, ин аст, ки: нест маъбуди ба ҳақ, ҷуз Аллоҳ. Бинобар ин, ҳар чизе, ки ғайр аз Аллоҳ ибодат карда мешавад - аз инсон, ё фаришта, ё ҷин, ё ғайри он - маъбуди ботил аст. Ва маъбуди ба ҳақ танҳо Аллоҳи ягона аст, ки шарике надорад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ...﴾

(Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ Таъоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст...) (Сураи Ҳаҷ, ояти 62).

Ва пештар баён шуд, ки Аллоҳ Таъоло инсу ҷинро барои ин асли асос офарида, онҳоро ба он амр фармуд ва паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро барои он нозил кард. Пас, бар банда лозим аст, ки дар ин бора хуб биандешад ва амиқ дар борааш фикр кунад, то барояш равшан шавад, ки аксари мусалмонон нисбат ба ин асли бузург ҷоҳил ҳастанд, то ҷое, ки ҳамроҳи Аллоҳ Таъоло ғайри Ӯро ибодат мекунанд ва ҳаққи холиси Ӯро ба дигарон додаанд. Худованд ёридиҳанда аст.

Аз талаботи имон ба Аллоҳ Таъоло ин имон овардан ба ин, ки Аллоҳ Таъоло Офаридгори олам ва Тадбиркунандаи умури онон буда ва касе аст, ки дар миёни онҳо бо илму қудрати Худ чӣ гунае, ки бихоҳад тасарруф мекунад. Ва ин ки Ӯ Молики дунё ва охират ва Парвардигори ҳамаи ҷаҳониён аст. Ҳеҷ Офаридгоре ва Парвардигоре ҷуз Ӯ нест. Ва ин ки Ӯ паёмбаронро фиристод ва китобҳоро нозил кард, барои ислоҳи бандагонаш ва барои даъвати онҳо ба сӯи чизе, ки салоҳи дунё ва охирати онҳоро дар бар гирифтааст. Ва Аллоҳ Таъоло дар ҳамаи ин чизҳо ҳеҷ шарике надорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ 62﴾

(Аллоҳ Таъоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст).

(Сураи Зумар, ояти 62).

Инчунин Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۭ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ54﴾

([Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ Таъоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-инсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ Таъолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст). (Сураи Аъроф, ояти 54).

Ва аз ҷумлаи имон ба Аллоҳ Таъоло инчунин имон овардан ба номҳои зебо ва сифатҳои волои Ӯст, ки дар китоби азизаш омадааст ва аз паёмбари аминаш собит шудааст. Ба номҳои зебои Ӯ бояд бидуни таҳриф, таътил, кайфият қоил шудан ва тамсил кардан имон овард.

﴿...لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ﴾

(Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ Таъоло нест ва Ӯ шунаво ва биност). (Сураи Шуро, ояти 11).

Пас воҷиб аст, ки онҳоро ҳамон гуна, ки омадаанд, бидуни қоил шудан ба кайфият пазируфт, бо имон овардан ба маъонии бузурге, ки далолат мекунад сифатҳои Аллоҳ Азза ва Ҷалла ҳастанд. Ва воҷиб аст, ки Ӯ Таъолоро ба тавре, ки лоиқи Ӯст, васф намоем, бидуни ташбиҳи Ӯ бо махлуқоташ дар чизе аз сифатҳояш. Ҳамонгуна, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: Ва Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿فَلَا تَضۡرِبُواْ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡثَالَۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ74﴾

(Пас, барои Аллоҳ Таъоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло медонад ва шумо намедонед). (Сураи Наҳл, ояти 74).

Ин эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат аз асҳоби Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва пайравони солеҳи онҳо, дар бораи номҳо ва сифатҳои Аллоҳ аст. Онро Имом Абулҳасани Ашъарӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "Ал-Мақолот" аз асҳоби ҳадис ва аҳли суннат ривоят кардааст. Ва дигар аҳли илму имон низ онро ривоят кардаанд.

Авзоъӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: (Зуҳрӣ ва Макҳул аз оятҳои сифот пурсида шуданд, онҳо гуфтанд: Сифоти Худовандро чӣ гунае, ки ворид шудаанд, қабул кунед)3.

Инчунин Авзоъӣ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: (Мо ва тобеъин ҳангоме ки сершумор будем, мегуфтем: Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бар Арши Худ аст ва ба он чи аз сифатҳо дар суннат омадааст, имон дорем).4

Валид ибни Муслим (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: (Аз Молик, Авзоъӣ, Лайс ибни Саъд ва Суфёни Саврӣ (раҳимаҳумуллоҳ) дар мавриди ривоятҳои воридшуда оиди сифот пурсида шуданд, ҳамаашон гуфтанд: Он сифатҳоро чӣ гунае, ки (дар Қуръон ва Суннат) ворид шудааст, бидуни шарҳи кайфият (чигунагӣ) бипазиред)5.

Вақте аз Рабиъа ибни Абу Абдурраҳмон - устоди Имом Молик (раҳматуллоҳи алайҳимо) - дар бораи "истиво" пурсида шуд, гуфт: "Истиво маҷҳул нест, аммо дарки кайфияти он ғайри маъқул аст, рисолат аз ҷониби Аллоҳ аст ва аз ҷониби Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расондан аст ва бар мо тасдиқи он воҷиб аст"6. Ва ҳангоме ки Имом Молик аз он пурсида шуд, гуфт: (Истиво маълум аст, чигунагии он номаълум ва имон ба он воҷиб ва суол дар бораи он бидъат аст). Сипас ба суолдиҳанда гуфт: Туро ҷуз марди баде намебинам ва амр кард, ӯро берун карданд7. Ва инчунин ба ин маъно аз модари муъминон Умми Салама (разияллоҳу анҳо) ривоят шудааст8.

Ва Имом Абӯ Абдурраҳмон ибни Муборак (раҳматуллоҳи алайҳ) фармуданд: (Мо Парвардигори поки худро ин гуна мешиносем, ки дар болои осмонҳо бар Арши Худ ва ҷудо аз махлуқоташ аст)9.

Сухани имомон дар ин мавзуъ хеле зиёд аст, ки наметавон ҳамаи онро дар ин суханронӣ ҷой дод. Аммо ҳар касе мехоҳад назарҳои бештареро дар ин мавзуъ дарёфт кунад, бояд ба китобҳое руҷуъ кунад, ки олимони аҳли суннат дар ин мавзуъ навиштаанд. Аз ҷумла, китоби "Суннат"-и Абдуллоҳ ибни Имом Аҳмад ва китоби "Тавҳид"-и имоми бузургвор, Муҳаммад ибни Хузайма ва китоби "Суннат"-и Абулқосими Лолакоиӣ Табарӣ, китоби "Суннат"-и Абубакр ибни Абуосим ва "Ҷавоби шайхулислом Ибни Таймия ба аҳли Ҳамоҳ (Шаҳре дар Сурияи имрӯза)". Ин як посухи бисёр васеъ ва муфид аст ва ӯ (раҳимаҳуллоҳ) дар ин посухаш эътиқоди аҳли суннатро баён намудааст ва бисёре аз гуфтаҳои онҳоро иқтибос оварда ва далелҳои шаръӣ ва ақлӣ бар дуруст будани гуфтаҳои аҳли суннат ва беэътибор будани гуфтаҳои мухолифонашонро овардааст.

Ҳамин тавр рисолаи ӯ, ки ба номи "Тадмурия" маъруф аст, дар он ин мавзуъро ба таври муфассал шарҳ дода, ақидаи аҳли суннатро бо далелҳои нақлӣ ва ақлӣ баён намуда, ба мухолифон ба тавре посух додааст, ки ҳақро ошкор намуда, ботилро барои ҳар соҳибилме, ки бо нияти нек ва барои шинохти ҳақ ба он бингарад, дар ҳам шикаста аст. Пас, хулосаи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат дар боби асмо ва сифот ин аст, ки онҳо барои Аллоҳ Таъоло он чиро, ки Ӯ дар китобаш барои Худ исбот кардааст, ё Паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар суннаташ барои Ӯ исбот кардааст, бидуни тамсил собит менамоянд. Ва Ӯро (Субҳонаҳу ва Таъоло) аз мушобиҳат бо махлуқоташ муназзаҳ ва пок донистаанд, танзиҳе, ки аз таътил дур аст. Пас, аз таноқузот дар амон монданд. Ва бо тавфиқи Аллоҳ ба ҳамаи далелҳо амал карданд. Зеро ин роҳи Аллоҳ Таъоло барои касоне аст, ки ба ҳаққе, ки паёмбаронашро ба он фиристодааст, пойбандӣ мекунанд ва дар ин роҳ тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд ва дар талаби он барои Аллоҳ ихлос мекунанд, то онҳоро ба ҳақ тавфиқ диҳад ва ҳуҷҷаташонро ошкор созад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿بَلۡ نَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَى ٱلۡبَٰطِلِ فَيَدۡمَغُهُۥ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٞ...﴾

(Балки Мо ҳақро бар ботил меафканем, пас, онро дар ҳам мешиканад ва ногоҳ он [ботил] нобуд мешавад...) (Сураи Анбиё, ояти 18).

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَا يَأۡتُونَكَ بِمَثَلٍ إِلَّا جِئۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَأَحۡسَنَ تَفۡسِيرًا33﴾

(Ва [кофирон] ҳеҷ [эътирозу] масале бароят намеоваранд, магар он ки Мо [низ посухе] бар ҳақ ва хушбаёнтар бароят меоварем).

(Сураи Фурқон, ояти 33).

Аммо касе, ки дар боби асмо ва сифот бо аҳли суннат мухолифат кунад, ҳатман гирифтори мухолифат бо далелҳои нақлӣ ва ақлӣ ва таноқузи ошкор дар ҳама мавридҳое хоҳад шуд, ки исбот ва нафй мекунад. Ва Ҳофиз ибни Касир (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсири машҳури худ дар ин мавзуъ сухани неке овардааст ва ин дар шарҳи ин фармудаи Аллоҳ Азза ва Ҷалла мебошад:

﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ...﴾

([Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ Таъоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт...) (Сураи Аъроф, ояти 54).

Зикр кардани он дар ин ҷо ба хотири фоидаи бузургаш шоиста аст; ӯ (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:

Мардум дар ин бора андешаҳои зиёде доранд, ки инҷо ҷои тафсилоти онҳо нест, балки мо ба равиши гузаштагони нек, монанди Молик, Авзоъӣ, Саврӣ, Ал-Лайс ибни Саъд, Шофеъӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ва дигар имомони мусалмонон дар гузашта ва ҳозира амал мекунем. Ақидаи онҳо дар ин бора чунин буд, ки сифоти Худовандро ҳамон тавр, ки дар матн омадааст, бидуни қоил шудан ба чигунагии онҳо, монанд кардан ба махлуқот, ё инкор кардан бояд пазируфт. Ва ҳар он чи дар зеҳни ташбеҳгарон нисбат ба Худованд меояд, аз Ӯ нафй мешавад. Зеро Худованд ҳеҷ шабоҳат ба ҳеҷ махлуқе надорад ва:

﴿...لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ﴾

(Ҳеҷ чиз ҳаммонанди Аллоҳ Таъоло нест ва Ӯ шунаво ва биност). (Сураи Шуро, ояти 11). Балки чунон аст, ки имомон гуфтаанд, - аз ҷумлаи онҳо Наъим ибни Ҳаммод Ал-Хузоъӣ, шайхи Бухорӣ, гуфтааст: «Ҳар касе Аллоҳро ба махлуқоташ ташбеҳ кунад, кофир шудааст ва ҳар касе, он чиро, ки Аллоҳ Худро васф кардааст, инкор кунад, кофир шудааст»10. Ва дар он чи Аллоҳ Худро ба он тавсиф намудааст ва паёмбараш Ӯро тавсиф кардааст, ҳеҷ ташбиҳе вуҷуд надорад. Пас, ҳар кас он чи дар оятҳои сареҳ ва ахбори саҳеҳ омадааст, барои Аллоҳ Таъоло ба гунае, ки шоистаи ҷалоли Ӯст, собит кунад ва нуқсонҳоро аз Аллоҳ Таъоло дур созад, ба роҳи ҳидоят рафтааст11. Поёни сухани Ибни Касир (Худо раҳматаш кунад).

Аз ҷумлаи имон ба Аллоҳ инчунин, эътиқод доштан ба ин ки имон қавл ва амал аст, бо тоат зиёд ва бо маъсият кам мешавад. Ва мусалмонро барои гуноҳони камтар аз ширк ва куфр, монанди зино, дуздӣ, рибохӯрӣ, арақнӯшӣ, нофармонӣ аз падару модар ва дигар гуноҳони кабира такфир кардан ҷоиз нест, модоме ки онҳоро ҳалол надонад. Бинобар ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُ...﴾

(Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад...) (Сураи Нисо, ояти 48). Ва дар аҳодиси мутавотир аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки мефармояд:

«إِنَّ اللهَ يُخْرِجُ مِنَ النَّارِ مَنْ كَانَ فِي قَلْبِهِ مِثْقَالُ حَبَّةٍ مِنْ خَرْدَلٍ مِنْ إِيْمَانٍ».

"Ҳамоно, Худованд ҳар касро, ки дар дилаш ба андозаи донаи хардал имон дошта бошад, аз оташ берун мекунад".12

Асли дуввум: Имон ба фариштагон

Ва он ду чизро дар бар мегирад: Амри аввал: Имони куллӣ ба фариштагон. Яъне, имон дошта бошем, ки Аллоҳ фариштаҳое дорад, ки онҳоро барои ибодати Худ халқ кардааст ва онҳоро чунин тавсиф кардааст:

﴿وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۚ بَلۡ عِبَادٞ مُّكۡرَمُونَ 26 لَا يَسۡبِقُونَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ وَهُم بِأَمۡرِهِۦ يَعۡمَلُونَ27 يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ28﴾

([Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ Таъоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд.

Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинанд ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд.

[Аллоҳ Таъоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд). (Сураи Анбиё, оятҳои 26-28).

Ва онҳо навъҳои гуногун ва зиёданд, аз ҷумла, бардорандагони Арш, нигаҳбонони биҳишт ва дӯзах, ҳифзи аъмоли бандагон. Амри дуввум: Имон ба фариштагон ба таври муфассал, яъне имон овардан ба он фариштагоне, ки Аллоҳ ва Расулаш онҳоро ном бурдаанд; монанди Ҷабраил, масъули ваҳй, Микоил, масъули борон, Молик, нигаҳбони дӯзах ва Исрофил, масъули дамидани Сур ҳастанд. Чунон ки зикри онҳо дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст, аз ҷумла ҳадисе, ки дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Оиша (разияллоҳу анҳо) собит шудааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«خُلِقَتِ الـمَلَائِكَةُ مِن نُورٍ، وَخُلِقَ الجَانُّ مِنْ مَارِجٍ مِنْ نَارٍ، وَخُلِقَ آدَمُ مِمَّا وُصِفَ لَكُم».

«Фариштагон аз нур офарида шудаанд ва ҷинҳо аз шуълаи дурахшони бедуди оташ ва Одам аз он чизе, ки бар шумо васф шудааст, офарида шудааст».13 Ин хадисро Муслим дар "Саҳеҳ"-аш ривоят кардааст.

Асли севум: Имон ба китобҳо, ки он низ ду чизро дар бар мегирад:

Амри аввал: Имон овардан ба китобҳо ба таври умум, яъне ба ин ки Аллоҳ Таъоло китобҳоро бар паёмбарон ва расулонаш нозил кардааст, барои баён кардани ҳаққи Худ ва даъват ба сӯи он. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلَنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَنزَلۡنَا مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمِيزَانَ لِيَقُومَ ٱلنَّاسُ بِٱلۡقِسۡطِ...﴾

(Мо паёмбарони хешро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳашон китобу мизон [-и ташхиси ҳақ аз ботил] нозил кардем, то мардум ба адолат бархезанд...) (Сураи Ҳадид, ояти 25). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ...﴾

([Дар оғоз] мардум як уммат буданд [аммо дар амри дин ихтилоф карданд]; он гоҳ Аллоҳ Таъоло паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда барангехт ва ҳамроҳ бо онон китоб [-и осмонӣ]-ро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар он чи ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд...) (Сураи Бақара, ояти 213).

Амри дуввум: Имон овардан ба китобҳо ба таври муфассал. Яъне, ба он китобҳое, ки Аллоҳ номбар кардааст, имон оварем, монанди Таврот, Инҷил, Забур ва Қуръон. Ва эътиқод дорем, ки Қуръон беҳтарини онҳо ва хотимадиҳандаи онҳост, бар онҳо бартарӣ дорад ва онҳоро тасдиқ мекунад, ва он китобест, ки бар тамоми уммат воҷиб аст, ки аз он пайравӣ намуда, бар асоси он ва ҳамроҳ бо он чи аз суннати саҳеҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст, доварӣ кунанд. Зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро паёмрасон барои инсу ҷин қарор додааст ва ин Қуръонро бар ӯ нозил кардааст, то тибқи он дар миёни онҳо доварӣ кунад ва онро шифое барои он чи дар дилҳост ва баёнгари ҳама чиз ва ҳидояту раҳмат барои муъминон қарор додааст. Дар ин бора Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿وَهَٰذَا كِتَٰبٌ أَنزَلۡنَٰهُ مُبَارَكٞ فَٱتَّبِعُوهُ وَٱتَّقُواْ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ155﴾

(Ва ин [Қуръон] ки нозил кардем, китоби пурбаракат аст, аз он пайравӣ кунед ва парво намоед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред). (Сураи Анъом, ояти 155). Инчунин Аллоҳ Субҳонаҳу мефармояд:

﴿...وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ﴾

(ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусалмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст). (Сураи Наҳл, ояти 89). Ва дар ояти дигар низ мефармояд:

﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِ ٱلنَّبِيِّ ٱلۡأُمِّيِّ ٱلَّذِي يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَكَلِمَٰتِهِۦ وَٱتَّبِعُوهُ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ158﴾

(Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ Таъоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам. Ҳамон [Парвардигоре], ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст, маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест; зинда мекунад ва мемиронад, пас, ба Аллоҳ Таъоло ва фиристодааш – он паёмбари дарснохондае, ки ба Аллоҳ Таъоло ва суханонаш бовар дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед»). (Сураи Аъроф, ояти 158). Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд.

 

 

Асли чаҳорум: Имон ба паёмбарон

Он низ шомили ду чиз аст: Амри аввал: Имон овардан ба паёмбарон ба таври куллӣ ва он чунин аст, ки имон дорем, Аллоҳ Таъоло ба сӯи бандагонаш паёмбарони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда ва даъваткунанда ба сӯи ҳақ фиристодааст. Пас, ҳар ки даъвати онҳоро пазируфт, саодатманд мешавад ва ҳар ки бо онҳо мухолифат кард, пушаймон ва ноумед мешавад. Охирин ва беҳтарини паёмбарон, Паёмбарамон Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Аллоҳ Таъоло дар ин бора мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед»...) (Сураи Наҳл, ояти 36). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِ...﴾

(Паёмбароне [фиристодем], ки башоратбахшу бимдиҳанда буданд, то барои мардум пас аз [биъсати] паёмбарон дар муқобили Аллоҳ Таъоло [ҳеҷ баҳона ва] ҳуҷҷате набошад...) (Сураи Нисо, ояти 165). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَآ أَحَدٖ مِّن رِّجَالِكُمۡ وَلَٰكِن رَّسُولَ ٱللَّهِ وَخَاتَمَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ...﴾

(Муҳаммад ҳаргиз падари ҳеҷ яки аз мардони шумо нест; балки расули Аллоҳ Таъоло ва хотами паёмбарон аст...)

(Сураи Аҳзоб, ояти 40).

Амри дуюм: Имон ба паёмбарон ба таври муфассал. Яъне, ба таври муфассал ва муайян имон овардан ба он паёмбароне, ки Аллоҳ номашонро зикр кардааст, ё ном бурданашон аз Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, монанди Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Иброҳим ва дигарон, (Дуруду саломи Аллоҳ бар онҳо ва бар олу пайравонашон бод).

Асли панҷум: Имон ба рӯзи қиёмат.

Ва он дар бар мегирад:

Имон ба ҳамаи он чи Аллоҳ ва Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯйдодҳои баъд аз марг хабар додаанд, монанди фитнаи қабр, азоби қабр ва неъматҳо ва он чизе, ки рӯзи қиёмат рух медиҳад аз сахтиҳо ва даҳшатҳо, гузаштани пул, тарозӯ, ҳисобу подош ва паҳн кардани дафтари аъмол дар байни мардум, ки баъзеҳо ба дасти рост ва баъзеҳо онро ба дасти чап ё аз пушт мегиранд.

Инчунин шомили имон овардан ба ҳавзи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва имон ба биҳишту дӯзах ва дидани муъминон парвардигорашонро рӯзи қиёмат ва сухан гуфтанаш бо бандагонаш ва дигар чизҳое, ки дар Қуръони Карим ва суннати саҳеҳ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст, мебошад. Пас, ба ҳамаи инҳо имон овардан ва тасдиқ кардан ба тарзе, ки Аллоҳ Таъоло ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, бар банда воҷиб аст.

Асли шашум: Имон ба қадар.

Имон ба тақдир чаҳор чизро дар бар мегирад:

Амри якум: Имон доштан ба ин ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло аз он чи буд ва он чи дар оянда мешавад, огоҳ аст ва аз аҳволи бандагонаш, ризқу рӯзӣ, умри онҳо, амалҳо ва дигар корҳояшон огоҳ аст. Ҳеҷ чиз аз Ӯ пӯшида нест. Чунон ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿...وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ﴾

(ва бидонед, ки Аллоҳ Таъоло ба ҳама чиз доност). (Сураи Бақара, ояти 231). Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿...لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عِلۡمَۢا﴾

(...то бидонед, ки Аллоҳ Таъоло бар ҳар чиз тавоност ва ин ки илми Аллоҳ Таъоло бар ҳама чиз иҳота дорад). (Сураи Талоқ, ояти 12).

Дуввум: Имон доштан ба ин ки Аллоҳ Таъоло ҳар он чиро, ки тақдир намудааст ва ҳукм кардааст, навиштааст. Чунон ки Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿قَدۡ عَلِمۡنَا مَا تَنقُصُ ٱلۡأَرۡضُ مِنۡهُمۡۖ وَعِندَنَا كِتَٰبٌ حَفِيظُۢ 4﴾

(Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]). (Сураи Қоф, ояти 4). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ فِيٓ إِمَامٖ مُّبِينٖ﴾

(...ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем). (Сураи Ёсин, ояти 12). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ70﴾

(Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ Таъоло он чиро дар осмон ва замин аст медонад? Бе гумон [ҳамаи] инҳо дар китобе [сабт] аст. Мусалламан, ин [кор] бар Аллоҳ Таъоло осон аст).

(Сураи Ҳаҷ, ояти 70).

Севум: Имон ба машиат ва иродаи нофизи Аллоҳ Таъоло. Чунон ки ҳар он чи Ӯ бихоҳад мешавад ва ҳар он чи нахоҳад намешавад. Чунон ки Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿...إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ﴾

(Бе тардид, Аллоҳ Таъоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад). (Сураи Ҳаҷ, ояти 18). Ва Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿إِنَّمَآ أَمۡرُهُۥٓ إِذَآ أَرَادَ شَيۡـًٔا أَن يَقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ82﴾

(Фармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад). (Сураи Ёсин, ояти 82). Аллоҳ Субҳонаҳу мефармояд:

﴿وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ29﴾

(Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад). (Сураи Таквир, ояти 29).

Чаҳорум: Имон ба ин ки Аллоҳ Таъоло ҳамаи махлуқотро офаридааст. Ҳеҷ офаринандае ҷуз Ӯ нест. Ва ҳеҷ парвардигоре ҷуз Ӯ нест. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ62﴾

(Аллоҳ Таъоло офаридгори ҳар чизест ва Ӯ бар ҳама чиз [нигаҳбону] корсоз аст). (Сураи Зумар, ояти 62). Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡۚ هَلۡ مِنۡ خَٰلِقٍ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ3﴾

(Эй мардум, неъмати Аллоҳро бар худ ба ёд оваред. Оё офаринандае ҷуз Аллоҳ Таъоло ҳаст, ки шуморо аз осмон ва замин рӯзӣ диҳад? Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест. Пас, чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешавед?). (Сураи Фотир, ояти 3).

Имон ба тақдир: ҳамаи ин чаҳор чизро дар бар мегирад, чуноне ки эътиқоди Аҳли суннат ва ҷамоат аст. Бар хилофи аҳли бидъат, ки бархе аз ин умурро инкор мекунанд.

Аз ҷумлаи умури муҳими ақидаи дурусти Аҳли суннат ин аст: Муҳаббат ва буғзу бадбинӣ ба хотири Аллоҳ ва дӯстиву душманӣ низ ба хотири Аллоҳ. Ва ин ҳамон ақидаи валоъ ва бароъ (дӯстӣ ва ҷудоӣ ба хотири Аллоҳ) аст ва он аз ҷумлаи имон ба Аллоҳ Таъоло мебошад.

Муъмин муъминонро дӯст медорад ва бо онҳо дӯстӣ мекунад ва кофиронро бад мебинад ва бо онон душманӣ мекунад. Ва дар сафи пеши муъминони ин уммат асҳоби Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қарор доранд (чунон ки ин назди Аҳли суннат ва ҷамоат собит шудааст). Пас, онҳоро дӯст медоранд ва аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва бар ин боваранд, ки онҳо беҳтарин мардум баъд аз паёмбаронанд. Бар асоси гуфтаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки мефармояд:

«خَيْرُ القُرُونِ قَرْنِي ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُم».

"Беҳтарини аср, асри ман аст, сипас касоне, ки баъд аз онҳо меоянд ва сипас касоне, ки баъд аз онҳо меоянд."14 Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқ аст.

Ва бар ин боваранд, ки беҳтарини онҳо Абубакри Сиддиқ, сипас Умари Форуқ, сипас Усмони Зиннурайн, сипас Алӣи Муртазо (разияллоҳу анҳум аҷмаъин) ҳастанд. Сипас боқимондаи даҳ ёри биҳиштӣ, сипас боқимондаи саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум аҷмаъин). Дар бораи ихтилофоте, ки байни саҳоба рӯй додааст, сукут мекунанд ва бар ин боваранд, ки онҳо иҷтиҳод карданд. Пас, кадоме аз онҳо дуруст бошад ду аҷр ва кадоме хато карда бошад, як аҷр мегирад.

Муъминон аҳли байти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дӯст медоранд ва аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Ва ҳамсарони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) модарони муъминонро дӯст медоранд ва аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва аз ҳамаи онҳо розӣ ҳастанд. Ва аз роҳу равиши рофизиҳо, ки нисбат ба ёрони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кина меварзанд ва онҳоро дашном медиҳанд ва дар робита бо аҳли байт зиёдаравӣ намуда, онҳоро аз ҷойгоҳе, ки Худованд ба онон додааст, болотар мебардоранд, эълони бароат мекунанд. Чунон ки аз равиши носибиён, ки бо кирдору гуфтори худ аҳли байтро меозоранд, эълони бароат мекунанд.

Пас, ҳамаи он чизе, ки зикр кардем, аз ақидаи дуруст аст, ки Аллоҳ Таъоло Паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои он фиристодааст. Ва ин ҳамон эътиқоди дурусте аст, ки бояд ба он эътиқод кард, ба он чанг зад, бар он пойдорӣ варзид ва аз мухолифати он ҳазар намуд. Ва он ақидаи гурӯҳи наҷотёфтаи Аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи онҳо чунин гуфтааст:

«لَا تَـزَالُ طَائِفَةٌ مِنْ أُمَّتِي ‌ظَاهِرِينَ ‌عَلَى ‌الحَقِّ، لَا يَضُرُّهُمْ مَنْ خَذَلَهُمْ، حَتَّى يَأْتِيَ أَمْرُ اللهِ وَهُمْ كَذَلِكَ».

«Ҳамеша гурӯҳе аз уммати ман бар ҳақ ва пирӯз хоҳанд буд ва ҳар ки онҳоро тарк кунад, ба онҳо осебе намерасонанд, то ин ки амри Аллоҳ фаро расад ва онҳо бар ҳамин ҳолат боқӣ мемонанд»15. Ва дар ривояти дигар омадааст:

«لَا تَزَالُ طَائِفَةٌ مِنْ أُمَّتِي عَلَى الحَقِّ مَنْصُورَةٌ».

"Ҳамеша гурӯҳе аз уммати ман бар ҳақ ва пирӯз хоҳанд буд." (16)16 Ва Паёмбар (Алайҳи-с-салоту ва-с-салом) мефармояд:

«افْتَرَقَتِ اليَهُودُ عَلَى إِحْدَى وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، وَافْتَرَقَتِ النَّصَارَى عَلَى اثْنَتَيْنِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً، وَسَتَفْتَرِقُ هَذِهِ الأُمَّةُ عَلَى ثَلَاثِ وَسَبْعِينَ فِرْقَةً كُلُّهَا فِي النَّارِ إِلَّا وَاحِدَةً فَقَالَ الصَّحَابَةُ: مَنْ هِيَ يَا رَسُولَ اللهِ؟ قَالَ: مَنْ كَانَ عَلَى مِثْلِ مَا أَنَا عَلَيْهِ وَأَصْحَابِي».

"Яҳуд ба ҳафтоду як гурӯҳ ҷудо шуданд, насрониҳо низ ба ҳафтоду ду гурӯҳ, аммо ин уммат (мусалмонон) ба ҳафтоду се фирқа тақсим мешаванд, ба ҷуз як гурӯҳ боқӣ ҳама дар оташанд. Саҳоба пурсиданд, ки эй Расули Худо, он (гурӯҳе, ки ба оташ намеравад) кадом гурӯҳ аст? Фармуданд: "Касоне, ки бар роҳу равиши ман ва асҳобам бошанд".17

Эътиқодоти мухолифи ақидаи дуруст

Касоне, ки аз ин эътиқоди дуруст мунҳариф шудаанд ва роҳи мухолифи онро пеш гирифтаанд, анвоъи зиёданд. Аз ҷумла, бархе онҳо бутҳо, ҳайкалҳо, фариштаҳо, авлиё, ҷинҳо, дарахтҳо, сангҳо ва дигар чизҳоро мепарастанд. Онҳо даъвати паёмбаронро напазируфтанд, балки хилофи онҳо амал карданд ва бо онҳо душманӣ карданд, чунон ки Қурайш ва қабилаҳои дигари араб бо Паёмбарамон Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин рафтор карданд. Аз маъбудҳои худ барои рафъи ниёзҳояшон ва шифои беморонашон ва пирӯзӣ бар душманонашонро талаб мекарданд. Ва барои онҳо қурбонӣ ва назр мекарданд. Пас ҳангоме ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин амали онҳоро инкор кард ва онҳоро амр кард, ки ин амалҳоро танҳо ва холисона барои Аллоҳ анҷом диҳанд, ҳайрон шуданд ва ӯро инкор карда гуфтанд:

﴿أَجَعَلَ ٱلۡأٓلِهَةَ إِلَٰهٗا وَٰحِدًاۖ إِنَّ هَٰذَا لَشَيۡءٌ عُجَابٞ5﴾

(Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст). (Сураи Сод, ояти 5).

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайваста онҳоро ба сӯи Аллоҳ даъват мекард ва аз ширк бимашон медод ва ҳақиқати он чиро, ки ба он даъват мекарданд, барояшон баён мекард, то ин ки Худованд баъзе аз онҳоро ҳидоят кард. Сипас гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Аллоҳ даромаданд ва дини Аллоҳ бо даъвати пайваста ва ҷиҳоди тӯлонии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш (разияллоҳу анҳум) ва пайравони неки онҳо бар дигар динҳо ғолиб омад. Сипас шароит дигар шуд ва ҷаҳолат бар бештари махлуқот ғалаба кард ва аксари онон ба дини ҷоҳилият баргаштанд, дар мавриди анбиё ва авлиё зиёдаравӣ карданд, онҳоро дуо карда, аз онҳо ёрӣ мехостанд ва бо ин амалҳояшон дар анвоъи мухталифи ширк воқеъ шуданд. Маънои "Ло илоҳа илло Аллоҳ"-ро, чуноне ки кофирони араб дарк карда буданд, инҳо ба он андоза дарк накарданд. Аллоҳ мададрасон аст.

Ва ин ширк дар миёни мардум то замони мо ба сабаби густариши ҷаҳолат ва фосилаи тӯлонӣ аз даврони нубувват идома дорад.

Ва шубҳаи ин мутаахирон монанди ҳамон шубҳаи пешиниён аст, ки мегӯянд:

﴿...هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِ...﴾

(Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ Таъоло ҳастанд). (Сураи Юнус, ояти 18). Аллоҳ Таъоло аз забони онҳо мегӯяд:

﴿...مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ...﴾

(... Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд] ...). (Сураи Зумар, ояти 3). Аллоҳ Таъоло ин шубҳаро ботил дониста ва баён намудааст, ки ҳар касе ғайри Ӯро ибодат мекунад, ҳар ки бошад, ба Ӯ ширк оварда ва кофир шудааст. Ҳамон гуна ки мефармояд:

﴿وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِ...﴾

(Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ Таъоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ Таъоло ҳастанд...) (Сураи Юнус, ояти 18). Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар посухи онҳо гуфт:

﴿قُلۡ أَتُنَبِّـُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ18﴾

([Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ Таъолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст).

(Сураи Юнус, ояти 18).

Аллоҳ Таъоло дар ин оят баён намудааст, ки парастиши ғайри Ӯ, чи паёмбарон, авлиё ва ё ғайра ширки акбар аст. Ҳарчанд касоне, ки ба ин корҳо даст мезананд, ин амалашонро дигар чиз биноманд. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ...﴾

( ... ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд].» (Сураи Зумар, ояти 3). Сипас Аллоҳ Таъоло дар посухи онҳо фармуд:

﴿...إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ﴾

(Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард). (Сураи Зумар, ояти 3).

Ҳамин тавр Аллоҳ Таъоло равшану ошкор баён мекунад, ки ибодат кардани ғайри Ӯ ба воситаи дуо, тарс, умед ва амсоли он, куфр варзидан ба Аллоҳ Таъоло аст. Ва дурӯғтарин суханонашон ин аст, ки мегӯянд, худоёнашон онҳоро ба Аллоҳ наздик мекунанд.

Аз ҷумлаи эътиқодоти куфромезе, ки зидди ақидаи саҳеҳ ва мухолифи он чизест, ки паёмбарон (алайҳиму-с-салоту ва-с-салом) овардаанд, эътиқодоте мебошанд, ки атеистони ин давру замон—аз пайравони Маркс ва Ленин ва дигар даъватгарони илҳод ва куфр—ба он бовар доранд. Хоҳ онро сотсиализм номанд, ё коммунизм, ё баъсият ва ё бо номҳои дигар. Зеро аз асосҳои бунёдии ин гурӯҳи атеистон он аст, ки вуҷуди Худоро инкор мекунанд ва ҳаётро танҳо модда мешуморанд.

Инчунин аз усулҳои асосии онҳо инкори охират, биҳишту дӯзах ва кофир шудан ба ҳама динҳо аст. Ҳар кас, ки китобҳои онҳоро мутолиа кунад ва эътиқодоти онҳоро биомӯзад, инро ба яқинан дарк мекунад. Ҷои шакке нест, ки ин эътиқод мухолифи тамоми динҳои осмонӣ буда, пайравони онҳоро ба бадтарин оқибатҳо дар дунё ва охират мерасонад.

Аз ҷумлаи он эътиқодоте, ки мухолифи ҳақ аст, эътиқоди бархе аз суфиҳо аст. Онҳо бар ин назаранд, ки баъзешонро, ки авлиё меноманд, дар тадбири умури олам бо Аллоҳ шарик ҳастанд ва дар умури ҷаҳон тасарруф доранд. Онҳоро "меҳтарон ва мудаббирон", "мехҳои рӯи замин" ва "наҷотбахшҳо" ва дигар номҳое меноманд, ки онҳоро ҳамчун худоёни худ ихтироъ кардаанд. Ин ширк дар рубубият ва яке аз зишттарин навъҳои ширк ба Аллоҳ Таъоло аст.

Ҳар касе, ки дар бораи ширки мушрикони гузаштаи аҳли ҷоҳилият андеша намуда, онро бо ширки роиҷ дар миёни мушрикони имрӯзӣ муқоиса кунад, дармеёбад, ки ширки мушрикони имрӯзӣ бузургтар ва зишттар аст. Баёни он чунин аст: Кофирони араб дар замони ҷоҳилият бо ду амр фарқ доштанд: Амри якум: Онҳо дар рубубият ширк намеоварданд, балки ширкашон танҳо дар ибодат буд, зеро онҳо рубубиятро танҳо барои Аллоҳ Азза ва Ҷалла эътироф доштанд, чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ...﴾

(Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ...) (Сураи Зухруф, ояти 87). Инчунин дар ояти дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ31﴾

([Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ Таъоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?) (Сураи Юнус, ояти 31). Ва дар ин маънӣ оятҳо хеле зиёд аст.

Амри дуввум ин аст, ки ширки онҳо дар ибодат доимӣ набуд, балки танҳо дар замони рафоҳият ва осоиштагӣ буд. Аммо дар ҳолати сахтӣ ва душворӣ танҳо ва холисона Аллоҳро ибодат мекарданд. Чунон ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿فَإِذَا رَكِبُواْ فِي ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ65﴾

(Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд). (Сураи Анкабут, ояти 65).

Мушрикони ин аср дар ду замина аз мушрикони қаблӣ бартарӣ доранд: Ҷанбаи аввал: Ширки баъзеи онҳо дар рубубият аст. Ҷанбаи дуввум: Ширки онҳо дар рафоҳияту осоиштагӣ ва душворию сахтӣ аст. Ва ҳар касе бо онҳо омехта шуда ва аҳволи онҳоро омӯхтааст, инро хуб медонад ва шоҳиди корҳое шудааст, ки дар назди қабри Ҳусайн ва Бадавӣ ва ғайри онҳо дар Миср чӣ корҳо мекунанд. Ва назди қабри Айдарус дар Адан, Ҳодӣ дар Яман, Ибни Арабӣ дар Шом ва шайх Абдулқодири Гилонӣ дар Ироқ ва дигар қабрҳои машҳуре, ки оммаи мардум дар ҳаққи онҳо зиёдаравӣ карда ва бисёре аз ҳуқуқи Аллоҳро ба онҳо ихтисос доданд. Ва теъдоди каме аз мардум инро инкор мекунанд ва тавҳиди ҳақиқиро барояшон баён мекунанд. Тавҳидеро, ки Аллоҳ Таъоло ба он Паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва пеш аз ӯ дигар паёмбарон (Алайҳиму-с-салоту ва-с-салом)-ро фиристодааст. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

Аз ҷумлаи ақидаҳое, ки мухолиф ва зидди ақидаи дуруст дар асмо ва сифот аст, ин эътиқоди бидъаткорон, аз қабили Ҷаҳмия, Муътазила ва касоне аст, ки дар инкори номҳо ва сифатҳои Аллоҳ Таъоло ва инкор кардани сифатҳои камол ва васфи Аллоҳ Азза ва Ҷалла бо сифатҳои маъдумот, ҷимодот ва мустаҳилот аз онҳо пайравӣ мекунанд, ки Аллоҳ Таъоло аз он чи мегӯянд, муназзаҳ ва беҳтару болотар аст.

Дар зумраи он гурӯҳе, ки баъзе аз сифатҳоро инкор ва баъзеи дигарро исбот мекунанд, Ашъариҳо шомил мешаванд. Ин гурӯҳ дар он сифатҳое, ки (барои Худо) исбот кардаанд, ногузир ба ҳамон чизе гирифтор мешаванд, ки аз он дар сифатҳое, ки инкор кардаанд, фирор намуда, далелҳои онро таъвил карда буданд. Ҳамин тавр онҳо дар ин замина мухолифи далелҳои нақлӣ ва ақлӣ амал карда, дучори таноқузи ошкор гардиданд.

Аммо аҳли суннат ва ҷамоат барои Аллоҳ Таъоло ҳамон номҳо ва сифатҳоеро раво медонанд, ки Аллоҳ Таъоло барои Худаш онро раво донистааст, ё Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ному сифатҳоеро, ки ба ваҷҳи камол барои Худованд собит сохтааст. Онҳо Ӯро аз ҳар гуна шабоҳат ва монандӣ ба махлуқоташ пок ва муназзаҳ сохтаанд. Танзиҳе, ки аз ҳар гуна осори инкор ва таътил дур аст. Пас, бо ҳама далелҳо амал карданд, чизеро таҳриф ва таъвил накарданд ва аз таноқузот ва зиддиятҳое, ки дигарон ба он дучор шуданд, дар амон монданд - тавре ки қаблан шарҳ дода шуд.

Ин роҳи наҷот ва саодатмандӣ дар дунё ва охират аст. Ва ин роҳи росте аст, ки гузаштагони ин уммат ва имомонаш аз он пайравӣ кардаанд. Охирини ин уммат бо ҳамон чизе, ки гузаштагони солеҳашон пайравӣ кардаанд, яъне пайравӣ аз Қуръон ва Суннат ва тарки он чи хилофи онҳо аст, солеҳ мешавад. Аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мехоҳем, ки умматро ба роҳи рост баргардонад ва дар миёни онҳо даъватгарони роҳи ростинро бештар гардонад ва пешвоёну олимони онро тавфиқ диҳад, то бо ширк мубориза баранд, онро аз байн бибаранд ва аз василаҳои он мардумро барҳазар доранд... Худованд шунаво ва наздик аст. Ва Аллоҳ Таъоло тавфиқ диҳанда аст, Ӯ барои мо кофист ва беҳтарин корсоз аст ва ҳеҷ тавоноӣ ва нерӯе нест, магар бо Ӯ. Ва саллаллоҳу ва саллама ъало абдиҳи ва расулиҳи, набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи.

 

 

***

 

tg397v4.0 - 27/06/2026


Ривояти Бухорӣ (2856), Муслим (30).

Ривояти Лолакоӣ дар "Шарҳи усули эътиқод" (735), ва Ибни Абдулбар дар "Ҷомеъу-л-илм ва фазлиҳи" (1801) инро зикр кардааст, вале бо лафзи "аҳодис" ба ҷои "оёти сифот", ки матнаш чунин аст: "Ин аҳодисро ҳамон гуна, ки омадааст, ривоят кунед ва дар бораи он баҳс накунед".

Ривояти Байҳақӣ дар "Ал-Асмо ва-с-Сифот" (865), Ибни Таймия дар "Ҳамавия" (саҳ. 269) иснодашро саҳеҳ гуфтааст. Ва Заҳабӣ дар "Ъарз (2/223) гуфтааст: "Ровиёнаш имомони сиқа (муътамад) ҳастанд."

Ривояти Лолакоӣ дар "Шарҳи усули эътиқод" (930), Байҳақӣ дар "Асмо ва сифот" (955).

Ривояти Лолакоӣ дар "Шарҳи усули эътиқод" (665), Байҳақӣ дар "Асмо ва сифот" (868).

Ривояти Лолакоӣ дар "Шарҳи усули эътиқод" (664), Абунуъайм дар "Ҳиляту-л-авлиё" (325/6), Байҳақӣ дар "Ал-Асмо ва-с-сифот" (867).

Ривояти ал-Музаккӣ дар Музаккиёт (29), ва Ибни Батта дар "Ал-Ибона" (120), ва Лолакоӣ дар "Шарҳи усули эътиқод" (663).

Ривояти Доримӣ (67), Байҳақӣ (903).

Ривояти Заҳабӣ дар "Улув" (464). Албонӣ дар "Мухтасару-л-улув" (саҳ: 184) гуфтааст: "Ин иснод саҳеҳ аст, риҷолаш сиқа ва маъруф ҳастанд."

Тафсири Ибни Касир (3/426, 427).

Ривояти Бухорӣ (22) аз ҳадиси Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу).

Ривояти Муслим, рақами (2996), аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо).

Ривояти Бухорӣ (3651), Муслим (2533), аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу).

Ривояти Муслим, рақами (1920), аз ҳадиси Савбон (разияллоҳу анҳу).

Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (3952), Ибни Ҳиббон (6714) ва Ҳоким (8653) онро саҳеҳ гуфтаанд.

Ривояти Тирмизӣ, рақами (2641), аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу). Муновӣ дар "Файз-ул-қадир" (5/347) гуфтааст: "Дар санади он Абдурраҳмон ибни Зиёди Африқӣ аст, Заҳабӣ гуфтааст: «Ӯро заиф гуфтаанд»". Ва Албонӣ онро дар "Саҳеҳ-ул-ҷомеъ" бо рақами (5343) саҳеҳ гуфтааст.

Ривояти Муслим, рақами (8).