مَنْ خَلَقَ الكَونَ؟ وَمَنْ خَلَقَنِي؟ وَلِمَاذَا؟
Коинотро кӣ офаридааст? Маро кӣ ва барои чӣ офаридааст?
اللَّجْنَةُ العِلْمِيَّةُ
بِرِئَاسَةِ الشُّؤُونِ الدِّينِيَّةِ بِالمَسْجِدِ الحَرَامِ وَالمَسْجِدِ النَّبَوِيِّ
Кумитаи илмӣ вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷид ул-Ҳаром ва Масҷиди Набавӣ
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Коинотро кӣ офаридааст? Маро кӣ ва барои чӣ офаридааст?
Кумитаи илмии вобастаи Раёсати корҳои динӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷиди набавӣ
Оё ман дар роҳи дуруст ҳастам?
Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузурги бешуморро, ки миёни ин ду вуҷуд доранд, кӣ офаридааст?
Ин низоми дақиқ ва мукаммал дар замину осмонҳоро кӣ эҷод кардааст?
Кӣ инсонро офарид ва ба ӯ шунавоӣ, биноӣ ва ақл дод ва ӯро дар касби илм ва дарки ҳақоиқ тавоно сохт?
Кӣ ба ин маҳорати баланд ва дақиқ аъзои бадани туро офарид ва ба ту симои зебо бахшид?
Ба офариниши мавҷудоти зинда ва анвоъу дигаргуншаклии онҳо бояд андешид, ки чи касе онҳоро бо ин шаклҳои бешумор офарид?
Чӣ гуна ин ҷаҳони бузург бо ин қавонини муназзам ва маҳкам тӯли ҳазорҳо сол устувор ва пойдор аст?
Кӣ низоме, ки ин ҷаҳонро идора мекунад (ба монанди ҳаёт, марг, дубора зинда гардонидан, шабу рӯз, ивазшавии фаслҳо ва ғайраро) муқаррар кардааст?
Оё ин ҷаҳон худро офаридааст? Ё аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст? Ва ё тасодуфӣ пайдо шудааст? Худованд мефармояд:
﴿أَمۡ خُلِقُواْ مِنۡ غَيۡرِ شَيۡءٍ أَمۡ هُمُ ٱلۡخَٰلِقُونَ٣٥ أَمۡ خَلَقُواْ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ36﴾
(Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд? (35)
Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ Таъоло офаринандаи мутлақ аст]).
(Сураи Тур, оятҳои 35-36).
Агар мо худро наофаридаем пас аз ҳеҷ ва ё тасодуфӣ пайдо шудани мо муҳол аст. Ҳақиқате, ки дар он ҳеҷ шакке нест, ин аст: ин ҷаҳонро бояд Офаридагори бузург ва тавоно бошад, зеро аз худ, ё аз ҳеҷ ва ё тасодуфӣ пайдо шудани ин ҷаҳон имконнопазир аст!
Чаро инсон ба вуҷуди чизҳое, ки намебинад бовар дорад? Монанди: дарк, ақл, рӯҳ, эҳсос, шуур ва муҳаббат. Оё ба ин далел нест, ки осори онҳоро мебинад? Пас, чӣ гуна инсон метавонад бо дидани осори махлуқот вуҷуди Офаридагори ин ҷаҳони бузург ва раҳмати Ӯро инкор кунад?
Ҳеҷ шахси оқил ва соҳибхирад, ки ба ӯ гуфта шавад, ин хона бидуни ин ки касе онро бисозад ба вуҷуд омадааст ва ё аз ҳеҷ ба вуҷуд омадааст, намепазирад. Пас, чӣ гуна бархе аз мардум вақте ба онҳо гуфта шавад, ин ҷаҳон бидуни Офаридагор ба вуҷуд омадааст, бовар мекунад? Ё ба шахси соҳибхирад гуфта шавад, ин низоми дақиқи коинот тасодуфӣ ба вуҷуд омадааст, мепазирад?
Ҳамаи ин моро ба як натиҷа ва хулоса меорад, ки ин ҷаҳон Офаридагори бузургу тавоно дорад, ки онро идора мекунад ва Ӯ танҳо шоистаи парастиш аст, ҳар чи ғайри Ӯ Таъоло парастида мешавад, ботил буда, лоиқи ибодат нест.
Парвардигор Офаридагори бузург аст.
Танҳо як Парвардигори Офаридагор вуҷуд дорад, Ӯ ҳамон Фармонраво ва Мудаббир аст; Ӯ ҳамон рӯзидиҳанда аст, ки зинда мекунад ва мемиронад; Ӯст, ки заминро офарид ва ҳамвор сохт ва онро барои махлуқоташ қобили зист қарор дод ва Ӯст, ки осмонҳо ва тамоми офариниш, ки дар онҳо аст, офарид ва барои офтобу моҳтоб ва шабу рӯз танзими дақиқеро қарор дод, ки нишонаи азамат ва бузургии Ӯст.
Ӯст ҳавоеро, ки бидуни он қодир ба зинда мондан нестем, дар ихтиёри мо гузошт; Ӯст, ки барои мо боронро фиристод ва рӯдхонаву дарёҳоро дар ихтиёри мо гузошт; Ӯст, ки вақте ҷанине дар раҳми модар ва як махлуқи нотавон будем, моро ҳифз кард ва ба мо ғизо дод ва Ӯст, ки хунро дар рагҳои мо аз таваллуд то вафот ҷорӣ намуд.
Ӯ Таъолост Парвардигори офаранда ва рӯзидиҳандаи поку воломақом.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۭ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ54﴾
([Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ Таъоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Арш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ Таъолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст). (Сураи Аъроф, ояти 54).
Аллоҳ ҳамон Парвардигоре аст, ки ҳама он чи дар ҳастӣ вуҷуд дорадро офарида аст. Тамоми он чи мебинем ва ё оҷиз аз дидани он ҳастем, ҳама ҷуз Аллоҳ офарида шудааст, танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст ва ҷуз Ӯ набояд ибодат карда шавад ва Ӯ Таъолоро дар офариниш, тадбири ҷаҳон ва ибодат шарике нест.
Агар фарз кунем худои дигаре дар баробари Аллоҳ вуҷуд дорад, тамоми коинот барҳам мехӯрад, зеро ҳамзамон идора кардани ҷаҳон аз сӯи ду худо номумкин аст. Худованд мефармояд:
﴿لَوۡ كَانَ فِيهِمَآ ءَالِهَةٌ إِلَّا ٱللَّهُ لَفَسَدَتَا...﴾
("Агар дар осмон ва замин маъбудоне ба ҷуз Аллоҳ Таъоло вуҷуд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд...") (Сураи Анбиё, ояти 22).
Сифоти Парвардигори офаранда.
Худованд некӯтарин номҳоеро дорад, ки бешуморанд ва Ӯ соҳиби сифоти воло ва бузург аст, ки далолат ба камоли Ӯ доранд, аз ҷумла номҳои Ӯ, Ал-Холиқ (Офаридагор), Аллоҳ (Илоҳи ягона ва бешарик, ки сазовори парастиш аст), Ал-Ҳай (Зинда), Ал-Қайюм (Пойдор), Ар-Раҳим (Меҳрубон), Ар-Розиқ (Рӯзидиҳанда) ва Ал-Карим (Бахшанда). Аллоҳ Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:
﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَـُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ255﴾
(Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст). (Сураи Бақара, ояти 255).
Ва инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ4﴾
([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост.» (1)
Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]. (2)
На [фарзанде] зода ва на зода шудааст. (3)
Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест.» (4) (Сураи Ихлос, оятҳои 1-4).
Парвардигори маъбуд дорои сифатҳои камол аст.
Яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло илоҳи маъбуд аст ва ҳар чизе дигар ҷуз Ӯ махлуқ ва мукаллафу тобеъ аст.
Ва аз сифатҳои дигари Ӯ Таъоло "Ҳай" ва "Қаюм" (Зинда ва Пойдор) аст ва ҳар мавҷуди зиндаро Ӯ ба вуҷуд оварда ва ҳаёт бахшидааст. Ӯ Таъоло ҳар мавҷуди зиндаро падид овардааст ва ба онҳо рӯзӣ медиҳад ва барои онҳо басанда аст. Худованд зинда аст ва намемирад ва Ӯ Таъоло фаношаванда нест. Ӯ Қаюм (Пойдор) аст, ки намехобад, балки, ҳатто Ӯро на пинак ва на хоб мебарад.
Яке дигар аз сифатҳои Ӯ Таъоло Ъалим (Доно бар ҳама чиз) аст ва чизе дар замин ва осмон аз Ӯ пинҳон намемонад.
Аз сифатҳои дигари Ӯ Таъоло ин аст, ки шунаво ва бино аст, ҳама чизро мешунавад ва ҳама махлуқотро мебинад, он чи инсон дар дил дорад ва он чи пинҳон мекунадро медонад ва чизе дар замин ва осмон аз Ӯ пинҳон намемонад.
Яке дигар аз сифатҳои Ӯ Қадир (Тавонои мутлақ) аст, ки чизе Ӯро нотавон намесозад ва касе наметавонад дар баробари хости Ӯ муқовимат кунад. Ҳар коре бихоҳад анҷом медиҳад ва ҳарчиро бихоҳад боз медорад, ба пеш ва ба таъхир меандозад ва Ӯ соҳиби ҳикмати расо ва бузург аст.
Аз сифатҳои дигари Ӯ Холиқ (Офаранда), Розиқ (Рӯзидиҳанда) ва Мудаббир (Тадбиркунанда)-е аст, ки махлуқотро офарид ва тадбир кард ва тамоми офариниш дар чанг ва қабзаи Ӯ ҳастанд.
Аз сифатҳои дигари Ӯ ин аст, ки ниёзмандро иҷобат мекунад, дармондаро ёрӣ мерасонад, барои мусибатзадагон кушоиш ҳосил мекунад ва ҳар махлуқ, ки гирифтори мушкилӣ ва тангӣ шавад, ночор ба Ӯ паноҳ мебарад.
Ибодат хос барои Аллоҳ аст, зеро танҳо Ӯ Таъоло комил ва сазовори ибодат аст. Ҳарчи ҷуз Аллоҳ парастида шавад маъбуди ботил ва ноқис аст ва дучори нобудӣ ва фано мешавад.
Худованд ба мо хираде ато фармудааст, ки ба азамат ва бузургии Ӯ Таъоло пай мебарад. Дар мо фитрате ниҳодааст, ки некиро дӯст медорад ва аз бадӣ нафрат дорад ва ҳаргоҳ ба сӯи Парвардигори ҷаҳониён руҷуъ кунад, оромиш меёбад. Ин фитрат далолат бар камоли Ӯ Таъоло дорад ва Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло ба нақсу оҷизӣ васф карда намешавад.
Шоистаи як фарди оқил нест, ки ҷуз Парвардигори комилро ибодат кунад. Чӣ гуна як махлуқи нокомил, монанди худ ё пасттар аз худро мепарастад?!
Илоҳи маъбуд наметавонад башар, бут, дарахт ва ё ҷондори дигар бошад.
Худованд болои осмонҳо бар Ъарш аст, ҷудо аз офариниш, чизе аз офариниш дохил дар зоти Ӯ нест, ҳамонгуна, ки чизе аз зоти Ӯ дар махлуқот нест, дар ҳеҷ яке аз махлуқот ҳулул ва таҷассум намеёбад.
Ҳеҷ чиз монанди Парвардигор нест, Ӯ шунаво ва бино аст, касе ба Ӯ баробар нест ва Ӯ аз бандагонаш бениёз аст, намехобад ва на ғизо мехӯрад. Ӯ ҳамон бузурги мутлақ аст, ки доштани ҳамсар ва фарзанд сазовори Ӯ нест. Худованди Офаридагор дорои сифоти азамат аст ва наметавон Ӯро ба ниёзмандӣ ва норасоӣ тавсиф кард.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٞ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَن يَخۡلُقُواْ ذُبَابٗا وَلَوِ ٱجۡتَمَعُواْ لَهُۥۖ وَإِن يَسۡلُبۡهُمُ ٱلذُّبَابُ شَيۡـٔٗا لَّا يَسۡتَنقِذُوهُ مِنۡهُۚ ضَعُفَ ٱلطَّالِبُ وَٱلۡمَطۡلُوبُ ٧٣ مَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ74﴾
(Эй мардум, [дар бораи нотавонии бутҳо] масале зада шудааст, пас, ба он гӯш диҳед: Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, ҳатто агар [ҳамагӣ] барои ин [кор] ҷамъ шаванд. Ва агар он магас чизе аз онон бирабояд, наметавонанд онро бозпас гиранд. [Оре] Хостор ва хоста [бут ва магас] ҳар ду нотавонанд. (73)
[Онон] Аллоҳро чунон ки сазовори [бузургдошти] Ӯст, нашинохтаанд. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло неруманди шикастнопазир аст. (74) (Сураи Ҳаҷ, оятҳои 73-74).
Офаридагори бузург чаро моро офарид? Ӯ Таъоло аз мо чӣ мехоҳад?
Оё мумкин аст Худованд ҳама ин офаринишро бидуни ҳадаф халқ карда бошад? Оё Парвардигоре, ки ҳакиму доност ҳама инро беҳуда офаридааст?
Оё мумкин аст Парвардигоре, ки моро бо ин диққат ва маҳорат офаридааст ва ҳар он чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, дар хидмати мо қарор додааст, моро беҳадаф офарида ва ё бидуни посух ба пурсишҳое, ки зеҳни моро машғул месозад, вогузорад, монанди: мо барои чӣ дар ин дунё ҳастем? Пас аз марг чӣ хоҳад шуд? Ҳадаф аз офариниши мо чист?
Оё мумкин аст барои ситамгарон кайфар ва барои некӯкорон подоше набошад?
Аллоҳи Пок мефармояд:
﴿أَفَحَسِبۡتُمۡ أَنَّمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ عَبَثٗا وَأَنَّكُمۡ إِلَيۡنَا لَا تُرۡجَعُونَ115﴾
(Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?) (Сураи Муъминун, ояти 115).
Худованд паёмбароне фиристод то ҳадафи вуҷуд аз худ дар ин дунёро бидонем ва моро барои чӣ гуна ибодат кардан ва наздик шудан ба Ӯ Таъоло ва ин ки Ӯ аз мо чӣ мехоҳад ва чӣ гуна ризояти Ӯро ба даст меорем, роҳнамоӣ кунанд ва моро аз сарнавиштамон пас аз марг огаҳ намоянд.
Худованд паёмбароне фиристод, то ба мо бигӯянд, ки танҳо Ӯ шоистаи парастиш аст, ба мо биомӯзанд, ки чӣ гуна Ӯро ибодат кунем, моро аз амр ва наҳйшудаҳои Ӯ огоҳ созанд ва арзишҳои некро ба мо биомӯзанд, ки агар мо бандагон ба онҳо риоят кунем, бароямон зиндагии хуб ва пур аз некӣ ва баракат хоҳад буд.
Худованд паёмбарони зиёд, аз ҷумла Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исоро фиристод ва ба онҳо муъҷиза ва нишонаҳо дод, ки далели сидқ ва нубуввати онҳо бошад ва вопасини онҳо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.
Паёмбарон ба таври возеҳу равшан ба мо гуфтанд, ки зиндагии ин дунё як озмоиш ва зиндагии ростин пас аз марг хоҳад буд.
Барои муъминон, ки ягона Худоро ибодат карданд ва ба Ӯ ҳеҷ шарик қарор надоданд ва ба тамоми паёмбарон имон оварданд, биҳишти ҷовидон ва барои кофирон, ки дар баробари Худованд маъбудони дигар қарор доданд ва яке аз паёмбаронро инкор намуданд, оташи дӯзах хоҳад буд.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ إِمَّا يَأۡتِيَنَّكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي فَمَنِ ٱتَّقَىٰ وَأَصۡلَحَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٣٥ وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَٱسۡتَكۡبَرُواْ عَنۡهَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ36﴾
(Эй фарзандони Одам, агар паёмбароне аз худи шумо [наздатон] биоянд, ки оёти Маро бароятон бихонанд, [аз он пайравӣ кунед] пас, онон, ки парҳезгорӣ намоянд ва [рафторҳои гузаштаро] ислоҳ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андуҳгин мешаванд. (35)
Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоранд ва дар баробараш [гарданкашӣ ва] такаббур меварзанд, аҳли дузаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. (36) (Сураи Аъроф, оятҳои 35-36).
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ٢١ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فِرَٰشٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقٗا لَّكُمۡۖ فَلَا تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادٗا وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٢٢ وَإِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّمَّا نَزَّلۡنَا عَلَىٰ عَبۡدِنَا فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّن مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٢٣ فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ وَلَن تَفۡعَلُواْ فَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُۖ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ٢٤ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ كُلَّمَا رُزِقُواْ مِنۡهَا مِن ثَمَرَةٖ رِّزۡقٗا قَالُواْ هَٰذَا ٱلَّذِي رُزِقۡنَا مِن قَبۡلُۖ وَأُتُواْ بِهِۦ مُتَشَٰبِهٗاۖ وَلَهُمۡ فِيهَآ أَزۡوَٰجٞ مُّطَهَّرَةٞۖ وَهُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ25﴾
(Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед. (21)
Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ Таъоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед. (22)
Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ [Муҳаммад] нозил кардаем, дар шакку тардид ҳастед, агар рост мегӯед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Аллоҳ Таъоло – фаро хонед. (23)
Пас, агар чунин накардед – ва ҳаргиз натавонед кард – аз оташе битарсед, ки ҳезуми он мардуму сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шудааст. (24)
[Эй Паёмбар] Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки боғҳое [аз биҳишт] барояшон [дар пеш] аст, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба эшон дода шавад, мегӯянд: "Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин [дар дунё] рӯзии мо шуда буд; дар ҳоле ки шабеҳи он ба эшон дода шуда буд [на худи он] ва [дар он ҷо] ҳамсарони поке доранд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд. (25) (Сураи Бақара, оятҳои 21-25).
Чаро паёмбарони зиёд фиристода шуд?
Худованд паёмбароне барои ҳидояти мардумон фиристод ва ҳеҷ уммате нест магар ин ки Худованд барояшон паёмбаре фиристод, то ононро ба ибодати Парвардигорашон даъват кунад ва амру наҳйи Ӯро бирасонад. Ҳадаф аз даъвати тамоми паёмбарон ибодати Аллоҳи ягона буд. Ҳаргоҳ уммате оғоз ба тарки рисолат ё таҳрифи он мекарданд, паёмбари дигаре ба сӯи онҳо фиристода мешуд то ононро ба тавҳид ва итоат аз Аллоҳ бар асоси ҳамон фитрати солим бозгардонад.
Худованд бо биъсати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар рисолати худ поён бахшид, паёмбаре ки дини комил ва шариати ҷовидон ва фарогир то рӯзи қиёматро барои башарият овард; ҳамон шариати комил ва носихи шариатҳои пешин. Ва Худованд идома ва бақои ин динро то рӯзи қиёмат тазмин фармуд.
Инсон то ба ҳамаи паёмбарон имон наёварад, муъмин буда наметавонад.
Худованд паёмбаронро фиристод ва тамоми мардумонро амр фармуд, ки аз онҳо итоат кунанд ва ҳар ки ба рисолати яке аз онҳо куфр варзад, ба ҳамаи онҳо куфр варзидааст. Барои банда гуноҳе бузургтар аз напазируфтани ваҳйи илоҳӣ нест. Барои ворид шудан ба биҳишт бояд ба ҳамаи паёмбарон имон дошт.
Имон овардан ба Худо ва тамоми паёмбарон ва ба рӯзи охират дар ин замон барои ҳама воҷиб аст. Имон комил намешавад, магар бо имон овардан ва пайравӣ кардан аз хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ки бо муъҷизаи ҷовидонӣ, ки ҳамон Қуръони Карим аст, ба сӯи мо фиристода шуд, муъҷизае, ки то замоне башар рӯи замин аст, ҳифзи онро замонат додааст.
Худованд дар Қуръони Карим фармудааст, ки ҳар ки имон ба яке аз паёмбаронро инкор кунад, ба Худованд куфр варзида, ваҳйи илоҳиро дурӯғ шумурдааст. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ يَكۡفُرُونَ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦ وَيُرِيدُونَ أَن يُفَرِّقُواْ بَيۡنَ ٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦ وَيَقُولُونَ نُؤۡمِنُ بِبَعۡضٖ وَنَكۡفُرُ بِبَعۡضٖ وَيُرِيدُونَ أَن يَتَّخِذُواْ بَيۡنَ ذَٰلِكَ سَبِيلًا ١٥٠ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ حَقّٗاۚ وَأَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابٗا مُّهِينٗا151﴾
(Касоне, ки ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбаронаш куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Аллоҳ Таъоло ва паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд: "Мо ба баъзе имон дорем ва баъзеро инкор мекунем" ва мехоҳанд дар ин [миён байни куфру имон барои худ] роҳе баргузинанд.(150)
Ононанд, ки ба ростӣ, кофиранд ва мо барои кофирон азоби хоркунандае муҳайё кардаем.(151) (Сураи Нисо, оятҳои 150-151).
Бинобар ин, мо мусалмонон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат - онгуна, ки Аллоҳ амр фармудааст - имон дорем, ҳамон гуна, ки ба тамоми паёмбарон ва китобҳои пешин имон дорем. Худованд мефармояд:
﴿ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ285﴾
(Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст).
(Сураи Бақара, ояти 285).
Қуръони Карим чист?
Қуръони Карим каломи Худованд ва ваҳйи Ӯ Таъолост, ки ба охирин паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст. Қуръони Карим бузургтарин муъҷизаест, ки далолат ба ҳақиқати нубуввати ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунад. Аҳкоми Қуръони Карим ҳақ ва ахбори он дуруст аст.
Худованд мункирони Қуръонро ба чолиш кашид, ки агар метавонанд як сурае ҳаммонанди сураҳои Қуръон биёваранд, аммо бинобар бузургии мазмун ва муҳтавои фарогири он, ки шомили умури мутааллиқ ба дунё ва охирати мардум аст, оҷиз омаданд. Қуръони Карим тамоми ҳақоиқи имониро, ки бояд ба онҳо имон дошт, фаро мегирад.
Ҳамчунин Қуръони Карим шомили амрҳо ва наҳйҳое аст, ки инсон байни худ ва байни Парвардигораш, ё он чи марбут ба худи ӯст ва ё байни худ ва мардум анҷом медиҳад. Қуръони Карим бисёр ба як сабки олӣ ва услуби баланд баён шудааст.
Қуръони Карим шомили далелҳои ақлӣ ва ҳақоиқи илмии фаровоне аст, ки нишон медиҳад инсон наметавонад чунин китобе офарад, балки он сухани Парвардигори ҷаҳониён аст.
Ислом чист?
Ислом таслим шудан ба Аллоҳи Мутаъол аз роҳи тавҳид ва гардан ниҳодан ба амри Ӯ бо тоъат ва пазируфтани шариати Ӯ бо ризоят ва қабули комил ва куфр варзидан ба ҳар чи ғайри Аллоҳи ягона парастида мешавад, аст.
Худованд паёмбаронро барои иблоғи як паём фиристодааст, он ҳам бошад, даъват ба ибодати Аллоҳи ягона ва бешарик ва куфр варзидан ба ҳар чизе ки ғайри Аллоҳ парастида мешавад.
Ислом дини ҳамаи паёмбарон аст, даъвати ҳамаи онҳо як ва бо шариатҳои гуногун буд. Имрӯз танҳо касоне, ки ба дини ҳамаи паёмбарон пойбанд ҳастанд, мусалмононанд. Дар ин замон рисолати ҳақ Ислом аст ва он охирин рисолати илоҳӣ ба башарият мебошад.
Парвардигоре, ки Иброҳим, Мӯсо ва Исо (алайҳимус-салом)-ро фиристодааст, ҳамон Худоест, ки охирини паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро фиристодааст ва шариъати Ислом насхкунандаи тамоми шариатҳои пешин аст.
Тамоми динҳое, ки имрӯз мардум пайравӣ мекунанд, ба ҷуз Ислом, динҳои сохтаи башар ва ё динҳое ҳастанд, ки дар оғоз осмонӣ сипас ба дасти башар таҳриф ва дасткорӣ шуданд, ба гунае, ки дар ниҳоят омехтае аз хурофоту афсонаҳои хаёлӣ ва талошҳои башарӣ гаштанд.
Аммо дини Ислом ягона дине аст, ки возеҳу равшан ва тағйирнопазир аст, танҳо Худоро мепарастанд, ҳама панҷ вақт намоз мегузоранд, закоти мол медиҳанд, дар моҳи Рамазон рӯза медоранд ва ба вижа ба қонуни асосии мусалмонон, ки ҳамон Қуръони Карим аст, таваҷҷуҳ кунед, ки дар тамоми рӯи замин як аст. Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿...ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ﴾
(Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам. Пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷони худ ва] бидуни он ки ба гуноҳе мутамоил бошад, ночор [ба хӯрдани гӯштҳои манъшуда] шавад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст). (Сураи Моида, ояти 3).
Инчунин Аллоҳ Таъоло дар Қуръони Карим мефармояд:
﴿قُلۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ٨٤ وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ85﴾
([Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ Таъоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем. (84)
Ҳар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст. (85)
(Оли Имрон, оятҳои 84-85)
Дини Ислом як равиши фарогир ва мутобиқ бо фитрат ва ақли солим аст, ки Офаридгори бузург барои хилқати худ машруъ гардонид; дине, ки дар он хайр ва саодат барои башарият дар дунё ва охират аст; дине, ки қавм ва рангро намешиносад, мардум дар он ҳама баробар ҳастанд ва касе бар дигаре бартарӣ надорад, магар ба андозаи амалҳои неки худ.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ97﴾
Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем). (Сураи Наҳл, ояти 97).
Ислом роҳи хушбахтӣ аст
Ислом дини тамоми паёмбарон ва дини Аллоҳ барои ҳамаи мардумон аст, на дини хоси арабҳо.
Ислом роҳи саодати воқеӣ дар дунё ва неъмати ҷовидонӣ дар охират аст.
Ислом ягона дине аст, ки ба ниёзҳои руҳӣ ва баданӣ посух мегӯяд ва роҳҳали тамоми мушкилоти башарӣ аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قَالَ ٱهۡبِطَا مِنۡهَا جَمِيعَۢاۖ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ 123 وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ124﴾
(Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад. (123)
Ва касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем. (124)
(Сураи Тоҳо, оятҳои 123-124).
Мусалмон дар дунё ва охират чӣ суд мебарад?
Ислом манфиатҳои бузурге дорад, аз ҷумла:
- Дар ҳоли бандагӣ ба Аллоҳ инсон шараф ва пирӯзӣ ба даст меорад, вагарна бандаи ҳавову ҳавас ва шаҳват мегардад.
- Пирӯзӣ дар охират, яъне Худо ӯро мағфират мекунад, ризои Аллоҳро ба даст меорад, ӯро ба биҳишт ворид мекунад, неъмати ҷовидониро ба даст меорад ва аз азоби дӯзах наҷот меёбад.
- Муъмин дар рӯзи қиёмат бо паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидону некӯкорон аст - чи ҳамроҳони нек ва зебо дорад - ва ҳар ки имон наоварад, ҳамроҳи саркашону бадкорон ва табаҳкорону фасодкорон аст.
- Ононро, ки Худованд ба биҳишт ворид мекунад дар саодати абадӣ бидуни марг, беморӣ, пирӣ ва бидуни дарду ғам зиндагӣ мекунанд ва Худованд хостаҳои онҳоро бароварда месозад. Аммо онҳое, ки вориди ҷаҳаннам мешаванд, дар азоби бепоён ва абадӣ хоҳанд буд.
- Дар биҳишт неъматҳоест, ки на чашм дидааст, на гӯш шунидааст ва на ба зеҳни касе хутур кардааст, чунончи, Худованд мефармояд:
﴿مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ97﴾
(Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем). (Сураи Наҳл, ояти 97).
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ17﴾
(Пас, ҳеҷ кас намедонад, ба [поси] он чи [ин муъминон дар дунё] анҷом медиҳанд, чи [бисёр мояи] равшании чашмҳо барояшон нуҳуфта аст). (Сураи Саҷда, ояти 17).
Ғайри мусулмон чиро аз даст медиҳад?
Инсон дар ҳоли напазируфтани Ислом бузургтарин илму маърифатро аз даст медиҳад, ки он маърифат ва шинохти Аллоҳ аст. Ҳамчунин имон ба Аллоҳ, ки ба инсон дар дунё оромиш ва дар охират саодати ҷовидонӣ мебахшад, аз даст хоҳад дод.
Инсон имон ва пайравӣ ба бузургтарин китобро, ки Худованд ба башар нозил фармудааст, аз даст медиҳад.
Ӯ имон бар паёмбарони бузург ва ҳамроҳӣ бо онон дар биҳиштро аз даст медиҳад ва дар рӯзи қиёмат дар оташи ҷаҳаннам ҳамнишини шайтонҳо, ҷинояткорон ва саркашон хоҳад буд, ки басо ҷойгоҳи бад ва ҳамсоягони баде ҳастанд барои ӯ.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿قُلۡ إِنَّ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَأَهۡلِيهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَا ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ 15 لَهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ ظُلَلٞ مِّنَ ٱلنَّارِ وَمِن تَحۡتِهِمۡ ظُلَلٞۚ ذَٰلِكَ يُخَوِّفُ ٱللَّهُ بِهِۦ عِبَادَهُۥۚ يَٰعِبَادِ فَٱتَّقُونِ16﴾
(Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст. (15)
Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ Таъоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед. (16) (Сураи Зумар, оятҳои 15-16).
Ҳар ки мехоҳад дар охират наҷот ёбад, бояд мусалмон ва фармонбардори Аллоҳ бошад ва аз паёмбари Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ кунад.
Яке аз ҳақоиқе, ки паёмбарон ва расулон (алайҳимус-салом) бар он муттафиқанд, ин аст, ки танҳо касоне, ки ба Худои Мутаъол имон овардаанд ва дар ибодати Ӯ ҳеҷ касро шарик қарор надодаанд ва ба ҳамаи паёмбарон ва расулон имон овардаанд, дар охират наҷотёфтагонанд. Ҳама пайравони паёмбароне, ки ба онон имон оварда ва аз онон пайравӣ карданд, вориди биҳишт мешаванд ва аз дӯзах наҷот меёбанд.
Касоне, ки дар замони паёмбар Мӯсо буданд ва ба ӯ имон оварданд ва аз таълимоти ӯ пайравӣ карданд, онҳо мусалмон ва муъминони некӯкор ҳастанд, аммо пас аз биъсати Исо бар пайравони Мӯсо воҷиб буд ба Исо имон биёваранд ва аз ӯ пайравӣ кунанд.
Ва ҳар кас, ки ба Исо имон овард, мусалмони ростини некӯкор ва ҳар касе аз имон ба Исо сарпечӣ кард ва гуфт, ки ман бар дини Мӯсо мемонам, аз имон берун шуд, зеро ӯ аз имон ба паёмбаре, ки Худо фиристодааст, сарпечӣ намуд.
Пас аз он ки Худованд охирини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро фиристод, бояд ҳама ба ӯ имон оваранд, зеро Парвардигори Мутаъол, ки Мӯсо ва Исоро фиристод, Ӯст, ки охирини паёмбарон Муҳаммадро фиристод. Пас, ҳар ки ба рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кофир шавад ва бигӯяд, ки ман танҳо аз Мӯсо ё Исо пайравӣ мекунам, муъмин нест.
Басанда нест барои касе бигӯяд ман ба мусалмонон эҳтиром дорам ва барои наҷот дар охират садақа бидиҳад ва ба мискинон кумак кунад, балки бояд ба Аллоҳ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва бар рӯзи қиёмат имон дошта бошад, то Аллоҳ амалҳои неки ӯро қабул намояд. Гуноҳе бузургтар аз ширк, куфр ба Аллоҳ, инкори ваҳй ва ё инкори вопасин паёмбар ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нест.
Яҳуд ва насоро ва дигарон, ки аз рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шуниданд ва ба ӯ имон наоварданд ва аз дохил шудан ба дини Ислом сарпечӣ карданд, абадӣ дар оташи дӯзах хоҳанд монд. Ин ҳукми Аллоҳ аст, на ҳукми башаре. Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ وَٱلۡمُشۡرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمۡ شَرُّ ٱلۡبَرِيَّةِ6﴾
(Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд). (Сураи Байина, ояти 6).
Пас аз нузули охирин рисолат, бояд ҳар касе дар мавриди Ислом ва рисолати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавад, ба он имон биёварад, ба шариъати он итоат фармуда, аз он пайравӣ кунад. Ҳар ки аз охирин рисолат огаҳ шавад ва онро инкор кунад, Худо дигар чизе аз ӯ намепазирад ва дар охират ӯро дар азоби худ қарор медиҳад.
Аз далелҳои он фармудаи Худованд аст, ки мегӯяд:
﴿وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ85﴾
(Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст). (Оли Имрон, ояти 85).
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ يَٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ64﴾
([Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем).
(Оли Имрон, ояти 64).
Як мусалмон чӣ бояд кунад?
Мусалмон бояд ба ин шаш рукн имон оварад:
Имон ба Аллоҳ Таъоло ва ин ки Ӯ офаридгор, рӯзидиҳанда, тадбиркунанда ва молик аст ва чизе ҳаммонанди Ӯ нест. Ӯро ҳамсар ва фарзанде нест, танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, дар баробари Ӯ набояд маъбуди дигаре қарор дод ва бар ин бовар буд, ки ҳарчи ба ҷуз Аллоҳ парастиш мешавад, ботил аст.
Имон ба фариштагон, ки онҳо бандагони Аллоҳ Таъоло ҳастанд, онҳоро аз нур офаридааст ва яке аз вазифаҳои онҳо нузули ваҳй бар паёмбарон аст.
Имон ба тамоми китобҳое, ки Аллоҳ бар паёмбаронаш нозил фармудааст (ба монанди Таврот ва Инҷил - қабл аз таҳриф) ва бар охирини онҳо Қуръони Карим.
Имон овардан ба тамоми паёмбарон, аз ҷумла Нуҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва охирини онҳо Муҳаммад, ки ҳамагон аз ҷинси башар буданд, ба онҳо ваҳй нозил фармуд ва ба онҳо нишона ва муъҷизаҳое дод, ки далели сидқ ва нубуввати онҳо аст.
Имон ба рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ дар он рӯз аввалину охиринро зинда мегардонад ва миёни онҳо ҳукм мекунад; муъминонро ба биҳишт ва кофиронро ба дӯзах ворид мекунад.
Имон ба тақдир ва ин ки Аллоҳ ҳама он чи буд ва он чи хоҳад шудро медонад. Ӯ Таъоло медонад ва ҳарчи зери машияти Ӯст, навишт ва мавҷудотро офарид.
Ва ин ки Аллоҳ Таъолоро ба он чи мақаррар кардааст, аз қабили намоз, закот, рӯза ва дар ҳоли тавоноӣ сафари Ҳаҷ кардан, ибодат кунад, сипас бар ӯ лозим аст, ки таълимоти дини худро биомӯзад, ки он манбаи саодати ӯ дар дунё ва наҷоти ӯ дар охират хоҳад буд.
***
Феҳраст
Парвардигор Офаридагори бузург аст. 4
Ӯ Таъолост Парвардигори офаранда ва рӯзидиҳандаи поку воломақом. 5
Сифоти Парвардигори офаранда. 6
Парвардигори маъбуд дорои сифатҳои камол аст. 7
Офаридагори бузург чаро моро офарид? Ӯ Таъоло аз мо чӣ мехоҳад? 11
Чаро паёмбарони зиёд фиристода шуд? 15
Инсон то ба ҳамаи паёмбарон имон наёварад, муъмин буда наметавонад. 15
Қуръони Карим чист? 17
Ислом чист? 18
Ислом роҳи хушбахтӣ аст 22
Мусалмон дар дунё ва охират чӣ суд мебарад? 23
Ғайри мусулмон чиро аз даст медиҳад? 24
Ҳар ки мехоҳад дар охират наҷот ёбад, бояд мусалмон ва фармонбардори Аллоҳ бошад ва аз паёмбари Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ кунад. 25
Як мусалмон чӣ бояд кунад? 28
***
tg443v2.0 - 04/06/2026