بَيَانُ كُفْرِ وَضَلَالِ مَنْ زَعَمَ أَنَّهُ يَجُوزُ لِأَحَدٍ الخُرُوجُ مِنْ شَرِيعَةِ مُحَمَّدٍ ﷺ
Баёни куфр ва гумроҳии касе, ки гумон мекунад баромадан аз шариати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳар кас ҷоиз аст
لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ
عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ
رَحِمَهُ اللهُ
Таълиф Аллома Шайх
Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Рисолаи дувоздаҳум:
Баёни куфр ва гумроҳии касе, ки гумон мекунад баромадан аз шариати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳар кас ҷоиз аст
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар охирин паёмбарон ва расулон, паёмбари мо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бар тамоми хонадон ва асҳобаш.
Аммо баъд:
Ман мақолаеро, ки дар рӯзномаи «Аш-Шарқ-ул-Авсат» дар шумораи (5824), санаи 5/6/1415 ҳ. нашр шудааст, мутолиа кардам, ки онро шахсе бо номи Абдулфаттоҳ ал-Ҳоик таҳти унвони «Фаҳми хато» навиштааст.
Хулосаи мақола чунин аст: ӯ он чизеро инкор мекунад, ки дар дини Ислом ба таври зарурӣ, бо далели нас ва иҷмоъ маълум аст, яъне умумияти рисолати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳамаи мардум. Ӯ иддао мекунад, ки ҳар касе аз Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ накарда ва ба ӯ итоат накардааст, балки яҳудӣ ё насронӣ боқӣ мондааст, бар дини ҳақ аст. Сипас, ӯ нисбат ба Парвардигори ҷаҳониён — Субҳонаҳу — ҷуръат карда, ҳикмати Ӯро дар азоб додани кофирон ва гунаҳкорон зери шубҳа бурда, онро амали беҳуда шуморидааст.
Ӯ матнҳои шаръиро таҳриф намуда, онҳоро дар ғайри макони худ қарор дода, мувофиқи хоҳишоти худ тафсир кардааст. Ҳамчунин муаллиф аз далелҳои шаръӣ ва матнҳои сареҳе, ки ба умумияти рисолати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ба куфри касе, ки дар бораи ӯ шунида ва аз ӯ пайравӣ накардааст ва ин ки Аллоҳ Таъоло дине ҷуз Исломро намепазирад, далолат мекунанд, рӯй гардонда, то бо суханонаш ҷоҳилонро фиреб диҳад. Ин амали ӯ куфри ошкор, баргаршт аз дини Ислом (ридда) ва дурӯғ баровардани Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло ва Паёмбараш (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, чунонки инро аҳли илм ва имон, ки ин мақоларо хондаанд, медонанд.
Бар ҳоким воҷиб аст, ки ӯро ба додгоҳ супорад, то аз ӯ тавба талаб намоянд ва мувофиқи тақозои шариати пок дар ҳаққи ӯ ҳукм кунанд.
Худованд Субҳонаҳу ва Таъоло умумияти рисолати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва зарурати пайравӣ аз ӯро бар ҳамаи инсонҳо ва ҷиниён баён кардааст ва аз ин амр ҳар мусалмоне, ки андаке аз илм баҳра дорад, бехабар нест.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِ ٱلنَّبِيِّ ٱلۡأُمِّيِّ ٱلَّذِي يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَكَلِمَٰتِهِۦ وَٱتَّبِعُوهُ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ158﴾
(Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ Таъоло ба сӯйи ҳамаи шумо ҳастам. Ҳамон [Парвардигоре], ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст, маъбуде [барҳақ] ҷуз Ӯ нест; зинда мекунад ва мемиронад, пас, ба Аллоҳ Таъоло ва фиристодааш – он паёмбари дарснохондае, ки ба Аллоҳ Таъоло ва суханонаш бовар дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед») (Сураи Аъроф, ояти 158). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ لِأُنذِرَكُم بِهِۦ وَمَنۢ بَلَغَ...﴾
[ва ин Қуръон [аз ҷониби Ӯ] бар ман ваҳй шудааст, то ба василаи он ба шумо ва ҳар ки [ин паём ба ӯ] мерасад, ҳушдор диҳам.] (Сураи Анъом, ояти 19). Инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ31﴾
([Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ Таъоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст) (Сураи Оли Имрон, ояти 31). Дар ояти дигаре мефармояд:
﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ85﴾
(Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст) (Сураи Оли Имрон, ояти 85). Ва дар ояти дигар омадааст:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا كَآفَّةٗ لِّلنَّاسِ بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا...﴾
([Эй Паёмбар] Мо туро ҷуз башоратбахш ва бимдиҳандае барои ҳамаи мардум нафиристодаем...) (Сураи Сабаъ, ояти 28). Боз Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ107﴾
(Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем) (Сураи Анбиё, ояти 107). Дар ҷои дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَقُل لِّلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡأُمِّيِّـۧنَ ءَأَسۡلَمۡتُمۡۚ فَإِنۡ أَسۡلَمُواْ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ﴾
(ва ба аҳли китоб [яҳудиён ва масеҳиён] ва мушрикон бигӯ: "Оё шумо ҳам таслим шудаед"? Агар таслим шаванд, ҳатман ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шуданд [ва сарпечӣ карданд, ғамгин машав, зеро] ту вазифае ҷуз расондан [-и ваҳй] надорӣ; ва Аллоҳ Таъоло ба [аҳволи] бандагон биност) (Сураи Оли Имрон, ояти 20). Ва Аллоҳ Субҳонаҳу мефармояд:
﴿تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا1﴾
(Пурбаракат [ва бузургвор] аст, касе, ки Қуръонро [ки ҷудокунандаи ҳақ ва ботил аст] бар бандааш нозил кард, то бимдиҳандаи ҷаҳониён бошад) (Сураи Фурқон, ояти 1).
Бухорӣ ва Муслим аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят кардаанд, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«أُعْطِيتُ خَمْسًا لَمْ يُعْطَهُنَّ أَحَدٌ قَبْلِي: نُصِرْتُ بِالرُّعْبِ مَسِيرَةَ شَهْرٍ، وَجُعِلَتْ لِيَ الْأَرْضُ مَسْجِدًا وَطَهُورًا، فَأَيُّمَا رَجُلٍ مِنْ أُمَّتِي أَدْرَكَتْهُ الصَّلَاةُ، فَلْيُصَلّ، وَأُحِلَّتْ لِيَ الْمَغَانِمُ، وَلَمْ تُحَلَّ لِأَحَدٍ قَبْلِي، وَأُعْطِيتُ الشَّفَاعَةَ، وَكَانَ النَّبِيُّ يُبْعَثُ إِلَى قَوْمِهِ خَاصَّةً، وَبُعِثْتُ إِلَى النَّاسِ عَامَّةً».
"Ба ман панҷ чиз дода шудааст, ки пеш аз ман ба ҳеҷ паёмбаре дода нашудааст: Тарс (руъб), аз масофаи як моҳа душманонам дучори тарсу ваҳм мешаванд;
замин барои ман масҷид ва пок қарор дода шудааст, бинобар ин ҳар куҷо ки вақти намоз фаро расад, уммати ман ҳамонҷо намозашро мегузорад;
ғаниматҳо барои ман ҳалол гардонида шуданд, дар ҳоле ки барои ҳеҷ касе пеш аз ман ҳалол набуданд; ҳамчунин ба ман ҳаққи шафоат дода шудааст.
Ва Паёмбарони пеш аз ман танҳо ба қавми хеш фиристода мешуданд, вале ман ба ҳамаи мардум фиристода шудаам".
Ин баёни ошкорест, ки рисолати Паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои тамоми башар умумӣ ва шомил буда, ҳамаи шариатҳои пешинро насх кардааст. Ва ҳар касе, ки аз Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ накунад ва аз ӯ итоат нанамояд, кофир ва осӣ буда, сазовори азоби Ӯст. Дар ин маврид Худованд мефармояд:
﴿...وَمَن يَكۡفُرۡ بِهِۦ مِنَ ٱلۡأَحۡزَابِ فَٱلنَّارُ مَوۡعِدُهُۥ...﴾
(...ва ҳар касе аз гурӯҳҳо[-и мухталифи мушрикон], ки ба он куфр биварзад [ва инкораш кунад], оташи дӯзах ваъдагоҳи ӯст...) (Сураи Ҳуд, ояти 17). Дар ояти дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ﴾
(... пас касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд аз ин ки андуҳ ва балое бар сарашон биёяд ё ба азобе дарднок гирифтор шаванд) (Сураи Нур, ояти 63). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَتَعَدَّ حُدُودَهُۥ يُدۡخِلۡهُ نَارًا خَٰلِدٗا فِيهَا وَلَهُۥ عَذَابٞ مُّهِينٞ14﴾
(Ва ҳар ки аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбараш нофармонӣ намояд ва аз ҳудуди Ӯ таҷовуз кунад, вайро дар оташе ворид мекунад, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барояш азоби хоркунанда [дар пеш] аст) (Сураи Нисо, ояти 14). Дар ояти дигаре низ мефармояд:
﴿...وَمَن يَتَبَدَّلِ ٱلۡكُفۡرَ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ﴾
(Касе, ки куфрро ба [ҷойи] имон баргузинад, мусалламан роҳи ростро гум кардааст) (Сураи Бақара, ояти 108). Дар ин маънӣ оятҳо зиёданд.
Ва Аллоҳ Таъоло итоати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо итоати Худ қарин сохта, баён доштааст, ки ҳар ки дине ғайр аз Исломро бипазирад, зиёнкор аст ва аз ӯ на товоне ва на бадале пазируфта намешавад. Ӯ Таъоло мефармояд:
﴿وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾
(Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст) (Сураи Оли Имрон, ояти 85). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ...﴾
(Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ Таъоло итоат кардааст) (Сураи Нисо, ояти 80). Инчунин Худованд мефармояд:
﴿قُلْ أَطِيعُوا اللَّهَ وَأَطِيعُوا الرَّسُولَ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا عَلَيْهِ مَا حُمِّلَ وَعَلَيْكُمْ مَا حُمِّلْتُمْ وَإِنْ تُطِيعُوهُ تَهْتَدُوا...﴾
(Бигӯ: «Аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбар итоат кунед, пас, агар сарпечӣ кардед, паёмбар масъули чизест, ки бар ӯ таклиф шудааст [иблоғи ваҳй] ва шумо низ масъули чизе ҳастед, ки ба он таклиф шудаед; аммо агар аз ӯ итоат кунед, ҳидоят мешавед») (Сураи Нур, ояти 54). Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا أُولَئِكَ هُمْ شَرُّ الْبَرِيَّةِ 6﴾
(Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд) (Сураи Байина, ояти 6).
Муслим дар "Саҳеҳ"-аш ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ؛ لَا يَسْمَعُ بِي أَحَدٌ مِنْ هَذِهِ الْأُمَّةِ، يَهُودِيٌّ وَلَا نَصْرَانِيٌّ، ثُمَّ يَمُوتُ وَلَمْ يُؤْمِنْ بِالَّذِي أُرْسِلْتُ بِهِ؛ إِلَّا كَانَ مِنْ أَهْلِ النَّارِ».
"Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, ҳеҷ кас аз ин уммат, хоҳ яҳудӣ ва хоҳ насронӣ бошад, (хабари паёмбарии) манро шунавад, сипас бимирад ва ба он чи ман фиристода шудаам, имон наоварад, ба таҳқиқ аз аҳли ҷаҳаннам хоҳад буд".
Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо кирдору гуфтори худ ботил будани дини касонеро, ки ба дини Ислом надаромадаанд, баён намуданд; чунончи, бо яҳуду насоро, ҳамчунин бо дигар кофирон ҷангиданд ва аз касоне аз онҳо, ки ҷизя медоданд, онро қабул намуданд, то монеи расидани даъват ба дигарон нашаванд ва то ҳар касе аз онҳо, ки бихоҳад, бидуни тарс аз қавмаш, ки ӯро боздоранд, монеъ шаванд ё бикушанд, ба Ислом дохил шавад.
Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардаанд, ки гуфт: Замоне ки мо дар масҷид будем, Расули Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун омаданд ва фармуданд:
«انْطَلِقُوا إِلَى يَهُودَ، فَخَرَجْنَا مَعَهُ حَتَّى جِئْنَا بَيْتَ الْمِدْرَاسِ، فَقَامَ النَّبِيُّ ﷺ، فَنَادَاهُمْ فَقَالَ :يَا مَعْشَرَ يَهُودَ، أَسْلِمُوا تَسْلَمُوا، فَقَالُوا: قَدْ بَلَّغْتَ يَا أَبَا الْقَاسِمِ، فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: ذَلِكَ أُرِيدُ، أَسْلِمُوا تَسْلَمُوا، فَقَالُوا: قَدْ بَلَّغْتَ يَا أَبَا الْقَاسِمِ، فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: ذَلِكَ أُرِيدُ، ثُمَّ قَالَهَا الثَّالِثَةَ...».
«(Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:) «Ба сӯи яҳудиён биравед». Пас, мо ҳамроҳи ӯ рафтем, то ба Байт-ул-мидрос (омӯзишгоҳ ва мадрасаи яҳудиён) расидем. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бархоста, онҳоро нидо кард ва фармуд: «Эй ҷамоати яҳуд, ислом биёваред, то саломат бимонед». Онҳо гуфтанд: «Паёми худро расондӣ, эй Абулқосим». Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо фармуд: «Ман ҳаминро мехоҳам, ислом биёваред, то саломат бимонед». Онҳо боз гуфтанд: «Паёми худро расондӣ, эй Абулқосим». Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо фармуд: «Ман ҳаминро мехоҳам». Сипас бори сеюм низ ҳаминро фармуд...» Ҳадис.
Мақсад ин аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди диндорони яҳуд ба омрӯзишгоҳашон рафтанд ва ононро ба Ислом даъват намуданд ва ба онон фармуданд: «Ислом биёваред, то саломат бимонед» ва ин суханро барояшон такрор намуданд.
Ҳамчунин номаашро ба Ҳирақл фиристода, ӯро ба Ислом даъват намуд ва огоҳ сохт, ки агар сарпечӣ кунад, гуноҳи касоне, ки ба сабаби сарпечии ӯ аз Ислом рӯй мегардонанд, бар гардани ӯст. Бухорӣ ва Муслим дар "Саҳеҳ"-ҳои худ ривоят кардаанд, ки Ҳирақл номаи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро талаб кард ва онро хонд, ки дар он чунин омада буд:
«بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ، مِنْ مُحَمَّدٍ رَسُولِ اللَّهِ إِلَى هِرَقْلَ عَظِيمِ الرُّومِ، سَلَامٌ عَلَى مَنِ اتَّبَعَ الْهُدَى، أَمَّا بَعْدُ: فَإِنِّي أَدْعُوكَ بِدِعَايَةِ الْإِسْلَامِ، أَسْلِمْ تَسْلَمْ، وَأَسْلِمْ يُؤْتِكَ اللَّهُ أَجْرَكَ مَرَّتَيْنِ، فَإِنْ تَوَلَّيْتَ، فَإِنَّ عَلَيْكَ إِثْمَ الْأَرِيسِيِّينَ وَ
"Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Аз Муҳаммад, расули Худо, ба Ҳирақл, бузурги Рум. Салом бар касе, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад. Аммо баъд: Ман туро ба даъвати Ислом фаро мехонам. Ислом биёвар, то саломат бимонӣ. Ислом биёвар, Худо подоши туро ду баробар ато фармояд. Пас, агар рӯй гардонӣ, гуноҳи раъият бар гардани туст". Ва
﴿يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ64﴾
([Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд]. Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем). (Сураи Оли Имрон, ояти 64).
Сипас, вақте ки онҳо рӯй гардонданд ва аз дохил шудан ба Ислом ибо варзиданд; Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш (разияллоҳу анҳум) бо онҳо ҷангиданд ва бар онҳо ҷизяро воҷиб гардониданд.
Дар баробари таъкиди гумроҳии онҳо ва ин ки онҳо баъди насх шудани дини пешин бо дини Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар дини ботил қарор доранд, Худованд ба мусалмон амр фармудааст, ки дар ҳар рӯз, дар ҳар намоз ва дар ҳар ракъат аз Ӯ бихоҳад, то ӯро ба роҳи рости саҳеҳ ва мақбул, ки ҳамон Ислом аст, ҳидоят кунад. Ва ӯро аз роҳи касоне, ки мавриди ғазаб қарор гирифтаанд, дур дорад, яъне яҳудиён ва амсоли онҳо, ки медонанд бар ботил ҳастанд ва бар он пофишорӣ мекунанд. Ва ӯро аз роҳи гумроҳон дур дорад; ононе, ки бе илм ибодат мекунанд ва гумон доранд, ки бар роҳи ҳидоят ҳастанд, ҳол он ки худ дар гумроҳӣ қарор доранд. Ва онҳо: насрониён ва касоне аз умматҳои дигар ҳастанд, ки монанди онҳо дар гумроҳӣ ва ҷаҳолат ибодат мекунанд. Ва ҳамаи ин барои он аст, то мусалмон ба яқин бидонад, ки ҳар дине ғайр аз Ислом ботил аст ва ҳар касе, ки Аллоҳро бар асоси ғайри Ислом ибодат мекунад, гумроҳ аст. Ва ҳар касе, ки ба ин эътиқод надошта бошад, аз ҷумлаи мусалмонон нест. Ва далелҳо дар ин боб аз Қуръон ва Суннат бисёр аст.
Пас, бар соҳиби мақола – Абдулфаттоҳ – воҷиб аст, ки ба тавбаи насуҳ шитоб кунад ва мақолае бинависад, ки дар он тавба карданашро эълон намояд. Ва ҳар ки ба даргоҳи Аллоҳ тавбаи содиқона кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро Аллоҳи Субҳон мефармояд:
﴿...وَتُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ﴾
(Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ Таъоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед) (Сураи Нур, ояти 31). Худованд мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ لَا يَدۡعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقۡتُلُونَ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَا يَزۡنُونَۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ يَلۡقَ أَثَامٗا68 يُضَٰعَفۡ لَهُ ٱلۡعَذَابُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيهِۦ مُهَانًا69 إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلٗا صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِهِمۡ حَسَنَٰتٖۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا70﴾
(Ва касоне ҳастанд, ки бо Аллоҳ Таъоло маъбуде дигар намехонанд ва касе, ки Аллоҳ Таъоло [куштанашро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ намекушанд ва зино намекунанд. Ва ҳар ки ин [гуноҳон]-ро муртакиб шавад, кайфари гуноҳи [хеш]-ро мебинад, 68.
Рӯзи қиёмат азобаш дучандон мегардад ва бо хорӣ дар он [азоб] ҷовидон мемонад, 69.
Магар касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста анҷом диҳад. Пас, инонанд, ки Аллоҳ Таъоло бадиҳояшонро ба некиҳо табдил мекунад ва Аллоҳ Таъоло ҳамвора омурзгору меҳрубон аст, 70). (Сураи Фурқон, оятҳои 68-70). Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«الإِسْلَامُ يَهْدِمُ مَا كَانَ قَبْلَهُ، وَالتَّوبَةُ تَهْدِمُ مَا كَانَ قَبْلَهَا».
"Ислом он чиро, ки пеш аз он анҷом шудааст, нобуд месозад ва тавба он чиро, ки пеш аз он анҷом шудааст, нобуд месозад". Инчунин дар ҳидиси дигаре Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:
«التَّائِبُ مِنَ الذَّنْبَ كَمَنْ لَا ذَنْبَ لَهُ».
"Тавбакунанда аз гуноҳ монанди касест, ки гуноҳ надорад".
Ва дар ин маънӣ оятҳо ва ҳадисҳо бисёр аст.
Ва (дар охир) аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мехоҳам, ки ҳақро бароямон ҳақ нишон диҳад ва пайравӣ аз онро бароямон муяссар гардонад. Ва ботилро ботил нишон диҳад ва дурӣ ҷустан аз онро бароямон муяссар гардонад. Ва бар мо ва бар нависанда Абдулфаттоҳ ва бар ҳамаи мусалмонон тавбаи насуҳро ато фармояд ва ҳамаи моро аз фитнаҳои гумроҳкунанда ва пайравӣ аз ҳавову ҳавас ва шайтон паноҳ диҳад. Ҳамоно Ӯ соҳиби ин кор ва тавоно бар он аст.
Ва саллалоҳу ва саллама ъало набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман табиъаҳум бииҳсонин ило явми-д-дин.
***
tg397v4.0 - 27/06/2026