فَضَائِلُ وَآدَابُ المَسْجِدِ النَّبَوِيِّ
وَأَحْكَامُ زِيَارَةِ قَبْرِ النَّبِيِّ ﷺ
وَقَبْرَي صَاحِبَيْهِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا
Фазоил ва одоби Масҷиди набавӣ ва аҳкоми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду саҳобаи ӯ (разияллоҳу анҳумо)
اللَّجْنَةُ العِلْمِيَّةُ
بِرِئَاسَةِ الشُّؤُونِ الدِّينِيَّةِ بِالمَسْجِدِ الحَرَامِ وَالمَسْجِدِ النَّبَوِيِّ
Кумитаи илмӣ вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷид ул-Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Фазоил ва одоби Масҷиди набавӣ ва аҳкоми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду саҳобаи ӯ (разияллоҳу анҳумо)
Кумитаи илмии вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ
Фазоил ва одоби Масҷиди набавӣ ва аҳкоми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду саҳобаи ӯ (разияллоҳу анҳумо)
Таҳия шудааст аз ҷониби:
Кумитаи илмии вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ
1447 ҳиҷрӣ
Муқаддима
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки ҳамчун раҳмат барои ҷаҳониён фиристода шудааст ва бар тамоми хонадону асҳобаш ва касоне, ки то қиёмат ба некӣ аз онон пайравӣ карданд. Аммо баъд:
Ин рисолаи мухтасаре аст, ки муҳимтарин фазилатҳои Масҷиди набавӣ, одоби зиёрати он ва одоби зиёрати қабри Паёмбар ва қабрҳои ду ёри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар бар мегирад. Мо онро барои зоирони Масҷиди набавӣ ҷамъоварӣ кардем, то ки бо дониш ва биниши дуруст ба фазилати масҷиди Паёмбари уммат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва одоби зиёрату намозгузорӣ дар он ошно бошанд. Аз Худованди Карим ва Бахшоянда умедворем, ки онро судманд гардонад ва онро амали солеҳ ва холисан барои ризои Худ гардонад. Ҳаройина, Ӯ беҳтарин зотест, ки ҳама чиз аз Ӯ пурсида мешавад ва умед ба Ӯ баста мешавад.
Кумитаи илмӣ
Якум: Фазоили Масҷиди набавӣ
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَرَبُّكَ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ وَيَخۡتَارُۗ مَا كَانَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُۚ سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ68﴾
(Ва Парвардигорат ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва [ҳар киро бихоҳад ба парастиш ва паёмбарӣ] бармегузинад. Мушрикон ихтиёре надоранд [ки дар ин маврид эътироз кунанд]. Аллоҳ Таъоло муназзаҳ ва бартар аст аз он чи бо Ӯ шарик медонанд). (Сураи Қасас, ояти 68). Аллоҳ ин маконро интихоб кардааст, то масҷиде барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад ва онро ба фазилатҳои сершуморе хос гардонидааст, аз ҷумла:
Он яке аз масҷидҳои сегона аст, ки ба сӯи онҳо бори сафар баста мешавад:
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки онро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мерасонад:
«لَا تُشَدُّ الرِّحَالُ إِلَّا إِلَى ثَلَاثَةِ مَسَاجِدَ: مَسْجِدِي هَذَا، وَمَسْجِدِ الحَرَامِ، وَمَسْجِدِ الأَقْصَى».
"Бори сафар баста намешавад, магар ба сӯи се масҷид: ин масҷиди ман, Масҷидулҳаром ва Масҷидулақсо."1
(Яке аз фазоили дигари он ин аст, ки ) намоз гузоштан дар он беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром:
Зеро аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ، إِلَّا المَسْجِدَ الحَرَامَ».
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром."2
Он масҷидест, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуд:
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ба назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хонаи баъзе аз ҳамсаронаш даромадам ва гуфтам: Эй Паёмбари Худо, кадом як аз ин ду масҷид бар пояи тақво бунёд ёфтааст? Гуфт: Муште аз сангреза гирифт ва онро ба замин зад, сипас гуфт:
«هُوَ مَسْجِدُكُمْ هَذَا» لِمَسْجِدِ المَدِينَةِ.
"Он ҳамин масҷиди шумост", яъне масҷиди Мадина.3
Ин ки аҷру подоши толибилм дар он, монанди аҷру подоши муҷоҳид дар роҳи Худо мебошад:
Зеро аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт:
«مَنْ جَاءَ مَسْجِدِي هَذَا، لَمْ يَأْتِهِ إِلَّا لِخَيْرٍ يَتَعَلَّمُهُ أَوْ يُعَلِّمُهُ، فَهُوَ بِمَنْزِلَةِ المُجَاهِدِ فِي سَبِيلِ اللهِ، وَمَنْ جَاءَ لِغَيْرِ ذَلِكَ، فَهُوَ بِمَنْزِلَةِ الرَّجُلِ يَنْظُرُ إِلَى مَتَاعِ غَيْرِهِ».
"Касе, ки ба ин масҷиди ман биёяд ва танҳо барои некие омада бошад, ки онро меомӯзад ё таълим медиҳад, пас ӯ дар мақоми муҷоҳид дар роҳи Худост ва касе, ки барои ғайри ин биёяд, ӯ ба монанди мардест, ки ба молу матои дигарон нигоҳ мекунад."4
Ин ки дар он Равзаи шариф ҷойгир аст:
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَا بَيْنَ بَيْتِي وَمِنْبَرِي رَوْضَةٌ مِنْ رِيَاضِ الجَنَّةِ، وَمِنْبَرِي عَلَى حَوْضِي».
"Байни хонаи ман ва минбарам боғе аз боғҳои биҳишт аст ва минбарам бар ҳавзи ман аст."5
Дуввум: Мустаҳаб будани зиёрати Масҷиди набавии шариф
Ба хотири ин ва дигар фазилатҳо, зиёрати масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои намоз гузоридан ва ибодат кардан дар он мустаҳаб аст.
- Пас, барои ҳоҷӣ ва дигарон зиёрати Масҷиди набавӣ пеш аз ҳаҷ ё баъди он суннат аст ва ин зиёрат аз шартҳо, аркон ва воҷиботи ҳаҷ нест ва ба он ҳеҷ рабте надорад.
- Барои зиёрати масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шумораи муайяни намозҳо ва ё иқомати муддати муайян дар Мадина шарт нест, балки зиёрати он бо гузоридани як намоз, хоҳ фарз бошад ё нофила, ҳосил мешавад, аммо ҳар қадар шумораи намозҳо дар он бештар шавад, аҷру савоб зиёдтар мегардад.
- Барои зиёраткунандаи Масҷиди набавӣ мустаҳаб аст, ки ҳамаи намозҳои фарз ва ҳамчунин намозҳои нофиларо дар он бигузорад; бар асоси он далоили қаблан зикршуда, ки намоз дар он беҳтар аз ҳазор намоз дар масҷидҳои дигар аст, магар Масҷидулҳаром.
Сеюм: Одоби зиёрати Масҷиди набавӣ
Ҳангоме ки мусалмон ба Масҷиди набавӣ меояд, барояш мустаҳаб аст, ки ба одоби шаръии марбут ба масҷидҳо ба таври умум ва ба Масҷиди набавӣ ба таври хос ороста гардад. Ин одоб иборатанд аз:
Бояд ба масҷид бовиқору ором, бо таҳорат, бо симои шоиста ва бӯи хуш биёяд. Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«إِذَا ثُوِّبَ لِلصَّلَاةِ فَلَا تَأْتُوهَا وَأَنْتُمْ تَسْعَوْنَ، وَأْتُوهَا وَعَلَيْكُمُ السَّكِينَةُ، فَمَا أَدْرَكْتُمْ فَصَلُّوا، وَمَا فَاتَكُمْ فَأَتِمُّوا، فَإِنَّ أَحَدَكُمْ إِذَا كَانَ يَعْمِدُ إِلَى الصَّلَاةِ فَهُوَ فِي صَلَاةٍ».
"Чун барои намоз иқомат гуфта шавад, ба сӯи он машитобед, балки ба сӯи он бо оромиш ва виқор биравед. Пас, он чиро, ки дарёфтед, бигзоред ва он чиро, ки аз даст додед, комилаш кунед. Зеро яке аз шумо вақте қасди намоз мекунад, пас ӯ дар намоз истодааст."6 Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«الغُسْلُ يَوْمَ الجُمُعَةِ وَاجِبٌ عَلَى كُلِّ مُحْتَلِمٍ، وَأَنْ يَسْتَنَّ، وَأَنْ يَمَسَّ طِيبًا إِنْ وَجَدَ».
"Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад."7 Аммо зан агар ба масҷид биёяд, бар ӯ воҷиб аст, ки худро бо ҳиҷоби худ бипӯшонад ва барояш хушбӯйӣ кардан ё атр задан ҷоиз нест, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«إِذَا شَهِدَتْ إِحْدَاكُنَّ المَسْجِدَ فَلَا تَمَسَّ طِيبًا».
"Ҳаргоҳ яке аз шумо (занон) ба масҷид ҳозир шуд, хушбӯӣ истифода накунад."8
Пеш гузоштани пои рост ҳангоми ворид шудан ба Масҷиди набавӣ ва гуфтани дуои ворид шудан ба масҷид. Пас, мустаҳаб аст, ки зиёраткунанда ҳангоми ворид шудан ба Масҷиди набавӣ, ба монанди дигар масҷидҳо, пои рости худро пеш гузорад ва ин дуоро бигӯяд:
«بِسْمِ اللَّهِ، وَالسَّلَامُ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ، اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي ذُنُوبِي وَافْتَحْ لِي أَبْوَابَ رَحْمَتِكَ».
"Бисмиллоҳ, вассалому ало расулиллоҳ, Аллоҳумма иғфир лӣ зунубӣ вафтаҳ лӣ абвоба раҳматика."9 Ва инчунин мегӯяд:
«أَعُوذُ بِاللَّهِ العَظِيمِ، وَبِوَجْهِهِ الكَرِيمِ، وَسُلْطَانِهِ القَدِيمِ، مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ».
"Аъузу биллоҳил-Азим ва биваҷҳиҳил-Карим ва султониҳил-Қадим, минаш-шайтонир-раҷим." (Паноҳ мебарам ба Худои Бузург ва ба Ваҷҳи Карими Ӯ ва ба Султони Қадими Ӯ аз шайтони рондашуда.)"10
Адои таҳияи масҷид: Барои касе, ки ба Масҷиди Набавӣ барои намоз хондан дар он даромад, суннат аст, ки пеш аз нишастан ду ракаъат намози таҳияи масҷид бихонад, аз Абуқатода Ҳорис ибни Рибъии Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«إِذَا دَخَلَ أَحَدُكُمُ المَسْجِدَ، فَلَا يَجْلِسْ حَتَّى يُصَلِّيَ رَكْعَتَيْنِ».
"Ҳар гоҳ яке аз шумо ба масҷид даромад, бояд нанишанад, то ду ракъат намоз бигзорад."11
Талош барои намоз хондан дар сафҳои аввал, зеро дар он фазилати бузург аст ва ин ба даст намеояд, магар бо барвақт омадан ба он, бинобар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«لَوْ يَعْلَمُ النَّاسُ مَا فِي النِّدَاءِ وَالصَّفِّ الأَوَّلِ، ثُمَّ لَمْ يَجِدُوا إِلَّا أَنْ يَسْتَهِمُوا عَلَيْهِ لَاسْتَهَمُوا».
"Ҳар гоҳ мардум бидонанд, ки чи манзалат ва савобе барои азон ва саффи аввал аст ва сипас онро ба ҷуз аз тариқи қуръае наёбанд, ҳатман барояш қуръа меандозанд."12 Ва ба далели ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба асҳобаш (разияллоҳу анҳум):
«تَقَدَّمُوا فَأْتَمُّوا بِي، وَلْيَأْتَمَّ بِكُمْ مَنْ بَعْدَكُمْ، لَا يَزَالُ قَوْمٌ يَتَأَخَّرُونَ حَتَّى يُؤَخِّرَهُمُ اللهُ».
"Наздик оед ва ба ман иқтидо кунед, то касоне, ки дар пушти сари шумо ҳастанд, ба шумо иқтидо намоянд. Ҳамеша гурӯҳе дар охир қарор мегиранд, то ин ки Худованд онҳоро дар охир қарор медиҳад."13
Аммо занон, барояшон беҳтар аст, ки дар сафҳои охир намоз бигузоранд ва аз мардон дур бошанд, бинобар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«خَيْرُ صُفُوفِ الرِّجَالِ أَوَّلُهَا، وَشَرُّهَا آخِرُهَا، وَخَيْرُ صُفُوفِ النِّسَاءِ آخِرُهَا، وَشَرُّهَا أَوَّلُهَا».
"Беҳтарин сафҳои мардон сафи аввал ва бадтаринаш сафи охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон сафи охир ва бадтаринаш сафи аввал аст."14 Аммо агар онҳо ҷудогона намоз гузоранд, ё миёни онҳо ва мардон пардае бошад, чунонки дар Масҷиди набавӣ аст, пас беҳтарин сафҳои онҳо, сафҳои авваланд, зеро иллати ин амр аз байн меравад.
Намоз хондан дар пушти имом ва эҳтиёт кардан аз пеш гузаштан аз ӯ; ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«إِنَّمَا جُعِلَ الإِمَامُ لِيُؤْتَمَّ بِهِ».
"Ҳамоно имом барои он аст, ки аз ӯ пайравӣ карда шавад."15
Барои намозгузор ҷоиз нест, ки аз имом пеш биистад, магар дар ҳолати зарурат ва пур шудани масҷид аз намозгузорон, ба тавре ки барои намоз ғайр аз пеши имом ҷое наёбад.
Талош варзидан барои пур кардани фосилаҳо ва ҷойҳои холӣ дар байни сафҳо ва рост кардани онҳо, аммо бо парҳез аз фишор овардан ба мардум ва ба танг овардани онҳо, аз болои китфи онҳо гузаштан ва аз пеши намозгузорон гузаштан; зеро бо ин кор шахс гуноҳ мегирад.
Намоз хондан дар Равзаи шариф барои касе, ки барояш имкон шавад; бинобар ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд:
«مَا بَيْنَ بَيْتِي وَمِنْبَرِي رَوْضَةٌ مِنْ رِيَاضِ الجَنَّةِ، وَمِنْبَرِي عَلَى حَوْضِي».
"Байни хонаи ман ва минбарам боғе аз боғҳои биҳишт аст ва минбарам бар ҳавзи ман аст."16
Дар робита ба намоз гузоштан дар Равза фазилати муайяне ворид нашудааст, вале собит шудааст, ки он "боғе" аз боғҳои биҳишт аст — чунонки ҳадиси пештараи Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бар он далолат мекунад — ва ибодатҳо ба сабаби фазилати замон ва макони худ афзалтар мегарданд.
* Зиёраткунанда бояд вақтҳои муносибро барои намоз хондан дар Равза интихоб намояд ва талош кунад вақтҳоеро дарёбад, ки дар онҳо издиҳом камтар бошад. Пас ҷоиз нест, ки ба хотири намоз хондан дар он ҷо бо бародарони мусалмони худ музоҳимат кунад, аз болои сару гардани мардум бигузарад ва ё аз пеши намозгузорон убур намояд. Зеро намоз дар Равза нофила аст, бинобар ин, набояд тавассути анҷом додани амали ҳаром ба он даст ёфт. Ҳамчунин, зиёраткунанда бояд кӯшиш намояд, то қоидаҳои махсус ва тартиботи танзимкунандаи дохил шудан ба Равзаро риоя ва пайравӣ намуда, вақтҳои муносибро интихоб кунад ва бо масъулони танзими дохил шудани зоирон ба он ҳамкорӣ дошта бошад.
Ғанимат шумурдани вақтҳо бо зиёд анҷом додани амалҳои неке, ки бандаро ба Офаридгораш наздик месозанд, монанди намоз, тиловати Қуръон, зикр, дуо, иштирок дар маҷлисҳои зикр, дарсҳои илмӣ, ҳалқаҳои омӯзиши Қуръони Карим ва ғайра.
Эҳтироми китоби Аллоҳ Азза ва Ҷалла ва ҳифз намудани он аз бозӣ кардан бо варақҳояш, навиштан дар рӯи он, ё беқадр ва беэҳтиромӣ намудан ба он бо гузоштани пойафзол дар паҳлӯи он, ё гузоштани он дар рӯи замин ва монанди инҳо, бинобар фармудаи Аллоҳ Таъоло:
﴿ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ شَعَٰٓئِرَ ٱللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقۡوَى ٱلۡقُلُوبِ32﴾
([Ҳукми ҳаҷ] Ин аст ва ҳар ки дастурҳои динӣ ва илоҳиро бузург бишморад, яқинан, ин [бузургдошт нишонае] аз парҳезкории дилҳост). (Сураи Ҳаҷ, ояти 32).
Чашм пӯшидан аз он чи ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла ҳаром гардонидааст:
Пас, бар зиёраткунандаи Масҷиди набавӣ воҷиб аст, ки чашми худро аз он чи ки назар кардан ба он барояш ҳалол нест, бипӯшад ва бузургии муртакиб шудани гуноҳро дар ин маконҳо ва уқубатҳоеро, ки ин амал бо худ меорад, бидонад. Зеро гуноҳон ба сабаби бузургии замон ва макон аз лиҳози қадру кайфият бузург мешаванд ва тоатҳо низ ҳамчунин. Ва зани мусалмон бояд ба риояи ҳиҷоби шаръӣ ва ошкор накардани зинат кӯшо бошад, то мардонро ба фитна наандозад, зеро гуноҳи ин амал бузург аст.
Барҳазар будан аз машғул шудан ба тасвирбардорӣ ё тамошои тасвирҳо ва наворҳо дар телефони ҳамроҳ. Ва агар ин тасвирҳо ва наворҳо ҳаром бошанд, хатари ин кор боз ҳам бештар мешавад.
Пок нигоҳ доштани Масҷиди набавӣ аз ҳар чизе, ки лоиқи он нест, аз қабили муноқишаҳо, баланд кардани овоз, ҷустуҷӯи гумшуда, хариду фурӯш ва монанди инҳо аз корҳое, ки на дар он ва на дар дигар масҷидҳо сазовор нестанд; ба далели ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармуд:
«إِذَا رَأَيْتُمْ مَنْ يَبِيعُ أَوْ يَبْتَاعُ فِي المَسْجِدِ، فَقُولُوا: لَا أَرْبَحَ اللَّهُ تِجَارَتَكَ، وَإِذَا رَأَيْتُمْ مَنْ يَنْشُدُ فِيهِ ضَالَّةً، فَقُولُوا: لَا رَدَّ الله عَلَيْكَ».
"Ҳар гоҳ касеро дидед, ки дар масҷид хариду фурӯш мекунад, ба ӯ бигӯед: Худованд тиҷорататро бефоида бисозад! Ва ҳар гоҳ касеро дидед, ки дар он гумшудаеро ҷустуҷӯ мекунад, ба ӯ бигӯед: Худованд онро ба ту бознагардонад."17
Риоя кардани покизагии шахсӣ ва парҳез кардан аз бӯйҳои бад, ба мисли сир, пиёз, дуд, арақ ва монанди инҳо, ки боиси озори бародарони намозгузораш мегардад; ба далели ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу), ки гуфт, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«مَنْ أَكَلَ ثُومًا أَوْ بَصَلًا، فَلْيَعْتَزِلْنَا - أَوْ قَالَ: فَلْيَعْتَزِلْ مَسْجِدَنَا - وَلْيَقْعُدْ فِي بَيْتِهِ».
"Ҳар касе сир ё пиёз бихӯрад, бояд аз мо канорагирӣ кунад, ё фармуд: аз масҷиди мо дур шавад ва дар хонааш биншинад."18
Аҳамият додан ба назофати Масҷиди набавӣ ва напартофтани партовҳо дар дохили масҷид ва дар саҳнҳои он, ба монанди боқимондаи таомҳо ва суфраҳои ифтор, бахусус дар моҳи Рамазон, ё туф кардан дар роҳравҳо ва саҳнҳо ва амсоли ин.
Худдорӣ кардан аз намоз хондан дар роҳравҳо, назди даромадгоҳи дарҳо ва ҷойҳои серодам, бинобар мафсадаҳое, ки аз ин амал бармеояд ва сабаби баста шудани роҳҳо ва зарар расонидан ба мусалмонон мегардад.
Намоз хондани мардон ва занон дар дохили Масҷиди набавӣ ё дар саҳнҳои он, бояд дар ҷойҳои барои ҳар кадоми онҳо махсусгардонидашуда бошад; мард дар паҳлӯи зан ва зан дар паҳлӯи мард набояд намоз хонад ва то ҳадди имкон аз пеш гузаштан аз имом эҳтиёт карда шавад.
Пеш гузоштани пои чап ҳангоми баромадан аз масҷид ва ҳангоми баромадан ин дуоро бигӯяд:
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ».
"Аллоҳумма иннӣ асъалука мин фазлика." (19)19 Ё бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд бифиристад ва бигӯяд:
«رَبِّ اغْفِرْ لِي ذُنُوبِي، وَافْتَحْ لِي أَبْوَابَ فَضْلِكَ».
"Рабби иғфир лӣ зунубӣ, вафтаҳ лӣ абвоба фазлика."20
Чаҳорум: Аҳком ва одоби зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду ёраш (разияллоҳу анҳумо)
* Зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду ёраш - Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) барои аҳли Мадина ва барои касе, ки ба он ҷо ҳамчун мусофир ва зиёраткунанда меояд, мустаҳаб аст. Ва ин ба сабаби умумияти далелҳое аст, ки бар машруъияти зиёрати қабрҳо далолат мекунанд, аз ҷумла ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«نَهَيْتُكُمْ عَنْ زِيَارَةِ القُبُورِ، فَزُورُوهَا».
"Шуморо аз зиёрати қабрҳо наҳй карда будам, аз ин ба баъд онҳоро зиёрат кунед."21
Ва бар фазилати салом фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз вафоташон, ин фармудаи эшон далолат мекунад:
«مَا مِنْ أَحَدٍ يُسَلِّمُ عَلَيَّ، إِلَّا رَدَّ اللهُ عَزَّ وَجَلَّ إِلَيَّ رُوحِي حَتَّى أَرُدَّ عَلَيْهِ السَّلَامَ».
"Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла руҳамро ба ман бозмегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам."22
* Барои занон зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри каси дигар аз мусалмонон ҷоиз нест, зеро зиёрати қабрҳо барои мардон ҷоиз аст, аммо занон аз зиёрати қабрҳо наҳй шудаанд, чуноне ки аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки фармуд:
«لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ زَائِرَاتِ القُبُورِ، وَالمُتَّخِذِينَ عَلَيْهَا المَسَاجِدَ وَالسُّرُجَ».
"Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) занони зиёраткунандаи қабрҳоро ва касонеро, ки бар онҳо масҷидҳо ва чароғҳо қарор медиҳанд, лаънат кард."23 Ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки:
«أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ لَعَنَ زَوَّارَاتِ القُبُورِ».
"Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) занони зиёраткунандаи қабрҳоро лаънат кард."24
* Сафар кардан бо қасди зиёрати қабри Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҷоиз нест, ки бо сафараш фақат зиёрати қабрро ният кунад, балки бо сафараш зиёрати масҷид ва намоз хондан дар онро ният мекунад. Пас, вақте дар Мадина қарор гирифт, барояш зиёрати қабр ҷоиз мегардад, чунонки барои сокинони Мадина он ҷоиз аст; ба далели он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«لَا تُشَدُّ الرِّحَالُ إِلَّا إِلَى ثَلَاثَةِ مَسَاجِدَ: مَسْجِدِي هَذَا، وَمَسْجِدِ الحَرَامِ، وَمَسْجِدِ الأَقْصَى».
"Бори сафар баста намешавад, магар ба сӯи се масҷид: ин масҷиди ман, Масҷидул-ҳаром ва Масҷидул-ақсо."25
Одоби машруъ ҳангоми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду ёраш (разияллоҳу анҳумо).
Зиёраткунанда дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯ ба қабр оварда биистад, сипас ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо адаб ва овози паст салом гуфта, бигӯяд: "Ассалому алайка, эй Расули Худо ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ". Ва агар бар ин зиёда намуда, бигӯяд: "Гувоҳӣ медиҳам, ки шумо рисолатро расонидед, амонатро адо намудед, умматро насиҳат кардед ва дар роҳи Худо ҷиҳоди ҳақиқиро ба ҷо овардед", дар ин боке нест, зеро ин ҳама ҳақ аст.
Сипас як қадам ба тарафи рост гузошта, дар муқобили қабри Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) қарор мегирад ва мегӯяд: "Ассалому алайка ё Абубакри Сиддиқ, ассалому алайка ё халифаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Худо аз шумо розӣ бошад ва шуморо хушнуд гардонад ва аз ҷониби уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шумо подоши нек ато фармояд".
Сипас як қадам ба тарафи рост бигузорад, то дар муқобили қабри Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) қарор гирад ва чунин бигӯяд: "Ассалому алайка, эй Умари Форуқ, Худо аз шумо розӣ бошад ва шуморо розӣ гардонад ва аз ҷониби уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шумо подоши нек ато фармояд."
Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ҳар гоҳ аз сафар бармегашт, ба назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омада, мегуфт: ""Ассалому ъалайка ё Расулаллоҳ, ассалому ъалайка ё Або Бакр, ассалому ъалайка ё абатаҳ, сипас бармегашт."(26"26
Ба деворҳои қабр ва панҷара даст нарасонад ва онҳоро набӯсад:
Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Ҳаргоҳ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) салом диҳад, рӯ ба қабр биистад; на рӯ ба қибла ва наздик шуда, салом диҳад ва қабрро бо дасташ ламс накунад."27
"Ва аимма иттифоқ кардаанд, ки қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо даст ламс карда нашавад ва он бӯса карда нашавад."
Дар назди қабр зиёд намеистад, балки салом медиҳад, сипас бармегардад.
Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Ман раво намебинам, ки шахс дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) истода дуо кунад, балки салом диҳад ва биравад."28
Нофеъ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: "Ибни Умар ба қабр салом медод.. ӯро аз сад бор зиёд дидам, ки ба назди қабр омада, мегуфт: Салом бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Салом бар Абубакр, салом бар падарам, сипас бармегашт."29
Аммо он чи баъзе зиёраткунандагон анҷом медиҳанд, аз қабили баланд кардани овоз дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар он ҷо тӯлонӣ истодан, хилофи шариат аст.
Дуо кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ғайри ӯ аз махлуқот барои ҷалби манфиат ё дафъи зарар, ё талаби баровардани ҳоҷат, ё рафъи мушкилот, ё шифои бемор, ё талаби шафоъат, ё наҷот аз азоб ва ё монанди инҳо аз дуоҳо ҷоиз нест. Зеро дуо кардани ғайри Аллоҳ дар он чи ки касе ҷуз Аллоҳ ба он қодир нест, ҳаром ва ширки акбар аст. Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِي سَيَدۡخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ60﴾
(Парвардигоратон фармуд: "Маро бихонед, то [дуои] шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ бо хорӣ ба ҷаҳаннам ворид мешаванд). (Сураи Ғофир, ояти 60). Ва Аллоҳ Субҳонаҳу мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ عِبَادٌ أَمۡثَالُكُمۡۖ فَٱدۡعُوهُمۡ فَلۡيَسۡتَجِيبُواْ لَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ194﴾
(Бе гумон, онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло мехонед, офаридагоне ҳамчун шумо ҳастанд [аммо ҷомид ва берӯҳ], пас, онҳоро [дар сахтиҳо] бихонед. Агар рост мегӯед, бояд посухатонро бидиҳанд). (Сураи Аъроф, ояти 194). Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا18﴾
(Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед). (Сураи Ҷин, ояти 18).
Дар назди қабр ба даргоҳи Аллоҳ дуо накунад ва агар қасди дуо кардан дошта бошад, аз қабр дуртар рафта, рӯ ба сӯи қибла оварда, дуо кунад ва ҳангоми дуо рӯ ба сӯи қабр наоварад.
Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) фармудааст: "Раво намебинам, ки дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) истода, дуо кунад."
Бисёр рафтуомад кардан ба назди қабр ҳангоми дохил шудан ба масҷид ё хориҷ шудан аз он ҷоиз нест, на барои аҳли Мадина ва на барои зиёраткунандагони берун аз он, зеро хавфи он аст, ки ин амал боиси идгоҳ қарор додани қабр гардад.
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он наҳй карда фармуданд:
«لَا تَتَّخِذُوا قَبْرِي عِيدًا، وَلَا تَجْعَلُوا بُيُوتَكُمْ قُبُورًا، وَحَيْثُمَا كُنْتُمْ فَصَلُّوا عَلَيَّ، فَإِنَّ صَلَاتَكُمْ تَبْلُغُنِي».
«Қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, хонаҳои худро монанди қабристон насозед ва ҳар ҷое бошед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ба ман мерасад."30
Ва маънои "Қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед" аз бозгашти такрорӣ ба он дар вақт ё ҳолати махсус гирифта шудааст, монанди махсус гардонидани зиёрати он дар ҳар рӯз, ҳафта ё моҳ. Ё ҳолати муайяне, ки бо ба вуҷуд омадани он зиёрат карда мешавад ва гуфта шудааст: яъне онро мавсиме қарор надиҳед, ки дар он ҷамъ мешавед.31
Ва Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: "Ва барои касе аз аҳли Мадина, ки ба масҷид дохил мешавад ва аз он хориҷ мегардад, дар назди қабр истодан лозим нест, балки ин барои ғарибон аст."32
Ва ин сухани ӯ (раҳимаҳуллоҳ), ки мегӯяд: "Ва ин фақат барои ғарибон аст", ба ин маънои мутлақи зиёрат аст, на такрори зиёрат ҳангоми вуруд ва хуруҷ.
Дар назди қабр монанди ҳолати намозгузор, бо гузоштани як дасти худ бар дасти дигар, болои сина ё зери он, набояд истод, зеро ин ҳолат хоси намоз аст ва он ҳолати хорӣ ва фурӯтанӣ аст, ки ҷуз барои Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло сазовор нест.
Барои салом додан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз макони дур рӯ ба сӯи қабр оварда намешавад, чуноне, ки баъзе мардум анҷом медиҳанд, зеро ин корро саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ва ё салафи солеҳ, аз ҷумла имомҳои чаҳоргона ва ғайра анҷом намедоданд.
Бо дуо ва ё тиловати Қуръон ва монанди инҳо аз ҳар ҷиҳате, ки бошад, набояд рӯ ба сӯи қабри шариф овард, зеро ин аз ҷумлаи ҳамон бидъатҳои навпайдост. Ва барои мусалмон ҷоиз нест, ки дар динаш чизеро ҷорӣ кунад, ки Худованд ба он иҷозат надодааст. Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) монанди ин амалро инкор карда, гуфтааст: "Охири ин уммат ислоҳ нахоҳад шуд, магар бо он чизе, ки аввалашро ислоҳ кард."33
Машғул нашудан ба аксбардорӣ ва пахши мустақим ҳангоми салом додан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
Ва саллаллоҳу ва саллам ъало набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллам.
***
Феҳраст
Якум: Фазоили Масҷиди набавӣ 3
Дуввум: Мустаҳаб будани зиёрати Масҷиди набавии шариф 6
Сеюм: Одоби зиёрати Масҷиди набавӣ 7
Чаҳорум: Аҳком ва одоби зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду ёраш (разияллоҳу анҳумо) 17
***
tg492v1.0 - 27/06/2026
Ривояти Бухорӣ, рақами (1190), Муслим, рақами (1395) ва лафзаш аз Бухорист.
Ривояти Муслим, рақами (1398).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (227) бо санади саҳеҳ.
Муттафақун алайҳ. Бухорӣ, рақами (1195), Муслим, рақами (1390).
Ривояти Бухорӣ, рақами (636), Муслим, рақами (602).
Муттафақун алайҳ, ривояти Бухорӣ, рақами (846), Муслим, рақами (858) ва муҳталим шахси болиғ аст.
Ривояти Муслим, рақами (443).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (771), бо санади саҳеҳ.
Ривояти Абудовуд, рақами (466), бо санади саҳеҳ.
Муттафақун алайҳ, Бухорӣ, рақами (1171), Муслим, рақами (714).
Муттафақун алайҳ, Бухорӣ, рақами (615), Муслим, рақами (437).
Ривояти Муслим, рақами (438).
Ривояти Муслим, рақами (440).
Ривояти Бухорӣ, рақами (722), Муслим, рақами (417).
Муттафақун алайҳ. Бухорӣ, рақами (1195), Муслим, рақами (1390).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (1321), Ибни Хузайма, рақами (1305), бо санади саҳеҳ.
Ривояти Бухорӣ, рақами (7359), Муслим, рақами (564).
Ривояти Муслим, рақами (713).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (314), бо санади саҳеҳ.
Ривояти Муслим, рақами (977).
Ривояти Аҳмад дар Муснад, рақами (10815), бо санади ҳасан.
Ривояти Абудовуд, рақами (3236), Тирмизӣ, рақами (320), Насоӣ, рақами (2043).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (1056), Ибни Моҷаҳ, рақами (1576), бо санади ҳасан.
Ривояти Бухорӣ, рақами (1189), Муслим, рақами (1397) ва лафзаш аз ӯст.
Ривояти Байҳақӣ дар китоби "Сунани кубро", рақами (10271), бо санади саҳеҳ.
Аш-Шифои Қозӣ Иёз (2/ 199).
Аш-Шифои Қозӣ Иёз (2/ 199).
Ривояти Оҷуррӣ дар китоби Шариат (5/2374), рақами (1853).
Ривояти Аҳмад дар Муснад, рақами (8804), бо санади ҳасан.
Ниг.: Ал-Муфрадот, Роғиби Исфаҳонӣ: (594), Шарҳ-ус-судур би таҳрими рафъ-ил-қубур, Шавконӣ: (16).
Аш-Шифо, Қозӣ Иёз (2/204), Ал-Мадхал, Ибни Ҳоҷ (1/262).
Маҷмӯаи фатвоҳои Ибни Боз (16/ 110).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1189), Муслим, рақами (1397) ва лафзаш аз ӯст.