Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам (тоҷикӣ)

Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам

  • earth Забон
    (тоҷикӣ)
  • earth Таълиф:
    اللجنة العلمية برئاسة الشؤون الدينية بالمسجد الحرام والمسجد النبوي
PHPWord

 

 

 

رَسُولُ الإِسْلَامِ مُحَمَّدٌ ﷺ

 

 

Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам

 

 

 

اللَّجْنَةُ العِلْمِيَّةُ

بِرِئَاسَةِ الشُّؤُونِ الدِّينِيَّةِ بِالمَسْجِدِ الحَرَامِ وَالمَسْجِدِ النَّبَوِيِّ

 

Кумитаи илмӣ вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷид ул-Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам

Кумитаи илмии Раёсати корҳои динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Шарҳи мухтасаре аз паёмбари Ислом Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам, ки инҷо ном, насаб, кишвар, издивоҷ, нишонаҳои нубувват, шариъат, рисолати ӯ, ки ба чи даъват мекунад ва мавқеи мухолифон нисбат ба ӯро, баён мекунам.

1- Ному насаб ва шаҳре, ки онҷо таваллуд ва бузург шудааст

Паёмбари Ислом, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим аз авлоди Исмоил ибни Иброҳим алайҳимус-салом аст.

Зеро паёмбари Аллоҳ ҳазрати Иброҳим алайҳис-салом бо ҳамсараш Ҳоҷар ва писараш Исмоил, ки ҳануз навзод буд, аз Шом ба Макка омад ва онҳоро бо амри Худовандӣ дар Макка сокин кард. Вақте Исмоил ба синни навҷавонӣ расид, ҳазрати Иброҳим алайҳис-салом ба Макка омад ва ҳамроҳ бо ӯ Каъба (байтуллоҳил-ҳаромро)-ро бино кард ва мардум атрофи Каъба зиёд гаштанд ва Макка макони ибодат барои Парвардигори оламиён ва ҳаҷгоҳ барои зоирони хонаи Худо шуд. Мардум инҷо садсолаҳо ба ибодати Худои ягона ва бар миллати Иброҳим алайҳис-салом машғул гаштанд.

Сипас инҳироф ва каҷравӣ ба вуҷӯд омад ва дар нимҷазираи араб низ монанди дигар сарзаминҳои атрофаш одатҳои бутпарастӣ ошкор шуд, ба монанди: ибодати бутҳо, зинда багур кардани духтарон, зулм бар занон, дурӯғгӯӣ, шаробнӯшӣ, амалҳои фаҳшо, хӯрдани моли ятим, рибохурӣ ва...

Дар ин ҷо ва дар чунин вазъият Паёмбари Ислом Муҳаммад ибни Абдуллоҳ аз фарзандони Исмоил ибни Иброҳим алайҳимус-салом дар соли 571 милодӣ ба дунё омад. Падари Паёмбар қабл аз таваллуд ва модараш вақте ӯ шашсола буд вафот намуданд. Пас аз вафоти волидайн амакаш Абутолиб ӯро зери кафолати худ гирифт, ӯ ятим ва нодор ба воя мерасид ва даромади зиндагӣ аз касби дастони худи ӯ буд.

2- Издивоҷи муборак бо бонуи муборак

Дар синни бисту панҷ бо бонуе аз занҳои Макка, Хадиҷа бинти Хувайлид (Разияллоҳу анҳо) издивоҷ кард ва аз ӯ чаҳор духтар ва ду писар ба дунё омад. Писарони Паёмбари Худо ҳанӯз дар синни кӯдакӣ вафот карданд. Муомилаи ӯ бо ҳамсар ва фарзандон дар ниҳояти меҳрубонӣ ва пур аз муҳаббат буд, бинобар ин ҳамсараш Хадиҷа ӯро бисёр дӯст медошт, ҳамонгуна, ки ӯ низ ҳамсарашро дӯст медошт, ҳатто пас аз вафот Паёмбари Худо то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ аз ӯ ёд мекард. Паёмбари Худо гоҳо бинобар изат ва эҳтироме, ки ба Хадиҷа (Разияллоҳу анҳо) дошт гӯсфандеро забҳ намуда ба дӯстони ӯ тақсим мекард.

3- Оғози ваҳй

Расули Аллоҳ Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз овони кӯдакӣ соҳиби ахлоқи нек ва бузург буд, то ҷое, ки ҳатто қавмаш ӯро ростгӯй ва амин меномиданд. Ӯ дар корҳои нек бо қавмаш буд, аммо аз амалҳои бутпарастонаи онҳо нафрат дошт ва дар онҳо ширкат намекард.

Вақте ӯ ба синни чил расид ва дар Макка буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва Ҷабраил (Алайҳис-салом) бо оғози сураи аввалине, ки аз Қуръон нозил шудааст, ба наздаш омад, ки фармудаи Ӯ Таъолост:

﴿اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ 1 خَلَقَ الْإِنسَانَ مِنْ عَلَقٍ 2 اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ3 الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ 4 عَلَّمَ الْإِنسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ 5

([Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид.

[Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид.

Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст.

[Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт.

Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт (5)).

(Сураи Алақ: 1-5)

Паёмбари Худо дар ҳоле, ки дилаш меларзид ба назди ҳамсараш Хадиҷа (Разияллоҳу анҳо) омад ва ончи воқеъ шуда будро ба ӯ гуфт. Хадиҷа (Разияллоҳу анҳо) дар ҳоле, ки ӯро таскин медод ба назди писарамаки худ Варақа ибни Навфал, ки дини насроният пазируфта буд ва огаҳӣ аз Таврот ва Инҷил дошт, бурд. Хадиҷа ба ӯ гуфт: эй писарамак аз писари бародарат бишнав! Варақа ба ӯ гуфт: Эй писари бародар! Чиро дидаи? Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ончи дида будро барояш гуфт. Варақа ба ӯ гуфт:

(Ин ҳамон фаришта (Ҷабраил) аст, ки Аллоҳ бар Мусо (Алайҳис-салом) нозил кард, кош дар овони ҷавонӣ ва бо тануманд мебудам, кош ҳангоме ки қавмат туро берун мекунанд, зинда мебудам. Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Оё онон маро берун мекунанд?" Гуфт: бале, ҳеҷ кас монанди ончи бо он омадаӣ, наомадааст, магар ин ки бо ӯ душманӣ кардаанд, ва агар он рӯз ман зинда бошам ба кумаки ту мешитобам.)

Қуръон пай дар пай дар Макка ба ӯ нозил мешуд, Ҷабраил (Алайҳис-салом) оятҳои Қуръонро аз ҷониби Парвардигори оламиён бо ҷузъиёти рисолаташ нозил мефармуд.

Ҳамвора қавмашро ба ислом даъват мекард, қавмаш дар баробари ӯ душманӣ варзиданд ва дар ивази даст кашидан аз ин даъват ба ӯ мол ва сарварӣ пешниҳод намуданд, аммо ӯ ҳама онро рад мефармуд. Ҳамон гуна, ки қавмҳои гузашта ба паёмбарони худ ҷодугар, дурӯғгӯ ва ифтирогар мегуфтанд, ба ӯ низ нисбат доданд, бар ӯ ҳамвора фишор меоварданд, бар тани шарифаш осеб расониданд ва пайравонашро мавриди озор ва азият қарор медоданд.

Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамвора ба даъвати худ дар Макка идома мефармуд, дар мавсими ҳаҷ ва дар бозорҳои мавсимии арабҳо бо мардум мулоқот намуда ба Ислом даъват мекард, на майл ба дунё ва сарварӣ дошт ва на тарс аз шамшер, ӯ на қудрат дошт ва на подшоҳ буд. Дар оғози даъват аз онон хост то агар метавонанд ояте ҳаммонанди оятҳои Қуръон биоваранд ва ҳамвора ононро ба ин чолиш мекашид ва ҳамингуна саҳобагон (Разияллоҳу анҳум аҷмаъин) яке паи дигар имон меоварданд.

Худованд ӯро дар бо як мӯъҷизаи бузург, Исро (сафар дар шаб) ба Байтулмуқаддас ва сипас меъроҷ ба осмон, гиромӣ дошт. Худованд паёмбарон Илёс ва Исо (Алайҳимус-салом)-ро, чунончи медонем ва дар осори мусулмонон ва насрониён низ омадааст, ба осмон бурдааст.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар осмон дастур ба намозро аз Худованд дарёфт намуд, ҳамон намозе, ки мусалмон дар як рӯз панҷ маротиба адо мекунад, ва дар Макка ба муъҷизаи бузурги дигар, "пора шудани моҳ", ки ҳатто мушрикон бо чашм онро диданд, мушарраф гардид.

Кофирони Қурайш аз ҳар василае барои пешгирӣ аз ӯ истифода мебурданд, бар алайҳи ӯ тавтеа мекарданд, талош мекарданд ӯро аз мардум дур созанд ва дар талаби мӯъҷизаҳо якравӣ мекарданд ва ҳатто аз яҳуд мехостанд барои мунозира ва дур сохтани мардум аз ӯ, далоил ироа намоянд.

Ҳангоме, ки озор ва азияти мӯъминон аз ҷониби кофирони Қурайш бештар шуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо иҷозати ҳиҷрат ба Ҳабашаро дод ва гуфт: "Онҷо подшоҳи одил аст, ки касе назди ӯ зулм намешавад". Ӯ як подшоҳи насронӣ буд ва ду гурӯҳе аз мусалмонон ба онҷо ҳиҷрат карданд. Вақте мусалмонон ба Ҳабаша расиданд рисолати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба подшоҳи Ҳабаша, Наҷошӣ расониданд ва ӯ Ислом пазируфт ва гуфт: Ба Аллоҳ савганд ин (ислом) ва ончи Мусо (Алайҳис-салом) овардааст, аз як манбаъ сарчашма мегиранд. Озор ва азияти Қурайш бар ӯ ва асҳоби гиромияш ҳамоно идома дошт.

Аз ҷумлаи касоне, ки ба ӯ имон оварданд, гурӯҳе аз Мадина буданд, ки дар мавсими Ҳаҷ аз Паёмбари Худо хостанд агар ба Мадина, ки он замон Ясриб номида мешуд биравад ба ӯ байъат намуда нусраташ хоҳанд дод. Паёмбари Худо ба касоне, ки дар Макка монда буданд иҷоза дод то ба Мадина ҳиҷрат кунанд. Пас аз ҳиҷрати онон дини Ислом мунташир гардид, то онҷо, ки ҳеҷ хонае набуд магар инки Ислом ба он ворид шуда буд.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пас аз сездаҳ сол аз биъсат ва даъват ба сӯи Аллоҳ, Худованд ба ӯ иҷозати ҳиҷрат ба Мадинаро фармуд. Пас аз ҳиҷрат ва идомаи даъват, аҳкоми Ислом онҷо пай дар пай нозил мешуд. Сипас Паёмбари Худо оғоз ба ирсоли номаҳо ба сарони қабилаҳо ва подшоҳон намуд ва ононро даъват ба Ислом мекард, аз ҷумла ба: Подшоҳи Рум, Подшоҳи Форс ва Подшоҳи Миср.

Дар Мадина хусуф (офтобгирифтагӣ) рух дод ва мардумро ба ваҳшат андохт, ва он рӯз мусодиф ба марги Иброҳим писари Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) буд. Мардум гуфтанд: офтоб ба хотири вафоти Иброҳим гирифта шуд. Аммо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт:

(إِنَّ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ لَا يَكْسِفَانِ لِمَوْتِ أَحَدٍ، وَلَا لِحَيَاتِهِ، وَلَكِنَّهُمَا مِنْ آيَاتِ اللهِ يُخَوِّفُ اللهُ بِهِمَا عِبَادَهُ).

"Офтоб ва моҳ бар асари марг ва ҳаёти касе гирифта намешаванд, балки он ду нишонае аз нишонаҳои Аллоҳ ҳастанд, ки Аллоҳ бо он ду бандагонашро бим медиҳад".1

Агар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғгӯ буд, истифода аз фурсат гирифтани офтобро барои тарсонидани мардум ба марги писари худ нисбат медод ва мегуфт бубинед, ки хуршед дар марги фарзанди ман гирифта шуд, пас ҳоли касоне, ки маро такзиби мекунанд чи хоҳад шуд?

Худованд Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо ахлоқи комил ороста аст, чунончи Ӯ Таъоло мефармояд:

﴿وَإِنَّكَ لَعَلَىٰ خُلُقٍ عَظِيمٍ 4

(Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ)

(Сураи Қалам: 4)

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо тамоми хислатҳои нек, аз ҷумла: ростгӯӣ, ихлос, поквиҷдонӣ, ҷасорат, адолат, садоқат, вафо ҳатто бо душманонаш ва саховатмандӣ мавсуф буд. Хайру эҳсон ва кумак ба бенавоёну мискинон ва бевазанону бечорагонро дӯст медошт, барои ҳидояти онон ва меҳрубонию хоксорӣ кардан дар баробари онҳо бисёр ҳарис буд, ба гунае, ки ҳатто агар шахси ғарибе барои дидани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) меомад ва чун ӯ дар миёни ёрони худ мебуд, ӯро намешинохт ва мепурсид: кадоме аз шумо Муҳаммад аст?

Бархӯрди ӯ бо ҳама, дӯсту душман, дуру наздик, пиру ҷавон, марду зан ва ҳайвону парранда, ҳамчун як рамзи камол ва бузургворӣ буд.

Чун Худованд динро бар ӯ комил кард ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) рисолати худро бо беҳтарин ваҷҳ иблоғ намуд, дар синни шастусе солагӣ, чиҳил сол қабл аз биъсат ва бистусе сол замони нубувват, ба дунёи охират пайваст.

Ӯ дар Мадинаи Набавӣ дафн карда шуд ва аз ӯ ҷуз як хачири сафед, ки савори он мешуд ва қитъае аз замин, ки барои мусофирон чун садақа буд, чизе дигар барои мерос набуд. 2

Теъдоди касоне, ки ба ӯ имон овардаанд, ӯро тасдиқ карданд ва аз ӯ пайравӣ кардаанд зиёд буд, бештар аз сад ҳазор саҳобагон бо ӯ Ҳаҷҷи видоъ карданд, ки ин воқеа наздик ба се моҳ пеш аз вафоти Паёмбари Худо буд, ва шояд он яке аз асрори ҳифзи дин ва интишори он буд. Ёрони он ҳазрат, ки бар асоси арзишҳо ва мабодии ислом тарбият намуда буд, аз беҳтарини саҳобагон, аз нигоҳи адолат, зуҳд, парҳезгорӣ ва вафодорию фидокорӣ дар роҳи ин дини бузург буданд.

Бузургтарин саҳобагони Паёмбари Худо (Аллоҳ аз ҳамаи онон розӣ бод), ки аз нигоҳи имон, илм, амал, ихлос, тасдиқ, садақа, ҷасорат ва саховатмандӣ пешгом буданд, инҳоянд: Абубакри Сиддиқ, Умар ибни Хаттоб, Усмон ибни Аффон ва Алӣ ибни Абӯтолиб (Разияллоҳу анҳум), ва онҳо аз аввалинҳо буданд, ки ба ӯ имон оварданд ва садоқати ӯро тасдиқ карданд ва баъд аз вафоти ӯ халифаҳои ӯ буданд ва онҳо байрақи динро бардоштанд. Онҳо ҳеҷ як аз вижагиҳои нубувватро надоштанд, ҳамонгуна ки вижагии хосе бар дигар саҳобагонро надоштанд.

Аллоҳ китоби худро, ки ба ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва суннати ӯ, сират ва гуфтору кирдори ӯро ба ҳамон забоне, ки сухан мегуфт, ҳифз намуд. Дар тули торихи башарият сират ва равиши касе монанди сирати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) маҳфуз намондааст, ҳатто равиши хобидан, хурдан, нӯшидан ва ҳатто чигунагии хандидани ӯ маҳфуз мондааст.

Муносибати Паёмбари Худо бо хонаводаи худ чи гуна буд?

Тамоми лаҳзаҳои зиндагии Паёмбари Худо дар сирати ӯ маҳфуз аст, ӯ инсон ва паёмбар аст, ҳеҷ яке аз сифоти рубубият дар ӯ нест, ҳамонгуна ки тавони суд ва зиён расонидан барои худро доро нест.

4 - Паёми ӯ

Пас аз онки куфру ширк ва ҷаҳолат заминро фаро гирифт, Аллоҳ Таъоло Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро фиристод ва дар рӯи замин касе набуд танҳо Аллоҳи ягонаро ибодат кунад ва ба Ӯ шарик қоил нашавад, магар адади каме аз аҳли китоб. Сипас Аллоҳ Таъоло Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба унвони хотами паёмбарон ва расулон фиристод. Худованд ӯро бо ҳидоят ва дини ҳақ бар тамоми оламиён фиристод, то мардумро аз торикиҳои бутпарастӣ ва куфру ҷаҳолат ба нури тавҳид ва имон ҳидоят кунад ва рисолати ӯ комилкунандаи рисолати паёмбарони пешин (Алайҳимус-салоту вас-салом) аст.

Паёмбари Худо ба сӯи ончи даъват мекард, ки ҳама паёмбарон ва расулони пешин (алайҳимус-салом) даъват мекарданд, монанди: Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Сулаймон, Довуд ва Исо, ки Парвардигор ҳамон Аллоҳ, Холиқ, Розиқ, Муҳйи (зиндакунанда), Мумийт (миронанда), Моликул-мулк, тадбиркунанда ва Рауфу Раҳим аст, ва инки Аллоҳ Офаридагори ҳама чиз дар олам, ончи мебинем ва намебинем, аст. Ҳама ҷуз Ӯ Таъоло аз офариниш аст.

Ҳамчунин ӯ ба парастиши Аллоҳи ягона ва тарки ибодати ғайри Ӯ даъват кард, бо равиши хуб ва ба таври равшан баён намуд, ки Аллоҳ Таъоло дар ибодат, мулк, офариниш ва тадбираш ҳеҷ шарике надорад, ҳамон гуна, ки Ӯ Таъоло на (фарзанде) зода аст ва на зода шудааст, монанду масил надорад ва дар тани ҳеҷ яке аз бандагонаш ҳулул ва ё таҷассуд намеёбад.

Паёмбари Худо барои имон овардан ба китобҳои илоҳӣ, аз ҷумла ба Саҳифаҳои Иброҳим ва Мӯсо алаҳимос-салом ва Тавроту Инҷил ва Забур даъват кард, ҳамон гуна, ки барои имон доштан ба ҳамаи паёмбарону расулон алайҳимус-салом даъват кард ва такзиб кардани яке аз паёмбаронро куфр ба ҳамаи онон донист.

Тамоми башариятро ба раҳмати илоҳӣ мужда дод, ва инки Аллоҳ умури ҳамаи онҳоро дар дунё ба уҳдаи худ гирифта аст ва инки Ӯ Таъоло Парвардигори меҳрубон аст. Танҳо Ӯ Таъоло дар рӯзи қиёмат мардумро пас аз он ки аз қабрҳо бармехезанд мавриди муҳосаба қарор медиҳад, Ӯст, ки мӯъминонро барои амалҳои нек, дар баробари ҳар амали нек даҳ баробар, аҷру подош медиҳад ва барои ҳар амали бад, ҷазои як бадӣ медиҳад ва барои мӯъминон дар охират неъматҳо ва саодати ҷовидонӣ ато мекунад. Ва ҳар кӣ кофир шуд ва амалҳои бад анҷом дод, дар дунё ва охират ба сазои худ мерасад.

Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар рисолати худ қабила, шаҳр ё аз шахсияти шарифи худ ситоиш накардааст, балки чунончи мебинем дар Қуръони карим номи паёмбарон Нуҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исо алайҳимус-салом бештар аз номи ӯ зикр шудаанд. Номи ҳеҷ яке аз ҳамсарон ва модари ӯ дар Қуръони карим зикр нашудааст, аммо номи модари Мӯсо зиёда аз як бор ва номи Марям алайҳос-салом сию панҷ бор зикр шудааст.

Расули Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳар ончи хилофи шаръ, ақл, фитрат ва ончи ахлоқи нек намепазирад, маъсум аст. Паёмбарон алайҳимус-салом дар мавриди иблоғи рисолати илоҳӣ, маъсуманд, онҳо мукаллаф ба иблоғи авомири Аллоҳ ба бандагон ҳастанд ва ҳеҷ яке аз хислатҳои рубубият ва улуҳият дар онҳо вуҷӯд надорад, балки онҳо монанди дигар мардумон башар ҳастанд, ки Аллоҳ паёми худро ба онон ваҳй мекунад.

Яке аз бузургтарин далелҳои сидқи ваҳйи илоҳӣ бар Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) рисолати ӯст, ки аз замони нузул то имрӯз, ҳамон гуна, ки нозил шуд, вуҷӯд дорад ва бештар аз якуним милиард мусалмон аз он пайравӣ мекунанд ва воҷиботи шаръии он: намоз, закот, рӯза, ҳаҷ ва дигар умури онро бидуни тағйир ва таҳриф анҷом медиҳанд.

5- Далел ва нишонаҳои нубуввати Муҳаммад (Салому дуруди Худо бар ӯ бод)

Худованд паёмбаронро оят ва нишонаҳое додааст, ки далолат ба нубуввати онҳо мекунад, мӯъҷизаҳое, ки барои имон овардани мардум далел ва басанда аст. Бузургтарини мӯъҷизот, ки ба паёмбарон дода шудаааст, ҳамоно Қуръони карим аст, ки ба Паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дода шудааст, мӯъҷизае, ки то рӯзи қиёмат ҷовид хоҳад монд, чунончи Худованд ӯро бо мӯъҷизоти дигар низ мушарраф гардонид, аз ҷумла:

Исро ва Меъроҷ, ду пора шудани моҳ ва борҳо боридани бориш дар замони қаҳтӣ ва пас аз дуо ба сӯи Аллоҳ то барои мардум борон нозил фармояд.

Зиёд шудани таом ва оби кам, ки мардумони зиёде аз он хурданд ва нӯшиданд.

Хабар аз рӯйдодҳои ғайбӣ дар гузашта, ки касе аз ҷузъиёти онҳо огаҳ набуд ва Худованд ба ӯ хабар медод, монанди саргузашти паёмбарон алайҳимус-салом бо ақвоми худ ва қиссаи асҳоби Каҳф.

Рӯйдодҳои ғайбӣ, ки дар оянда рух хоҳанд дод ва Худованд ӯро аз онҳо огаҳ сохтааст, монанди оташе, ки аз сарзамини Ҳиҷоз бармехезад ва аҳли Шом онро мебинанд, ва мусобиқа миёни мардум дар бинои қасрҳо ва баландошёнаҳо

Ва кифояти Аллоҳ бар ӯ ва дар амон нигоҳ доштани ӯ аз мардум.

Таҳаққуқ ёфтани ваъдаҳои ӯ, ки ба саҳобагон гуфта буд, монанди:

(لَتُفْتَحَنَّ عَلَيْكُمْ فَارِسُ وَالرُّومُ، وَلَتُنْفَقَنَّ كُنُوزَهُمَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ).

(Форс ва Румро фатҳ мекунед ва ганҷҳои онҳоро дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед).

Ҳимояти Аллоҳ аз ӯ ба воситаи фариштагон.

Муждаи паёмбарон (Алайҳимус-салом) бар ақвоми худ аз рисолати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам), аз ҷумла: Мӯсо, Довуд, Сулаймон ва Исо (Алайҳимус-салом) ва дигар паёмбарони банӣ Исроил.

Мӯъҷизаи дигари Паёмбари Худо далелу мисолҳои ақлӣ аст (5), ки ақли солим онро қабул мекунад.3

Оёти мазкур ва далелу мисолҳои ақлии собит дар Қуръони карим ва Суннати набаввӣ ва оёти фаровони дигаре дар ин маврид вуҷӯд дорад, ки агар ҳар кӣ онҳоро дарк кардан хоҳад, бояд ба Қуръони карим, китобҳои Суннат ва зиндагиномаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) муроҷиат кунад, зеро хабари яқин дар ин маворид ва зикри мӯъҷизаҳо ҳама онҷост.

Дар ҳоли набуд ва адами вуқӯъи муъҷизоти мазкур, мухолифони ӯ аз кофирони Қурайш ва яҳуду насороро, ки дар нимҷазираи Араб буданд, фурсате буд барои инкори рисолат ва барҳазар доштани мардум аз ӯ.

Қуръони карим китобе аст, ки Аллоҳ Таъоло онро бар Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил фармуд ва он сухани Парвардигори оламиён аст. Аллоҳ Таъоло Дар Қуръони карим ҷин ва инсро ба чолиш кашидааст, ки агар метавонанд монанди он ё яке аз сураҳои онро биёваранд, ва ин чолиш ҳанӯз ва то замони мо боқист. Қуръони карим ба пурсишҳои зиёди муҳим, ки мардумро дар ҳайрат гузоштааст, посух мегӯяд. Қуръони карим ба ҳамон забони арабӣ, ки нозил шудааст то ин замон маҳфуз аст ва ҳеҷ ҳарфе аз он кам ва зиёд нашудааст ва то имрӯз ҳамон гуна чоп ва нашр мешавад. Қуръон як китоби бисёр бузург ва мӯъҷизаосое аст, ки арзиши хондан ва ё хондани тарҷумаи маъонии онро дорад, ва ҳар кӣ аз омӯхтан ва имон овардан ба он ғофил шуд, хайри зиёдеро аз даст додааст.

Ҳамонгуна, ки Суннат ва сирату таъолими Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз роҳи силсилаи ровиёни мувассақ ва бо ҳамон забони арабӣ, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) сухан мегуфтанд -гӯи он ҳазрат дар миёни мо зиндагӣ мекунад- ва ба дигар забонҳо низ тарҷума шудааст, маҳфуз аст ва чопу нашр мешавад. Қуръони карим ва Суннати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ду масдар ва сарчашмаи ягона барои аҳком ва шариъати исломӣ ҳастанд.

6- Шариъате, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст.

Шариъате, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, шариати Ислом аст ва он хотимаи шариъатҳои раббонӣ ва паёмҳои илоҳӣ аст. Шариъати исломӣ низ монанд ба шариъатҳои дигар паёмбарон аст, ҳарчанд шеваҳои он бо онҳо мутафовит аст.

Шариъати исломӣ як шариъати комил ва ҷавобгӯи ҳар давру замон аст, дар он салоҳи дин ва дунёи мардумон аст, шомили тамоми ибодоте аст, ки бар бандагон воҷиб аст, монанди намоз ва рӯза. Тамоми муъомилот, молӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва зисти-муҳитии ҷоиз ва нораво ва дигар мавридҳоеро, ки дар зиндагии дунё ва охираташон ниёз доранд, нишон медиҳад.

Ин шариъат аз дин, хун, номус, мол, ақл ва насли мардум муҳофизат мекунад, ҳамагуна некӣ ва фазилатро дар бар мегирад, аз ҳаргуна шару разолат ҳушдор медиҳад, ба каромати инсонӣ, муътадилӣ, адлу ихлос, покӣ ва нек анҷом додани аъмол, муҳаббат ва хайрхоҳӣ ба мардум, ҳифзи рӯҳ ва амнияти ватан ва ба таҳрими тарсонидани мардум ба ноҳақ, даъват мекунад. Паёмбари Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо зулму фасод, бо ҳама шаклу зуҳуроти он, бо хурофот, гӯшагирӣ ва руҳбоният, мубориза мебурд.

Паёмбари Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки Аллоҳ ба инсон, чи мард ва чи зан, арҷ мегузорад ва ҳуқуқи комили ӯро кафолат медиҳад, ӯро барои тамоми амалҳо, тасаруфот ва интихобаш масъул медонад, ҳамон гуна, ки ӯро масъули ҳар амале медонад, ки ба худ ва дигарон осеб мерасонад. Шариъат мард ва занро дар имон, масъулият, подош ва ҷазо баробар гардонидааст ва барои занон таваҷҷуҳи вижае дорад, чи дар нақши модар ё ҳамсар ё духтар ва чи дар нақши хоҳар бошад.

Бо шариъате, ки Расули Худо Муҳаммад (Саллаоҳу алайҳи ва саллам) омад, ақлро ҳифз мекунад ва ҳар ончи онро фосид мекунад, ба монанди шароб, ҳаром гардонид. Ислом динро нуре медонад, ки роҳи ақлро равшан мекунад, то инсон Парвардигорашро бо ақлу дониш, ибодат кунад. Шариъати Ислом мақоми ақлро баланд бардошта онро меҳвар ва асоси масъулият қарор дод ва онро аз занҷири хурофот ва бутпарастӣ раҳо сохт.

Шариъати Ислом аз илм ва дониши дуруст ситоиш ва ба пажӯҳишҳои илмии бадур аз ҳавои нафс ташвиқ мекунад, ҳамонгуна, ки хостори андеша ва тафаккур дар мавриди худи мо ва ҷаҳони атроф аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ натиҷаҳои илмии дурусти илм бо ончи ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст мунофот надорад.

Дар шариъати исломӣ бартарӣ миёни ҷинси мушаххаси мардум ва ҷинси дигар вуҷӯд надорад, ҳамон гуна, ки ҳеҷ қавме бар дигаре бартарӣ надорад, балки дар баробари ҳукми он ҳама баробаранд, зеро мардум дар асл ҳама баробар ва ҷинсе бар ҷинси дигар ва қавме бар қавми дигар бартарӣ надорад, магар ба тақво ва парҳезгорӣ. Расули Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) хабар додаанд, ки ҳар навзод бар фитрат (-и ислом) ба дунё меояд ва ҳеҷ кас гунаҳкор ё вориси гуноҳи каси дигар таваллуд намешавад.

Дар шариъати Ислом Аллоҳ тавбаро машруъ гардонидааст, ки иборат аст аз: рӯй овардани инсон ба сӯи Парвардигор ва тарки гуноҳ. Ислом гуноҳони қабл аз худро маҳв мекунад ва тавба гуноҳони қабл аз худро дур месозад, пас ниёз ба эътироф ба гуноҳони худ назди инсони дигаре нест. Робитаи инсон бо Худо дар Ислом робитаи мустақим аст ва ниёзе ба восита миёни шумо ва Худо нест. Ислом моро аз худо сохтани инсонҳо ва шарик қарор додани ӯ дар рубубият ва улуҳияти Аллоҳ манъ фармудааст.

Шариъати исломӣ, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овард, носихи шариъатҳои қаблӣ аст, зеро шариъати исломӣ, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди Аллоҳ овардааст, охирон шариъатҳо ва барои ҳамаи оламиён ва то рӯзи қиёмат аст, бинобар ин шариъатҳои моқаблро насх кард, чунончи шариъатҳои қаблӣ моқабли худро насх мекарданд. Аллоҳ Таъоло шариъате ҷуз шариъати ислом намепазирад ва дине ҷуз Ислом, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, қобили қабул нест ва ҳар кӣ дине ғайр аз Ислом қабул кунад аз ӯ пазируфта намешавад. Ҳар кӣ бихоҳад тафсилоти аҳкоми ин шариъатро бидонад, бояд онҳоро дар китобҳои мӯътамад, ки Исломро муаррифӣ мекунад, биҷӯяд.

Ҳадафи шариъати исломӣ, ҳамон ҳадафи тамоми рисолоти илоҳӣ аст, ки: дини ҳақ ба инсон бартарӣ медиҳад, то бандаи холиси Парвардигори ҷаҳониён гардад ва ӯро аз хурофот ва ғуломӣ ба инсон ё ба дигар ҷимодот, озод мекунад.

Шариъати Ислом барои ҳар давру замон ва макон муносиб ва муътабар аст ва дар он чизе мухолиф ба манофеи аслии инсон нест, зеро он ваҳйи илоҳист ва Ӯ Таъоло худ ба ниёзи мардум донотар аст. Мардум ниёз ба шариъате доранд, ки дар худ дуруст бошад, на бо худ дар хилоф бошад, ва ниёз ба дине доранд, ки авзоъи башарро ба салоҳ оварад, на инки аз ҷониби худи башар вазъ шуда бошад, балки машрӯъ аз ҷониби Аллоҳ бошад, то мардумро ба роҳи рост ва некӣ ҳидоят кунад, ва чун ба он гардан ниҳанд, кори онҳо ба салоҳ ояд ва аз зулму ситами якдигар дар амон бошанд.

7- Мавқеи мухолифони Паёмбари Худо нисбат ба ӯ ва шаҳодати онҳо бар ӯ

Шакке нест, ки ҳар паёмбарро мухолифон буд ва бо ӯ мухолифат мекарданд, садди роҳи даъвати ӯ мешуданд ва мардумро аз имон овардан ба ӯ манъ мекарданд. Расули Худо Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ҳам дар зиндагӣ ва пас аз вафот низ душманони зиёд буд, ки Аллоҳ ӯро бар ҳамаи онҳо пирӯз гардонид, ва шаҳодатҳои бешуморе -дар гузашта ва дар ин замон- дар мавриди нубуввати ӯ аз онҳо содир шуд ва бар ончи ӯ омадааст монанди он аст, ки паёмбарони пешин (Алаҳимус-салоту вассалом) овардаанд, ва онон худ медонанд, ки ӯ бар ҳақ аст. Аммо бисёре аз онҳоро монеаҳои зиёде аз имон ба ӯ бозмедорад, аз ҷумла ишқ ба вазифа, тарс аз ҷомеа ва ё бими аз даст рафтани пул ва моле, ки аз мансаб ва ҷойгоҳи худ ба даст меоранд.

Ва сипосу ситоиш аз они Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён аст.

Феҳраст

 

Кумитаи илмии Раёсати корҳои динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ 2

1- Ному насаб ва шаҳре, ки онҷо таваллуд ва бузург шудааст 2

2- Издивоҷи муборак бо бонуи муборак 3

3- Оғози ваҳй 4

4 - Паёми ӯ 12

5- Далел ва нишонаҳои нубуввати Муҳаммад (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) 15

6- Шариъате, ки Паёмбар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст. 19

7- Мавқеи мухолифони Паёмбари Худо нисбат ба ӯ ва шаҳодати онҳо бар ӯ 23

 

***

 

 

tg449v1.0 - 27/06/2026


Саҳеҳи Бухорӣ (4461) 6/15

Монанди фармудаи Аллоҳ Таъоло: (Эй мардум, [дар бораи нотавонии бутҳо] масале зада шудааст, пас, ба он гӯш диҳед: Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, ҳатто агар [ҳамагӣ] барои ин [кор] ҷамъ шаванд. Ва агар он магас чизе аз онон бирабояд, наметавонанд онро бозпас гиранд. [Оре] Хостор ва хоста [бут ва магас] ҳар ду нотавонанд.) (Сураи Ҳаҷ: 73)

Саҳеҳи Муслим (901)