الوَسَائِلُ المُفِيْدَةُ لِلحَيَاةِ السَّعِيْدَةِ
Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат
الشَّيْخُ عَبْدُ الرَّحمَنِ بْنُ نَاصِرٍ السَّعْدِيُّ
رَحِمَهُ اللهُ
Таълиф
Шайх Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ (раҳимаҳуллоҳ)
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Василаҳои муфид барои зиндагии босаодат
Муқаддима
Ҳамду сано барои Аллоҳе, ки ҳамаи ҳамд аз они Ӯст. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест худои барҳақ магар Аллоҳ, ягона аст ва шарике надорад. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва расули Ӯ аст. Дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ ва бар олу асҳобаш бод.
Аммо баъд:
Осоиш, оромиш ва саодати дил ва дурӣ аз ғаму андӯҳ хостаи ҳар як инсон аст, ки ба воситаи он зиндагии босаодат ба даст меояд ва шодию хушбахтӣ ҳосил мегардад. Барои ин, сабабҳои динӣ, табиӣ ва амалӣ вуҷуд дорад, ки ҷамъ омадани ҳамаи онҳо танҳо барои муъминон имконпазир аст. Аммо барои касоне, ки ғайри онҳоянд, агарчи ин (осоиш) аз ҷиҳате ва сабабе, ки хирадмандонашон барои он талош меварзанд, барояшон ҳосил гардад ҳам, онҳо аз ҷиҳатҳои дигаре, ки судмандтар, устувортар ва аз лиҳози ҳол ва оқибат беҳтаранд, маҳрум мондаанд.
Ва ман дар рисолаи худ барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, ки ҳар инсон дар талоши расидан ба он аст, васоил ва роҳҳоеро зикр мекунам, ки феълан дар ёдам аст.
Пас бархе аз онҳо ба бисёре аз он муваффақ шуда, хушгузаронии хуб ва зиндагии саодатманд насибашон гардид. Ва бархеи дигар дар ҳамаи он ноком шуда, шақовату бадбахтӣ насибашон шуд. Ва бархеи дигар дар миёни ин ду ҳолат қарор доранд, ба ҳамон андозае, ки тавфиқ ёфтаанд. Ва Худованди Таъоло танҳо дафъкунандаи ҳамаи бадиҳо ва муваффақкунандаи ҳамаи хайрҳо ва хубиҳо мебошад.
Фасл: Имон ва амали солеҳ
Бузургтарин ва асоситарини ин роҳҳо ва василаҳо: Имон ва амали солеҳ мебошад, Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ 97﴾
(Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем). (Сураи Наҳл, ояти 97)
Худованд ба ононе, ки соҳиби имони саҳеҳ ва амали солеҳ ҳастанд ваъда додааст, ки дар ин дунё саодатро насибашон мегардонад ва дар дунё ва охират савоб ва подоши нек ба онҳо ато мекунад.
Сабаби ин возеҳ аст; касоне, ки ба Худованд имони комил ва саҳеҳ оварданд, имонашон амали шоиста ба бор меорад, қалбҳоро ислоҳ намуда, ахлоқро накӯ мегардонад ва дунёву охираташонро обод месозад. (Бо ин имони саҳеҳ) Онҳо аз усул ва равишҳое бархурдор мешаванд, ки тамоми асбоби шодмонию хушҳолӣ ва ғаму андуҳро бо онҳо месанҷанд.
Дар ҳолате, ки хушӣ ва саодат барояшон муяссар гардад, ба он ризогии худро нишон дода ва шукри онро ба ҷой меоваранд ва аз он дар корҳои муфид ва судманд истифода менамоянд. Ҳар гоҳе, ки онҳо бо ин тавр амал кардан хушҳол мешаванд, умед ба бақои он ва подоши шукри он ба дасташон меояд, ки хубиҳо ва баракатҳои он аз ин хушбахтиҳо ба маротиб бузург ва азим мебошад.
Ва ҳаргоҳ ғаму андуҳ ба шахси муъмин расад, то ҳадди тавон барои муқовимат бо он мекӯшад, агар имкони сабук карданаш бошад, онро сабук мегардонад ва агар роҳе барои дафъи он набошад, онро таҳаммул карда, сабру шикебоиро пеша мекунад.
Дар натиҷа, аз чунин ҳолатҳо муқовимати судманд, таҷриба ва нерӯ ба даст меояд. Ҳамчунин, бо сабр кардан ва умед бастан ба аҷру савоби илоҳӣ, неъматҳои бузурге ҳосил мешаванд, ки боиси аз байн рафтани ранҷу машаққат мегарданд ва ба ҷойи онҳо хушӣ, орзуҳои нек ва умед ба фазлу савоби Худованд меоянд.
Чунончи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадисе ба ҳамин маъно ишора фармудаанд:
(عَجَبًا لِأَمْرِ الْمُؤْمِنِ، إِنَّ أَمْرَهُ كُلَّهُ خَيْرٌ، إِنْ أَصَابَتْهُ سَرَّاءُ شَكَرَ فَكَانَ خَيْرًا لَهُ، وَإِنْ أَصَابَتْهُ ضَرَّاءُ صَبَرَ فَكَانَ خَيْرًا لَهُ، وَلَيْسَ ذَلِكَ لِأَحَدٍ إِلَّا لِلْمُؤْمِنِ).
«Кори муъмин тааҷҷубовар аст, ки ҳамаи кораш хайр аст, агар хушие ба ӯ расад, шукр мекунад ва ин барои ӯ хайр аст ва агар зиёне ба ӯ расад, сабр мекунад ва ин ҳам барои ӯ хайр аст. Чунин ҳолат танҳо барои шахси муъмин аст.» Ривояти Муслим.
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин амрро баён кард, ки хушӣ ва парешонии муъмин дар ҳарду ҳолат сабаби зиёдати аҷру подоши амалҳояш мегардад; агар ба ду нафаре, ки хайр ё шар (хушӣ ё ранҷу машаққат) барояшон ҳосил гардидааст, нигоҳ кунӣ, мебинӣ, ки ин ҳар ду дар аксуламали он чи ки барояшон расидааст аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ин тафовут дар асоси имон ва амали солеҳи ин ду нафар вобастагӣ дорад. Ва он шахсе, ки имон ва амали солеҳ дорад, хайр ва шар (хушӣ ё ранҷу машаққат)-ро бо шукру шикебоӣ қабул менамояд. Ва аз инҷост, ки барояш хушӣ ва шодмони насиб мегардад ва ғаму андуҳ ва парешониву нороҳатӣ ва тангдилию бадбахтӣ аз ӯ дур мегардад ва дар натиҷаи ин зиндагии хубу саодатманд дар дунё насибаш мешавад. Ва гурӯҳи дигар бошад, неъматҳоро бо саркашӣ, такаббур ва туғён қабул мекунад. Дар натиҷа ахлоқаш фосид шуда, онҳоро монанди ҳайвонот бо тамаъкорӣ ва бетоқатӣ қабул менамояд. Бо вуҷуди ин, дилаш ором набуда, балки аз ҷиҳатҳои гуногун парешон аст. Парешонии ӯ аз як тараф ба хотири тарси аз даст додани чизҳои дӯстдоштааш ва аз тарафи дигар, ба сабаби мушкилоти зиёдест, ки маъмулан аз онҳо ба вуҷуд меояд. Ҳамчунин аз он ҷиҳат, ки нафс ҳеҷ гоҳ ба як ҳад иктифо намекунад, балки ҳамеша орзуманди чизҳои дигарест, ки гоҳ ба даст меоянд ва гоҳе не. Ва агар ба фарзи мисол онҳоро ба даст ҳам орад, боз ҳам аз ҳамон ҷиҳатҳои зикршуда дар ташвишу изтироб аст. Ва бо сахтиҳо ва мушкилот бо ташвишу беқарорӣ, тарс ва дилтангӣ рӯ ба рӯ мешавад. Пас, аз бадбахтии зиндагӣ ва бемориҳои фикриву асабие, ки ба сараш меояд, суол макун. Ва аз тарсе, ки ӯро ба бадтарин ҳолатҳо ва ваҳшатноктарин нороҳатиҳо гирифтор мекунад, зеро ӯ на умеди савобе дорад ва на сабре, ки ӯро тасаллӣ бахшад ва борашро сабук гардонад.
Ва ҳамаи ин бо таҷриба собит ва мушоҳада шудааст ва агар як мисоли ин навъро тадаббур намоӣ ва онро ба аҳволи мардум татбиқ кунӣ, фарқи бузургеро миёни муъмине, ки ба тақозои имонаш амал мекунад ва касе, ки чунин нест, хоҳӣ дид. Ва он ин аст, ки дин ба қаноат кардан ба ризқи Аллоҳ ва ба он чизе, ки Ӯ аз фазлу карами гуногуни Худ ба бандагонаш ато кардааст, бағоят ташвиқу тарғиб менамояд.
Пас, муъмин ҳангоме ки ба беморӣ, фақр ва ё амсоли ин мушкилоте, ки ҳар инсон ба он дучор мегардад, гирифтор мешавад, ба сабаби имон ва қаноату ризояташ ба он чи Аллоҳ Таъоло барояш тақсим кардааст, дилаш орому осуда аст. Қалбаш чизеро, ки барояш муқаддар нашудааст, талаб намекунад. Ӯ ба поёнтар аз худ менигарад, на ба болотар аз худ. Ва чи басо хушнудиву сурур ва осудагии ӯ аз касе, ки ба ҳама хостаҳои дунявӣ расидааст, вале қаноат ба ӯ дода нашудааст, бештар бошад.
Ҳамчунин касе, ки ба муқтазои имон амал намекунад, агар ба фақру нодорӣ гирифтор шавад ё баъзе аз хостаҳои дунявиашро аз даст диҳад, ӯро дар ниҳояти бадбахтиву тирарӯзӣ хоҳӣ ёфт.
Ва мисоли дигар: вақте сабабҳои тарс ба вуҷуд меоянд ва нороҳатиҳо ба инсон рӯ меоранд, шахсе, ки имони саҳеҳ дорад, дилпур ва ором мемонад. Ӯ метавонад ин ҳолати ногаҳониро ба андозаи тавоноии худ бо андеша, гуфтор ва амал идора ва роҳнамоӣ кунад, зеро пешакӣ худро барои рӯ ба рӯ шудан бо чунин нороҳатиҳо омода сохтааст. Ин гуна ҳолатҳо ба инсон оромиш мебахшанд ва дили ӯро устувор месозанд.
Аммо шахси беимон баръакси ҳолати шахси имондорро дорад: вақте тарсу ҳарос ба сараш меояд, замираш музтариб гардида, парешон ҳол мешавад ва фикрҳояш пароканда шуда, тарсу ваҳшат ӯро фаро мегирад. Дар ӯ тарси зоҳирӣ ва изтироби ботинӣ ҷамъ мешавад, ки аслу ҳақиқати онро баён кардан ғайриимкон аст. Агар барои ин гуна одамон баъзе сабабҳои табиӣ, ки ба тамрини зиёд ниёз доранд, муҳайё нагардад, нерӯҳояшон фурӯ рехта ва асабҳояшон дарҳам мешиканад. Ин ҳама ба сабаби надоштани имонест, ки инсонро ба сабр водор мекунад, хусусан дар ҳолатҳои сахту душвор ва шароити ғамангезу ташвишовар.
Пас некӯкор ва бадкор, муъмин ва кофир дар ба даст овардани шуҷоати касбӣ ва дар ғаризае, ки тарсро коҳиш дода, онро сабук месозад, муштараканд. Аммо муъмин бо қувваи имон, сабр, таваккул ба Аллоҳ ва эътимодаш ба Ӯ ва умед доштанаш ба савоби Ӯ фарқ мекунад. Ин корҳо шуҷоаташро меафзоянд, сахтии тарсро барояш сабук мегардонанд ва мушкилиҳоро барояш осон месозанд. Чунонки Аллоҳи Таъоло мефармояд:
﴿...إِن تَكُونُواْ تَأۡلَمُونَ فَإِنَّهُمۡ يَأۡلَمُونَ كَمَا تَأۡلَمُونَۖ وَتَرۡجُونَ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا يَرۡجُونَ...﴾
(Агар шумо [аз хастагӣ ва ҷароҳат] ранҷ мебаред, онон низ чунон ки шумо ранҷ мебаред, ранҷ бурдаанд, вале шумо умеде ба Аллоҳ Таъоло доред, ки онон надоранд). (Сураи Нисо, ояти 104). Ва барои онҳо аз ҷониби Худованд ёрию мадади хосе мерасад, ки тарсҳоро пароканда месозад. Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿...وَٱصۡبِرُوٓاْۚ إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَ﴾
(Ва шикебоӣ кунед, ки бе гумон, Аллоҳ Таъоло бо шикебоён аст).
(Сураи Анфол, ояти 46).
Некӣ кардан ба мардум бо гуфтор ва кирдор Аз ҷумлаи сабабҳое, ки ғаму андуҳ ва изтиробро аз байн мебарад, ин некӣ кардан ба мардум бо гуфтор, кирдор ва анвоъи некиҳост. Ин ҳама хайру эҳсон аст ва Худованд ба василаи он ғаму андуҳро аз накӯкору бадкор ба андозаи некиаш дафъ мекунад. Лекин муъмин аз он баҳра ва насиби комилтар дорад ва бартарии ӯ дар он аст, ки эҳсонаш аз ихлос ва умеди савоб сарчашма мегирад.
Пас, Аллоҳ Таъоло ба хотири хайре, ки ӯ умед дорад, анҷом додани некиро барояш осон мегардонад ва ба сабаби ихлос ва умеди подош доштанаш, нохушиҳоро аз ӯ дур мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿لَّا خَيۡرَ فِي كَثِيرٖ مِّن نَّجۡوَىٰهُمۡ إِلَّا مَنۡ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوۡ مَعۡرُوفٍ أَوۡ إِصۡلَٰحِۭ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ فَسَوۡفَ نُؤۡتِيهِ أَجۡرًا عَظِيمٗا 114﴾
(Дар бисёре аз розгӯиҳои онон [мардум] хайре нест, магар [дар гуфтори] касе, ки ба [додани] садақае ё коре писандида ё созише миёни мардум фармон диҳад. Ва ҳар ки барои хушнудии Аллоҳ Таъоло чунин кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба вай хоҳем дод).
(Сураи Нисо, ояти 114).
Пас, Худованд хабар додааст, ки ҳамаи ин корҳое, ки аз муъмин сар мезананд, хайр аст ва некӣ некиро ҷалб намуда, бадиро дафъ мекунад. Ва ба муъмине, ки талабгори аҷру савоб аст, Худованд подоши бузурге ба ӯ ато мекунад, ки аз ҷумлаи ин подоши бузург: бартараф шудани ғаму андуҳ, парешонӣ ва монанди онҳост.
Фасл дар баёни машғул шудан ба ягон амал ё илми муфид
Аз ҷумлаи сабабҳои рафъи ташвише, ки аз фишори асабҳо ва машғул шудани дил ба баъзе умури нохуш ба вуҷуд меояд, ин машғул шудан ба ягон кор ё илми судманд аст, зеро ин корҳо дилро аз машғул будан ба он чизе, ки боиси ташвишаш гаштааст, бозмедорад. Ва баъзан ба сабаби ин чиз, инсон сабабҳои ғаму андуҳашро фаромӯш мекунад ва дилаш шод гардида, талошаш зиёд мешавад. Ва ин сабаб низ байни муъмину ғайри муъмин муштарак аст. Вале муъмин бо имону ихлос ва умеди аҷру подош дар машғул шудан ба илме, ки онро меомӯзад ё таълим медиҳад ва дар анҷоми амали хайре, ки онро иҷро мекунад, аз дигарон бартарӣ дорад. Агар он амал ибодат бошад, пас ибодат аст ва агар кори дунявӣ ё одате бошад, ки бо нияти нек ва қасди ёрӣ ҷустан ба воситаи он дар роҳи итоати Худованд ҳамроҳ бошад. Пас, ин ҳама дар дафъи ғаму андуҳ ва ғуссаҳо таъсири муассир дорад. Чи басо инсонҳое, ки гирифтори изтиробу нооромӣ ва ғуссаҳои доимӣ шуда, дучори бемориҳои гуногун гаштаанд, пас давои судманди онҳо ин аст: (фаромӯш кардани сабабе, ки онҳоро ғамгин ва музтариб сохтааст ва машғул шудан ба яке аз корҳои муҳими худ).
Ва бояд коре, ки инсон ба он машғул мешавад, чизе бошад, ки нафс ба он унс гирад ва муштоқи он бошад, зеро ин барои расидан ба ин ҳадафи судманд сабаби беҳтар аст. Ва Худованд донотар аст.
Тамаркузи комили фикр ба амали рӯзи имрӯз Яке аз чизҳое, ки ғаму андуҳро аз байн мебарад, ин аст, ки инсон тамоми таваҷҷуҳашро ба кори имрӯзааш равона созад ва худро аз ташвиши оянда ва андуҳи гузашта дур нигоҳ дорад. Барои ҳамин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ғаму андуҳ паноҳ меҷуст. Зеро ғам хӯрдан барои корҳои гузашта, ки баргардонидан ва ҷуброн кардани онҳо имкон надорад, фоидае намебахшад. Ва ташвише, ки аз сабаби тарс аз оянда ба вуҷуд меояд, метавонад зарар расонад. Пас, банда бояд дар фикри имрӯзи худ бошад ва тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои ислоҳи рӯз ва вақти ҳозирааш ҷамъ намояд. Зеро тамаркузи қалб ба ин кор боиси такмили амалҳо мегардад ва банда ба василаи он аз ғаму андуҳ тасаллӣ меёбад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ дуое мекарданд ё уммати худро ба дуое иршод менамуданд, дар баробари ёрӣ ҷустан аз Аллоҳ ва умед доштан ба фазли Ӯ, ба ҷидду ҷаҳд ва талош барои амалӣ гардидани он чизе, ки барои ҳосил шуданаш дуо мекунанд, ташвиқ менамуданд. Ва дурӣ ҷустан аз он чизе, ки барои дафъи он дуо мекард, зеро дуо ҳамроҳ бо амал аст. Пас банда дар корҳое, ки дар дину дунё барояш манфиат дорад, саъю кӯшиш мекунад ва аз Парвардигораш бароварда шудани мақсадҳояшро талаб менамояд ва дар ин амр аз Ӯ мадад мехоҳад, чуноне ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
(احْرِصْ عَلَى مَا يَنْفَعُكَ وَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ وَلَا تَعْجِزْ، وَإِذَا أَصَابَكَ شَيْءٌ فَلَا تَقُلْ: لَوْ أَنِّي فَعَلْتُ كَذَا كَانَ كَذَا وَكَذَا، وَلَكِنْ قُلْ: قَدَرُ اللَّهِ وَمَا شَاءَ فَعَلَ، فَإِنَّ لَوْ تَفْتَحُ عَمَلَ الشَّيْطَانِ).
«Талош кун ва ҳарис бош бад-он чи бароят нафъ мерасонад ва аз Худованд ёрӣ хоста, нотавон машав ва ҳар гоҳ туро чизе бирасад, магӯ, агар ман чунин мекардам, чунин ва чунон мешуд, вале бигӯ Худо муқаддар сохта буд ва он чи Худованд бихоҳад, анҷом медиҳад, зеро калимаи "агар" дарвозаи васвасаи шайтонро боз мекунад». Ривояти Муслим. Пас, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) байни амр ба кӯшиш дар корҳои судманд дар ҳар ҳолат, ёрӣ ҷустан аз Аллоҳ ва таслим нашудан ба нотавонӣ, ки он танбалии зиёновар аст ва байни таслим шудан ба корҳои гузаштаву иҷрошуда ва мушоҳидаи қазову қадари Аллоҳ, ҷамъ намуданд.
Ва корҳоро ба ду қисм тақсим кардааст: қисме, ки банда метавонад барои ба даст овардани он, ё ба даст овардани миқдори имконпазири он, ё барои дафъ кардан ва ё сабук гардонидани он саъю кӯшиш намояд. Дар ин қисм банда ҷаҳду кӯшиши худро ба харҷ медиҳад ва аз Маъбуди худ мадад меҷӯяд. Ва қисме, ки дар он илоҷе нест, банда ба он оромиш меёбад, розӣ мешавад ва таслим мегардад. Бешубҳа, риояи ин асл сабаби хушҳолӣ ва дур сохтани ғаму андуҳ аст.
Фасл дар баёни бисёр зикр кардани Аллоҳ
Яке аз бузургтарин сабабҳо барои шодмонӣ ва оромиши қалб, зикри бисёри Аллоҳ аст. Зеро ин кор дар шод сохтани дил, оромиши он ва рафъи ғаму андӯҳ таъсири аҷибе дорад. Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿...أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ﴾
(Бидонед, ки бо ёди Аллоҳ Таъоло аст, ки дилҳо ором мегирад). (Сураи Раъд, ояти 28). Пас, зикри Аллоҳ барои ба даст овардани ин матлаб, бинобар хусусияти хоси он ва савобу аҷре, ки банда аз он умедвор аст, таъсири азим дорад.
Изҳори неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Аллоҳ Ҳамчунин, шинохтан ва ёд кардани неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Аллоҳ боис мешавад, ки Худованд ғам ва андуҳро дур созад ва бандаро ба шукр водор месозад, ки он волотарин ва баландтарин мартаба аст, ҳатто агар банда дар ҳолати фақру беморӣ ва ё дигар мусибатҳо гирифтор бошад. Зеро ҳар гоҳ ӯ неъматҳои беҳисоби Худовандро, ки бар ӯ ато шудааст, бо он нохушие, ки ба ӯ расидааст, муқоиса кунад, он нохушӣ дар баробари он неъматҳо ҳеҷ нисбате нахоҳад дошт.
Балки нохушиҳо ва мусибатҳо, вақте ки Худованд бандаро ба онҳо мубтало месозад ва ӯ вазифаи сабр, ризо ва таслимро адо менамояд, сахтии он сабук ва бораш кам мегардад. Ва умед доштани банда ба аҷру савоби он ва ибодати Худованд бо сабру ризо, чизҳои талхро ширин мегардонад, чунон ки ҳаловати подоши он талхии сабрро аз ёдаш мебарад.
Нигоҳ кардан ба касоне, ки аз мо поёнтаранд Ва аз ҷумлаи фоидаовартарин чизҳо дар ин маврид, амал кардан ба роҳнамоии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси саҳеҳ аст, ки фармудаанд:
(انْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ أَسْفَلُ مِنْكُمْ وَلَا تَنْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقَكُمْ فَإِنَّهُ أَجْدَرُ أَنْ لَا تَزْدَرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ).
"Ба касоне нигоҳ кунед, ки аз шумо поёнтаранд ва ба касоне, ки аз шумо болотаранд, нигоҳ накунед, зеро ин сазовортар аст, ки неъмати Худоро бар худ кам ва ҳақир нашуморед." Ривояти Муслим. Зеро вақте банда ин амри бузургро мади назар қарор медиҳад, дар ҳар ҳолате, ки бошад, худро аз бисёре аз мардум дар офияту саломатӣ ва ризқу рӯзӣ бартар мебинад. Дар натиҷа, изтироб ва ғаму андуҳаш аз байн рафта, шодиву хурсандиаш ба хотири неъматҳои Аллоҳ, ки дар онҳо нисбат ба дигарон, ки аз ӯ поёнтаранд, бартарӣ дорад, афзун мегардад.
Ва ҳар қадар банда дар бораи неъматҳои зоҳирӣ ва ботинии Худованд, хоҳ динӣ бошанд ва хоҳ дунявӣ, бештар андеша кунад, дармеёбад, ки Парвардигораш ба ӯ хайри зиёде ато карда, шарру бадиҳои бешуморро аз ӯ дур сохтааст. Ва шаке нест, ки ин кор ғаму андуҳро дур карда, боиси шодиву сурур мегардад.
Фасл дар баёни кӯшиш барои дур кардани сабабҳое, ки боиси ғаму андуҳ мешаванд ва ба даст овардани сабабҳое, ки боиси шодию хушбахтӣ мегарданд.
Аз ҷумлаи сабабҳои ба даст овардани хушҳолӣ ва бартараф шудани ғаму андӯҳ, кӯшиш барои аз байн бурдани сабабҳои ғамангез ва ба даст овардани сабабҳои хушҳолист; ин кор бо роҳи фаромӯш кардани нохушиҳои гузашта, ки баргардонидани онҳо имкон надорад ва дарк кардани он, ки машғул сохтани фикр ба онҳо кори беҳудаву ғайриимкон ва навъе аз аҳмақию девонагист, анҷом меёбад. Пас, бояд бо дили худ мубориза барад, то дар бораи онҳо андеша накунад. Ҳамчунин бо дилаш аз ташвиши оянда мубориза барад, аз он чизҳое, ки ба хаёлаш меояд, монанди фақру тарс ва ё дигар нохушиҳое, ки дар ояндаи ҳаёти худ тасаввур мекунад. Пас, банда медонад, ки корҳои оянда номаълум аст, ки дар онҳо чи хайру шар, умеду аламҳо рух медиҳад ва онҳо ба дасти Худованди Азизу Ҳаким аст. Бандагон дар ин корҳо ҳеҷ ихтиёре надоранд, ба ҷуз талош барои ба даст овардани хубиҳо ва дафъи бадиҳои он. Ва банда медонад, ки агар фикри худро аз ташвиш барои ояндааш дур созад ва дар ислоҳи кораш ба Парвардигораш таваккул намояд ва дар ин кор ба Ӯ итминон кунад, қалбаш ором гирифта, аҳволаш некӯ мешавад ва ғаму ташвишаш аз байн меравад.
Истифода аз дуо Аз муфидтарин чизҳо дар мулоҳизаи ояндаи корҳо, хондани ин дуо мебошад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мехонданд:
(اللَّهُمَّ أَصْلِحْ لِي دِينِيَ الَّذِي هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِي وَأَصْلِحْ لِي دُنْيَايَ الَّتِي فِيهَا مَعَاشِي، وَأَصْلِحْ لِي آخِرَتِيَ الَّتِي إِلَيْهَا مَعَادِي، وَاجْعَلِ الْحَيَاةَ زِيَادَةً لِي فِي كُلِّ خَيْرٍ، وَالْمَوْتَ رَاحَةً لِي مِنْ كُلِّ شَرٍّ).
"Парвардигоро! Бароям динамро, ки дар он нигаҳдошти кори ман аст ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман аст ва охиратамро, ки бозгаштам бад-он аст, ислоҳ кун ва зиндагиямро бароям сабаби зиёд шудани корҳои нек ва маргро василаи осоишам аз тамоми бадиҳо бигардон". Ривояти Муслим. Ва дар сухани дигаре мефармоянд:
(اللَّهُمَّ رَحْمَتَكَ أَرْجُو فَلَا تَكِلْنِي إِلَى نَفْسِي طَرْفَةَ عَيْنٍ وَأَصْلِحْ لِي شَأْنِي كُلَّهُ، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنتَ).
"Худоё! Раҳмати Туро умедворам, пас маро ҳатто ба андозаи як мижа задан ба худам вомагузор ва ҳамаи корҳоямро ислоҳ намо, ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ту нест." Ривояти Абудовуд бо исноди саҳеҳ (дуруст). Пас, ҳар гоҳ банда ин дуоро, ки дар он салоҳи ояндаи динӣ ва дунявиаш нуҳуфтааст, бо ҳузури қалб ва нияти содиқ бихонад ва ҳамзамон дар роҳи таҳаққуқи он саъю талош кунад, Худованд он чизеро, ки дуо карда, умед дошта ва барои он амал намудааст, барояш муҳаққақ месозад ва андуҳаш ба шодию сурур мубаддал мегардад.
Фасл дар баёни арзёбии бадтарин эҳтимолот
Аз ҷумлаи сабабҳои муфидтарин барои рафъи парешониву ғаму андӯҳ он аст, ки ҳар гоҳ ба банда мусибате бирасад, барои сабук кардани он кӯшиш кунад. Ба ин сурат, ки бадтарин оқибати имконпазирро тасаввур карда, худро барои он омода созад. Пас, вақте ин корро кард, бояд барои сабук кардани он чи имкон дорад, то ҳадди тавон саъй намояд. Бо ин омодагӣ ва ин кӯшиши судманд, ғаму андӯҳаш аз байн меравад ва ин саъю кӯшиш барои ҷалби манофеъ ва дафъи зарарҳое, ки дар ихтиёри банда аст, сурат мегирад.
Пас, вақте ки ӯ ба ҳолатҳои тарс, беморӣ, фақр ва аз даст додани чизҳои гуногуни дӯстдоштааш рӯ ба рӯ шавад, бояд онро бо оромиш ва омодагии нафс қабул намояд, балки нафсро барои сахттар аз он низ омода созад. Зеро омода сохтани нафс барои таҳаммули сахтиҳо, бори онро сабук ва шиддаташро бартараф месозад. Бахусус агар нафси худро ба андозаи тавоноияш ба муқовимат бо он машғул дорад. Дар ин сурат, дар ӯ омодагии нафс бо кӯшиши судманде ҷамъ мешавад, ки ӯро аз андеша дар бораи мусибатҳо бозмедорад ва бо нафси худ мубориза мебарад, то қувваи муқовиматро дар баробари сахтиҳо нав созад, ва дар ин кор ба Худованд таваккал намуда, ба Ӯ эътимоди комил дошта бошад. Ва бешак, ин корҳо дар ба даст овардани хушнудӣ фоидаи бузург доранд, дар баробари савобе, ки банда аз он дар ин дунё ва охират умедвор аст. Ин амрест мушоҳидашуда ва озмудашуда ва воқеъияти он дар миёни касоне, ки онро таҷриба кардаанд, бисёр зиёд аст.
Фасл дар баёни қуввати дил ва озод будани он аз парешониву таъсирпазирӣ.
Яке аз бузургтарин дармонҳо барои бемориҳои руҳӣ ва асабӣ, балки барои бемориҳои ҷисмӣ низ, ин қуввати қалб ва парешону мутаассир нагаштани он аз ваҳму хаёлотест, ки аз андешаҳои бад сарчашма мегиранд. Ғазаб ва ташвиш аз ҷумлаи сабабҳои дардоваранда ва интизории рух додани нохушиҳо ва аз байн рафтани чизҳои маҳбуб, шахсро ба ғаму андуҳ, бемориҳои қалбӣ ва ҷисмонӣ ва шикасти асаб гирифтор мекунад, ки пайомадҳои нохуше дорад ва мардум зарарҳои зиёди онро мушоҳида кардаанд.
Таваккал кардан ба Аллоҳ Ҳар гоҳ дил ба Аллоҳ эътимод кунад ва бар Ӯ таваккал намояд, ба ваҳму гумонҳо ва хаёлоти бад таслим нашавад, ба Аллоҳ боварӣ дошта, ба фазли Ӯ умед бандад, дар натиҷа ғаму андуҳҳо аз ӯ дур мешаванд, бисёре аз бемориҳои ҷисмӣ ва қалбӣ аз байн мераванд ва дил чунон қуввату кушодагӣ ва шодие ба даст меорад, ки баёни он имконнопазир аст. Чи басо беморхонаҳо аз беморони гирифтори ваҳму хаёлоти фосид пур шудаанд ва ин чизҳо ба дили бисёре аз нерӯмандон - чӣ расад ба заифон, таъсир карда, боиси аҳмақию девонагӣ гаштааст. Ва наҷотёфта касест, ки Аллоҳ ӯро офият бахшида, дар мубориза бо нафсаш муваффақ гардонидааст, то сабабҳои муфидеро, ки дилро қавӣ ва изтироби онро дафъ мекунанд, ба даст орад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ...﴾
(...ва ҳар кас бар Аллоҳ Таъоло таваккал кунад, пас, ҳамон ӯро кофӣ аст...) (Сураи Талоқ, ояти 3). Яъне, ҳар он чи ки дар умури дину дунёяш лозим бошад, барояш басанда аст.
Пас, шахсе, ки бар Аллоҳ таваккал мекунад, қавидил аст, ваҳмҳо ба ӯ таъсир намекунанд ва ҳодисаҳо ӯро парешон намесозанд, зеро медонад, ки ин аз заъфи нафс ва аз сустиву тарсест, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳамзамон медонад, ки Аллоҳ барои касе, ки бар Ӯ таваккал кардааст, кифояти комилро кафолат додааст. Пас ба Аллоҳ эътимод мекунад ва дилаш ба ваъдаи Ӯ ором мегирад, ки дар натиҷа ғам ва ташвишаш аз байн меравад, сахтиаш ба осонӣ, андуҳаш ба шодӣ ва тарсаш ба амният табдил меёбад. Пас, аз Аллоҳ Таъоло офият ва ин ки бар мо қуввати дил ва суботи он ва таваккули комилро ато фармояд, масъалат дорем; таваккуле, ки Аллоҳ барои аҳли он ҳар хайр ва дафъи ҳар нохушояндиву зиёнро кафолат додааст.
Фасл дар баёни одат кунонидани нафс ба таҳаммули айбҳои дигарон
Дар ҳадисе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
(لَا يَفْرَكْ مُؤْمِنٌ مُؤْمِنَةً إِنْ كَرِهَ مِنْهَا خُلُقًا رَضِيَ مِنْهَا خُلُقًا آخَرَ).
"Ҳеҷ марди муъмине нисбат ба зани муъмин (ҳамсараш) бадбинӣ накунад, зеро агар як ахлоқашро написандад, ахлоқи дигарашро меписандад." Ривояти Муслим.
Ду фоидаи бузург:
Яке аз онҳо: роҳнамоӣ ба муомила бо ҳамсар, хешованд, дӯст ва ҳар касе, ки миёни туву ӯ пайванд вуҷуд дорад. Ва бояд худро ба он омода созӣ, ки ногузир дар ӯ айб, нуқсон ё амре, ки нописанди туст, вуҷуд дорад. Пас, агар чунин чизеро дарёфтӣ, онро бо он чи бар ту аз ҳифзи робита ва нигоҳдории муҳаббат воҷиб ё шоиста аст, муқоиса намо ва барои ин кор, хубиҳо ва мақсадҳои хосу оми ӯро ба ёд овар. Бо чашмпӯшӣ аз нуқсонҳо ва таваҷҷуҳ ба хубиҳо, ҳамсуҳбатӣ ва робита бардавом мемонад, роҳат комил мегардад ва насиби ту мешавад.
Фоидаи дуввум: аз байн рафтани ғаму ташвиш, боқӣ мондани сафо, мудовамат дар адои ҳуқуқҳои воҷиб ва мустаҳаб ва ҳосил шудани осоиш байни тарафайн аст. Ва касе, ки аз ин ҳидояти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) роҳнамоӣ наҷӯяд, - балки баръакси он амал намуда, бадиҳоро бубинад ва аз некиҳо чашм пӯшад -, ногузир ба ташвиш меафтад ва ногузир муҳаббате, ки миёни ӯ ва шахси бо ӯ алоқаманд аст, тира мегардад ва бисёре аз ҳуқуқҳое, ки риояи онҳо бар ҳардуяшон воҷиб аст, поймол мешавад.
Ва бисёре аз мардуми ҳимматбаланд, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо офатҳо ва ташвишҳо худро ба сабру оромӣ омода месозанд. Аммо дар корҳои ночизу содда нигарон мешаванд ва оромишашон халалдор мегардад. Сабаб дар он аст, ки онҳо худро барои корҳои бузург омода намуда, дар баробари корҳои хурд раҳо кардаанд ва ин ба онҳо зиён расонида, ба оромишашон таъсир гузоштааст. Пас, шахси дурандеш бояд худро ҳам барои корҳои хурд ва ҳам барои корҳои бузург омода созад ва аз Аллоҳ мадад талаб мекунад, ки ӯро ҳатто як мижа задан ҳам ба ҳоли худаш нагузорад. Дар ин сурат, кори хурд барояш осон мегардад, ҳамон тавре ки кори бузург осон гашта буд. Ва бо рӯҳи ором ва қалби осуда боқӣ мемонад.
Фасл дар баёни худдорӣ аз пайравии ғаму андуҳ
Шахси оқил медонад, ки зиндагии дурусти ӯ зиндагии босаодат ва оромӣ буда, бисёр кӯтоҳ аст. Пас, барояш сазовор нест, ки онро бо ғаму андуҳ кӯтоҳ созад ва худро таслими нохушиҳо намояд, зеро ин бар хилофи зиндагии саҳеҳ аст. Ӯ ба зиндагии худ бахилӣ мекунад, то қисми зиёди онро туъмаи ғаму андуҳ ва нороҳатиҳо нагардонад. Ва дар ин амр миёни некукору бадкор фарқе нест, аммо муъмин аз таҳаққуқи ин сифат баҳраи комилтар ва насиби судманде дар дунёву охират дорад.
Муқоисаи байни неъматҳои Аллоҳ ва нохушиҳое, ки ба ӯ мерасад Ҳамчунин шоиста аст, ки инсон вақте ба нохушие дучор мешавад ё аз он метарсад, байни неъматҳои дигари динӣ ва дунявие, ки дорад ва он нохушие, ки ба ӯ расидааст, муқоиса намояд. Зеро ҳангоми чунин муқоиса фаровонии неъматҳое, ки дар онҳо қарор дорад ва ночиз будани он сахтӣ барояш равшан мегардад.
Ҳамчунин бояд миёни тарси рух додани зарар ва эҳтимолоти зиёди дар амон мондан аз он муқоиса кунад; пас нагузорад, ки эҳтимоли заиф бар эҳтимолоти зиёди қавӣ ғолиб ояд. Ба ин васила ғам ва тарсаш аз байн меравад. Сипас бадтарин эҳтимолеро, ки мумкин аст ба сараш ояд, дар назар бигирад ва худро барои рух додани он, агар воқеъ шавад, омода созад ва барои дафъи он чизе, ки ҳанӯз рух надодааст ва рафъи он чизе, ки воқеъ шудааст, ё сабук кардани он саъю кӯшиш намояд.
Озору азияти мардум ба зарари худи онҳост, модоме ки ту худро ба он машғул насозӣ. Аз ҷумлаи корҳои судманд донистани ин аст, ки озору азияти мардум нисбат ба ту, хусусан бо суханҳои бад, ба ту зарар намерасонад, балки ба худи онҳо зарар мерасонад. Магар ин ки худро ба он машғул созӣ ва иҷозат диҳӣ, ки бар эҳсосоти ту ғолиб ояд, пас дар он сурат, ба ту низ ҳамчун онҳо зарар хоҳад расид. Аммо агар ба он аҳамият надиҳӣ, ҳеҷ зараре ба ту нахоҳад расид.
Зиндагии худро бо афкори судманд зебо бисоз Ва бидон ки ҳаёти ту тобеи афкори туст. Агар афкорат дар мавриди чизе бошад, ки дар дин ё дунё бароят манфиат дорад, пас ҳаётат хубу босаодат мегардад, вагарна ҳол баръакс аст.
Муомила барои Худованд бошад, на барои халқ Аз муфидтарин корҳо барои рафъи андуҳ ин аст, ки худро омода созӣ, то шукрро танҳо аз Худо талаб намоӣ. Пас, агар ба касе, ки бар ту ҳақ дорад ва ё надорад, некӣ кунӣ, бидон, ки ин муомилаи ту бо Худост. Бинобар ин, ба шукри касе, ки ба ӯ неъмат ато кардаӣ, аҳамият надеҳ, чуноне ки Ӯ Таъоло дар ҳаққи бандагони хоси Худ мефармояд:
﴿إِنَّمَا نُطۡعِمُكُمۡ لِوَجۡهِ ٱللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمۡ جَزَآءٗ وَلَا شُكُورًا 9﴾
([Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ Таъоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе»).
(Сураи Инсон, ояти 9).
Ин амр бахусус дар муомила бо хонавода ва фарзандон, ки робитаи қавӣ бо онҳо дорӣ, бештар таъкид мешавад. Пас, ҳар гоҳ нафси худро ба худдорӣ аз расонидани бадӣ ба онҳо омода созӣ, ҳам худро осуда кардаӣ ва ҳам онҳоро. Ва аз ҷумлаи сабабҳои осоиш, ба даст овардани анҷомдиҳии фазилатҳо ва амал намудан ба онҳо бар асоси майли ботинӣ аст, на бо он машаққате, ки туро ноором созад ва боис шавад, ки аз ба даст овардани он фазилат ноумед бозгардӣ, зеро роҳи каҷро пеш гирифтаӣ. Ва ин аз ҳикмат аст, ки аз умури ногувору тира, корҳои поку ширин бисозӣ, ки бад-ин васила софии лаззатҳо афзун гардида, тирагиҳо аз байн мераванд.
Машғул шудан бо корҳои фоидаовар ва тарк кардани корҳои зараровар Корҳои фоидаоварро мади назари худ қарор деҳ ва барои ба даст овардани онҳо кӯшиш намо ва ба корҳои зиёновар таваҷҷуҳ макун, то ба ин васила аз сабабҳое, ки боиси ғаму андуҳ мегарданд, дур шавӣ. Ва дар анҷоми корҳои муҳим аз роҳат ва осудагии хотир кумак биҷӯй.
Ҳаллу фасл кардани амалҳо дарҳол Аз ҷумлаи корҳои судманд, анҷом додани корҳо дар вақти ҳозира ва фориғ шудан барои оянда аст. Зеро агар корҳо дар вақташ ба анҷом нарасанд, корҳои нотамоми пешин ҷамъ шуда, корҳои оянда низ бар онҳо зам мегарданд ва дар натиҷа бори онҳо сангинтар мешавад. Пас, ҳар гоҳ ҳар корро дар вақташ ба анҷом расонӣ, ба корҳои оянда бо қувваи тафаккур ва қувваи амал хоҳӣ пардохт.
Тартиб додани авлавиятҳо бо машварат Бояд аз миёни корҳои судманд муҳимтаринашонро интихоб намуд ва он кореро ихтиёр кард, ки нафс ба он тамоюл дорад ва рағбат дар он бештар аст; зеро хилофи он боиси хастагӣ, дилгирӣ ва парешонхотирӣ мегардад. Ва дар ин кор бояд аз андешаи дуруст ва машварат кумак ҷуст, зеро касе, ки машварат мекунад, пушаймон намешавад. Ва кореро, ки қасди анҷомашро дорад, бояд ба таври дақиқ ва ҳамаҷониба биомӯзад. Пас, вақте ки фоидаовар будани он собит гардид ва иродаи қатъӣ намуд, бояд ба Аллоҳ таваккал кунад; ҳамоно Аллоҳ таваккалкунандагонро дӯст медорад.
Ва сипосу ситоиш аз они Аллоҳ - Парвардигори ҷаҳониён аст.
Ва саллаллоҳу ъало сайидино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам.
Феҳраст
Таълиф 1
Шайх Абдурраҳмон ибни Носир Ас-Саъдӣ (раҳимаҳуллоҳ) 1
Муқаддима 2
Фасл: Имон ва амали солеҳ 3
Фасл дар баёни машғул шудан ба ягон амал ё илми муфид 11
Фасл дар баёни бисёр зикр кардани Аллоҳ 14
Фасл дар баёни кӯшиш барои дур кардани сабабҳое, ки боиси ғаму андуҳ мешаванд ва ба даст овардани сабабҳое, ки боиси шодию хушбахтӣ мегарданд. 16
Фасл дар баёни арзёбии бадтарин эҳтимолот 18
Фасл дар баёни қуввати дил ва озод будани он аз парешониву таъсирпазирӣ. 20
Фасл дар баёни одат кунонидани нафс ба таҳаммули айбҳои дигарон 22
Фасл дар баёни худдорӣ аз пайравии ғаму андуҳ 23
***
tg21v2.1 - 27/06/2026