PHPWord

 

 

إِقََامَةُ البَرَاهِينِ عَلَى

حُكْمِ مَنِ اسْتَغَاثَ بِغَيرِ اللهِ

 

 

Барпо намудани далелҳо бар ҳукми касе, ки аз ғайри Аллоҳ мадад мехоҳад

 

 

 

لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ

عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ

رَحِمَهُ اللهُ

 

Таълиф Аллома Шайх

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

 

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Рисолаи дувум:

Дар баёни ҳукми кумак хостан аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Алҳамду лиллоҳи вас-салоту вас-салому ало расулиллоҳи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман иҳтадо биҳудоҳ.

Аммо баъд:

Рӯзномаи «ал-Муҷтамаъ»-и Кувайтӣ дар шумораи 15-уми худ, ки санаи 19/4/1390 ҳ. нашр шудааст, абётеро зери унвони «Дар ёдбуди мавлуди Паёмбари гиромӣ» мунташир намуд. Ин абёт дар худ маънои кумакхоҳӣ ва нусратталабиро аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бар мегирифт, то умматро дарёбад, пирӯз гардонад ва аз парокандагиву ихтилофе, ки дар он воқеъ шудааст, наҷот диҳад. Ин абёт бо имзои касе навишта шуданд, ки худро «Омина» номидааст.

Дар поён бахше аз матни абёти навишташуда оварда мешавад:

Эй Расули Худо, оламеро дарёб... ки ҷангро меафрӯзад ва аз шӯълааш месӯзад.

Эй Расули Худо, умматеро дарёб... ки дар зулмоти шак гумроҳияш тӯл кашидааст.

Эй Расули Худо, ба доди уммате бирас, ки дар сарсониҳои андӯҳ роҳашро гум кардааст.

То ҷое, ки гуфт:

Нусратро бишитобон, ҳамчуноне ки онро дар рӯзи Бадр шитоб додӣ, он ҳангом ки ба сӯи Худо нидо кардӣ.

Пас хорӣ ба нусрати бошукӯҳ мубаддал гашт... Ҳамоно аз они Аллоҳ Таъолост лашкарҳое, ки онҳоро намебинӣ.

Ин нависанда ҳамин гуна фарёд ва кумакхоҳии худро ба Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) равона намуда, аз ӯ барои уммат пирӯзии зудҳангомро талаб мекунад, дар ҳоле ки фаромӯш кардааст - ё аз он ғофил аст - ки пирӯзӣ танҳо ба дасти Худост, на ба дасти Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва на дигар махлуқот. Чунонки Худованди Мутаъол дар китоби равшани Худ фармудааст:

﴿...وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ﴾

(ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазиру ҳаким нест). (Сураи Оли Имрон, ояти 126). Ва Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу мефармояд:

﴿إِنْ يَنْصُرْكُمُ اللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمْ وَإِنْ يَخْذُلْكُمْ فَمَنْ ذَا الَّذِي يَنْصُرُكُمْ مِنْ بَعْدِهِ...﴾

(Агар Аллоҳ Таъоло шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд ва [аммо] агар шуморо ба худ вогузорад, кист, ки пас аз Ӯ ёриатон кунад...) (Сураи Оли Имрон, ояти 160).

Ва ин амали дуо ва талаби ёрӣ, анҷом додани як навъе аз ибодат барои ғайри Аллоҳ Таъоло аст. Бо далели нас ва иҷмоъ собит шудааст, ки ин кор ҷоиз нест ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло махлуқотро офаридааст, то Ӯро ибодат кунанд ва паёмбаронро фиристод ва китобҳоро нозил кард, то он ибодатро баён кунанд ва ба сӯи он даъват намоянд. Чунончи, Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]). (Сураи Зориёт, ояти 56). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед...) (Сураи Наҳл, ояти 36). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ 25﴾

(Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»). (Сураи Анбиё, ояти 25). Боз Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿الر كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِنْ لَدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ1 أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا اللَّهَ إِنَّنِي لَكُمْ مِنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ2﴾

(Алиф, лом, ро. Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст).

([Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам). (Сураи Ҳуд, оятҳои 1, 2).

Пас, Аллоҳ Таъоло дар ин оятҳои муҳкам возеҳ баён намуда, ки Ӯ инсу ҷинро танҳо барои он офаридааст, то Ӯро ба ягонагӣ ва бе шарик ибодат намоянд. Ва баён намуда, ки паёмбарон (алайҳимуссалом)-ро фиристод, то ба ин ибодат амр кунанд ва аз зидди он наҳй намоянд. Ва Аллоҳ Таъоло фармудааст, ки оятҳои китобашро муҳкам (дақиқу устувор) гардонида ва онҳоро ба таври муфассал баён намудааст, то ғайри Ӯ (Субҳонаҳу) ибодат карда нашавад.

Маълум аст, ки ибодат ин тавҳиди Аллоҳ ва итоат аз Ӯст, бо иҷрои амрҳояш ва дурӣ ҷустан аз наҳйҳояш. Ва Аллоҳ Таъоло дар оятҳои зиёде ба ин амр карда ва хабар додааст, аз ҷумла ин фармудаи Ӯ Таъоло:

﴿وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ...﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд... (Сураи Байина, ояти 5). Ва фармудаи Ӯ Таъолост:

﴿وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ...﴾

(Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед...)

(Сураи Исро, ояти 23). Худованд мефармояд:

﴿إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ2 أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ3﴾

(Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун, 2)

(Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзилатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард, 3).

(Сураи Зумар, оятҳои 2-3).

Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд ва ҳамаи онҳо ба зарурати ихлос дар ибодат танҳо барои Худованд ва тарк кардани ибодати ғайри Ӯ, аз паёмбарон ва дигарон далолат мекунанд.

Ва шакке нест, ки дуо аз муҳимтарин ва ҷомеътарин навъҳои ибодат аст, пас воҷиб аст, ки он танҳо барои Аллоҳ холис гардонида шавад. Чунончи, Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ14﴾

([Танҳо] Аллоҳро бо хулуси эътиқод бихонед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд). (Сураи Ғофир, ояти 14). Ва Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا18﴾

(Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед). (Сураи Ҷин, ояти 18). Ин дастур дар бораи ягона донистани Аллоҳ дар дуо, ҳамаи махлуқотро, аз ҷумла паёмбарон ва ғайри онҳоро дар бар мегирад. Худованд мефармояд:

﴿وَلَا تَدْعُ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَنْفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَ فَإِن فَعَلۡتَ فَإِنَّكَ إِذٗا مِّنَ ٱلظَّٰلِمِينَ106﴾

(Ва ба ҷойи Аллоҳ Таъоло, чизеро, ки суду зиёне ба ту намерасонад, [ба парастишу ниёзхоҳӣ] махон, ки агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд). (Сураи Юнус, ояти 106). Ва ин хитоб ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст ва маълум аст, ки Аллоҳ субҳонаҳу ӯро аз ширк нигоҳ доштааст, балки мақсад аз он ҳушдор додани дигарон аст. Сипас Аллоҳ Таъоло фармуд:

﴿وَلَا تَدۡعُ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَ فَإِنْ فَعَلْتَ فَإِنَّكَ إِذًا مِنَ الظَّالِمِينَ106﴾

(Ва ба ҷойи Аллоҳ Таъоло, чизеро, ки суду зиёне ба ту намерасонад, [ба парастишу ниёзхоҳӣ] махон, ки агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд). (Сураи Юнус, ояти 106). Ин хитобест ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва мақсуд аз он ҳушдор додани дигарон аст. Зеро маълум аст, ки Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло паёмбарашро аз ширк ҳифз кардааст.

Сипас Аллоҳ Таъоло дар наҳй ва ҳушдор сахтгирӣ намуда, чунин фармудааст:

﴿...فَإِنْ فَعَلْتَ فَإِنَّكَ إِذًا مِنَ الظَّالِمِينَ﴾

(...агар чунин кунӣ, он гоҳ ҳатман, аз ситамгорон [-и мушрик] хоҳӣ буд). Ва зулм, вақте ки ба таври умумӣ зикр мешавад, мақсад аз он ширки акбар аст. Чунки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَالْكَافِرُونَ هُمُ الظَّالِمُونَ﴾

(...ва кофирон [ба сабаби куфрашон] ҳамон ситамгоронанд). (Сураи Бақара, ояти 254). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ﴾

(...яқинан, ширк ситами бузургест) (Сураи Луқмон, ояти 13). Пас агар Сарвари фарзандони Одам (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ғайри Аллоҳ дуо мекард, аз ҷумлаи золимон мешуд, пас ҳоли ғайри ӯ чӣ гуна хоҳад буд?

Пас, аз ин оятҳо ва ғайри онҳо маълум мешавад, ки дуо кардан ба ғайри Аллоҳ – аз қабили мурдагон, дарахтон, бутҳо ва ғайра – ширк ба Аллоҳ ва мухолифи тавҳиди Ӯ дар ибодат аст; ибодате, ки ҳадаф аз офариниши инсу ҷин, фиристодани паёмбарон ва нозил кардани китобҳост. Инчунин мухолифи маънои "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст, ки ибодатро аз ғайри Аллоҳ нафй намуда, онро танҳо барои Аллоҳи ягона исбот мекунад, чуноне ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ62﴾

(Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ Таъоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ Таъоло баландмартабаи бузург аст).

(Сураи Ҳаҷ, ояти 62).

Ин асли дин ва асоси имон аст ва ибодатҳо танҳо баъд аз сиҳати ин асл сиҳат меёбанд. Чунончи, Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَقَدْ أُوحِيَ إِلَيْكَ وَإِلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكَ لَئِنْ أَشْرَكْتَ لَيَحْبَطَنَّ عَمَلُكَ وَلَتَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ65﴾

(Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки: «Агар ширк биварзӣ, [подоши] корҳоят, қатъан, барбод хоҳад рафт ва зиёнкор хоҳӣ шуд»). (Сураи Зумар, ояти 65). Дар ҷои дигар Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿...وَلَوْ أَشْرَكُوا لَحَبِطَ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

(...ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд). (Сураи Анъом, ояти 88).

Аз он чи гузашт, маълум мешавад, ки дини Ислом ва шаҳодати "Ло илоҳа иллаллоҳ" ду асли бузург доранд:

Якум: ин ки ба ҷуз Аллоҳи ягона, ки шарике надорад, каси дигаре парастида нашавад. Пас, ҳар касе, ки мурдагонро, аз қабили паёмбарон ва дигарон, бихонад, ё бутҳо, дарахтон, сангҳо ва ё дигар махлуқотро бихонад, ё аз онҳо мадад талабад, ё бо қурбониҳову назрҳо ба онҳо наздикӣ ҷӯяд, ё барои онҳо намоз бихонад ва ё ба онҳо саҷда кунад, пас онҳоро ғайр аз Аллоҳ парвардигор қарор додааст ва онҳоро барои Ӯ (Субҳонаҳу ва Таъоло) шарик гардонидааст ва маънои «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро нақз ва нафй кардааст.

Дуюм: Аллоҳ Таъолоро фақат бо шариати паёмбар ва расулаш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ибодат кардан. Пас, ҳар касе дар дин чизеро ихтироъ кунад, ки Аллоҳ ба он иҷозат надодааст, маънои шаҳодати "Муҳаммад Расули Аллоҳ аст"-ро таҳаққуқ набахшидааст ва амалаш ба ӯ нафъ намерасонад ва аз ӯ пазируфта намешавад. Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу мефармояд:

﴿وَقَدِمْنَا إِلَى مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنْثُورًا23﴾

(Ва ба [баррасии] корҳояшон мепардозем ва ҳамаро [ҳамчун] ғуборе пароканда месозем). (Сураи Фурқон, ояти 23). Ва мақсад аз амалҳои дар оят зикршуда, амалҳои касест, ки бар ширк ба Худованди Азза ва Ҷалла вафот кардааст.

Ҳамчунин ба он амалҳои бидъат низ дохил мешаванд, ки Аллоҳ ба онҳо иҷозат надодааст ва онҳо рӯзи қиёмат ба ғубори пароканда табдил меёбанд, зеро бо шариати поки Ӯ мувофиқат намекунанд, чуноне, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ».

"Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст". Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқ аст.

Хулосаи калом ин аст, ки ин нависанда кумакхоҳӣ ва дуои худро ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) равона карда, аз Парвардигори оламиён рӯй гардонидааст, ҳамон Парвардигоре, ки пирӯзӣ, зиён ва фоида дар дасти Ӯст ва чизе аз инҳо дар дасти ғайри Ӯ нест.

Ва шаке нест, ки ин зулми бузург буда, оқибати вазнин дорад. Ва Аллоҳ Таъоло ба дуо кардан ба сӯи Худ амр фармуда, ба касе, ки Ӯро бихонад, ваъдаи иҷобат додааст ва касеро, ки аз он саркашӣ мекунад, ба ворид шудан ба ҷаҳаннам таҳдид кардааст. Чунончи, Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ 60

(Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд»). (Сураи Ғофир, ояти 60). Яъне: Хору залилон. Пас ин ояти карима далолат бар он мекунад, ки дуо ибодат аст ва ҳар касе, ки аз он саркашӣ мекунад, ҷойгоҳаш ҷаҳаннам аст. Пас, агар ин ҳоли касе бошад, ки аз рӯй овардан ба Аллоҳ саркашӣ мекунад, ҳоли касе, ки ғайри Ӯро дуо мекунад ва аз Ӯ рӯй мегардонад, чӣ гуна хоҳад буд, дар ҳоле ки Ӯ Таъоло Қариб, Молики ҳар чиз ва Қодир бар ҳар чиз аст, чуноне, ки Ӯ фармудааст:

﴿وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ 186﴾

(Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро бихонад – иҷобат мекунам, пас, [онон фақат] бояд даъвати Маро бипазиранд ва ба Ман имон биёваранд; бошад, ки роҳ ёбанд). (Сураи Бақара, ояти 186). Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси саҳеҳ фармуданд, ки дуо ҳамон ибодат аст ва ба писари амакашон Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) фармуданд:

«احْفَظِ اللهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللهَ، وَإِذَا اسْتَعْنَتَ فَاسْتَعِنْ بِاللهِ».

"(Ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ". Ривояти Тирмизӣ ва дигарон.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَنْ مَاتَ وَهُوَ يَدْعُو لِلَّهِ نِدًّا؛ دَخَلَ النَّارَ».

"Ҳар кас дар ҳоле бимирад, ки барои Аллоҳ ҳамтое (шарик) қарор додааст, ба ҷаҳаннам дохил мешавад". Ривояти Бухорӣ. Ва дар Саҳеҳайн аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки ӯ пурсида шуд: Кадом гуноҳ бузургтар аст? Фармуданд:

«أَنْ تَجْعَلَ لِلَّهِ نِدًّا وَهُوَ خَلَقَكَ».

«Ин ки барои Аллоҳ ҳамтое қарор диҳӣ, ҳол он ки Ӯ туро офаридааст». Ҳамто, ба Худо монанд ва шарик қарор додан аст. Пас ҳар касе, ки аз ғайри Аллоҳ дуо талаб кунад, ё аз ӯ мадад талабад, ё барои ӯ назр кунад, ё барои ӯ қурбонӣ кунад, ё навъе аз ибодатро барои ӯ анҷом диҳад, ӯро шарики Худованд қарор додааст, хоҳ паёмбар бошад, ё валӣ, ё фаришта, ё ҷин, ё бут, ё ғайри инҳо аз махлуқот.

Дар ин ҷо шояд касе бигӯяд: Пас, ҳукми дархост кардан аз шахси зиндаи ҳозир ва ёрӣ ҷустан аз ӯ дар корҳои моддие, ки ба анҷоми онҳо тавоноӣ дорад, чист? Ҷавоб: Ин амал аз ҷумлаи ширк набуда, балки аз корҳои оддии ҷоиз дар байни мусалмонон мебошад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло дар қиссаи Мӯсо (алайҳиссалом) мефармояд:

﴿...فَاسْتَغَاثَهُ الَّذِي مِنْ شِيعَتِهِ عَلَى الَّذِي مِنْ عَدُوِّهِ...﴾

(... он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост ...). (Сураи Қасас, ояти 15). Инчунин Аллоҳ Таъоло дар қиссаи Мӯсо низ мефармояд:

﴿فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ...﴾

(Пас, Мӯсо бо тарсу нигаронӣ аз шаҳр берун рафт...) (Сураи Қасас, ояти 21), Ҳамчунин инсон дар ҷанг аз ёрони худ ёрӣ мехоҳад ва дар дигар умуре, ки ба мардум пеш меояд ва дар онҳо ба ҳамдигар муҳтоҷ мешаванд.

Аллоҳ Таъоло паёмбарашро (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуд, ки ба умматаш хабар диҳад, ки ӯ барои ҳеҷ кас молики ҳеҷ фоида ва зараре нест. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ин маврид мефармояд:

﴿قُلْ إِنَّمَا أَدْعُو رَبِّي وَلَا أُشْرِكُ بِهِ أَحَدًا21 قُلْ إِنِّي لَا أَمْلِكُ لَكُمْ ضَرًّا وَلَا رَشَدًا22﴾

([Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам».

Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»). (Сураи Ҷин, оятҳои 21-22). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ188﴾

([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман молики суду зиёни хештан нестам, магар ончиро, ки Аллоҳ Таъоло бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, хайр [-у суди] бисёре [барои худ] фароҳам месохтам ва ҳеҷ бадӣ [ва зиёне] ба ман намерасид. Ман [касе] нестам, магар бимдиҳанда ва башоратбахш [-и дилсӯз] барои гурӯҳе, ки имон доранд). (Сураи Аъроф, ояти 188).

Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд.

Ва маълум аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо Парвардигорашро дуо мекард. Чуноне ки аз ӯ собит шудааст, ки дар рӯзи Бадр аз Аллоҳ мадад металабид ва бар душманаш аз Ӯ нусрат мехост ва дар ин амр пофишорӣ намуда, мефармуд: «Эй Парвардигори ман! Он чиро, ки ба ман ваъда додаӣ, бароварда соз». То ҷое, ки Сиддиқи Акбар, Абубакр (разияллоҳу анҳу) гуфт: «Эй Расули Худо, басанда аст, зеро Аллоҳ он чиро, ки ба ту ваъда додааст, ҳатман иҷрокунанда аст». Ва Аллоҳ Таъоло дар ин бора ин қавли Худро нозил кард:

﴿إِذۡ تَسۡتَغِيثُونَ رَبَّكُمۡ فَٱسۡتَجَابَ لَكُمۡ أَنِّي مُمِدُّكُم بِأَلۡفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُرۡدِفِينَ9﴾

([Рӯзи Бадрро ба ёд оваред] Он гоҳ ки аз Парвардигоратон фарёдрасӣ [ва ёрӣ] мехостед ва Ӯ [дархости] шуморо пазируфт [ва фармуд]: «Бе гумон, шуморо бо ҳазор фаришта, ки паёпай фуруд меоянд, ёрӣ мекунам»). (Сураи Анфол, ояти 9). Пас, Аллоҳи Мутаъол дар ин оятҳо ёрӣ хостани онҳоро ёдовар шуда, хабар дод, ки дуояшонро пазируфта, бо фариштагон ёриашон кардааст, то ба нусрат мужда диҳад ва дилҳояшонро ором созад. Ҳамчунин баён намуд, ки нусрат аз ҷониби фариштагон нест, балки танҳо аз ҷониби Ӯст. Аллоҳи Мутаъол дар ин бора низ чунин фармуд:

﴿وَمَا النَّصْرُ إِلَّا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ...﴾

(...ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳ Таъоло нест). (Сураи Оли Имрон, ояти 126). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَقَدْ نَصَرَكُمُ اللَّهُ بِبَدْرٍ وَأَنْتُمْ أَذِلَّةٌ فَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ123﴾

(Ва [эй муъминон] бе гумон, Аллоҳ Таъоло шуморо дар [ҷанги] Бадр дар ҳоле ёрӣ кард, ки [ба сабаби камбуди афрод ва аслиҳа] нотавон будед; пас, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед; бошад, ки сипос гузоред). (Сураи Оли Имрон, ояти 123). Худованд дар ин оят баён медорад, ки Ӯ Субҳонаҳу ёридиҳандаи онҳо дар рӯзи Бадр аст. Ва аз ин маълум мешавад, ки он чи аз силоҳу қувват ба онҳо ато кард ва мададе, ки бо фариштагон ба онҳо расонид, ҳамаи инҳо сабабҳои пирӯзӣ, шодмонӣ ва оромӣ буданд, аммо пирӯзӣ аз худи инҳо нест, балки он танҳо аз сӯи Аллоҳ аст. Пас чӣ гуна ин нависандазан ё амсоли ӯ ҷуръат мекунад, ки аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мадад ва нусрат бихоҳад ва аз Парвардигори оламиён, ки Молики ҳар чиз ва бар ҳар чиз Тавоност, рӯй гардонад?

Шакке нест, ки ин аз қабиҳтарин ҷаҳолат, балки аз бузургтарин ширк аст. Пас, бар ин нависанда воҷиб аст, ки ба даргоҳи Аллоҳ Субҳонаҳу тавбаи насӯҳ кунад. Ва тавбаи насӯҳ аз чанд умур иборат аст: Аввал: Пушаймонӣ аз гуноҳи содиркардааш. Дуюм: Даст кашидан аз он гуноҳ. Саввум: Тасмими қатъӣ барои барнагаштан ба он, барои бузургдошти Аллоҳ ва ихлос ба Ӯ ва итоат аз амри Ӯ ва парҳез аз он чӣ Ӯ манъ кардааст.

Ин аст тавбаи насӯҳ. Чаҳорум: Ин амр ба бадӣ дар ҳаққи махлуқот ихтисос дошта, он боз гардондани ҳақ ба аҳли он, ё талаби ҳалолият кардан аз ӯ мебошад.

Ва Аллоҳ бандагонашро ба тавба амр кардааст ва ба онҳо қабули онро ваъда додааст, чунон ки Ӯ фармудааст:

﴿...وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾

(Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ Таъоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед). (Сураи Нур, ояти 31). Ва Худованд дар ҳаққи насоро мефармояд:

﴿أَفَلَا يَتُوبُونَ إِلَى اللَّهِ وَيَسْتَغْفِرُونَهُ وَاللَّهُ غَفُورٌ رَحِيمٌ74﴾

(Оё ба сӯйи Аллоҳ Таъоло бознамегарданд ва аз Ӯ талаби омурзиш намекунанд? Ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст). (Сураи Моида, ояти 74). Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَالَّذِينَ لَا يَدْعُونَ مَعَ اللَّهِ إِلَهًا آخَرَ وَلَا يَقْتُلُونَ النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ وَلَا يَزْنُونَ وَمَنْ يَفْعَلْ ذَلِكَ يَلْقَ أَثَامًا68 يُضَاعَفْ لَهُ الْعَذَابُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَيَخْلُدْ فِيهِ مُهَانًا69 إِلَّا مَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا70﴾

(Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад, 68.

Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он [азоб] ҷовидон мемонад, 69.

Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ Таъоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст, 70). (Сураи Фурқон, оятҳои 68-70). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَهُوَ الَّذِي يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَعْفُو عَنِ السَّيِّئَاتِ وَيَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ25﴾

(Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад). (Сураи Шуро, ояти 25).

Ва дар ривояти саҳеҳ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд:

«الإِسْلَامُ يَهْدِمُ مَا كَانَ قَبْلَهُ، وَالتَّوْبَةُ تَجُبُّ مَا كَانَ قَبْلَهَا».

"Ислом гуноҳони қабл аз худро нобуд мекунад ва тавба гуноҳони қабл аз худро дур месозад".

Ин суханҳои кӯтоҳро ба хотири бузург будани хатари ширк, ки бузургтарин гуноҳ маҳсуб мешавад ва аз тарси фирефта шудан ба навиштаҳои ин нависанда ва ба хотири воҷиб будани насиҳат барои Аллоҳ ва бандагонаш, навиштаам. Аз Худованд мехоҳам, ки онро судманд гардонад ва ҳоли мо ва тамоми мусалмононро ислоҳ кунад ва бар ҳамаи мо лутф намуда, ба фаҳми дин ва собитқадамӣ бар он муваффақ гардонад. Мо ва мусалмононро аз шарри нафсҳоямон ва бадии аъмоламон паноҳ диҳад. Ҳамоно Ӯ соҳиби ин кор ва Тавоно бар он аст.

Ва саллалоҳу ва саллама ва борака ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи.

 

 

***

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

НОМАИ СЕЮМ

Дар баёни ҳукми кумак хостан аз ҷин ва шайтонҳо ва назр кардан барои онҳо

Аз Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ба ҳар касе аз мусалмонон, ки инро мебинад, Худованд ман ва эшонро ба пойбандӣ ба динаш ва собитқадамӣ бар он тавфиқ диҳад, Омин.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Аммо баъд:

Баъзе бародарон аз ман дар бораи он амалҳое, ки баъзе ҷоҳилон анҷом медиҳанд, пурсиданд; аз қабили дуо кардан ба ғайри Аллоҳ Субҳонаҳу ва ёрӣ хостан аз ғайри Ӯ дар корҳои муҳим; монанди дуо кардан ба ҷинҳо ва кумак хостан аз онҳо, назр ва қурбонӣ кардан барои онҳо. Аз ҷумлаи (амалҳои ношоистаи онҳо) инчунин гуфтани ин суханашон аст: (Эй ҳафтгона). Яъне: ҳафт нафар аз сардорони ҷин, ӯро бигиред, устухонҳояшро бишканед, хунашро бинӯшед, ӯро мусла кунед, эй ҳафтгона, бо ӯ чунин кунед. Ё ин гуфтори баъзеи онҳо: «Эй ҷинҳои зуҳр, эй ҷинҳои аср, ӯро бигиред». Ва ин амал дар баъзе минтақаҳои ҷанубӣ хеле зиёд дида мешавад. Ба ин амр инчунин дохил мешавад: дуои мурдагон, аз қабили паёмбарону солеҳон ва ғайра, хостан, аз малоика хостан ва аз онҳо талаби ёрӣ намудан. Пас, ҳамаи ин ва монанди он аз ҷониби бисёре аз касоне, ки худро ба Ислом мансуб медонанд, аз рӯи ҷаҳл ва тақлид ба гузаштагони худ сар мезанад. Ва баъзан баъзеи онҳо дар ин масъала саҳлангорӣ карда, бо ин гуфторашон чунин истидлол мекунанд: «Ин чизест, ки бар забон ҷорӣ мешавад, мо онро қасд намекунем ва ба он эътиқод надорем».

Ва низ баъзе дӯстон аз ҳукми издивоҷ бо касе, ки ба ин корҳо шинохта шудааст ва аз забҳкардаи онҳо, ҷаноза хондан бар онҳо, намоз гузоштан аз паси онҳо, пурсиданд. Инчунин дар бораи ҳукми бовар кардан ба фолбиноне пурсиданд, ки ба муҷарради дастрасӣ ба салла, эзор ва руймоли бемор ва монанди инҳо, иддио мекунанд, ки аз беморӣ ва сабабҳои он огоҳанд.

Ҷавоби ин пурсишҳо: Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест ва бар хонадону асҳобаш ва пайравони онҳо то рӯзи қиёмат.

Аммо баъд:

Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло инсу ҷинро барои он офаридааст, ки танҳо Ӯро ибодат кунанд ва дуо, ёрӣ хостан, забҳ, назр ва дигар ибодатҳоро хоси Ӯ гардонанд. Ва паёмбаронро барои ҳамин фиристода, ба онҳо амр намуд ва китобҳои осмониро, ки бузургтарини онҳо Қуръони Карим аст, барои баёни ин амр, даъват ба сӯи он ва барҳазар доштани мардум аз ширк овардан ба Худо ва ибодати ғайри Ӯ нозил кард. Ва ин асли аслҳо ва асоси миллату дин аст ва он маънои шаҳодати "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст ва ҳақиқаташ ин аст, ки: нест маъбуди ба ҳақ ҷуз Аллоҳ. Пас он улуҳият ва ибодатро барои ғайри Аллоҳ нафй мекунад ва он (ибодат)-ро танҳо барои Аллоҳи ягона исбот менамояд, на барои ғайри Ӯ аз соири махлуқот. Ва далелҳо бар ин аз Қуръони Карим ва суннати Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бисёр аст. Аз ҷумла Аллоҳ Таъоло фармудааст:

﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]). (Сураи Зориёт, ояти 56). Худованд мефармояд:

﴿وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ...﴾

(Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед...) (Сураи Исро, ояти 23). Дар ояти дигар мефармояд:

﴿وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ...﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд...) (Сураи Байина, ояти 5). Ва ояти дигар:

﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَكْبِرُونَ عَنْ عِبَادَتِي سَيَدْخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ60﴾

(Парвардигоратон фармуд: «Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд». (Сураи Ғофир, ояти 60). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ...﴾

(Ва [эй паёмбар] чун бандагонам дар бораи Ман аз ту бипурсанд, [ба онон] бигӯ: Ман наздикам ва дуои дуокунандаро – ҳангоме ки маро бихонад – иҷобат мекунам...)

(Сураи Бақара, ояти 186).

Худованд дар ин оятҳо баён фармуда, ки инсонҳо ва ҷинҳоро барои ибодаташ офаридааст ва ба бандагонаш дар Қуръони Карим ва аз забони Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр ва васият намудааст, ки ба ҷуз Парвардигорашон касеро ибодат накунанд.

Аллоҳ Таъоло возеҳ сохт, ки дуо ибодати бузург аст ва ҳар кас аз он саркашӣ кунад, вориди ҷаҳаннам мешавад. Ӯ ба бандагонаш фармуд, ки танҳо Ӯро бихонанд ва хабар дод, ки Ӯ наздик аст ва дуояшонро иҷобат мекунад. Пас, бар ҳамаи бандагон воҷиб аст, ки дуоро хоси Парвардигорашон гардонанд, зеро он навъе аз ибодат аст, ки барои он офарида шудаанд ва ба он амр шудаанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلْ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ162 لَا شَرِيكَ لَهُ وَبِذَلِكَ أُمِرْتُ وَأَنَا أَوَّلُ الْمُسْلِمِينَ163﴾

(Бигӯ: Бе тардид, намозам ва қурбониҳои ман ва зиндагӣ ва маргам ҳама барои Аллоҳ Таъоло – Парвардигори ҷаҳониён аст, 162.

[Ҳам Ӯ ки] Шарике надорад ва ба ин [яктопарастӣ холисона] дастур ёфтаам ва ман нахустин мусалмон аз ин қавм ҳастам, 163). (Сураи Анъом, оятҳои 162, 163).

Пас, Аллоҳ Паёмбарашро (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) амр фармуд, ки ба мардум хабар диҳад, ки намозаш, қурбонияш, зиндагияш ва маргаш хоси Аллоҳ, Парвардигори оламиён аст, ки ҳеҷ шарике надорад. Бинобар ин, ҳар кас барои ғайри Аллоҳ қурбонӣ кунад, ба Аллоҳ ширк овардааст, ҳамчуноне, ки барои ғайри Аллоҳ намоз бихонад, зеро Аллоҳи Пок намоз ва забҳро қарини якдигар қарор дод ва хабар дод, ки он ду танҳо барои Аллоҳ аст, ки шарике надорад. Пас, ҳар касе барои ғайри Аллоҳ, аз ҷинҳо, малоика, мурдагон ва ғайра, бо мақсади наздик шудан ба онҳо қурбонӣ кунад, монанди касе аст, ки барои ғайри Аллоҳ намоз хондааст. Ва дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«لَعَنَ اللهُ مَنْ ذَبَحَ لِغَيْرِ اللهِ».

"Аллоҳ лаънат кардааст касеро, ки барои ғайр аз Аллоҳ забҳ мекунад". Ва Имом Аҳмад бо санади ҳасан аз Ториқ ибни Шиҳоб (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:

«مرَّ رَجُلَانِ عَلَى قَومٍ لَهُم صَنَمٌ لَا يَجُوزُهُ أَحَدٌ حَتَّى يُقرِّبَ لَهُ شَيئًا، فَقَالُوا لِأَحَدِهِمَا: قَرِّبْ. قَالَ: لَيسَ عِندِي شَيءٌ أَقَرِّبُهُ، قَالُوا: قَرِّبْ وَلَوْ ذَبَابًا، فَقَرَّبَ ذُبَابًا، فَخَلُّوا سَبِيلَهُ، فَدَخَلَ النَّارَ، وَقَالُوا لِلآخَرِ: قَرِّبْ. قَالَ: مَا كُنْتُ لِأُقَرِّبَ لِأَحَدٍ شَيْئًا دُونَ اللهِ جَلَّ جَلَالُهُ، فَضَرَبُوا عُنُقَه، فَدَخَلَ الجَنَّةَ».

"Ду мард аз назди қавме гузаштанд, ки буте доштанд ва ҳеҷ кас аз канори он намегузашт, магар ин ки барои он чизеро қурбонӣ мекард. Ба яке аз онҳо гуфтанд: «Қурбонӣ кун». Гуфт: «Чизе надорам, ки қурбонӣ кунам». Гуфтанд: «Қурбонӣ кун, агарчи магасе бошад». Пас ӯ магасеро қурбонӣ кард ва онҳо роҳашро боз карданд, пас ба дӯзах даромад. Ва ба дигаре гуфтанд: «Қурбонӣ кун». Гуфт: «Ман барои ҳеҷ кас ғайри Аллоҳи Азза ва Ҷалла чизеро қурбонӣ намекунам». Пас гарданашро заданд ва ӯ ба биҳишт даромад".

Пас, агар касе, ки ба бут ва амсоли он бо магас ва монанди он наздикӣ меҷӯяд, мушрик бошад ва сазовори дохил шудан ба оташи дӯзах гардад. Пас, ҳоли касе, ки ҷинҳо, малоика ва авлиёро мехонад, чӣ гуна аст? Ва ҳоли касе, ки аз онҳо ёрӣ металабад, барои онҳо назр мекунад ва бо қурбониҳо ба онҳо наздикӣ меҷӯяд ва бо ин амал умеди ҳифзи мол, шифои мариз ва саломатии чорпоёну кишташро дорад, чӣ гуна аст?! Ва ҳоли касе, ки ин корро аз тарси шарри ҷинҳо ё монанди он анҷом медиҳад, чӣ гуна аст?! Шакке нест, ки ҳар кас ин корҳоро анҷом диҳад, нисбат ба он марде, ки магасро барои бут қурбонӣ кард, ба мушрик будан ва вориди оташи дӯзах шудан сазовортар аст.

Инчунин Худованд мефармояд:

﴿إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ2 أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ3﴾

(Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун, 2.

Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард, 3).

(Сураи Зумар, оятҳои 2-3). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَؤُلَاءِ شُفَعَاؤُنَا عِنْدَ اللَّهِ قُلْ أَتُنَبِّئُونَ اللَّهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ18﴾

(Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ Таъоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ Таъоло ҳастанд». [Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ Таъолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст).

(Сураи Юнус, ояти 18).

Аллоҳ Таъоло дар ин ду оят хабар медиҳад, ки мушрикон ғайри Ӯ аз миёни махлуқот авлиёеро гирифтаанд ва онҳоро дар баробари Ӯ ба воситаи тарс, умед, қурбонӣ, назр, дуо ва амсоли он ибодат мекунанд ва иддао доранд, ки он авлиё ибодаткунандагони худро ба Аллоҳ наздик месозанд ва дар назди Ӯ барояшон шафоат мекунанд. Сипас Аллоҳ Таъоло онҳоро такзиб намуда, ботил будани ақидаашонро ошкор сохт ва онҳоро дурӯғгӯ, кофир ва мушрик номид ва Худро аз ширки онҳо пок ва муназзаҳ гардонид. Ӯ Таъоло мефармояд:

﴿...سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ﴾

(Поку муназзаҳ аст Аллоҳ Таъоло ва аз он чи бо вай шарик месозанд, бартар аст). (Сураи Наҳл, ояти 1). Пас, аз ин маълум мешавад, ки ҳар касе фариштае, ё паёмбаре, ё ҷине, ё дарахте, ё сангеро васила қарор диҳад ва ӯро ҳамроҳ бо Худо бихонад, аз ӯ ёрӣ бихоҳад ва бо назру забҳ ба ӯ наздикӣ ҷӯяд, ба умеди шафоати ӯ дар назди Худо ва наздик шудан ба Ӯ (тавассути вай), ё ба умеди шифои бемор, ё нигаҳдории мол, ё саломатии шахси ғоиб, ё монанди инҳо; пас, ба ин ширки бузург ва балои вазнин гирифтор шудааст, ки Аллоҳ дар бораи он чунин мегӯяд:

﴿إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَنْ يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَنْ يَشَاءُ وَمَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدِ افْتَرَى إِثْمًا عَظِيمًا48﴾

(Бе гумон, Аллоҳ Таъоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ва ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк варзад, яқинан, гуноҳи бузург ба гардан гирифтааст). (Сураи Нисо, ояти 48). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...إِنَّهُ مَنْ يُشْرِكْ بِاللَّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنْصَارٍ﴾

(Бе тардид, ҳар ки ба Аллоҳ Таъоло ширк оварад, Аллоҳ Таъоло биҳиштро бар ӯ ҳаром кардааст ва ҷойгоҳаш дӯзах аст ва ситамгорон ҳеҷ ёваре надоранд). (Сураи Моида, ояти 72).

Ва шафоат дар рӯзи қиёмат фақат барои аҳли тавҳид ва ихлос аст, на барои аҳли ширк, чуноне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте аз ӯ пурсиданд: «Эй Паёмбари Худо, хушбахттарини мардум ба шафоати ту кист?», фармуданд:

«مَنْ قَالَ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ خَالِصًا مِنْ قَلْبِهِ».

"Ҳар касе аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд." Инчунин Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«لِكُلِّ نَبِيٍّ دَعْوَةٌ مُسْتَجَابَةٌ، فَتَعَجَّلَ كُلُّ نَبِيٍ دَعْوَتَهُ، وَإِنِّي اخْتَـبَأْتُ دَعْوَتِي شَفَاعَةً لِأُمَّتِي يَومَ القِيَامَةِ، فَهِيَ نَائِلَةٌ إِنْ شَاءَ اللهِ مَن مَاتَ مِنْ أُمَّتِي لَا يُشْرِكُ بِاللهِ شَيْئًا».

«Ҳар паёмбаре дуои мустаҷобе дорад, пас ҳар паёмбаре дар дуои худ шитоб кард ва ман дуои худро барои шафоати умматам дар рӯзи қиёмат захира намудам. Пас он, иншоаллоҳ, ба ҳар касе аз умматам, ки дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ чизеро шарик намеоварад, хоҳад расид».

Мушрикони собиқ имон доштанд, ки Аллоҳ Парвардигор, Холиқ ва Ризқдиҳандаи онҳост, вале ба паёмбарон, авлиё, фариштагон, дарахтон, сангҳо ва монанди инҳо тавассул меҷустанд ва умед доштанд, ки онҳо дар назди Аллоҳ шафоаташон кунанд ва онҳоро ба Ӯ наздик созанд, чунон ки дар оятҳо гузашт. Вале, Аллоҳ онҳоро ба ин сабаб маъзур надонист, балки дар китоби бузургаш ин амали онҳоро инкор кард ва онҳоро кофирону мушрикон номид. Ва даъвои онҳоро, ки ин маъбудон барояшон шафоат мекунанд ва онҳоро ба Аллоҳ наздик мекунанд, дурӯғ баровард. Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ онҳоро маъзур надонист, ҳатто барои он ки ибодатҳоро барои Аллоҳи ягона холисона анҷом диҳанд, мутобиқи фармудаи Худованд ба хотири ин ширк бо онҳо ҷангид. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّى لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ...﴾

(Ва бо онҳо биҷангед, то фитнаи [ширк] боқӣ намонад ва дин [холисона] аз они Аллоҳ Таъоло гардад...) (Сураи Бақара, ояти 193). Ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ، وَيُؤتُوا الزَّكَاةَ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ عَصَمُوا مِنِّي دِمَاءَهُم وَأَمْوَالَهُمْ إِلَّا بِحَقِّ الإِسْلَامِ، وَحِسَابُهُم عَلَى اللهِ».

«Амр шудаам, ки бо мардум биҷангам, то гувоҳӣ диҳанд, ки маъбуде ба ҳақ нест ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва намоз барпо доранд ва закот бидиҳанд. Пас, вақте чунин карданд, ҷон ва молашонро аз ман ҳифз кардаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон бар Аллоҳ аст». Ва маънои фармудаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам):

«حَتَّى يَشْهَدُوا أَن لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ»

«То гувоҳӣ диҳанд, ки нест маъбуде барҳақ магар Аллоҳ», яъне, то ин ки ибодатро танҳо хоси Аллоҳ гардонанд ва ба ғайр аз Ӯ чизеро ибодат накунанд.

Ва чун мушрикон аз ҷинҳо метарсиданд ва ба онҳо паноҳ мебурданд, Худованди Мутаъол ин ояти худро нозил кард:

﴿وَأَنَّهُ كَانَ رِجَالٌ مِنَ الْإِنْسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِنَ الْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا6﴾

(Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд). (Сураи Ҷин, ояти 6). Муфассирон дар тафсири ояти карима чунин фармуданд:

﴿...فَزَادُوهُمْ رَهَقًا﴾

([бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд). Яъне: ҷинҳо тарсу ҳаросро бар инсонҳо афзоиш медоданд, зеро ҷинҳо, вақте инсонҳоро мебинанд, ки ба онҳо паноҳ мебаранд, худро бузург шумурда, такаббур мекунанд ва дар он ҳангом тарсу ҳароси онҳоро бештар мегардонанд, то ин ки ибодат ва паноҳ бурдан ба онҳоро афзун намоянд.

Ва Худованд бар ивази паноҳ бурдан ба ҷинҳо, барои мусалмонон паноҳ бурдан ба Худаш ва калимоти комилашро муқаррар кард. Аллоҳ Таъоло дар ин маврид чунин мефармояд:

﴿وَإِمَّا يَنْزَغَنَّكَ مِنَ الشَّيْطَانِ نَزْغٌ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ إِنَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ200﴾

(Ва агар васвасае аз сӯйи шайтон туро барангезонд, ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибар, [ки] бе тардид, Ӯ шунавову доност). (Сураи Аъроф, ояти 200). Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу мефармояд:

﴿قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ1﴾

([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам). Ва аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:

«مَنْ نَزَلَ مَنْزِلًا فَقَالَ: (أَعُوذُ بِكَلِمَاتِ اللهِ التَّامَّاتِ مِنْ شَرِّ مَا خَلَقَ)؛ لَم يَضُرَّهُ شَيءٌ حَتَّى يَرْتَحِلَ مِنْ مَنْزِلِهِ ذَلِكَ».

"Ҳар ки ба манзиле фуруд омад ва ин дуоро бигӯяд: "Аъузу бикалимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ" (Тарҷума: Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз он чи офаридааст), то тарк кардани он манзил чизе ба ӯ зарар намерасонад".

Шахсе, ки хоҳони наҷот ва ҳифзи дини худ бошад ва бихоҳад, ки аз ширки хурду бузург дар амон бошад, аз ин оятҳо ва ҳадисҳои боло пай мебарад, ки дил бастан ба мурдагон, малоика, ҷин ва дигар махлуқот ва аз онҳо ҳоҷат хостану ба онҳо паноҳ бурдан ва монанди ин корҳо, аз амалҳои аҳли ҷоҳилияти мушрикон ва аз қабеҳтарин навъи ширк ба Аллоҳи Пок аст. Пас, зарур аст, ки шахс чунин корҳоро тарк карда, аз онҳо парҳез намояд ва мусалмонон якдигарро ба тарки он тавсия диҳанд ва касе, ки ин корҳоро анҷом медиҳад, амалашро инкор намуда, ӯро боз доранд.

Ва аммо касе аз мардум, ки бо ин аъмоли ширкӣ шинохта шудааст, издивоҷ бо ӯ, хӯрдани забҳкардааш, хондани намози ҷаноза бар ӯ ва дар пушти ӯ намоз гузоридан ҷоиз нест, то он ки аз ин амалҳояш ба сӯи Аллоҳ Субҳонаҳу ошкоро тавба кунад ва дуову ибодатро барои Аллоҳи ягона холис гардонад. Дуо ибодат аст, балки мағзи он аст, чуноне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

«الدُّعَاءُ هُوَ العِبَادَةُ».

"Дуо ҳамон ибодат аст". Ва дар лафзи дигар аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:

«الدُّعَاءُ مُخُّ العِبَادَةِ».

"Дуо мағзи ибодат аст". Аммо дар бораи издивоҷ бо мушрикон: Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَا تَنْكِحُوا الْمُشْرِكَاتِ حَتَّى يُؤْمِنَّ وَلَأَمَةٌ مُؤْمِنَةٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكَةٍ وَلَوْ أَعْجَبَتْكُمْ وَلَا تُنْكِحُوا الْمُشْرِكِينَ حَتَّى يُؤْمِنُوا وَلَعَبْدٌ مُؤْمِنٌ خَيْرٌ مِنْ مُشْرِكٍ وَلَوْ أَعْجَبَكُمْ أُولَئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَى الْجَنَّةِ وَالْمَغْفِرَةِ بِإِذْنِهِ وَيُبَيِّنُ آيَاتِهِ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ221﴾

(Ва [эй муъминон] бо занони мушрик то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед; ва бе гумон канизи муъмин, аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи [зебоӣ ё дороиаш] мавриди писандатон воқеъ гардад; ва [занони мусулмонро] ба издивоҷи мардони мушрик дарнаёваред, магар он ки имон биёваранд; ва ҳатман бардаи муъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи шефтаи [дороӣ ва мавқеияти] ӯ шуда бошед. Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд ва Аллоҳ Таъоло ба фармон [ва тавфиқ]-и хеш ба сӯйи биҳишт ва омурзиш даъват мекунанд ва оёт [-у аҳкоми] худро барои мардум равшан месозад; бошад, ки панд гиранд). (Сураи Бақара, ояти 221). Пас Аллоҳи Субҳон мусалмононро аз издивоҷ бо занони мушрика, аз ҷумлаи парастандагони бутҳо, ҷинҳо, малоика ва ғайри онҳо манъ кард, то замоне ки имон биёваранд ва ибодатро танҳо барои Аллоҳи ягона холис гардонанд ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар он чи овардааст, тасдиқ намоянд ва аз роҳи ӯ пайравӣ кунанд. Ва аз ба шавҳар додани занони мусалмон ба мардони мушрик манъ кард, то замоне ки имон биёваранд ва ибодатро танҳо барои Аллоҳи ягона холис гардонанд ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро тасдиқ намоянд ва аз ӯ пайравӣ кунанд.

Аллоҳ Таъоло хабар додааст, ки канизи муъмина аз зани озоди мушрик беҳтар аст, агарчи бо зебоӣ ва хушсуханиаш бинанда ва шунавандаи суханашро ба ҳайрат оварад. Ва ғуломи муъмин аз марди озоди мушрик беҳтар аст, агарчи бо зебоӣ, фасоҳат, шуҷоат ва ғайра шунаванда ва бинандаашро ба ҳайрат оварад. Сипас сабабҳои ин бартариро бо ин фармудаи Худ баён намуд:

﴿...أُولَئِكَ يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ...﴾

(Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд). (Сураи Бақара, ояти 221). Яъне, манзур мардону занони мушрик аст, зеро онҳо бо гуфтор, аъмол, рафтор ва ахлоқашон ба сӯи оташи дӯзах даъват мекунанд. Аммо мардону занони муъмин бо ахлоқ, аъмол ва рафторашон ба сӯи биҳишт даъват менамоянд. Пас, чӣ гуна инҳо ва онҳо баробар шуда метавонанд?

Аммо дар бораи намоз хондан бар мушрикон: Аллоҳ Таъоло дар шаъни мунофиқон чунин фармудааст:

﴿وَلَا تُصَلِّ عَلَى أَحَدٍ مِنْهُمْ مَاتَ أَبَدًا وَلَا تَقُمْ عَلَى قَبْرِهِ إِنَّهُمْ كَفَرُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَمَاتُوا وَهُمْ فَاسِقُونَ84﴾

(Ва ҳаргиз бар ҳеҷ мурдае аз онон намоз нахон ва [барои дуо хондан ва талаби омурзиш] бар сари қабраш наист, [чаро ки] бе тардид, онон ба Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш куфр варзидаанд ва дар ҳоле мурданд, ки нофармон буданд). (Сураи Тавба, ояти 84). Пас, Аллоҳи бузург дар ин ояти карима баён намудааст, ки бар мунофиқ ва кофир намози ҷаноза хонда намешавад; ба сабаби куфрашон ба Аллоҳ ва расулаш. Ҳамчунин дар пушти онҳо намоз гузорида намешавад ва барои мусалмонон имом қарор дода намешаванд; ба хотири куфрашон ва амонатдор набуданашон ва ба сабаби душмании бузурге, ки миёни онҳову мусалмонон вуҷуд дорад ва инчунин ба сабаби он ки онҳо аз аҳли намозу ибодат нестанд, зеро куфру ширк ҳеҷ амалеро бо худ боқӣ намегузоранд. Аз Аллоҳ офият аз ин ҳолатро масъалат дорем. Аммо дар мавриди хӯрдани забҳкардаҳои мушрикон, Худованди Азза ва Ҷалла дар қатори ҳаром будани худмурда забҳкардаҳои мушриконро низ ҳаром эълон кардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَا تَأْكُلُوا مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللَّهِ عَلَيْهِ وَإِنَّهُ لَفِسْقٌ وَإِنَّ الشَّيَاطِينَ لَيُوحُونَ إِلَى أَوْلِيَائِهِمْ لِيُجَادِلُوكُمْ وَإِنْ أَطَعْتُمُوهُمْ إِنَّكُمْ لَمُشْرِكُونَ121﴾

(Ва [эй муъминон] аз он чи [ҳангоми забҳ] номи Аллоҳ Таъоло бар он бурда нашудааст, нахӯред, чаро ки он [кори] ҳатман, нофармонӣ аст ва дар ҳақиқат шаётин ба дӯстони худ илқо мекунанд, ки бо шумо [дар ин маврид] муҷодала намоянд. Ва агар аз онон итоат кунед, ҳатман, шумо [низ дар зумраи] мушрикон ҳастед). (Сураи Анъом, ояти 121). Худованди Мутаъол мусалмононро аз хӯрдани худмурда ва забҳи мушрик манъ намуд, зеро он наҷас аст. Пас, забҳи мушрик дар ҳукми худмурда мебошад, ҳатто агар бар он номи Аллоҳро зикр кунад, зеро тасмияи ӯ ботил аст ва асаре надорад, чун он ибодат аст ва ширк ибодатро нобуд ва ботил месозад, то замоне ки мушрик ба даргоҳи Худованди Мутаъол тавба кунад. Ва Аллоҳ Таъоло таоми аҳли китобро танҳо дар ин фармудаи Худ мубоҳ гардонидааст:

﴿...وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ حِلٌّ لَكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلٌّ لَهُمْ...﴾

([забоиҳу] ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо [низ] барои онон ҳалол аст). (Сураи Моида, ояти 5). Зеро онҳо худро ба дини осмонӣ мансуб медонанд ва иддао мекунанд, ки аз пайравони Мӯсо ва Исо ҳастанд, ҳарчанд дар ин иддаои худ дурӯғгӯянд. Аллоҳ Таъоло дини онҳоро бо фиристодани Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи тамоми мардум насх ва ботил кардааст. Лекин Аллоҳи Мутаъол таоми аҳли китоб ва занонашонро ба хотири ҳикмати бузург ва асрори ниҳоне, ки аҳли илм онро баён кардаанд, барои мо ҳалол гардонидааст. Бар хилофи мушрикон, ки парастандагони бутҳо ва мурдагон аз қабили анбиёву авлиё ва ғайра ҳастанд, зеро дини онҳо ҳеҷ асле надорад ва ҳеҷ шабоҳате ба ҳақ надорад, балки аз бунёдаш ботил аст, пас забҳи онҳо дар ҳукми худмурда буда, хӯрдани он ҷоиз нест.

Аммо ин ки шахсе ба мухотаби худ бигӯяд: «Ҷин ба ту осеб расондааст», «Ҷин туро гирифтааст», «Шайтон ихтиёратро аз дастат гирифтааст» ва монанди инҳо, пас ин аз ҷумлаи дашному ҳақорат аст ва ин кор байни мусалмонон ҷоиз нест, ҳамчун дигар навъҳои дашному ҳақорат. Ин гуфтаҳо аз ҷумлаи ширк маҳсуб намешаванд, магар дар сурате, ки гӯяндаи он эътиқод дошта бошад, ҷинҳо бе иҷозат ва хости Аллоҳ бар мардум тасарруф мекунанд. Пас ҳар касе, ки дар бораи ҷин ё дигар махлуқот чунин эътиқод дошта бошад, ба сабаби ин эътиқодаш кофир аст, зеро Аллоҳ Таъоло Молики ҳар чиз ва бар ҳар чиз Қодир аст. Ӯ фоидарасону зараррасон аст ва ҳеҷ чиз вуҷуд надорад, магар бо изн ва машият ва тақдири пешини Ӯ. Чуноне ки Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу ба паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр намудааст, ки мардумро аз ин асли бузург огоҳ созад:

﴿قُلْ لَا أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ وَلَوْ كُنْتُ أَعْلَمُ الْغَيْبَ لَاسْتَكْثَرْتُ مِنَ الْخَيْرِ وَمَا مَسَّنِيَ السُّوءُ إِنْ أَنَا إِلَّا نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ188﴾

([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман молики суду зиёни хештан нестам, магар ончиро, ки Аллоҳ Таъоло бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, хайр [-у суди] бисёре [барои худ] фароҳам месохтам ва ҳеҷ бадӣ [ва зиёне] ба ман намерасид. Ман [касе] нестам, магар бимдиҳанда ва башоратбахш [-и дилсӯз] барои гурӯҳе, ки имон доранд»). (Сураи Аъроф, ояти 188). Модоме ки сарвари махлуқот ва беҳтарини онҳо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои худ соҳиби ҳеҷ суду зиёне нест, магар он чи Аллоҳ Таъоло бихоҳад, пас ҳоли дигар махлуқот чӣ гуна хоҳад буд?! Ва оятҳо дар ин маънӣ бисёранд.

Аммо пурсидан аз фолбинон, ҷодугарон, мунаҷҷимон ва монанди онҳо, ки иддаои хабар додан аз умури ғайбро мекунанд, кори нораво буда, ҷоиз нест. Ва тасдиқ кардани онҳо аз ин ҳам бадтар ва зишттар аст, балки он аз шуъбаҳои куфр мебошад, зеро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:

«مَنْ أَتَى عَرَّافًا فَسَأَلَهُ عَنْ شَيءٍ؛ لَمْ تُقْبَلْ لَهُ صَلَاةٌ أَرْبَعِينَ يَومًا».

"Ҳар кас назди фолбин-пешгӯ равад ва аз ӯ чизе бипурсад, чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад". Ин хадисро Муслим дар "Саҳеҳ"-аш ривоят кардааст. Ва инчунин дар "Саҳеҳ"-и худ аз Муовия ибни Ҳаками Суламӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки:

«أَنَّ النَّبيَّ ﷺ نَهَى عَنْ إِتْيَانِ الكُهَّانِ وَسُؤَالِهِم».

"Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рафтан назди коҳинон ва кумак хостан аз онҳо наҳй фармуданд".

Ва аҳли «Сунан» аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят кардаанд, ки фармуданд:

«مَنْ أَتَى كَاهِنًا، فَصَدَّقَهُ بِمَا يَقُولُ؛ فَقَدْ كَفَرَ بِمَا أُنْزِلَ عَلَى مُحَمَّدٍ ﷺ».

"Ҳар касе назди фолбин рафта ва сухани ӯро тасдиқ мекунад, пас, ба он чи бар Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст (яъне, Қуръон), куфр варзидааст". Ва дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст. Пас, бар мусалмонон воҷиб аст, ки аз пурсидани коҳинону фолбинон ва дигар ҷодугарон, ки ба хабар додан аз ғайб ва фиреб додани мусалмонон машғуланд, парҳез кунанд, хоҳ ин кор ба номи тиб бошад ё ғайри он. Зеро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин кор наҳй карда ва аз он ҳушдор додааст. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин он чизе, ки баъзе мардум бо номи тиб аз умури ғайбӣ иддао мекунанд, низ ворид мешавад. Вақте саллаи марди бемор ё рӯймоли зани бемор ва ё монанди онро бӯй карда, мегӯяд: «Ин бемор ё ин зани бемор фалон корро кардааст ва фалон чизро сохтааст». Инҳо аз умури ғайбӣ ҳастанд, ки дар саллаи бемор ва монанди он ҳеҷ далеле ба онҳо вуҷуд надорад. Мақсад аз ин кор танҳо фиреб додани мардуми одӣ аст, то бигӯянд, ки ӯ дар тиб ва навъҳои беморӣ ва сабабҳои он донишманд аст. Ва баъзан ба онҳо доруҳое медиҳад ва гоҳо бо тақдири Худо шифо меёбанд ва онҳо гумон мекунанд, ки ин ба сабаби доруи ӯст. Ва баъзан беморӣ бо сабаби баъзе ҷинҳо ва шайтонҳо ба вуҷуд меояд, ки онҳо ба он шахсе, ки иддаои табибӣ мекунад, хидмат намуда, ӯро аз баъзе умури ғайб, ки аз онҳо огоҳанд, хабардор месозанд. Пас, он шахс ба ин суханон эътимод карда, ҷинҳо ва шайтонҳоро бо ибодатҳои муносибашон розӣ месозад ва дар натиҷа онҳо аз он бемор дур шуда, озору азиятеро, ки ба ӯ мерасонданд, тарк мекунанд. Ва ин амр дар бораи ҷинҳову шайтонҳо ва касоне, ки онҳоро истифода мебаранд, маъруф аст.

Ҳамчунин бар мусалмонон воҷиб аст, ки аз он парҳез намоянд, якдигарро ба тарки он тавсия кунанд, дар ҳама корҳо бар Аллоҳи субҳон эътимод намуда, бар Ӯ таваккул кунанд. Ва истифода бурдани руқяҳои шаръӣ ва доруҳои мубоҳ, инчунин муолиҷа назди табибоне, ки бо сабабҳои ҳиссӣ ва маъқул беморро ташхис мекунанд, боке надорад. Ва аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:

«مَا أَنْزَلَ اللهُ دَاءً إِلَّا أَنْزَلَ لَهُ شِفَاءً، عَلِمَهُ مَنْ عَلِمَهُ، وَجَهِلَهُ مَنْ جَهِلَهُ».

"Аллоҳ ҳеҷ дардеро нафиристодааст, магар ин ки барояш дармоне фиристодааст. Ҳар ки инро бидонад, медонад ва ҳар ки инро надонад намедонад". Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси дигаре мефармояд:

«لِكُلِّ دَاءٍ دَوَاءٌ، فإِذَا أُصِيبَ دَوَاءٌ الدَّاءَ بََرَأَ بِإِذْنِ اللهِ».

«Барои ҳар дард давое ҳаст, пас агар даво ба дард мувофиқ ояд, бо изни Аллоҳ шифо меёбад». Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«عِبَادَ اللهِ، تَدَاوَوا وَلَا تَدَاوَوا بِحَرَامٍ».

"(Эй) бандагони Аллоҳ, табобат кунед ва бо ҳаром табобат накунед". Ва дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст.

Пас, аз Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу мехоҳем, ки аҳволи ҳамаи мусалмононро ислоҳ намояд, қалбу ҷисми онҳоро аз ҳар бадӣ шифо диҳад, онҳоро бар ҳидоят муттаҳид созад ва мову онҳоро аз фитнаҳои гумроҳкунанда ва аз пайравии шайтону дӯстонаш паноҳ диҳад. Ҳамоно Ӯ бар ҳар чиз тавоност ва ҳеҷ қудрату тавоноие нест, магар аз ҷониби Худованди баландмартабаву боазамат.

Ва саллалоҳу ва саллама ва борака ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи.

 

***

بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Паёми чаҳорум:

Дар баёни ҳукми ибодат кардан бо дуоҳои бидъӣ ва ширкӣ

Аз Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ба бародари муҳтарам (.........), Аллоҳ ӯро ба ҳар хайре муваффақ гардонад, омин.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Аммо баъд:

Мактуби ҷаноби олӣ ба ман расид. Худованд шуморо ба ҳидояти Худ тавфиқ диҳад. Дар номаатон ишора кардаед, ки дар кишвари шумо афроде вуҷуд доранд, ки ба вирдҳое пойбандӣ мекунанд, ки Худованд барои онҳо ҳеҷ далеле нозил накардааст; баъзе аз онҳо бидъат ва баъзеи дигарашон ширк мебошанд ва ин вирдҳоро ба Амирулмуъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу) ва дигарон нисбат медиҳанд. Ва ин авродро дар маҷлисҳои зикр ва ё дар масҷидҳо пас аз намози шом мехонанд ва онро василаи қурбат ба Аллоҳ мепиндоранд, монанди ин гуфторашон: «Ба ҳаққи Аллоҳ, эй мардони Худо, бо ёрии Аллоҳ ба мо мадад расонед ва бо ёрии Аллоҳ мададгори мо бошед». Ва монанди ин гуфтаашон: «Эй авлиё ва эй бузургон, иҷобат кунед, эй соҳибони мададҳо. Дар назди Аллоҳ шафоат намоед. Ин бандаи шумост, ки дар пешгоҳатон истода, бар дари шумо муътакиф аст ва аз кӯтоҳии худ дар ҳарос аст. Ба фарёди мо бирас, эй Расули Аллоҳ. Моро ғайри шумо ҷое нест, ки биравем ва матлаб аз шумо ҳосил мешавад. Ва шумо аҳли Аллоҳед. Ба ҳаққи Ҳамза – сарвари шаҳидон ва ба ҳаққи ҳар касе аз шумо, ки мададгори мост, ба фарёди мо бирас, эй Расули Аллоҳ». Инчунин онҳо мегӯянд: "Бор илоҳо, дуруд фирист бар он касе, ки ӯро сабаби шикофта шудани асрори ҷабарутии Ту ва зуҳури анвори раҳмонияти Ту гардонидӣ, пас, ӯ ноиб аз ҳазрати раббонӣ ва халифаи асрори зотии Ту гардид."

Ва тамоюли шумо барои равшван сохтани он ки чӣ чиз бидъат асту чӣ чизе ширк ва ин ки оё намоз хондан пушти сари имоме, ки бо ин дуо дуо мекунад, саҳеҳ аст ё на, оё ҳамаи инҳо аз пеш маълум буд?

Ҷавоб: Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест ва бар хонадону асҳобаш ва ҳар ки роҳи онҳоро пеш гириф то рӯзи қиёмат.

Аммо баъд:

Бидон — Худованд туро тавфиқ диҳад — ки Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло махлуқотро офарид ва паёмбарон (алайҳиму-с-салоту ва-с-салом)-ро фиристод, то Худои ягона ва бешарикро ибодат кунанд, на ҳар чизе ғайри Ӯро. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]). (Сураи Зориёт, ояти 56).

Ва ибодат, чунонки баёнаш гузашт, ин аст: итоат аз Аллоҳ Таъоло ва Паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам); бо анҷом додани он чи Аллоҳ ва Паёмбараш амр кардаанд ва тарк кардани он чи Аллоҳ ва Паёмбараш аз он наҳй кардаанд, аз рӯи имон ба Аллоҳ ва Паёмбараш ва ихлос дар амал барои Аллоҳ, ҳамроҳ бо муҳаббати комил ба Аллоҳ ва фурӯтании комил танҳо барои Ӯ Таъоло. Чӣ гунае, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ...﴾

(Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед...) (Сураи Исро, ояти 23). Яъне, амр ва васият кард, ки танҳо Ӯро ибодат кунанд. Аллоҳ Таъоло дар ояти дигаре мефармояд:

﴿الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ2 الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ3 مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ4 إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ5﴾

(Сипос махсуси Аллоҳ Таъоло–Парвардигори ҷаҳониён аст.

Бахшандаи Меҳрубон аст.

Молики рӯзи ҷазост.

[Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем). (Сураи Фотиҳа, оятҳои 2-5). Пас, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло бо ин оятҳо баён намуд, ки танҳо Ӯ сазовори ибодат аст ва танҳо аз Ӯ бояд ёрӣ хост. Ҳамчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ2 أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُ...﴾

(Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун.

Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Зумар, ояти 2-3). Боз Аллоҳ Таъоло дар ҷои дигар мефармояд:

﴿فَادْعُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ14﴾

([Танҳо] Аллоҳро бо хулуси эътиқод бихонед, ҳарчанд кофирон нохушнуд бошанд). (Сураи Ғофир, ояти 14). Дар ояти дигар омадааст:

﴿وَأَنَّ الْمَسَاجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدْعُوا مَعَ اللَّهِ أَحَدًا18﴾

(Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед). (Сураи Ҷин, ояти 18). Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд ва ҳамаи онҳо ба воҷиб будани якто донистани Аллоҳ дар ибодат далолат доранд.

Ва маълум аст, ки дуо бо анвоъаш аз ҷумлаи ибодат аст, пас набояд ҳеҷ кас ғайри Парвардигори худро дуо кунад ва аз ғайри Ӯ мадад ва фарёдрасӣ талабад, бо амал намудан ба ин оятҳои карима ва он чи дар маънои онҳо омадааст. Ин ҳукм ба истиснои умури оддӣ ва сабабҳои ҳиссӣ аст, ки махлуқи зиндаи ҳозир бар онҳо қудрат дорад, зеро ин гуна амалҳо ибодат ба шумор намераванд, балки бо далели нас ва иҷмоъ ҷоиз аст, ки инсон аз инсони зиндаи қодир дар корҳои оддие, ки аз уҳдааш мебарояд, ёрӣ бихоҳад, монанди он ки аз ӯ барои дафъи шарри фарзандаш, ё хидматгораш, ё сагаш ва монанди инҳо ёрӣ бихоҳад. Ва монанди он ки инсон аз инсони зиндаи ҳозир ва қодир, ё ғоиб, тавассути василаҳои маъмулӣ, монанди мукотиба ва амсоли он, дар сохтмони хонааш, ё таъмири мошинаш ва ё монанди инҳо ёри талабад. Ва аз ҷумлаи он: кумакхоҳии инсон аз ёронаш дар ҷиҳод ва ҷанг ва монанди инҳо аст. Ва аз ҳамин боб аст сухани Аллоҳи Таъоло дар қиссаи Мусо (Алайҳи-с-салом), ки мефармояд:

﴿...فَاسْتَغَاثَهُ الَّذِي مِنْ شِيعَتِهِ عَلَى الَّذِي مِنْ عَدُوِّهِ...﴾

(он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост). (Сураи Қасас, ояти 15).

Аммо талаби ёрӣ аз мурдагон, ҷинну малоика ва дарахтону сангҳо аз ҷумлаи ширки акбар аст. Ва ин аз ҷинси амали мушрикони пешин бо маъбудҳояшон мебошад, монанди Уззо ва Лот ва ғайра. Ҳамчунин талаби ёрӣ ва мадад ҷустан аз афроди зиндае, ки дар ҳаққашон эътиқоди валӣ будан доранд, дар корҳое, ки ба ҷуз Худо касе ба он қодир нест, монанди шифои беморон, ҳидояти дилҳо, дохил шудан ба ҷаннат, наҷот ёфтан аз оташи дӯзах ва монанди инҳо.

Оятҳои қаблӣ ва дигар оятҳову ҳадисҳое, ки ба ин маъно омадаанд, ҳама ба зарурати мутаваҷҷеҳ кардани дилҳо ба сӯи Аллоҳ дар ҳама умур ва ихлос дар ибодат танҳо барои Худованди ягона далолат доранд, зеро бандагон барои ин офарида шудаанд ва ба он амр шудаанд, чунон ки дар оятҳои қаблӣ гузашт ва чунон ки дар ин фармудаи Ӯ Субҳонаҳу омадааст:

﴿وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا...﴾

(Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед...) (Сураи Нисо, ояти 36). Худованд мефармояд:

﴿وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ...﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд...) (Сураи Байина, ояти 5). Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси Муъоз (разияллоҳу анҳу) мефармояд:

«حَقُّ اللهِ عَلَى العِبَادِ أَنْ يَعْبُدُوهُ وَلَا يُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا».

«Ҳаққи Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш ин аст, ки танҳо Ӯро ибодат кунанд ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳанд». Саҳеҳ будани ин ривоят низ мавриди иттифоқ аст. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мефармояд:

«مَنْ مَاتَ وَهُوَ يَدْعُو لِلَّهِ نِدًّا؛ دَخَلَ النَّارَ».

"Ҳар кас дар ҳоле бимирад, ки барои Аллоҳ ҳамтое (шарике) гирифта аст, ба ҷаҳаннам дохил мешавад". Ривояти Бухорӣ. Ва дар Саҳеҳайн аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки Муъозро ба Яман фиристод, ба ӯ гуфт:

«إِنَّكَ تَأْتِي قَومًا أَهْلَ كِتَابٍ، فَلْيَكُنْ أَوَّلَ مَا تَدْعُوهُم إِلَيهِ شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ».

«Ту назди қавме меравӣ, ки аҳли китоб ҳастанд, пас бигзор аввалин чизе, ки онҳоро ба он даъват мекунӣ, шаҳодати ин бошад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Аллоҳ нест». Ва дар лафзи дигаре чунин омадааст:

«اُدْعُهُمْ إِلَى شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ وَأَنِّي رَسُولُ اللهِ».

«Онҳоро ба сӯи гувоҳӣ додан фаро хон, ки маъбуди барҳаққе ҷуз Аллоҳ нест ва ман фиристодаи Ӯ ҳастам». Ва дар ривояти Бухорӣ чунин омадааст:

«فَلْيَكُنْ أَوَّلَ مَا تَدْعُوهُم إِلَى أَنْ يُوَحِّدُوا اللهَ».

«Пас аввалин чизе, ки онҳоро ба сӯи он даъват мекунӣ, тавҳиди Аллоҳ бошад». Ва дар саҳеҳи Муслим аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

«مَنْ قَالَ: لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ، وَكَفَرَ بِمَا يُعْبَدُ مِن دُونِ اللهِ؛ حَرُمَ مَالُهُ وَدَمُهُ، وَحِسَابُهُ عَلَى اللهِ جَلَّ جَلَالُهُ».

"Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва он чи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад, инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва ҳисобаш назди Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу аст". Ва дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст.

Ва ин тавҳид аслу асоси дини Ислом, сарчашмаи ҳамаи умур ва муҳимтарин фаризаҳост. Ва он ҳикмати офариниши сақалайн ва ҳикмати фиристодани тамоми паёмбарон, (алайҳиму-с-салоту ва-с-салом) аст, чуноне ки оятҳои далолаткунанда бар ин гузаштанд ва аз ҷумлаи онҳо ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ56﴾

(Ва ҷинну инсро фақат барои он офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]). (Сураи Зориёт, ояти 56). Ва низ дар ин бора далели дигар ин фармудаи Аллоҳ Таъоло аст:

﴿وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед...) (Сураи Наҳл, ояти 36). Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

﴿وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ25﴾

(Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед). (Сураи Анбиё, ояти 25). Ва Худованди бузург дар бораи Нуҳ, Ҳуд, Солеҳ ва Шуъайб (Алайҳиму-с-салом) фармуд, ки ба қавми худ гуфтанд:

﴿...اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ...﴾

(Аллоҳро бипарастед, ки ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред). (Сураи Аъроф, ояти 59). Ва ин даъвати ҳамаи паёмбарон аст, чунон ки ду ояти пешин ба ин далолат мекунанд. Ва душманони паёмбарон эътироф кардаанд, ки паёмбарон онҳоро амр кардаанд, ки Худоро махсус ибодат кунанд ва маъбудонеро, ки ғайри Ӯ парастида мешаванд, тарк намоянд. Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу дар қиссаи қавми Од мефармояд, ки онҳо ба Ҳуд (алайҳиссалом) гуфтанд:

﴿...أَجِئْتَنَا لِنَعْبُدَ اللَّهَ وَحْدَهُ وَنَذَرَ مَا كَانَ يَعْبُدُ آبَاؤُنَا...﴾

(...Оё сӯйи мо омадаӣ, ки фақат Аллоҳ Таъолоро бипарастем ва он чиро падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем?...) (Сураи Аъроф, ояти 70). Инчунин Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар бораи Қурайш, ҳангоме ки Паёмбарамон Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро даъват намуд, то танҳо Аллоҳро ибодат кунанд ва парастиши он чиро, ки ғайри Ӯ мепарастиданд, аз қабили фариштагон, авлиё, бутҳо, дарахтон ва ғайраро тарк намоянд, фармудааст:

﴿أَجَعَلَ الْآلِهَةَ إِلَهًا وَاحِدًا إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ عُجَابٌ5﴾

(Оё ба ҷойи маъбудони мухталиф маъбуде ягона қарор додааст? Воқеан, кори аҷибе аст). (Сураи Сод, ояти 5). Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар бораи онҳо мефармояд:

﴿إِنَّهُمْ كَانُوا إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ35 وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٖ مَّجۡنُونِۭ36﴾

(Онон буданд, ки чун ба эшон гуфта мешуд: «Маъбуде [барҳақ] ҷуз Аллоҳ Таъоло нест» саркашӣ [ва такаббур] мекарданд.

ва мегуфтанд: «Оё мо маъбудонамонро ба хотири [сухани] шоири девона раҳо кунем?») (Сураи Соффот, оятҳои 35-36). Ва оятҳои далолаткунанда ба ин маънӣ бисёранд.

Аз оятҳо ва ҳадисҳое, ки зикр кардем, барои шумо равшан мегардад (Аллоҳ ману шуморо дар фаҳми дин ва шинохти ҳаққи Парвардигори оламиён муваффақ гардонад), ки ин дуоҳо ва анвоъи ёрӣ хостан, ки дар суоли худ баён кардед, ҳама аз ҷумлаи ширки акбар аст, зеро ин ибодат барои ғайри Аллоҳ ва талаби корҳоест, ки ҷуз Ӯ касе ба он қодир нест, аз мурдагон ва ғоибон. Ва ин амал аз ширки мардуми пешин зишттар аст, зеро онҳо танҳо дар ҳолати осоиштагӣ ширк меварзиданд. Аммо дар ҳоли сахтиҳо, ибодатро барои Аллоҳ холис мегардонанд, зеро онҳо медонанд, ки танҳо Ӯ (Субҳонаҳу) қодир аст онҳоро аз ин сахтӣ наҷот диҳад, на каси дигаре. Чунон ки Аллоҳ Таъоло дар китоби равшани Худ дар бораи он мушрикон фармудааст:

﴿فَإِذَا رَكِبُواْ فِي ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ65﴾

(Вақте [мушрикон] дар киштӣ савор мешаванд, Аллоҳро бо ихлос мехонанд, аммо чун ононро ба хушкӣ мерасонад ва [аз хатари ғарқ шудан] мераҳонад, он гоҳ [боз ҳам] ширк меварзанд). (Сураи Анкабут, ояти 65). Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ояти дигаре ба онҳо хитоб намуда, мефармояд:

﴿وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِي ٱلۡبَحۡرِ ضَلَّ مَن تَدۡعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُۖ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ أَعۡرَضۡتُمۡۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ كَفُورًا67﴾

(Ва он гоҳ ки дар дарё газанде ба шумо мерасад, ҳар киро [ба ҳоҷатхоҳӣ] мехонед, нопадид [ва фаромӯш] мегардад, магар [зоти поки] Ӯ; аммо вақте шуморо [аз хатари марг] раҳонад ва ба хушкӣ расонад, [аз яктопарастӣ] рӯйгардон мешавед; ва инсон ҳамвора носипос аст). (Сураи Исро, ояти 67).

Пас, агар гӯяндае аз ин мушрикони мутааххир бигӯяд: «Мақсади мо ин нест, ки онҳо (авлиёву солеҳон) ба худии худ фоида мерасонанд ва беморони моро ба худии худ шифо медиҳанд, ё ба худии худ ба мо суд мерасонанд ва ё ба худии худ ба мо зиён мерасонанд, балки қасди мо аз ин корҳо ин аст, ки онҳо дар назди Аллоҳ Таъоло моро шафоъат кунанд.»

Пас, ҷавоб ин аст: Ба чунин шахс бояд гуфта шавад, ки ин ҳамон мақсад ва муроди кофирони пешин аст ва муродашон ин набуд, ки худоёнашон биёфаранд ё ризқ диҳанд, ё худ ба худ манфиате расонанд ё зарареро дафъ кунанд, зеро инро он чи Худованд дар Қуръон дар бораи онҳо зикр кардааст, ботил месозад. Мушрикон низ шафоат ва обрӯи онҳоро мехостанд ва ин ки онҳоро ба Аллоҳ наздик созанд, чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمۡ وَلَا يَنفَعُهُمۡ وَيَقُولُونَ هَٰٓؤُلَآءِ شُفَعَٰٓؤُنَا عِندَ ٱللَّهِ...﴾

(Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ Таъоло чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиёне мерасонанд ва на судашон мебахшад ва мегӯянд: «Ин бутҳо [воситаҳо ва] шафоатгарони мо назди Аллоҳ Таъоло ҳастанд...) (Сураи Юнус, ояти 18). Худованд дар посух ба онҳо фармуд:

﴿...قُلۡ أَتُنَبِّـُٔونَ ٱللَّهَ بِمَا لَا يَعۡلَمُ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ﴾

([Эй паёмбар] Бигӯ: «Оё [ба гумони худ] Аллоҳ Таъолоро аз чизе [шарике] огоҳ месозед, ки дар осмонҳо ва замин [барояш қоилед ва худ] намедонад?» Ӯ муназзаҳ аст ва аз ончи бо вай шарик месозанд, бартар аст). (Сураи Юнус, ояти 18). Пас, Ӯ Таъоло баён намуд, ки на дар осмонҳо ва на дар замин ҳеҷ шафоаткунандаеро дар назди Худ ба он сурате, ки мушрикон қасд доранд, намедонад. Ва он чизе, ки Аллоҳ вуҷуди онро намедонад, вуҷуд надорад, зеро аз Ӯ Таъоло ҳеҷ чизе пинҳон намемонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ 1 إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ فَٱعۡبُدِ ٱللَّهَ مُخۡلِصٗا لَّهُ ٱلدِّينَ2 أَلَا لِلَّهِ ٱلدِّينُ ٱلۡخَالِصُۚ وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ3﴾

(Нузули ин китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири Ҳаким аст.

Ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, пас, Аллоҳро бо хулуси эътиқод парастиш кун.

Огоҳ бошед, ки дини холис [ва холӣ аз ширк] аз они Аллоҳ Таъоло аст ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]». Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард).

(Сураи Зумар, оятҳои 1-3).

Дин дар ин ҷо ба маънои "ибодат" аст, ки он итоати Аллоҳ ва итоати Паёмбараш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мебошад (чунонки гузашт). Дар зери мафҳуми дуо маъноҳои ёрӣ хостан, хавф, умед, забҳ, назр, ҳамчунин намоз, рӯза ва дигар чизҳое, ки Аллоҳ ва Паёмбараш ба он амр кардаанд, дохил мешаванд. Пас, Худованд Субҳонаҳу баён намуда, ки ибодат танҳо барои Ӯст ва бар бандагон воҷиб аст, ки онро холисона барои Ӯ (Ҷалла Ҷалолуҳу) анҷом диҳанд, зеро амри Ӯ ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ихлоси ибодат, амрест барои тамоми ин уммат.

Сипас Аллоҳ Таъоло баъд аз он дар бораи кофирон чунин фармуд:

﴿...وَٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَ مَا نَعۡبُدُهُمۡ إِلَّا لِيُقَرِّبُونَآ إِلَى ٱللَّهِ زُلۡفَىٰٓ...

(ва афроде, ки ғайри Аллоҳро [дӯст ва] корсози худ интихоб кардаанд [пиндорашон ин аст, ки]: «Онҳоро фақат ба ин далел мепарастем, ки моро ба Аллоҳ Таъоло наздик гардонанд [ва манзалатамонро бештар кунанд]»). (Сураи Зумар, ояти 3). Худованди Пок дар посухи онҳо фармуд:

﴿...إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ﴾

(Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард). (Сураи Зумар, ояти 3). Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ин ояти карима хабар медиҳад, ки кофирон авлиёро ба ҷои Ӯ парастиш намекунанд, магар ба хотири он ки онҳоро ба даргоҳи Аллоҳ наздик созанд; ва ин мақсади кофирони пешин ва имрӯза аст. Ва Аллоҳ Таъоло ин пиндори онҳоро бо ин фармудааш ботил сохтааст:

﴿...إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ فِي مَا هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ كَٰذِبٞ كَفَّارٞ﴾

(Аллоҳ Таъоло дар мавориди ихтилофашон миёни онон [ва муваҳҳидони ростин] доварӣ хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло касеро, ки дурӯғгӯи носипос бошад, ҳидоят нахоҳад кард). (Сураи Зумар, ояти 3). Пас Аллоҳ Таъоло дурӯғ будани иддаои онҳоро, ки гӯё худоёнашон онҳоро ба даргоҳи Аллоҳ наздик месозанд ва ҳамчунин куфри онҳоро ба хотири ибодатҳое, ки барои ғайри Ӯ анҷом медоданд, ошкор сохт. Ва ба ин васила ҳар касе, ки заррае ақлу фаҳм дорад, медонад, ки куфри кофирони пешин танҳо ба хотири он буд, ки онҳо паёмбарону авлиё, дарахтону сангҳо ва дигар махлуқотро миёни худ ва Аллоҳ шафоаткунандагон қарор медоданд. Ва эътиқодашон ин аст, ки онҳо ҳоҷатҳоро бе иҷозат ва ризоияти Аллоҳи Мутаъол бароварда месозанд, ҳамон гуна ки вазирон дар назди подшоҳон шафоат мекунанд. Онҳо Худованди воломақомро ба подшоҳону сардорон қиёс карданд. Онҳо гуфтанд: «Ҳамон гуна ки ҳар кас ба подшоҳ ва раҳбар ҳоҷате дошта бошад, ба воситаи хоссон ва вазирони ӯ шафоат металабад, мо низ ҳамин тавр ба воситаи ибодати паёмбарон ва авлиёи Ӯ ба Аллоҳ наздик мешавем». Ва ин аз ботилтарин ақидаҳост, зеро Ӯ Таъоло ҳеҷ шабеҳе надорад ва бо махлуқонаш қиёс карда намешавад. Ҳеҷ кас дар назди Ӯ шафоат карда наметавонад, магар бо иҷозати Ӯ ва Ӯ шафоат карданро танҳо ба аҳли тавҳид иҷозат медиҳад. Ва Ӯ Таъоло бар ҳар чиз Қодир аст ва ба ҳар чиз Доност ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст. Аз ҳеҷ кас наметарсад ва ҳаросе надорад, зеро Ӯ Таъоло болои бандагонаш ғолиб аст ва дар ҳаққи онҳо ҳар гуна, ки бихоҳад, тасарруф мекунад. Бар хилофи подшоҳон ва сардорон, зеро онҳо ба ҳар чиз қодир нестанд, аз ин рӯ, ба касоне ниёз доранд, ки дар корҳое, ки аз анҷоми он оҷизанд, ба онҳо ёрӣ расонанд, аз ҷумлаи вазирону хоссон ва лашкариёнашон. Ҳамчунин ба касоне ниёз доранд, ки ҳоҷатҳои афродеро, ки аз ҳолашон бехабаранд, барояшон бирасонанд, пас ба касоне аз вазирону хоссонашон ниёз доранд, ки дилашонро нарм созанд ва ризояташонро ба даст оранд. Аммо Парвардигори Мутаъол аз тамоми бандагонаш бениёз аст ва Ӯ ба онҳо аз модаронашон меҳрубонтар аст. Ӯ Ҳокими Одил аст, ки ҳама чизро бар асоси ҳикмат, илм ва қудрати Худ дар ҷои муносибаш қарор медиҳад. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ қиёс кардани Ӯ бо офаридаҳояш ҷоиз нест. Аз ин рӯ, Аллоҳ Таъоло дар китоби Худ баён намудааст, ки мушрикон иқрор кардаанд, ки Ӯ Холиқ, Розиқ ва Мудаббир аст ва Ӯст, ки дуои дармондаро иҷобат мекунад, бадиро бартараф месозад, зинда мекунад ва мемиронад ва ғайра, аз афъоли Ӯ Таъоло. Дар ҳақиқат, хусумат байни мушрикон ва паёмбарон дар бораи холис гардонидани ибодат барои Аллоҳи ягона буд, чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَهُمۡ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُ...﴾

(Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ...) (Сураи Зухруф, ояти 87). Дар ояти дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلۡ مَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أَمَّن يَمۡلِكُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَمَن يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتَ مِنَ ٱلۡحَيِّ وَمَن يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۚ فَسَيَقُولُونَ ٱللَّهُۚ فَقُلۡ أَفَلَا تَتَّقُونَ31﴾

([Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Кист, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ мебахшад? Ё кист, ки бар гӯшҳо ва дидагон ҳоким аст? Ва кист, ки [мавҷуди] зиндаро аз [модаи] беҷон берун меоварад ва [модаи] беҷони мурдаро аз [мавҷуди] зинда хориҷ месозад? Ва кист, ки кори [ҷаҳону ҷаҳониён]-ро тадбир мекунад»? Хоҳанд гуфт: «Аллоҳ Таъоло». Пас, бигӯ: «Оё парво намекунед»?) (Сураи Юнус, ояти 31). Ва дар ин маънӣ оятҳо зиёданд.

Пештар оятҳое зикр гардид, ки далолат бар он доранд, ки ихтилоф миёни паёмбарон ва умматҳо, танҳо дар мавриди ихлоси ибодат барои Худованди ягона аст, чунон ки Худованд Субҳонаҳу мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَ...﴾

(Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ Таъоло] дурӣ кунед»...) (Сураи Наҳл, ояти 36). Ва оятҳои дигаре низ дар ин маънӣ омадаанд. Ва Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар мавзеъҳои зиёди Қуръони Карим шаъни шафоатро баён карда, мефармояд:

﴿...مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِ...﴾

(Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?!) (Сураи Бақара, ояти 255). Ва Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:

﴿وَكَم مِّن مَّلَكٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ لَا تُغۡنِي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ أَن يَأۡذَنَ ٱللَّهُ لِمَن يَشَآءُ وَيَرۡضَىٰٓ26﴾

(Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ Таъоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад). (Сураи Наҷм, ояти 26).

Ва дар васфи фариштагон фармуд:

﴿...وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ﴾

(ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд). (Сураи Анбиё, ояти 28).

Худованд фармудааст, ки Ӯ куфрро (носипоси) аз бандагонаш намеписандад, балки аз онҳо шукрро меписандад. Ва шукр ин тавҳиди Ӯ ва амал кардан ба тоати Ӯст. Ӯ Таъоло мефармояд:

﴿إِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمۡۖ وَلَا يَرۡضَىٰ لِعِبَادِهِ ٱلۡكُفۡرَۖ وَإِن تَشۡكُرُواْ يَرۡضَهُ لَكُمۡ...﴾

(Агар носипосӣ кунед, [бидонед, ки] Аллоҳ Таъоло аз шумо бениёз аст ва ҳаргиз носипосии бандагонашро намеписандад ва агар шукри Ӯро ба ҷой оваред, ин корро бароятон меписандад...) (Сураи Зумар, ояти 7).

Имом Бухорӣ дар "Саҳеҳ"-и худ аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки гуфт: Эй Паёмбари Худо! Аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту кист? Паёмбар фармуданд:

«مَنْ قَالَ: لَا إِلهَ إِلَّا اللهُ خَالِصًا مِنْ قَلْبِهِ».

"Ҳар касе аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд". Ё ин ки гуфт:

«مِنْ نَفْسِهِ».

"Аз Худаш".

Ва дар "Саҳиҳ" аз Анас (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфт:

«لِكُلِّ نَبِيٍّ دَعْوَةٌ مُسْتَجَابَةٌ، فَتَعَجَّلَ كُلُّ نَبِيٍّ دَعْوَتَهُ، وَإِنِّي اخْتَبَأْتُ دَعْوَتِي شَفَاعَةً لِأُمَّتِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ، فَهِيَ نَائِلَةٌ إِنْ شَاءَ اللَّهُ مَنْ مَاتَ مِنْ أُمَّتِي لَا يُشْرِكُ بِاللَّهِ شَيْئًا».

«Барои ҳар паёмбаре дуои мустаҷобе аст ва ҳар паёмбаре дар (истифодаи) дуои худ шитоб кард. Ва ман дуои худро барои шафоати умматам дар рӯзи қиёмат захира кардаам. Пас он, иншоаллоҳ, ба ҳар касе аз уммати ман, ки дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ чизеро шарик намеорад, хоҳад расид». Ва дар ин маъно ҳадисҳо бисёр аст.

Ҳамаи оятҳо ва ҳадисҳое, ки зикр кардем, далолат бар он доранд, ки ибодат танҳо ҳаққи Аллоҳ аст ва набояд чизе аз он барои ғайри Аллоҳ анҷом дода шавад, на барои паёмбарон ва на барои ғайри онҳо, ва ин ки соҳиби шафоат танҳо Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу аст. Чунон ки Худованд фармудааст:

﴿قُل لِّلَّهِ ٱلشَّفَٰعَةُ جَمِيعٗا...﴾

(Бигӯ: «Шафоат ба тамомӣ аз они Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Зумар, ояти 44). Ва касе сазовори он намешавад, магар баъд аз фармони Ӯ ба шафоаткунанда ва ризоияташ аз касе, ки барояш шафоат мешавад ва Ӯ Таъоло ҷуз аз тавҳид розӣ намешавад чуноне ки гузашт. Бинобар ин, мушрикон аз шафоъат бенасибанд ва Худованд инро дар қавли Худ возеҳ гардонидааст:

﴿فَمَا تَنفَعُهُمۡ شَفَٰعَةُ ٱلشَّٰفِعِينَ 48﴾

(Пас, шафоати шафоаткунандагон ба онҳо суде намебахшад). (Сураи Муддассир, ояти 48). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...مَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ حَمِيمٖ وَلَا شَفِيعٖ يُطَاعُ﴾

([Дар он рӯз] Ситамгарон на дӯсти меҳрубоне доранд ва на шафеъе, ки суханаш пазируфта шавад). (Сураи Ғофир, ояти 18).

Ва маълум аст, ки зулм ба таври мутлақ ширк ба Аллоҳ аст, чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَٱلۡكَٰفِرُونَ هُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ﴾

(ва кофирон [ба сабаби куфрашон] ҳамон ситамгоронанд). (Сураи Бақара, ояти 254). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ﴾

(...яқинан, ширк ситами бузургест).

(Сураи Луқмон, ояти 13).

Аммо он чи дар суол зикр кардед, аз гуфтаи баъзе аз сӯфиён дар масҷидҳо ва ғайра, ки мегӯянд: «Худоё, дуруд бифирист бар касе, ки ӯро сабаби ошкор шудани асрори ҷабарутии Ту ва зуҳури анвори раҳмонии Худат қарор додӣ, пас ӯ ноиби Ҳазрати Раббонӣ ва халифаи асрори зотии Ту гардид... то интиҳо».

Ҷавоб: Ба онҳо гуфта шавад, ки ин калом ва амсоли он аз ҷумлаи такаллуф ва танаттуъ (зиёдаравӣ ва сахтгирии беҷо) аст, ки Паёмбарамон Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он барҳазар доштаанд; чуноне ки Имом Муслим дар "Саҳеҳ"-и худ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«هَلَكَ المُتَنَطِّعُونَ» قَالَهَا ثَلَاثًا.

«Зиёдаравон ҳалок шуданд» ва ин суханро се бор такрор намуданд.

Имом Хаттобӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: Зиёдарав касест, ки дар чизе ғулув мекунад ва бо такаллуф дар ҷустуҷӯи он аст; тибқи равиши аҳли калом, ки ба корҳои беҳуда дахолат намуда, дар чизҳое, ки ақлашон ба он намерасад, фурӯ мераванд.

Абуссаъодот ибни Асир мегӯяд: Онҳо касонеанд, ки дар сухан амиқравӣ ва ғулув (зиёдаравӣ) мекунанд ва бо амиқтарин қисмати ҳалқашон сухан мегӯянд. Ин вожа аз «натъ» гирифта шудааст, ки он коми болоии даҳон мебошад. Сипас барои ҳар касе, ки дар гуфтор ва кирдор зиёдаравӣ мекунад, истифода шудааст.

Аз гуфтаҳои ин ду имом аз имомони илми луғат, барои шумо ва барои ҳар касе, ки андаке басират дорад, возеҳ мегардад, ки ин кайфият дар дуруду салом фиристодан бар паёмбарамон ва сарварамон Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷумлаи такаллуф ва танаттуъ (зиёдаравӣ ва сахтгирӣ)-и наҳйшуда аст. Барои мусалмон дар ин боб амали ҷоиз ин аст, ки равиши дуруст ва собитшуда аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар сифати салому дуруд фиристодан ҷустуҷӯ кунад, чун ин ҷустуҷӯяш ӯро ба ҳақиқат мерасонад ва ниёзе ба корҳои номашруъ намемонад.

Аз ҷумла, дар ин бобат Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳайн"-и худ аз Каъб ибни Уҷра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардаанд, ки саҳобагон (разияллоҳу анҳум) гуфтанд: ё Расули Худо! Худованд моро амр намуда, ки бар шумо дуруд фиристем; пас чи гуна бар шумо дуруд фиристем? Паёмбар фармуд:

«قُولُوا: اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، وَبَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبرَاهِيمَ وَعَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ».

«Бигӯед: Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум-маҷид, ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум-маҷид».

Ва дар "Саҳиҳайн" аз Абуҳумайди Соъидӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки саҳобагон гуфтанд: эй Расули Аллоҳ, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем? Фармуд:

«قُولُوا: اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى أَزْوَاجِهِ وَذُرِّيَّتِهِ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ، وَبَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى أَزْوَاجِهِ وَذُرِّيَّتِهِ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ».

«Бигӯед: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало азвоҷиҳи ва зурриятиҳи, камо саллайта ъало оли Иброҳима, ва борик ъало Муҳаммадин ва ъало азвоҷиҳи ва зурриятиҳи, камо боракта ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид».

Тарҷума: Бор Худоё, дуруд фирист бар Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ҳамсарон ва фарзандонаш, чунон ки бар авлоди Иброҳим фиристодӣ ва баракат неҳ бар Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ҳамсарон ва фарзандонаш, чунон ки бар авлоди Иброҳим баракат ниҳодӣ, ҳамоно Ту сутуда ва бузургӣ.

Дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Абумасъуди Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят шуда, ки гуфт: Башир ибни Саъд гуфт: эй Расули Худо, Худованд моро амр намуда, ки бар шумо дуруд фиристем; пас чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем? Пас аз лаҳзаи сукуте фармуд:

«قُولُوا: اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ؛ كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ، وَبَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ؛ كَمَا بَارَكْتَ عَلَى آلِ إِبرَاهِيمَ فِي العَالَمِينَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، وَالسَّلَامُ كَمَا عَلِمتُم».

«Бигӯед: Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало оли Иброҳим ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало оли Иброҳим фи-л-ъоламина, иннака ҳамидум-маҷид. Ва салом фиристодан таврест, ки донистед».

Пас, мусалмон бояд ин алфоз ва амсоли онҳоро, ки аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, дар дуруду саломи худ бар Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) истифода барад, зеро Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он чизе, ки дар ҳаққи ӯ шоиста аст, аз ҳамаи мардум донотар аст, ҳамон гуна, ки ӯ ба он алфозе, ки дар ҳаққи Парвардигораш сазовор аст, аз ҳамаи мардум донотар мебошад.

Аммо гуфторҳои пуртакаллуф ва навпайдо ва калимаҳое, ки эҳтимоли доштани маънои нодуруст доранд, монанди онҳое, ки дар савол зикр шудаанд, истифодаи онҳо ҷоиз нест. Зеро дар онҳо такаллуф вуҷуд дорад ва мумкин аст бо маъноҳои ботил тафсир шаванд. Илова бар ин ки онҳо мухолифи калимаҳое ҳастанд, ки Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) интихоб намуда, умматашро ба сӯи онҳо роҳнамоӣ кардааст. Ва ӯ донотарини мардум, хайрхоҳтарини онҳо ва дуртарини онҳо аз такаллуф аст. Беҳтарин дуруду салом аз ҷониби Парвардигораш бар ӯ бод.

Умедворам, он чи аз далелҳо дар баёни ҳақиқати тавҳид ва ҳақиқати ширк ва фарқ байни ҳоли мушрикони пешин ва мушрикони муосир дар ин боб ва дар баёни кайфияти дуруди машруъ бар Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зикр шуд, барои касе, ки ҷӯяндаи ҳақ аст, басанда ва қонеъкунанда бошад. Аммо касе, ки ба маърифати ҳақ рағбат надорад, пас ӯ пайрави ҳавои худ аст. Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу фармудааст:

﴿فَإِن لَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكَ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيۡرِ هُدٗى مِّنَ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ50﴾

(Пас, агар [Қурайш] ба дархостат посухе надоданд, бидон, ки онон фақат аз ҳавои нафсашон пайравӣ мекунанд ва кист гумроҳтар аз он ки бидуни раҳнамуде аз сӯи Аллоҳ Таъоло аз ҳавои нафсаш пайравӣ мекунад? Бе тардид, Аллоҳ Таъоло гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад). (Сураи Қасас, ояти 50).

Худованд дар ин ояти карима баён кардааст, ки мардум дар мавриди он ҳидоят ва дини ҳақ, ки бо паёмбараш Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодааст, бар ду даста тақсим мешаванд:

Якум: Онҳое, ки фармони Худо ва расулашро пазируфтанд.

Дуввум: Онҳое, ки пайрави ҳавои нафси худ ҳастанд. Аллоҳ Таъоло хабар додааст, ки аз шахсе, ки пайрави ҳавову ҳавасаш аст ва аз фармудаҳои Худованд итоат намекунад, гумроҳтар кас вуҷуд надорад.

Аз Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу масъалат дорем, ки моро аз пайравии ҳавову ҳавас офият бахшад ва мову шумо ва соири бародаронамонро аз ҷумлаи касоне бигардонад, ки даъвати Аллоҳ ва Расулашро (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) иҷобат мекунанд, шариъаташро бузург медоранд ва аз ҳар он чизе, ки мухолифи шариъати Ӯст, аз қабили бидъатҳо ва ҳавову ҳавасҳо, ҳазар мекунанд. Ӯ Саховатманд ва Меҳрубон аст.

Ва саллалоҳу ъало абдиҳи ва расулиҳи набийино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи ва атбоъиҳи би иҳсонин ило явмид-дин.

 

 

***

 


 

tg397v4.0 - 27/06/2026