PHPWord

 

 

رِسَالَتَانِ مُوجَزَتَانِ فِي الزَّكَاةِ وَالصِّيَامِ

 

Ду рисолаи мухтасар дар бораи закот ва рӯза

 

 

 

سَمَاحَةُ الشَّيْخِ

عَبْدِ الْعَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ بَازٍ

رَحِمَهُ اللَّهُ

 

Таълифи ҷаноби шайх

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

Худованд раҳмату мағфираташ кунад

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Ду рисолаи мухтасар дар бораи закот ва рӯза

Номаи аввал

Дар баҳсҳои муҳим перомуни закот

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ҳамду ситоиш барои Аллоҳи якто ва дуруду салом бар касе, ки баъд аз ӯ паёмбаре нест ва бар хонадону асҳобаш. Аммо баъд:

Ангезаи аслии навиштани ин суханҳо, насиҳат ва ёдоварӣ аз фаризаи закот аст, ки бисёре аз мусалмонон дар он саҳлангорӣ намудаанд ва бо вуҷуди бузургии шаъни он ва ин ки яке аз рукнҳои панҷгонаи Ислом мебошад, ки бинои он ҷуз бар ин рукнҳо устувор намегардад, онро бар ваҷҳи машруъ адо накардаанд; тибқи фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):

«بُنِيَ الإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ، وَحَجِّ البَيْتِ».

"Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; рӯзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи Хона"1 Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқ аст.

Фарз гардонидани закот бар мусалмонон аз равшантарин хубиҳои Ислом ва нишонаи таваҷҷуҳи он ба умури пайравонаш мебошад. Зеро фоидаҳои он бисёр ва эҳтиёҷи фақирони мусалмон ба он сахт аст.

Пас, аз манфиатҳои он: мустаҳкам кардани риштаҳои меҳру муҳаббат миёни сарватманд ва фақир мебошад. Зеро сиришти инсонҳо ба дӯст доштани касе, ки ба онҳо некӣ кардааст, сиришта шудааст.

Ва аз ҷумлаи онҳо: поксозии нафс ва тазкияи он ва дур кардани он аз ахлоқи хасисӣ ва бахилӣ аст. Чунончи, Қуръони Карим ба ин маънӣ ишора кардааст:

﴿خُذۡ مِنۡ أَمۡوَٰلِهِمۡ صَدَقَةٗ تُطَهِّرُهُمۡ وَتُزَكِّيهِم بِهَا...﴾

(Аз амволи онон садақа бигир, то ба ин васила ононро пок гардонӣ ва дараҷоташонро боло бибарӣ...) (Сураи Тавба, ояти 103).

Ва аз ҷумлаи он: одат кунонидани мусалмон ба хислати саховат, карам ва меҳрубонӣ нисбати ниёзманд.

Ва аз ҷумлаи он: ҷалби баракат, зиёд шудан ва иваз аз ҷониби Аллоҳ аст. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن شَيۡءٖ فَهُوَ يُخۡلِفُهُۥۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ﴾

(...ва ҳар чизеро [ки дар роҳи Аллоҳ Таъоло] инфоқ кунед, Ӯ ба ҷойи он [мол- ва беҳтар аз он –ба шумо] бозпас медиҳад; ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст). (Сураи Сабаъ, ояти 39). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси саҳеҳ мефармояд: Аллоҳ мегӯяд:

«يَا ابْنَ آدَمَ أَنْفِقْ نُنْفِقْ عَلَيْكَ...».

«Эй фарзанди Одам, инфоқ кун, то бар ту инфоқ кунем...»2 Ва фоидаҳои зиёди дигар.

Ва дар ҳаққи касе, ки аз он бахилӣ варзад ё дар адои он кӯтоҳӣ кунад, ҳушдори шадиде ворид шудаст Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿...وَٱلَّذِينَ يَكۡنِزُونَ ٱلذَّهَبَ وَٱلۡفِضَّةَ وَلَا يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٖ 34 يَوۡمَ يُحۡمَىٰ عَلَيۡهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكۡوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمۡ وَجُنُوبُهُمۡ وَظُهُورُهُمۡۖ هَٰذَا مَا كَنَزۡتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَكۡنِزُونَ35﴾

(Ва касоне, ки зару сим меандузанд ва онро дар роҳи Аллоҳ Таъоло инфоқ намекунанд, пас, ононро ба азоби дарднок башорат бидеҳ.

Рӯзе, ки он [ганҷинаҳо]-ро дар оташи дузах сурх кунанд ва пешонӣ ва паҳлу ва пушташонро бо он доғ ниҳанд [ва бигӯянд]: «Ин аст ончи барои хеш меандӯхтед, пас, бичашед ончиро, ки меандӯхтед.» (Сураи Тавба, ояти 34 - 35) Пас ҳар моле, ки закоташ пардохта нашавад, ганҷест, ки дар рӯзи қиёмат соҳибаш бо он азоб дода мешавад. Чунонки ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ин далолат мекунад, ки фармуданд:

«مَا مِنْ صَاحِبِ ذَهَبٍ وَلَا فِضَّةٍ لَا يُؤَدِّي حَقَّهَا إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمُ القِيَامَةِ صُفِّحَتْ لَهُ صَفَائِحُ مِنْ نَارٍ؛ فَأُحْمِيَ عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ، فَيُكْوَى بِهَا جَنْبُهُ وَجَبِينُهُ وَظَهْرُهُ كُلَّمَا بَرَدَتْ أُعِيدَتْ لَهُ فِي يَوْمٍ كَانَ مِقْدَارُهُ خَمْسِينَ أَلْفَ سَنَةٍ حَتَّى يُقْضَى بَيْنَ العِبَادِ، فَيُرَى سَبِيلَهُ: إِمَّا إِلَى الجَنَّةِ، وَإِمَّا إِلَى النَّارِ».

"Ҳеҷ соҳиби тилло ва нуқрае нест, ки ҳаққи онҳоро (яъне закоташонро) адо накунад, магар ин ки дар рӯзи қиёмат барои ӯ лавҳаҳое аз оташ омода карда мешавад; пас онҳо дар оташи ҷаҳаннам гудохта мегарданд ва бо онҳо паҳлу, пешонӣ ва пушти ӯ доғ зада мешавад. Ҳар гоҳ ки он лавҳаҳо сард шаванд, боз барои ӯ гарм карда мешаванд, дар рӯзе, ки миқдораш панҷоҳ ҳазор сол аст, то миёни бандагон ҳукм карда шавад; сипас роҳи ӯ нишон дода мешавад: ё ба сӯи биҳишт ва ё ба сӯи дӯзах.3"

Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) соҳиби шутур, гов ва гӯсфандеро, ки закоти онҳоро намедиҳад, зикр кард ва хабар дод, ки дар рӯзи қиёмат ба воситаи онҳо азоб мебинад.

Дар ривояти саҳеҳ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд:

«مَنْ آتَاهُ اللهُ مَالًا فَلَمْ يُؤَدِّ زَكَاتَهُ مُثِّلَ لَهُ شُجَاعًا أَقْرَعَ لَهُ زَبِيبَتَانِ يُطَوِّقُهُ يَوْمَ القِيَامَةِ، ثُمَّ يَأْخُذُ بِلَهْزِمَتَيْهِ (يَعْنِي شِدْقَيْهِ)، ثُمَّ يَقُولُ: أَنَا مَالُكَ، أَنَا كَنْزُكَ»، ثُمَّ تَلَا النَّبِيُّ ﷺ قَوْلَهُ تَعَالَى: ﴿وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ هُوَ خَيۡرٗا لَّهُمۖ بَلۡ هُوَ شَرّٞ لَّهُمۡۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُواْ بِهِۦ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ...

"Касе, ки Аллоҳ ба ӯ моле додааст ва закоти онро намедиҳад, дар рӯзи қиёмат он мол ба шакли мори калони мӯйрехтае, ки ду холи сиёҳ дорад, дароварда мешавад ва ба гарданаш ҳалқа мезанад. Сипас ду тарафи даҳони ӯро (яъне ду кунҷи даҳонашро) мегирад ва мегӯяд: "Ман моли ту ҳастам, ман ганҷи ту ҳастам", сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин фармудаи Аллоҳ Таъолоро тиловат намуданд: (Ба касоне, ки ба он чи Аллоҳ аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон набаранд, ки он бухл барои онон беҳтараст, балки ба зиёни онҳост. Ва дар рӯзи қиёмат, чизе, ки дар он бухл варзидаанд, сабаби азобашон мегардад...) (Сураи Оли Имрон, ояти 180)4.

Закот дар чаҳор навъ воҷиб аст: он чи аз замин берун меояд, аз қабили донагиҳо ва меваҳо, чорвои чаронанда, тилло ва нуқра ва молҳои тиҷоратӣ.

Ва барои ҳар як аз ин чаҳор навъ нисоби муайяне ҳаст, ки ҳар он чизе аз он камтар бошад, закот воҷиб намешавад. Пас, нисоби донагиҳо ва меваҷот панҷ "васқ" аст. Ва як "васқ" шаст соъ бо соъи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад, ки аз хурмо, мавиз, гандум, биринҷ, ҷав ва монанди инҳо сесад соъ бо соъи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешавад. Ва як соъ баробари чаҳор кафи ду дасти марди миёнаҷусса аст, вақте ки ҳар ду дасташ пур бошанд.

Ва дар ҳолате, ки дарахтони хурмо ва зироатҳо бе хароҷот ва душворӣ об дода шаванд, мисли оби борон, дарёҳо, чашмаҳои ҷорӣ ва монанди инҳо, пардохти закот дар он ушр (аз даҳ як) воҷиб аст.

Аммо дар ҳолате, ки обдиҳӣ бо хароҷот ва душворӣ сурат гирад, мисли ҳайвонҳои обкаш, мошинҳои обкаш ва монанди инҳо, дар он закот ним ушр воҷиб мешавад. Чунонки ҳадиси саҳеҳ дар ин бора аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст.

Ва аммо нисоби чорвои чаранда аз шутур, гов ва гӯсфанд, тафсилоти он дар ҳадисҳои саҳеҳ аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён шудааст ва касе, ки хоҳони донистани он аст, метавонад дар ин бора аз аҳли илм бипурсад. Ва агар мақсади ихтисор намебуд, барои мукаммал шудани фоида ҳатман онро зикр мекардем.

Аммо нисоби нуқра саду чиҳил мисқол аст ва миқдораш бо пули Арабистони Саудӣ панҷоҳу шаш риёл мешавад.

Нисоби тилло бист "мисқол" аст. Миқдори он бо пули Арабистони Саудӣ ёздаҳ ҷунайҳ (риёл) ва се ҳафтуми ҷунайҳ ва бо грамм наваду ду грамм мебошад. Ва дар онҳо додани як чоряки даҳум (яъне 2.5%) бар касе воҷиб аст, ки молики нисоби ҳар ду ва ё яке аз онҳо бошад ва як сол бар он гузашта бошад.

Фоида тобеи асл аст, пас ба соли нав ниёз надорад, ҳамон тавр ки насли чорвои чаранда тобеи асли худ аст ва ба соли нав ниёз надорад, ба шарте ки асли он ба нисоб расида бошад.

Пулҳои нақдие, ки мардум имрӯз бо онҳо муомила мекунанд, ҳукми тилло ва нуқраро доранд, хоҳ дирҳам номида шаванд, хоҳ динор, хоҳ доллар ва ё дигар номҳо дошта бошанд. Агар арзиши онҳо ба нисоби нуқра ё тилло бирасад ва як сол бар он гузарад, закот воҷиб мегардад.

Зару зеварҳои занона, махсусан аз тилло ё нуқра, ба пулҳои нақдӣ дохил мешаванд. Ҳар гоҳ ба ҳадди нисоб бирасанд ва як соли қамарӣ бар онҳо бигузарад, дар онҳо закот воҷиб мешавад, ҳатто агар барои истифода ё орият омода шуда бошанд. Бино бар саҳеҳтарини ду қавли олимон; ба далели умумияти фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):

«مَا مِنْ صَاحِبِ ذَهَبٍ أَوْ فِضَّةٍ لَا يُؤَدِّي زَكَاتَهَا إِلَّا إِذَا كَانَ يَوْمُ القِيَامَةِ صُفِّحَتْ لَهُ صَفَائِحُ مِنْ نَارٍ».

"Ҳеҷ соҳиби тилло ва нуқрае нест, ки ҳаққи онҳоро (яъне закоташонро) адо накунад, магар ин ки дар рӯзи қиёмат барои ӯ лавҳаҳое аз оташ омода карда мешавад"5, то поёни ҳадиси гузашта.

Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки дар дасти зане ду дастпона аз тилло диданд ва фармуданд:

«أَتُعْطِينَ زَكَاةَ هَذَا؟». قَالَتْ: لَا. قَالَ: «أَيَسُرُّكِ أَنْ يُسَوِّرَكِ اللهُ بِهِمَا يَوْمَ القِيَامَةِ سِوَارَيْنِ مِنْ نَارٍ!». فَأَلْقَتْهُمَا، وَقَالَتْ: «هُمَا لِلَّهِ وَلِرَسُولِهِ».

"Оё закоти инро медиҳӣ?". Гуфт: Не. Фармуд: "Оё хушнуд мешавӣ, ки Худованд дар рӯзи қиёмат ба ҷои онҳо ду дастпона аз оташ ба ту бипӯшонад?!". Пас, он дуро партофт ва гуфт: "Онҳо барои Худо ва Расули Ӯст"6.

Ва аз Умми Салама (разияллоҳу анҳо) собит шудааст, ки ӯ зевароте аз тилло мепӯшид, пас гуфт: Ё Расулаллоҳ, оё ин ганҷ аст? Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд:

«مَا بَلَغَ أَنْ يُزَكَّى فَزُكِّيَ فَلَيْسَ بِكَنْزٍ».

"Моле, ки ба ҳадди закот бирасад ва закоти он дода шавад, канз нест".7 Ҳамроҳ бо дигар ҳадисҳо дар ин маъно.

Аммо молҳои тиҷоратӣ, он молҳое мебошанд, ки барои фурӯш омода шудаанд, арзёбии онҳо дар охири сол сурат мегирад ва аз чиҳил як ҳиссаи арзиши онҳо пардохт карда мешавад, хоҳ арзиши онҳо баробари нархашон бошад, ё бештар ва ё камтар; тибқи ҳадиси Самура (разияллоҳу анҳу), ки мегӯяд:

«كَانَ رَسُولُ اللهِ ﷺ يَأْمُرُنَا أَنْ نُخْرِجَ الصَّدَقَةَ مِنَ الَّذِي نُعِدُّهُ لِلْبَيْعِ».

"Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мо амр мекард, ки садақаро аз он чизе, ки барои фурӯш омода мекардем, барорем"8.

Ва ба он заминҳое, ки барои фурӯш омода шудаанд, биноҳо, мошинҳо, дастгоҳҳои обкашӣ ва дигар навъҳои молҳое, ки барои фурӯш омода шудаанд, дохил мешаванд.

Аммо иморатҳое, ки барои иҷора омода шудаанд, на барои фурӯш, закот дар маблағи иҷораи онҳо воҷиб аст, агар як сол бар он бигузарад. Аммо дар худи онҳо закот воҷиб нест, зеро онҳо барои фурӯш омода нашудаанд. Ва ҳамин гуна, дар мошинҳои шахсӣ ва кироякаш низ закот воҷиб нест, агар барои фурӯш омода нашуда бошанд, балки соҳибаш онҳоро танҳо барои истифода харида бошад.

Ва агар соҳиби мошини кироякаш пулҳои кироя ва дигар пулҳои нақдиро ҷамъ кунад ва миқдори он пул ба нисоб бирасад, закоти он бар ӯ воҷиб аст. Агар як сол аз болои он бигузарад, чи онро барои нафақа омода карда бошад, ё барои издивоҷ, ё харидани амлок, ё пардохти қарз ва ё дигар мақсадҳо; ба далели умумияти далелҳои шаръӣ, ки бар воҷиб будани закот дар чунин мавридҳо далолат мекунанд.

Қавли саҳеҳи олимон ин аст, ки қарз монеи закот намешавад, бинобар он чи гузашт.

Ва ҳамин гуна закот дар амволи ятимон ва девонагон дар назди ҷумҳури уламо воҷиб аст, ба шарти ин ки ба нисоб бирасад ва як сол (-и ҳиҷрии қамарӣ) бар он бигзарад. Ва бар сарпарастони онҳо воҷиб аст, ки ҳангоми комил шудани сол баровардани закотро бо ният аз ҷониби онҳо анҷом диҳанд; бар асоси далелҳои умумӣ, монанди қавли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси Муоз (разияллоҳу анҳу), вақте ки ӯро ба сӯи аҳли Яман фиристод, фармуд:

«إِنَّ اللَّهَ افْتَرَضَ عَلَيْهِمْ صَدَقَةً فِي أَمْوَالِهِمْ تُؤْخَذُ مِنْ أَغْنِيَائِهِمْ، وَتُرَدُّ فِي فُقَرَائِهِمْ».

"Ҳамоно Аллоҳ бар онҳо дар молҳояшон садақаеро фарз гардонидааст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда, ба фақиронашон дода мешавад"9.

Ва закот ҳаққи Аллоҳ аст, дар он хотирбинӣ кардан ба шахсоне, ки сазовор нестанд, ҷоиз нест ва инсон набояд ба василаи он барои худ манфиатеро ҷалб кунад ё зарареро дур созад ва набояд бо он молашро ҳифз намояд ё маломатеро аз худ дур кунад, балки бар мусалмон воҷиб аст, ки закоташро ба мустаҳиққон пардохт намояд, ба хотири он ки онҳо аҳли онанд, на ба мақсади дигар, бо хушнудии дил ва ихлос барои Аллоҳ дар ин амал, то масъулияти ӯ соқит шавад ва сазовори подоши фаровон ва ивази нек гардад.

Худованд (Субҳонаҳу) дар Китоби Карими худ гурӯҳҳои аҳли закотро баён намудааст, Худои Таъоло мефармояд:

﴿إِنَّمَا ٱلصَّدَقَٰتُ لِلۡفُقَرَآءِ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱلۡعَٰمِلِينَ عَلَيۡهَا وَٱلۡمُؤَلَّفَةِ قُلُوبُهُمۡ وَفِي ٱلرِّقَابِ وَٱلۡغَٰرِمِينَ وَفِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۖ فَرِيضَةٗ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ60﴾

(Садақот [ва закот] ихтисос дорад ба фақирон [-и тиҳидаст] ва мустамандон [-и тангдаст] ва коргузорон [-и ҷамъоварӣ ва тавзеи] он ва дилҷӯишудагон [тозамусулмон] ва барои [озод кардани] бардагон ва [пардохти воми] қарздорон ва дар роҳи Аллоҳ Таъоло ва [кумак ба] дар роҳмондагон. [Ин] Фаризаи [муқарраршуда] аз ҷониби Аллоҳ Таъоло аст ва Аллоҳ Таъоло донои ҳаким аст). (Сураи Тавба, ояти 60).

Ва дар хатми ин ояти карима бо ин ду номи бузург огоҳиест аз ҷониби Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло барои бандагонаш бар ин ки Ӯ Таъоло аз аҳволи бандагонаш огоҳ аст, ки кадоми онҳо сазовори садақа аст ва кадомаш сазовор нест. Ва Ӯ дар шариату тақдираш бо ҳикмат аст, пас чизҳоро ҷуз дар ҷойгоҳҳои сазоворашон қарор намедиҳад, агарчи баъзе аз асрори ҳикмати Ӯ бар баъзе аз мардум пӯшида бошад; то бандагон ба шариати Ӯ хотирҷамъ шаванд ва ба ҳукмаш таслим гарданд.

Аз Аллоҳ Таъоло мехоҳем, ки мо ва мусалмононро ба фаҳми динаш, сидқ дар муомила бо Ӯ ва сабқат намудан ба сӯйи он чи ки Ӯро хушнуд месозад, муваффақ гардонад ва аз он чи ки сабаби хашми Ӯст, дар амон нигоҳ дорад. Бегумон Ӯ Шунаво ва Наздик аст!

Ва саллаллоҳу ва саллама ъало абдиҳи ва расулиҳи Муҳаммад ва олиҳи ва саҳбиҳи.

Раиси умумии идораҳои таҳқиқоти илмӣ

ва фатво ва даъват ва иршод

Аллома Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз

 

 

***

 


بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ

Номаи дуюм

Дар фазилати рӯза доштани моҳи Рамазон ва қиёми он бо баёни аҳкоми муҳиме, ки шояд бар баъзе аз мардум пӯшида монад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Аз Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз ба ҳар мусалмоне, ки инро мебинад, Худованд ману эшонро ба роҳи аҳли имон равона созад ва ману эшонро ба фаҳми Суннат ва Қуръон тавфиқ диҳад, омин!

Саломуллоҳи алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу

Аммо баъд: Ин насиҳати мухтасарест вобаста ба фазилати рӯза доштани моҳи Рамазон ва шабзиндадории он ва фазилати сабқат намудан дар он бо амалҳои нек, ҳамроҳ бо баёни аҳкоми муҳиме, ки шояд бар баъзе мардум пӯшида бошад.

Аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки асҳобашро ба фаро расидани моҳи Рамазон башорат медод ва ба онҳо хабар медод, ки Рамазон моҳест, ки дар он дарҳои раҳмат ва дарҳои биҳишт кушода мешаванд, дарҳои ҷаҳаннам баста мегарданд ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд ва мефармуд:

«إِذَا كَانَتْ أَوَّلُ لَيْلَةٍ مِنْ رَمَضَانَ فُتِّحَتْ أَبْوَابُ الجَنَّةِ فَلَمْ يُغْلَقْ مِنْهَا بَابٌ، وَغُلِّقَتْ أَبْوَابُ جَهَنَّمَ فَلَمْ يُفْتَحْ مِنْهَا بَابٌ، وَصُفِّدَتِ الشَّيَاطِينُ، وَيُنَادِي مُنَادٍ: يَا بَاغِيَ الخَيْرِ أَقْبِلْ، وَيَا بَاغِيَ الشَّرِّ أَقْصِرْ. وَلِلَّهِ عُتَقَاءُ مِنَ النَّارِ، وَذَلِكَ كُلَّ لَيْلَةٍ».

"Ҳангоме ки шаби аввали моҳи Рамазон фаро мерасад, дарҳои биҳишт кушода мешаванд ва ҳеҷ даре аз онҳо баста намешавад, дарҳои ҷаҳаннам баста мегарданд ва ҳеҷ даре аз онҳо кушода намешавад ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд ва нидокунандае нидо мекунад: "Эй талабгори хайр, рӯй биёр ва эй талабгори шар, боз ист". Ва Худованд озодшудагоне аз дӯзах дорад ва ин дар ҳар шаб такрор мешавад."

Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) мефармояд:

«جَاءَكُمْ شَهْرُ رَمَضَانَ شَهْرُ بَرَكَةٍ يَغْشَاكُمُ اللهُ فِيهِ: فَيُنْزِلُ الرَّحْمَةَ وَيَحُطُّ الخَطَايَا، وَيَسْتَجِيبُ الدُّعَاءَ، يَنْظُرُ اللهُ إِلَى تَنَافُسِكُمْ فِيهِ فَيُبَاهِي بِكُمْ مَلَائِكَتَهُ؛ فَأَرُوا اللهَ مِنْ أَنْفُسِكُمْ خَيْرًا؛ فَإِنَّ الشَّقِيَّ مَنْ حُرِمَ فِيهِ رَحْمَةَ اللهِ».

"Моҳи Рамазон ба шумо фаро расид, моҳи баракат, ки Аллоҳ дар он шуморо фаро мегирад: пас раҳматро фуруд меоварад, хатоҳоро пок месозад ва дуоро иҷобат мекунад. Аллоҳ ба сабқатҷӯии шумо дар он назар мекунад ва бо шумо назди фариштагонаш ифтихор мекунад; пас аз ҷониби худ ба Аллоҳ некӣ нишон диҳед, зеро бадбахт касест, ки дар он аз раҳмати Аллоҳ маҳрум шудааст."

Ва Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) мефармояд:

«مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ لَيْلَةَ القَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ».

"Ҳар ки моҳи Рамазонро аз рӯйи имон ва умеди дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад ва ҳар ки шабҳои Рамазонро аз рӯйи имон ва умеди дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад ва ҳар ки шаби қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад."

Ва Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) мефармояд:

«يَقُولُ اللهُ: كُلُّ عَمَلِ ابْنِ آدَمَ لَهُ الحَسَنَةُ بِعَشْرِ أَمْثَالِهَا إِلَى سَبْعِمِائَةِ ضِعْفٍ إِلَّا الصِّيَامَ فَإِنَّهُ لِي وَأَنَا أَجْزِي بِهِ؛ تَرَكَ شَهْوَتَهُ وَطَعَامَهُ وَشَرَابَهُ مِنْ أَجْلِي. لِلصَّائِمِ فَرْحَتَانِ: فَرْحَةٌ عِنْدَ فِطْرِهِ، وَفَرْحَةٌ عِنْدَ لِقَاءِ رَبِّهِ. وَلَخُلُوفُ فَمِ الصَّائِمِ أَطْيَبُ عِنْدَ اللهِ مِنْ رِيحِ المِسْكِ».

"Аллоҳ мефармояд: Ҳар амали фарзанди Одам барои худи ӯст, некӣ ба даҳ баробараш то ҳафтсад баробар зиёд мешавад, ҷуз рӯза, ки он барои Ман аст ва Ман подоши онро медиҳам; шаҳват, таом ва ошомидании худро ба хотири Ман тарк мекунад. Барои рӯзадор ду шодӣ аст: як шодӣ дар вақти ифтораш ва як шодӣ дар вақти мулоқот бо Парвардигораш. Ва ҳамоно бӯи даҳони рӯзадор дар назди Аллоҳ аз бӯи мушк беҳтар аст."

Ва дар фазилати рӯзаи Рамазон ва қиёми он ва фазилати ҷинси рӯза ҳадисҳо зиёданд.

Пас, барои муъмин сазовор аст, ки ин фурсатро ғанимат шуморад, ки Худованд бо лутфаш ӯро ба моҳи Рамазон расонд; пас, ба сӯйи тоату ибодатҳо бишитобад, аз гуноҳон бипарҳезад ва дар адои он чи Аллоҳ бар ӯ фарз гардонидааст, махсусан намозҳои панҷгона, кӯшиш намояд. Зеро он сутуни Ислом ва бузургтарини фаризаҳо пас аз шаҳодатайн мебошад. Пас, бар ҳар марду зани мусалмон воҷиб аст, ки онҳоро риоя намуда, дар вақтҳояшон бо хушуъ ва оромиш адо намоянд.

Ва аз муҳимтарин воҷиботи он барои мардон адои он бо ҷамоат дар хонаҳои Аллоҳ (масҷидҳо) мебошад, ки Аллоҳ иҷозат додааст, ки баланд бардошта шаванд ва номи Ӯ дар онҳо зикр карда шавад, чуноне ки фармудааст:

﴿وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرۡكَعُواْ مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ 43﴾

(Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва бо намозгузорон намоз бихонед). (Сураи Бақара, ояти 43). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿حَٰفِظُواْ عَلَى ٱلصَّلَوَٰتِ وَٱلصَّلَوٰةِ ٱلۡوُسۡطَىٰ وَقُومُواْ لِلَّهِ قَٰنِتِينَ 238﴾

([Эй мусалмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ Таъоло ба по хезед). (Сураи Бақара, ояти 238). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿قَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ 1 ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ 2﴾

(Ба ростӣ, ки муъминон растагор шуданд.

Ҳамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд). (Сураи Муъминун, оятҳои 1-2). То он ҷо ки гуфт:

﴿وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ 9 أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ 10 ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡفِرۡدَوۡسَ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ 11﴾

(Ва касоне, ки бар [адои] намозҳояшон муроқибат мекунанд. Инонанд, ки ворисон ҳастанд. [Ҳамон] Касоне, ки биҳишти баринро ба ирс мебаранд [ва] дар он ҷовидонанд). (Сураи Муъминун, оятҳои 9-11). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

«العَهْدُ الَّذِي بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمُ الصَّلَاةُ فَمَنْ تَرَكَهَا فَقَدْ كَفَرَ».

"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."

Ва муҳимтарини фарзҳо баъд аз намоз адои закот аст, чунонки фармуд:

﴿وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ 5﴾

(Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим).

(Сураи Байина, ояти 5). Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

﴿وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ 56﴾

(Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва аз паёмбар итоат кунед, бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред). (Сураи Нур, ояти 56).

Ва ба таҳқиқ, Китоби бузурги Аллоҳ Таъоло ва суннати Расули каримаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар ин далолат мекунанд, ки касе закоти молашро намедиҳад, дар рӯзи қиёмат бо он азоб дода мешавад.

Ва муҳимтарини умур баъд аз намоз ва закот рӯзаи Рамазон аст ва он яке аз аркони панҷгонаи Ислом аст, ки дар фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зикр шудааст:

«بُنِيَ الإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللهِ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ، وَحَجِّ البَيْتِ».

"Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; рӯзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи Хона."

Бар мусалмон воҷиб аст, ки рӯза ва намозҳои шабонаи худро аз он чи Худо ҳаром кардааст — аз гуфтору кирдор — ҳифз намояд; зеро мақсад аз рӯза итоати Худованди Пок ва бузург доштани ҳудудҳои Ӯст, ҷиҳод бо нафс барои мухолифат бо хоҳишҳояш дар итоати Парвардигораш ва одат додани он ба сабр аз он чи Худо ҳаром кардааст. Ва мақсад танҳо тарки хӯрдану нӯшидан ва дигар чизҳои ботилкунандаи рӯза нест; бинобар ин, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳадиси саҳеҳ ривоят шудааст, ки фармудааст:

«الصِّيَامُ جُنَّةٌ، فَإِذَا كَانَ يَوْمُ صَوْمِ أَحَدِكُمْ فَلَا يَرْفُثْ وَلَا يَصْخَبْ، فَإِنْ سَابَّهُ أَحَدٌ أَوْ قَاتَلَهُ فَلْيَقُلْ: إِنِّي صَائِمٌ».

"Рӯза сипаре (дар баробари оташи дӯзах) аст. Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯзадор бошад, пас, дашном надода ва садо баланд накунад ва агар касе ӯро дашном дод ё бо ӯ ҷанг кард, бояд бигӯяд: ман рӯзадорам." Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит аст, ки фармуданд:

«مَنْ لَمْ يَدَعْ قَوْلَ الزُّورِ وَالعَمَلَ بِهِ وَالجَهْلَ فَلَيْسَ لِلَّهِ حَاجَةٌ فِي أَنْ يَدَعَ طَعَامَهُ وَشَرَابَهُ».

"Касе, ки сухани дурӯғ ва амал ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, пас Худованди Таъоло ниёзманди он нест, ки хӯрданӣ ва ошомидании худро тарк кунад." Пас, аз ин ва дигар далелҳо маълум мешавад, ки бар рӯзадор воҷиб аст аз ҳар он чи Аллоҳ Таъоло бар вай ҳаром кардааст, барҳазар бошад ва ҳар он чиро, ки Аллоҳ Таъоло бар вай воҷиб гардонидааст, риоя намояд ва ба ин васила барои ӯ мағфират, озодӣ аз дӯзах ва қабули рӯзаву қиём умед карда мешавад.

Аммо чанд умурест, ки бар баъзеи мардум пинҳон мемонад:

Аз он ҷумла: Бар мусалмон воҷиб аст, ки аз рӯи имон ва бо умеди дарёфти савоб рӯза бигирад, на аз рӯи риё ва худнамоӣ ва на аз рӯи тақлид ба мардум ва ё пайравӣ ба хонаводаву аҳли диёраш, балки бар ӯ воҷиб аст, ки ангезаи рӯза гирифтани ӯ ҳамон имонаш ба ин бошад, ки Аллоҳ онро бар вай фарз намудааст ва дар он умеди дарёфти аҷр дар назди Парвардигораш дошта бошад. Ҳамчунин, мусалмон бояд қиёми Рамазонро аз рӯи имон ва бо умеди дарёфти савоб анҷом диҳад, на ба сабаби дигар. Бинобар ин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:

«مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ لَيْلَةَ القَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ».

"Ҳар ки моҳи Рамазонро аз рӯйи имон ва умеди дарёфти савоб рӯза бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад ва ҳар ки шабҳои Рамазонро аз рӯйи имон ва умеди дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад ва ҳар ки шаби қадрро аз рӯйи имон ва умеди дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад."

Аз ҷумлаи масъалаҳое, ки ҳукми онҳо бар баъзе мардум пӯшида мемонад, ин: захмӣ шудан, хунравии бинӣ, қай кардан ва ё ба таври ғайриихтиёрӣ ба гулӯяш рафтани об ё бензин мебошад. Ҳамаи ин умур рӯзаро фосид намекунанд, аммо касе, ки қасдан қай кунад, рӯзааш фосид мешавад. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَنْ ذَرَعَهُ القَيْءُ فَلَا قَضَاءَ عَلَيْهِ، وَمَنِ اسْتَقَاءَ فَعَلَيْهِ القَضَاءُ».

"Ҳар ки қай бар ӯ ғалаба кунад (ғайриихтиёрӣ), бар ӯ қазо нест, вале ҳар ки қасдан қай кунад, бар ӯ қазо лозим аст."

Ва аз ҷумлаи ин: он чи ки барои рӯзадор аз таъхири ғусли ҷанобат то тулуи фаҷр пеш меояд ва он чи ки барои баъзе занон аз таъхири ғусли ҳайз ё нифос то тулуи фаҷр пеш меояд, агар пеш аз субҳидам пок шавад, бояд он рӯзро рӯза бигирад ва монеае надорад, ки ғуслашро то баъд аз тулуи фаҷр ба таъхир гузорад, аммо наметавонад онро то тулуи офтоб ба таъхир андозад, балки бояд ғусл кунад ва намози бомдодро пеш аз тулуи офтоб бихонад. Ҳамчунин, барои шахси ҷунуб раво нест, ки ғуслро то баъд аз тулуи офтоб ба таъхир гузорад, балки бояд ғусл кунад ва намози бомдодро пеш аз тулуи офтоб бихонад. Ва мард бояд ба ин кор шитоб намояд, то намози бомдодро бо ҷамоат дарк кунад.

Ва аз ҷумлаи корҳое, ки рӯзаро ботил намекунанд: таҳлил (анализ)-и хун ва гузаронидани сӯзандорӯ мебошад. Ба ғайр аз онҳое, ки бо мақсади ғизо додан бошад, аммо ба таъхир андохтани ин кор то шаб, агар имконпазир бошад, авло ва ба эҳтиёт наздиктар аст; бинобар фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):

«دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ».

"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]."

Ва низ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

«مَنِ اتَّقَى الشُّبُهَاتِ فَقَدِ اسْتَبْرَأَ لِدِينِهِ وَعِرْضِهِ».

"Ҳар касе аз чизҳои шубҳанок парҳез кунад, дин ва обрӯи худро пок нигоҳ доштааст."

Инчунин аз ҷумлаи умуре, ки ҳукми он бар баъзе аз мардум пӯшида мемонад: оромиш нагирифтан дар намоз аст, хоҳ фарз бошад ва хоҳ нофила. Ва ҳадисҳои саҳеҳ аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) далолат бар он доранд, ки оромиш рукне аз рукнҳои намоз аст, ки намоз бидуни он дуруст намешавад. Ва он иборат аз ором гирифтан дар намоз ва хушуъ дар он ва шитоб накардан аст, то ин ки ҳар муҳраи пушт ба ҷои худ бозгардад. Ва бисёре аз мардум дар моҳи Рамазон намози таровеҳро тавре мехонанд, ки онро дарк намекунанд ва дар он оромиш надоранд, балки монанди нӯг задан онро бо шитоб мехонанд. Ва ин намоз бар ин ваҷҳ ботил аст ва соҳиби он гунаҳкор буда, аҷру савоб намегирад.

Ва аз ҷумлаи масъалаҳое, ки ҳукми он бар баъзе аз мардум норӯшан мемонад: гумони баъзе аз онҳо ин аст, ки кам кардани намози таровеҳ аз бист ракаъат ҷоиз нест ва гумони баъзе аз онҳо ин аст, ки зиёд кардани он бар ёздаҳ ракаъат ё сездаҳ ракаъат ҷоиз нест ва ҳамаи ин гумони беҷо аст, балки он иштибоҳ ва мухолифи далелҳо мебошад.

Ва аҳодиси саҳеҳ аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) далолат бар он мекунанд, ки намози шаб маҳдуд нест ва дар он ҳадди муайяне надорад, ки мухолифат бо он ҷоиз набошад, балки аз ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шуда, ки дар шаб ёздаҳ ракъат намоз мегузорид ва гоҳе сездаҳ ракъат намоз мегузорид ва гоҳе камтар аз ин дар рамазон ва дар ғайри он мегузорид ва чун дар бораи намози шаб аз ӯ пурсида шуд, фармуд:

«مَثْنَى مَثْنَى، فَإِذَا خَشِيَ أَحَدُكُمُ الصُّبْحَ صَلَّى رَكْعَةً وَاحِدَةً تُوتِرُ لَهُ مَا قَدْ صَلَّى».

"Ду ракъат ду ракъат аст ва чун яке аз шумо аз баромадани субҳ тарсад, як ракъат бихонад, ки он чиро хондааст, барояш витр месозад." Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқ аст.

Ва ракъатҳои муайянеро муқаррар накардааст, на дар рамазон ва на дар ғайри он. Аз ин рӯ, саҳобагон дар замони Умар (разияллоҳу анҳу) дар баъзе вақтҳо бисту се ракъат ва дар баъзе вақтҳои дигар ёздаҳ ракъат мегузориданд, ҳамаи ин аз Умар (разияллоҳу анҳу) ва аз саҳобагон дар замони ӯ собит шудааст.

Баъзе аз салаф дар Рамазон сиву шаш ракъат намоз мехонданд ва се ракъат витр мегузориданд ва баъзе аз онҳо чилу як ракъат мехонданд. Инро Шайхулислом Ибни Таймия ва уламои дигар аз салафи солеҳ зикр кардаанд. Ибни Таймия (раҳматуллоҳи алайҳи) зикр кардааст, ки амр дар ин масъала васеъ аст. Ва инчунин зикр кардааст, ки барои касе, ки қироат ва рукуъу суҷудро тӯлонӣ мекунад, беҳтар он аст, ки ададро кам кунад ва касе, ки қироат ва рукуъу суҷудро кӯтоҳ мекунад, дар адад бияфзояд. Ин маънои сухани Ибни Таймия аст.

Ва касе, ки дар суннати ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тааммул намояд, пай мебарад, ки афзалтар дар ҳамаи инҳо, ёздаҳ ракъат ё сездаҳ ракъат намоз гузоридан дар Рамазон ва ғайри он мебошад, зеро ин ба амали Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бештари ҳолатҳо мувофиқ буда, барои намозгузорон сабуктар ва ба хушуъ ва итминон наздиктар аст. Ва касе, ки аз ин зиёд намояд, чунонки гузашт, ҳеҷ боке ва кароҳате надорад.

Ва барои касе, ки дар қиёми Рамазон бо имом намоз мехонад, беҳтар он аст, ки то охир ҳамроҳи имом бимонад. Бар асоси ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки фармудааст:

«إِنَّ الرَّجُلَ إِذَا قَامَ مَعَ الإِمَامِ حَتَّى يَنْصَرِفَ كَتَبَ اللَّهُ لَهُ قِيَامَ لَيْلَةٍ».

"Дар ҳақиқат, агар шахс ҳамроҳи имом ба намоз биистад, то ин ки фориғ шавад, Худованд барои ӯ қиёми як шабро менависад."

Ва барои ҳамаи мусалмонон ҷоиз аст, ки дар ин моҳи карим дар намудҳои гуногуни ибодат ҷидду ҷаҳд намоянд, аз ҷумла намози нофила, қироати Қуръон бо тадаббуру тааққул, бештар тасбеҳу таҳлилу ҳамду сано, такбиру истиғфор гуфтан ва дуоҳои шаръӣ намудан, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, даъват ба сӯи Аллоҳ, дастгирии фақирону мискинон, ҷидду ҷаҳд дар некӣ ба падару модар ва силаи раҳм, эҳтироми ҳамсоя, аёдати бемор ва анҷом додани дигар намудҳои амалҳои некро бештар анҷом диҳанд; ба далели фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси гузашта:

«يَنْظُرُ اللهُ إِلَى تَنَافُسِكُمْ فِيهِ، فَيُبَاهِي بِكُمْ مَلَائِكَتَهُ؛ فَأَرُوا اللهَ مِنْ أَنْفُسِكُمْ خَيْرًا، فَإِنَّ الشَّقِيَّ مَنْ حُرِمَ فِيهِ رَحْمَةَ اللهِ».

"Худованд ба рақобати шумо дар он менигарад ва назди фариштагонаш бо шумо меболад. Пас, аз ҷониби худ ба Худованд некӣ нишон диҳед, зеро бадбахт касест, ки дар он аз раҳмати Худо маҳрум мондааст."

Инчунин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:

«مَنْ تَقَرَّبَ فِيهِ بِخَصْلَةٍ مِنْ خِصَالِ الخَيْرِ كَانَ كَمَنْ أَدَّى فَرِيضَةً فِيمَا سِوَاهُ، وَمَنْ أَدَّى فِيهِ فَرِيضَةً كَانَ كَمَنْ أَدَّى سَبْعِينَ فَرِيضَةً فِيمَا سِوَاهُ».

"Ҳар кас, ки дар он (рамазон) бо хислате аз хислатҳои хайр наздикӣ ҷӯяд, монанди касест, ки фаризаеро дар ғайри он адо карда бошад ва ҳар кас, ки дар он фаризаеро адо кунад, монанди касест, ки ҳафтод фаризаро дар ғайри он адо карда бошад."

Ва ба далели сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки дар ҳадиси саҳеҳ мефармояд:

«عُمْرَةٌ فِي رَمَضَانَ تَعْدِلُ حَجَّةً، أَوْ قَالَ: حَجَّةً مَعِي».

"(Савоби) умра дар Рамазон бо (савоби) ҳаҷ баробар аст, ё фармуд: бо ҳаҷҷе, ки ҳамроҳи ман анҷом дода шавад, баробарӣ мекунад."

Ҳадисҳо ва осоре, ки ба машруияти сабқат ва рақобат дар намудҳои корҳои нек дар ин моҳи карим далолат мекунанд, бисёранд.

Аз Аллоҳ Таъоло мехоҳем, ки мо ва соири мусалмононро ба ҳар он чи ки ризои Ӯ дар он аст, муваффақ гардонад ва рӯзаву қиёми моро қабул фармояд ва аҳволи моро ислоҳ намояд. Инчунин ҳамаи моро аз фитнаҳои гумроҳкунанда паноҳ диҳад. Ҳамчунон аз Худованди Пок мехоҳем, ки роҳбарони мусалмононро ислоҳ намуда, онҳоро бар ҳақ муттаҳид гардонад. Ҳамоно Ӯ соҳиби ин кор ва тавоно бар он аст.

Вас-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

 

 

***

Феҳраст

 

Номаи аввал 2

Дар баҳсҳои муҳим перомуни закот 2

Номаи дуюм 15

Дар фазилати рӯза доштани моҳи Рамазон ва қиёми он бо баёни аҳкоми муҳиме, ки шояд бар баъзе аз мардум пӯшида монад. 15

 

***

 

 

tg418v2.0 - 27/06/2026


Ривояти Муслим, рақами (993).

Ривояти Муслим, рақами (987).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1338).

Ривояти Муслим, рақами (987).

Ривояти Абудовуд, рақами (1563), Насоӣ, рақами (2270) бо санади ҳасан.

Ривояти Абудовуд, рақами (1564).

Ривояти Абудовуд, рақами (1562).

Ривояти Бухорӣ, рақами (1395), Муслим, рақами (19).

Ривояти Бухорӣ, рақами (8), Муслим, рақами (16).