التَّحْقِيقُ وَالإِيضَاحُ لِكَثِيرٍ مِنْ مَسَائِلِ
الحَجِّ وَالعُمْرَةِ وَالزِّيَارَةِ عَلَى ضَوءِ الكِتَابِ وَالسُّنَّة
Таҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат
لِسَمَاحَةِ الشَّيْخِ العَلَّامَةِ
عَبْدِ العَزِيزِ بْنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ بَازٍ
رَحِمَهُ اللهُ
Таълифи ҷаноби шайхи аллома
Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
بِسْمِ اللهِ الرَّحمَنِ الرَّحِيمِ
Таҳқиқ ва тавзеҳи бисёре аз масоили ҳаҷ, умра ва зиёрат дар партави Китобу Суннат
Муқаддимаи муаллиф
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Ҳамду сано махсуси Аллоҳ — Парвардигори ҷаҳониён аст, ва оқибати нек аз они парҳезгорон мебошад. Ва дуруду салом бар банда ва фиристодаи Ӯ Муҳаммад ва бар хонадону асҳобаш бод.
Аммо баъд:
Ин рисолаи мухтасарест дар бораи ҳаҷ ва баёни фазилат ва одоби он ва он чи барои касе, ки қасди сафар барои адои онро дорад, лозим аст. Ҳамчунин бисёре аз масоили муҳими ҳаҷ, умра ва зиёрат ба таври мухтасар ва возеҳ баён шудааст. Дар ин рисола он чиро, ки китоби Худо ва суннати Расулуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он далолат мекунад, дақиқ намудам. Онро ҳамчун насиҳат барои мусалмонон ва барои амал кардан ба ин гуфтаи Худованди Мутаъол ҷамъоварӣ кардам:
﴿وَذَكِّرْ فَإِنَّ الذِّكْرَى تَنْفَعُ الْمُؤْمِنِينَ 55﴾
(Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст). (Сураи Зориёт, ояти 55). ва ин оят низ:
﴿وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُ...﴾
(Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ Таъоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед"). (Сураи Оли Имрон, ояти 187). Ва инчунин Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى...﴾
(ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед). (Сураи Моида, ояти 2).
Инчунин дар ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:
«الدِّينُ النَّصِيحَةُ، ثَلَاثًا، قِيلَ: لِمَنْ يَا رَسُولَ اللَّهِ؟ قَالَ: لِلَّهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُولِهِ وَلِأَئِمَّةِ المُسْلِمِينَ وَعَامَّتِهِمْ».
«Дин насиҳат аст», (се маротиба). Гуфтанд: «Барои кӣ, эй Расули Аллоҳ?». Фармуд: «Барои Аллоҳ, барои китобаш, барои расулаш, барои пешвоёни мусалмонон ва барои оммаи онҳо»1.
Табаронӣ аз Ҳузайфа ривоят кардааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ لَمْ يَهْتَمَّ بِأَمْرِ المُسْلِمِينَ فَلَيْسَ مِنْهُمْ، وَمَنْ لَمْ يُصْبِحْ وَيُمْسِ نَاصِحًا لِلَّهِ وَلِرَسُولِهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِإِمَامِهِ وَلِعَامَّةِ المُسْلِمِينَ فَلَيْسَ مِنْهُمْ».
«Ҳар касе ба кори мусалмонон аҳамият надиҳад, ӯ аз онҳо нест. Ва ҳар касе, ки субҳу шом хайрхоҳи Аллоҳ, Расули Ӯ, Китоби Ӯ, пешвои худ ва тамоми мусалмонон набошад, ӯ аз онҳо нест».2
Аз Худованд мехоҳем, ки ман ва тамоми мусалмононро аз он баҳраманд гардонад ва саъю кӯшиш дар онро холисона барои ризои Хеш ва сабаби комёбӣ дар назди Ӯ дар ҷаннатҳои пурнеъмат бигардонад. Ҳамоно Ӯ Шунаво ва Иҷобаткунанда аст ва Ӯ моро кифоя аст ва чи хуб корсоз аст.
Фасл
Дар баёни далелҳои вуҷуби ҳаҷҷу умра ва шитоб намудан ба адои онҳо
Чун ин маълум гашт, пас бидонед, – Худованд ман ва шуморо ба шинохти ҳақ ва пайравии он тавфиқ диҳад – ки Аллоҳ Таъоло ҳаҷҷи Байтулҳаромро бар бандагонаш фарз гардонида, онро яке аз рукнҳои Ислом қарор додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ﴾
(ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ Таъоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ Таъоло аз ҷаҳониён бениёз аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 97).
Ва дар саҳеҳайн аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«بُنِيَ الإِسْلَامُ عَلَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَإِقَامِ الصَّلَاةِ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ، وَحَجِّ بَيْتِ اللَّهِ الحَرَامِ».
«Ислом бар панҷ чиз бино ёфтааст: гувоҳӣ додан ба он ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; барпо доштани намоз; додани закот; рӯзаи моҳи Рамазон; ва ҳаҷҷи Хонаи Худо».3
Ҳамчунин Саъид дар «Сунан»-и худ аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки ӯ фармуд: "Дар ҳақиқат қасд кардам, ки мардонеро ба ин шаҳрҳо бифиристам, то ҳар касеро, ки тавоноӣ дорад ва ҳаҷ накардааст, пайдо кунанд ва бар онҳо ҷизя муқаррар намоянд. Онҳо мусалмон нестанд, онҳо мусалмон нестанд."45
Ва аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт: “Ҳар кас, ки тавони ҳаҷ дошта бошад, вале онро тарк кунад, фарқе надорад, ки яҳудӣ бимирад ё насронӣ” (6).6
Бар касе, ки тавоноии анҷоми ҳаҷро дорад, вале онро анҷом надодааст, воҷиб аст, ки ба анҷоми он шитоб кунад, зеро аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«تَعَجَّلُوا إِلَى الحَجِّ - يَعْنِي الفَرِيضَةَ - فَإِنَّ أَحَدَكُمْ لَا يَدْرِي مَا يَعْرِضُ لَهُ».
«Барои адои ҳаҷ (яъне ҳаҷҷи фарзӣ) шитоб кунед, зеро ҳеҷ кадоме аз шумо намедонад, ки чӣ монеае барояш пеш меояд»7.
Зеро анҷом додани ҳаҷ дар ҳаққи касе, ки тавони онро дорад, фавран воҷиб аст, бинобар зоҳири ин гуфтаи Аллоҳ Таъоло:
﴿...وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ﴾
(ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ Таъоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ Таъоло аз ҷаҳониён бениёз аст). (Сураи Оли Имрон, ояти 97). Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хутбаашон мефармояд:
«أَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّ اللَّهَ فَرَضَ عَلَيْكُمُ الحَجَّ فَحُجُّوا».
«Эй мардум! Ҳамоно Худованд ҳаҷро бар шумо фарз гардонидааст, пас ҳаҷ кунед»8.
Дар бораи воҷиб будани умра ҳадисҳои зиёд ривоят шудааст, аз ҷумла ин:
Фармудаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст, ки дар посух ба пурсиши Ҷабраил (алайҳиссалом) дар мавриди Ислом чунин гуфтаанд:
«الإِسْلَامُ أَنْ تَشْهَدَ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ، وَتُقِيمَ الصَّلَاةَ، وَتُؤْتِيَ الزَّكَاةَ، وَتَحُجَّ البَيْتَ وَتَعْتَمِرَ، وَتَغْتَسِلَ مِنَ الجَنَابَةِ، وَتُتِمَّ الوُضُوءَ، وَتَصُومَ رَمَضَانَ».
«Ислом ин аст: гувоҳӣ диҳӣ, ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Худо ва ин ки Муҳаммад паёмбари Худо аст; ва намозро барпо дорӣ; ва закотро бидиҳӣ; ва ҳаҷҷи Хонаро анҷом диҳӣ ва умра намоӣ; ва аз ҷанобат ғусл кунӣ; ва вузӯро комил намоӣ; ва моҳи Рамазонро рӯза дорӣ».9 Ривояти Ибни Хузайма ва Дорақутнӣ, аз ҳадиси Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу), Дорақутнӣ санадашро собит ва саҳеҳ гуфтааст.
Ва аз ҷумлаи онҳо ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) аст, ки фармуд:
«يَا رَسُولَ اللَّهِ، هَلْ عَلَى النِّسَاءِ مِنْ جِهَادٍ؟ قَالَ: عَلَيْهِنَّ جِهَادٌ لَا قِتَالَ فِيهِ: الحَجُّ وَالعُمْرَةُ».
“Эй Расули Аллоҳ, оё бар занон ҷиҳоде ҳаст?” Фармуд: “Бар онҳо ҷиҳоди бе ҷангидан аст: ҳаҷ ва умра” (10).10 Ривояти Аҳмад ва Ибни Моҷаҳ бо санади саҳеҳ.
Анҷом додани ҳаҷ ва умра дар умр танҳо як бор воҷиб аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд:
«الحَجُّ مَرَّةٌ، فَمَنْ زَادَ فَهُوَ تَطَوُّعٌ».
«Ҳаҷ як бор фарз аст, пас ҳар кас, ки зиёд кунад, он ихтиёрӣ аст».11
Зиёд анҷом додани ҳаҷ ва умраи нофила суннат аст, зеро дар "Саҳеҳайн" аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«العُمْرَةُ إِلَى العُمْرَةِ كَفَّارَةٌ لِمَا بَيْنَهُمَا، وَالحَجُّ المَبْرُورُ لَيْسَ لَهُ جَزَاءٌ إِلَّا الجَنَّةُ».
“Умра то умра маҳвкунанда аст, барои он чи ки дар миёни онҳост (аз гуноҳ) ва ҳаҷҷи мақбул мукофоте ҷуз биҳишт надорад”.12
Фасл
Дар баёни воҷиб будани тавба аз гуноҳон ва даст кашидан аз зулм.
Вақте ки мусалмон қасди сафар ба ҳаҷ ё умра мекунад, барояш мустаҳаб аст, ки аҳлу асҳобашро ба тақвои Аллоҳ Таъоло, ки анҷом додани амрҳояш ва дурӣ ҷустан аз наҳйҳояш мебошад, тавсия диҳад.
Бояд дороӣ ва қарзҳои худро бинависад ва бар он шоҳид бигирад, ва бар ӯ воҷиб аст, ки ба тавбаи насуҳ аз ҳамаи гуноҳон оғоз кунад, зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَتُوبُوا إِلَى اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴾
(Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ Таъоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед). (Сураи Нур, ояти 31).
Ҳақиқати тавба: тарки гуноҳон, пушаймонӣ аз он чи гузаштааст ва азми қатъӣ барои бознагаштан ба онҳост. Агар бар мардум зулме дар ҷон, мол ё номус дошта бошад, бояд пеш аз сафараш онҳоро ба соҳибонашон баргардонад, ё аз онҳо ҳалолият бихоҳад, зеро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«مَنْ كَانَتْ عِنْدَهُ مَظْلَمَةٌ لِأَخِيهِ مِنْ مَالٍ أَوْ عِرْضٍ فَلْيَتَحَلَّلِ اليَوْمَ قَبْلَ أَنْ لَا يَكُونَ دِينَارٌ وَلَا دِرْهَمٌ، إِنْ كَانَ لَهُ عَمَلٌ صَالِحٌ أُخِذَ مِنْهُ بِقَدْرِ مَظْلَمَتِهِ، وَإِنْ لَمْ تَكُنْ لَهُ حَسَنَاتٌ أُخِذَ مِنْ سَيِّئَاتِ صَاحِبِهِ فَحُمِلَ عَلَيْهِ».
"Ҳар ки ҳақе аз бародараш бар ӯст аз мол ё обрӯ, бояд аз вай бахшиш талабад, қабл аз он ки рӯзе биёяд, дирҳаму диноре нест. Ва ҳар гоҳ амали солеҳе дошта бошад, ба андозаи зулмаш гирифта шавад ва агар амали нек надошта бошад, аз гуноҳони рафиқаш гирифта шуда ва бар дӯши ӯ ниҳода мешавад"13.
Шоиста аст, ки барои ҳаҷ ва умраи худ нафақаи покиза аз моли ҳалол интихоб кунад, зеро аз он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى طَيِّبٌ لَا يَقْبَلُ إِلَّا طَيِّبًا».
«Ҳамоно Худои Таъоло пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул намекунад»14.
Табаронӣ аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«إِذَا خَرَجَ الرَّجُلُ حَاجًّا بِنَفَقَةٍ طَيِّبَةٍ وَوَضَعَ رِجْلَهُ فِي الغَرْزِ فَنَادَى: لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، نَادَاهُ مُنَادٍ مِنَ السَّمَاءِ: لَبَّيْكَ وَسَعْدَيْكَ، زَادُكَ حَلَالٌ، وَرَاحِلَتُكَ حَلَالٌ، وَحَجُّكَ مَبْرُورٌ غَيْرُ مَأْزُورٍ، وَإِذَا خَرَجَ الرَّجُلُ بِالنَّفَقَةِ الخَبِيثَةِ فَوَضَعَ رِجْلَهُ فِي الغَرْزِ فَنَادَى: لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، نَادَاهُ مُنَادٍ مِنَ السَّمَاءِ: لَا لَبَّيْكَ وَلَا سَعْدَيْكَ، زَادُكَ حَرَامٌ، وَنَفَقَتُكَ حَرَامٌ، وَحَجُّكَ غَيْرُ مَبْرُورٍ».
«Вақте ки марде бо нафақаи пок барои адои ҳаҷ берун шавад ва пояшро дар рикоб гузорад ва нидо кунад: «Лаббайк, Аллоҳумма лаббайк», нидокунандае аз осмон ба ӯ нидо мекунад: «Лаббайка ва саъдайк, тӯшаат ҳалол, саворият ҳалол ва ҳаҷҷат мабрур ва бегуноҳ аст». Ва ҳар гоҳ марде бо нафақаи ҳаром берун равад ва пояшро дар рикоб гузорад ва нидо кунад: «Лаббайк, Аллоҳумма лаббайк», нидокунандае аз осмон ба ӯ нидо мекунад: «На лаббайк ва на саъдайк, тӯшаат ҳаром, нафақаат ҳаром ва ҳаҷҷат ғайри мабрур аст»15.
Барои ҳоҷӣ бениёзӣ аз он чи дар дасти мардум аст ва парҳез аз дархост аз онҳо шоиста аст; зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«وَمَنْ يَسْتَعْفِفْ يُعِفَّهُ اللَّهُ، وَمَنْ يَسْتَغْنِ يُغْنِهِ اللَّهُ».
«Ва ҳар ки иффат талабад, Аллоҳ иффаташ медиҳад ва ҳар ки бениёзӣ талабад, Аллоҳ бениёзаш мегардонад»16.
Ва фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«لَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَسْأَلُ النَّاسَ حَتَّى يَأْتِيَ يَوْمَ القِيَامَةِ وَلَيْسَ فِي وَجْهِهِ مُزْعَةُ لَحْمٍ».
«Шахсе ҳамвора аз мардум хоҳиш мекунад, то ин ки рӯзи қиёмат ҳозир мешавад, дар ҳоле ки дар рӯяш пораи гӯште нест»17.
Бар ҳоҷӣ зарур аст, ки бо ҳаҷ ва умраи худ ризои Худо ва сарои охиратро қасд намояд ва дар он маконҳои шариф бо гуфтору амалҳое, ки Худоро розӣ мегардонад, ба Ӯ наздикӣ ҷӯяд. Ва бояд бисёр ҳазар кунад, ки дар ҳаҷҷи худ дунё ва молу матои он, ё риёву сумъа ва фахрфурӯширо қасд намояд, зеро ин аз зишттарин ниятҳо буда, сабаби ботил шудани амал ва қабул нагардидани он мешавад. Чуноне ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿مَنْ كَانَ يُرِيدُ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَالَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ 15 أُولَئِكَ الَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِي الاخِرَةِ إِلَّا النَّارُ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا فِيهَا وَبَاطِلٌ مَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ 16﴾
(Касоне, ки зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳанд, [подоши] корҳояшонро дар ин [дунё] ба тамомӣ ба онон медиҳем ва дар он [подош ҳеҷ] каму косте нахоҳанд дид.
Инон касоне ҳастанд, ки дар охират ба ҷуз оташ [-и дӯзах ҳеҷ насибе] нахоҳанд дошт ва он чи дар дунё анҷом додаанд, бар бод рафтааст ва он чи мекарданд, табоҳ аст).
(Сураи Ҳуд, оятҳои 15-16).
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿مَّنْ كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاءُ لِمَنْ نُرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلَاهَا مَذْمُومًا مَدْحُورًا 18 وَمَنْ أَرَادَ الْاخِرَةَ وَسَعَى لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَئِكَ كَانَ سَعْيُهُمْ مَشْكُورًا 19﴾
(Ҳар ки хоҳони [дунёе] зудгузар аст, ҳар чи бихоҳем [ва] ба ҳар ки бихоҳем [баҳрае] аз он медиҳем; он гоҳ дузахро насибаш мекунем, ки дар он ҷо хору рондашуда ворид мегардад.
Ва ҳар ки охиратро бихоҳад ва барои он талош кунад, дар ҳоле ки муъмин аст, пас талоши онҳо шукргузорӣ мешавад).
(Сураи Исро оятҳои 18-19).
Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«قَالَ اللَّهُ تَعَالَى: أَنَا أَغْنَى الشُّرَكَاءِ عَنِ الشِّرْكِ، مَنْ عَمِلَ عَمَلًا أَشْرَكَ مَعِي فِيهِ غَيْرِي تَرَكْتُهُ وَشِرْكَهُ».
«Худованди Мутаъол мефармояд: Ман бениёзтарини шарикон аз ширк мебошам, он ки амале анҷом диҳад, ки ғайри маро дар он бо ман дар назар дошта бошад, худаш ва ширкашро тарк мекунам»18.
Инчунин барои ӯ шоиста аст, ки дар сафари худ неконро аз аҳли тоат, тақво ва касоне, ки аз дин огоҳанд ҳамсафар интихоб намояд ва аз ҳамнишинӣ бо сафеҳон ва фосиқон дурӣ ҷӯяд.
Шоиста аст, ки аҳкоми ҳаҷ ва умраро биомӯзад, дар он дониш пайдо кунад ва масоили мушкилро бипурсад, то бо басират амал намояд. Пас, ҳангоме ки ба маркаб, мошин, тайёра ва ё дигар васоили нақлиёт савор мешавад, мустаҳаб аст, ки номи Аллоҳро зикр карда, Ӯро ҳамд гӯяд, сипас се бор такбир гӯяд ва бигӯяд:
﴿...سُبْحَانَ الَّذِي سَخَّرَ لَنَا هَذَا وَمَا كُنَّا لَهُ مُقْرِنِينَ 13 وَإِنَّا إِلَى رَبِّنَا لَمُنْقَلِبُونَ14﴾
(«Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем».
Ва мо ба пешгоҳи Парвардигорамон бозмегардем». 14)
(Сураи Зухруф, оятҳои 13-14).
«اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ فِي سَفَرِي هَذَا البِرَّ وَالتَّقْوَى، وَمِنَ العَمَلِ مَا تَرْضَى، اللَّهُمَّ هَوِّنْ عَلَيْنَا سَفَرَنَا هَذَا، وَاطْوِ عَنَّا بُعْدَهُ، اللَّهُمَّ أَنْتَ الصَّاحِبُ فِي السَّفَرِ، وَالخَلِيفَةُ فِي الأَهْلِ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ وَعْثَاءِ السَّفَرِ، وَكَآبَةِ المَنْظَرِ، وَسُوءِ المُنْقَلَبِ فِي المَالِ وَالأَهْلِ».
«Аллоҳумма иннӣ асъалука фӣ сафарӣ ҳозо ал-бирра ват-тақво, ва мина-л-ъамали мо тарзо, Аллоҳумма ҳаввин ъалайно сафарано ҳозо, ватви ъанно буъдаҳу, Аллоҳумма Анта-с-соҳибу фи-с-сафар, вал-халифату фил-аҳл, Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ваъсои-с-сафар, ва каобатил-манзар, ва суъил-мунқалаби фил-моли вал-аҳл»19
Зеро ин ривоят аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳеҳ собит шудааст, ки онро Муслим аз ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят кардааст.
Дар сафараш ба зикру истиғфор, дуо ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло ва тазарруъ ба Ӯ, тиловати Қуръон ва тадаббури маонии он бисёр машғул шавад. Ба намозҳои ҷамоат пойбанд бошад ва забонашро аз суханҳои беҳуда, дахолат кардан ба корҳое, ки ба ӯ дахл надорад ва зиёдаравӣ дар шӯхӣ нигоҳ дорад. Ҳамчунин забонашро аз дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ ва масхара кардани ҳамсафаронаш ва дигар бародарони мусалмонаш ҳифз намояд.
Шоиста аст, ки ба ёрони худ некӣ кунад, озори худро аз онҳо боздорад ва ба қадри тавон бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана онҳоро ба маъруф амр намояд ва аз мункар наҳй кунад.
Фасл
Дар баёни он чизе, ки ҳоҷӣ ҳангоми расидан ба миқот анҷом медиҳад
Ҳангоме, ки ҳоҷӣ ба миқотгоҳ расид, барояш мустаҳаб аст, ки ғусл намуда, хушбӯӣ занад, зеро ривоят шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми эҳром либоси дӯхташударо аз тан бароварда, ғусл карданд, ва ҳамчунин бинобар он чи дар "Саҳеҳайн" аз Оиша (разияллоҳу анҳо) собит шудааст, ки гуфтанд:
«كُنْتُ أُطَيِّبُ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ لِإِحْرَامِهِ قَبْلَ أَنْ يُحْرِمَ، وَلِحَلِّهِ قَبْلَ أَنْ يَطُوفَ بِالبَيْتِ».
"Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои эҳромашон, пеш аз он ки эҳром банданд ва барои аз эҳром баромаданашон, пеш аз он ки Каъбаро тавоф кунанд, хушбӯй мекардам" (20).20 Ва ба Оиша (разияллоҳу анҳо), ки баъди ба умра эҳром бастан ҳайз дид, фармуд, ки ғусл кунад ва ба ҳаҷ эҳром бандад, Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Асмо бинти Умайсро, вақте ки дар Зулҳулайфа таваллуд кард, амр карданд, ки ғусл кунад, либос бипӯшад ва ба эҳром дохил шавад. Ин ба он далолат мекунад, ки зан вақте ба миқотгоҳ дар ҳолати ҳайз ё нифос мерасад, ғусл карда, ҳамроҳи мардум ба эҳром дохил мешавад ва ҳамаи амалҳои ҳоҷиро анҷом медиҳад, ба ғайр аз тавофи Каъба, чуноне ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Оиша ва Асморо ба ин кор амр карданд.21
Барои касе, ки қасди эҳром дорад, мустаҳаб аст, ки мӯйлаб, нохунҳо, мӯйи зери ноф ва зери бағалашро ба тартиб дароварда, он чиро, ки гирифтанаш зарур аст, бигирад, то баъд аз эҳром ба гирифтани онҳо эҳтиёҷ пайдо накунад, дар ҳоле ки ин кор барояш ҳаром аст. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмонон ба тартиб даровардани ин чизҳоро дар ҳар вақт машруъ гардонидааст, чунонки дар "Саҳеҳайн" аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) собит шудааст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«الفِطْرَةُ خَمْسٌ: الخِتَانُ، وَالِاسْتِحْدَادُ، وَقَصُّ الشَّارِبِ، وَقَلْمُ الأَظْفَارِ، وَنَتْفُ الإِبْطِ».
«Умури фитрат панҷ чиз аст: хатна кардан, тарошидани мӯйи зери ноф, кӯтоҳ намудани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохунҳо ва кандани мӯйи зери бағал»22.
Ва дар "Саҳеҳ"-и Муслим, аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
«وَقَّتَ لَنَا فِي قَصِّ الشَّارِبِ، وَقَلْمِ الأَظْفَارِ، وَنَتْفِ الإِبْطِ، وَحَلْقِ العَانَةِ: أَنْ لَا نَتْرُكَ ذَلِكَ أَكْثَرَ مِنْ أَرْبَعِينَ لَيْلَةً».
"Барои мо вақт муайян карданд, ки кӯтоҳ кардани мӯйлаб, кӯтоҳ кардани нохун, кандани мӯйҳои зери бағал ва тоза кардани мӯйҳои авратро бештар аз чиҳил шаб тарк накунем"23.
Насоӣ бо ин лафз ривоят кардааст:
«وَقَّتَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ ﷺ».
"Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мо вақт муайян намуданд".24 Ривояти Аҳмад, Абудовуд ва Тирмизӣ бо лафзи Насоӣ. Аммо дар ҳолати эҳром аз сар гирифтани чизе ҷоиз нест, на дар ҳаққи мардон ва на дар ҳаққи занон.
Аммо дар мавриди риш бошад, тарошидани он ва ё гирифтани чизе аз он дар ҳама вақтҳо ҳаром аст, балки раҳо кардан ва пурра гузоштани он воҷиб аст, зеро дар "Саҳеҳайн" аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«خَالِفُوا المُشْرِكِينَ، وَفِّرُوا اللِّحَى، وَأَحْفُوا الشَّوَارِبَ».
«Бо мушрикон мухолифат кунед, ришҳоро раҳо кунед ва мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед».25 Ва Муслим дар "Саҳеҳ"-аш аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«جُزُّوا الشَّوَارِبَ، وَأَرْخُوا اللِّحَى، خَالِفُوا المَجُوسَ».
«Мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед, ришҳоро раҳо кунед ва бо маҷусиён мухолифат кунед»26.
Дар ин замон мусибат ба сабаби мухолифати бисёре аз мардум бо ин суннат ва муборизаи онҳо бар зидди риш ва ризояти онҳо ба монанд шудан ба кофирон ва занон, бузург шудааст. Хусусан касоне, ки худро ба илму дониш мансуб медонанд. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Ва аз Худованд мехоҳем, ки моро ва соири мусалмононро ба пайравӣ аз суннат ва чанг задан ба он ва даъват намудан ба сӯи он муваффақ гардонад, ҳатто агар аксари мардум аз он рӯй гардонанд. Худованд моро кифоя аст ва Ӯ беҳтарин корсоз аст. Ва ҳеҷ тавон ва қудрате нест, магар аз ҷониби Аллоҳи Волову Боазамат.
Сипас, мард эзор ва ридо мепӯшад ва мустаҳаб аст, ки онҳо сафеду тоза бошанд ва дар кафш эҳром бастан ҳам мустаҳаб аст, ба далели фармудаи Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«وَلْيُحْرِمْ أَحَدُكُمْ فِي إِزَارٍ وَرِدَاءٍ وَنَعْلَيْنِ، فَإِنْ لَمْ يَجِدْ نَعْلَيْنِ فَلْيَلْبَسْ خُفَّيْنِ وَلْيَقْطَعْهُمَا حَتَّى يَكُونَا أَسْفَلَ مِنَ الكَعْبَيْنِ».
«Ва яке аз шумо бояд дар эзору ридо ва ду кафш эҳром бандад, пас агар ду кафш наёбад, маҳсӣ бипӯшад ва онҳоро бибурад, то поинтар аз шитолинг (буҷулаки по) бошанд».27 Ривояти Имом Аҳмад раҳимаҳуллоҳ.
Аммо зан метавонад бо ҳар либосе, ки бихоҳад, хоҳ сиёҳ бошад, хоҳ сабз ё ғайри он, эҳром бандад, ба шарте ки дар либос худро ба мардон монанд накунад. Вале дар ҳолати эҳром набояд ниқоб ва дастпӯш пӯшад, лекин рӯй ва кафҳои дастонашро бо либоси дигар мепӯшонад, зеро Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) зани муҳримро аз пӯшидани ниқоб ва дастпӯш манъ кардааст. Аммо ин ки баъзе аз омиён эҳроми занро фақат дар либоси сабз ё сиёҳ медонанд, асле надорад.
Сипас, баъди ғусл, пок шудан ва пӯшидани либоси эҳром, бо дилаш нияти дохил шудан ба маносики дилхоҳашро (ҳаҷ ё умра) мекунад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«إِنَّمَا الأَعْمَالُ بِالنِّيَّاتِ، وَإِنَّمَا لِكُلِّ امْرِئٍ مَا نَوَى».
"Ҳамоно амалҳо ба ниятҳо вобастаанд ва барои ҳар шахс он чизест, ки ният кардааст".28
Барои шахси муҳрим ҷоиз аст, ки нияташро ба забон оварад. Агар нияти умра дошта бошад, мегӯяд: «Лаббайка умратан» ё «Аллоҳумма лаббайка умратан». Ва агар нияти Ҳаҷ дошта бошад, мегӯяд: «Лаббайка ҳаҷҷан» ё «Аллоҳумма лаббайка ҳаҷҷан». Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин кардаанд. Ва агар ҳардуро якҷоя ният кунад, чунин талбия мегӯяд: «Аллоҳумма лаббайка умратан ва ҳаҷҷан». Ва беҳтар ин аст, ки инро баъд аз он ки бар савории худ, хоҳ чорпо бошад, хоҳ мошин ва ё ғайра, қарор гирифт, ба забон оварад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) талбияро баъд аз он оғоз карданд, ки бар савории худ қарор гирифтанд ва он аз миқот ба роҳ баромад. Ин саҳеҳтарин қавл аз миёни ақволи аҳли илм мебошад.
Ва талаффузи ният ҷоиз нест, магар дар эҳром (хоссатан ҷоиз аст), зеро ин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ворид шудааст.
Аммо дар намоз, тавоф ва ғайр аз ин ибодатҳо, бояд ниятро бо забон талаффуз накунад. Нагӯяд, ки: «Ният кардам фалон намозро бихонам» ва ё «Ният кардам, ки фалон тавофро анҷом диҳам». Балки талаффузи он бо забон аз бидъатҳои навпайдо аст ва бо овози баланд гуфтани он қабеҳтар ва гуноҳаш бузургтар аст. Агар талаффузи ният бо забон ҷоиз мебуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро баён мекард ва барои уммат бо феъл ё қавли худ возеҳ месохт ва салафи солеҳ дар ин кор пешдастӣ мекарданд.
Пас, чун ин на аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва на аз саҳобагонаш (разияллоҳу анҳум) ривоят шудааст, дониста мешавад, ки ин бидъат аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст:
«وَشَرُّ الأُمُورِ مُحْدَثَاتُهَا، وَكُلُّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
"Ва бадтарини умур навпайдоҳои он аст, ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст".29 Ривояти Муслим дар "Саҳеҳ"-аш. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ»
"Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст".30 Саҳеҳ будани ин ривоят мавриди иттифоқ аст. Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст:
«مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар касе дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст».31
Фасл
Дар баёни миқотҳои маконӣ ва таъйини онҳо
Маконҳое, ки барои нияти эҳром муайян шудаанд, панҷто мебошанд:
Аввал: Зулҳулайфа - миқоти аҳли Мадина, ки имрӯз дар байни мардум "Абёри Алӣ" номида мешавад.
Дувум: Ал-Ҷуҳфа, ки миқоти аҳли Шом буда, деҳаи вайронаест дар наздикии Робиғ. Имрӯзҳо мардум аз Робиғ эҳром мебанданд ва ҳар касе, ки аз Робиғ эҳром бандад, пас аз миқот эҳром бастааст, зеро Робиғ андаке пеш аз он воқеъ аст.
Саввум: Қарн-ул-манозил, ки миқоти аҳли Наҷд аст ва имрӯз бо номи "Сайл" машҳур аст.
Чаҳорум: Яламлам ки он миқоти аҳли Яман аст.
Панҷум: Зоту Ирқ - миқоти аҳли Ироқ.
Ин миқотҳоро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои касоне, ки зикр кардем ва барои ҳар каси дигаре, ки аз он маконҳо мегузарад ва мехоҳад ҳаҷ ё умра анҷом диҳад, муайян кардааст.
Бар ҳар касе, ки аз ин миқотҳо мегузарад, воҷиб аст, ки аз онҷо эҳром бандад ва агар ҳаҷ ё умра карданӣ бошад, барояш бидуни эҳром аз онҳо гузаштан ҷоиз нест, хоҳ бо роҳи заминӣ бошад ё бо роҳи ҳавоӣ, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоме ки ин миқотҳоро муайян карданд, ба таври умумӣ гуфтанд:
«هُنَّ لَهُنَّ، وَلِمَنْ أَتَى عَلَيْهِنَّ مِنْ غَيْرِ أَهْلِهِنَّ، مِمَّنْ أَرَادَ الحَجَّ وَالعُمْرَةَ».
«Инҳо (миқотҳо) барои аҳли худ ва барои ҳар касе аз ғайри аҳли он, ки бо нияти ҳаҷ ва умра аз он ҷо мегузарад, мебошад».32
Барои касоне, ки ба қасди ҳаҷ ё умра бо ҳавопаймо ба сӯи Макка сафар мекунанд, машруъ аст, ки пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо бо ғусл ва тозагӣ омодагӣ бинанд. Пас, ҳангоме ки ба миқот наздик шуданд, эзор ва ридои худро бипӯшанд, сипас агар вақт фарох бошад, барои умра талбия гӯянд ва агар вақт танг бошад, барои ҳаҷ талбия гӯянд. Агар эзор ва ридои худро пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо ё пеш аз наздик шудан ба миқот бипӯшанд, боке нест, лекин нияти дохил шудан ба маносикро накунанд ва талбия нагӯянд, магар замоне ки баробари миқот расанд ё ба он наздик шаванд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) танҳо аз миқот эҳром бастаанд. Ва бар уммат воҷиб аст, ки дар ин масъала, ҳамчун дигар умури дин, ба ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайравӣ намоянд; ба далели ин фармудаи Аллоҳи Субҳон:
﴿لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ...﴾
(Бе тардид, дар [ рафтор ва гуфтори] Расулуллоҳ, барои шумо сармашқи некуе аст...) (Сураи Аҳзоб, ояти 21). Ва ба далели ин сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаҷҷи видоъ, ки мефармояд:
«خُذُوا عَنِّي مَنَاسِكَكُمْ».
"Маносики худро аз ман бигиред (Мисли ман маросими ҳаҷро анҷом диҳед)".33
Аммо касе, ки ба сӯи Макка равон мешавад ва нияти ҳаҷ ё умра надорад, монанди тоҷир, ҳезумкаш, паёмрасон ва амсоли онҳо, пас, барояш эҳром бастан воҷиб нест, магар ин ки худаш хоҳиш дошта бошад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси пешин, вақте ки миқотҳоро зикр карданд, фармудаанд:
«هُنَّ لَهُنَّ، وَلِمَنْ أَتَى عَلَيْهِنَّ مِنْ غَيْرِ أَهْلِهِنَّ، مِمَّنْ أَرَادَ الحَجَّ وَالعُمْرَةَ».
«Инҳо барои аҳли он маконҳост ва барои касоне аз ғайри аҳли онҷо, ки қасди Ҳаҷ ва умра доранд ва аз он ҷойҳо мегузаранд».34 Мафҳуми ин он аст, ки ҳар касе аз миқотҳо гузарад, вале нияти ҳаҷ ё умраро надошта бошад, ба ӯ эҳром воҷиб нест.
Ва ин аз раҳмати Худованд ба бандагонаш ва осон гардонидани Ӯ бар онҳост, пас ҳамду шукр барои ин аз они Ӯст. Инро он чиз таъйид мекунад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте соли Фатҳ ба Макка омад, эҳром набаст, балки дар ҳоле вориди он ҷо шуд, ки бар сараш хӯд (кулоҳи ҷангӣ) дошт, зеро дар он ҳангом қасди ҳаҷ ё умраро надошт, балки танҳо қасди фатҳи он ва аз байн бурдани ширкеро дошт, ки дар он вуҷуд дошт.
Аммо касоне, ки иқоматгоҳашон баъди миқотҳо бошад (яъне ба Макка наздиктар бошад), монанди сокинони Ҷидда, Уммус-салам, Баҳра, Шароиъ, Бадр, Мастура ва амсоли онҳо, барои онҳо лозим нест, ки ба яке аз панҷ миқоти пештар зикршуда бираванд, балки манзилҳояшон миқоти онҳост ва барои ҳаҷ ё умрае, ки қасд доранд, аз ҳамонҷо эҳром мебанданд. Ва агар онҳо маскани дигаре берун аз миқот дошта бошанд, пас ихтиёр доранд, агар бихоҳанд аз миқот эҳром банданд ва агар бихоҳанд, аз хонаҳояшон, ки аз миқот ба Макка наздиктар аст, эҳром банданд; бинобар умумияти қавли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу), ки ҳангоме миқотҳоро зикр карданд, фармуданд:
«فَمَنْ كَانَ دُونَهُنَّ، فَمُهَلُّهُ مِنْ أَهْلِهِ، وَكَذَلِكَ حَتَّى أَهْلُ مَكَّةَ يُهِلُّونَ مِنْ مَكَّةَ».
«Пас, ҳар касе, ки манзилаш дохили миқотгоҳҳо бошад, аз манзилаш (35) эҳром мебандад ва ҳамчунин ҳатто аҳли Макка аз Макка эҳром мебанданд».3536 Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.
Аммо касе, ки дар Ҳарам аст ва мехоҳад умра кунад, бояд ба ҳил (минтақаи берун аз Ҳарам) баромада, аз он ҷо барои умра эҳром бандад. Зеро ҳангоме ки Оиша (разияллоҳу анҳо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дархости анҷом додани умра кард, эшон ба бародараш Абдураҳмон фармуданд, ки ӯро ба ҳил барад, то аз он ҷо эҳром бандад. Пас, ин далел бар он аст, ки шахси умракунанда аз дохили Ҳарам барои умра эҳром намебандад, балки аз ҳил эҳром мебандад.
Ва ин ҳадис ҳадиси пешини Ибни Аббосро махсус мегардонад ва далолат бар он мекунад, ки муроди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин қавлашон:
«حَتَّى أَهْلُ مَكَّةَ يُهِلُّونَ مِنْ مَكَّةَ».
"Ҳатто аҳли Макка аз Макка эҳром мебанданд",37 ин эҳром бастан барои ҳаҷ аст, на барои умра. Зеро агар эҳром бастан барои умра аз Ҳарам ҷоиз мебуд, ба Оиша (разияллоҳу анҳо) дар ин кор иҷозат медод ва ӯро ба баромадан ба ҳил водор намекард. Ва ин як амри равшан аст. Ин қавли ҷумҳури уламо (раҳматуллоҳи алайҳим) аст ва барои муъмин эҳтиёткоронатар мебошад, зеро дар он ба ҳар ду ҳадис амал карда мешавад. Ва тавфиқ аз ҷониби Худост.
Аммо коре, ки баъзе аз мардум анҷом медиҳанд, яъне баъди ҳаҷ аз Танъим ё Ҷуърона ва ё ғайри онҳо зиёд умра кардан, дар ҳоле ки пеш аз ҳаҷ умра анҷом додаанд, барои шаръӣ будани он далеле вуҷуд надорад. Балки далелҳо бар он далолат мекунанд, ки беҳтар тарки он аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳобаш (разияллоҳу анҳум) баъди фориғ шудан аз ҳаҷ умра накардаанд. Ва Оиша (разияллоҳу анҳо) аз Танъим умра кард, зеро ӯ ҳангоми ворид шудан ба Макка ба сабаби ҳайз ҳамроҳи мардум умра накарда буд. Пас, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дархост кард, ки ба ивази он умрааш, ки аз миқот эҳром баста буд, умра анҷом диҳад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хоҳиши ӯро пазируфт. Ва ба ин тартиб, ӯ соҳиби ду умра шуд: умрае, ки ҳамроҳи ҳаҷҷаш буд ва ин умраи муфрад (танҳо). Пас, ҳар касе, ки монанди Оиша (разияллоҳу анҳо) бошад, боке нест, ки баъди фориғ шудан аз ҳаҷ умра кунад, то ба ҳамаи далелҳо амал шавад ва барои мусалмонон осонӣ фароҳам ояд.
Шакке нест, ки машғул шудани ҳоҷиён ба анҷоми умраи дигар пас аз фориғ шудан аз ҳаҷ, ғайр аз он умрае, ки бо он вориди Макка шуда буданд, барои ҳама мушкилӣ эҷод мекунад ва сабаби издиҳоми зиёд ва ҳодисаҳо мегардад, илова бар он ки ин амал мухолифи ҳидоят ва суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.
Фасл
Дар баёни ҳукми касе, ки дар ғайри моҳҳои ҳаҷ ба миқот мерасад
Бидон, ки ҳар касе ба миқот мерасад, ду ҳолат дорад:
Барои шахсе, ки дар ғайри моҳҳои ҳаҷ, монанди Рамазон ва Шаъбон, ба миқот мерасад, суннат он аст, ки барои умра эҳром баста, онро дар дилаш ният кунад ва бо забонаш бигӯяд: «Лаббайка умратан» ё «Аллоҳумма лаббайка умратан». Сипас бо талбияи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) талбия мегӯяд, ки он чунин аст:
«لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالمُلْكَ، لَا شَرِيكَ لَكَ».
"Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, иннал ҳамда ван-ниъмата лака вал-мулк, ло шарика лака".38 Ва ин талбия ва зикри Аллоҳро бисёр мегӯяд, то ба Байтуллоҳ бирасад. Вақте ба Байтуллоҳ расид, талбияро қатъ мекунад ва Байтуллоҳро ҳафт давр тавоф намуда, дар паси Мақом ду ракъат намоз мегузорад. Сипас ба Сафо баромада, байни Сафо ва Марва ҳафт бор саъй мекунад, сипас мӯи сарашро метарошад ё кӯтоҳ мекунад. Бо ин умраи ӯ анҷом меёбад ва ҳамаи он чизҳое, ки ба сабаби эҳром бар ӯ ҳаром шуда буданд, ҳалол мешаванд.
Дуввум: ин ки дар моҳҳои ҳаҷ ба миқот бирасад ва моҳҳои ҳаҷ иборатанд аз: шавол, зулқаъда ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа.
Пас, чунин шахс дар миёни се чиз ихтиёр дорад: танҳо ҳаҷ кардан, танҳо умра кардан ва ё ҳардуро якҷоя анҷом додан. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте дар моҳи зулқаъда, дар "Ҳаҷҷи видоъ" ба миқот расиданд, асҳобашонро дар миёни ин се навъи ибодат ихтиёр доданд. Лекин барои чунин шахс низ суннат он аст, ки агар қурбонӣ надошта бошад, барои умра эҳром бандад ва амалҳоеро, ки дар бораи шахси дар ғайри моҳҳои ҳаҷ ба миқот расида зикр кардем, анҷом диҳад. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте асҳобашон ба Макка наздик шуданд, ба онҳо амр карданд, ки эҳроми худро ба умра табдил диҳанд ва ин амрро дар Макка низ барояшон таъкид намуданд. Пас, онҳо барои итоат аз амри Ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавоф ва саъй карда, мӯи сарашонро кӯтоҳ намуданд ва аз эҳром баромаданд, ба ҷуз касоне, ки ҳамроҳашон қурбонӣ доштанд. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро амр карданд, ки дар ҳолати эҳроми худ боқӣ монанд, то ин ки дар рӯзи наҳр (рӯзи ид - 10 зулҳиҷҷа) аз эҳром бароянд. Суннат барои касе, ки қурбонӣ ҳамроҳ дорад, ин аст, ки барои ҳаҷ ва умра дар як вақт эҳром бандад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин карданд ва бо худ қурбонӣ доштанд. Он Ҳазрат ба асҳобашон, ки қурбонӣ ҳамроҳ доштанд ва барои умра эҳром баста буданд, амр карданд, ки ҳамроҳ бо умраашон барои ҳаҷ низ талбия гӯянд ва то рӯзи наҳр аз эҳром набароянд, то он ки аз ҳардуи онҳо (ҳаҷ ва умра) якҷоя хориҷ шаванд. Агар касе, ки қурбонӣ ҳамроҳ дорад, танҳо барои ҳаҷ эҳром баста бошад, ӯ низ дар эҳроми худ боқӣ мемонад, то он ки рӯзи наҳр аз эҳром барояд, монанди қорин (шахсе, ки ҳаҷ ва умраро якҷоя анҷом медиҳад).
Аз ин маълум мешавад, ҳар касе, ки танҳо барои ҳаҷ ва ё барои ҳаҷу умра эҳром бандад ва қурбонӣ надошта бошад, барояш сазовор нест, ки дар эҳроми худ боқӣ монад, балки суннат дар ҳаққи ӯ ин аст, ки эҳромашро ба умра табдил диҳад, пас тавоф ва саъй намуда, мӯйи сарашро кӯтоҳ кунад ва аз эҳром барояд, чунонки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳоби худро, ки қурбонӣ наоварда буданд, ба ҳамин кор амр фармуданд. Магар ин ки шахсе дер расида бошад ва битарсад, ки ҳаҷро аз даст медиҳад. Пас барои чунин шахс ишколе надорад, ки дар эҳроми худ боқӣ монад, Аллоҳ донотар аст.
Ва агар шахси муҳрим битарсад, ки ба сабаби беморӣ ё тарс аз душман ва монанди инҳо наметавонад маносики худро ба анҷом расонад, барои ӯ мустаҳаб аст, ки ҳангоми эҳром бастан бигӯяд: "Агар монеае маро боз дорад, пас макони аз эҳром баромадани ман ҳамон ҷоест, ки маро боздоштӣ". Ба далели ҳадиси Зубоъа бинти Зубайр (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Эй Расули Худо, ман нияти ҳаҷ кардан дорам, вале бемор ҳастам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуданд:
«حُجِّي وَاشْتَرِطِي أَنَّ مَحِلِّي حَيْثُ حَبَسْتَنِي».
«Ҳаҷро анҷом бидеҳ ва шарт бигузор, ки маҳили ман (ҷои аз эҳром баромадани ман) он ҷоест, ки маро боздоштӣ.»39 Муттафақун алайҳи.
Фоидаи ин шарт ин аст, ки агар барои муҳрим монеае, аз қабили беморӣ ё монеаи душман пеш ояд, ки ӯро аз анҷом додани маносикаш боздорад, барояш ҷоиз аст, ки аз эҳром берун ояд ва чизе бар ӯ воҷиб намешавад.
Фасл
Дар баёни он ки агар кӯдаки хурдсол ҳаҷро анҷом диҳад, оё ҳаҷҷи исломаш аз гарданаш соқит мешавад?
Ҳаҷҷи писарбача ва духтарбачаи хурдсол дуруст аст; ба далели ҳадисе, ки дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят шудааст, ки зане кӯдакеро ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баланд карда, гуфт: Эй Расули Худо, оё бар ин ҳаҷҷе аст? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«نَعَمْ، وَلَكِ أَجْرٌ».
«Оре, ва бароят аҷр аст».40
Ва дар "Саҳеҳ"-и Бухорӣ, аз Ас-Соиб ибни Язид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «(Хонаводаам) маро ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳаҷ бурданд, дар ҳоле ки писари ҳафтсола будам».41 Лекин ин ҳаҷ барои онҳо аз ҳаҷҷи ислом кифоят намекунад.
Ҳамчунин ҳаҷҷи ғулом ва каниз саҳеҳ аст, аммо ҳаҷҷи исломро аз гардани онҳо соқит намесозад, зеро дар ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) собит шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:
«أَيُّمَا صَبِيٍّ حَجَّ، ثُمَّ بَلَغَ الحِنْثَ، فَعَلَيْهِ أَنْ يَحُجَّ حَجَّةً أُخْرَى، وَأَيُّمَا عَبْدٍ حَجَّ، ثُمَّ أُعْتِقَ، فَعَلَيْهِ حَجَّةٌ أُخْرَى».
“Ҳар кӯдаке, ки ҳаҷ кунад, сипас ба синни балоғат расад, бар ӯ воҷиб аст, ки ҳаҷҷи дигаре ба ҷо оварад. Ва ҳар ғуломе, ки ҳаҷ кунад, сипас озод шавад, бар ӯ ҳаҷҷи дигаре воҷиб аст.”42 Ривояти Ибни Абушайба ва Байҳақӣ бо санади ҳасан.
Сипас, агар писарбача ноболиғ бошад, сарпарасташ аз ҷониби ӯ нияти эҳром мекунад, либоси дӯхтаашро аз танаш берун мекунад ва аз ҷониби ӯ талбия мегӯяд. Бо ҳамин писарбача муҳрим мешавад ва аз ҳар чизе, ки муҳрими калонсол парҳез мекунад, ӯ низ бояд парҳез кунад. Инчунин агар духтарбача ноболиғ бошад, сарпарасташ аз ҷониби ӯ нияти эҳром мекунад ва аз ҷониби ӯ талбия мегӯяд. Бо ин ӯ муҳрим мешавад ва аз ҳар чизе, ки зани муҳрими калонсол парҳез мекунад, ӯ низ бояд парҳез кунад. Ва бояд ҳангоми тавоф либос ва баданашон пок бошад, зеро тавоф монанди намоз аст ва таҳорат шарти дурустии он мебошад.
Агар писарбача ва духтарча соҳибташхис бошанд, бо иҷозати сарпарасти худ эҳром мебанданд ва ҳангоми эҳром ҳамон корҳоеро анҷом медиҳанд, ки шахси калонсол иҷро мекунад, аз қабили ғусл, хушбӯӣ задан ва монанди инҳо. Сарпарасти онҳо касест, ки масъули корҳо ва манфиатҳояшон мебошад, хоҳ падарашон бошад, хоҳ модарашон ё каси дигар. Сарпараст аз ҷониби онҳо он амалҳоеро, ки аз иҷрояшон оҷизанд, анҷом медиҳад, монанди санг задан ва амсоли он. Анҷом додани боқимондаи маносик, монанди вуқуф дар Арафот, шаб мондан дар Мино ва Муздалифа, тавоф ва саъй бар худи онҳо лозим аст. Агар аз тавоф ва саъй оҷиз бошанд, онҳоро бардошта тавоф ва саъй медиҳанд. Беҳтар он аст, ки бардорандаи онҳо тавоф ва саъйро байни худ ва онҳо муштарак нагардонад, балки тавоф ва саъйро барои онҳо ният кунад ва барои худаш тавофи мустақил ва саъйи мустақил анҷом диҳад; барои эҳтиёт дар ибодат ва амал кардан ба ин ҳадиси шариф:
«دَعْ مَا يَرِيبُكَ إِلَى مَا لَا يَرِيبُكَ».
"Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дурӯғ шакку шубҳа аст]"43. Пас агар шахси бардоранда нияти тавофро ҳам барои худ ва ҳам барои он ки бардоштааст, кунад, ин тибқи саҳеҳтарини ду қавл барояш кифоя мекунад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он занеро, ки аз ӯ дар бораи ҳаҷҷи кӯдак пурсида буд, амр накарданд, ки барои ӯ алоҳида тавоф кунад. Ва агар ин воҷиб мебуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро баён мекарданд. Ва Худованд тавфиқдиҳанда аст.
Писарбача ва духтарбачаи ташхисдиҳандаро фармуда мешавад, ки пеш аз шуруъ ба тавоф, монанди шахси калонсоли муҳрим, аз ҳадас ва наҷосат пок бошанд. Ва эҳром аз ҷониби писарбача ва духтарбачаи хурдсол бар сарпарасти онҳо воҷиб нест, балки нафл аст. Пас, агар валӣ ин корро анҷом диҳад, барояш аҷр аст ва агар онро тарк кунад, бар ӯ ҳараҷе нест. Ва Аллоҳ донотар аст.
Фасл
Дар баёни мамнуоти эҳром ва он чи барои муҳрим мубоҳ аст
Барои муҳрим баъди нияти эҳром – хоҳ мард бошад, хоҳ зан – гирифтани чизе аз мӯй ё нохунҳояш ва ё хушбӯӣ задан ҷоиз нест.
Ва хосса барои мард пӯшидани либоси дӯхташуда ҷоиз нест. Яъне, либосе, ки мувофиқи андоми тамоми бадан дӯхта шудааст, монанди курта, ё мувофиқи баъзе аз он; монанди зерпӯш, эзор, масҳӣ (маҳсӣ) ва ҷӯроб. Магар ин ки эзор пайдо накунад, пас барояш пӯшидани эзор ҷоиз аст. Ҳамчунин касе, ки кафш пайдо накунад, барояш пӯшидани масҳӣ бидуни буридан ҷоиз аст; ба далели ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо), ки дар "Саҳеҳайн" собит шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ لَمْ يَجِدْ نَعْلَيْنِ، فَلْيَلْبَسِ خُفَّيْنِ، وَمَنْ لَمْ يَجِدْ إِزَارًا، فَلْيَلْبَسْ سَرَاوِيلَ».
"Ҳар кас кафш наёфт, пас масҳӣ (пойпӯши чармӣ) бипӯшад ва ҳар кас эзор (махсуси эҳром) наёфт, пас шалвор бипӯшад".44
Аммо он чи дар ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) дар бораи амр ба буридани масҳиҳо ҳангоми эҳтиёҷ ба пӯшидани онҳо ба сабаби набудани кафш омадааст, он мансух аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Мадина ба ин амр фармуда буданд, вақте аз эшон дар бораи либосе, ки муҳрим мепӯшад, пурсида шуд. Сипас, вақте ки дар Арафот ба мардум хутба хонданд, барои пӯшидани хуфҳо (масҳиҳо) дар ҳолати набудани кафш иҷозат доданд ва ба буридани онҳо амр накарданд. Ва дар ин хутба касоне ҳозир буданд, ки ҷавоби он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дар Мадина нашунида буданд. Ва ба таъхир андохтани баён аз вақти ҳоҷат ҷоиз нест. Чуноне ки дар илмҳои усули ҳадис ва фиқҳ маълум аст. Пас, бо ин мансух будани амри буридан собит мешавад. Ва агар он воҷиб мебуд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро баён мекарданд. Ва Худо донотар аст.
Барои шахси дар ҳолати эҳром буда пӯшидани масҳиҳое (мӯзаҳое), ки аз буҷулаки пой поинтар бошанд, ҷоиз аст, зеро онҳо аз ҷинси кафшҳо ба шумор мераванд.
Эзорро гиреҳ задан ва бо ресмон ва монанди он бастан ҷоиз аст, зеро далели манъкунанда вуҷуд надорад.
Барои муҳрим ҷоиз аст, ки ғусл кунад, сарашро бишӯяд ва агар ба он ниёз дошта бошад, онро бо нармӣ ва осонӣ бихорад. Пас агар ба сабаби ин аз сараш чизе (мӯйи сар) биафтад, бар ӯ гуноҳе нест.
Ба зани муҳрима пӯшидани либоси дӯхташуда барои рӯяш, монанди ниқоб, ё барои дастҳояш, монанди дастпӯшакҳо, ҳаром аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«وَلَا تَنْتَقِبِ المَرْأَةُ المُحْرِمَةُ، وَلَا تَلْبَسِ القُفَّازَيْنِ».
"Зани муҳрима ниқоб ва дастпӯшак напӯшад".45 Ривояти Бухорӣ. Дастпӯшак бар чизе гуфта мешавад, ки аз пашм, пахта ё монанди онҳо ба андозаи дастҳо дӯхта ё бофта мешавад.
Ва аз либосҳои дӯхташуда чизҳои дигар барои ӯ мубоҳ аст; монанди курта, шалвор, маҳсӣ, ҷӯроб ва монанди инҳо.
Ҳамчунин барояш ҷоиз аст, ки ҳангоми ниёз рӯймоли худро бе бастан бар рӯяш фарорад ва агар рӯймол ба рӯяш бирасад, ҳеҷ ишколе надорад; ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки фармуд: "Саворагон аз назди мо мегузаштанд ва мо ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати эҳром будем. Пас, вақте ки баробари мо меомаданд, яке аз мо ҷилбобашро (ё рӯймолашро) аз сараш бар рӯяш мефаровард ва чун аз мо мегузаштанд, онро боз мекардем."46 Ривояти Абудовуд ва Ибн Моҷаҳ буда, Дорақутнӣ низ аз ҳадиси Умми Салама монанди онро ривоят кардааст.
Ҳамчунин боке нест, ки дастҳояшро бо либосаш ё чизи дигаре пӯшонад. Ва пӯшонидани рӯй ва кафҳои дастонаш дар назди мардони бегона бар ӯ воҷиб аст, зеро он аврат аст; ба далели ин фармудаи Худованд:
﴿...وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ...﴾
(...ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳар...) (Сураи Нур, ояти 31). Ва бидуни шак чеҳра ва кафи дастҳо аз муҳимтарин ҷилваҳои зинатанд.
Аммо зинати чеҳра дар ин миён барҷастатар аст. Худованд мефармояд:
﴿...وَإِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَاسْأَلُوهُنَّ مِنْ وَرَاءِ حِجَابٍ ذَلِكُمْ أَطْهَرُ لِقُلُوبِكُمْ وَقُلُوبِهِنَّ...﴾
(...ва ҳангоме ки аз ҳамсарони ӯ дархосте доред, [ниёзатонро] аз пушти пардае аз онон бихоҳед [ва дар чеҳраи онон нанигаред; чаро ки] ин [кор] барои дилҳои шумо ва эшон поктар аст...) (Сураи Аҳзоб, ояти 53).
Аммо он чизе, ки бисёре аз занон одат кардаанд, ки пешонибандро зери рӯймол мегузоранд, то онро аз рӯяшон боло бардорад, пас ин амал, то ҷое, ки мо медонем, дар шариат асосе надорад. Ва агар ин кор машруъ мебуд, ҳатман Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро барои умматаш баён мекард ва хомӯшӣ дар ин бора барои ӯ ҷоиз набуд.
Барои муҳрим, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, шустан ва тоза кардани либосҳои эҳромаш аз чирк ё монанди он ҷоиз аст ва иваз кардани онҳо бо либосҳои дигар низ ҷоиз мебошад.
Ва барояш пӯшидани ҳеҷ либосе, ки ба он заъфарон ё варс (гиёҳи хушбӯ ва рангдор) расидааст, ҷоиз нест, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) аз он манъ кардааст.
Ва бар муҳрим воҷиб аст, ки омезиши ҷинсӣ, нофармонию гуноҳ ва ҷидолро тарк кунад. Бо далел аз ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:
﴿الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَّعْلُومَاتٌ فَمَنْ فَرَضَ فِيهِنَّ الْحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي الْحَجِّ...﴾
([Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад, [бояд бидонад, ки] дар ҳаҷ, омезиши ҷинсӣ ва [иртикоби] гуноҳ ва даргирӣ [ва ҷидол раво] нест...) (Сураи Бақара, ояти 197).
Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«مَنْ حَجَّ، فَلَمْ يَرْفُثْ، وَلَمْ يَفْسُقْ، رَجَعَ كَيَوْمِ وَلَدَتْهُ أُمُّهُ».
«Касе, ки ҳаҷ кунад, фаҳшгӯӣ накарда ва фисқ нанамояд, монанди рӯзе, ки модараш ӯро зоида буд, (бегуноҳ) боз мегардад»47. Рафас: ба маънои ҷимоъ ва гуфтору кирдори зишт аст. Фусуқ: ин гуноҳон аст. Ҷидол: хусумат кардан дар ботил ё дар чизе, ки фоидае надорад. Аммо ҷидол ба тариқи беҳтарин барои ошкор кардани ҳақ ва рад намудани ботил боке надорад, балки ба он амр шудааст; ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:
﴿ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ...﴾
([Эй Паёмбар, мардумро] Бо ҳикмат ва панди наку ба роҳи Парвардигорат даъват намо ва бо равише, ки накутар аст, бо онон [баҳсу] мунозира кун...) (Сураи Наҳл, ояти 125).
Барои марди муҳрим пӯшонидани сараш бо чизе, ки ба он часпида бошад, ҳаром аст, монанди тоқӣ, сарпӯш, салла ва ё монанди инҳо. Ва ҳамчунин пӯшонидани рӯяш ҷоиз нест; ба далели ин гуфтаи Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи касе, ки дар рӯзи Арафа аз маркабаш афтод ва вафот кард:
«اغْسِلُوهُ بِمَاءٍ وَسِدْرٍ، وَكَفِّنُوهُ فِي ثَوْبَيْهِ، وَلَا تُخَمِّرُوا رَأْسَهُ، وَلَا وَجْهَهُ، فَإِنَّهُ يُبْعَثُ يَوْمَ القِيَامَةِ مُلَبِّيًا».
"Ӯро бо об ва сидр бишӯед ва дар ду либосаш кафан кунед, сару рӯяшро напӯшонед, зеро ӯ дар рӯзи қиёмат дар ҳоле барангехта мешавад, ки "лаббайка" мегӯяд". (48)48 Муттафақун алайҳи ва ин лафзи ҳадис аз Муслим аст.
Аммо соя гирифтан бо боми мошин, чатр ва монанди инҳо ишколе надорад, ҳамчун соя гирифтан дар хайма ва зери дарахт. Зеро дар “Саҳеҳ” собит шудааст, ки вақте Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) "Ҷамраи Ақаба"-ро санг мезад, бо либосе бар сараш соя карда буданд. Ҳамчунин аз эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври саҳеҳ ривоят шудааст, ки дар Намира барояшон хаймае зада шуд ва то заволи офтоб дар рӯзи Арафа дар зери он қарор гирифтанд.
Ва бар муҳрим аз мардону занон куштани шикори хушкӣ, кумак кардан дар шикори он, рондани он аз ҷояш, бастани ақди никоҳ, ҳамбистарӣ, хостгории занон ва мубошарат кардан бо онҳо бо шаҳват ҳаром аст; ба далели ҳадиси Усмон (разияллоҳу анҳу), ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«لَا يَنْكِحُ المُحْرِمُ وَلَا يُنْكِحُ وَلَا يَخْطُبُ».
«Муҳрим никоҳ намекунад ва никоҳ намекунонад ва хостгорӣ намекунад».49 Ривояти Муслим.
Ва агар шахси дар ҳолати эҳром ба сабаби фаромӯшӣ ё надонистан либоси дӯхта пӯшад, ё сарашро пӯшонад, ё хушбӯӣ занад, фидя бар уҳдаи ӯ нест ва ҳар гоҳ ба ёдаш омад ё донист, бояд онро бартараф кунад. Ҳамчунин касе, ки ба сабаби фаромӯшӣ ё надонистан сарашро тарошад, ё чизе аз мӯйҳояшро бигирад, ё нохунҳояшро кӯтоҳ кунад, бино бар қавли саҳеҳ, чизе бар уҳдаи ӯ нест.
Бар мусалмон - хоҳ муҳрим бошад ё ғайри муҳрим, мард бошад ё зан - ҳаром аст, ки шикори Ҳарамро бикушад ё дар куштани он бо олат, ишора ё монанди он кумак кунад.
Ҳамчунин рондани шикор аз ҷояш, буридани дарахтони Ҳарам ва гиёҳҳои сабзи он ҳаром аст. Низ гирифтани гумшудае аз замини он низ ҳаром аст, магар барои касе, ки онро эълон мекунад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«فَإِنَّ هَذَا البَلَدَ - يَعْنِي مَكَّةَ - حَرَامٌ بِحُرْمَةِ اللَّهِ إِلَى يَوْمِ القِيَامَةِ، لَا يُعْضَدُ شَوْكُهُ، وَلَا يُنَفَّرُ صَيْدُهُ، وَلَا يُلْتَقَطُ لُقَطَتُهُ إِلَّا مَنْ عَرَفَهَا، وَلَا يُخْتَلَى خَلَاهَا».
«Ҳамоно ин шаҳр – яъне Макка – бо ҳурмати Аллоҳ то рӯзи қиёмат ҳаром аст, хори он канда намешавад ва сайди он ронда намешавад ва чизи гумшудаи он бардошта намешавад, магар касе, ки онро эълон кунад ва гиёҳи тари он даравида намешавад».50 Муттафақун алайҳи.
Муншид: касест, ки чизи пайдошударо эълон мекунад.
Хало: гиёҳи тар аст. Мино ва Муздалифа аз Ҳарам ба шумор мераванд, аммо Арафот аз ҳил (яъне, берун аз Ҳарам) аст.
Фасл
Дар баёни амалҳои ҳоҷӣ ҳангоми вуруд ба Макка ва баёни Тавофу сифати он баъди дохил шудан ба Масҷидулҳаром
Ҳангоме ки шахси муҳрим ба Макка расид, мустаҳаб аст, ки пеш аз ворид шудан ба он ғусл кунад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин кардааст. Пас, ҳангоме ки ба Масҷидулҳаром расид, суннат аст, ки пои рости худро пеш гузорад ва бигӯяд: "Ба номи Аллоҳ, дуруду салом бар Расулуллоҳ, Аъузу биллоҳи-л-ъазим ва биваҷҳиҳи-л-карим ва султониҳи-л-қадим минаш-шайтонир-раҷим. Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун". Ва ин дуоро ҳангоми ворид шудан ба дигар масҷидҳо мегӯяд. Ва барои ворид шудан ба Масҷидулҳаром, то ҷое ки ман медонам, дуои хоссе, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шуда бошад, вуҷуд надорад.
Чун ба Каъба расид, агар мутаматтеъ ё умракунанда бошад, пеш аз шуруи тавоф талбияро қатъ мекунад. Сипас ба Ҳаҷаруласвад рӯ оварда, онро бо дасти росташ ламс мекунад ва агар муяссар шавад, бидуни озор додани мардум бо фишор, онро мебӯсад. Ҳангоми ламс кардани он мегӯяд: "Бисмиллоҳи ва-л-лоҳу акбар", ё мегӯяд: "Аллоҳу акбар". Агар бӯсидан муяссар набошад, онро бо дасташ ё бо асо ва монанди он ламс мекунад ва ҳамон чизро мебӯсад. Агар ламс кардан ҳам муяссар набошад, ба тарафи он ишора мекунад, "Аллоҳу акбар" мегӯяд ва дасташро намебӯсад. Барои дурустии тавоф шарт аст, ки тавофкунанда аз ҳадаси асғар ва акбар пок бошад, зеро тавоф монанди намоз аст, ғайр аз он ки дар он сухан гуфтан иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати тавоф бояд Каъбаро дар тарафи чапи худ қарор диҳад. Ва агар дар ибтидои тавофаш бигӯяд: "Аллоҳумма имонан бика ва тасдиқан бикитобика ва вафоан биъаҳдика ваттибоъан лисуннати набиййика Муҳаммадин (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)". (Бор Илоҳо, ба хотири имон овардан ба Ту, тасдиқ кардани китобат, вафо кардан ба аҳдат ва пайравӣ намудан аз суннати паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)), ин хуб аст. Чун ин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст. Ӯ ҳафт давр тавоф мекунад ва дар ҳар се даври аввали тавофи нахуст "рамл" мекунад. Ва он тавофест, ки онро ҳангоми нахустин бор ворид шудан ба Макка анҷом медиҳад, фарқе надорад, ки умракунанда бошад, ё ҳоҷии ҳаҷи таматтуъ, ё танҳо барои ҳаҷ эҳром баста бошад (ҳаҷи ифрод) ва ё ҳаҷҷу умраро якҷоя анҷом диҳад (ҳаҷи қирон). Дар чаҳор давраи боқимонда бошад, одӣ роҳ меравад. Ҳар як даврро аз Ҳаҷаруласвад (Санги сиёҳ) оғоз карда, бо он ба поён мерасонад.
Рамл, яъне бо суръат ва қадамҳои кӯтоҳ роҳ рафтан аст ва мустаҳаб аст, ки дар тамоми ин тавоф, на дар дигаре, "изтибоъ" намояд. Изтибоъ: миёнаи эҳромро аз зери китфи рост гузаронида, ду тарафи онро бар китфи чап гузоштан (ва китфи ростро бараҳна нигоҳ доштан) аст.
Ва агар дар адади давраҳои тавоф шак кунад, бар яқин, ки камтарин аст, бино кунад. Пас, агар шак кунад, ки се давр тавоф кардааст ё чаҳор, онро се меҳисобад ва дар саъй низ ҳамин тавр амал мекунад.
Баъд аз фориғ шудан аз ин тавоф, ридои худро ба китфҳояш меандозад ва ду канори онро бар синааш меорад, пеш аз он ки ду ракаъат намози тавоф бихонад.
Ва аз ҷумлаи корҳое, ки бояд занонро аз он манъ кард ва ҳушдор дод, ин тавоф кардани онҳо бо зинат ва атру хушбӯиҳо ва беҳиҷобӣ аст, чун онҳо аврат ҳастанд, бар онҳо воҷиб аст, ки худро бипӯшонанд ва зинатро дар вақти тавоф ва дигар ҳолатҳое, ки занон бо мардон омезиш мекунанд, тарк кунанд, зеро онҳо аврат ва фитна ҳастанд. Ва рӯи зан ошкортарин зинати ӯст, пас барои ӯ ҷоиз нест, ки онро ҷуз барои маҳрамҳои худ ошкор кунад; ба далели ин гуфтаи Аллоҳ Таъоло:
﴿...وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ...﴾
(ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳар). (Сураи Нур, ояти 31). Бинобар ин, барои онҳо кушодани рӯй ҳангоми бӯсидани Ҳаҷаруласвад ҷоиз нест, агар касе аз мардон онҳоро бубинад. Ва агар барояшон имкони даст расондан ба Ҳаҷаруласвад ва бӯсидани он пайдо нашавад, ба онҳо ҷоиз нест, ки бо мардон музоҳамат кунанд. Балки аз пушти онҳо тавоф мекунанд ва ин барояшон беҳтар ва савобаш бузургтар аст аз тавоф кардан дар наздикии Каъба дар ҳолати музоҳамат бо мардон. Рамл ва изтибоъ дар ғайри ин тавоф, дар саъй ва барои занон ҷоиз нест, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рамл ва изтибоъро танҳо дар тавофи аввали худ, ҳангоме ки ба Макка омаданд, анҷом додаанд. Ва тавофкунанда бояд аз ҳадас ва наҷосат пок буда, дар баробари Парвардигораш фурӯтан ва хоксор бошад.
Дар вақти тавоф бисёр зикри Аллоҳ ва дуо кардан мустаҳаб аст ва агар дар он чизе аз Қуръон бихонад, некӯст. Дар ин тавоф ва дигар тавофҳо ва саъй ягон зикри махсус ва дуои махсус воҷиб нест.
Аммо махсус гардонидани ҳар даври тавоф ё саъй бо зикрҳову дуоҳои махсус, ки баъзе мардум навоварӣ кардаанд, асле надорад. Балки ҳар зикр ва дуое, ки муяссар шавад, кифоя аст. Ҳангоме ки баробари Рукни ямонӣ мешавад, онро бо дасти росташ ламс мекунад ва мегӯяд: "Бисмиллоҳи валлоҳу акбар", вале онро намебӯсад. Агар ламс кардани он барояш мушкил бошад, онро тарк карда, ба тавофаш идома медиҳад. Ба он ишора намекунад ва ҳангоми баробар шудан бо он такбир намегӯяд, зеро, то ҷое ки мо медонем, ин аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит нашудааст. Ва барояш мустаҳаб аст, ки байни Рукни ямонӣ ва Ҳаҷаруласвад инро бигӯяд:
﴿...رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْاخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ 201﴾
(Раббано отино фи-д-дунё ҳасанатан ва фи-л-охирати ҳасанатан ва қино азоба-н-нор). Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор. (Сураи Бақара, ояти 201). Ҳар боре ки баробари Ҳаҷаруласвад меояд, онро ламс мекунад, мебӯсад ва "Аллоҳу акбар" мегӯяд. Агар ламс кардан ва бӯсидани он муяссар набошад, ҳар боре ки баробари он меояд, ба тарафаш ишора мекунад ва такбир мегӯяд.
Тавоф аз паси Замзам ва Мақом боке надорад, хусусан ҳангоми издиҳом. Ва тамоми масҷид ҷои тавоф аст. Ва агар дар равоқҳои масҷид тавоф кунад, ин барояш кифоя мекунад. Лекин тавофаш дар наздикии Каъба беҳтар аст, агар ин муяссар шавад.
Ҳангоме ки аз тавоф фориғ шуд, агар имконият бошад, ду ракъат намоз пушти мақом (и Иброҳим) мехонад. Ва агар ба сабаби издиҳом ва монанди он имконият нашуд, он ду ракъатро дар ҳар ҷои масҷид бихонад, дуруст аст. Ва суннат аст, ки дар онҳо баъд аз сураи Фотиҳа бихонад.
﴿قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡكَٰفِرُونَ1﴾
(Қул ё ай-юҳа -л-кофирун) [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон! (Сураи Кофирун, ояти 1). Дар ракъати аввал, ва аммо
﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ1﴾
(Қул ҳуваллоҳу аҳад) [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост» (Сураи Ихлос: 1)-ро дар ракаъати дуввум бихонад, ин афзалтар аст. Ва агар ғайри онҳоро бихонад, ишколе надорад. Сипас қасди Ҳаҷаруласвад мекунад ва агар тавонад, онро бо дасти росташ ламс мекунад, то ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин амал пайравӣ карда бошад.
Сипас аз дари он ба Сафо мебарояд ва болои он мебарояд ё дар назди он меистад. Агар имкон бошад, баромадан ба рӯи Сафо афзалтар аст ва дар оғози даври аввал ин оятро мехонад:
﴿إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ...﴾
("Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Бақара, ояти 158).
Рӯ ба қибла истодан бар болои Сафо мустаҳаб аст. Худовандро ҳамду ситоиш гуфта, такбир мегӯяд ва ин дуоро мехонад: "Ло илоҳа иллалоҳ ва Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду юҳйи ва юмиту ва ҳува ъало кулли шайъин қадир. Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу ва насара абдаҳу ва ҳазимал-аҳзоба ваҳдаҳу". Сипас дастонашро боло бардошта, дуои дилхоҳашро мекунад ва ин зикру дуоро (се маротиба) такрор мекунад. Баъд аз он мефарояд ва ба сӯи Марва меравад, то ин ки ба аломати аввал (аломат бо чароғи сабз муайян карда шудааст) мерасад. Мардҳо аз аломати аввал то дувум бо суръати бештар роҳ мегарданд. Аммо занон барояшон бо суръат рафтан дар байни ду аломат машруъ нест, зеро зан аврат аст. Аммо машруъ барои онон ин аст, ки байни Сафо ва Марва роҳ гарданд. Баъд аз он ба тарафи Марва меравад, болои он мебарояд ва ё дар наздаш меистад. Ва баромадан ба рӯи Марва афзалтар аст, агар имкон бошад, ва чунон ки дар Сафо карда буд аз гуфтор ва аъмол, ҳамонҳоро дар Марва ҳам анҷом медиҳад, ба ҷуз хондани ин оят:
﴿إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّهِ...﴾
(Сафо" ва "Марва" аз нишонаҳои [зоҳири шариати] Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Бақара, ояти 158). Ин кор фақат ҳангоми баромадан ба Сафо дар даври аввал, барои пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) машруъ аст. Сипас поён шуда, дар ҷойи роҳравӣ роҳ меравад ва дар ҷойи шитоб шитоб мекунад, то ба Сафо бирасад. Ин корро ҳафт маротиба анҷом медиҳад, рафтанаш як давр ва баргаштанаш як даври дигар ҳисоб мешавад. Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он чиро, ки зикр шуд, анҷом доданд ва фармуданд:
«خُذُوا عَنِّي مَنَاسِكَكُمْ».
"Маносики худро аз ман бигиред".51 Дар вақти саъй зикру дуо кардан ба қадри тавоноӣ ва аз ҳадаси акбар ва асғар (аз ҷанобат ва бевузӯӣ) пок будан мустаҳаб аст, вале агар бидуни таҳорат саъй кунад, саъяш дуруст аст. Инчунин агар зан пас аз тавоф ҳайз ё нифос шавад, барояш ҷоиз аст, ки саъйро анҷом диҳад, зеро таҳорат доштан дар саъй шарт нест, балки мустаҳаб аст, чи тавре ки гузашт.
Пас аз анҷоми саъй, мӯйи сари худро метарошад ё кӯтоҳ мекунад. Барои мардон тарошидани сар беҳтар аст. Агар мӯяшро кӯтоҳ кунад ва тарошидани онро барои ҳаҷ гузорад, ин кори хуб аст. Ва агар омаданаш ба Макка наздики вақти ҳаҷ бошад, пас кӯтоҳ кардани мӯй барояш беҳтар аст, то боқимондаи мӯйи сарашро дар ҳаҷ битарошад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ҳамроҳи асҳобашон дар рӯзи чаҳоруми моҳи зулҳиҷҷа ба Макка омаданд, ба касоне, ки ҳадй (қурбонӣ) наоварда буданд, амр фармуданд, ки аз эҳром бароянд ва мӯяшонро кӯтоҳ кунанд ва онҳоро ба тарошидани сар амр накарданд. Ва ҳангоми кӯтоҳ кардан бояд мӯйи тамоми сар кӯтоҳ карда шавад ва кӯтоҳ кардани қисме аз он кифоя нест, ҳамон гуна ки тарошидани қисме аз он низ кифоя намекунад. Ва барои зан танҳо кӯтоҳ кардани мӯй машруъ аст. Тарзи машруъ барои ӯ ин аст, ки аз ҳар як гесӯи бофтааш ба андозаи сари ангушт ё камтар аз он кӯтоҳ кунад.
"Унмула", ин сари ангушт аст. Ва зан набояд бештар аз ин миқдор кӯтоҳ кунад.
Пас, ҳар гоҳ муҳрим он чиро, ки зикр шуд, анҷом диҳад, умрааш комил мегардад ва ҳар чизе, ки ба сабаби эҳром бар ӯ ҳаром шуда буд, ҳалол мешавад, магар ин ки аз "ҳил" (берун аз ҳудуди Ҳарам) бо худ қурбонӣ оварда бошад, ки дар ин сурат ӯ дар эҳроми худ боқӣ мемонад, то он ки аз эҳроми ҳаҷ ва умра якҷоя хориҷ шавад.
Аммо касе, ки барои ҳаҷ ба сурати ифрод ё барои ҳаҷ ва умра ҳамзамон эҳром баста бошад, барояш суннат аст, ки эҳромашро ба умра табдил диҳад ва монанди шахси таматтуъкунанда амал намояд. Магар ин ки бо худ қурбонӣ оварда бошад, зеро Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асҳобашонро ба ин кор амр карда, фармудаанд:
«لَوْلَا أَنِّي سُقْتُ الهَدْيَ لَأَحْلَلْتُ مَعَكُمْ».
«Агар ман бо худ қурбониӣ намеовардам, албатта бо шумо аз эҳром мебаромадам».52
Агар зан баъд аз эҳроми умра ҳайз ё нифос шавад, то пок шуданаш хонаи Каъбаро тавоф ва байни Сафо ва Марва саъй намекунад. Пас аз пок шудан тавоф ва саъй мекунад ва мӯи сарашро кӯтоҳ мекунад ва бо ҳамин умрааш комил мешавад. Агар то рӯзи "тарвия" (ҳаштуми зулҳиҷҷа) пок нашавад, аз ҳамон ҷое, ки иқомат дорад, барои ҳаҷ эҳром мекунад ва ҳамроҳи мардум ба Мино меравад ва бо ин амал қорина мешавад, яъне ҳаҷ ва умраро якҷоя анҷом медиҳад. Ва он чиро, ки ҳоҷиён анҷом медиҳанд, аз қабили вуқуф дар Арафот, дар Машъар, санг задани Шайтон, шаб мондан дар Муздалифа ва Мино, қурбонӣ кардан ва кӯтоҳ кардани мӯй, анҷом медиҳад. Пас аз пок шуданаш хонаи Каъбаро як тавоф ва байни Сафо ва Марва як саъй анҷом медиҳад ва ин барои ҳаҷ ва умраи ӯ кифоя мекунад; ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки ӯ баъд аз эҳроми умра ҳайз дид ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуданд:
«افْعَلِي مَا يَفْعَلُ الحَاجُّ غَيْرَ أَنْ لَا تَطُوفِي بِالبَيْتِ حَتَّى تَطْهُرِي».
«Ҳама корҳое, ки ҳоҷӣ анҷом медиҳад, анҷом бидеҳ, магар он ки Хонаро (Каъбаро) тавоф макун, то ин ки пок шавӣ».53 Муттафақун алайҳи.
Агар зани ҳоиз ё нифосшуда дар рӯзи иди Қурбон Ҷамраро санг занад ва мӯйи сарашро кӯтоҳ кунад, барояш ҳама чизе, ки ба сабаби эҳром ҳаром шуда буд, монанди атр ва ғайра, ҳалол мегардад, ба ҷуз шавҳараш, то он ки ҳаҷҷашро монанди дигар занони пок комил созад. Пас, ҳар гоҳ баъд аз пок шудан тавоф ва саъйро анҷом диҳад, шавҳараш барояш ҳалол мегардад.
Фасл
Дар баёни ҳукми эҳром бастан барои ҳаҷ ва баромадан ба Мино дар рӯзи ҳаштуми зулҳиҷҷа
Рӯзи тарвия, ки рӯзи ҳаштуми зулҳиҷҷа аст, барои касоне, ки дар Макка ҳастанд ва эҳром надоранд ва ҳамчунин барои аҳли Макка, ки қасди ҳаҷ доранд, мустаҳаб аст, ки аз манзилҳои худ барои ҳаҷ эҳром банданд. Зеро саҳобагони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Абтаҳ иқомат доштанд ва дар рӯзи тарвия бо фармони ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳамон ҷо барои ҳаҷ эҳром бастанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро амр накарданд, ки ба хонаи Каъба бираванд ва аз назди он ё аз назди Мизоб эҳром банданд. Ҳамчунин ҳангоми баромаданашон ба сӯи Мино онҳоро ба тавофи видоъ амр накарданд. Агар ин кор ҷоиз мебуд, ҳатман онро ба онҳо меомӯхтанд. Ва тамоми хайру некӣ дар пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш (разияллоҳу анҳум) аст.
Ҳангоми эҳром бастан барои ҳаҷ ғусл кардан, пок шудан ва хушбӯӣ задан мустаҳаб аст, чуноне ки ин корро ҳангоми эҳром бастан аз миқот анҷом медиҳад. Баъд аз он ки барои ҳаҷ эҳром бастанд, суннат аст, ки дар рӯзи тарвия пеш аз завол ё баъд аз он ба сӯи Мино равона шаванд ва то замони санг задани Ҷамраи Ақаба бисёр талбия гӯянд. Дар Мино намозҳои пешин, аср, шом, хуфтан ва бомдодро мегузоранд ва суннат он аст, ки ҳар намозро дар вақташ қаср карда, бидуни ҷамъ бигузоранд, ба ҷуз намозҳои шом ва бомдод, ки онҳо қаср карда намешаванд.
Байни аҳли Макка ва дигарон фарқе нест, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо мардум аз аҳли Макка ва дигарон дар Мино, Арафот ва Муздалифа намозро қаср гузориданд ва аҳли Маккаро ба пурра хондани он амр нафармуданд. Агар ин бар онҳо воҷиб мебуд, ҳатман онро барояшон баён мефармуд.
Сипас, дар рӯзи Арафа баъд аз тулуи офтоб ҳоҷӣ аз Мино ба Арафот равона мешавад. Суннат аст, ки агар муяссар шавад, то завол дар Намира фуруд оянд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин кардаанд.
Пас, вақте офтоб завол кард, барои имом ё ноиби ӯ суннат аст, ки ба мардум хутбае муносиби ҳол бихонад, ки дар он масоилеро, ки барои ҳоҷӣ анҷом доданаш дар ин рӯз ва баъд аз он зарур аст, баён кунад. Онҳоро ба тақвои Худо, тавҳиди Ӯ ва ихлос ба Ӯ дар ҳама аъмол амр намояд, аз ҳаромҳои Ӯ барҳазар дорад ва ба чанг задан ба Китоби Худо ва суннати Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳукм кардан тибқи он ду ва муроҷиат ба он ду дар ҳама умур барои пайравӣ кардан аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳамаи инҳо тавсия кунад. Баъд аз он намозҳои зуҳру асрро дар вақти намози аввал (вақти пешин) бо як азону ду иқомат қасру ҷамъ мегузоранд; ба далели феъли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Муслим онро аз ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст.
Сипас мардум дар Арафот вуқуф мекунанд (меистанд) ва тамоми Арафот ҷои вуқуф аст, ба ҷуз водии Урана. Ва мустаҳаб аст, ки агар муяссар шавад, рӯ ба қибла ва кӯҳи Раҳмат биистанд. Агар рӯ ба ҳарду кардан муяссар набошад, рӯ ба қибла мекунад, ҳарчанд рӯ ба кӯҳ набошад. Ва барои ҳоҷӣ мустаҳаб аст, ки дар ин мавқиф дар зикри Аллоҳ Субҳонаҳу ва дуову тазарруъ ба даргоҳи Ӯ саъю кӯшиш намояд ва ҳангоми дуо дастҳояшро бардорад. Ва агар талбия гӯяд ё чизе аз Қуръон бихонад, некӯст. Ва суннат аст, ки ин зикрро бисёр бигӯяд: "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд, юҳйӣ ва юмит ва ҳува ъало кулли шайин қадир". Зеро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст, ки фармуданд:
«خَيْرُ الدُّعَاءِ دُعَاءُ يَوْمِ عَرَفَةَ، وَأَفْضَلُ مَا قُلْتُ أَنَا وَالنَّبِيُّونَ مِنْ قَبْلِي: لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحَمْدُ، يُحْيِي وَيُمِيتُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ».
"Беҳтарин дуо, дуои рӯзи Арафа аст ва беҳтарин сухане, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаем: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд, юҳйӣ ва юмит ва ҳува ъало кулли шайин қадир» аст".54 Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит аст, ки фармуданд:
«أَحَبُّ الكَلَامِ إِلَى اللَّهِ أَرْبَعٌ: سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالحَمْدُ لِلَّهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ».
"Маҳбубтарин сухан назди Аллоҳ чаҳор аст: "Субҳоналлоҳ" (Пок аст Аллоҳ), "Алҳамдулиллоҳ" (Ситоиш барои Аллоҳ аст), "Ло илоҳа иллаллоҳ" (Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ) ва "Аллоҳу акбар" (Аллоҳ бузург аст)".55
Пас, бояд ин зикрро бо хушуъ ва ҳузури қалб зиёд гуфт ва такрор намуд. Ҳамчунин бояд зикрҳо ва дуоҳои дар шариат омадаро дар ҳама вақт, бахусус дар ин мавзеъ ва дар ин рӯзи бузург, зиёд гуфт ва аз онҳо зикрҳову дуоҳои ҷомеъро интихоб намуд, ки аз ҷумлаи онҳо инҳоянд:
* Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, Субҳоналлоҳил-ъазим.
﴿...لَا إِلَهَ إِلَّا أَنتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ الظَّالِمِينَ﴾
([Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам). (Сураи Анбиё, ояти 87).
* Ло илоҳа илла-Аллоҳ ва ло наъбуду илло ийёҳ, лаҳу-н-неъмату ва лаҳу-л-фазл ва лаҳу-с-саноу-л-ҳасан, ло илоҳа илла-Аллоҳ, мухлисина лаҳу-д-дина ва лав кариҳа-л-кофирун.
* "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ". (Нест тавоноӣ (барои дурӣ аз гуноҳ) ва нест қудрате (барои пойдорӣ дар тоъати Худо) магар бо кумаки Аллоҳ)56.
* ﴿...رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْاخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ 201﴾
* (... Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор).
(Сураи Бақара, ояти 201).
* اللَّهُمَّ أَصْلِحْ لِي دِينِيَ الَّذِي هُوَ عِصْمَةُ أَمْرِي، وَأَصْلِحْ لِي دُنْيَايَ الَّتِي فِيهَا مَعَاشِي، وَأَصْلِحْ لِي آخِرَتِيَ الَّتِي فِيهَا مَعَادِي، وَاجْعَلِ الحَيَاةَ زِيَادَةً لِي فِي كُلِّ خَيْرٍ، وَالمَوْتَ رَاحَةً لِي مِنْ كُلِّ شَرٍّ.
* Парвардигоро! Бароям динамро, ки дар он нигаҳдошти кори ман аст ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман аст ва охиратамро, ки бозгаштам бад-он аст, ислоҳ кун ва зиндагиямро бароям сабаби зиёд шудани корҳои нек ва маргро василаи осоишам аз тамоми бадиҳо бигардон57.
* أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنْ جَهْدِ البَلَاءِ، وَدَرَكِ الشَّقَاءِ، وَسُوءِ القَضَاءِ، وَشَمَاتَةِ الأَعْدَاءِ.
* Аз машаққат ва сахтии бало ва озмун ва расидан ба бадбахтӣ ва қазои бад ва хушҳолии душманон ба Аллоҳ паноҳ мебарам58.
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ الهَمِّ وَالحَزَنِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ العَجْزِ وَالكَسَلِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الجُبْنِ وَالبُخْلِ، وَمِنَ المَأْثَمِ وَالمَغْرَمِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ غَلَبَةِ الدَّيْنِ وَقَهْرِ الرِّجَالِ.
* Худоё, ба Ту аз ғаму андуҳ ва аз нотавониву танбалӣ, аз буздиливу бухл, аз гуноҳу қарздорӣ ва аз сангинии қарзу қаҳри мардон паноҳ мебарам59.
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ البَرَصِ وَالجُنُونِ وَالجُذَامِ وَمِنْ سَيِّئِ الأَسْقَامِ.
* Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мина-л-бараси ва-л-ҷунуни ва-л-ҷузоми ва мин саййиъи-л-асқом.
Тарҷума: Парвардигоро! Ман аз марази песӣ, девонагӣ ва бемории ҷузом (хӯра, махав) ва маразҳои бад ба Ту паноҳ меҷӯям60.
* Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дунё ва охират хоҳонам.
* Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам.
* اللَّهُمَّ اسْتُرْ عَوْرَتِي وَآمِنْ رَوْعَاتِي، اللَّهُمَّ احْفَظْنِي مِنْ بَيْنِ يَدَيَّ وَمِنْ خَلْفِي، وَعَنْ يَمِينِي وَعَنْ شِمَالِي، وَمِنْ فَوْقِي، وَأَعُوذُ بِعَظَمَتِكَ أَنْ أُغْتَالَ مِنْ تَحْتِي.
* Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам61.
* اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي جِدِّي وَهَزْلِي، وَخَطَئِي وَعَمْدِي، وَكُلَّ ذَلِكَ عِنْدِي، اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ المُقَدِّمُ وَأَنْتَ المُؤَخِّرُ، وَأَنْتَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ.
* Худоё, гуноҳонеамро, ки аз рӯи ҷиддӣ, шӯхӣ, хато ва қасдан кардаам, биёмурз ва ҳамаи инҳо аз ман сар задааст. Худоё, он чиро, ки пеш ва пас, пинҳон ва ошкоро анҷом додаам ва он чи Ту аз ман бад-он донотарӣ, бароям биёмурз. Ту пешкунанда ва вопаскунандаӣ ва Ту бар ҳама чиз тавоноӣ62.
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الثَّبَاتَ فِي الأَمْرِ وَالعَزِيمَةَ عَلَى الرُّشْدِ، وَأَسْأَلُكَ شُكْرَ نِعْمَتِكَ وَحُسْنَ عِبَادَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ قَلْبًا سَلِيمًا وَلِسَانًا صَادِقًا، وَأَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِ مَا تَعْلَمُ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا تَعْلَمُ، وَأَسْتَغْفِرُكَ لِمَا تَعْلَمُ، إِنَّكَ عَلَّامُ الغُيُوبِ.
* Эй Аллоҳ! Аз Ту собитқадамӣ дар амр ва азму ирода бар роҳи ростро хоҳонам. Ва аз Ту шукри неъматат ва ҳусни ибодататро хоҳонам. Ва аз Ту қалби солим ва забони ростгӯйро хоҳонам. Ва аз Ту хубии он чиро, ки медонӣ, хоҳонам ва аз бадии он чи, ки медонӣ, ба Ту паноҳ мебарам. Ва барои он чи, ки медонӣ, аз Ту омурзиш металабам. Ҳамоно Ту донандаи ғайбҳо ҳастӣ63.
* اللَّهُمَّ رَبَّ النَّبِيِّ مُحَمَّدٍ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ، اغْفِرْ لِي ذَنْبِي، وَأَذْهِبْ غَيْظَ قَلْبِي وَأَجِرْنِي مِنْ مُضِلَّاتِ الفِتَنِ مَا أَحْيَيْتَنَا.
* Аллоҳумма Рабба-н-Набиййи Муҳаммадин ъалайҳис-салоту вас-салом, иғфир лӣ занбӣ, ва азҳиб ғайза қалбӣ ва аҷирнӣ мин музиллоти-л-фитани мо аҳяйтано64.
* اللَّهُمَّ رَبَّ السَّمَاوَاتِ وَرَبَّ الأَرْضِ وَرَبَّ العَرْشِ العَظِيمِ، رَبَّنَا وَرَبَّ كُلِّ شَيْءٍ، فَالِقَ الحَبِّ وَالنَّوَى، وَمُنْزِلَ التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ وَالفُرْقَانِ، أَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ كُلِّ شَيْءٍ أَنْتَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهِ، اللَّهُمَّ أَنْتَ الأَوَّلُ فَلَيْسَ قَبْلَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الآخِرُ فَلَيْسَ بَعْدَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ الظَّاهِرُ فَلَيْسَ فَوْقَكَ شَيْءٌ، وَأَنْتَ البَاطِنُ فَلَيْسَ دُونَكَ شَيْءٌ، اقْضِ عَنَّا الدَّيْنَ وَأَغْنِنَا مِنَ الفَقْرِ.
* Эй Аллоҳ, Парвардигори осмонҳо ва Парвардигори замин ва Парвардигори Арши бузург, Парвардигори мо ва Парвардигори ҳама чиз, Шикофандаи донаву ҳаста ва нозилкунандаи Тавроту Инҷил ва Фурқон! Ба Ту паноҳ мебарам аз бадии ҳар чизе, ки пешониаш дар дасти Туст. Эй Аллоҳ! Ту Аввалӣ ва пеш аз Ту чизе нест, ва Ту Охирӣ ва баъд аз Ту чизе нест ва Ту Зоҳирӣ ва болотар аз Ту чизе нест ва Ту Ботинӣ ва пинҳонтар аз Ту чизе нест. Қарзи моро адо кун ва моро аз фақр бениёз гардон65.
* اللَّهُمَّ أَعْطِ نَفْسِي تَقْوَاهَا، وَزَكِّهَا أَنْتَ خَيْرُ مَنْ زَكَّاهَا، أَنْتَ وَلِيُّهَا وَمَوْلَاهَا، اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنَ العَجْزِ وَالكَسَلِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الجُبْنِ وَالهَرَمِ وَالبُخْلِ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ عَذَابِ القَبْرِ.
* Парвардигоро! Ба ман тақвои нафс ато кун ва покаш кун, ки Ту беҳтарин касе ҳастӣ, ки покаш намудаӣ, Ту мутасарриф ва мавлояш мебошӣ. Парвардигоро! Ман аз нотавонӣ, танбалӣ, буздилӣ, пирӣ, бухл ва азоби қабр ба Ту паноҳ меҷӯям66.
* اللَّهُمَّ لَكَ أَسْلَمْتُ، وَبِكَ آمَنْتُ، وَعَلَيْكَ تَوَكَّلْتُ، وَإِلَيْكَ أَنَبْتُ، وَبِكَ خَاصَمْتُ، أَعُوذُ بِعِزَّتِكَ أَنْ تُضِلَّنِي، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، أَنْتَ الحَيُّ الَّذِي لَا يَمُوتُ، وَالجِنُّ وَالإِنْسُ يَمُوتُونَ.
* Худоё! Барои Ту таслим шудам ва ба Ту имон овардам ва бар Ту эътимод кардам ва ба Ту руҷуъ намудам ва барои Ту душманӣ варзидам. Ба иззатат паноҳ меҷӯям аз ин ки маро гумроҳ созӣ, Худое ҷуз Ту нест, Ту зиндае ҳастӣ, ки намемирӣ, вале ҷин ва инс мемиранд67.
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَعُوذُ بِكَ مِنْ عِلْمٍ لَا يَنْفَعُ، وَمِنْ قَلْبٍ لَا يَخْشَعُ، وَمِنْ نَفْسٍ لَا تَشْبَعُ، وَمِنْ دَعْوَةٍ لَا يُسْتَجَابُ لَهَا.
* Парвардигоро! Ман аз илме, ки нафъ намерасонад ва диле, ки аз Ту наметарсад ва нафсе, ки сер намешавад ва дуое, ки қабул намешавад, ба Ту паноҳ меҷӯям68.
* اللَّهُمَّ جَنِّبْنِي مُنْكَرَاتِ الأَخْلَاقِ وَالأَعْمَالِ وَالأَهْوَاءِ وَالأَدْوَاءِ.
* Худоё, маро аз нописандидаҳои ахлоқ, аъмол, ҳавову ҳавас ва дардҳо дур бидор69.
* اللَّهُمَّ أَلْهِمْنِي رُشْدِي، وَأَعِذْنِي مِنْ شَرِّ نَفْسِي.
* Аллоҳумма алҳимнӣ рушдӣ ва аъизнӣ мин шарри нафсӣ)70.
Тарҷума: Парвардигоро, ба ман роҳи ростро илҳом бидеҳ ва маро аз шарри нафсам паноҳ бидеҳ.
* اللَّهُمَّ اكْفِنِي بِحَلَالِكَ عَنْ حَرَامِكَ، وَأَغْنِنِي بِفَضْلِكَ عَمَّنْ سِوَاكَ.
"Аллоҳумма-кфинӣ биҳалолика ъан ҳаромика, ва ағнинӣ бифазлика ъамман сивока" (71).71
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الهُدَى وَالتُّقَى وَالعَفَافَ وَالغِنَى.
* Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ҳудо ва-т-туқо ва-л- ъафофа ва-л-ғино.
Тарҷума: Парвардигоро, ман аз Ту ҳидоят ва тақво ва худдорӣ аз гуноҳ ва бениёзиро дархост мекунам72.
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الهُدَى وَالسَّدَادَ.
* "Парвардигоро, аз Ту ҳидоят ва роҳи ростро мепурсам" (73).73
* اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنَ الخَيْرِ كُلِّهِ، عَاجِلِهِ وَآجِلِهِ، مَا عَلِمْتُ مِنْهُ وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ الشَّرِّ كُلِّهِ، عَاجِلِهِ وَآجِلِهِ، مَا عَلِمْتُ مِنْهُ وَمَا لَمْ أَعْلَمْ، وَأَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِ مَا سَأَلَكَ مِنْهُ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ مُحَمَّدٌ ﷺ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا اسْتَعَاذَ مِنْهُ عَبْدُكَ وَنَبِيُّكَ مُحَمَّدٌ ﷺ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ الجَنَّةَ وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنَ النَّارِ وَمَا قَرَّبَ إِلَيْهَا مِنْ قَوْلٍ أَوْ عَمَلٍ، وَأَسْأَلُكَ أَنْ تَجْعَلَ كُلَّ قَضَاءٍ قَضَيْتَهُ لِي خَيْرًا.
* Эй Аллоҳ! Аз Ту тамоми хубиҳоро хоҳонам, хубиҳои зудҳангом ва ояндаро ва хубиҳоеро, ки медонам ва намедонам. Ва аз тамоми бадӣ ба Ту паноҳ мебарам, бадиҳои зудҳангом ва ояндаро ва бадиҳоеро, ки медонам ва намедонам. Ва аз Ту беҳтарини он чизеро мехоҳам, ки бандаат ва паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз Ту хостааст, ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадии он чизе, ки бандаат ва паёмбарат Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он ба Ту паноҳ бурдааст. Эй Аллоҳ! Аз Ту ҷаннат ва ҳар қавлу амалеро, ки ба он наздик месозад, хоҳонам. Ва ба Ту паноҳ мебарам аз оташи дӯзах ва аз ҳар қавлу амале, ки ба он наздик месозад. Ва аз Ту мехоҳам, ин ки ҳар қазо ва қадаре, ки бар ман файсала намудаӣ, онро бароям хайр бигардонӣ74.
* لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ المُلْكُ وَلَهُ الحَمْدُ، يُحْيِي وَيُمِيتُ بِيَدِهِ الخَيْرُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، سُبْحَانَ اللَّهِ، وَالحَمْدُ لِلَّهِ، وَلَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ، وَاللَّهُ أَكْبَرُ، وَلَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ العَلِيِّ العَظِيمِ.
* Ло илоҳа илла- Аллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд, юҳйӣ ва юмиту биядиҳи-л-хайр ва ҳува ъало кулли шайъин қадир. Субҳоналлоҳ, ва-л-ҳамду лиллоҳ, ва ло илоҳа илла-Аллоҳ, ва Аллоҳу Акбар, ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-ъалиййи-л-ъазим75.
* اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ، وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا صَلَّيْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ، وَبَارِكْ عَلَى مُحَمَّدٍ، وَعَلَى آلِ مُحَمَّدٍ، كَمَا بَارَكْتَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ، وَعَلَى آلِ إِبْرَاهِيمَ، إِنَّكَ حَمِيدٌ مَجِيدٌ.
* Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид. Ва борик ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳима, иннака ҳамидум маҷид76.
* ﴿...رَبَّنَا آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَفِي الْاخِرَةِ حَسَنَةً وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ﴾
* (Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор).
(Сураи Бақара, ояти 201).
Дар ин макони бузург мустаҳаб аст, ки ҳоҷӣ зикрҳо ва дуоҳое, ки оварда шуд ва он чиро, ки ҳаммаънои онҳост, аз қабили зикру дуо ва дуруд фиристодан ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) такрор намояд. Дар дуо пофишорӣ кунад ва аз Парвардигораш хайри дунё ва охиратро бихоҳад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳар гоҳ дуо мекард, дуоро се бор такрор мекард, пас дар ин амр пайравӣ кардан ба ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шоиста аст.
Дар ин мавқиф мусалмон дар баробари Парвардигораш фурӯтану хоксор ва дар пешгоҳи Ӯ сархаму шикастанафс буда, аз раҳмату мағфираташ умедвор аст ва аз азобу ғазабаш метарсад, нафси худро муҳосаба намуда, тавбаи насуҳ мекунад. Зеро ин рӯзи бузург ва ҷамъомадгоҳи калон аст, ки дар он Худованд бар бандагонаш саховатмандӣ мекунад, бо онҳо дар назди малоикааш ифтихор менамояд ва озодӣ аз ҷаҳаннам дар он рӯз зиёд аст. Шайтон дар ҳеҷ рӯзе мағлубтару кӯчактар ва ҳақиртар аз рӯзи Арафа дида нашудааст, магар он чи дар рӯзи Бадр дида шуд. Ин ба хотири он аст, ки ӯ саховатмандии Худовандро бар бандагонаш, эҳсони Ӯро нисбат ба онҳо ва бисёр озод намудани бандагон аз ҷаҳаннам ва мағфирати Ӯро мебинад.
Дар саҳеҳи Муслим, аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَا مِنْ يَوْمٍ أَكْثَرَ مِنْ أَنْ يُعْتِقَ اللَّهُ فِيهِ عَبْدًا مِنَ النَّارِ مِنْ يَوْمِ عَرَفَةَ، وَإِنَّهُ لَيَدْنُو ثُمَّ يُبَاهِي بِهِمُ المَلَائِكَةَ، فَيَقُولُ: مَا أَرَادَ هَؤُلَاءِ؟».
«Ҳеҷ рӯзе нест, ки дар он Худованд бандаеро аз ҷаҳаннам озод кунад, беш аз рӯзи Арафа. Ӯ наздик мешавад, сипас бо бандагонаш дар назди малоика ифтихор мекунад ва мефармояд: Инҳо чӣ мехоҳанд?»77.
Пас барои мусалмонон лозим аст, ки некии худро ба Аллоҳ нишон диҳанд ва душмани худ - Шайтонро хор сохта, ӯро бо зикру дуои бисёр ва пайваста тавбаву истиғфор намудан аз ҳамаи гуноҳон ва хатоҳо ғамгин созанд.
Ҳоҷиён дар ин мавқиф то ғуруби офтоб пайваста машғули зикру дуо ва тазарруъ мешаванд. Пас, ҳангоме ки офтоб ғуруб кард, бо оромӣ ва виқор ба сӯи Муздалифа равон мешаванд ва бисёр талбия мегӯянд ва дар ҷои васеъ шитоб мекунанд, зеро ин амали Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Ва рафтан аз он ҷо пеш аз ғуруби офтоб ҷоиз нест, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) то ғуруби офтоб истоданд ва фармуданд:
«خُذُوا عَنِّي مَنَاسِكَكُمْ».
"Маносики худро аз ман бигиред".78
Пас, вақте ба Муздалифа расиданд, дарҳол намози шомро се ракаъат ва намози хуфтанро ду ракаъат бо як азон ва ду иқомат ҷамъ карда мегузоранд, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин кардаанд. Фарқ надорад, ба Муздалифа дар вақти шом расанд, ё баъд аз даромадани вақти хуфтан.
Коре, ки баъзе аз мардуми ом анҷом медиҳанд, яъне аз замони расидан ба Муздалифа ва пеш аз хондани намоз, ба ҷамъоварии сангрезаҳо машғул мешаванд ва бисёре аз онҳо эътиқод дорад, ки ин кор машруъ аст. Аммо дар асл ин амал хато буда, ҳеҷ асосе надорад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр накарданд, ки барояшон сангреза ҷамъ карда шавад, магар баъди аз Машъар ба сӯи Мино рафтанашон. Аз ҳар ҷое, ки сангреза ҷамъ кунад, кифоя мекунад ва ҷамъ кардани он аз Муздалифа шарт нест, балки ҷамъ кардани он аз Мино низ ҷоиз аст. Ва суннат ин аст, ки дар ин рӯз ҳафт сангреза ҷамъ карда, барои пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо онҳо Ҷамраи Ақабаро санг занад. Аммо дар се рӯзи дигар, ҳар рӯз аз Мино бисту як сангреза ҷамъ мекунад, то бо онҳо се ҷамраро санг бизанад.
Шустани сангрезаҳо мустаҳаб нест, балки онҳоро бе шустан партояд, зеро ин кор аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва саҳобагонаш нақл нашудааст. Ва бо он сангрезаҳое, ки (пештар) партофта шудаанд, дубора партофта намешавад.
Дар ин шаб ҳоҷӣ дар Муздалифа шаб мемонад ва барои заифон, аз қабили занон, кӯдакон ва монанди онҳо ҷоиз аст, ки дар охири шаб ба Мино раҳсипор шаванд; ба далели ҳадиси Оиша, Умми Салама ва дигарон. Аммо барои дигар ҳоҷиён таъкид мешавад, ки то адои намози бомдод дар он ҷо иқомат кунанд. Сипас дар назди Машъар-ул-ҳаром истода, рӯ ба қибла оранд ва то хеле равшан шудани субҳ ба зикри Аллоҳ, такбир ва дуо бисёр машғул шаванд. Мустаҳаб аст дар ин ҷо дар ҳоли дуо, бардоштани дастон ва дар ҳар ҷое аз Муздалифа, ки биистанд, ҳамон барояшон кифоя аст. Бар онҳо воҷиб нест наздик шудан ба Машъар ва на боло рафтан ба он; ба далели ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«وَقَفْتُ هَاهُنَا - يَعْنِي عَلَى المَشْعَرِ الحَرَامِ - وَجَمْعٌ كُلُّهَا مَوْقِفٌ».
"Ман дар ин ҷо истодам, яъне дар Машъар-ул-ҳаром ва тамоми (Муздалифа) макони истодан аст".79 Ин хадисро Муслим дар саҳешаш ривоят кардааст, ва Ҷамъ ин Муздалифа аст.
Пас аз хуб равшан шудани субҳ, пеш аз тулуи офтоб ба Мино мераванд ва дар роҳашон талбияро бисёр мегӯянд. Вақте ки ба водии Муҳассир мерасанд, андаке шитоб кардан мустаҳаб аст.
Вақте ки ба Мино расиданд, назди Ҷамраи Ақаба талбияро қатъ мекунанд. Сипас, баробари расидан онро бо ҳафт сангреза пайҳам мезананд. Ҳангоми задани ҳар сангреза дасташро боло бардошта, "Аллоҳу Акбар" мегӯяд. Мустаҳаб аст, ки онро аз миёни водӣ бизанад ва Каъбаро дар тарафи чапаш ва Миноро дар тарафи росташ қарор диҳад, зеро ин феъли Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Агар онро аз ҷонибҳои дигар ҳам бизанад, кифоя мекунад, ба шарте ки сангреза дар макони сангандозӣ биафтад. Дар дохили он макон мондани сангреза шарт нест, балки шарт танҳо афтидани он ба дохили он аст. Пас, агар сангреза ба дохили ҳавзак афтад ва сипас аз он берун шавад, тибқи зоҳири гуфтори аҳли илм, кифоя мекунад. Аз ҷумлаи касоне, ки ба ин масъала ошкоро ишора кардаанд, Имом Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "Шарҳ-ул-Муҳаззаб" мебошад. Сангрезаҳои ҷамарот бояд ба андозаи сангрезаҳои "хазф" бошанд, ки он андаке аз нахуд калонтар аст.
Сипас баъд аз итмоми санг задан, қурбонии худро наҳр мекунад ва мустаҳаб аст, ки ҳангоми наҳр ё забҳи он бигӯяд: «Бисмиллоҳи ва-Аллоҳу Акбар, Аллоҳумма ҳозо минка ва лака» ва онро рӯ ба қибла гардонад. Суннат ин аст, ки шутурро дар ҳолати истода, дар ҳоле ки пои чапаш баста бошад, наҳр кунанд ва гову гӯсфандро бар паҳлуи чапашон хобонда забҳ намоянд. Агар ҳайвонро ба ғайри қибла забҳ кунад, суннатро тарк кардааст, вале забҳаш дуруст аст, зеро рӯ ба қибла кардан ҳангоми забҳ суннат аст, на воҷиб. Ва мустаҳаб аст, ки аз гӯшти қурбонии худ бихӯрад ва (аз он) ҳадя ва садақа диҳад; чунонки Худованди Мутаъол мефармояд:
﴿...فَكُلُوا مِنْهَا وَأَطْعِمُوا الْبَائِسَ الْفَقِيرَ﴾
(Пас, аз [гӯшти] он бихӯред ва ба дармондаи тиҳидаст [низ] ғизо бидиҳед). (Сураи Ҳаҷ, ояти 28). Вақти забҳ, тибқи саҳеҳтарин қавли аҳли илм, то ғуруби офтоби рӯзи сеюми айёми ташриқ идома меёбад. Пас, муддати забҳ рӯзи наҳр ва се рӯзи баъд аз он мебошад.
Сипас баъд аз забҳ намудани қурбонӣ сарашро метарошад ё кӯтоҳ мекунад. Тарошидан афзал аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои касоне, ки сари худро тарошида буданд (се бор) ва барои онҳое, ки кӯтоҳ карданд, як бор дуои раҳмат ва мағфират кардаанд. Кӯтоҳ кардани қисмате аз мӯи сар кифоят намекунад, балки бояд ҳамаи онро монанди тарошидан кӯтоҳ кард. Ва зан аз ҳар як гесӯяш ба андозаи як банди ангушт ё камтар аз он кӯтоҳ мекунад.
Пас аз санг задани Ҷамраи Ақаба ва тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар, барои муҳрим ҳама чизҳое, ки ба сабаби эҳром бар ӯ ҳаром буданд, ба ҷуз наздикӣ бо занон, ҳалол мешаванд. Инро таҳаллули аввал меноманд. Баъд аз ин таҳаллул барояш суннат аст, ки хушбӯӣ зада, ба сӯи Макка равона шавад, то тавофи ифозаро (тавофи ҳаҷ) анҷом диҳад. Далели ин амал ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо) аст, ки фармуданд:
«كُنْتُ أُطَيِّبُ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ لِإِحْرَامِهِ قَبْلَ أَنْ يُحْرِمَ، وَلِحَلِّهِ قَبْلَ أَنْ يَطُوفَ بِالبَيْتِ».
"Ман Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро барои эҳромашон, пеш аз он ки эҳром банданд ва барои аз эҳром баромаданашон, пеш аз он ки хонаи Каъбаро тавоф кунанд, хушбӯй мекардам". (80)80 Ин (ҳадис)-ро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.
Ин тавофро тавофи ифоза ва тавофи зиёрат меноманд ва он рукне аз аркони ҳаҷ аст, ки ҳаҷ бе он комил намегардад. Ва муроди Худованди Мутаъол низ аз ояти зерин ҳамин аст, ки мефармояд:
﴿ثُمَّ لْيَقْضُوا تَفَثَهُمْ وَلْيُوفُوا نُذُورَهُمْ وَلْيَطَّوَّفُوا بِالْبَيْتِ الْعَتِيقِ 29﴾
(Сипас бояд олудагиҳояшонро бартараф созанд ва ба назрҳои хеш вафо кунанд ва [гирдогирди] ин хонаи куҳан [Каъба] тавоф кунанд). (Сураи Ҳаҷ, ояти 29).
Баъд аз тавоф ва хондани ду ракъат намоз пушти мақом (мақоми Иброҳим), агар мутаматтеъ бошад, байни Сафо ва Марва саъй мекунад. Ин саъй барои ҳаҷҷи ӯ буда, саъйи аввал барои умрааш мебошад.
Ва тибқи саҳеҳтарин қавли уламо, як саъй кифоя нест; ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: «Ҳамроҳи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун шудем...» ва ҳадисро зикр намуд, ки дар он (Паёмбар) фармуд:
«وَمَنْ كَانَ مَعَهُ هَدْيٌ فَلْيُهِلَّ بِالحَجِّ مَعَ العُمْرَةِ ثُمَّ لَا يَحِلُّ حَتَّى يَحِلَّ مِنْهُمَا جَمِيعًا».
«Ва ҳар кас, ки ҳамроҳаш қурбонӣ дошта бошад, бояд ҳаҷро ҳамроҳ бо умра ният кунад, сипас аз эҳром набарояд, то он ки аз ҳардуи онҳо якҷоя фориғ гардад»... То он ҷо ки гуфт:
«فَطَافَ الَّذِينَ أَهَلُّوا بِالعُمْرَةِ بِالبَيْتِ وَبِالصَّفَا وَالمَرْوَةِ ثُمَّ حَلُّوا ثُمَّ طَافُوا طَوَافًا آخَرَ بَعْدَ أَنْ رَجَعُوا مِنْ مِنًى لِحَجِّهِمْ».
«Пас, касоне, ки барои умра эҳром баста буданд, Хонаро тавоф намуда, байни Сафову Марва саъй карданд, сипас аз эҳром баромаданд. Баъд аз он ки аз Мино бозгаштанд, барои ҳаҷҷашон тавофи дигаре анҷом доданд».81 Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Инчунин Оиша (разияллоҳу анҳо) (дар бораи касоне, ки нияти умра карда буданд), мегӯяд: "Сипас, баъд аз бозгашт аз Мино барои ҳаҷҷашон тавофи дигаре анҷом доданд", манзураш аз он тавофи байни Сафо ва Марва аст, бар асоси дурусттарин назарҳо дар тафсири ин ҳадис. Аммо касоне, ки гуфтаанд: "манзураш аз он тавофи ифоза аст", дуруст нест. Зеро тавофи ифоза дар ҳаққи ҳама рукн аст ва онҳо онро анҷом дода буданд. Балки манзур аз он чизест, ки хоси шахси мутаматтеъ аст, яъне тавофи байни Сафо ва Марва барои бори дувум баъд аз бозгашт аз Мино барои такмили ҳаҷҷаш. Ва Худоро шукр, ки ин возеҳ аст ва сухани аксари аҳли илм мебошад.
Далели дигаре бар дурустии ин масъала, ривоятест, ки Бухорӣ дар "Саҳеҳ"-аш ба сурати муаллақ ва сиғаи ҷазм аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки аз ӯ дар бораи ҳаҷҷи таматтуъ пурсида шуд ва ӯ гуфт: «Муҳоҷирон, ансор ва ҳамсарони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаҷҷи видоъ эҳром бастанд ва мо низ эҳром бастем. Ҳангоме ки ба Макка расидем, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Эҳроми ҳаҷҷи худро ба умра табдил диҳед, магар касе, ки ҳайвони қурбониро ҳамроҳ дорад." Пас, мо Байтуллоҳро тавоф кардем ва байни Сафо ва Марва саъй намудем, бо ҳамсарони худ наздикӣ кардем ва либосҳои муқаррарии худро пӯшидем. Ва (Паёмбар) фармуданд: Касе, ки ҳайвони қурбониро ҳамроҳ дорад, аз эҳром намебарояд, то замоне ки ҳайвони қурбониаш ба қурбонгоҳ бирасад (ва забҳ шавад). Сипас шоми рӯзи тарвия ба мо амр карданд, ки барои ҳаҷ эҳром бандем. Пас, ҳангоме ки аз адои маносик (амалҳои ҳаҷ) фориғ шудем, омада, Байтуллоҳро тавоф кардем ва байни Сафо ва Марва саъй намудем».82 Ҳадафи ниҳоӣ анҷом ёфт, яъне равшан аст дар ин ки мутаматтеъ ду маротиба саъй мекунад. Аллоҳ донотар аст.
Ва аммо он чи Муслим аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст: «Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва асҳоби ӯ байни Сафо ва Марва тавоф накарданд, магар як тавоф».83 Тавофи якуми онҳо марбут ба саҳобагоне буд, ки бо худ қурбонӣ оварда буданд, зеро онҳо ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар эҳроми худ боқӣ монданд, то ин ки аз ҳаҷҷу умра якҷоя хориҷ шуданд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳаҷ ва умра эҳром баста, ба касоне, ки қурбонӣ оварда буданд, амр карданд, ки барои ҳаҷ ҳамроҳ бо умра эҳром банданд ва то аз ҳардуи онҳо якҷоя аз эҳром набароянд. Ва қорин ҷуз як саъй бар уҳда надорад. Чуноне ки ҳадиси мазкури Ҷобир ва дигар ҳадисҳои саҳеҳ ба он далолат мекунанд.
Ба ҳамин тартиб, шахсе, ки ҳаҷҷи ифрод анҷом медиҳад ва то рӯзи наҳр дар эҳромаш боқӣ мемонад, барояш танҳо як саъй кифоят мекунад. Пас, саъйе, ки ҳоҷии қорин ва муфрид баъд аз тавофи қудум анҷом медиҳанд, онҳоро аз саъйи баъди тавофи ифоза кифоят мекунад. Ва ин роҳи ҷамъ сохтан байни ду ҳадис, ҳадиси Оиша ва Ибни Аббос ва ҳадиси зикршудаи Ҷобир мебошад. Бо ин роҳ, зиддияти зоҳирӣ аз байн рафта, ба ҳамаи ҳадисҳо амал кардан имконпазир мегардад.
Ва аз ҷумлаи он чизе, ки ин ҷамъбастро тақвият медиҳад, ин аст, ки ду ҳадиси Оиша ва Ибни Аббос саҳеҳ буда, саъйи дуюмро дар ҳаққи шахси мутаматтеъ исбот кардаанд, дар ҳоле ки зоҳири ҳадиси Ҷобир инро нафй мекунад. Ва собитсозанда бар нафйукунанда муқаддам аст. Чуноне ки дар илми усул ва мусталаҳ-ул-ҳадис муқаррар шудааст. Ва Аллоҳ Таъоло тавфиқдиҳанда ба савоб аст ва ҳеҷ тавону қудрате нест, магар ба ёрии Аллоҳ.
Фасл
Дар баёни бартарии амалҳои аъмоли ҳоҷӣ дар рӯзи иди Қурбон
Беҳтар он аст, ки ҳоҷӣ рӯзи наҳр (рӯзи иди Қурбон) ин чаҳор амалро ба тартиби зикршуда анҷом диҳад: Аввал санг задани Ҷамраи Ақаба, сипас қурбонӣ кардан, баъд аз он тарошидани ё кӯтоҳ кардани мӯй, сипас тавофи хонаи Каъба ва баъд аз он саъй кардан барои ҳоҷии мутаматтиъ. Инчунин барои ҳоҷии муфрид ва қорин, агар онҳо саъйро ҳамроҳ бо тавофи қудум анҷом надода бошанд. Агар ҳоҷӣ баъзе аз ин амалҳоро пеш аз дигаре анҷом диҳад, ишколе надорад, зеро дар ин масъала аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рухсат собит шудааст. Пеш андохтани саъй аз тавоф низ шомили ин рухсат мешавад, зеро он аз ҷумлаи амалҳоест, ки рӯзи наҳр анҷом дода мешавад ва ин масъала шомили сухани он саҳобӣ мешавад, ки гуфтааст: «Он рӯз аз ӯ (Паёмбар) дар бораи ҳеҷ амале, ки пеш ё пас анҷом дода шуда буд, суол нашуд, магар ин ки мегуфт:
«افْعَلْ وَلَا حَرَجَ».
"Анҷом бидеҳ ва ҳеҷ боке нест".84 Ва азбаски ин аз ҷумлаи ҳолатҳоест, ки дар он фаромӯшӣ ва ҷаҳл воқеъ мешавад, дохил шудани он ба ин ҳукми умумӣ воҷиб аст, зеро дар ин кор осонӣ ва сабукӣ аст.
Ва собит шудааст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи касе, ки пеш аз тавоф саъй мекунад, пурсида шуд, ӯ дар посух чунин фармуданд:
«لَا حَرَجَ».
"Гуноҳе нест".85 Дар ривояти Абудовуд аз Усома ибни Шарик бо санади саҳеҳ омадааст, пас бо ин дохил шудани он дар умум бе шакке возеҳ гардид. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда аст.
Амалҳое, ки бо анҷоми онҳо ҳоҷӣ аз эҳром ба таври комил хориҷ мешавад, сето мебошанд: санг задани Ҷамраи Ақаба, тарошидани сар ё кӯтоҳ кардани мӯй ва тавофи ифоза ҳамроҳ бо саъйи баъди он. Ҳар гоҳ ҳоҷӣ ин се амалро анҷом диҳад, ҳамаи он чизҳое, ки ба сабаби эҳром бар ӯ ҳаром шуда буданд, барояш ҳалол мешаванд, аз қабили ҳамбистарӣ бо зан, истифодаи атр ва ғайра. Ва касе, ки аз ин се амал ду амалашро анҷом диҳад, барояш ҳама чизҳое, ки ба сабаби эҳром ҳаром шуда буданд, ҳалол мешавад, ба ҷуз ҳамбистарӣ бо зан. Ин ҳолатро таҳаллули аввал меноманд.
Барои ҳоҷӣ то сероб шудан нӯшидани оби Замзам ва ба қадри тавон аз дуоҳои фоиданок дуо кардан мустаҳаб аст, ва
«مَاءُ زَمْزَمَ لِمَا شُرِبَ لَهُ».
«Оби Замзам барои ҳар ниятест, ки нӯшида мешавад».86 Ҳамчунин дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Абузар ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи оби Замзам фармуд:
«إِنَّهُ طَعَامُ طُعْمٍ».
"Ҳамоно Замзам таоми серкунанда аст".87 Иловаи Абудовуд:
«وَشِفَاءُ سُقْمٍ».
"Ва шифои беморӣ".88
Баъд аз тавофи ифоза ва саъй (барои касоне, ки саъй бар уҳдаашон аст), ҳоҷиён ба Мино бармегарданд ва се шабонарӯз дар он ҷо иқомат мекунанд. Онҳо дар давоми ин се рӯз, ҳар рӯз баъд аз завол се ҷамраро санг мезананд ва риояи тартиб дар санг задани онҳо воҷиб аст.
Аз Ҷамраи аввал, ки наздик ба масҷиди Хиф аст, оғоз мекунад. Онро бо ҳафт сангрезаи пайдарпай мезанад ва бо ҳар сангреза дасташро баланд мекунад. Суннат аст, ки аз он ҷо дуртар рафта, онро дар тарафи чапи худ қарор диҳад, ба сӯи қибла рӯй оварда, дастҳояшро баланд кунад ва бисёр дуову тазарруъ намояд.
Сипас ҷамраи дувумро мисли ҷамраи аввал санг мезанад. Ва суннат аст, ки баъд аз санг задан андаке пеш рафта, онро дар тарафи рости худ қарор диҳад ва рӯ ба қибла истода ва дастҳояшро боло бардораду бисёр дуо кунад.
Сипас ҷамраи севумро санг мезанад ва дар назди он намеистад.
Сипас, дар рӯзи дувуми айёми ташриқ баъд аз завол, ҷамаротро чунон ки дар рӯзи аввал санг зада буд, санг мезанад ва дар назди ҷамраи аввалу дувум низ ҳамон гуна амал мекунад, ки дар рӯзи аввал карда буд; ин корро ба хотири пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) анҷом медиҳад.
Санг задан дар ду рӯзи аввали айёми ташриқ аз воҷиботи ҳаҷ аст ва ҳамчунин шаб истодан дар Мино дар шаби якум ва дуввум воҷиб мебошад, магар барои обдиҳандагон, чӯпонон ва амсоли онҳо воҷиб нест.
Сипас, баъд аз санг задан дар ин ду рӯз, ҳар касе, ки бихоҳад аз Мино биравад, барои ӯ ҷоиз аст ва бояд пеш аз ғуруби офтоб аз он ҷо барояд. Аммо касе, ки таъхир карда, шаби сеюмро низ дар он ҷо бимонад ва рӯзи сеюм санг бизанад, ин амал афзалтар ва савобаш бузургтар аст, чунон ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿وَاذْكُرُوا اللَّهَ فِي أَيَّامٍ مَعْدُودَاتٍ فَمَنْ تَعَجَّلَ فِي يَوْمَيْنِ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ وَمَنْ تَأَخَّرَ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ لِمَنِ اتَّقَى...﴾
(Аллоҳро дар рӯзҳои муайян ёд кунед; пас, касе, ки шитоб кунад ва тайи ду рӯз, гуноҳе бар ӯ нест; ва касе, ки таъхир кунад, гуноҳе бар ӯ нест. Барои касе аст, ки тақво пеша кунад...) (Сураи Бақара, ояти 203). Зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум барои шитоб кардан рухсат доданд, аммо худашон шитоб накарданд, балки дар Мино монданд, то дар рӯзи сенздаҳум (рӯзи сеюми айёми ташриқ) баъд аз завол сангҳоро заданд ва сипас пеш аз хондани намози зуҳр кӯч бастанд.
Барои сарпарасти писарбачае, ки худаш аз санг задан оҷиз аст, ҷоиз аст, ки баъд аз он ки барои худаш санг зад, аз номи ӯ Ҷамраи Ақаба ва дигар ҷамаротро санг занад. Ҳамчунин духтарчаи хурдсоле, ки аз санг задан оҷиз аст, валияш аз ҷониби ӯ санг мезанад; ба далели ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу), ки гуфт:
«حَجَجْنَا مَعَ رَسُولِ اللَّهِ ﷺ، وَمَعَنَا النِّسَاءُ وَالصِّبْيَانُ، فَلَبَّيْنَا عَنِ الصِّبْيَانِ وَرَمَيْنَا عَنْهُمْ».
"Ҳамроҳи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаҷ кардем ва занону кӯдакон низ бо мо буданд, пас, аз ҷониби кӯдакон талбия гуфтем ва ба ҷои онҳо санг задем".89 Ривояти Ибни Моҷаҳ.
Барои касе, ки ба сабаби беморӣ, пиронсолӣ ё ҳомилагӣ санг зада натавонад, ҷоиз аст, ки каси дигарро вакил намояд, то аз ҷониби ӯ ин корро анҷом диҳад; ба далели ин гуфтаи Худованди Мутаъол:
﴿فَاتَّقُوا اللَّهَ مَا اسْتَطَعْتُمْ...﴾
(Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед...) (Сураи Тағобун, ояти 16). Инҳо наметавонанд дар назди Ҷамарот бо мардум музоҳамат кунанд ва чун вақти санг задан мегузарад ва қазои он барои онҳо машруъ нест, пас, барояшон ҷоиз аст, ки касеро вакил кунанд. Ин бар хилофи дигар маносик аст. Аз ин рӯ, барои муҳрим шоиста нест, ки касеро барои анҷоми он аз ҷониби худ вакил намояд, ҳатто агар ҳаҷҷаш нофила бошад ҳам, зеро ҳар касе барои ҳаҷ ё умра эҳром бандад, ҳатто агар он ду нофила бошанд ҳам, ба итмом расонидани онҳо бар ӯ лозим мегардад, ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло:
﴿وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ...﴾
(Ва ҳаҷҷу умраро барои Аллоҳ Таъоло ба поён расонед...) (Сураи Бақара, ояти 196). Вақти тавоф ва саъй баръакси вақти санг задан, қазо намешавад.
Аммо истодан дар Арафот ва шаб истодан дар Муздалифа ва Мино, шакке нест, ки вақти онҳо мегузарад. Лекин ҳозир шудани шахси оҷиз дар ин маконҳо, ҳарчанд бо машаққат ҳам бошад, имконпазир аст, бар хилофи ҳузураш дар санг задан. Зеро дар мавриди санг задан аз салафи солеҳ дар ҳаққи шахси маъзур иҷозати вакил кардан ривоят шудааст, бар хилофи дигар ибодатҳо.
Ибодатҳо тавқифӣ ҳастанд, барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки чизеро аз онҳо бидуни далел ҷорӣ кунад. Барои ноиб (вакил) ҷоиз аст, ки дар назди ҳар кадом аз ҷамароти сегона, дар як макон истода, аввал аз ҷониби худ ва сипас аз ҷониби вакилкунандааш санг занад. Ва бинобар қавли саҳеҳтарини уламо, бар ӯ воҷиб нест, ки аввал санг задани ҳар се ҷамраро аз ҷониби худ ба итмом расонад ва сипас баргашта аз ҷониби вакилкунандааш санг занад, зеро далеле, ки ин корро воҷиб гардонда бошад, вуҷуд надорад ва ба хотири он ки дар ин кор машаққат ва тангӣ вуҷуд дорад, чунин амал машруъ нест. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:
﴿...وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ...﴾
(...ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод...) (Сураи Ҳаҷ, ояти 78). Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«يَسِّرُوا وَلَا تُعَسِّرُوا».
"Осонгир бошед на сахтгир".90 Анҷоми чунин амал аз асҳоби Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳангоми санг заданашон ба ҷои кӯдакону оҷизонашон нақл нашудааст. Ва агар ин корро мекарданд, ҳатман нақл мешуд, зеро ин аз ҷумлаи он чизҳоест, ки барои нақлаш ҳимматҳо фаровон аст. Ва Аллоҳ донотар аст.
Фасл
Дар баёни воҷиб будани қурбонӣ барои мутаматтиъ ва қорин
Барои ҳоҷие, ки ҳаҷҷи таматтуъ ё қирон анҷом медиҳад ва аз сокинони Масҷид-ул-ҳаром намебошад, қурбонӣ воҷиб мешавад, ки он иборат аст аз: як гӯсфанд, ё ҳафтяки шутур ва ё ҳафтяки гов. Воҷиб аст, ки он аз моли ҳалол ва касби пок бошад, зеро Худованди Мутаъол пок аст ва ҷуз покиро қабул намекунад.
Ва бояд шахси мусалмон аз гадоӣ кардану пурсидани мардум, хоҳ ҳадия бошад ё чизи дигаре, парҳез кунад. Фарқе надорад, ки онҳо подшоҳ бошанд ё ғайра. Ҳамин ки Аллоҳ аз молаш ҳамон миқдоре барояш дод, ки тавонад ниёзашро бароварда созад ва ӯро аз он чи дар дасти мардум аст, бениёз гардонад, кофист. Зеро дар аҳодиси зиёде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи мазаммат ва айби пурсидан аз мардум ва ситоиши касе, ки аз ин кор парҳез карда, омадааст.
Пас агар касе, ки ҳаҷҷи таматтуъ ва қирон анҷом медиҳад, аз қурбонӣ оҷиз монад, барояш воҷиб аст, ки се рӯз дар ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоми бозгашт ба назди аҳлаш рӯза бидорад. Ӯ дар рӯза доштани ин се рӯз ихтиёр дорад, агар бихоҳад, онҳоро пеш аз рӯзи наҳр рӯза медорад ва агар бихоҳад, дар се рӯзи айёми ташриқ рӯза медорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...فَمَنْ تَمَتَّعَ بِالْعُمْرَةِ إِلَى الْحَجِّ فَمَا اسْتَيْسَرَ مِنَ الْهَدْيِ فَمَنْ لَمْ يَجِدْ فَصِيَامُ ثَلَاثَةِ أَيَّامٍ فِي الْحَجِّ وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ تِلْكَ عَشَرَةٌ كَامِلَةٌ ذَلِكَ لِمَنْ لَمْ يَكُنْ أَهْلُهُ حَاضِرِي الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ...﴾
(Пас, ҳангоме ки дар амон будед, ҳар ки аз умра баҳраманд гардид ва сипас [аъмоли] ҳаҷро оғоз кард, он чи аз қурбонӣ [барояш] муяссар шуд [забҳ кунад] ва ҳар ки [қурбонӣ] наёфт, се рӯз дар [айёми] ҳаҷ ва ҳафт рӯз ҳангоме ки [ба хона] бозгаштед, рӯза бигиред. Ин даҳ [рӯзи] комил аст. Ин [ҳукми ҳаҷҷи таматтуъ] барои касест, ки хонаводааш сокини Масҷид-ул-ҳаром [Макка ва атрофи он] набошад). (Сураи Бақара, ояти 196) Оят.
Ва дар "Саҳеҳ"-и Бухорӣ аз Оиша ва Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд:
«لَمْ يُرَخَّصْ فِي أَيَّامِ التَّشْرِيقِ أَنْ يُصَمْنَ إِلَّا لِمَنْ لَمْ يَجِدِ الهَدْيَ»،
"Дар айёми ташриқ рӯза доштан рухсат дода нашудааст, магар барои касе, ки қурбонӣ надошта бошад".91 Ва ин ҳадис дар ҳукми "марфуъ" аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят шудааст. Беҳтар он аст, ки рӯзаи се рӯзро пеш аз рӯзи Арафа бигирад, то дар рӯзи Арафа рӯзадор набошад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи Арафа рӯзадор вуқуф накардаанд ва аз рӯза доштани рӯзи Арафа дар Арафот манъ карданд, зеро рӯза надоштан дар ин рӯз ҳоҷиро барои зикру дуо бонишоттар месозад. Рӯза доштани се рӯзи зикршуда пайдарпай ва ҷудо-ҷудо ҷоиз аст. Ҳамчунин дар рӯзаи ҳафт рӯз пайдарпай доштани он воҷиб нест, балки рӯза доштани он якҷоя ва ҷудо-ҷудо ҷоиз аст, зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пайдарпай будани онро шарт накардаанд. Ва афзалтар он аст, ки рӯзаи ҳафт рӯзро то баргаштан ба назди аҳлаш ба таъхир андозад; ба хотири ин фармудаи Худованди Таъоло:
﴿...وَسَبْعَةٍ إِذَا رَجَعْتُمْ...﴾
(ва ҳафт рӯз ҳангоме ки [ба хона] бозгаштед...) (Сураи Бақара, ояти 196).
Рӯза гирифтан барои касе, ки тавони қурбонӣ кардан надорад, беҳтар аст аз он ки аз подшоҳон ва дигарон қурбониеро дархост кунад, то аз ҷониби худ забҳ намояд. Агар ба касе бидуни дархост ва тамаъу чашмдошт қурбонӣ ё чизи дигаре дода шавад, ишколе надорад, ҳатто агар аз ҷониби каси дигар ҳаҷ кунад, яъне агар касоне, ки ӯро ноиб кардаанд, харидани қурбониро аз моли ба ӯ додашуда шарт накарда бошанд. Аммо коре, ки баъзе мардум анҷом медиҳанд, ки аз ҳукумат ё дигарон бо номи ашхосе, ки зикр мекунанд, дар ҳоле ки дурӯғ мегӯянд, қурбонӣ дархост мекунанд, пас дар ҳаром будани ин кор шакке нест, зеро ин аз ҷумлаи касби номашруъ тавассути дурӯғ аст. Худованд мо ва ҳамаи мусалмононро аз ин кор дар амон нигаҳ дорад.
Фасл
Дар баёни воҷиб будани амр ба маъруф бар ҳоҷиён ва дигарон
Аз бузургтарин воҷибот бар ҳоҷиён ва дигарон амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва адои намозҳои панҷгона бо ҷамоат мебошад. Чуноне ки Аллоҳ дар китоби Худ ва бар забони Паёмбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он амр кардааст.
Аммо коре, ки бисёре аз мардум аз сокинони Макка ва ғайри он анҷом медиҳанд, яъне намоз хондан дар хонаҳо ва холӣ гузоштани масҷидҳо, кори хато ва мухолифи шариат аст. Пас бояд аз он наҳй кард ва мардумро ба мувозибат кардан бар намоз дар масҷидҳо амр намуд, зеро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки ба Ибни Умми Мактум (разияллоҳу анҳу), ки вақте аз ӯ иҷозат хост, ба сабаби нобиноияш дар хонааш намоз бихонад, зеро хонааш аз масҷид дур буд, фармуд:
«هَلْ تَسْمَعُ النِّدَاءَ بِالصَّلَاةِ؟ قَالَ: نَعَمْ، قَالَ: فَأَجِبْ».
«Оё садои азонро мешунавӣ? Гуфт: Оре, фармуд: Пас иҷобат кун».92 Дар ривояти дигар чунин омадааст:
«لَا أَجِدُ لَكَ رُخْصَةً».
"Барои ту ҳеҷ рухсате намеёбам".93 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«لَقَدْ هَمَمْتُ أَنْ آمُرَ بِالصَّلَاةِ فَتُقَامَ، ثُمَّ آمُرَ رَجُلًا فَيُؤُمَّ النَّاسَ، ثُمَّ أَنْطَلِقَ إِلَى رِجَالٍ لَا يَشْهَدُونَ الصَّلَاةَ فَأُحَرِّقَ عَلَيْهِمْ بُيُوتَهُمْ بِالنَّارِ»،
«Ба таъкид хостам, ки амр намоям то намоз барпо шавад, сипас ба марде амр кунам, то ба мардум имомат диҳад, сипас худам ба суйи мардоне биравам, ки барои намози ҷамоат ҳозир намешаванд, то хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонам».94 Ва дар "Сунан"-и Ибни Моҷаҳ ва ғайра бо санади ҳасан, аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ سَمِعَ النِّدَاءَ فَلَمْ يَأْتِ فَلَا صَلَاةَ لَهُ إِلَّا مِنْ عُذْرٍ»،
"Касе, ки нидоро шунида, ҳозир нашавад, барояш намоз нест, магар бо узр".95 Ва дар "Саҳеҳ"-и Муслим, аз Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Касеро, ки бо Худо мулоқот кунад, дар ҳоле, ки мусалмон аст, шодаш созад, пас, бояд вақте бар ин намозҳо нидо мешавад, мувозибат кунад. Зеро Худованд барои паёмбари шумо роҳҳои ҳидоятро намудор кардааст ва ин намозҳо аз ҳамин роҳҳои ҳидоятанд. Ва агар шумо мисли касе, ки дар хонааш аз намози (ҷамоат) тахаллуф меварзад, онро дар хонаҳои худ адо кунед, ҳамоно суннат ва тариқаи паёмбаратонро тарк намудаед. Ва агар суннати паёмбаратонро тарк кардед, ҳароина, гумроҳ мешавед. Ва ҳар марде, ки хуб таҳорат карда, сипас ба сӯи яке аз ин масҷидҳо равон шавад, Худованд дар ивази ҳар қадамаш барои ӯ як некӣ менависад, як дараҷа болояш мебарад ва як гуноҳашро пок мекунад. Ва дар ҳақиқат дидем, ки аз он ҷуз мунофиқе, ки нифоқаш ошкор аст, касе тахаллуф намеварзид. Ва ҳамоно шахс ба намоз оварда мешуд, дар ҳоле ки дар миёни ду мард кашонда шуда ва бар онҳо такя карда буд, то ин ки дар саф гузошта мешуд».96
Бар ҳоҷиён ва дигарон воҷиб аст, ки аз ҳаромкардаҳои Аллоҳ Таъоло парҳез намоянд ва аз иртикоби онҳо барҳазар бошанд, монанди зино, ливотат, дуздӣ, хӯрдани рибо, хӯрдани моли ятим, фиребгарӣ дар муомилот, хиёнат дар амонатҳо, нӯшидани масткунандаҳо, тамокукашӣ, аз буҷулаки по поён овехтани либос, кибр, ҳасад, риё, ғайбат, суханчинӣ, масхара кардани мусалмонон, истифодаи олоти лаҳву тараб, монанди сабтҳои мусиқӣ, уд, рубоб, най ва амсоли онҳо, гӯш кардани сурудҳо ва олоти мусиқӣ аз радио ва ғайра, бозии нард, шатранҷ ва қимор, сураткашии мавҷудоти ҷондор, аз қабили одамиён ва ғайра ва розӣ будан ба он. Зеро ҳамаи инҳо аз ҷумлаи мункарот (корҳои зишт) мебошанд, ки Аллоҳ онҳоро бар бандагонаш дар ҳар замон ва макон ҳаром гардонидааст. Пас, бар ҳоҷиён ва сокинони Байтулҳаром воҷиб аст, ки бештар аз дигарон аз онҳо ҳазар кунанд, зеро гуноҳон дар ин сарзамини амн сахттар ва уқубаташон бузургтар аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
﴿...وَمَنْ يُرِدْ فِيهِ بِإِلْحَادٍ بِظُلْمٍ نُّذِقْهُ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ﴾
(ва ҳар ки дар он ҷо бо ситамгорӣ [ва гуноҳ] инҳироф бихоҳад, аз азобе дарднок ба ӯ мечашонем). (Сураи Ҳаҷ, ояти 25). Пас, агар Худованд ба касе, ки дар Ҳарам қасди зулм мекунад, ваъдаи азоб дода бошад, ҷазои касе, ки онро анҷом медиҳад, чӣ гуна хоҳад буд?! Шакке нест, ки он бузургтар ва сахттар аст. Бинобар ин, бояд аз он ва аз ҳамаи гуноҳон ҳазар кард.
Ҳоҷиён ба ҳаҷҷи мақбул ва омурзиши гуноҳон ноил намегарданд, магар бо дурӣ ҷустан аз ин гуноҳон ва дигар корҳое, ки Худованд бар онҳо ҳаром гардонидааст. Чунонки дар ҳадис аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст, ки фармуданд:
«مَنْ حَجَّ فَلَمْ يَرْفُثْ وَلَمْ يَفْسُقْ رَجَعَ كَيَوْمِ وَلَدَتْهُ أُمُّهُ».
«Касе, ки ҳаҷ кунад ва фаҳшгӯӣ накарда ва фисқ нанамояд, монанди рӯзе, ки модараш ӯро зоида буд, (бегуноҳ) боз мегардад».97
Ва бадтар аз ин мункарот ва бузургтар аз он: аз мурдагон хостан, талаби ёрӣ аз онҳо ва назру забҳ кардан барои онҳо; ба умеди он ки барои дуокунандаи худ дар назди Аллоҳ шафоат кунанд, ё бемори ӯро шифо диҳанд ё ғоиби ӯро бозгардонанд ва амсоли ин мебошанд.
Ва ин аз ҷумлаи ширки бузург ва дини мушрикони ҷоҳилият аст, ки Аллоҳ онро ҳаром гардонидааст. Ва Аллоҳ паёмбаронро фиристода ва китобҳоро барои инкор ва наҳйи кардан аз он нозил кардааст.
Пас, бар ҳар як фард аз ҳоҷиён ва дигарон воҷиб аст, ки аз он бипарҳезанд ва агар дар гузашта чизе аз он аз ӯ содир шуда бошад, ба даргоҳи Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва баъд аз тавба кардан аз он, ҳаҷҷи наверо ба ҷо оварад, зеро ширки акбар ҳамаи аъмолро ботил месозад, чуноне ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿...وَلَوْ أَشْرَكُوا لَحَبِطَ عَنْهُمْ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾
(...ва агар ширк меварзиданд, он чи [аз аъмоли нек] ки анҷом дода буданд, табоҳ мешуд). (Сураи Анъом, ояти 88).
Аз анвои ширки асғар: савганд ёд кардан ба ғайри Аллоҳ, монанди савганд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), Каъба, амонат ва монанди инҳо мебошад.
Аз ҷумла: риё ва сумъа, ва гуфтани: "Он чи Аллоҳ ва ту бихоҳӣ", "Агар Аллоҳ ва ту намебудӣ", "Ин аз Аллоҳ ва аз ту аст" ва монанди инҳо.
Аз ин мункароти ширкӣ эҳтиёт кардан ва якдигарро ба тарки онҳо тавсия намудан воҷиб аст; зеро аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармудааст:
«مَنْ حَلَفَ بِغَيْرِ اللهِ فَقَدْ كَفَرَ أَوْ أَشْرَكَ».
"Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".98 Ривояти Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ бо санади саҳеҳ.
Ва дар ҳадиси саҳеҳ аз Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ كَانَ حَالِفًا فَلْيَحْلِفْ بِاللهِ أَوْ لِيَصْمُتْ».
"Ҳар касе савганд ёд кунад, бояд ба Аллоҳ савганд ёд кунад, ё хомӯш истад". (99)99 Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инчунин мефармоянд:
«مَنْ حَلَفَ بِالأَمَانَةِ فَلَيْسَ مِنَّا».
"Он ки савганд ба амонат хӯрад, аз мо нест".100 Ривояти Абудовуд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инчунин мефармояд:
«أَخْوَفُ مَا أَخَافُ عَلَيْكُمُ الشِّرْكَ الأَصْغَرَ، فَسُئِلَ عَنْهُ فَقَالَ: الرِّيَاءُ».
"Тарсноктарин чизе, ки метарсам бар шумо ояд, ширки асғар аст." Вақте дар мавриди он пурсида шуд, гуфт: "Он риё (худнамоӣ) аст."101 Паёмбар (ссаллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«لَا تَقُولُوا: مَا شَاءَ اللهُ وَشَاءَ فُلَانٌ، وَلَكِنْ قُولُوا مَا شَاءَ اللهُ ثُمَّ شَاءَ فُلَانٌ».
«Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад».102 Насоӣ аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят кардааст, ки марде гуфт: Эй Паёмбари Худо, он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ, пас фармуданд:
«أَجَعَلْتَنِي لِلَّهِ نِدًّا، بَلْ مَا شَاءَ اللهُ وَحْدَهُ».
«Оё маро ба Аллоҳ шарик гардонидӣ? Балки танҳо хости Аллоҳ аст».103
Ин ҳадисҳо ба ҳимояи тавҳид аз ҷониби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳушдори ӯ ба умматаш аз ширки акбар ва асғар ва ҳарис будани ӯ бар саломатии имонашон ва наҷоташон аз азоби Худо ва асбоби ғазаби Ӯ, далолат мекунанд. Пас, Худованд ӯро барои ин беҳтарин подош диҳад, зеро ӯ таблиғ намуд, ҳушдор дод ва барои Худо ва бандагонаш насиҳат кард. Дуруду саломи доимӣ то рӯзи қиёмат бар ӯ бод.
Ва бар аҳли илм, аз ҷумлаи ҳоҷиён ва муқимони шаҳри амни Худо (Макка) ва шаҳри Расули гиромияш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (Мадина) воҷиб аст, ки ба мардум он чиро, ки Худо барояшон шариат гардонидааст, биомӯзонанд ва онҳоро аз он чи Худо бар онҳо ҳаром гардонидааст, аз анвои ширк ва маъсият, барҳазар доранд. Ва ин масъаларо бо далелҳояш ба таври сода баён намуда, онро ба таври комил ва возеҳ шарҳ диҳанд, то ба ин васила мардумро аз торикиҳо ба сӯи нур берун оваранд ва он чиро, ки Худованд аз расонидани паём ва баён бар онҳо воҷиб гардонидааст, адо намоянд. Худованди субҳон мефармояд:
﴿وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُ...﴾
(Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ Таъоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед";...) (Сураи Оли Имрон, ояти 187).
Мақсад аз он, ҳушдор додани уламои ин уммат аз пайравӣ ба роҳи золимон аз аҳли китоб дар пинҳон доштани ҳақ, ба хотири бартарӣ додани дунёи фонӣ бар охират аст. Ва Худованди Мутаъол фармудааст:
﴿إِنَّ الَّذِينَ يَكْتُمُونَ مَا أَنْزَلْنَا مِنَ الْبَيِّنَاتِ وَالْهُدَى مِنْ بَعْدِ مَا بَيَّنَّاهُ لِلنَّاسِ فِي الْكِتَابِ أُولَئِكَ يَلْعَنُهُمُ اللَّهُ وَيَلْعَنُهُمُ اللَّاعِنُونَ 159 إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا وَأَصْلَحُوا وَبَيَّنُوا فَأُولَئِكَ أَتُوبُ عَلَيْهِمْ وَأَنَا التَّوَّابُ الرَّحِيمُ 160﴾
(Касоне, ки он чиро аз далоили равшан ва ҳидоят нозил кардаем – пас аз он, ки дар китоби [Таврот ва Инҷил] барои мардум баёнаш намудем – пинҳон медоранд, Аллоҳ Таъоло ононро лаънат мекунад ва лаънаткунандагон [аз фариштагону муъминон] лаънаташон мекунанд.
Магар касоне, ки тавба кунанд ва [корҳои ношоистаи худро] ислоҳ намоянд ва [ҳақиқатро] ошкор созанд. Инон ҳастанд, ки тавбаашонро мепазирам ва Ман тавбапазиру меҳрубонам). (Сураи Бақара, оятҳои 159-160). Оятҳои Қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ далолат бар он доранд, ки даъват ба сӯи Аллоҳ Субҳонаҳу ва ҳидояти бандагон ба он чизе, ки ба хотири он офарида шудаанд, аз беҳтарин ибодатҳо ва муҳимтарин воҷибот буда, роҳи паёмбарон ва пайравони онҳо то рӯзи қиёмат мебошад. Чунон ки Аллоҳ Субҳонаҳу мефармояд:
﴿وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِمَّنْ دَعَا إِلَى اللَّهِ وَعَمِلَ صَالِحًا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ الْمُسْلِمِينَ33﴾
(Кист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ Таъоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастам»?) (Сураи Фуссилат, ояти 33). Аллоҳ Азза ва Ҷалла мефармояд:
﴿قُلْ هَذِهِ سَبِيلِي أَدْعُو إِلَى اللَّهِ عَلَى بَصِيرَةٍ أَنَا وَمَنِ اتَّبَعَنِي وَسُبْحَانَ اللَّهِ وَمَا أَنَا مِنَ الْمُشْرِكِينَ 108﴾
([Эй Паёмбар, ба мардум] бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ман бо далели ошкор ба сӯйи Аллоҳ Таъоло даъват мекунам ва касоне, ки аз ман пайравӣ карданд [низ чунин мекунанд] ва Аллоҳ Таъоло поку муназзаҳ аст ва ман аз мушрикон нестам»). (Сураи Юсуф, ояти 108).
Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ دَلَّ عَلَى خَيْرٍ فَلَهُ مِثْلُ أَجْرِ فَاعِلِهِ».
«Ҳар кас, ки ба кори хайр далолат кунад, пас, монанди подоши анҷомдиҳандаи онро дорад».104
«لَأَنْ يَهْدِيَ اللهُ بِكَ رَجُلًا وَاحِدًا خَيْرٌ لَكَ مِنْ حُمْرِ النَّعَمِ».
«Агар Худованд ба василаи ту як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст».105 Ва дар ин маънӣ оятҳо ва ҳадисҳо бисёр аст.
Пас, барои аҳли илму имон сазовор аст, ки кӯшишҳои худро дар роҳи даъват ба сӯи Худои Субҳон дучанд намоянд, бандагонро ба асбоби наҷот роҳнамоӣ кунанд ва онҳоро аз асбоби ҳалокат барҳазар доранд. Бахусус дар ин аср, ки ҳавову ҳавас дар он ғолиб омада, ақидаҳои вайронгар ва шиорҳои гумроҳкунанда паҳн шудаанд ва даъватгарони роҳи ҳидоят кам гашта, даъватгарони роҳи илҳод ва бебандуборӣ афзудаанд. Пас, аз Худо бояд ёрӣ ҷуст ва ҳеҷ тавоноӣ ва қудрате нест, магар аз ҷониби Худои Баландмартабаи Боазамат.
Фасл
Дар баёни мустаҳаб будани тӯша гирифтан аз тоатҳо
Барои ҳоҷиён мустаҳаб аст, ки дар муддати иқоматашон дар Макка пайваста ба зикри Аллоҳ, тоату ибодат ва амали нек машғул бошанд ва намозу тавофи Байтуллоҳро бисёр анҷом диҳанд. Зеро савоб дар Ҳарам чанд баробар мешавад ва гуноҳон дар он ҷо бузург ва сахт аст. Ҳамчунин барои онҳо мустаҳаб аст, ки ба Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бисёр дуруду салом бифиристанд.
Вақте ҳоҷиён мехоҳанд аз Макка берун шаванд, барояшон воҷиб аст, ки Хонаро тавофи видоъ кунанд, то он охирин корашон бо Хона бошад, магар зани ҳоиз ва нифосдор, ки бар онҳо тавофи видоъ воҷиб нест; бар асоси ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо), ки фармуд:
«أُمِرَ النَّاسُ أَنْ يَكُونَ آخِرُ عَهْدِهِمْ بِالبَيْتِ، إِلَّا أَنَّهُ خُفِّفَ عَنِ المَرْأَةِ الحَائِضِ».
"Мардум амр шуданд, ки охирин корашон тавофи Хонаи Каъба бошад, магар ин ки бар зани ҳоиз тахфиф дода шудааст."106
Пас, вақте ки аз видоъ бо Хона фориғ шуд ва хост аз масҷид берун равад, бояд рӯ ба пеш равад ва пушт ба Қаъба роҳ наравад. Зеро чунин амал аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз асҳобаш нақл нашудааст, балки он аз бидъатҳои навпайдо аст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтаанд:
«مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар касе дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст».107 Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
إِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٌ، وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
«Аз корҳои навпайдо барҳазар бошед, зеро ҳар навпайдое бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳӣ аст».108
Аз Худованд мехоҳем, ки ба мо пойдорӣ дар дини Худ ва саломатӣ аз ҳар чизе, ки мухолифи он аст, ато фармояд. Ҳароина, Ӯ Саховатманду Бахшанда аст.
Фасл
Дар баёни аҳком ва одоби зиёрат
Зиёрати масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз Ҳаҷ ё баъди он суннат аст, зеро дар "Саҳеҳайн" аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) собит шудааст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ إِلَّا المَسْجِدَ الحَرَامَ».
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром".109 Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا أَفْضَلُ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ إِلَّا المَسْجِدَ الحَرَامَ».
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром".110 Ривояти Муслим. Ва аз Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا أَفْضَلُ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ إِلَّا المَسْجِدَ الحَرَامَ، وَصَلَاةٌ فِي المَسْجِدِ الحَرَامِ أَفْضَلُ مِنْ مِائَةِ صَلَاةٍ فِي مَسْجِدِي هَذَا».
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром, ва як намоз дар Масҷидулҳаром беҳтар аз сад намоз дар масҷиди ман аст".111 Ривояти Аҳмад, Ибни Хузайма, Ибни Ҳиббон.
Ва аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«صَلَاةٌ فِي مَسْجِدِي هَذَا أَفْضَلُ مِنْ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ، إِلَّا المَسْجِدَ الحَرَامَ، وَصَلَاةٌ فِي المَسْجِدِ الحَرَامِ أَفْضَلُ مِنْ مِائَةِ أَلْفِ صَلَاةٍ فِيمَا سِوَاهُ».
«Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром ва як намоз дар Масҷидулҳаром беҳтар аз сад ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст».112 Ривояти Аҳмад, ва Ибни Моҷаҳ. Дар ин боб ҳадисҳо бисёранд.
Пас, чун зиёраткунанда ба масҷид расид, мустаҳаб аст, ки ҳангоми ворид шудан пои рости худро пеш гузорад ва бигӯяд: "Ба номи Аллоҳ ва дуруду салом бар Расули Аллоҳ бод. Аз шайтони рондашуда ба Аллоҳи Бузург ва ба ваҷҳи гиромии Ӯ ва ба салтанати қадими Ӯ паноҳ мебарам. Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун".
Ҳамчунин ин дуоро ҳангоми дохил шудан ба дигар масҷидҳо мегӯяд ва барои дохил шудан ба масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуои махсусе вуҷуд надорад.
Сипас ду ракъат намоз мехонад ва дар онҳо ҳар чиро, ки аз хайри дунё ва охират мехоҳад, аз Аллоҳ талаб менамояд. Ва агар ин ду ракъатро дар Равзаи шариф бихонад, афзалтар аст; бинобар ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«مَا بَيْنَ بَيْتِي وَمِنْبَرِي رَوْضَةٌ مِنْ رِيَاضِ الجَنَّةِ».
«Байни хонаи ман ва минбарам равзае аз равзаҳои Биҳишт аст».113 Сипас баъди намоз, қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва қабри ду ёраш: Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо)-ро зиёрат намуда, дар муқобили қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо адаб ва овози паст биистад, сипас ба эшон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) салом гуфта, бигӯяд: "Ассалому алайка, эй Расули Худо ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ", зеро дар "Сунан"-и Абудовуд бо санади ҳасан аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَا مِنْ أَحَدٍ يُسَلِّمُ عَلَيَّ إِلَّا رَدَّ اللهُ عَلَيَّ رُوحِي حَتَّى أَرُدَّ عَلَيْهِ السَّلَامَ».
"Ҳеҷ касе нест, ки бар ман салом диҳад, магар ин ки Худованд руҳамро ба ман бозмегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам".114 Ва агар зиёраткунанда дар саломи худ бигӯяд: "Ассалому алайка, эй Набии Худо, ассалому алайка, эй беҳтарини Худо аз миёни офаридагонаш, ассалому алайка, эй сарвари паёмбарон ва пешвои парҳезгорон. Гувоҳӣ медиҳам, ки шумо рисолатро расонидед, амонатро адо намудед, умматро насиҳат кардед ва дар роҳи Худо ҳаққи ҷиҳодашро ба ҷо овардед", дар ин боке нест, зеро ин ҳама аз сифатҳои он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ва бар он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруд фиристад ва барояш дуо кунад, зеро дар шариат ҷамъ кардани дуруду салом бар Паёмбар дар чорчӯби амал ба ин фармудаи Худованди Мутаъол машруъ аст:
﴿إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56﴾
(Ба ростӣ, Аллоҳ Таъоло ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд; [пас] эй касоне, ки имон овардаед [шумо низ] бар ӯ дуруд фиристед ва ба шоистагӣ салом гӯед). (Сураи Аҳзоб, ояти 56). Сипас ба Абубакр ва Умар (разияллоҳу анҳумо) салом медиҳад, дар ҳаққашон дуо мекунад ва аз Аллоҳ барояшон ризоият металабад.
Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ҳар гоҳ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ду ёраш салом медод, одатан аз ин бештар намегуфт: "Ассалому ъалайка ё Расулаллоҳ, ассалому ъалайка ё Або Бакр, ассалому ъалайка ё абатаҳ". Сипас бармегардад.
Ва ин зиёрат танҳо хоси мардон аст, аммо барои занон зиёрати ҳеҷ қабре ҷоиз нест, чуноне ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд:
«لَعَنَ زُوَّارَاتِ القُبُورِ مِنَ النِّسَاءِ وَالمُتَّخِذِينَ عَلَيْهَا المَسَاجِدَ وَالسُّرُجَ».
«Лаънат кард занони зиёраткунандаи қабрҳоро ва касонеро, ки бар онҳо масҷидҳо ва чароғҳо қарор медиҳанд».115
Аммо қасди Мадина кардан барои намоз хондан дар масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), дуо кардан дар он ва монанди ин ибодатҳое, ки дар дигар масоҷид низ машруъ аст, барои ҳамагон машруъ ва ҷоиз аст. Ба далели аҳодисе, ки дар ин бора пештар зикр шуд.
Барои зиёраткунанда суннат аст, ки намозҳои панҷвақтаро дар масҷиди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бигузорад ва дар он зикру дуо ва намози нофиларо бисёр ба ҷо оварад; то аз аҷру савоби бузурги он баҳраманд гардад.
Зиёд гузоштани намозҳои нофила дар Равзаи шариф мустаҳаб аст; бинобар ҳадиси саҳеҳе, ки пештар дар бораи фазилати он гузашт. Ва он фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин аст:
«مَا بَيْنَ بَيْتِي وَمِنْبَرِي رَوْضَةٌ مِنْ رِيَاضِ الجَنَّةِ».
"Байни хонаи ман ва минбарам боғе аз боғҳои биҳишт аст".116
Аммо дар мавриди намози фарз бошад, барои зиёраткунанда ва дигарон шоиста аст, ки аввал онро анҷом диҳад ва то ҳадди тавон сафи аввалро риоя кунанд, агарчи дар қисмати пеши масҷид бошад; бинобар аҳодиси саҳеҳе, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи тарғиб ба сафи аввал омадааст, монанди ин қавли ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам):
«لَوْ يَعْلَمُ النَّاسُ مَا فِي النِّدَاءِ وَالصَّفِّ الأَوَّلِ ثُمَّ لَمْ يَجِدُوا إِلَّا أَنْ يَسْتَهِمُوا عَلَيْهِ لَاسْتَهَمُوا».
«Ҳар гоҳ мардум бидонанд, ки чи манзалат ва савобе барои азон ва саффи аввал аст ва сипас онро ба ҷуз аз тариқи қуръае наёбанд, ҳатман барояш қуръа меандозанд».117 Муттафақун алайҳи. Ва монанди ин фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба асҳобаш:
«تَقَدَّمُوا فَأْتَمُّوا بِي وَلْيَأْتَمَّ بِكُمْ مَنْ بَعْدَكُمْ، وَلَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَتَأَخَّرُ عَنِ الصَّلَاةِ حَتَّى يُؤَخِّرَهُ اللهُ».
«Наздик оед ва ба ман иқтидо кунед, то касоне, ки дар пушти сари шумо ҳастанд, ба шумо иқтидо намоянд ва марде пайваста аз намоз қафо мемонад, то ин ки Худованд ӯро дар охир қарор медиҳад».118 Ривояти Муслим.
Абудовуд бо санади ҳасан аз Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят кардааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«لَا يَزَالُ الرَّجُلُ يَتَأَخَّرُ عَنِ الصَّفِّ المُقَدَّمِ حَتَّى يُؤَخِّرَهُ اللهُ فِي النَّارِ».
"Шахсе пайваста аз сафи пеш қафо мемонад, то ин ки Худованд ӯро дар ҷаҳаннам қафо меандозад". (119)119 Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки ба асҳобаш фармуданд:
«أَلَا تَصُفُّونَ كَمَا تَصُفُّ المَلَائِكَةُ عِنْدَ رَبِّهَا؟ قَالُوا: يَا رَسُولَ اللهِ، وَكَيْفَ تَصُفُّ المَلَائِكَةُ عِنْدَ رَبِّهَا؟ قَالَ: يُتِمُّونَ الصُّفُوفَ الأُوَلَ، وَيَتَرَاصُّونَ فِي الصَّفِّ».
«Оё мисли фариштагон, ки дар баробари Парвардигорашон саф мекашанд, саф намекашед?». Гуфтанд: «Эй Расули Худо, фариштагон дар баробари Парвардигорашон чӣ гуна саф мекашанд?». Фармуд: «Сафҳои аввалро комил намуда, бо тартибу низом дар саф меистанд».120 Ривояти Муслим.
Аҳодис дар ин маънӣ бисёр аст ва он масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ғайри онро, чи пеш аз васеъ шуданаш ва чи баъд аз он, дар бар мегирад. Ва аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки он Ҳазрат саҳобагони худро ба самтҳои рости сафҳо тарғиб мекарданд ва маълум аст, ки самти рости саф дар масҷиди аввалини он Ҳазрат берун аз Равза буд. Аз ин маълум мешавад, ки таваҷҷуҳ ба сафҳои аввал ва самтҳои рости онҳо аз таваҷҷуҳ ба Равзаи шариф муқаддамтар аст ва риояи онҳо аз намоз хондан дар Равза авлотар мебошад. Ва ин амр барои касе, ки дар аҳодиси воридшуда дар ин боб тааммул кунад, равшану возеҳ аст. Ва Худованд тавфиқдиҳанда аст.
Ва барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки Ҳуҷраро сила кунад (даст бизанад ва масҳ кунад), ё онро бибӯсад, ё онро тавоф намояд, зеро чунин амал аз салафи солеҳ нақл нашудааст, балки он бидъати нораво аст.
Ва барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баровардани ҳоҷат, рафъи мушкилот, шифои бемор ва ё монанди инҳоро талаб намояд. Зеро ин ҳама танҳо аз Аллоҳ талаб карда мешавад ва талаб кардани он аз мурдагон ширк ба Аллоҳ ва ибодати ғайри Ӯст. Чун дини Ислом бар ду асл бино ёфтааст:
Якум: ин ки касе ҷуз Аллоҳ парастида нашавад.
Дуввум: Ибодат бояд бо равише, ки Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст, анҷом шавад.
Ва ин маънои гувоҳӣ додан аст, ки маъбуди барҳаққе нест магар Аллоҳ ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст.
Ҳамчунин барои ҳеҷ кас ҷоиз нест, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шафоъат талаб намояд, зеро он мулки Аллоҳи субҳон аст, пас танҳо аз Ӯ талаб карда мешавад. Чуноне ки Аллоҳ Таъоло фармудааст:
﴿قُلْ لِلَّهِ الشَّفَاعَةُ جَمِيعًا...﴾
(Бигӯ: «Шафоат ба тамомӣ аз они Аллоҳ Таъоло аст...) (Сураи Зумар, ояти 44)، Пас мегӯӣ: «Парвардигоро, паёмбаратро шафеъи ман бигардон, Парвардигоро, малоика ва бандагони муъминатро шафеъи ман бигардон, Парвардигоро, фарзандони ноболиғамро (ки дар кӯдакӣ вафот кардаанд) шафеъи ман бигардон» ва амсоли ин. Аммо аз мурдагон чизе талаб карда намешавад, на шафоат ва на ғайри он, хоҳ паёмбарон бошанд ё ғайри паёмбарон. Зеро ин кор дар шариат раво нест ва амали майит низ қатъ шудааст, магар он чиро, ки Шориъ истисно кардааст.
Ва дар "Саҳеҳ"-и Муслим аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«إِذَا مَاتَ ابْنُ آدَمَ انْقَطَعَ عَمَلُهُ إِلَّا مِنْ ثَلَاثٍ: صَدَقَةٍ جَارِيَةٍ، أَوْ عِلْمٍ يُنْتَفَعُ بِهِ، أَوْ وَلَدٍ صَالِحٍ يَدْعُو لَهُ».
«Чун инсон бимирад, амалаш қатъ мешавад, магар аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат бардошта мешавад ва фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад».121
Талаби шафоат аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар замони ҳаёташ ва дар рӯзи қиёмат аз он сабаб ҷоиз аст, ки ӯ бар ин кор тавоноӣ дорад. Зеро ӯ метавонад, ки пеш рафта, аз Парвардигораш барои талабкунанда дархост намояд. Аммо дар дунё, ин амр маълум аст ва хоси ӯ нест, балки барои ӯ ва дигарон умумӣ мебошад. Пас, барои мусалмон ҷоиз аст, ки ба бародараш бигӯяд: «Дар фалон ва фалон кор назди Парвардигорам барои ман шафоат кун», ба маънои: «Барои ман аз Аллоҳ дуо бикун». Ва барои касе, ки ин сухан ба ӯ гуфта шудааст, ҷоиз аст, ки аз Аллоҳ бихоҳад ва барои бародараш шафоат кунад, агар он чизи талабшуда аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки Аллоҳ талаби онро мубоҳ гардонидааст.
Ва аммо дар рӯзи қиёмат ҳеҷ кас ҳаққи шафоат карданро надорад, магар баъд аз иҷозати Аллоҳи субҳон, чуноне ки Худованди Таъоло мефармояд:
﴿...مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ...﴾
(Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?!) (Сураи Бақара, ояти 255).
Аммо ҳолати марг як ҳолати хос аст, ки онро бо ҳолати инсон қабл аз марг ва на бо ҳолати ӯ баъд аз зинда шудан дар рӯзи қиёмат қиёс кардан ҷоиз нест. Зеро амали инсон баъди маргаш қатъ мегардад ва ӯ дар гарави амалҳои худ аст, магар он чиро, ки Шореъ истисно кардааст. Ва талаби шафоат аз мурдагон аз ҷумлаи истисноҳои Шореъ нест, пас, ин амалро ба он истисноҳо қиёс кардан ҷоиз нест. Шакке нест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз вафоташон ҳаёти барзахӣ доранд, ки аз ҳаёти шаҳидон комилтар аст. Вале он аз ҷинси ҳаёти эшон қабл аз марг ва на аз ҷинси ҳаёти эшон дар рӯзи қиёмат нест. Балки он ҳаётест, ки ҳақиқат ва кайфияти он танҳо ба Аллоҳи субҳон маълум аст. Бинобар ин, дар ҳадиси шариф сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин омадааст:
«مَا مِنْ أَحَدٍ يُسَلِّمُ عَلَيَّ إِلَّا رَدَّ اللهُ عَلَيَّ رُوحِي حَتَّى أَرُدَّ عَلَيْهِ السَّلَامَ».
"Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам".122
Ин ба он далолат мекунад, ки ӯ зинда нест ва руҳаш аз ҷасадаш ҷудо шудааст, вале ҳангоми салом додан ба ӯ баргардонида мешавад. Ва далелҳо аз Қуръон ва Суннат, ки ба вафоти ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) далолат мекунанд, маълум аст ва ин амрест, ки байни аҳли илм иттифоқ аст. Аммо ин монеи ҳаёти барзахии ӯ намешавад, чуноне ки марги шаҳидон низ монеи ҳаёти барзахии онҳо, ки дар ин фармудаи Худои Таъоло зикр мегардад, нашудааст:
﴿وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ 169﴾
(Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ Таъоло кушта шудаанд, мурда мапиндор; балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд). (Сураи Оли Имрон, ояти 169).
Мо дар ин масъала ба таври муфассал гуфтем, зеро ниёз ба он зиёд аст ва ба сабаби зиёд будани касоне, ки дар ин боб шубҳа меандозанд ва ба ширк ва ибодати мурдагон ба ҷои Аллоҳ даъват мекунанд. Пас, аз Аллоҳ барои худ ва барои ҳамаи мусалмонон саломатӣ аз ҳар он чи мухолифи шариъати Ӯст, масъалат дорем. Ва Аллоҳ донотар аст.
Аммо он чи баъзе зиёраткунандагон анҷом медиҳанд, аз қабили баланд кардани овоз дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва дар он ҷо тӯлонӣ истодан, хилофи шариат аст, зеро Аллоҳи Таъоло умматро аз баланд кардани овозашон болои овози Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аз бо овози баланд хитоб кардани ӯ, ҳамчуноне ки баъзеашон баъзеи дигарро садо мекунанд, наҳй карда, онҳоро ба паст кардани овоз дар назди ӯ дар ин фармудааш амр намудааст:
﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَرْفَعُوا أَصْوَاتَكُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِيِّ وَلَا تَجْهَرُوا لَهُ بِالْقَوْلِ كَجَهْرِ بَعْضِكُمْ لِبَعْضٍ أَنْ تَحْبَطَ أَعْمَالُكُمْ وَأَنْتُمْ لَا تَشْعُرُونَ 2 إِنَّ الَّذِينَ يَغُضُّونَ أَصْوَاتَهُمْ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ أُولَئِكَ الَّذِينَ امْتَحَنَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ لِلتَّقْوَى لَهُمْ مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ 3﴾
(Эй муъминон, садоятонро баландтар аз садои Паёмбар накунед; ва ҳамчунон ки бархе аз шумо бо бархе дигар баланд сухан мегӯяд, бо ӯ ба садои баланд сухан нагӯед. Мабодо бе онки бидонед, аъмолатон табоҳ гардад.
Онон, ки садои худро назди расулуллоҳ поин меоваранд, Аллоҳ Таъоло дилҳояшонро барои парҳезкоре озмуда [ва холис гардонида] аст. Барои онон омурзишу подоши бузурге [дар пеш] аст). (Сураи Ҳуҷурот, оятҳои 2-3).
Ин ба он хотир аст, ки тӯлонӣ истодан дар назди қабри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва бисёр такрор намудани салом боиси издиҳом, сару садои зиёд ва баланд шудани овозҳо мегардад, ки ин амал мухолифи он чизест, ки Худованд барои мусалмонон дар ин оятҳои муҳкам машруъ гардонидааст. Ва ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чи дар ҳоли ҳаёт ва чи баъд аз вафот соҳиби эҳтиром аст. Пас, барои муъмин шоиста нест, ки дар назди қабри ӯ кореро анҷом диҳад, ки мухолифи одоби шаръӣ бошад.
Ҳамчунин, коре, ки баъзе зиёраткунандагон ва дигарон анҷом медиҳанд, ин аст, ки қасдан рӯ ба сӯи қабри он Ҳазрат истода, дастони худро боло бардошта, дуо мекунанд. Ин ҳама хилофи равиши салафи солеҳ, яъне асҳоби Расули Худо ва пайравони неки онҳо мебошад, балки ин аз ҷумлаи бидъатҳои навпайдо аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд:
«فَعَلَيْكُمْ بِسُنَّتِي وَسُنَّةِ الخُلَفَاءِ الرَّاشِدِينَ المَهْدِيِّينَ مِنْ بَعْدِي، تَمَسَّكُوا بِهَا وَعَضُّوا عَلَيْهَا بِالنَّوَاجِذِ، وَإِيَّاكُمْ وَمُحْدَثَاتِ الأُمُورِ، فَإِنَّ كُلَّ مُحْدَثَةٍ بِدْعَةٌ وَكُلَّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ».
«Пас, аз суннати ман ва суннати халифаҳои рошидини ҳидоятёфтаи баъд аз ман пайравӣ кунед, ба он чанг занед ва онро бо дандонҳои курсӣ маҳкам доред. Ва аз корҳои навпайдо (дар дин) барҳазар бошед, зеро ҳар навпайдое бидъат аст ва ҳар бидъат гумроҳист».123
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст».124
«مَنْ عَمِلَ عَمَلًا لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ».
«Ҳар ки дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст».125
Ва Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин (разияллоҳу анҳумо) мардеро дид, ки дар назди қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекард, ӯро аз ин кор манъ намуда, гуфт: Оё бароят ҳадисеро, ки аз падарам, аз бобоям, аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидаам, нақл накунам, ки фармуданд:
«لَا تَتَّخِذُوا قَبْرِي عِيدًا، وَلَا بُيُوتَكُمْ قُبُورًا، وَصَلُّوا عَلَيَّ، فَإِنَّ تَسْلِيمَكُمْ يَبْلُغُنِي أَيْنَمَا كُنْتُمْ».
«Қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, хонаҳои худро монанди қабристон насозед, бар ман дуруд бифиристед, зеро саломи шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад».126
Ҳамчунин коре, ки баъзе зиёраткунандагон ҳангоми салом додан ба ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) анҷом медиҳанд, яъне гузоштани дасти рости худ бар дасти чап, болои сина ё зери он, монанди ҳолати намозгузор, ин ҳолат на ҳангоми салом додан ба ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷоиз аст ва на ҳангоми салом додан ба дигарон, аз қабили подшоҳон, сарварон ва ғайра. Зеро он ҳолати хорӣ, фурӯтанӣ ва ибодат аст, ки ҷуз барои Аллоҳ сазовор нест дар баробари каси дигар анҷом шавад. Чуноне, ки инро Ҳофиз ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар «Фатҳ» аз уламо нақл кардааст, ва ин амр барои касе, ки дар ин мақом андеша кунад ва ҳадафаш пайравӣ аз равиши салафи солеҳ бошад, равшану возеҳ аст.
Аммо касе, ки таассуб, ҳавопарастӣ, тақлиди кӯркӯрона ва бадгумонӣ нисбат ба даъватгарон ба роҳи салафи солеҳ бар ӯ ғолиб шудааст, пас кори ӯ бо Аллоҳ вогузор мешавад. Ва аз Аллоҳ Таъоло барои худ ва ӯ ҳидояту тавфиқ мехоҳем, то ҳақро бар ҳар чизи дигаре тарҷеҳ диҳад. Ҳамоно Ӯ Субҳонаҳу беҳтарин суолшаванда аст.
Ҳамчунин коре, ки баъзе мардум анҷом медиҳанд, аз қабили аз дур рӯ ба сӯи қабри шариф овардан ва бо салом ё дуо лаб ҷунбонидан, ин ҳама аз ҷумлаи ҳамон бидъатҳои навпайдост. Ва барои мусалмон шоиста нест, ки дар динаш чизеро ҷорӣ кунад, ки Худованд ба он иҷозат надодааст. Ӯ бо ин амалаш ба ҷафо наздиктар аст, то ба дӯстиву садоқат. Имом Молик (раҳимаҳуллоҳ) ин амал ва монанди онро инкор карда, гуфтааст: "Охири ин уммат ислоҳ нахоҳад шуд, магар бо он чизе, ки аввалашро ислоҳ кард".127
Маълум аст, ки аввали ин уммат бо пайравӣ аз равиши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), халифаҳои рошидин, саҳобагони бузургвораш (разияллоҳу анҳум) ва пайравони некукори онҳо ислоҳ шудааст. Ва охирини ин уммат низ ислоҳ нахоҳад шуд, магар бо пойбандӣ ба ҳамин равиш.
Худованд мусалмононро ба он чизе, ки сабаби наҷот, саодат ва иззаташон дар дунё ва охират мегардад, муваффақ гардонад. Ҳамоно Ӯ Бахшанда ва Карим аст.
Огоҳӣ!
Ҳукми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
Зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб ва шарти ҳаҷ нест, тавре ки баъзе аз оммаи мардум гумон мекунанд, балки он дар ҳаққи касе, ки масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро зиёрат мекунад ё дар наздикии он мебошад, мустаҳаб аст.
Аммо шахсе, ки аз Мадина дур аст, барояш сафар кардан ба қасди зиёрати қабр ҷоиз нест, аммо барояш сафар кардан ба қасди Масҷиди поки Паёмбар суннат аст. Пас, вақте ба он ҷо расид, қабри шариф ва қабри ду саҳобаро зиёрат мекунад ва зиёрати қабри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ду қабри ёронаш тобеъи зиёрати масҷидаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегардад. Ва ин ба далели он аст, ки дар "Саҳеҳайн" собит шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«لَا تُشَدُّ الرِّحَالُ إِلَّا إِلَى ثَلَاثَةِ مَسَاجِدَ: المَسْجِدِ الحَرَامِ، وَمَسْجِدِي هَذَا، وَالمَسْجِدِ الأَقْصَى».
«Бори сафар баста намешавад, магар ба суи се масҷид: Масҷид-ул-ҳаром, ин масҷиди ман ва Масҷид-ул-ақсо»/128
Агар бори сафар бастан ба қасди зиёрати қабри ӯ (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) ё қабри ғайри ӯ машруъ мебуд, ҳатман умматашро ба он роҳнамоӣ мекард ва ба фазилати он иршод менамуд. Зеро ӯ хайрхоҳтарини мардум, донотарини онҳо ба Аллоҳ ва аз ҳама бештар аз Ӯ тарс дошт. Ва ӯ паёмро ба таври ошкоро расонида, умматашро ба ҳар кори хайр роҳнамоӣ намуд ва аз ҳар кори бад барҳазар дошт. Чӣ гуна (ин кор) ҷоиз бошад, дар ҳоле ки ӯ аз бори сафар бастан ба ғайри масҷидҳои сегона барҳазар дошта, фармуданд:
«لَا تَتَّخِذُوا قَبْرِي عِيدًا، وَلَا بُيُوتَكُمْ قُبُورًا، وَصَلُّوا عَلَيَّ، فَإِنَّ صَلَاتَكُمْ تَبْلُغُنِي حَيْثُ كُنتُمْ».
"Қабри маро ҷашнгоҳ қарор надиҳед, хонаҳои худро монанди қабристон насозед, бар ман дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо ҳар ҷое бошед ба ман мерасад".129
Ҷоиз донистани сафар ба қасди зиёрати қабри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боис ба ҷашнгоҳ гирифтани он ва воқеъ шудани он хатаре мегардад, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он метарсиданд, яъне ғулув ва ифрот. Чуноне ки бисёре аз мардум ба сабаби эътиқодашон ба ҷоиз будани сафар ба қасди зиёрати қабри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), дар ин хато воқеъ шудаанд.
Аммо ҳадисҳое, ки дар ин боб ривоят шудаанд ва касоне, ки сафар кардан ба қабри ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро машруъ медонанд, ба онҳо истидлол мекунанд, ҳадисҳои заифулиснод, балки мавзуъ (сохта) ҳастанд. Чуноне ки муҳаддисон ба заиф будани онҳо ишора кардаанд, монанди Дорақутнӣ, Байҳақӣ, Ҳофиз Ибни Ҳаҷар ва дигарон. Пас ҷоиз нест, ки бо ин ҳадисҳо ба ҳадисҳои саҳеҳе, ки бар таҳрими сафар ба ғайр аз масҷидҳои сегона далолат мекунанд, мухолифат карда шавад.
Хонандаи азиз, дар зер барои шумо чанде аз ҳадисҳои мавзуъ дар ин боб зикр мешавад, то онҳоро бишносед ва аз фиреби онҳо барҳазар бошед:
Якум: «Касе, ки ҳаҷ кунаду маро зиёрат накунад, пас ба ман ҷафо кардааст».
Дувум: «Касе, ки маро баъди вафотам зиёрат кунад, гӯё маро дар ҳаётам зиёрат кардааст».
Севум: «Касе, ки маро ва падарам Иброҳим (а)-ро дар як сол зиёрат кунад, ман аз ҷониби Аллоҳ барояш биҳиштро замонат медиҳам».
Чаҳорум: «Касе, ки қабри маро зиёрат кунад, шафоати ман барои ӯ воҷиб мешавад».
Ин ҳадисҳо ва монанди онҳо аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) собит нашудааст.
Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар «ат-Талхис» - баъд аз зикри аксари ривоятҳо гуфтааст: «Ҳамаи тариқҳои ин ҳадис заиф аст».
Ва Ҳофиз ал-Уқайлӣ гуфтааст: «Дар ин боб чизе саҳеҳ нест».
Шайх-ул-ислом Ибни Таймия (Худованд ӯро раҳмат кунад) бо қатъият гуфтааст, ки ҳамаи ин ҳадисҳо мавзуъ аст.
Ҳамин барои ту кофист, ки бидонӣ донишу ҳифз ва огоҳии ӯ дар ин маврид дар кадом сатҳ аст.
Агар чизе аз он собит мебуд, саҳобагон (разияллоҳу анҳум) дар амал кардан ба он ва баёни он барои уммат ва даъват ба сӯи он аз ҳама пешгомтар мебуданд. Зеро онҳо беҳтарини мардум баъди паёмбарон, донотарини онҳо ба фармудаҳои Аллоҳ ва он чи барои бандагонаш шариат гардонидааст, ва хайрхоҳтарини онҳо барои Аллоҳ ва махлуқоташ ҳастанд. Пас, чун аз онҳо чизе дар ин бора нақл нашудааст, ин далолат бар он мекунад, ки он (амал) машруъ нест.
Ва агар чизе аз онҳо саҳеҳ бошад, воҷиб аст, ки онро ба зиёрати шаръӣ тавҷеҳ намоем, ки дар он сафар кардан танҳо ба қасди қабр нест, барои ҷамъ намудан байни ҳадисҳо. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло донотар аст.
Фасл
Дар баёни мустаҳаб будани зиёрати масҷиди Қубо ва Бақиъ
Барои касе, ки Мадинаро зиёрат мекунад, мустаҳаб аст, ки масҷиди Қуборо зиёрат намуда, дар он намоз бихонад, зеро дар "Саҳеҳайн" аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят шудааст, ки гуфт:
«كَانَ النَّبِيُّ ﷺ يَزُورُ مَسْجِدَ قُبَاءٍ رَاكِبًا وَمَاشِيًا وَيُصَلِّي فِيهِ رَكْعَتَيْنِ».
«Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пиёда ва савора ба масҷиди Қубо ташриф меоварданд ва дар он ду ракъат намоз мегузориданд».130
Аз Саҳл ибни Ҳунайф (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
«مَنْ تَطَهَّرَ فِي بَيْتِهِ ثُمَّ أَتَى مَسْجِدَ قُبَاءٍ فَصَلَّى فِيهِ صَلَاةً كَانَ لَهُ كَأَجْرِ عُمْرَةٍ».
«Касе, ки дар хонаи худ таҳорат намояд, сипас ба масҷиди Қубо омада, дар он ҷо намоз бихонад, барояш монанди савоби умра аст».131
Барои шахси зиёраткунанда зиёрати қабрҳои Бақиъ ва қабрҳои шуҳадо ва қабри Ҳамза (разияллоҳу анҳу) суннат аст, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро зиёрат мекард ва барояшон дуо мекард. Чуноне ки ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
«زُورُوا القُبُورَ فَإِنَّهَا تُذَكِّرُكُمْ بِالآخِرَةِ».
«Қабрҳоро зиёрат кунед, зеро охиратро ба ёди шумо меорад».132 Ривояти Муслим.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ёронаш таълим медод, ки агар ба зиёрати қабрҳо рафтанд, чунин бигӯянд:
«السَّلَامُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الدِّيَارِ مِنَ المُؤْمِنِينَ وَالمُسْلِمِينَ، وَإِنَّا إِنْ شَاءَ اللهُ بِكُمْ لَاحِقُونَ، نَسْأَلُ اللهَ لَنَا وَلَكُمُ العَافِيَةَ».
«Ассалому алайкум аҳла-д-диёри минал-муъминина вал-муслимин ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқун, насъалуллоҳа лано ва лакум ал-ъофия».133 Ривояти Муслим аз ҳадиси Сулаймон ибни Бурайда аз падараш.
Тирмизӣ аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят кардааст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз канори қабрҳои Мадина гузашта, ба сӯяшон нигоҳ карда, фармуд:
«السَّلَامُ عَلَيْكُمْ يَا أَهْلَ القُبُورِ، يَغْفِرُ اللهُ لَنَا وَلَكُمْ، أَنْتُمْ سَلَفُنَا وَنَحْنُ بِالأَثَرِ».
«Ассалому алайкум ё аҳла-л-қубур, яғфируллоҳу лано ва лакум, антум салафуно ва наҳну бил-асар».
Тарҷума: «Салом бар шумо бод, эй аҳли қабрҳо! Худо мо ва шуморо биёмурзад. Шумо аз пеш рафтагони моед ва мо ба дунболи шумо хоҳем омад».134
Аз ин ҳадисҳо маълум мешавад, ки зиёрати шаръии қабристон бо ҳадафи ёдоварии охират, эҳсон ба мурдагон, дуо барои онҳо ва талаби раҳмат барои онон аст.
Аммо зиёрати қабрҳо ба қасди дуо кардан дар назди онҳо, ё муҷовир нишастан дар назди онҳо, ё талаб кардани рафъи ҳоҷатҳо аз онҳо, ё талаби шифои беморон, ё ба василаи онҳо ва ё обрӯяшон аз Худо талаб кардан ва монанди инҳо бидъат ва нораво аст, ки онро Худо ва Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нафармудаанд. Ва инчунин салафи солеҳ (Худо аз онҳо розӣ бод) низ онро анҷом надодаанд, балки ин аз ҷумлаи амалҳои мамнуъест, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз он наҳй карда, фармудаанд:
«زُورُوا القُبُورَ، وَلَا تَقُولُوا هُجْرًا».
«Қабрҳоро зиёрат кунед ва сухани ботил нагӯед».135
Ин аъмоли зикршуда ҳама бидъат ҳастанд, вале дараҷаҳояшон мухталиф аст. Баъзеи онҳо бидъат буда, ширк нестанд, монанди дар назди қабрҳо аз Худои Мутаъол дуо кардан ва ба ҳаққу обрӯи маййит аз Ӯ талаб намудан ва монанди инҳо. Ва баъзеи дигари онҳо аз ҷумлаи ширки акбар аст, монанди аз мурдагон хостан ва аз онҳо ёрӣ ҷустан ва амсоли он.
Баёни ин масъала пештар ба тафсил гузаштааст, пас, огоҳ бош ва ҳазар кун ва аз Парвардигорат тавфиқ ва ҳидоят ба сӯи ҳақ бихоҳ, зеро Ӯ Тавфиқдиҳанда ва Ҳидоятгар аст, маъбуде ҷуз Ӯ ва Парвардигоре ғайри Ӯ нест.
Ин поёни он чизест, ки мехостем баён кунем. Ҳамду ситоиш дар аввалу охир аз они Аллоҳ аст ва дуруду саломи Аллоҳ бар бандааш ва паёмбараш ва баргузидаи махлуқоташ Муҳаммад ва бар хонадону асҳобаш ва касоне, ки то рӯзи қиёмат ба некӣ аз онҳо пайравӣ мекунанд.
***
Феҳраст
Муқаддимаи муаллиф 2
Фасл 4
Дар баёни далелҳои вуҷуби ҳаҷҷу умра ва шитоб намудан ба адои онҳо 4
Фасл 9
Дар баёни воҷиб будани тавба аз гуноҳон ва даст кашидан аз зулм. 9
Фасл 16
Дар баёни он чизе, ки ҳоҷӣ ҳангоми расидан ба миқот анҷом медиҳад 16
Фасл 23
Дар баёни миқотҳои маконӣ ва таъйини онҳо 23
Фасл 30
Дар баёни ҳукми касе, ки дар ғайри моҳҳои ҳаҷ ба миқот мерасад 30
Фасл 34
Дар баёни он ки агар кӯдаки хурдсол ҳаҷро анҷом диҳад, оё ҳаҷҷи исломаш аз гарданаш соқит мешавад? 34
Фасл 38
Дар баёни мамнуоти эҳром ва он чи барои муҳрим мубоҳ аст 38
Фасл 46
Дар баёни амалҳои ҳоҷӣ ҳангоми вуруд ба Макка ва баёни Тавофу сифати он баъди дохил шудан ба Масҷидулҳаром 46
Фасл 57
Дар баёни ҳукми эҳром бастан барои ҳаҷ ва баромадан ба Мино дар рӯзи ҳаштуми зулҳиҷҷа 57
Фасл 82
Дар баёни бартарии амалҳои аъмоли ҳоҷӣ дар рӯзи иди Қурбон 82
Фасл 89
Дар баёни воҷиб будани қурбонӣ барои мутаматтиъ ва қорин 89
Фасл 93
Дар баёни воҷиб будани амр ба маъруф бар ҳоҷиён ва дигарон 93
Фасл 104
Дар баёни мустаҳаб будани тӯша гирифтан аз тоатҳо 104
Фасл 105
Дар баёни аҳком ва одоби зиёрат 105
Огоҳӣ! 123
Ҳукми зиёрати қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) 123
Фасл 127
Дар баёни мустаҳаб будани зиёрати масҷиди Қубо ва Бақиъ 127
***
tg396v3.1 - 27/06/2026
Ривояти Табаронӣ дар Авсат, рақами (7469).
Ривояти Бухорӣ, рақами (8), Муслим, рақами (16).
Дар «Ҷомеъу-л-аҳодис», рақами (31221), ба «Сунани Саъид ибни Мансур» нисбат дода шудааст, лекин ман онро дар нусхаи дастрас пайдо накардам.
Яъне: вусъати мол.
Ривояти Тирмизӣ, рақами (812).
Ривояти Абудовуд, рақами (1732).
Ривояти Муслим, рақами (1337).
Ривояти Ибни Хузайма, рақами (1).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1520).
Ривояти Насоӣ, рақами (2620).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1773), Муслим, рақами (1349).
Ривояти Бухорӣ, рақами (2449).
Ривояти Муслим, рақами (1015).
Ривояти Табаронӣ дар китоби "Кабир", рақами (2989).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1427), Муслим, рақами (1035).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1474), Муслим, рақами (4040).
Ривояти Муслим, рақами (2985).
Ривояти Муслим, рақами (1342).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1539), Муслим, рақами (1189).
Ривояти Муслим, рақами (1218).
Ривояти Бухорӣ, рақами (5891), Муслим, рақами (257).
Ривояти Муслим, рақами (258).
Ривояти Насоӣ, рақами (14).
Ривояти Бухорӣ, рақами (2892), Муслим, рақами (259).
Ривояти Муслим, рақами (260).
Ривояти Муслим, рақами (1177).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1), Муслим, рақами (1907).
Ривояти Муслим, рақами (867).
Ривояти Бухорӣ, рақами (2697), Муслим, рақами (1718).
Ривояти Бухорӣ, рақами (2550), Муслим, рақами (1718).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1524), Муслим, рақами (1181).
Ривояти Муслим, рақами (1297).
Тахриҷаш гузашт.
Ҷузъе аз ҳадиси пешин.
مهله (Маҳиллуҳу): яъне иҳлоли ӯ бо Талбия аз макони эҳромаш.
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Бухорӣ, рақами (1549), Муслим, рақами (1184).
Ривояти Бухорӣ, рақами (5089), Муслим, рақами (1207).
Ривояти Муслим, рақами (1336).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1858).
Ривояти Ибни Абушайба, (ҷ. 4/444).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (2518).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1841), Муслим, рақами (1179).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1838).
Ривояти Абудовуд, рақами (1833).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1521), Муслим, рақами (1350), аз ҳадиси Абу Ҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1521), Муслим, рақами (1350).
Ривояти Муслим, рақами (1409).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1834), Муслим, рақами (1353).
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Бухорӣ, рақами (1568).
Ривояти Бухорӣ, рақами (305), Муслим, рақами (1211).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (3585).
Ривояти Муслим, рақами (2137).
Ривояти Муслим, рақами (594) аз Ибни Зубайр (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2720) аз ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Бухорӣ, аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), рақами (6347).
Бо ҳамин лафз ривояти Абудовуд аз Абуумомаи Ансорӣ, бе қавли (ومن المأثم والمغرم), рақами (1554).
Ривояти Абудовуд, рақами (1554).
Ривояти Абудовуд аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳу), рақами (5074).
Қисме аз ҳадис, ривояти Муслим аз Абумӯсои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу), рақами (2719).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (3407), аз ҳадиси Шаддод ибни Авс (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Аҳмад аз Умми Салама (разияллоҳу анҳо) (6/301).
Ривояти Муслим, рақами (2713), аз ҳадиси Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2722) аз ҳадиси Зайд ибни Арқам (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2717), аз ҳадиси Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо).
Ин қисмате аз ҳадиси Зайд ибни Арқам (разияллоҳу анҳу) аст, ки тахриҷаш таҳти рақами (2722) гузашт.
Ривояти Тирмизӣ аз Зиёд ибни Алоқа аз амакаш, рақами (3591).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (3483), аз ҳадиси Имрон ибни Ҳусайн (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (3563), аз ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2721), аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2725) аз ҳадиси Алӣ (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (3846), аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо).
Ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу), рақами (1154).
Ривояти Бухорӣ, рақами (3370) аз ҳадиси Каъб ибни Уҷра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (1348) аз ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо).
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Муслим, рақами (1218), аз ҳадиси Ҷобир (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1539), Муслим, рақами (1189).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1556), Муслим, рақами (1211).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1572).
Ривояти Муслим, рақами (1215).
Ривояти Бухорӣ, рақами (83), Муслим, рақами (1306).
Ривояти Абудовуд, рақами (2015).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (3062) аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Муслим, рақами (2473).
Яъне, Абудовуди Таёлисӣ, ки ин ҳадисро дар қиссаи мусалмон шудани Абузар (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст. Нигаред ба «Муснади Абудовуди Таёлисӣ», рақами (459).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (927).
Ривояти Бухорӣ аз ҳадиси Анас (разияллоҳу анҳу), рақами (69).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1998).
Ривояти Бухорӣ, рақами (2420), Муслим, рақами (651).
Ривояти Муслим, рақами (653) аз ҳадиси Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Абудовуд аз Абдуллоҳ ибни Умми Мактум, рақами (552).
Ривояти Муслим, рақами (654).
Ривояти Абудовуд аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо), рақами (551).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1521), Муслим, рақами (1350), аз ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Абудовуд, рақами (3251).
Ривояти Абудовуд, рақами (3253).
Ривояти Бухорӣ аз Абдуллоҳ, рақами (2679), Муслим, рақами (1646).
Ривояти Аҳмад, рақами (5/428).
Ривояти Абудовуд, рақами (4980).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (2117).
Ривояти Муслим, рақами (1893).
Ривояти Бухорӣ, рақами (3009), Муслим, рақами (2406).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1755), Муслим, рақами (1328).
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Муслим, рақами (867), аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1190), Муслим, рақами (1394).
Ривояти Муслим, рақами (1395).
Ривояти Аҳмад, рақами (4/5).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1406).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1195), Муслим, рақами (1390).
Ривояти Абудовуд, рақами (2041).
Ривояти Абудовуд, рақами (3236).
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Муслим, рақами (438), аз ҳадиси Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Бухорӣ, рақами (615), Муслим, рақами (437).
Ривояти Муслим, рақами (430), аз Ҷобир ибни Самура.
Ривояти Абудовуд, рақами (679) бо ин лафз: «Ҳамеша гурӯҳе аз сафи аввал дар охир қарор мегиранд, то ин ки Худованд онҳоро дар оташ дар охир қарор медиҳад».
Ривояти Муслим, рақами (1631), аз ҳадиси Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Ривояти Абудовуд, рақами (2041).
Ривояти Абудовуд аз ҳадиси Ирбоз ибни Сория, рақами (4607).
Тахриҷаш гузашт.
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Зайнулобидинро Шайх ба Ҳофиз ал-Мақдисӣ нисбат додааст ва ӯ ҳадисро бе қисса ривоят кардааст, Аҳмад дар Муснад (2/367).
Иғосату-л-лаҳфон фи масоиди-ш-Шайтон (1/363).
Ривояти Бухорӣ, рақами (1189), Муслим, рақами (1397), аз Абу Ҳурайра (разияллоҳу анҳу).
Тахриҷаш гузашт.
Ривояти Бухорӣ, рақами (1193), Муслим, рақами (1399).
Ривояти Ибни Моҷаҳ, рақами (1412).
Ривояти Муслим, рақами (976).
Ривояти Муслим, рақами (975).
Ривояти Тирмизӣ, рақами (1035).
Ривояти Муслим, рақами (977).
Ривояти Муслим, рақами (55).